четверг, 27 февраля 2014 г.

ЁД ХУДОВАНД

Бисёр пеш меояд, ки инсон дар тули сафар мақсадашро аз ёд мебарад. Фаромуш кардани ният ва ҳадаф, роиҷтарин нодонӣ аст, ки мардум муртакиб мешаванд.
Дарди инсон чист?
Чизҳое, ки ба онҳо арзишҳои инсонӣ гуфта мешавад ва маънавиёти инсонӣ ва меҳвари инсонияти инсон аст, шомили хеле чизҳо аст вале метавон ҳамаи арзишҳоро дар як арзиш хулоса кард ва он арзиш , дард доштан ва соҳиби дард будан, аст. Ҳар мактабе, ки дар дунё роҷеъ ба арзишҳои инсонӣ баҳс карда аст ; дарди мовароӣ , дардҳои узвӣ ва дардҳои муштараки инсон бо ҳар ҷондори дигар, дар инсонро ташхис додаанд.
Дарди инсон чист?
Баъзе фақат таваҷҷуҳашон рӯи дарди ғурбати инсон ва шабоҳат надоштан ва бегонагии инсон бо ин ҷаҳон аст чаро ки инсон ҳақиқате аст, ки аз асли худ ҷудо шуда ва дур монда, ва аз дунёи дигар барои анҷоми рисолате омада аст, ин дурмондагӣ аз асл аст, ки дар ӯ шавқу ишқ ва нолаю эҳсоси ғурбат офарида аст. Майли бозгашт ба асли ватан, яъне майл бозгашт ба Худо ки ӯро офаридааст. Аз биҳишт ронда шуда ва ба олами хок омада аст ва мехоҳад бори дигар ба биҳишт мавъуди худаш боз гардад. Албатта омаданаш ғалат набуд, барои анҷоми рисолате буда вале ба ҳар ҳол ин ҳиҷрон ҳамеша ӯро дар ҳоли нороҳати нигаҳдошта аст. Дарди инсон фақат дарди Худост, дарди дурӣ аз Ҳақ аст ва майли ӯ, майли бозгашт ба қурби Ҳақ ва ҷавори Худованди оламиён аст. Ва инсон ба ҳар мақом ва камоле ки бирасад,боз эҳсос мекунад, ки ба маъшуқи худ нарасида аст.

