вторник, 3 июня 2014 г.

ЗАНОН ДАР БИҲИШТ

Паёмбари гиромии Ислом
«Зане дар биҳишт дохил мешавад, ки меҳрубон бошад ва чун хашмгин шавад ва ё шавҳараш бар ӯ хашм гирад, бигӯяд: ин дасти ман аст, ки инак дар дасти ту қарор медиҳам (ва дар ихтиёри ту ҳастам) ва онро аз дастат намекашам то он ки аз ман розӣ шавӣ».
Ва низ фармуданд:
Зане, ки имон ба Худо дорад, чанд чизро бояд риоят кунад:
1. Шахсеро ба хона роҳ надиҳад, ки шавҳараш аз омадани ӯ нороҳат аст.
2. Бе ризояти шавҳар аз хона хориҷ нашавад.
3. Касеро ба ҷуз шавҳараш итоат нанамояд.
4. Аз шавҳар дурӣ накунад.
5. Шавҳарро назанад.
6. Агар шавҳар зулм кунад, боз ҳам зан бояд ба сӯи ӯ рафта ӯро аз худ розӣ намояд, пас агар шавҳар аз ӯ розӣ шуд, Худо ҳам аз ӯ розӣ шуда ва узру ҳуҷҷати ӯро мепазирад ва гуноҳе бар ӯ наменависад ва агар шавҳар (боз ҳам) аз ӯ розӣ нашуд, он зан дар назди Худо маъзур хоҳад буд.
ВУРУДИ ЗАНОН БА БИҲИШТ
Расули Акрам
«Агар зане намозҳои панҷгонаро ба ҷо оварад ва рӯзаи моҳи рамазонро бигирад ва иффати худро ҳифз кунад ва шавҳарашро итоат намояд, аз ҳар даре, ки бихоҳад вориди биҳишт мешавад».
ЗАНИ БИҲИШТӢ
«Дар хабар аст, ки агар зане аз аҳолии биҳишт бар аҳли замин рух бинамояд, тамоми дунёро равшан ва муаттар мекунад».
Алӣ {разияллоҳу анҳу} аз Расули Акрам } нақл карда ки фармуданд:
«Дар биҳишт маҳалле барои ҷамъ шудани ҳурулъайн (занони биҳиштӣ ғайр аз ҷинси инсон) мебошад, ки бо садои бисёр зебое, ки монанди он шунида нашуда, овозхонӣ мекунанд ва мегӯянд: мо ҷовидонаем ва аз байн намеравем, хушбархурду розӣ ҳастем ва ҳаргиз хашму ғазаб надорем, хушо ба ҳоли он, ки мо барои ӯ ва ӯ барои мо бошад».
Ҳамчунин аз он ҳазрат нақл намуд, ки:
«Дар биҳишт бозоре ҳаст, ки дар он фақат занҳову мардҳоро мефурӯшанд ва чун касе иштиёқ ба шакли хоссе дошта бошад, ворид мешавад ва сурати дилхоҳи худро таҳия менамояд».
ЗАНОН, КАМТАРИН СОКИНОНИ БИҲИШТ!
Аз Расули Худо } ривоят шудааст, ки фармуданд:
«Камтарин сокинони биҳишт занҳо ҳастанд».
Ва низ фармуданд:
«Камтарин сокинони биҳишт сарватмандон ва занон ҳастанд. Сарватмандон ба ҷиҳати он ки беруни биҳишт мавриди савол ва ҳисобрасии дақиқ қарор мегиранд ва занон ба ин сабаб, ки гирифтори ҳисоби тиллову нуқра (ва риояти ҳуқуқи шавҳарони худ) мебошанд».
ПОДОШ ДАР БИҲИШТ
Расули Худо
«Ҳар мусалмоне, ки ду духтар дошта бошад ва ба онҳо некӣ кунад, аҳли биҳишт хоҳад буд».
Ва низ фармуданд:
«Касе, ки ятимеро (аз хешони худ ё аз ғайри хешон) сарпарастӣ ва нигаҳдорӣ кунад, ҳамон гуна ки ду ангушт ба ҳам наздик аст, бо ман дар биҳишт наздик хоҳад буд.
Ва касе, ки се духтарро нигаҳдорӣ ва сарпарастӣ кунад дар биҳишт аст ва монанди аҷри муҷоҳиде, ки рӯзҳою шабҳо ба шабзиндадорӣ машғул бошад, ба ӯ медиҳанд».
Ва фармуданд:
«Касе, ки ду духтарро тарбият кунад, то онҳо бузург шаванд, дар рӯзи қиёмат ба монанди ин ду ангушт бо ман наздик хоҳад буд (ва ангуштони худро ба ҳам муттасил кард)».
Ва низ фармуданд:
«Касе, ки ду ё се духтараш ва ё ду ё се хоҳари худро нигаҳдорӣ кунад, то он ки шавҳар кунанд ва ё то замоне, ки он мард аз дунё меравад, ману ӯ дар биҳишт ин гуна дар канори ҳам хоҳем буд (ва сипас ангушти ишоратро ба ангушти канории он часпонд)».
Ва низ фармуданд:
«Касе, ки ба се духтар ё хоҳари худ некӣ кунад дохили биҳишт мешавад».
Ва фармуданд:
«Касе, ки фарзанди писарашро бар духтараш муқаддам (беҳтар) надонад ва духтарашро мавриди иҳонат қарор надиҳад, дохили биҳишт мешавад».
ЛИБОСИ ОТАШИН ДАР ҚИЁМАТ
Зане ба ҳузури Расули Акрам } омад дар ҳоле, ки духтари хурдсоле ҳамроҳ дошт ва дар дасти он духтар даспонаҳои гаронқимате аз тилло буд. Паёмбар } фармуданд:
Оё закоти ин тиллоҳоро додаӣ?
Гуфт: На.
Фармуданд:
Оё дӯст дорӣ, ки Худованд дар қиёмат дар баробари ин тиллоҳо ду либос аз оташ бар танат бипӯшонад?
Дар ин ҳангом он зан тиллоҳоро баровард ва ба Паёмбар тақдим кард ва гуфт:
Инҳоро ба Худо ва Расули ӯ додам (то дар роҳи саҳеҳ масраф шавад).
Ҳамчунин аз Уммулмӯъминин Оиша {разияллоҳу анҳо} нақл шудааст:
«Рӯзе назди Расули Худо } рафтам ва чун он ҳазрат зинате аз нуқра дар дастам дид, фармуд:
Оиша инҳо чист?
Гуфтам: Инҳоро сохтаам, то худро ба ин васила барои шумо биороям.
Ҳазрат фармуданд:
Ҳаминҳо барои ту оташе мешавад, ки аз ҷаҳаннам бениёз хоҳӣ шуд!»
Дар ривоят аст, ки зане ба номи Ҳинд духтари Ҳубайра назди Расули Худо } омад ва дар дасташ ангуштарҳои бузурге аз тилло буд. Расули Худо зарбае ба дасти ӯ зад.
Он зан бархост ва назди Фотимаи Заҳро {разияллоҳу анҳо} рафт ва аз он чи Паёмбар нисбат ба ӯ анҷом дода буд, шикоят кард. Ҳазрати Заҳро {разияллоҳу анҳо} гарданбанди тиллоӣ аз гарданаш боз кард ва ба ӯ нишон дод ва гуфт:
Алӣ } ин гарданбанди тиллоро ба ман ҳадя кард ва ман бар гардани худ овехтаам.
Дар ин вақт Паёмбар бар хонаи Фотима ворид шуданд ва фармуданд:
Духтарам оё дӯст дорӣ, ки мардум бигӯянд ту духтари Расули Худо ҳастӣ ва дар дастат занҷире оташин қарор дорад!
Ин бигуфт ва бе ҳеҷ таваққуфе аз назди ӯ хориҷ шуд. Пас ҳазрати Заҳро {разияллоҳу анҳо} он занҷири тиллоро аз гардан боз кард ва ба бозор фиристод, то фурӯхтанд ва бо пули он ғуломе харид ва дар роҳи Худо озод кард. Ва чун ин хабар ба Паёмбар расид, гуфт:
Сипос Худоро, ки Фотимаро аз оташ раҳонид.
Ҳамчунин аз он ҳазрат нақл шудааст:
«Ҳар зане, ки занҷире аз тилло бар гардани худ биёвезад дар қиёмат занҷире оташин бар гарданаш меовезанд ва ҳар зане, ки гӯшворае аз тилло бар гӯши худ бигузорад мисли ҳамон дар қиёмат гӯшворае оташин бар гӯши ӯ меовезанд».
КАСОНЕ, КИ БА БИҲИШТ НАМЕРАВАНД
Аз Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ривоят шудааст, ки фармуданд:
«Се гурӯҳ ҳастанд, ки вориди биҳишт намешаванд:
1. Касе, ки мавриди нафрин ва ғазаби падару модараш қарор гирифта бошад.
2. Марде, ки аз бероҳагӣ ва фасоди ҳамсараш хабар дорад, вале аз ӯ розӣ аст ва ӯро аз фаҳшо боз намедорад.
3. Марде, ки худро шабеҳи занон мекунад (ва либос, мӯй ва сару сурати худро шабеҳи занон менамояд)».
ЗАНЕ ДАР ОТАШ
Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
Зане ба оташи ҷаҳаннам андохта мешавад ба он ҷиҳат, ки гурбаеро (ва ё ҳайвони дигареро) ҳабс карда ва на онро таом медод ва на раҳо месохт, то барои худ хӯроке биёбад.
АҲАМИЯТИ ПӮШИДАГИИ ЗАН
Дар асари аҳмияте, ки Ислом нисбат ба пӯшидагӣ ва ҳиҷоби занон медиҳад, дастур додааст, ки зан агар дар хонааш намоз хонад, беҳтар аз он аст, ки дар масҷид ва ба ҷамоат ҳозир шавад.
Зане назди Расули Худо омад ва гуфт: Ман мехоҳам намозамро ба ҷамоат бо шумо бихонам.
Ҳазрат фармуданд:
Медонам, ки дӯст дорӣ бо ман намоз бихонӣ, вале бидон, ки намоз хондан дар хона бароят беҳтар аз намоз хондан дар масҷиди ман аст ва намоз хондан дар масҷиде, ки ба хонаат наздиктар аст беҳтар аз намоз хондан дар масҷиди ман аст.
Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Тамоми бадани зан аврат аст».
Ва низ фармуданд:
«Беҳтарин макон барои намози зан пинҳонтарин ҷои хонааш мебошад».
