воскресенье, 9 марта 2014 г.

Нигоҳе ба сӯи охират


Рӯзе, ки аъмоли инсон ба ӯ нишон дода, аз ӯ суол карда шавад, гиря ва пушаймонӣ фоидае надорад. Рӯзе, ки инсон мегӯяд: «эй кош барои зиндагии абадиям тӯшае мефиристодам»… орзу мекунад, ки ба дунё бозгардад, то барои ибодати Худо талош кунад… вале чи касе метавонад ин фурсатро ба ӯ бидиҳад….дунё дигар барои ӯ тамом шудааст…ҳоло вақти онаст, ки посухи неъматҳои бешумори илоҳиро пас диҳад…вақте ба қатори неъматҳои илоҳӣ нигоҳ  мекунад, аз худ мепурсад ин ҳама неъмат барои ман будааст… онгоҳ саҳифаи неъматҳои илоҳиро ба диққат мутолиа мекунад Неъмати Ақл , саломатӣ, биноӣ , шунавоӣ, гӯёӣ,  чашоӣ ,  тафаккур , роҳ рафтан , нафас кашидан , хоб рафтан ,  шаҳват То ин ҷо расида, дигарашро намебинад, зеро ба фикри он меафтад, ки дар муқобили ин ҳама неъмат ӯ чи амале барои худои худаш кардааст? Онгоҳ орзу мекунад, ки як бори дигар ба дунё баргардад, вале афсӯс…. Чи қадар гуноҳ кардаӣ ?.. чи қадар нофармонӣ? Чи қадар кори имрӯзро ба фардо гузоштаӣ? Оё фурсат надоштӣ? Гумон кардӣ, ки чун ҷавонӣ нахоҳӣ мурд? Саломатиат фиребат дод? Моли дунё мағрурат кард? Мансабу мақомат туро ғофил сохт?

Бинобарин фаромӯш кардӣ! Сафарро фаромӯш кардӣ ! Қабрро фаромӯш кардӣ ! Маргро аз ёд бурдӣ ! Худоро итоат накардӣ! Ибодати Худоро ба ҷо наовардӣ! Ҳоло худатро дар муқобили азобҳои илоҳӣ фикр кун ва ба ин суоли ман аз рӯйи имон ва инсофат посух бидеҳ! Агар дар ҳамон рӯзи сахт тамоми дунёро медоштӣ, чӣ қадар медодӣ то аз азоб наҷот пайдо кунӣ? Оре, ҳама ва ҳамаро медодӣ, то наҷот ёбӣ. Пас аз имрӯз ба фикри он рӯз бош то бо афсӯсу ҳасрат ба имрӯзат нигоҳ накунӣ! Огоҳ бош! Биандеш ва бикӯш, то дар он макони торику зулмонӣ, танҳо ва ғариб ва меҳмони нохонда набошӣ! Он ҷойе ки ё боғчае аз биҳишт ё чуқурие аз дузах хоҳад шуд! Пас ин достонро бихон ва аз он тӯшае барои худ бардор.
Ҷавоне аз як хонаводаи сарватманд дар ҷойе зиндагӣ мекард, ки ҳамаи васоили зиндагӣ барояш фароҳам буд ва бе ҳеҷ тарсе даст ба гуноҳ ва бадахлоқӣ мезад. Аз корҳои худ хушҳол ва сархуш буд ва бо онҳо ифтихор мекард. Аз дунё чизе намефаҳмид, ба ҷуз корҳое, ки Худояшро ба ғазаб меоварданд. Аммо дар ҳамсоягии он ҷавон, ҷавони дигаре мезист, ки ба ҷуз ибодат ва даъват ба корҳои хайр чизи дигареро намедонист. Бо марҳамати Худованд ин ду ҷавон бо ҳам ошно шуданд. Ҳар кадом ба фикри ин буд, ки рафиқашро ба роҳи худ даъват кунад. Муъмин ҳамеша аз неъматҳо ва раҳмати илоҳӣ сухан мегуфт ва гунаҳкор аз дискатекаву боғҳои ишрати худ ҳарф мезад. То он ки дар яке аз рӯзҳо ин дӯстон қарор гузоштанд, ки ба сайру гашт бираванд…
Ҳарду мунтазири болобар(лифт) буданд, вале он ба зудӣ поён наомад ва ҷавони мусулмон хост бинад, ки чи мушкиле дар он вуҷуд дорад. Ҳамин ки бо зӯр дарро каме боз карданду сарашро ба дохил бурд болобар бо суръати тамом ба сари он ҷавон фуруд омад ва сарашро аз тан ҷудо намуда, ба поин бурд ва тани хунолудаш дар бағали дӯсти гунаҳкораш боқӣ монд, аммо рӯҳи боландааш ба сӯйи биҳишти Худои раҳмон ба парвоз даромад. Ҷавони гунаҳкор то ба худ омад ва тани хунолуди дӯсташро дар оғӯш дид, монанди падаре, ки фарзандаш ва модаре, ки ҷигаргӯшаашро аз даст дода бошад, гиря мекард ва фарёд мезад. Бародарам, азизам, чӣ гап шуд? Ба хона баргашт, дар ҳоле ки гиря мекард ва аз он чи аз даст дода буд ҳасрат мехӯрд. Шабу рӯз ба гуфтаҳо ва амалҳои дӯсти аз даст рафтааш фикр мекард. Аммо аз ҳама бештар ин суол зеҳни ӯро ба худ машғул карда буд, ки агар ба ҷойи ӯ ман сарамро дохил мекардам ва мемурдам, имрӯз ҷойи ман куҷо буд? Ҷойи дӯсти ман ҳатман дар биҳишт аст, аммо агар ман мемурдам ҷоям куҷо буд? Ин афкор боис шуд ки ҳолаташ аз шодӣ ба андӯҳ , аз дискатека ба масҷид ва аз мусиқиҳои лаҳву беҳуда ба хондани Қуръон табдил ёбад. Дар яке аз рӯзҳо тасмим гирифт, ки ба умра биравад ва бархе аз дӯстонашро бо худ ва бо пули худаш бибарад.
Онҷо дар назди Каъба, бо садои баланд мегирист ва мегуфт: «ба худоям чи бигӯям….? Чи кор кунам, вақте ки дар пешгоҳи Худованд ҳозир шавам»….? Ва зор-зор гиря мекард. Монанди касе, ки дар ҳамон рӯз фарзандашро аз даст дода бошад. Дӯстонаш мегӯянд: «мо ҳамон рӯз дар Макка роҳ мерафтем, гап мезадем, шухӣ мекардем ва механдидем, аммо ӯ сухан мегуфт ва чашмонаш пур аз ашк буд. Сухан мегуфт ва суханаш зикри Худо буду истиғфор. Ҳамеша мегуфт: «Худо раҳматат кунад, эй дӯсти ман! Агар он рӯз ман ба ҷойи ту мемурдам ҳозир чи коре мекардам? Аз Худо мехоҳам маро ба ту бипайвандад, сахт муштоқи дидори туам». Аз ӯ суол мекардем он шахс кист? Мегуфт: «касе, ки бо маргаш маро ба ин роҳ даъват кард. Касе, ки маргаш сабаби ҳидояти дигарон бошад, ҷойгоҳ ва мақомаш дар он дунё қобили васф нахоҳад буд».
Суханонаш тамом нашуда буд, ки ногоҳ аз болои сохтмоне санге ба сараш афтод ва дар ҳоле ки лабханд мезад гуфт: «бароям дуо кунед ҳамон тавр, ки барои бародарам дуо кардам». Бо ин сухан паррандаи зебои рӯҳи латифаш ба сӯйи боғҳои ҷаннат ба парвоз даромад, то дар он макони абадӣ бо он дӯсти қадимии исломӣ хушҳолу ором бошанд. Умедворем, ки хонандаи нуктасанҷ худ азин достон бори маънӣ барчинад ва дарси ибрат баргирад.

