понедельник, 1 сентября 2014 г.

Гуфтугӯе бо «лаҳза»


Рӯзе дар пешгоҳи Худованди мутаъол нишастам ва бар вақтҳои рафтаи умрам пушаймон гашта, лаҳзае аз лаҳазоти умрамро ба ҳузур талабидам.
Ба ӯ гуфтам: мехоҳам дубора бозгардӣ, то туро дар корҳои хайр ғанимат шуморам.
Гуфт: Замона ҳаргиз мутаваққиф намемонад!
Гуфтам: Эй лаҳза! хоҳиш мекунам баргард, то аз ту истифода кунам ва кӯтоҳиамро нисбат ба ту ҷуброн намоям.
Гуфт: Чигуна баргардам, дар ҳоле ки бо сафаҳоти аъмолат пӯшонида шудаам?!
Гуфтам: Ғайримумкинро мумкин кун ва бозгард, чӣ лаҳазотеро пас аз рафтанат табоҳ сохтам!
Гуфт: Агар ҳама чиз дар даст ман буд, бар мегаштам, аммо касе, ки ту ӯро мехонӣ тавони зинда шудани дубораро надорад. Парвандаи аъмоли гузаштаат баста шуда, ба сӯи Аллоҳ боло бурда шудааст.
Гуфтам: Оё ин ғайримумкин аст, ки дубора ба сӯям баргардӣ дар ҳоле, ки бо ман гуфтугӯ мекунӣ?
Гуфт: Лаҳазот зиндагӣ ё дӯсти самимӣ ҳастанд, ки ба сӯди дӯсташон гувоҳӣ медиҳанд ё душмани сарсахт, ки ба зиёни ӯ шаҳодат медиҳанд ва ман аз лаҳазоте ҳастам, ки душмани тӯст ва дар рӯзи Қиёмати алайҳи ту гувоҳӣ хоҳад дод. Пас чигуна ду душман метавонанд якҷо ҷамъ шаванд?!
Гуфт: Афсӯс бар он лаҳазоти умр, ки аз дастам рафт!
Аммо аз ту хоҳишмандам, ки наздам бозгардӣ, то инки корҳои шоиста анҷоми диҳам ва фурсатҳое аз даст додаамро ҷуброн кунам.
Ногаҳон «лаҳза» сокит шуд...
Гуфтам: Ай лаҳза! оё сухани маро намешунавӣ!? Хоҳиш мекунам ҷавоби маро бидеҳ.
Гуфт: Ай ғофил аз нафаси хеш, ай табоҳкунандаи вақтҳои худ... оё намедонӣ, ки акнун барои бозгардонидани «лаҳза», лаҳазоте аз умри худатро бар бод додаӣ? Оё мехоҳӣ, ки ин чанд лаҳзаро ҳам боз гардонӣ?!
Аммо ман чизе намегӯям ҷуз: {الْحَسَنَاتِ یُذْهِبْنَ السَّیِّئَاتِ إِنَّ}. Яъне бе шаку шубҳа некиҳо, бадиҳоро аз миён мебаранд. [Ҳуд:114]
Бинобар ин бишитоб ва талош намо, то амали солеҳе анҷом бидиҳӣ ва дар ҳол тақвои илоҳиро пеша кун ва бадиро бо некӣ ҳамроҳ кун, то онро пок созад ва бо мардум бо ахлоқи ҳамидаву некӣ бархӯрд намо..

Комментариев нет:

Отправить комментарий