Инсон толиби камоли мутлақ:
Шахсе мегӯяд, дар яке аз мӯзейҳои хориҷӣ машғули тамошо будам, муҷассамаи як зани ҷавони бисёр зебоиро дидам ки рӯи як тахти хоб, хобида аст ва ҷавон бисёр зебое, ки як пояш рӯйи тахти хоб ва пои дигараш рӯи замин буд ва рӯяшро баргардонда буд,мисли касе ки мегурезад. Вақте ман инро дидам маънояшро нафаҳмидам, ки он пайкартарош аз тарошидани ин ду пайкар (пайкарҳои зан ва марди ҷавон,он ҳам на дар ҳоли ишқбозӣ, балки дар ҳоли гурези марди ҷавон аз зан) чи мақсаде дошта аст. Аз ашхосе, ки ворид буданд савол кардам ,гуфтанд: ин таҷассум фикри маъруфи Афлотун аст, ки мегӯяд инсон ҳар маъшуқе, ки дорад ибтидо бо як ҷазаба ва ишқ ва муҳаббати фаровон ба сӯи ӯ меравад вале ҳамин ки ба «висол» расид, ишқ дар онҷо дафн мешавад, «висол» маҳали дафн ишқ ва оғози дилзадагӣ ва танаффур ва фирор аст.
Дар ҳақиқат бо як чиз қалби башар ором мегирад ва аз ҳаяҷон ва ошуфтагӣ наҷот пайдо мекунад ва он ,ёди Худо ва унси бо Худо аст.
Чаро ингуна аст, ин масъала як амри ғайри табиӣ ва ғайри мантиқӣ ба назар мерасад, аммо онҳое ки дақиқтар дар ин масъала фикр кардаанд, онро ҳал кардаанд, гуфтаанд: масъала ин аст, ки инсон ончунон мавҷуде аст, ки наметавонад ошиқи маҳдуд бошад, наметавонад ошиқи фонӣ бошад ва наметавонад ошиқи чизе бошад, ки ба замон ва макон маҳдуд аст. Инсон ошиқи камоли бе ниҳоят аст ва ошиқи ҳеч чизи дигари нест, яъне ошиқи зоти Ҳақ аст, ошиқи Худост, ҳамон касе ки мункири Худост ошиқи Худост, ҳатто мункири Худо ки ба Худо дашном медаҳад, намедонанд, ки дар умқи сиришти худ ошиқи камоли бе поёнанд вале роҳро ва маъшуқро гум кардаанд.
Муҳиддин Арабӣ мегӯяд:
«ما احب احد غیر خالقه»
Ҳеч, инсоне ғайр аз Худои худашро дуст надошта аст, ва ҳануз дар дунё як нафар пайдо нашуда, ки ғайри Худоро дуст дошта бошад, локин Худои Мутаол дар зери ин номҳо пинҳон шудааст. Маслан Маҷнун хиёл мекунад, ки ошиқи Лайли аст. Ӯ аз умқи фитрат ва виҷдони худаш бе хабар аст. Бинобарин Муҳиддини Арабӣ мегӯяд: Паёмбарон наёмадаанд, ки ишқи Худо ва ибодат Худоро ба бандагон таълим диҳанд (чун ин амри фитрӣ дар ҳар инсоне аст) балки омадаанд ки роҳои дуруст ва нодурустро нишон даҳанд, омадаанд то бегӯянд: Эй инсон ту ошиқи камоли бе ниҳояти хиёл мекуни ки пул барои ту камоли бе поён аст, хиёл мекуни ки мансаб барои ту камоли мутлақ аст, хаёл мекуни ки зан барои ту камоли бе ниҳоят аст, ту чизи ғайр аз камоли бе поёнро намехоҳи вале хатто мекуни, пайғамбарон омадаанд, то инсонро аз хатто берун биёваранд.
Дард инсон он дард Худоӣ аст, ки агар пардаҳои иштибоҳот ва хаттоҳо аз пеши чашмаш канор раванд ва маъшуқи худро пайдо кунад, онро ба гунае ибодат мекунад, ки дар авлиёи Худо суроғ дорем.
Чунки Қуръон мегӯяд:
«الا بذکر الله تطمئن القلوب»
бидонед, ки фақат бо як чиз қалби башар ором мегирад ва аз ҳаяҷон ва ошуфтагӣ наҷот пайдо мекунад ва он ёди Худо ва унси бо Худо аст. Қуръон мегӯяд, агар башар хиёл кунад, ки бо расидан ба пулу сарват ва рафоҳат ба мақоми осоиш мерасад ва аз ошуфтагӣ ва нороҳатӣ ва шакокият берун меояд ,иштибоҳ кардааст. Қуръон намегӯяд набояд дунболи инҳо рафт балки, мегӯяд инҳоро бояд ба даст овард, аммо агар хиёл кунед, ки инҳо ҳастанд, ки ба инсон осоишу оромиш медаҳанд ва вақте ки башар ба онҳо расид, эҳсос мекунад ки ба камоли матлуби худ ноил шудааст, иштибоҳ мекунад, фақат бо ёди Худост ки дилҳо оромиш пайдо мекунад.

четверг, 20 февраля 2014 г.