Ҳуқуқ ва масъулиятҳои дуҷонибаи зам ва мард

Хонавода рукни асосии ҷомеъа мебошад. Агар он ислоҳ шавад , тамоми ҷомеъа ислоҳ мешавад. Бинобар ин, дини Ислом таваљҷўњи зиёде ба хонавода дода ва бар зану мард масъулиятҳои дуҷониба ва вазифаҳои умумиеро воҷиб гардонидааст, ки риъояи онҳо саъодату хушбахтӣ ва муҳити солими хонаводаро таъмин менамояд.
Ислом хонаводаро муассисаи хурде медонад, ки аз ду шахсият (мард ва зан ) бино ёфтааст ва мард масъулияти сарпарастӣ, пешбурд ва ҳифозати онро бар ӯҳда дорад. Қуръони карим дар ин замина мефармояд:
«Мардон бар занон сарпарастанд (ва дар ҷомеъаи кўчаки хонавода ҳаққи роҳбарӣ доранд ва ҳифзу нигаҳбонии занон бар ӯҳдаи онҳост), ба он хотир, ки Худованд (барои ҳифзи низоми ҷомеъа ва танзими хонавода, мардонро дар баъзе сифатҳо бар занон бартариҳое бахшидааст) ва баъзеро бар баъзе фазилат додааст. Ҳамчунин барои он. ки (маъмулан мардҳо ранҷ мекашанд) ва аз моли худ (барои хонавода) харҷ менамоянд. Пас занони солеҳа онҳое ҳастанд, ки фармонбардори (амрҳои Худо ва Паёмбар (с) ва мутеъи гуфтаҳои шавҳарони худ ) буда, ҳифзкунандаи асрор (-и заношавҳарӣ) мебошанд, зеро Худованд ба ҳифзи он (асрор) дастур додааст».
Масъулиятҳои шавҳар
Аз нигоҳи Ислом зан ҳуқуқҳои зиёде бар шавҳари худ дорад. Дар Қуръони карим, дар ояти 228, сураи Бақара маълумоте зикр шуда, ки он асоси ҳуқуқии занонро дар ҳаёти оилавӣ ташкил медиҳад:
«(Занон) ба монанди масъулиятҳо ва ҳуқўқҳое, ки бар онон аст, ба таври шоиста ҳуқуқе ҳам бар (ўҳдаи мардон) доранд» .
Аз ҷумла:
1- Таъмини хўроку пўшок ва ҷои хобашон ба сурати шоиста ва муносиб ба ҳоли ҳардуяшон.
2- Анҷоми робитаҳои ҳамсарӣ дар ҳадди маъмул.
3- Риъояи ҳуқуқ ва баробарӣ дар байни онҳо, агар аз як зан зиёд дошта бошад.
4- Барои мард хуб аст, ки ба ҳамсараш иҷозат диҳад то ба аёдат ва дидорбинии хешовандони бемораш биравад ва дар ҷанозаи онҳо иштирок намояд ва дигар хешовандон ва бастагони худро хабар гирад. Албатта, бояд дар назар дошт, ки ин амалҳои анҷом медодаи зан бар хилофи масолеҳи шаръии мард набошанд.
Масъулиятҳои зан
Мардон ҳам бар занони худ ҳуқуқҳое доранд. Худованд дар ояти 228, сураи Бақара мефармояд:
«(Занон) ба монанди масъулиятҳое, ки ( дар баробари шавҳарони худ ) доранд, онҳо низ бар мардон ҳуқуқҳое шоиста доранд».
Аз ҷумла:
1- Зан бояд дар тамоми корҳо аз шавҳараш итоъат намояд. Албатта, бояд дар назар гирифт, ки мурод аз тамоми корҳо, корҳое аст, ки дар онҳо гуноҳ ва нофармонии Худованд нест ва корҳое аст, ки аз тавону тоқати зан берун намебошанд.
2- Зан бояд, ки амволу дороӣ ва хонаву манзил ва инчунин номусу ҳайсияти шавҳарашро ҳифз намояд. Бе ризоият ва огоҳии шавҳар аз хона ва манзили истиқоматиаш берун наравад.
3- Зан дар сурати зарурат ва бо дархости шавҳар ба ҳамроҳи вай ба сафар биравад.
4- Зан бояд ба хостаҳои фитрӣ ва ниёзҳои машрўъи шавҳар посухи мусбат диҳад.
5- Вақте шавҳар дар хона ҳузур дошта бошад ва мусофир набошад, зан бе иҷозати вай наметавонад рузаи нафлӣ бигирад.
6- Занро лозим аст, ки фарзандонашро ба хубӣ тарбият намояд ва дар ҳузури шавҳараш аз фарзандонаш нороҳат ва ғазабонӣнашавад. Онҳоро дашном надиҳад ва дар ҳаққашон дуъои бад накунад, зеро ин корҳо боиси нохушӣ ва ранҷиши шавҳар мешаванд.
7- Бо падару модар ва хешону наздикони шавҳар хушмуъомила бошад, зеро зане, ки бо падару модар ва наздикони шавҳар бадӣ ва муъомилаи беҷо менамояд, дар ҳақиқат ба шавҳараш бадӣ кардааст.