ЗАНОНИ БАРАҲНА
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Ду гурӯҳ аз аҳли оташ ҳастанд, яке гурӯҳе, ки дар ин дунё тозиёна дар даст гирифта ва мардумро мезананд ва ба онҳо зулм мекунанд. Гурӯҳи дуввум заноне, ки либосҳои нозук мепӯшанд ва бо сару бадани бараҳна дар байни мардум ҳозир мешаванд, бар сарҳояшон баромадагӣ (барои ҷалби назари дигарон) эҷод мекунанд ва фитнаангез ҳастанд; инҳо дохили биҳишт намешаванд ва ҳатто бӯи биҳиштро, ки аз фосилаҳои дур ба машом мерасад, ҳис намекунанд».
ЛИБОСИ ДАРОЗ
Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Касе, ки либосаш дароз бошад ва бар замин кашида шавад дар рӯзи қиёмат мавриди назар ва лутфи Худо қарор намегирад».
Уммусалама пурсид:
Агар занон либосашон дароз набошад поҳояшон намоён мешавад!
Ҳазрат фармуданд:
Ба андозаи як ваҷаб аз замин боло бошад монее надорад ва поҳоро ҳам мепӯшонад.
ЗАНОН ВА МУСОФИРАТ БА ТАНҲОӢ
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Бар ҳеҷ зани мӯъминае шоиста нест, ки ба танҳоӣ ба сафарҳои се рӯза ва бештар аз он биравад ва падар ё бародар ё писар ва ё яке аз маҳоримаш ӯро ҳамроҳӣ накунанд».
Ва дар ҳадисе дигар фармуданд:
«Бар зан ҷоиз нест, ки мусофирати як шабонарӯзиро бе ҳамроҳӣ бо маҳраме биравад».
Шакли ҳиҷоби исломӣ
Миқдоре аз бадани зан, ки бояд пӯшида бошад, ҳамчунон ки Қуръони Карим мефармояд, иборат аз ин аст:
1. Худованд мефармояд:
«Эй Паёмбар ба занон бигӯ чашмҳои худро фурӯ банданд ва иффати худро ҳифз кунанд ва зебоиҳои худро (ҷуз дар мавориди ошкор) зоҳир накунанд ва гарданҳои худро бипӯшонанд ва зинату зебоии худро ҷуз барои шавҳаронашон ошкор нанамоянд…»
Ва низ фармудааст:
«Занҳо пои худро бар замин накӯбанд то он чӣ аз зару зевар бар худ доранд ошкор шавад ва дар ҳар сурат мӯъминин тавба кунанд, то растгор шаванд».
Он чӣ аз ин каломи Худованд дар бораи ҳиҷоб маълум мешавад, лузуми пӯшондани рӯсарӣ ва мақнаа бар гулӯ ва ибтидои сина мебошад. Пас ҳадди ҳиҷоб аз боло ба он миқдор аст ва аз поин пинҳон сохтани халхол ва зинате аст, ки ба по мебанданд, пас бояд ду соқ то маҳалли насби халхол, ки буҷулаки ду тарафи пой мебошад, пӯшида гардад.
2. Вақте Асмо духтари ҳазрати Абубакр {разияллоҳу анҳумо} бо либосҳои нозук назди Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} омад, ҳазрат ба ӯ фармуданд:
«Эй Асмо! Вақте зан ба синни булуғ (ва ҳайз) расид набояд ҷуз рӯй ва ду дасташро касе бибинад».
Оиша {разияллоҳу анҳо} гуфт, ки занони мӯъмина ба сурати бисёр маҳфузу пинҳон дар чодар ба намози ҷамоати субҳи Паёмбар ҳозир мешуданд ва бидуни таъхир пас аз намоз ба хонаҳояшон бармегаштанд, то касе онҳоро нашиносад.
Дар инҷо шартҳои дигаре барои ҳиҷоб вуҷуд дорад:
1. Либоси зан ба худии худ зинат набошад, ҳамон гуна ки Худованд фармуд:
«Дар хона бимонанд ва ба монанди замони ҷоҳилият нанамоянд (ва дар байни мардум зоҳир нашаванд)».
2. Либоси зоҳир ё чодари занон бисёр нозук ва баданнамо набошад, зеро Паёмбар фармуданд:
«Дар охирзамон заноне аз уммати ман бараҳна ва урён дар ҷомеа (дар миёни ҷамоат) зоҳир мешаванд, ки бар сари худ баландие эҷод мекунанд ва шавҳаронашон аҳли намозу масҷид ҳастанд, онҳоро лаънат кунед, ки онҳо лаънатшудагон ҳастанд».
3. Либоси рӯ ва ё чодар дорои аксу нақш (нақшу гулкорӣ) ва низ хушбӯй (ва муаттар бо атр ва ё чизи дигар) набошад, чун Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Зане, ки атр бизанад ва аз канори гурӯҳе бигзарад ва онҳо бӯи атри ӯро ҳис кунанд, он зан ҳукми зинокорро дорад ва гуноҳи зинокор ба ӯ дода мешавад».
4. Либоси зан шабеҳи либоси мардҳо набошад, зеро Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Зане, ки худро шабеҳи мардон кунад ва марде, ки худро шабеҳи занон намояд аз мо нест».
5. Либосаш шабеҳи кофирон набошад, зеро Қуръони маҷид муслиминро аз пайравии куффор манъ кардааст.
6. Либоси зан либоси шаҳватангез набошад, зеро Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Касе, ки дар дунё либоси шаҳватангез бипӯшад Худованд дар рӯзи қиёмат либоси зиллату хорӣ бар танаш мекунад ва сипас ӯро ба оташ меандозад».
7. Дар баъзе ривоёт аз пӯшидани либоси ҳарир наҳй шудааст (ва албатта либоси ҳарире, ки рӯпӯш надошта бошад).
НИГОҲ БАР ЗАНИ НОМАҲРАМ
Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Касе, ки нигоҳаш ба зебоиҳои зане биафтад ва чашми худро аз дидан боз дорад ва нигоҳ накунад, Худованд ширинӣ ва лаззати ибодатро дар қалби ӯ қарор медиҳад».
Ва низ фамуданд:
«Эй Алӣ, агар нигоҳат бар зане афтод, он нигоҳро давом надеҳ, ки ту дар назари аввал муҷоз ҳастӣ ва назари дуввум бар ту ҳаром мебошад (як бор афтодани нигоҳ ҷоиз ва нигоҳи дуввум ба қасди лаззат бурдан, ҳаром мебошад)».
ЯК РӮЯНДОЗ
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуд:
«Набояд ду мард зери як рӯяндоз бихобанд ва баданашон бо ҳам тамос ҳосил кунад ва ҳамин тавр ду зан».
ТӮҲМАТИ НОРАВО
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуд:
«Бузургтарин гуноҳони кабира се то аст: ширк ба Худо, мавриди нафрин ва оқи волидайн қарор гирифтан ва тӯҳмати нораво намудан ба зани покдомани шавҳардор».
ЗАНОН ВА МАРДОНИ ЛАЪНАТШУДА
Ибни Аббос {разияллоҳу анҳумо} гуфт:
Паёмбари Акрам } мардонеро, ки худро шабеҳи занон мекунанд ва занонеро, ки худро шабеҳи мардон менамоянд мавриди лаънат қарор додааст.
Ва низ лаънат кард мардеро ки дар зоҳир мисли мардон аст ва ҳаракоте чун занон анҷом медиҳад ва зане, ки сифатҳои воқеии занонро дорад ва ҳаракатҳои мардона анҷом медиҳад.
Ҳамчунин фармуд:
«Чаҳор гурӯҳ ҳастанд, ки шабро ба субҳ мерасонанд, дар ҳоле ки гирифтори ғазаби Худо ҳастанд ва рӯзашонро ба шаб мерасонанд, дар ҳоле ки мавриди хашму ғазаби Худо қарор гирифтаанд:
1. Мардоне, ки шабеҳи занон бошанд;
2. Заноне, ки худро шабеҳи мардон кунанд;
3. Касе, ки бо ҳайвоне ҷамъ шавад;
4. Касе, ки ливот намояд.
БАРХӮРД БО ЗАНОН
Паёмбар } фармуданд:
«Аз занони дигарон бигзаред, то аз занони шумо бигзаранд ва ба падаронатон некӣ кунед, то фарзандонатон ба шумо некӣ кунанд».
АТР БАРОИ ЗАН ВА МАРД
Паёмбар } фармуданд:
«Ҳар чашме (агар ба номаҳрам нигоҳ кунад) зинокор аст ва зане, ки атр бар худ бизанад ва дар маҷлисе биравад (ки бӯи атрашро номаҳрам ҳис кунад) ҳукми зинокорро дорад».
ҲАҚДОРТАРИН ИНСОН БАР ЗАН
{разияллоҳу анҳо} аз Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} пурсид:
«Чӣ касе ҳақи бештар бар гардани зан дорад?»
Ҳазрат фармуданд:
«Шавҳараш».
Пурсид:
«Чӣ касе бештарин ҳақро бар гардани мард дорад?»
Фармуданд:
«Модараш».
Ибни Аббос {разияллоҳу анҳумо} гуфт:
Зане назди Расули Худо омад ва гуфт:
«Ман намояндаи тамоми занон ҳастам, то аз шумо суол кунам, ки Аллоҳ Парвардигори мардҳову занон ва шумо Паёмбари занону мардон ҳастед, аммо ҷиҳод фақат бар мардҳо воҷиб аст, ки агар солим бозгарданд аҷри бисёр мебаранд ва агар кушта шаванд, шаҳид мешаванд ва дар назди Худо зиндаанду рӯзӣ мехӯранд ва мо бо он ки худро барои онҳо муҳайё намуда ва зиндагии дохилии ононро идора мекунем, чӣ аҷру подоше ба даст меоварем?»
Ҳазрат фармуданд:
«Ба ҳар зане, ки расидӣ аз ҷониби ман бигӯ, ки итоат аз шавҳар ва шинохтани ҳаққи ӯ, баробари ҷиҳод дар роҳи Худованд аст ва иддаи каме аз занон ҳастанд, ки ин дуро анҷом медиҳанд».
САҶДА БАР ШАВҲАР
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Ҷоиз нест, ки инсоне барои инсони дигар саҷда кунад ва агар ин амр ҷоиз буд ман фармон медодам, ки зан барои шавҳараш саҷда кунад, зеро ҳаққи шавҳар бар ҳамсараш бештарин ҳуқуқ аст».