Роҳи ворид шудан ба Биҳишт

Сипосу ситоиш нисори Офаридагор ва Парвардигори оламиён ва дуруду раҳмати фаровон бар равони поки хотами анбиё, Расули Худо ва бар хонадону ёронаш ва дўстдорону пайравонаш бод.
Марҳабо! Хуш омадӣ, эй модар ва хоҳари намозхону рўзадор, ибодаткунандаву тарсандаи Кирдигор.
- Сатрдору шармдор, бовиқору нармгуфтор.
-Таълимгирандаву таълимдиҳанда, огоҳшавандаву ҳифзкунанда, ростпўяндаву ростраванда.
Марҳабо! Хуш омадӣ, эй модар ва хоҳари вафокунанда бар аҳду амина, муҳаббатпарвари бе кина.
-Ростгўяндаву тасдиқкунанда, ҳақбинандаву ҳақшунаванда.
Хушо ба ҳолат, эй модар ва хоҳаре, ки сабркунандаи дар мусибату сахтиҳо, савобҷўяндаи аз роҳи сахо, тавбакунандаи аз гуноҳҳо, ислоҳшавандаи аз хатоҳо.
Хушо ба ҳолат, ки зикркунандаиву шукргузор, даъваткунандаиву ширингуфтор.
Офарин бар дидаи ҳақҷўят ва фаросати накўят, ки пайрав шудаи Осияро ва Маряму Хадиҷаро ва Оишаву Фотимаро.
- Тарбиятгари қаҳрамонон ва созандаи мардони майдон.
- Ғамхору парастори шавҳару фарзандон, нигаҳбону муҳофизатгари арзишҳои хонадон.
- Ғаюру ҷасур бар маҳориму муфсидон, дур аз ҳаромҳову палидон.
Оре! Бале! Офарин бар туву аҳсан ба ҳолат!
Офарин бар табассуми ту, ки муҳаббату дўстиро ба дигарон бармеангезад.
Аҳсан ба сухани зебоят, ки садақаҳои шаръиро бунёдгузорӣ мекунад ва кинаҳоро аз байн мебарад.
Марҳабо ба садақаи қабулшудаат, ки хушбахт мекунад мискинро ва хурсанд менамояд фақирро ва сер мегардонад гуруснаро.
Марҳабо ба ҳамнишиниат бо Қуръони маҷид, ки онро тиловат карда ва дар он тадаббур (андеша) мекунӣ ва бо он амал намуда тавбаву истиғфор менамоӣ.
Аҳсан ба бисёрии зикру истиғфорат ва дуъоҳои ҳамешагиат ва тавбаи дурустат, ки пешаи хеш қарор додаӣ.
Офарин ба ту барои тарбия намуданат фарзандонатро дар партави дини мубини Ислом ва омўзиши суннати хотимабахши рисолати илоҳӣ ҳазрати Муҳаммад (с) ва роҳнамоият ба он чизе, ки ба нафъи онҳост.
Аҳсан ба виқору ҳиҷобат, ки Худованд ба он амр намудааст ва ту онро истиқбол намудаӣ ва он аст роҳи ҳифзи номусу нанги ту.
Марҳабо ба сўҳбатат бо занони некрафторе, ки аз Худо метарсанд ва динро дўст медоранд ва шавҳарро эҳтиром мекунанд.
Офарин ба ту барои ба падару модар некӣ карданат ва силаи раҳм ва икроми ҳамсоя ва кафолати ятимон доштанат.
Аҳсан ба ту барои хондани судбахш ва мутолиъаи муфид ва истифодаат аз китобҳои роҳнамову ҳидоятгар.
Не, чунин макун !
- Тамоми умратро дар баҳсу мунозираҳои бефоида ва дўст доштани интиқомгирӣ сарф макун.
- Ҷамъ кардани молро бар саломатию хушбахтиат ва осоишу роҳатат муқаддам мадор.
- Хатоҳои дигаронро пайгирӣ кардаву онҳоро ғайбат манамо ва айбҳои худро фаромўш масоз.
- Дар доми нафси саркаш наафт ва он чӣ, ки талабу хоҳиш дорад ба вай мадеҳ.
- Вақти худро бо фориғболон зоеъ макун ва лаҳзаҳои умрро беҳуда сарф нанамо.
- Нисбати покии бадан ва хона ва хушбўйиҳо ва тартибу низом беаҳаммият мабош.
- Ба машруботи ҳаром ва сигору тамоми палидиҳо наздикӣ макун.
- Аз мусибату нокомиҳои гузашта ё фоҷиъаву бадбахтии анҷомёфта, ё хатоҳои ҳосилшуда ёдоварӣ макун.
- Охират ва амал кардан барои онро фаромўш масоз ва аз он рўз ғофил мабош ва дар ибодатҳо кўтоҳӣ макун.
- Молро дар корҳои ҳаром зоеъ макун ва дар амалҳои мубоҳ исроф манамо ва бахилу нотавонбин ҳам набош.(Доктор Оизи Қаранӣ)