пятница, 7 марта 2014 г.

ҚИМАТИ МОДАР

Қиммати модар Дар замоне ду бародар зиндагӣ мекардан ва модари пире доштанд, ки эҳтиёҷ ба хизмат дошт. Ҳар шабе бо навбат хизмати модар менамуданд ва дигаре бо ибодат машғул мешуд. Шабе бародаре, ки бояд хизмати модар мекард ба додараш гуфт: - Имшаб ҳам ту хизмати модар бикун ва ман ибодат мекунам. Додар қабул намуд. Бародар ибодат намуд. Дар саҷда хобаш бурд ва хобе дид. Садое баромад: - Додаратро авф кардем, туро ҳам ба хотири ӯ авф кардем. Бародар: - Ман ба Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) ибодат дорам. Додарам хизмати модар дорад. Маро ба хотири амали додарам авф кардед? Садо: - Бале, мо ба ибодати ту эҳтиёҷ надорем, аммо модарат ба хизмати додарат эҳтиёҷ дорад. *** Аз ибодати нафл хизмати модар афзал аст. Султон Увайси Қаранӣ (р.а.) фармудааст: - Хизмат ва эҳтироми модар, ҷомаи пайғамбар мепӯшонад. Хизмат ва дуои модар буд, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) ҷомаи мубораки худро ба Увайси Қаранӣ (р.а.) равон намуд. Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дар сураи Луқмон ояти 14 фармудаст: - Одамиро дар бораи падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ ҳомила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Васупориш кардем, ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту назди Ман аст. ХУДОБАХШ( Субҳон)

ЗАН

Магар имкон дорад,ки Худованд боз чунин занхое дар олам биофарад?
Ё замонаро толеъаш баланди мекарда бошад,то чашмаш мисли онхоро боз бубинад?
Бале,манзурам Румайсо аст.
Хамон зане,ки дишаб аз издивочаш бо Абу Талха шунидем...ва инки ягона занест дар таърихи Ислом,ки махраш икрор намудани калимаи пок
Шаходати тавхид буд
Калимае,ки арзишаш аз хама хасти болотар,вазнаш аз осмонхову замин бештар аст он буд...Хуш ба холи сохиби ин шараф,офарин бар молики ин неъмат...
Ха,бале хамон аст,он зане,ки ба комати ба иззати имонаш баланд шуда ончо истода аст
Бо худ кудаке дорад гуянд писараш аст ва исмаш Анас.
Анас хамин аст,он Анасе,ки дар оянда олиме бузургу забардаст,хакиме хирадманду доно ва обиде раббониву пархезгоре мерагдад...
Имруз Мадинаи мунаввара туйи бо шукухе дорад,Мадинаро имруз такдир ба чашми лутф назар карда барояш тухфае оварда аст.
Шахр аз фарти шодиву фарах меболад...
Чун кадами муборактарин башар,охарин фиристодаи Худо,Мухаммад,с, ончо мерасад.
Хатто дару девори Мадина шод буданд
Дарахту чуйи он мераксиданд
Туюраш нагмахои шоди месуруданд ва тасбеху шукр мегуфтанд...аммо аз тамошои шодии дарахту кухи Мадина биёед фараху шодмонии сокинонашро тамошо намоем
Инаш чолибтар,ачабтар ва зеботар аст...
Хар нафаре аз ёрони шайдои Паёмбар,с, ки каблан ба у имон оварда буданду чашмашон он пайки хушпаёмро акнун мебинад шодиаш канор надошт ва дарунаш оламе аз авчу шавку вафо буд...
Мардумон бо тараннум нашиди зебоеро хонда ба майдони шахр баромада буданд...кудакон пешопеши эшон давутоз мекарданду хандон буданд,занхо бошанд кудакони навзодашонро руи даст бардошта болои бому теппахои пушти хона баромада суи майдон менигаристанд...
Агар дунё ифтихор кунад,ки дар худ ингуна рузе дошта аст сазовораш бошад 
Ва агар аёми дахр бинозад,ки ин руз дар хисоби таквимаш вучуд дорад арзанда бошад...
Аммо васфи шодии хама мардумони Мадина дар сафхае чун ин намегунчад ва забоне,ки чашми он забон,он айёмро надида аст тавони тасвирашро надорад...
Аз ин хотир мо диккатамонро танхо суи Румайсо равона созем бехтар аст ва шодиву хушхолии танхо уро бингарем кифоя аст чун олам аст...
Барои икрому иззати ин Мехмони шариф...на,дакиктараш Шарифтарин Мехмон,харнафаре аз ахли Мадина чизе аз бехтарин таом ва ё пушидание аз зеботарин либос тухфа меоварданд...
Аммо шодии Румайсо ба кудуми ин мехмон бештар аст,чун 
Чмонаш комилтар
Рухаш шаффофтар 
Ва хуббаш беканор аст...
Худо ва Паёмбарашро чунон дуст дошта,ки дар дилаш барои дигарон на онкадар чое монда аст...
Пас мебояд хадяаш барои Паёмбар ба кадри имонаш ва иззату икромаш муносиб бо мухаббату вафодориаш бошад...
Аз ин аст,ки он кудаке ки пахлуяш истодааст ва дасташро гирифта аст бо худ оварда аст...
Яъне тухфаи у гушаи чигараш ва нури чашмаш Анаси азизаш аст? 
Дуруст дарк кардед,нури чашмашро туфаи Хайрулбашар оварда аст...
Шояд ин порчаи таърихи мо ба афсона шабохат дошта бошад,аммо афсона нест!
Ва шояд ба хотири нафаре хутур кунад,ки муболага бошад,ки низ муболага нест!
Аз инки таъриху муаррихонро зери шубха бибарем чаро ба имони худ тачдиди назар накунем?!
Ва дар ивази шакк намудан бар хакикати рухдодаи таърих чаро дар холи калби худ нангарем?!
...идома дорад. (  Иборҳими Саиднуриддин)