Ривоят шудааст, ки чун Муоз ибни Ҷабал {разияллоҳу анҳу} аз Шом баргашт ва дар пеши Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба саҷда афтод, ҳазрат пурсид:
«Ин чӣ коре аст, ки анҷом медиҳӣ?»
Гуфт:
«Дар Шом чунин расм буд, ки мардум барои раҳбарон ва рӯҳониёни масеҳии худ саҷда мекарданд ва ман ҳам хостам барои шумо саҷда кунам».
Ҳазрат фармуданд:
«Дигар ин корро накун, зеро агар бино буд, ки дастури саҷда бар инсонеро диҳам, фармон медодам, ки зан бар шавҳараш саҷда кунад. Ба Худо савганд ҳеҷ зане ҳуқуқи Худоро адо накардааст, магар он ки ҳақи шавҳарашро адо кунад».
ҲАҚҚИ ШАВҲАР БАР ҲАМСАР
Зане ба ҳузури Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} омад ва гуфт:
«Ман зани бешавҳар ҳастам, бигӯед, ки шавҳар чӣ ҳаққе бар ҳамсараш дорад, то ман агар худро қодир бар адои он бидонам, издивоҷ кунам вагарна муҷаррад бимонам».
Ҳазрат фармуданд:
«Ҳаққи шавҳар бар ҳамсар он аст, ки агар занро ба сӯи худ бихонад зан дар ҳар шароите, ки ҳаст ӯро итоат кунад ва худро дур нигаҳ надорад. Ва дигар ин ки зан бе иҷозати шавҳараш рӯзаи мустаҳаббӣ нагирад, ки дар он сурат фақат ташнагӣ ва гуруснагиро таҳаммул карда ва савобе набурдааст ва рӯзааш қабул намебошад. Севвум он ки бе иҷозати шавҳараш аз хона берун наравад, ки агар чунон кунад мавриди лаънати малоикаи осмон ва малоикаи раҳмат ва малоикаи азоб қарор мегирад, то он замоне, ки ба хона баргардад».
Ҳамчунин фармуданд:
«Агар марде ҳамсарашро барои рафъи ҳоҷаташ бихонад, вале зан (бидуни узре) напазирад ва шабро дар ҳоле, ки аз дасти ӯ хашмгин аст ба субҳ оварад, малоика он занро то субҳ лаънат мекунанд».
Ва низ фармуданд:
«Ба Худо савганд, ҳар зане, ки даъвати шавҳарашро барои ҳамхобагӣ напазирад, ҳамаи аҳли осмон бар ӯ ғазаб мекунанд, то он замоне, ки шавҳар аз ӯ розӣ шавад».
Он ҳазрат фармуданд:
«Бар зан ҷоиз нест, ки бе иҷозати шавҳараш рӯзаи мустаҳаббӣ бигирад ва низ бар ӯ ҷоиз нест, ки касеро бе изни ӯ ба хона роҳ диҳад».
Ва низ фармуданд:
«Агар зане рӯзаи мустаҳаббӣ бигирад ва шавҳараш аз ӯ тақозое намояд ва ӯ худдорӣ кунад, Худованд се гуноҳи бузург бар ӯ сабт мекунад».
ҲАҚҚИ ЗАН БАР ШАВҲАР
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Ҳаққи зан бар шавҳар он аст, ки ӯро таом диҳад ва либос пӯшонад, ӯро назанад, ӯро сарзаниш нанамояд ва аз ӯ дурӣ накунад».
ХУРУҶИ БЕИҶОЗАТ АЗ МАНЗИЛ
Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Зане, ки бе иҷозати шавҳараш аз хона берун равад, тамоми малоикаи осмон ва ҳар чизе, ки зан аз канори он мегузарад, ӯро лаънат мекунанд».
ЗАН ВА ХАШМИ ШАВҲАР
Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар ҳадисе, ки Ҷобир ибни Абдуллоҳ {разияллоҳу анҳумо} аз он ҳазрат нақл кард, фармуд:
«Се гурӯҳ ҳастанд, ки Худованд намози онҳоро намепазирад, яке аз онҳо зане аст, ки шавҳараш аз ӯ нороҳат бошад ва бар ӯ ғазаб карда бошад».
Дар ривоят аст, ки зане, ки шавҳараш ба мусофират рафтааст ва махориҷ (нафақа)-и ӯро таъмин кардааст, вале он зан ба шавҳараш хиёнат кунад, мавриди таваҷҷӯҳи Худованд қарор намегирад.
ЗАНОНЕ, КИ ХУДО БАР ОНОН НАЗАР НАМЕКУНАД
Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Худованди Мутаол ба сӯи зане, ки аз шавҳараш сипосгузорӣ намекунад дар ҳоле, ки ба ӯ вобаста аст, назари раҳмат намеафканад».
Ва низ фармуданд:
«Зане, ки дар дунё шавҳарашро озор диҳад, ҳурулъайни он шавҳараш ба он зан хитоб мекунанд, ки Худоят бикушад, ӯро азияту озор макун ӯ муваққатан дар назди ту мебошад ва зуд аст, ки аз ту ҷудо шавад ва ба сӯи мо биёяд».
ЗАН ВА ХИДМАТ ДАР ХОНА
Алӣ {разияллоҳу анҳу} фармуд:
«Рӯзе ба Фотима тавсия кардам, ба ҷиҳати он ки дар асари осиёб намудани гандум дасташ варам карда ва дар асари ҳамли машки об кифтҳоят захмӣ шуда ва дар асари тоза кардани манзил либосҳояш ғуборолуд шуда буд, назди Паёмбар биравад, то аз ӯ тақозо намояд барояш хидматгузоре муҳайё кунад. Вақте назди Паёмбар рафт иддаеро назди он ҳазрат дид ва бе он ки суханашро ба миён гузорад бозгашт.
Рӯзи дигар Паёмбар ба хонаи мо омад ва гуфт:
«Духтарам, дирӯз чӣ коре бо ман доштӣ?»
Фотима {разияллоҳу анҳо} сокит шуд ва ман мушкили ӯ ва сахтиҳое, ки ӯ дар хона дорад баён кардам ва гуфтам назди шумо омада буд, то кӯмаккоре талаб кунад.
Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуд:
«Духтарам, Худотарс бош ва воҷиботи илоҳиро анҷом деҳ ва дар хонаат, худат кор кун ва зиндагии шавҳар ва фарзандонатро идора намо ва ҳар гоҳ барои хоб ба бистар рафтӣ сию се бор «Субҳоналлоҳ» ва сию се бор «Алҳамду лиллоҳ» ва сию чаҳор бор «Аллоҳу Акбар» бигӯ, ки ин кор барои ту аз доштани хидматгор беҳтар аст (ва туро қудрату қувват иноят мекунад).
Фотима {разияллоҳу анҳо} гуфт:
«Аз Худо ва Расули Худо розӣ шудам ва дигар ниёзе ба ходим ва кӯмаккор надорам».
ЗАНИ СОЛЕҲА
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фамуданд:
«Мӯъмин баъд аз тақво ва тарс аз Худованд, аз чизи дигаре ба андозаи ҳамсари солеҳ суд намебарад, ҳамсаре, ки вақте ба ӯ фармон диҳад итоат кунад ва чун ба ӯ назар мекунад, хушҳол шавад ва вақте аз ӯ ғоиб мешавад он зан худро ва моли шавҳарро муҳофизат намояд».
Ва низ фармуданд:
«Чаҳор чиз аст, ки ба ҳар кас дода шавад хайри дунё ва охират ба ӯ дода шудааст: қалби шукргузор, забони зикргӯй, бадани собир дар балоҳо ва ҳамсари солеҳе, ки дар нафси худ ва дар моли шавҳар хиёнат нанамояд».
Ва дар ҳадиси дигар чунин мефармоянд:
«Саодати мард дар доштани ҳамсари солеҳа, хонаи хуб ва маркаби муносиб аст ва шақовату бадбахтии ӯ дар доштани зани бад, манзили ғайри муносиб ва маркаби бад мебошад».
Ва низ фармуданд:
«Аз бадбахтии мард он аст, ки зане дошта бошад, ки аз диданаш нороҳат шавад, аз забонаш озор бинад ва дар набудани шавҳар, бар номуси ӯ амин набошад».
БАРХӮРДИ ШАВҲАРОН БО ҲАМСАРОН
Ислом ҳамон гуна ки суфоришоти бисёре ба бонувон кардааст, тавсияҳое низ ба мардон дар мавриди занон намудааст.
Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Беҳтарини шумо касе аст, ки беш аз дигарон бо ҳамсар ва фарзандонаш ба некӣ ва хубӣ рафтор намояд ва ман беҳтарини шумо нисбат ба аҳлу аёлам ҳастам».
Ва фармуданд:
«Касе, ки ахлоқаш беҳтар аст имонаш комилтар аст ва некӯкортарини шумо касе аст, ки нисбат ба ҳамсар ва аҳлаш некӯкортар ва меҳрубонтар бошад».
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ҶАНГ
Агарчи ҷиҳоди ибтидоӣ бар занон воҷиб нест, аммо дар ҳангоми дифоъ, тайёрӣ дидан ва омода кардани корҳои пуштибонии ҷанг, нақши занон ғайри қобили инкор аст ва наметавон онро нодида гирифт.
Ибни Аббос {разияллоҳу анҳумо} гуфт:
«Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} рафтани занон ба майдони ҷангро иҷозат медод ва онҳо ба мудовои маҷрӯҳон мепардохтанд ва аз ғаниматҳои ҷангӣ низ саҳм мебурданд».
Уммуатийя {разияллоҳу анҳо} гуфт:
«Ман бо Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар ҳафт ҷанг ширкат кардам ва корам дар ҷанг ин буд, ки васоили онҳоро нигаҳбонӣ мекардам, барои лашкар хӯрок мепухтам, маҷрӯҳонро мудово мекардам ва бар болини беморон менишастам ва ба корҳои онҳо расидагӣ мекардам».
Чун Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар ҷанги Уҳуд пешониаш маҷрӯҳ шуд, Фотимаи Заҳро {разияллоҳу анҳо} хунро пок мекард ва Алӣ {разияллоҳу анҳу} об мерехт. Замоне, ки ҳазрати Заҳро дид, ҳар чӣ об мерезанд, хун бештар мешавад ва қатъ намегардад, қитъае бӯрё бардошт ва сӯзонд, то табдил ба хокистар шуд ва онро бар маҳалли ҷароҳат рехт ва хун қатъ гардид.