Нуқотҳо ё андарзҳо барои хоҳарон

Худои бузургу тавоноро бисёр сипосгузорам. Дуруд  ба ҳами Шумо хоҳарон.

Ба номи Худованди ҷонофарин,
Ҳакими сухан дар забон офарин.

-Дар хотир дошта бош, ки Парвардигорат омурзишхоҳандаро меомурзад ва тавбаи тавбакунандаро мепазирад ва шахси ба сўяш ояндаро қабул мекунад.

-Ба бечорагон раҳму меҳрубонӣ кун то хушбахт шавӣ,
- ба муҳтоҷон ато намо то шифо ёбӣ,
- бадбиниҳоро таҳаммул намо, то саломат монӣ.

-Худо ҳамроҳи туст ва фариштагон бароят омурзиш мехоҳанд ва биҳишт интизори туст.

-Ашки чашмонатро бо некгумонӣ ба Парвардигорат пок намо ва бо ёдоварии неъматҳои Худованд ғамҳоятро дур бикун.

-Гумон макун, ки дунё барои касе комил шуда бошад. Дар рўйи замин касе нест, ки тамоми хостаҳояш ҳосил шуда бошад ва аз ғаму мушкилот эмин бимонад.

-Мисли дарахти хурмо олиҳиммат бош, ки аз озор додан барҳазар аст, чун бо санг онро мезанӣ меваашро бароят ҳадя медиҳад.

-Оё боре шунидаӣ, ки андўҳгин шудан, чизи аз даст рафтаро бозпас орад, ё ғамгинӣ хастагиро ислоҳ кунад? Пас ғаму андўҳ чӣ лозим?!.

-Нороҳатӣ ва фитнаи ҳаромро интизор мабош, балки эминӣ ва сиҳатию саломатиро бо хости Худо интизор шав, агар Худо хоҳад.

-Бо бахшидани тамоми шахсоне, ки бароят бадӣ кардаанд, оташи кинаро дар дилат хомўш бигардон.

-Ғуслу таҳорат, хушбўйию мисвок ва низому тартиб давоҳое ҳастанд, ки аз тамоми бадбахтию мушкилот бо хости Худо наҷотат мебахшанд.

-Монанди занбури асал бош, ки бар гулҳои хушбўй ва шохаҳои тару тоза менишинад.

-Ту барои айбҷўии мардум ва ҷамъ кардани хатоҳояшон вақт надорӣ.

-Агар Худо ҳамроҳи туст, пас аз кӣ хавф дорӣ? Ва агар Худо зидди туст, пас аз кӣ умед дорӣ?!

-Оташи ҳасад баданро мехўрад ва рашки зиёд оташи пинҳон аст.

-Агар имрўз омода нашавӣ, фардо дар ихтиёри ту нест.

-Аз маҷлисҳои баҳс ва мунозираҳои беҳуда бо саломатӣ дур шав.

-Бо рафтори писандидаат аз боғу бўстон ҳам зеботар бош.

-Амалҳои писандидаро анҷом бидеҳ, ки бо он хушбахттарини мардум хоҳӣ шуд.

-Халқро ба Холиқ, ҳосидро ба марг ва душманро ба фаромўшӣ супор.

-Лаззати ҳаром пушаймонию ҳасрат ва азоб аст.

-Тавоноиҳо ҳама ба дасти Худост.

-
Он чи гузашт, аз даст рафт ва таманно ғоиб аст ва он лаҳзаҳое, ки ту дар он зиндагӣ дорӣ, дар ихтиёри туст.