среда, 5 марта 2014 г.

Сафари бебозгашт



Роҳҳои ҳавоии охират.
Хатсайр:Парвоз аз Дунё ба Охират
Вақти парвоз: Ҳар лаҳзае метавонад парвоз бикунад.
Масъул: Азроил (а.с.)
Борҳое, ки метавонӣ ҳамроҳ бигирӣ: 4 метр сони сафед, амали солеҳ, илми бо амал.
Диққат: Барои солим расидан  лозим аст:Таълимоти Қуръони Карим ва Ҳадиси Шарифро итоъат бикунед.
Диққат: Чипта танҳо барои рафтан аст.
 Диққат: Ба саволҳои зерин ҷавобҳои муфассал дода, ба масъули хати павоз супоред:
1. Ҷавониро дар куҷо сарф кардед?
2. Молҳоятро аз куҷо ба даст овардӣ ва дар куҷо сарф намудӣ:
3. Умратро дар чӣ сарф кардӣ?
4. Аз барои Аллоҳ чӣ кор анҷом додӣ?

Бо таманнои сафари пур аз Раҳмати Аллоҳ!

ЭЙ ХУДОҶОНАМ,,,


Гунҷишк ба Худо гуфт : Лонаи кучаке доштам оромгоҳу  ҳастагиям буд сарпаноҳи бекасиям  буд туфони ту онро аз ман гирифт он лонаи кӯчаки ман куҷои дунёи туро танг кардаю гирифта буд? 
Худованд гуфт : Море дар лонаат буду  ту  хоб буди бодро гуфтам, ки лонаатро вожгун кунад . Он гоҳ ту аз камини мор гурехти . Чи балоҳое, ки ман ба воситаи муҳаббатам аз ту дур кардаму ту надониста ба душманиам бархости . Пас бидон  эй дӯст  ҳар як нохушие ба ту мерасад  сабр кун  ва  ё хушие  ба ту мерасад  шукр кун чун,ки ҳар яке сабабе дорад.
Ҳамон гуна, ки ин бузургон нидои Аллоҳро лабайк гуфта ва ниҳоли сабрро дар нафси хеш шукуфо сохтанд, бар мо лозимаст, ки ба онҳо иқтидо намуда ва дар тамоми шуъӯни зиндагии рӯзмараамон ва дар бархурд бо дигарон, аъам аз аҳли хонавода, падару модар, ҳамсару фарзанд, ҳамсоя ва дӯст, ҳамкору коргар, устоду муаллим, шогирд ва зердаст, ҳама ва ҳама ба ин сифати писандида, ороста шавем ва ба пирӯзӣ ва растагории ҷовидона даст ёбем.