СУПОРИШ БА МАРДОН
Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар фарозе аз хутбаи тӯлонии худ дар Ҳаҷҷат-ул-вадоъ фармуд:
«Шуморо дар бораи занон ба хайр суфориш мекунам, ки онҳо дар назди шумо асир ҳастанд. . . Шумо бар занонатон ҳуқуқе доред ва онҳо низ бар шумо ҳуқуқе доранд, аммо ҳаққи шумо бар онҳо ин аст, ки дар манзили шумо касонеро ки шумо хуш надоред ворид накунанд ва ҳаққи онҳо бар шумо ин аст, ки либосу таоми онҳоро ба сурати комил таъмин кунед (ва бо онҳо ба хубӣ рафтор кунед)».
ЭЪЛОМИ НАЗДИКӢ БО ҲАМСАР
Дар ривоят аст, ки Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Баъзе аз занону мардон ҳастанд, ки дар хилват ва танҳоӣ бо ҳамсарони худ наздикӣ мекунанд ва чун аз хилвати худ берун меоянд, аз наздикии худ бо ҳамсараш дигаронро бохабар менамоянд. Шумо ин корро накунед, ки ин амали зишт ва шайтонӣ аст».
АДОЛАТ БАЙНИ ЗАНОН
Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} адолатро комилан байни ҳамсарони худ риоят мекард ва дастур медод, ки ҳар кас беш аз як ҳамсар дорад, адолатро риоят намояд.
Рӯзе ҳазрат дар айёми касолати худ ҳамсаронашро ҷамъ кард ва гуфт:
«Ман дигар қудрат надорам монанди гузашта ҳар шабу рӯзе дар хонаи яке аз шумо бошам, агар иҷозат медиҳед дар ҳамин ҷо ки манзили Оиша аст бимонам».
Онҳо иҷозат доданд ва аз ҳаққи худ гузашт карданд.
Ва дар ривояте фармуданд:
«Касе, ки ду ҳамсар дорад ва байни онҳо ба адолат рафтор намекунад ва ба яке аз онон бештар моил аст, дар рӯзи қиёмат бо гардани хамидаву шикаста маҳшур мешавад».
Ва низ фармуданд:
«Афроде, ки дар ҳукм кардан ва дар риояти ҳоли ҳамсаронашон одил бошанд бар минбарҳои баланде аз нур дар назди Худованди Мутаол ҷой доранд».
Ва дар хабар аст, ки чун марде ҳамсари бокира ихтиёр кунад, ҳафт рӯз назди ӯ бимонад ва агар ғайри бокираеро баҳамсарӣ бигирад се рӯзи комил назди ӯ бошад, сипас байни ӯ ва дигар ҳамсаронаш адолат ва навбат барқарор намояд. Ва ин сираи Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} низ будааст.
ИТЪОМИ АҲЛУ АЁЛ
Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Он чӣ аз таом, ки худ мехӯрӣ садақа аст ва ҳар чӣ ба ҳамсару фарзандон ва хидматгору шогирдонат мехӯронӣ, низ бароят садақа ҳисоб мешавад».
Ва дар ҳадиси дигаре фармудаанд:
«Ҳар чӣ шахсе бар ҳамсару фарзанд ва аҳли байташ инфоқ кунад садақа ба ҳисоб меояд».
Рӯзе Паёмбар ба асҳоби худ фармуд: «Садақа диҳед!»
Шахсе бархост ва арз кард, ки ман диноре пул дорам.
Фармуданд:
«Онро барои худат харҷ кун».
Гуфт:
«Динори дигаре ҳам дорам».
Фармуданд:
«Барои фарзандонат харҷ кун».
Гуфт:
«Динори дигаре низ дорам».
Фармуданд:
«Барои хидматгорат харҷ кун».
Гуфт:
«Динори дигаре ҳам дорам».
Фармуданд:
«Дар мавриди масрафи он худат тасмим бигир».
Ва низ фармуданд:
«Марде, ки ҳамсарашро ҷуръае об диҳад аҷру савоб мебарад».
МАРГИ ФАРЗАНД
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Тифлоне, ки аз муслимин дар кӯдакӣ аз дунё мераванд дар рӯзи қиёмат ба тарафи биҳишт бурда мешаванд, вале онҳо канори дари биҳишт меистанд ва дохил намешаванд. Ба онҳо гуфта мешавад: дохил шавед. Мегӯянд: то падару модарамон вориди биҳишт нашаванд, мо дохил намешавем. Пас фармон мерасад, ки шумо ва падарону модаронатон дохили биҳишт шавед».
МОДАРИ ФАРЗАНДМУРДА
Рӯзе иддае аз занони Мадина назди Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} омада ва гуфтанд:
Шумо бештари вақти худро ба мардҳо ихтисос додаед, хуб аст як рӯзро ҳам махсуси хонумҳо қарор диҳед.
Ҳазрат рӯзеро муайян карданд. Дар он рӯз ҳамаи занҳо ҷамъ омаданд ва Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} барои онҳо суханронӣ намуда ва ба мавъизаи онон пардохтанд.
Яке аз масоиле, ки дар он суханронӣ баён фармуд, ин буд:
«Ҳар зане аз шумо фарзандашро аз даст диҳад (чӣ бо шарафи шаҳодат ва чӣ бо марги табиӣ ё фоҷиавӣ) он фарзанд ҳиҷоб ва монеъ байни модар ва оташи ҷаҳаннам мешавад».
САБРИ ЗАНОН ДАР БАРОБАРИ САХТИҲО
Рӯзе Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба аёдати зане ба номи Уммусоиб {разияллоҳу анҳо} рафтанд ва ба ӯ фармуданд:
Чаро меларзӣ ва орому қарор надорӣ?
Он зан арз кард:
Ин таби лаънатӣ маро раҳо намекунад ва боиси ларзиши баданам шудааст.
Ҳазрат фармуданд:
Табро дашном надеҳ, зеро ҳамин таб аст, ки гуноҳони инсонро мешӯяд ва пок мекунад.
ТАСЛИЯТ
Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Касе, ки зани фарзандмурдаеро таслият гӯяд, либоси гаронбаҳо дар биҳишт ба ӯ мепӯшонанд».
ГИРЯ БАР МУРДАГОН
Як нафар аз хонаводаи Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз дунё рафт, иддае аз занон ҷамъ шуданд ва ба гиряву азодорӣ пардохтанд. Умар } бархост ва онҳоро аз гиристан манъ кард. Расули Акрам ба ӯ фармуданд:
«Эй Умар онҳоро озод бигузор, зеро чашм гирёну қалб сӯзону азодор аст ва он мурда аз инҳо ҷудо шудааст».
Ва дар ривоят аст, ки яке аз духтарони Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз дунё рафт, ӯро дафн карданд ва Расули Худо } бар сари қабраш нишастанд ва ҳама диданд, ки чашмони мубораки ҳазрат пур аз ашк шуд.
ЭҲТИРОМИ ПАЁМБАР БА МОДАР
Рӯзе Расули Худо } канори қабри модарашон рафтанд ва гиристанд ва ҳамроҳони он ҳазрат низ гиристанд. Сипас фармуданд:
«Ман аз павардигорам иҷозат хостам то қабри модарамро зиёрат кунам ва Худованд ба ман иҷозат дод; шумо ҳам қабри гузаштагонро зиёрат кунед, ки ин кор маргро ба ёдатон меоварад».
Ва дар ривоят аст, ки замоне Расули Акрам } занонро аз зиёрати қабр наҳй фармуд.
Ва дар хабар аст, ки он ҳазрат фармуданд:
«Ман шуморо аз зиёрати қабрҳо манъ кардам ва акнун, ки ба ман иҷозати зиёрати қабри модарам дода шудааст, ба шумо низ иҷозати зиёрати қабрро медиҳам, зеро ин кор шуморо ба ёди марг меандозад».
ПАЁМБАР ДАР КАНОРИ ҚАБРИ ЯК ЗАН
Зане сиёҳпӯст пайваста муқими масҷид буд ва ба ибодат машғул. Рӯзе {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ӯро дар масҷид наёфт, аз ҳолаш пурсид, гуфтанд:
Аз дунё рафтааст.
Ҳазрат фармуданд:
«Чаро маро бохабар накардед? Гӯё ӯро кам баҳо додаед ва қадри ӯро нодида гирифтаед!»
Сипас фармуданд:
«Маро ба канори қабраш баред».
Чун бар сари мазораш расид бар ӯ дуруд фиристоданд ва такбир гуфтанд.
Онгоҳ фармуданд:
«Ин қабрҳо пур аз зулмат мебошад ва Худованд ба воситаи салому дуруди мо бар онҳо, нур бар қабрашон меборонад ва торикиро аз байн мебарад ва ин зан аз аҳли биҳишт мебошад».
ЗАНОНИ НАВҲАГАР
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Малоика бар заноне, ки навҳагарӣ ва фарёд доранд, дуруд намефиристанд».
Дар ҳадиси дигаре фармуданд:
«Занони навҳагар агар қабл аз марг тавба накунанд, дар қиёмат либосе аз миси гудохта бар онҳо мепӯшонанд ва зиреҳе аз шӯълаҳои оташ бар тани онон қарор медиҳанд».
Ва низ фармуданд:
«Касоне, ки дар марги азизонашон фарёду шуюни бисёр доранд, мавриди сарзаниши малоика қарор мегиранд».
Ва дар хабар аст, ки агар касе бар мурдае фиғону шуюни бисёр кунад ва суханони номарбут бар забон оварад, малоика ба он мурда мегӯянд, оё ту чунин ҳастӣ, ки онҳо мегӯянд.
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Занони навҳагар дар рӯзи қиёмат ду сафро дар ҷаҳаннам аз росту чап ташкил медиҳанд ва бар аҳли дӯзах монанди сагҳо порс мезананд».
Дар хабар аст, ки Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} занонеро ки дар азои мурдагон навҳагарӣ мекунанд мавриди лаънат қарор додааст.
Паёмбари Акрам } дар маҷлиси азои Зайд ибни Ҳориса, Ҷаъфар ва Ибни Равоҳа {разияллоҳу анҳум}, ки дар ҷанг шаҳид шуда буданд нишаста ва бисёр маҳзуну ғамгин буданд.
Дар ин ҳангом марде омаду гуфт:
Занону бастагони {разияллоҳу анҳу} гиряву зории бисёр доранд.
Ҳазрат фармуданд:
Бирав ва онҳоро сокит кун!
