четверг, 31 января 2013 г.

ИШҚ ВА ДИН

Ишқ эҳсоси хуши рӯҳу тану ҷони инсонӣ аст, ки ҳадяи худовандиаш мехонанд. Инсонро вақте ошиқ мешуморанд, ки касеро дӯст медорад. Агар касеро дӯст бидорӣ, барояш тамоми хушиву хушбахтиҳои дунёро орзу мекунӣ. Барои молик шудан ба хурсандиву хушбахтиҳои вай ҳама чиз, ҳатто ҷону ҳаёти хешро қурбон кардан мехоҳӣ. Пас, Худованд ишқи якеро ба қалби дигаре чун василаи муҳаббат, дӯстдорӣ, эҳдои хушбахтӣ ва кулли накӯии олам ҷо мекунад. Оё метавон касеро дӯст надошта ба вай эътимод ва чизеро дӯст надош­та ба он эътиқод кард?
 Дар кулли адёни олам ишқ-дӯст доштан, хоса дар оиладорӣ аз ҳадяҳои худовандӣ ва бахти инсонҳо шумурда мешавад. Дар ҳама каломи худовандӣ таблиғи муҳаббат ба Парвардигор ва ишқи инсонҳо ба ҳамдигар дар мисоли эҳтироми калонсолон, гирифтани дасти уфтодагон, сила кардани сари ятимон, хайру сахо кардан ба камбизоатон, ҳолпурсии беморон, иззати меҳмон, арҷи мусофирон, накӯӣ ба атфол, посдории рӯҳи гузаштагон, ҳурмати устод, қиблагоҳии волидон ва ҳатто садақа ба гадоён ҳамчун амалҳои савоб маҳсуб гашта, хилофи ҳар амале бар ин фармудаҳо гуноҳ шумурда мешавад, ки ҳамаи онҳо сарчашма аз ишқ, муҳаббату меҳрубонӣ ба инсон мегиранд.
Дини мубини Ислом ҳатто никоҳи зану мардеро. ки ҳамдигарро намехоҳанд (яъне дӯст намедоранд, бар ин никоҳ розӣ нестанд) дуруст намешуморад. Пас ин воизон ин қадар сахтиҳову бадбиниҳо ва зулму носипосиро нисбати занон (ба ҳеҷ ваҷҳ ман наметавонам бовар кунам. ки фармудаи динӣ ҳастанд) аз куҷо меоранд? Ва гузашта аз он, чаро ба омма чун фармудаҳои шариат талқин мекунанд?
Аз ин рӯ, инсонҳоро нахуст савод, ақл ва шинохту идроки мантиқӣ мебояд. Ва агар ин ҳамаро надоранд, ақаллан бояд аз касе бипурсанд, ки ин «фармуда» дар кадом ояти Қуръон аст? Азбаски «Каломи шариф» ба хати кириллӣ қариб дар ҳар як хонадон дарёфт мегардад ва тафсирҳои хубе ҳам рӯйи кор меоянд, метавон роҳат ба суоли хеш посух ёфт. Дигар мо дар он замони ҷаҳолате нестем, ки ду- се «чашми хатдор» рӯшангари роҳамон бошад. Шукр, ки босаводии саросарӣ дорем.
Дини мо ҳеҷ гоҳе хилофи ишқу дӯстдорӣ, эҳтирому муҳаббат миёни инсонҳо, хоса зану шавҳар нест. Беҳтар аст, ки Исломи ҳақиқиро худ биомӯзем, то як нафаре натавонад бо ваъзи «талхакафкунанда»-и хеш ҳаёти моро ба ҷаҳаннам бадал созаду ба ҷои дӯст доштану бо муҳаббат зистан тарс, даҳшат, зулм бар занону духтарон ва поймол кардани ҳақи онҳоро бароямон тарғиб кунад.
Ишқ ҳадяи илоҳист, ҳамдигарро дӯст доред ва бидонед, ки ҳатто муносибати мо ба Худованд ва дин ҳам бояд дар асоси муҳаббат бошад, на тарс!

Комментариев нет:

Отправить комментарий