Ризқу рӯзи башар

 Паёмбари акрам(с) мефармоянд: намоз боиси баракат ва ризқу рӯзӣ мешавад.
Гуфтаанд, ки аз банда ҳаракат аз Худо баракат; дуруст аст, ки инсон бо хондани сураҳои Қурони карим ва дуоҳо рӯзии худро меафзояд, аммо ин дар сояи кушиш ва талош аст, ки муҳаққақ мешавад ё дар тарк кардан гуноҳ ва ё дар тарк накардани одатҳои хуб, мисли аёдат ва хабаргирӣ аз маризон, бузургон, пирамардон ва пиразанон ва эҳтиром нисбати онон, ҳамчунин тарк накардан ва қатъ накардани силаи раҳм бо ақвом ва хешовандон, ҳатто ба андозаи як салом.
 аз сураҳои Қурони карим, ки дар аҳодиси набавӣ(с) барои зиёд шудани ризқу рӯзи тавсия шудаанд ишора менаомем:
1. Сураи Музаммил: Паёмбари акрам(с) мефармоянд: касе, ки сураи Музаммилро бихонад дар дунё ва охират сахтӣ аз ӯ бардошта мешавад.
2. Сураи Лайл: Паёмбари акрам(с) мефармоянд: касе, ки сураи Лайлро бихонад Худованд он қадар ба ӯ ато мекунад, то розӣ шавад ва ӯро ба сахтӣ наяндозад ва барояш осон мегирад.
3. Сураи Воқеа: Имом Содиқ(а)мефармоянд: касе, ки ҳар шаб сураи Воқиаро бихонад дар дунё сахтӣ, фақр, ниёзмандӣ ва офате аз офоти дунёро намебинад ва дар охират аз аз дӯстони ҷаддам ҳазрати Алӣ(а) мебошад.
4. Сураи Ҳумаза: Имом Содиқ(а) мефармоянд: касе, ки дар намозҳои воҷиб сураи Ҳумузаро бихонад фақр аз Ӯ дур мешавад ва рӯзӣ бар ӯ рӯй меоварад.
5. Сураи Зориёт: Имом Содиқ(а)мефармоянд: касе, ки сураи Зориётро рӯз ё шаб бихонад Худованд вазъияти зиндагии ӯро ислоҳ мекунад ва рӯзии фаровон барояш медиҳад.
6. Сураи Мумтаҳина: Имом Саҷҷод(а) мефармоянд: касе, ки сураи Мумтаҳинаро дар намозҳои воҷиб ва мустаҳаббӣ бихонад Худованд фақр ва девонагиро аз ӯ ва фарзандонаш дур мекунад.
Ҳамчунин сураҳои Наҷм ва Иброҳим барои зиёд шудани ризқу рӯзи дар аҳодиси тавсия шуда аст.
Албатта бояд таваҷҷуҳ ва диққат дошт, ки барои ба даст овардани рӯзи ва молу амвол ва сарват аз роҳи ҳалол, инсон набояд аз талош ва кушиш ғофил шавад. Омилҳои дигар ба монанди илму огоҳӣ нисбат ба тиҷорат ва омилҳои дахлдор ба он ҳамчун машварат, тадбир ва ғайра дар амри ба даст овардани рӯзи ва беҳбудии вазъияти маишатӣ ва моддӣ бисёр муфид ва муассир аст.
Ҳамчунин намози шаб хондан ва дуоҳои фаровоне дар бораи зиёд шудани ризқу рӯзи дар китобҳо ворид шуда аст.

Дуъоҳои Мустаҷоб дар Қурьони Карим

Фарзанди Солеҳ мехоҳи бигу: (رَبِّ هَبْ لِي مِنْ لَدُنْكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً إِنَّكَ سَمِيعُ الدُعآء، رَبِّ لَا تَذَرْنِي فَرْدًا وَأَنْتَ خَيْرُ الْوَارِثِين). Рабби ҳаб лий милладунка зурриятан таййибатан иннака Самиъуддуъа.Рабби лаа тазарни фардан ва анта хайрулваарисин!!
Аз каҷравии Дилат метарси бихон: (رَبَّنَا لَا تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِنْ لَدُنْكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنْتَ الْوَهَّاب).
Раббана лаа тузиғ қулубана баъда из ҳадайтанаа ва ҳаб ланаа милладунка раҳматан иннака анталВаҳҳааб!!
Шаҳодат Мехоҳи : (رَبَّنَا آمَنَّا بِمَا أَنْزَلْتَ وَاتَّبَعْنَا الرَّسُولَ فَاكْتُبْنَا مَعَ الشَّاهِدِينَ). Раббанаа Ааманнаа бимаа анзалта ваттабаънаРрасула фактубнаа маъашшаҳидиин!
Хело ғамгини?! (حَسْبِيَ اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَهُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ ). Ҳасбияллоҳу лаа илаҳа илла ҳува ъалайҳи таваккалту ва ҳува Раббулъаршилъазим!!
Дӯст медори Ту ва Фарзандонат дар Намоз ҳамеша қоим бошанд бигӯ: (رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلاةِ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاءِ ) Раббиҷъалний муқимассалаати ва мин зурриятий, Раббанаа ва тақаббал дуъаа!!
Мехоҳи Зану Фарзандонат итоъатгар бошанд: (رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَاجِنَا وَذُرِّيَّاتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍ وَاجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا). Раббанаа ҳаб ланаа мин азвааҷинаа ва зуррияатина қуррата аъюнин ваҷъалнаа лилмуттақина имаамаа!!
Хонае, ки мехоҳи бароят Муборак гардад: (رَبِّ أَنْزِلْنِي مُنْزَلًا مُبَارَكًا وَأَنْتَ خَيْرُ الْمُنْزِلِين) 👆Рабби анзилний мунзалан муборакан ва Анта хайрулмунзилин!!
Шайтонро аз Худ дур хоҳи сохт: (رَبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنْ هَمَزَاتِ الشَّيَاطِينِ وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أن يَحْضُرُونِ) 👆Рабби аъузу бика мин ҳамазотишшаётини ва аъузу бика Рабби ан яҳзурун!!
Аз Азоби Дузах агар бим дори: رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ إِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَامًا 👆Раббанасриф ъаннаа ъазаба ҷаҳаннама инна ъазаабаҳа каана ғараамаа!!
Аз он Нигарони ки шояд Аллоҳ Амалатро қабул накарда бошад?! (رَبَّنَا تَقَبَّلْ مِنَّا إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ ). Раббанаа тақаббал минна иннака антассамиъулъалим!!