. Он мард рафт ва бозгашту гуфт: онҳоро аз доду фиғони бисёр наҳй кардам, аммо асар надод! Ҳазрат бори дигар фармуданд бирав онҳоро сокит кун. Бори севвум он шахс омад ва гуфт: сокит намешаванд. Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} асабонӣ шуданд ва фармуданд:
Бирав ва даҳони онҳоро пур аз хок кун! (то садояшон қатъ шавад)!
Ва он ҳазрат фармуданд:
«Майит аз садои гиряву зории бозмондагон азоб мешавад».
Ва низ дастур дод, ки занон дар мусибати азизонашон сурат нахарошанд, фарёду вовайло нагӯянд, гиребон чок накунанд ва мӯй аз сар накананд.
Ва нақл шудааст, ки Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз касоне, ки навҳагарӣ, мӯйканӣ ва гиребонпоракунӣ мекунанд безорӣ ҷустааст.
РОҲ РАФТАН БАЙНИ ДУ ЗАН
Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз роҳ рафтани мард байни ду зан наҳй фармуданд.
ЗАНОНИ НОШОИСТА, ДОМҲОИ ШАЙТОН
Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Шароб дарбаргирандаи ҳамаи гуноҳон аст ва занони ношоиста, домҳои шайтон ҳастанд ва дӯст доштани дунё решаи тамоми хатоҳо мебошад».
ВОЙ БАР ЗАНОНУ МАРДОН
Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Чӣ гуна ҳоле доред он замон, ки ҷавонони шумо ба фисқу гуноҳ рӯй оваранд ва занҳои шумо туғён ва саркашӣ кунанд.
Пурсиданд:
Ё расулаллоҳ, оё чунин замоне хоҳад омад?
Фармуданд:
Оре ва бадтар аз ин ҳам мешавад».
ПАРҲЕЗ АЗ НАЙРАНГИ ЗАНОНИ БАДКОРА
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Марди обиде дар замонҳои қадим зиндагӣ мекард, ки аз мардум канорагирӣ карда ва ба ибодати Худованд машғул буд. Рӯзе як зане шахсеро назди ӯ фиристод ва аз ӯ тақозо кард, ки барои адои шаҳодате назди онҳо биравад. Он мард ба хонаи зан рафт ва аз ҳар даре, ки ворид мешуд онроаз пасаш мебастанд ва қуфл мекарданд, то он ки ба маҷлиси он зан ворид шуд. Дид он зан нишаста ва дар канори ӯ кӯдаке ва зарфи шаробе вуҷуд дорад.
Зан гуфт: ман туро барои шаҳодат ба ин ҷо наовардаам, балки туро овардам, ки ё ин кӯдакро ба қатл расонӣ, ё бо ман ҷамъ шавӣ ва ё ҷоме аз шароб бинӯшӣ ва агар рад кунӣ, туро расво мекунам.
Мард дид, ки чорае надорад, гуфт: ҷоме шароб менӯшам. Пас ҷоме нӯшид ва чун маст шуд тақозои шароби бештаре кард, хуб, ки сармаст шуд бо он зан зино кард ва он кӯдакро низ ба қатл расонд».
ТАКАББУР БА ЗЕВАРУ ЗИНАТ ДАР МАСҶИД
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар масҷид буданд, ки зане дохил шуд дар ҳоле, ки худро ороиш карда ва ба зару зевар ороста буд ва бо худнамоӣ роҳ мерафт. Ҳазрат фармуданд:
«Эй мардум! Занони худро аз овехтани зинат ва пӯшидани либосҳои зиннатӣ ва такаббуру худнамоӣ дар масҷид (ва ғайри масҷид) наҳй кунед, зеро иллати малъун воқеъ шудани Банӣ Исроил ҳамин буд, ки занонашон зиннат бар худ мебастанд ва дар масҷидҳо такаббуру худнамоӣ доштанд».
ДАФЪИ ГУМОНИ БАД
Рӯзе Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бо яке аз ҳамсаронаш буд, ки марде аз канори онҳо убур кард. Ҳазрат ӯро садо заданд ва фармуданд:
«Ин зан, ки бо ман аст ҳамсарам мебошад».
Он мард гуфт:
«Ман агар нисбат ба ҳама шак кунам, аммо нисбат ба шумо шак нахоҳам кард».
Ҳазрат фармуданд:
«Дуруст аст, аммо шайтон монанди хун, ки дар рагҳои инсон ҷараён дорад бар инсон ворид мешавад».
ОЗОДИИ ЗАН
Паёмбарон умуман барои роҳнамоӣ ва ҳидояти мардум ва равон намудани онҳо ба сӯи сироти мустақими илоҳӣ мабъус шудаанд ва наздиктарин афрод ба онҳо ҳамсаронашон буданд, ки ҳидоят ва иршоди онҳо қатъан дар марҳалаи аввал аз масъулияти онон қарор доштааст. Вале дар айни ҳол мушоҳида мешавад, ки баъзе аз ҳамсарони паёмбарон ба даъвати шавҳаронашон посухи мусбат надода ва дар гумроҳии худ боқӣ монданд. Масалан Қуръон мефармояд:
«Худованд барои кофирон, ҳамсари Нуҳ ва ҳамсари Лутро масал зад, ки шавҳаронашон бандагони шоистаи Худо буданд, вале он занон ба шавҳаронашон хиёнат карданд, ки ҷойгоҳи онон дар оташ аст».
Яъне Паёмбарони бузургворе чун Нуҳ ва Лут натавонистанд ҳамсаронашонро бар сироти мустақими илоҳӣ ҳидоят намоянд ва ин нишонгари асли муҳимми озодии зан аст, ба ин маъно, ки ӯ низ метавонад дар интихоби ақида ва дину мазҳаб озод бошад.
Сипас Қуръони Маҷид ба намунаи дигари озодӣ, ки амроҳ бо огоҳӣ ва арзиш аст ишора мекунад ва мефармояд:
«Ва Худованд барои мӯъминон ҳамсари Фиръавнро мисол зад».
Яъне ҳамон Фиръавне, ки иддиои худоӣ мекард, натавонист ҳамсарашро низ бо ақидаи фосиди худ мувофиқ намояд ва он зан бо тамоми вуҷуд ба Худо имон овард.
Бинобар ин маълум мешавад, ки муҳимтарин ва аввалин дастури дин, озодии ақида ва назар аст ва зан ҳам мисли мард метавонад ончиро аз ақида ва дину мазҳаб мехоҳад бипазирад Қуръони Маҷид намунаҳое аз озодии акидаро барои мо тавзеҳ додааст, масалан, бо он ки Ислом маснади ҳукумат ва раҳбариро бар занон шоистаю муносиб намедонад, вале дар Қуръон қиссаи Билқис ва ҳокимияти ӯ баён шудааст, то намунае аз мудирияту кишвардории занро нишон диҳад.
Мефармояд:
Сулаймон номае барои ӯ фиристод ва дар он навишт: ин нома аз Сулаймон аст ва бо номи Худованди раҳмону раҳим ағоз шуда ва эълом медорад, ки бар ман бартарӣ маҷӯй ва таслими ман шав.
Чун нома ба он зан расид, гуфт:
«Ман тасмими ниҳоиро намегирам, то бо бузургони кишварам машварат намоям. Бузургони лашкари ӯ эълони омодагӣ барои ҷанги сахтро намуданд, вале дар охир гуфтанд, ки ту ҳокими мо ҳастӣ ва ҳар тасмиме бигирӣ мо иҷро мекунем».
Он зан гуфт:
«Гумон мекунам беҳтар бошад ҳадяҳое барояш фиристем, агар қабул кард маълум мешавад, ки толиби дунё мебошад ва…»
Ин тасмим нишондиҳандаи фикри амиқи Билқис аст, ки ибтидо мехоҳад табиат ва зоти Сулаймонро бишносад, ки оё ӯ подшоҳе золим ва ҷаббору дунёпараст аст, ё дар паи амри ухравӣ ва илоҳӣ мебошад.
Ҳадяҳое фиристод, Сулаймон онҳоро напазируфт ва фармуд:
«Оё барои ман моли дунё мефиристед дар ҳоле, ки он чӣ Худо ба ман додааст ба маротиб беҳтар аз дунё мебошад ва шумо ҳастед, ки бо ҳадяҳо шод мешавед на ман».
Чун хабар ба Билқис расид, гуфт:
«Мо ба сӯи ӯ меравем ва таслим мешавем, зеро ӯ инсоне аст, ки толиби дунё ва молу манол нест, балки даъвати маънавӣ ва илоҳӣ дорад».
Сулаймон ба ҷинҳо, ки ҳамаи онҳо аз ӯ фармонбардорӣ мекарданд, дастур дод то қабл аз расидани Билқис тахту боргоҳи ӯро биёваранд ва ғайра.
Мо аз ин ҷараён ба хубӣ истифода мекунем, ки чӣ гуна як зан тавонист бо ақлу заковатихуд беҳтарин ва саҳеҳтарин роҳ ва тасмимро бигирад.
Ва нишонаи дигаре аз ҳушу заковати ӯ он аст, ки чун назди Сулаймон расид, гуфт:
«Ин тахту боргоҳ монанди тахту боргоҳи ман аст, аммо ман онҳоро дар кишвари худ раҳо кардам ва ин ҷо омадам…»
Ба ҳар ҳол ин мисоле аст, ки Қуръони Маҷид дар мавриди ҳуррият ва озодии зан дар тафаккуру тадаббур ва ҳокимият баён кардааст.
Дар баёни дигар, Қуръони Маҷид аз интихоби баъзе аз занон монанди мардон аз тарафи Худои Мутаол сухан меронад. Масалан ҳазрати Марям ва модари ҳазрати Мӯсоро интихоб намуда ва онҳоро ба умуре вазифадор менамояд, то анҷом диҳанд ва онҳо низ ба хубӣ аз ӯҳдаи маъмурияти илоҳӣ мебароянд.
Пас зан, ҳамон гуна ки аз ҷанбаи ақида озод мебошад, ҳамчунин барои пешниҳоди чора ва роҳи ҳалли саҳеҳ дар ҷое, ки мардҳо аз ӯҳдаи гирифтани тасмими дуруст дармонда мешаванд, озод буда ва низ барои интихоб аз тарафи Худованди Мутаол мебошад.
Ва чун Ислом омад, ба озодӣ ва вобаста набудани занон баҳои бештаре дод ва умури бисёреро байни занону мардон ба сурати муштарак қарор дод, агарчӣ баъзе аз умурро махсуси мардон ва баъзе дигарро ихтисос ба занон дод.
ИЗДИВОҶ
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Касе, ки издивоҷ кунад нисфи динаш комил шудааст ва бояд муроқиби нимаи дигари дини худ бошад».