-«Ва Худо барои касоне, ки имон овардаанд, зани Фиръавнро мисол меорад, он гоҳ, ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ ва маро аз мардуми ситамкор бираҳон!». (Сураи Таҳрим, ояти 11)
Пас андеша намо, ки чӣ гуна Худованд ин зан (Осия (р))-ро барои мўъминазанон мисоли зинда гардонидааст ва чӣ тавр ўро рамзу аломати ошкоро барои ашхосе кардааст, ки мехоҳанд дар ҳаёт ҳидоятёфта бошанд ва бо қонунҳои илоҳӣ зиндагӣ кунанд. Ин зан он қадар донову боақл буд, ки ҳамсоягии Парвардигори каримро талаб намуд ва ҳамсоягиро пеш аз хона зикр кард. Ва аз тоъати Фиръавни саркаш ва бедину гунаҳкор берун шуд. Ва зиндагии дигаргунаи қасри ўро бо ҳама хадаму ҳашам ва карру фараш барҳам зад ва хонаи поянда ва беҳтару зеботареро дар ҳамсоягии Парвардигори оламиён талаб намуд.
Ба ростӣ, вай бузургзане аст, ки ҳиммату садоқаташ ўро ба он оварда расонд, то ба шавҳари саркашаш сухани ҳақ ва имониро ошкоро гуфт. Пас, дар роҳи Худо азоб дода шуд ва охируламр ба раҳмати Ҳақ пайваст. Лекин Худованд (ҷ) ўро то рўзи қиёмат барои тамоми мўъминазанон, намунаи ибрату пайравӣ гардонд ва дар китобаш Қуръони карим номи ўро навишт ва мадҳу ситоишаш намуд ва шавҳари ўро, ки гумроҳшуда аз роҳи Ҳақ буд, мазаммат кард.
Некбин бош, гарчанде байни тўфон ҳам бошӣ.

Ба гўшам омад аз хоки мазоре,
Ки дар зери замин ҳам метавон зист.
Нафас дорад, валекин ҷон надорад,
Касе, к-ў бар муроди дигарон зист.

Ҳадя ва Раҳмати Парвардигор ба бонувоне,ки...

- Ба ҳар зани мусалмоне, ки ба парвардигории Аллоҳ таъоло ва ба пайравии дини мубини Ислом ва ба паёмбарии Муҳаммад (с) розӣ ва хушнуд аст.
- Ба ҳар ҷавондухтаре, ки роҳи ростро мепаймояд ва рисолати ростиро интихоб кардааст ва растагориро орзу дорад.
- Ба ҳар тарбиятгаре, ки бо каломаш ҷиҳод мекунад ва қадру қиммат ва шарафу иззаташро ҳифз намуда, дилу динашро пок медорад.
- Ба ҳар модаре, ки фарзандонашро ба парҳезкорӣ, худотарсӣ ва ахлоқи нек тарбият мекунад ва бо пайравии суннати Паёмбар (с) парвариш менамояд ва анҷом додани амалҳои нек ва писандидаро барояшон маҳбуб мегардонад.
- Ба ҳар зани мусалмоне, ки мушкилоти замона, нобасомониҳои рўзгор, дурии маҳбуби ғамгусор ва хорию зиллати бешумор ғамгину маҳзунаш кардаааст:
Мужда бароят хушхабар,эй модари хунинҷигар,
Ай хоҳари лахти ҷигар, эй духтари гулбарги тар.
Хушбахтии мову шумо, дар явми дин рўзи ҷазо,
Мақбули Яздон гаштан аст, андеша мебояд туро.
Аввал, ки ҳаст он муддаъо, имону ихлос бар Худо.
Ҳам бар малоику русул, баъдан кутуб омад қабул,
Бар рўзи охиру қадар, зиндашавӣ омад дигар,
Ҳафт рукни имон аст ин, роҳи яқин Ислом гузин.
Хушбахтию хурсандиро, доим намо ту ҷустуҷў,
Дар тоъати Парвардигор, ҳам дар ризомандии Ў.