Дар ҳаёт ғамгин боши бигӯ: (إنما أَشْكُو بَثِّي وَحُزْنِي إِلَى اللَّه .Иннамо Ашку басси ва ҳузни илаЛлоҳ.
«Ло илоҳа иллаллоҳу-л-Ҳалиму-л-Карим, Субҳоналлоҳи  рабби-л-ъарши-л-ъазим, ва-л-ҳамду лиллоҳи рабби-л-ъола-мин. Ас-алука мўчиботи рахматика ва ъазоима мағфирати-
ка ва-л-ғанимата мин кулли биррин ва-с-саломата мин кул-ли исмин. Ло тадаъ лизанбан илло ғафартаҳу ва ло ҳамман илло фарраҷтаҳу ва ло ҳоҷатан ҳия лака ризан илло қазай-
таҳо,  Арҳама-р-Роҳимин».
«Ҳеҷ  маъбуде ба ҷуз Худованди Ҳалиму Карим вуҷуд надорад, пок аст Худованд, ки соҳиби Арши бузург аст ва ҳамду ситоиш ҳама барои Худо, Парвардигори ҷаҳониёнаст. Худоӣ Мўҷиботи раҳмат, хотми мағфират, баҳраманди аз ҳар неки ва саломати аз ҳар гуноҳеро аз Ту хоҳонам.
Ҳеҷ гуноҳеро аз ман нагузор, магар ин ки мавриди мағфирати хеш қарор деҳ ва ҳеҷ сахтива андўхеро фурў нагузор, магар онро бартараф гардон ва ҳеҷ ният ва ҳоҷатеро,ки ризои Ту дар он бошад, боқинагузор, магар онро бароварда соз, эй аз ҳама Раҳмкунандатарин!».
 ХУДОВАНД мефармояд:” Дуъо кунед то иҷобат кунам барои шумо" дуъо худ ибодат аст . Мо хам уммати Пайғамбарем ин барои мо суннат аст боз як ҳадиси дигар ҳаст ,ки чунин аст "Ягон чиз қазову қадарро тағир намедиҳад магар Дуъо" аз таҳти дил Дуъо кунем иншоалло Худованд дуъоҳои моро иҷобат мекунад. Худованди Раҳиму Карим барои тамом кули беморо шифои комилро ато фармояд дар қатори  онҳо Бародарбузурги моро низ.
 Дӯстонатро аз ин Дуъоҳои Мустаҷоб бебаҳра нагузор.!!