Ва фармуданд:
«Худованд се гурӯҳро ёрӣ мекунад, ки яке аз онҳо шахсе аст, ки мехоҳад издивоҷ кунад, то аз гуноҳ дар амон бимонад».
Ва низ фармуданд:
«Касе, ки Худо ҳамсари хуб насибаш кунад, дар ҳақиқат ӯро бар ҳифзи нисфи динаш ёрӣ кардааст ва ӯ худ бояд дар ҳифзи нисфи дигар бикӯшад».
ИЗДИВОҶ ВА ҒАРАЗҲОИ ДУНЯВӢ
Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Касе, ки ҳамсареро ба хотири мақом ва иззаташ интихоб кунад, Худованд ӯро залилу хор мекунад ва касе, ки ба ҷиҳати сарвату мол бо зане издивоҷ кунад, Худованд ӯро фақир менамояд. Ва касе, ки бо зане ба ҷиҳати мақому шаъни иҷтимоияш издивоҷ намояд, Худованд ӯро хор ва паст мекунад ва касе, ки бо зане ба ҷиҳати дурӣ аз гуноҳи чашм ва инҳирофи ҷинсӣ издивоҷ намояд, Худованд он зану мардро бар якдигар муборак мегардонад».
Ва низ фармуданд:
«Бо зане фақат ба ҷиҳати зебоӣ ва ҷамолаш издивоҷ накунед, зеро чӣ бисёр занони зебое, ки ҳамон зебоӣ онҳоро ба ҳалокат меандозад. Ва низ бо зане фақат ба ҷиҳати сарваташ издивоҷ нанамоед, зеро чӣ бисёр амволе, ки соҳибонашро ба туғён мекашонад. Ва лекин ба ҷиҳати дин бо зани диндор издивоҷ кунед, ки зани диндори сиёҳпӯст беҳтар аз зани сафедпӯсти зебои бедин мебошад».
ТАРКИ ИЗДИВОҶ
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Ман аз тамоми шумо бештар аз Худо метарсам ва паҳезгортарини шумо ҳастам, вале гоҳе рӯза мегирам ва гоҳ рӯза намегирам, гоҳе намоз мехонам ва гоҳе истироҳат мекунам, бо занон издивоҷ менамоям ва ҳар кас аз равиши ман дурӣ кунад аз ман нест».
МУБОДИЛА ДАР ИЗДИВОҶ
Пайғамбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз издивоҷи «шиғор» наҳй фармуд ва издивоҷи «шиғор», яъне марде духтар ё хоҳарашро ба издивоҷи шахсе барорад ба шарте, ки ӯ ҳам духтар ё хоҳарашро ба ӯ тазвиҷ намояд ва маҳрияе қарор надиҳанд.
ИБОДАТИ ЗАНОН
Канизи ҳазрати Абубакр гуфт:
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Худо раҳмат кунад мардеро, ки барои намози шаб аз хоб бархезад ва ҳамсарашро низ бедор кунад ва агар бедор нашуд об бар сураташ бирезад, то аз хоб бархезад ва аз файзу баракате, ки дар намози шаб аст бебаҳра намонад. Ва Худо раҳмат кунад занеро, ки барои намози шаб бархезад ва шавҳарашро бедор кунад ва чун бар нахест, об бар сураташ бирезад ва ӯро бедор кунад».
Ва дар ҳадиси дигаре фармуданд:
«Марде, ки аз хоб барои намози шаб бархезад ва ҳамсарашро низ бедор кунад ва дар сурате, ки хоб дар ҳамсараш ғалаба дошт, об дар сураташ бипошад ва ҳар ду муддате аз шабро ба намоз ва зикри Худо машғул бошанд, Худованд ҳар дуи онҳоро меомурзад».
САДАҚА
Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Эй занон! Садақа диҳед, агарчӣ аз зару зевар ва зинатҳои худ бошад, ки ин ибодати бузурге аст ва дорои фоидаҳо ва осори маънавии бисёр мебошад».
БЕҲТАРИН ГАНҶ
Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Беҳтарин ганҷ ва моле, ки инсон захира мекунад, иборат аст аз забони зокир, қалби шокир ва ҳамсари шоистае, ки ӯро бар дину имонаш ёр бошад».
ЗАНОНИ ДУНЁ ВА ҲУРУЛЪАЙН
Уммусалама {разияллоҳу анҳо} аз Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар бораи ояти
عُرُباًأترابا
савол кард, ҳазрат фармуданд:
«Онҳо заноне ҳастанд, ки дар дунё пир мешаванд ва Худованд онҳоро ба сурати духтарони бокира ва зебою дӯстдоштанӣ маҳшур мекунад».
Пурсид: Оё занони дунё беҳтар ҳастанд ё ҳурулъайн?
Фармуданд:
Занони дунё аз ҳурулъайн бартар ҳастанд, зеро онҳо намоз хондаанд ва рӯза гирифтаву ибодати Худовандро анҷом додаанд ва ба ин хотир Худованд фармуд:
«Суратҳояшон нуронӣ ва баданҳояшон нарму латиф чун ҳарир ва ранги онҳо сафед, либосашон сабз, дорои зеварҳои тиллогуна ва ғайра мебошанд ва мегӯянд, мо ҷовидона ва зебову хостанӣ ва хушрӯю хушахлоқ ҳастем ва хушо ба ҳоли онҳое, ки бо мо бошанд ва мо бо онҳо бошем…»
МУҲАББАТИ МОДАРӢ
Рӯзе кӯдакеро назди Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} оварданд. Замоне нагузашт, ки зане ба дунболи кӯдак омад ва худро модари он кӯдак хонд, кӯдакро ба ӯ доданд ва он зан кӯдакро шир дод.
Сипас Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Оё мумкин аст ин зан фарзандашро дар оташ афканад?»
Ҳозирон гуфтанд:
«Ҳаргиз чунин нахоҳад кард, агарчӣ қодир бар он бошад».
Ҳазрат фармуданд:
«Худованди мутаол нисбат ба бандагонаш аз ин модар нисбат ба фарзандаш меҳрубонтар мебошад!»
МОДАР ВА ДУРӮҒ
Абдуллоҳ ибни Омир {разияллоҳу анҳу} гуфт:
Рӯзе Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар хонаи мо буд ва модарам маро ба сӯи худ фаро хонд (то Расули Худоро роҳат бигузорам) ва гуфт:
- Биё то чизе ба ту диҳам.
Паёмбар ба модарам гуфт:
- Чӣ чизе мехоҳӣ ба ӯ диҳӣ?
Арз кард:
- Мехоҳам миқдоре хурмо ба ӯ диҳам.
Ҳазрат фармуд:
- Бидон, ки агар чизе ба ӯ надиҳӣ як дурӯғ бароят менависанд.
ТАЪДИБИ ДУХТАРОН
Паёмбари Ислом {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
«Касе, ки ду ё се духтар ё хоҳари худро нигаҳдорӣ кунад, онҳоро хуб тарбият намояд ва сипас онҳоро шавҳар диҳад, биҳишт барои ӯ навишта мешавад».
Ва дар ривояте фармуданд:
«Касе, ки духтаронашро мавриди иҳонат (сарзаниш) қарор надиҳад ва писаронашро бар духтаронаш муқаддам надорад, аз аҳли биҳишт мебошад».
СУПОРИШҲОИ ЯК МОДАР БА ДУХТАРАШ
Ончӣ дар зер меояд насиҳат ва супориши як зан ба зани дигар аст, ӯ пояҳои асосии зиндагии муштараки зану шавҳариро ба духтараш меомӯзад.
Уммуаёс зане буд, ки ба равиши саҳеҳ зиндагӣ кард ва таҷрибаҳои саҳеҳ ва дурусти зиндагии муваффақи худро ба духтараш нақл намуд, то ӯ ҳам зиндагии саҳеҳ ва муваффақе дошта бошад ва дар ҳақиқат мехост ӯро барои зиндагии ояндааш омода намояд.
Духтари ин зан бисёр зебо буд, Ҳорис ибни Амр, ки раиси қабилаи Кинда буд, ҷамоли ӯро дид ва ошиқу шефтааш шуд ва тасмим гирифт бо ӯ издивоҷ кунад; шахсеро ба хостгорӣ фиристод ва ӯ мадҳу таърифи бисёр аз духтар намуд.
…Ақди издивоҷ ҷорӣ шуд ва вақти бурдани духтар ба хонаи шавҳар фаро расид. Дар ин ҳангом модар ба духтараш гуфт:
«Азизам, ту духтари баодоб ва тарбиятшудае ҳастӣ ва ниёзе ба насиҳат надорӣ, вале бидон, ки агар зане ба ҷиҳати сарвати хонаводагиаш аз шавҳар кардан бениёз буд, ба дурустӣ, киман бениёзтарини онҳо будам, аммо бидон, ки занон барои мардон офарида шудаанд, ҳамон тавре ки мардон низ барои занон офарида шудаанд.
Духтари азизам, даҳ матлабро ба ту гӯшзад мекунам, то ёдгоре аз ман барои ту бошад ва захирае барои зиндагии хуби ояндаат ба ҳисоб ояд.
Аввал ва дуввум: Бо шавҳарат ба таври хуб зиндагӣ кун, яъне аз ӯ розӣ бош, қаноатро пешаи худ соз, ҳарфашро бишнав ва фармонашро итоат кун.
Севвум ва чаҳорум: Дар наздиӯ худро ороста кун ва мабодо, ки ӯ лаҳзае сару сурат ва вазъи туро зишту нораво бинад ва ҷуз бӯи хубу муаттар аз ту ба машомаш нарасад.
Панҷум ва шашум: Дар вақти хоб ва хӯроки ӯ таъхир наандоз, хӯрокро ба мавқеъ омода соз ва басоти хоби ӯро дар вақти муайян фароҳам овар, зеро гуруснагӣ инсонро нороҳат мекунад ва нахобидан боиси хашму ғазаби ӯ мешавад.
Ҳафтум ва ҳаштум: Моли ӯро ҳифз кун ва риояти ҳоли наздикон, хонавода ва атрофиёнашро бинамо.
Нуҳум ва даҳум: Дар ҳеҷ чиз ӯро нофармонӣ макун ва ҳаргиз асрори ӯро фош нанамо, ки агар фармонашро итоат накунӣ синаашро ба танг овардаӣ ва хашми ӯро бар худ харидаӣ ва агар рози ӯро фош кунӣ аз макри ӯ дар амон нахоҳӣ буд.
Ва дар охир, дар мавқеи шодии ӯ ҳаргиз ғамгин набош ва дар ғаму ғуссааш ҳаргиз изҳори шодӣ макун».
ЗАНЕ БО УНВОНИ МОДАР
Шахсе назди Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} омад ва арз кард, ё Расулаллоҳ чӣ касе сазовор аст, то бо ӯ ба некӯӣ ва эҳсон рафтор кунам?
Ҳазрат фармуданд:
- Модарат.
Пурсид:
- Пас аз ӯ чӣ касеро икром кунам?
Фармуданд:
- Модаратро.
Сипас гуфт:
- Пас аз ӯ чӣ касеро мӯҳтарам шуморам?
Фармуданд:
- Модаратро.
Барои мартабаи чаҳорум саволи худро такрор кард, ҳазрат фармуданд:
- Падаратро.
Ва дар ҳадиси дигар омадааст, ки Расули Худо дар посухи суоле се бор некӣ ба модар ва дар мартабаи чаҳорум некӣ ба падарро тавсия фармуданд.
Ва низ фармуданд:
«Хору залил бод он кас, ки модару падар ё яке аз онҳоро дар пирӣ дарк намояд, аммо аҳли биҳишт набошад (яъне ба онҳо эҳсон накунад ва худро биҳиштӣ нанамояд)».
Ва дар хабар ворид шудааст, ки Паёмбар } ба ҷавоне, ки майли рафтан ба ҷиҳод дошт, вале модаре пир ва вобаста ба худ низ дошт, фармуданд:
- Муроқиби модарат бош, ки биҳишт зери пои ӯ мебошад.
Ва ба шахсе, ки гуфт:
- Эй Расули Худо, барои ба майдони ҷанг рафтан аз падару модарам ҷудо шудам ва онҳо аз фироқи ман ба гиря афтоданд, - фармуданд:
- Бозгард ва онҳоро бихандон, ҳамон гуна ки ононро гирёндӣ.
Ва низ фармуданд:
«Касе, ки мехоҳад умраш зиёд ва ризқаш фаровон гардад, ба падару модари худ некӣ кунад ва силаи раҳм ба ҷой оварад».
Ва ҳатто ба некӣ ба падару модари ғайримусалмон низ дастур додааст.
Дар ҳадисе эҳсон ба волидайнро ҳатто пас аз марги онҳо, ба сурати намоз ва истиғфор барои онҳо, вафо ба аҳди онҳо, икроми дӯстони онҳо ва силаи раҳми онҳо тавсия фармудааст.
Дар хабар аст, ки шахсе назди Расули Акрам } омад ва гуфт:
- Ман марде ҳастам, ки гуноҳи бузурге муртакиб шудаам, оё тавбаам пазируфта аст?
Фармуданд:
- Оё модар дорӣ?
Гуфт:
- Аз дунё рафтааст.
Фармуданд:
- Хола дорӣ?
Гуфт:
- Бале, дорам.
Фармуданд:
- Ӯро ба ҷои модарат икром кун (то тавбаат пазируфта шавад).
Ва дар ҳадиси дигаре фармуданд:
«Хола ба манзилати модар аст».
Худованд моро дар амал ба дастуроти фиристодаи ӯ, Паёмбари мукаррами ислом Муҳаммади Мустафо } муваффақ гардонад.
Навиштаи Доктор Сайид Ҷамилӣ
Тарҷумаи Машҳура Ҷавҳаризода

Васиятҳои Паёмбари Акрам ба духтарон ва занон

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳамду сипос Худовандро, ки Парвардигори оламиён аст ва дуруду таҳият бар фиристодаи амини ӯ Муҳаммади Мустафо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} то рӯзи қиёмат.
Аммо баъд, ба дурустӣ, ки Ислом занро гиромӣ дошта ва инсофро дар ҳаққи ӯ риоят намуда ва истеҳкому бақои ҷомеаро вобаста ба вуҷуди ӯ намуда ва сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ дар ҷомеаро вобаста ба ӯ кардааст.
Паёмбари бузургвори мо } низ мардро ба эҳтирому икроми зан суфориш намуда ва ба фарзандон тавсия кардаанд, ки нисбат ба модарони хеш эҳтиром намоянд. Ҳамон гуна ки занро ба риояти ҳуқуқи шавҳар ва фарзандонаш тавсия намудаанд; ба иборати дигар зан бояд нисбат ба адои ҳуқуқи шавҳар ва фарзандон кӯтоҳӣ накунад ва онҳо низ бояд риояти ҳоли зан ва модарро бинамоянд.
Ибни Асокир аз Амири мӯъминон Алӣ {разияллоҳу анҳу} нақл мекунад, ки он ҳазрат аз Расули Акрам } ҳадисе нақл карда, ки фармуданд:
«Касе ҷуз инсонҳои бузургвор занҳоро икром намекунад ва иҳонаткунанда ба зан касе ҷуз инсони паст ва фурӯмоя намебошад».
Ва низ Паёмбар } дар Ҳаҷҷат-ул-видоъ фармуданд:
«Занҳо кӯмаккунандаи шумо ҳастанд ва молики чизе намебошанд (ва чизеро барои худ намехоҳанд) ва шумо онҳоро ба амонат аз Худованд гирифтаед ва издивоҷи шумо бо онҳо бо номи Худо (ва сиғаи шаръӣ) сурат пазируфтааст, пас дар мавриди рафтор бо онҳо аз Худо битарсед ва рафторе муносиб ва хуб бо онҳо дошта бошед ва дар мавриди онҳо ба некӣ суфориш намоед».
Пайғамбари Акрам } дини мустаҳкам ва оини пур меҳру муҳаббат овард ва зулми мардҳо нисбат ба занҳоро аз миён бардошт ва иҳонатҳои онҳо нисбат ба занҳоро решакан намуд.
Бузургии занро ҳифз намуд, чун ҳаққи ӯро дар интихоб намудани ҳамсаре, ки муносиби ӯ бошад ва зан дар канори ӯ оромиши дарунӣ дошта бошад, озод гузошт. Пас, дар издивоҷ ҳаргиз маҷбур нахоҳад буд ва бе ризоят ва майлу рағбати воқеӣ (на зоҳирӣ) ҳеҷ издивоҷе эътибор надорад ва ботил аст. Ва чӣ зебо фармуд Паёмбари Акрам }:
«Занон ихтиёрдори худ ҳастанд ва духтарон (агарчӣ издивоҷашон бо иҷозати сарпарасти онҳо мебошад, аммо) бояд дар мавриди издивоҷ аз худи онҳо низ ризоят гирифта шавад (онҳо дар издивоҷ маҷбур карда нашаванд) ва албатта иҷозат ва ризояти ӯ бо сукут низ маълум мешавад».
Ислом ҳамон гуна ки суфориши занонро намудааст, занҳоро низ ба риояти умури некӯ ва хайр тавсия кардааст, зеро саодату растгории ҷомеа вобаста ба занҳо мебошад.
Асли умумӣ дар аҳкоми ибодатҳо ва муомилот дар Ислом воҷиб, ё мустаҳаб, ё ҳаром ва ё макрӯҳ (ва ё мубоҳ) мебошад ва ин ба ҷиҳати фазоил ва разоили нуҳуфта дар умури мухталиф мебошад. Ва агарчӣ мардҳову занҳо ба таври мусовӣ ва баробар нисбат ба он аҳком таклиф доранд, валекин дини муқаддаси Ислом баъзе аз аҳкомро ба мардҳо ва баъзе дигарро ба занҳо ихтисос додааст. Ин ба ҷиҳати табиати махсуси ҳар як аз зану мард мебошад, чун зан ва мард ҳар кадом бофти вуҷудии махсус ба худро доранд ва ҳар як комилкунандаи дигарӣ дар бақои насли башар ва пешрафти ҷомеаи инсонӣ мебошанд. Ба ин сабаб ҳар кадом мутаносиб бо табиати худ метавонанд амал кунанд ва ба ҳамин хотир аст, ки Набии гиромӣ } аз монандшавии мардҳо ба занҳо ва баръакс наҳй карда ва фармуд:
«Худованд занҳоеро, ки худро шабеҳи мардҳо ва мардҳоеро, ки худро шабеҳи занҳо кунанд, лаънат кунад».
Аз ҷумла аҳкому одоби махсуси занон умуре аст, ки барои пешгирӣ аз решаи фасод ва ҳифзи шарофату каромати зан аз дастбурди мардони аҳмақу нодон, қарор дода шуд; мардоне, ки бо ниятҳои нопок ва хабосати зотии худ дар садади ба инҳироф кашидани занон мебошанд; мисли равиши фосиқони ҷафокор, ки дар ҳар замону макон дар паи аз байн бурдани ҳурмати бонувон ва таҷовуз ба каромату иффати онҳо дар бадтарину зишттарин сурати ҷурмҳои башарӣ ҳастанд, ки завқи солим ва табиату фитрати пок аз он нафрат дорад.
Барои пешгирӣ аз решаи фасод ва беиффатӣ, Паёмбари муаззами мо } аз хилват кардани зану марди бегона наҳй кардааст. Зеро ин амр асоси шарру балои пинҳон аст. Ва аз ҳамин ҷиҳат аст, ки шариати муқаддаси Ислом аз мусофирати зан бе яке аз наздикони худ ва аз дохил шудани мард дар ҷое, ки зани танҳо ва номаҳрам вуҷуд дорад, шадидан наҳй кардааст.
Ва ин мусаллам аст, ки дӯстӣ ва улфату унс маъмулан дар сафар бештар аст ва эҳтимоли хатари инҳироф низ афзун мебошад. Ва зарару зиёне, ки дар дунё аз ин гуна инҳирофот бар сари занон меояд ба маротиб бештар аз зарарҳои иҷтимоие аст, ки ба сӯи мардон меояд ва дар охират ҳам ҳисоби ҳар яке аз онҳо бо Худованди Мутаол аст.
Расули Худо } фармуд:
Бо духтарони бокира издивоҷ кунед, ки покизатар ва поктару оростатар ҳастанд.
Далели суфориши Қуръони Маҷид ба масъалаи ҳиҷоб барои хонумҳо низ, ки баъдан ба он мепардозем, пешгирӣ аз шарру офатҳое аст, ки беҳиҷобӣ омили он мебошад, зеро барои занҳо фитнае шадидтар аз мардҳо ва барои мардҳо фитнае шадидтар аз занҳо вуҷуд надорад.