ЧАРО БОЯД НАМОЗ БИХОНЕМ

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
“Алҳамдулиллоҳи раббил оламин ва саллаллоҳу ало сайидино ва набийино ва мавлоно Абулқосим Мустафо Муҳаммад(с) ва ало Аҳли Байтиҳ аттайибинат тоҳирин ва ало саҳбиҳил мухлисинал муҷоҳидин”.
Мавзӯъ: Чаро бояд намоз бихонем??
Имрӯза агар нигоҳ кунем мебинем, ки бисёре аз ҷавонон ва ҳатто пиразанҳо ва пира мардон аз рӯҳониҳо ва муллоҳо ин саволро мекунанд, ки чаро бояд намоз хонд? Агар намоз нахонем чӣ мешавад? Ё фалсафаи намоз хондан чист?
Чӣ хуб аст, ки инсон амалеро ки анҷом медиҳад ва корҳои ибодие, ки анҷом медиҳад, иллат ва сабаби онро бидонад. Барои посух ба ин саволи ҷавонон мо суроғи Қуръони Карим ва ривоёти Пайғамбари Ислом(с) меравем.
Вақте, ки ба Қуръони Карим нигоҳ мекунем, мебинем ки худи Худои Мутаол моро дар панҷ ҷои Қуръони Карим роҳнамоӣ мекунад, ки чаро бояд мо намоз бихонем.
1) Мо намоз мехонем, то аз соҳибнеъмати худ ташаккур ва қадрдонӣ кунем. Барои онки дар Қуръони Карим фармудааст:
فَلْيَعْبُدُوا رَبَّ هَذَا الْبَيْتِ [1]
“Пас, [ба шукронаи ин неъмати бузург] парвардигори ин хона(каъба)ро ибодат кунед.
Савол мекунем, ки чаро бояд парвардигори ин хонаро яъне “Каъбаро” ибодат кунем?
Ҷавоб:
الَّذِي أَطْعَمَهُم مِّن جُوعٍ وَآمَنَهُم مِّنْ خَوْفٍ[2]
“Ҳамон (Аллоҳ) касест, ки ононро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарсу ноамнӣ эмин сохт”.
Ба иборати дигар, соҳиби он хона моро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарсу ноамнӣ наҷот бахшид”. Ибот, ки дар оят омадааст, намоз яке аз масодиқи он аст.
Агар мо каме диққат кунем мебинем ки зиёде аз ҳайвонот ҳастанд, ки вақте соҳиби он ҳайвон ба он таом медиҳад, баъд аз сер шудан аз соҳибаш ташаккур мекунанд.
Масалан шумо сагро дар назар бигиред, вақте соҳибаш ё раҳгузаре ба он устухон ё таом медиҳад, баъд аз сер шудан аз ҷой мехезаду думи худро такон медиҳад ва аҳёнан агар иҷоза деҳӣ боз бо забони худ шуморо мелесад.
Пас, агар диққат шавад ҳайвонот ҳам дар олами худ аз соҳибнеъмат ташаккур ва қадрдонӣ мекунанд, ки дар олами саг ҳамон ҳаракти дум, навъе сипосгузорӣ аст. Саг воҷиб будани шукри мунъимро дар оламӣ худ фаҳмид. Мо инсонҳо, ки беҳтарин махлуқи Худо ҳастем, бояд ба таври авло ин шукр ва сипосгузориро бифаҳмем ва анҷом диҳем, ки намоз хондани мо яке аз роҳҳои шукри мунъим мебошад.
2) Мо намоз мехонем барои онки Худованд моро халқ кардааст. Худи Худованди Мутаол мефармоянд: “ Мо инсу ҷинро халқ накардем, магар барои ибодат”
“ یا ایها الناس اعبدوا ربکم ”
Эй мардум! ибодат кунед Парвардигори худро.
Чаро бояд ибодат кунем? Ҷавоб:
الذی خلقکم
Барои онки Худованд шуморо халқ кар ва Худованд шоистаи парастиш аст.
Абру боду маҳу хуршеду фалак ва ҳамаро барои мо халқ кардааст, пас металабад, ки ӯро ибодат кунем. Ва лаин шакартум лаазиданнакум.
3) Намоз мехонем, то дар зиндагии худ рушд кунем.
إِنَّ الصَّلوةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنكَرِ[3]
“ Намоз[инсонро] аз зиштиҳо ва бадиҳо нигоҳ медорад”
Ин оят барои ман ҳамеша савол буд, ки читавр намоз инсонро аз фаҳшо ва мункар дур мекунад. Рӯзе ба ҳадисе аз ҳадисҳои Пайғамбари Акрам(с) бархурд кардам, ки рӯзе яке аз занони мусалмон дар замони Расули Худо(с) дар ғиёби шавҳараш зино карда буд. Бар асари ҳамин зино, фарзанде ҳаромзодаро бордор шуд. Дар фикри ин афтод, ки шавҳараш бар гардад, чи ҷавоб диҳад?! Лизо, даст ба қатли фарзанди худ заду баъд аз куштан онро дохили колоҳо карду фурӯхт. Виҷдонаш ӯро нагузошт, роҳат бошад ва хобу зиндагиро аз ӯ гирифта буд. Рӯзе бо сару садоҳое дар кучаҳои мадина медавиду аз мардум суроғи Пайғамбари Акрам(с)-ро мегирифт. Ногаҳон Пайғамбари Худо(с) ӯро диду савол кард, ки чӣ шудааст ин қадар сару садо мекунед?
Моҷароро барои Пайғамбар(с) баён кард. Расули Худо(с) фармуданд, ки ба хотири онки дар ғиёби шавҳарат домани худро нопок ва зино кардаӣ бояд сангсор шавӣ. Барои онки фарзанди худро кӯштаӣ азоби дарноке дар рӯзи қиёмад хоҳӣ дошт ва барои онки фарзанди худро он тавр фареб дода фурӯхтаӣ, бозҳам азоби сахт ва шадид дар интизори туст.
Пайғамбари Акрам(с) фармуданд, ки шумо зани мусалмон будед мехоҳед бидонед, ки чаро шумо аз роҳи рост мунҳариф шудед ва даст ба ин корҳои нописанд ва ғайри шаръи задед? Зан гуфт, бале ё Расули Аллоҳ.
Расули Худо(с) фармуданд: ба хотири қазо шудани намози асри шумо ва сабук шуморидани намоз.
4) Намоз мехонем то бо Холиқи худ наздик шавем.
Ибодат кунед Парвардигоратонро. Чаро бояд ибодат кунем?
[4]  وَاعْبُدْ رَبَّكَ حَتَّى يَأْتِيَكَ الْيَقِينُ
Ва парвардигоратро ибодат кун то ба яқин бирасӣ.
5) Намоз мехонем то бо Худои худ унс пайдо кунем.
اقم الصلاة
“Бар хезед ва намоз барпо кунед”.
Чаро бояд бархезем ва намоз барпо кунем? لذکری Барои онки худоро зикр бигӯем.
Фоидаи зирк чист? Фоидаи зикр итминон ва оромиши қалб аст
[5]أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ 
танҳо бо зикр ва ёди Худованд дилҳо оромиш пайдо мекунад.
Пас, касе ки итминони қалб дорад Худованд мефармояд:
يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ. ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً. فَادْخُلِي فِي عِبَادِي. وَادْخُلِي جَنَّتِي.[6]
касоне, ки мутмаин ҳастанд аз аъмоли худ, ба суи ӯ боз гардаднд, ки ҳам шумо аз ӯ розӣ ҳастед ва ҳам ӯ аз шумо розӣ аст, пас дар сулаки бандагонам даро ва вориди биҳиштам шав.
Пас, касоне ки савол мекарданд, ки чаро бояд намоз бихонем? Ҷавоб маълум аст, ки яке аз роҳҳое, ки инсонро биҳиштӣ мекунад хондани намоз ва барпо доштани намоз аст. Шоир чи хуб баён кардаас:
Саре, ки саҷда надорад бадан бар ӯ ҳайф аст
Ҳар кас ки бе намоз бимирад кафан бар ӯ ҳайф аст.
Дар замони Расули Худо(с) марде хидмати Расули Худо(с) расиду арз кард: Ё расулуллоҳ! хеле вақт мешавад, ки аз Худои Мутаол хостае дорам, ҳарчи дуо мекунам дуоям мустаҷоб намешавад.
Расули Худо(с) фармуданд: Намоз мехонед? Мард посух дод, бале ё Расулуллоҳ. Пайғамбар(с) фармуданд: ҳамсар ва фарзандонат чӣ? Мард арз кард, бале ё Расулуллоҳ, ҳама намоз мехонем.
Пайғамбар(с) чизе нагуфт, мард ҳам рафт.
Мард боз як рӯзи дигар Пайғамбари Акрам(с)ро дар масҷид диду дубора савол кард, ки хостае аз Худованд дорам харчи дуо мекунам мустаҷоб намешавад. Пайғамбар(с) каме тааммул карданду фармуданд, ки ба хонаи худ бар гарду болои боми худро нигоҳ кун дар болои бомат устухоне аст, онро бардор ва дуо кун иншоаллол, ки дуоят мустаҷоб мешавад. Мард рафтуболои боми худро нигоҳ карду устухонро пайдо кар ва онро аз болои боми худ дур кард.
Баъд аз дур кардани устухон, дуо кард ва дуояш мустаҷоб шуд.
Баъд аз муддате, Расули Худо(с) ро дид ва гуфт: Ё Расулуллоҳ! баъд аз дур кардани устухон дуо кардам, дуоям мустаҷоб шуд, вале ман сабаб ва иллати он устухонро нафаҳмаидам. Пайғамбари Акрам(с) фармуданд, ки рӯзе зоғе ба хотири лона дуруст кардан аз лаби қабристоне он устухонро бардошт ва дар осмон парвоз карду мерафт, вале ба таври иттифоқӣ дар болои боми ту афтид. Медонӣ ин устухони чӣ шахсе буд?
Мард гуфт, на. Расули Худо(с) фармуданд: ин устухони марде буд, ки аҳли намоз набуд ба ҳамин сабаб буд, ки шумо ҳарчи дуо мекардед намозатон қабул намешуд.
Дар поён, аз ҳамаи бародарон ва хоҳарон ва хонандагони азиз тақозо ва таманнои бародарона дорам, ки ба намоз аҳамияти бештар бидиҳанд, чун ки Пайғамбари Акрам(с) фармуданд: “الصلاة عمود الدین” Намоз пояҳои дин ва ислом аст.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Аббос Раҳматуллоҳи Ҳисорӣ