Ин аз он ҷиҳат аст, ки нигоҳи зану марди номаҳрам ба якдигар ҳамон гуна, ки Паёмбар } фармуд, тири заҳролуде аз тирҳои шайтон аст, махсусан агар зан дорои чеҳра ва андоми зебо бошад ва худро ороста намояд, ки дар он сурат бебандубории ӯ дар либос пӯшидан, доми шайтонӣ барои худи ӯ ва барои ҷомеа мебошад, балки бадбахтии абадӣ ва хасорати ухравии шадиде аз он эҷод мешавад ва ин Ислом аст, ки бар иффату покӣ ва оростагии зан ҳарис мебошад.
Зане, ки худро ба дигарон менамоёнад, пайваста суханҳо ва гумонҳои норавои бисёре дар борааш ҷараён дорад ва ин ки Ислом хилват кардани мард бо зани номаҳрамро ҳаром донистааст, ба ҳамин сабаб аст, ки фитнае эҷод нашавад ва бояд аз иллати фитна дурӣҷуста шавад ва роҳи фасод бояд баста гардад ва ба ин хотир нигоҳе, ки хавфи эҷоди фитна дар он бошад, ҳаром аст.
Ин як қоидаи усулӣ, шаръӣ ва қатъӣ аст, ки дафъ намудани фасод муҳимтар аз ҷалби маслиҳат аст ва худнамоию ороиш кардани зан барои ғайри шавҳараш фасодовар аст ва дафъи он лозиму воҷиб мебошад ва сустию кӯтоҳӣ дар он ҷоиз нест.
Мо дар ин китоб суфоришоти Расули Худо } ва насиҳатҳои он ҳазрат ба зани мусалмон, ки пояи саодати дунёву охират аст, ҷамъ кардаем, ки Расули Акрам беҳтарин бандагони Худо ва охирин Паёмбар ва муштоқтарини мардум нисбат ба саодати уммат ва пойбандтарини мардум дар амал намудан ба дастуроти илоҳӣ ва ҳаристар аз дигарон нисбат ба наҷоти уммат аз оташи ҷаҳаннам мебошанд.
Ба духтарони мусалмон тавсия мекунем, ки суфоришоти Расули Акрам }-ро комилан (пурра) ба кор банданд, ки онҳо ҷавонони имрӯз, модарони фардо ва модарбузургҳои оянда ҳастанд.
Балки бар ҳар зане лозим аст, ки ин суфоришотро дар зеҳни худ нигоҳ дорад ва худро дар амал ба онҳо пойбанд намояд, зеро ин дастурот аз маҳбубтарин бандагони Худо, ки дилсӯз ба ҳоли мо мебошад, содир шудааст.
Умед аст Худованд, аз ин нафъе оиди муслимин намояд.

понедельник, 2 июня 2014 г.

Зани донишманд нисфи давлат аст

Ислом ин аввалин дине буд, ки дар ҷойи аввал занро аз олами нестӣ ба олами ҳастӣ ва аз беҳуқуқӣ ба арзиши олӣ оварда расонид. Ислом ба тамоми ҳуқуқҳои зан таъсири калони худро расонидааст, ки яке аз ин ҳуқуқҳои зан ҳуқуқ ба таҳсил ё ба илмомӯзӣ мебошад.
Дини мубини ислом омӯзиши илмро ба ягон табақаи инсоният, хусусан барои занон манъ накардааст, баръакс, зарур мешуморад. Паёмбари Худо дар ҳадиси мубораки худ фармудаанд:
«Омӯзиши илм барои ҳар мард ва зани мусулмон фарз аст». Аз нигоҳи худи ман ин ҳадис хусусияти умумиилмӣ дорад, зеро мақсад аз омӯзиши илм танҳо омӯзиши илми Қуръон набуда, балки омӯзиши дигар илмҳоро ҳам ифода мекунад.
Баъзе одамон бар он андешаанд, ки гӯё Ислом занро барои омӯзиши илм ҳуқуқ намедиҳад, ки ин ақида, албатта, ғалат мебошад ва ин аз Исломро надонистани ҳамон тоифаи одамон шаҳодат медиҳад.
Модоме, ки омӯзиши илмро дини ислом барои ҳамаи одамон, аз ҷумла нисбати занон фарз ҳисобида бошад, дигар чӣ ҷойи манъкунияш дида мешавад. Ислом ободии дунё ва зебогии онро аз занон вобаста медонад. Барои он, ки зан тавонад зебогӣ ва ободии дунёро таъмин кунад, ӯ бояд доно ва бо илму хироди олӣ бошад. Як андеша кунед, ки оё зани беилм ободиро таъмин мекунад?
Оё аз зани беилм кӯдаки бодониш ва олим талаб кардан аз рӯи ақл аст? Албатта не. Чи гунае, ки худи таърих шоҳид аст, ба мисли, Имоми Аъзам, Имом –ал-Бухорӣ, Рӯдакӣ, Сино ва дигаронро модарони боилму дониш ба дунё овардаанд. Модари Бобоҷон Ғафуров ҳам зани донишманде буд.
Таваҷҷӯҳи Ислом оиди ба омӯзиши илм машғул шудани занон бисёр калон аст. Ҳамаи мусулмонон ӯҳдадоранд, ки омӯзиши илмро аз овони ҷавонӣ ба роҳ монанд, зеро Паёбамри Худо фармуда: «Талаб кунед илмро аз гаҳвора то ба гӯр»
Илм ва омӯзиши он дар ислом бисёр мақоми бузург дорад. Чигунае, ки паёмбари Худо гуфта: «Илмомӯзӣ беҳтарин ибодат аст», «Шахсе, ки дар талаби илм бошад, ҷаннат дар талаби ӯст». Бинед ки чӣ гуна илм ва омӯзиши он инсонро бообрӯй мегардонад. Аз ин нигоҳ занон бояд хонанд ва нисбати фарзандон қарзи модарии худро иҷро намоянд, зеро муаллими аввали кӯдак модар аст.
Илова бар ин, агар дар корҳои махсус ба занҳо, монанди таваллуд, муолиҷаи бемориҳои занона, мутахассис ва донишманди зан вуҷуд надошта бошад, бояд мардҳо ин корро анҷом диҳанд ва шакке нест, ки анҷоми ин корҳо ба василаи занҳо беҳтар ва боҳашаматтар аст. Аз ҳама муҳимтар он, ки бино ба иттифоқи ҳамаи уламои Ислом, аз замони худи Паёмбар (с) то ба имрӯз дар аҳкоми шаръи байни зан ва мард фарқе нест, магар он ки далелҳои хос омада ва занро аз қоидаи умумӣ истисно намуда бошад.Сабаб дар чӣ бошад, ки имрӯз таваҷҷӯҳи занон дар омӯзиши илм дар Тоҷикистони азизамон кам ба чашм мерасад. Дӯстони Худо барои ба роҳ мондани омӯзиш ва азхудкунии илм аз ҷониби занон таваҷҷӯҳи зиёде доштаанд. Яке аз онҳо Имоми Аъзам буд, ки «Рӯзе бо шогирдони худ нишаста буд, ки ба назди ӯ як марде омаду нишаст. Имоми Аъзам аз ӯ пурсид, ки ба чӣ ҳоҷат омадаӣ? Гуфт: Ман ду фарзанд дорам: як духтару як писар ва ҳарду ҳамсол ҳастанд. Имрӯз онҳоро мехоҳам, ки ба мадраса дохил намоям, то ба омӯзиш машғул шаванд. Аммо, афсӯс, ки қувваи ман намерасад ва дар ҳайрат гирифтор шудаам, намедонам, ки аввал духтарамро ба мадраса дохил намоям ё писарамро. Имоми Аъзам каме андеша карду гуфт: «Модоме, ки ин тавр бошад, аввал духтаратро ба мадраса дохил бикун, зеро аз зани донишманд олим ба дунё меояд».
Албатта, ин таълимоти Имоми Аъзам дар худ ҳикматҳои бузург дорад, ин дуруст аст, ки аз зани донишманд фарзанди олиму донишманд ба дунё меояд. Чунки зан –модар шахси аз ҳама наздиктар ба фарзанд мебошад.
Ба ин мақсад пешниҳоди ман ин аст, ки бигзор занон ҳам дар тамоми донишгоҳҳои кишвар хонанд ва дар оянда ба сифати муаллим, духтур, олим ва дигар соҳаҳои илм дар кишвари азизамон хизмат кунанд. Охир Ислом рухсат намедиҳад, ки занро марди бегона назар кунад, вале имрӯз занону модарони ҳар якеи мову шумо бемор мешаванд, онҳоро ба беморхона мебарем. Дар он ҷой аз сабабе, ки занони духтур дида намешаванд, табобати онҳоро мардон ба ӯҳда мегиранд.
Албатта, ин мушкилоти хеле калон аст, аз ин рӯ, занонро имрӯз лозим аст, ки ҳарчи зудтар ё бештар хонанд дар соҳаҳои гуногуни илм, хусусан дар соҳаи муаллим, духтурӣ ҳамшираи шафқат, то ки занони беморро занони духтур табобат кунанд, на мардони духтур, зеро оиладорӣ ва муносибати зану шавҳар бисёр нозук аст. Ин рашку ғазабро ба миён меорад ва боиси вайрон шудани оилаҳои солим мегардад.
Таълими илм барои зан далели истисно вуҷуд надорад. Дар шариат ҳеҷ далеле нест, ки занро аз таҳсили илм маҳрум созад. Аз нигоҳи амалӣ, дар давлатҳое, ки мардумаш бештар мусулмон ҳастанд, духтарҳо аз марҳилаҳои ибтидоӣ то охирин марҳилаҳои таҳсил, ки марҳилаи докторӣ мебошад, монанди мардҳо дар ҳамаи риштаҳои илмӣ ба таҳсил машғуланд ва на танҳо он, ки уламои ин сарзаминҳо ба ин кор эътироз намекунанд, балки духтарони худро ташвиқ ба илм омӯхтан менамоянд. Шартҳои омӯзиш ва таълим барои занҳоро ба ин се шарт раво мебинанд:
- Таҳсили зан дар чизҳои ғайришаръӣ набошад.
- Сабабгори халал ворид шудан ба обрӯ ва шарафаш нагардад.
- Бо сабаби таҳсил кардан амри муҳими дигаре, монанди тарбияи фарзандон сарпарастӣ аз корҳои хона, риояи ҳуқуқӣ ва мисли онҳо халал наёбад.
«Таълими илм барои зану марди мусулмон фарз аст». (Ҳадис).
«Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». (Ҳадис).