РАВИШИ СУХАН ГУФТАНИ ФАРЗАНДОН

Ба номи Худо
Яке аз масъалаҳое, ки дар хонаводаҳо вуҷуд дорад ин аст, ки фарзандон чигуна назари худро баён кунанд. Падару модар чӣ вазифае доранд? Фарзандон чи шароитеро бояд риоят кунанд?
Барои посух ба ин саволҳо ба суроғи Қуръони Карим меравем.
Худои Мутаол дар сураи Қасас саҳнаеро аз достони  ҳазрати Мусо(а) барои мо нақл карда аст, ки ба саволҳои мо посух медиҳад.
Дар ояти 26 сураи муборакаи Қасас мехонем:
قَالَتْ إِحْدَاهُمَا يَا أَبَتِ اسْتَأْجِرْهُ إِنَّ خَيْرَ مَنِ اسْتَأْجَرْتَ الْقَوِيُّ الْأَمِينُ
“Яке аз духтарони ҳазрати Шуайб(а) гуфт: Эй падарҷон! Хоҳиш мекунам, ки ӯ (Мусо)-ро коргар бигир. Дар ҳақиқат беҳтарин коргаре аст, ки интихоб мекунӣ, чунки қудратманд ва амонатдор аст.”
Паёмҳое, ки аз ин оят меомузем:
Падару модар бидонанд, ки барои изҳори назари фарзандон дар хонавода:
  1. 1. Фазо ва фурсати муносиб ба вуҷуд биёваранд.
  2. 2. Ба назарҳо диққат кунанд ва эҳтиром бигузоранд. Ин кор 1) шахсият додан аст ва 2) роҳи шинохти шахсияти инсон аст.
Забон дар даҳон эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад чи донад касе,
Ки гавҳарфуруш аст ё пилавар.
  1. 3. Ҷинс муҳим нест. Духтар бошад ё писар.
  2. 4. Синну сол муҳим нест. Фарзанд бузург бошад ё кучак. Ёдамон наравад, ки “Бузургӣ ба ақл аст на ба сол”.
  3. 5. Дар сурати дуруст будани назари фарзанд, ба он амал кунанд. Фақат қабул ва ташвиқ кардани фарзандон кофӣ нест, чунки дар ин сурат эҳсоси ноумедӣ мекунанд.
Фарзанд бояд ингуна бошад:
  1. Назари худро баён кунад.
  2. Аз масъала огоҳӣ дошта бошад.
  3. Боадаб ва боэҳтиром баён кунад.
  4. Дархост кунад ва натиҷаро ба бузурги хона вогузор кунад.
  5. Ба фикри ҳалли мушкили хона бошад.
  6. Аввал ба фикри ҳалли мушкили хона бошад баъд ба фикри ҳалли мушкили худ, чунки дар ин сурат заминаи ҳалли мушкилоти дигар фароҳам мешавад. Хонаводаи ҳазрати Шуайб(а) ба коргар ва духтараш ба ҳамсар ниёз дошт.
  7. Фурсатҳоро ғанимат бишуморад.
  8. Дархости худро ҷиддӣ баён кунад.
  9. Беҳтаринҳоро пешниҳод кунад.
  10. Меъёрҳои беҳтарин будан: 1) Қудрат-тахассус ва 2) амонат-тааҳҳуд аст.
  11. Бо далел ва санад пешниҳод кунад.
  12. Ба ҳаводис бодиққат нигоҳ кунад. Ҳазрати Шуайб(а) аз духтараш пурсид: Аз куҷо фаҳмидӣ, ки ӯ қудратманд ва амонатдор аст. Гуфт: Худаш танҳо аз чоҳ барои рама об дод ва хаста нашуд ва вақте меомадем гуфт, ки ту аз пушти сари ман биё то нигоҳи ман ба ту наафтад.
  13. Шахсияти афрод дар ҳолатҳои оддӣ беҳтар шинохта мешаванд.
Оё мо ба унвони падару модар дар хона ингуна фазоро ба вуҷуд овардаем?
Оё мо фарзандон шароити изҳори назарро риоят мекунем?
Агар чунин бошем Худоро шукр, ки монанди бандагони баргузидаи Худо амал кардем, вале агар ингуна нестем бояд барои расидан ба он талош кунем.
Биёед аз ин оёти нурони паёми зиндагӣ бигирем, то бо тавфиқи Худо хонаводаи хушбахт дошта бошем.
Худоё, тавфиқи амал ба вазифа ва риояти ҳуқуқи дигаронро ба ҳамаи мо марҳамат бифармо!