воскресенье, 31 марта 2013 г.

Зан чи гуна офарида шуд?



Дар асотири бостони ривояте дар бораи чигунагии офариниши зан махфуз мондааст, ки он чи аз лихози балогат ва чи аз чихати маъони аз тамоми он киссахое ки дар бораи зан ва табиати у гуфта шудааст, волост ва дар макоми баланд буда, посухгуи хамаи пурсишхои шумост.
Дар он устура омада:
Офаридгор дар ибтидо олам, осмонхо, замин ва тамоми мавчудоти онро офарид, сипас мардро халк фармуд. Хангоме, ки хост занро биофарад, тааммул кард.
Сипас, аз мох сурат ва зебоиро, аз офтоб ишрок ва тулуъашро, аз ситорахо фурузонию чашмакзаниро, аз абрхо ашкро, аз гулхо рангро, аз шохахо алвончу тамоилро, аз хашиш ларзишро, аз насим лутфу навозишро, аз варак сабукиро, аз наботот раъшаву ларзишро, аз амвоч маду чазрро, аз оташ хароратро, аз барф сардиро, аз оху чашмонро, аз харгуш тарсро, аз кабутар садояшро, аз саг вафояшро, аз асал лаззатро, аз алмос салобатро, аз паланг хашму кувватро, аз тилло дурахшишро, аз турна нифокро, аз гунчишк пургуиро, аз булбул нагмасароиро, аз гизол назораро, аз хазандагон хазиданро, аз букаламун талаввунро, аз мор хикматро, аз рубох макрро, аз замон гадру хиёнатро, аз бунафша буяшро, аз бахор лабхандро баргирифт. Ин хама ашёро даромехта занро офарид ва пешкаши мард кард…
Баъди хашт руз мард ба назди Офаридгор омад ва гуфт:
-Худоё, он махлуке, ки ба ман армугон карди, хаётамро ба азоб, хушбахтиамро ба бадбахти, шодиамро ба гам, умедамро ба яъс кашид… У нихоят пургуй аст ва забонаш ороми надорад. Бе хеч сабаб гиря мекунад. Талаботаш хад надорад. Аз хар чи шикоят мекунад ва аз хама чи алам мекашад. Ва ба гамхории доим мухточ аст… Аз ин ру омадам, ки уро ба ту баргардонам ва наметавонам, ки бо у зиндаги кунам. Уро бигир ва маро аз у рахо бубахш…
Офаридгор тааммул намуд ва гуфт: Хайр.
Пас аз як хафта мард назди Офаридгор омад ва гуфт:
-Худоё, аз даме, ки ман махлуки хадякардаатро баргардонидам, хаётамро беранг ёфтам. Холо ба ёдам меорам, ки чи сон чун гизоли зебо дар наздам мераксид ва чи гунна бароям бо садои чун булбул месуруд. Чи тавр бо ман бози мекарду ба ман фарах меовард… Маро ёд меояд, ки чи зайл ба ман лабханд мезаду нишотам мебахшид, ках-ках мезаду гамхорам буд…Чи тавр дастонашро ба гарданам халка мекарду худро ба огушам меафганд. Чи гуна дарду аламамро сабук месохт. Лаззати хаёт ва умеду орзуям буд. Худоё, уро ба ман баргардон…
Офаридгор занро ба мард баргардонд.
Баъди се руз мард боз назди Офаридгор бо шикваю гиря омад ва гуфт:
-Худоё, ман ин махлукатро хеч намефахмам. Гуё асрори пушидаест, ки кушоишаш гайриимкон аст. Нихоят ба хулосае омадам, ки уро ба ту баргардонам. Зеро у шабехи шаробест, ки зиёнаш аз судаш фузун аст…
Офаридгор ба у гуфт:
-Ба худ ой, эй мард ва дар амрат тадбир бичуй!
Мард гуфт:
-Худоё, хеч имконе вучуд надорад, ки бо у зиндаги кунам.
Офаридгор посух дод:
- Хеч имконе надори, ки бидуни у зиндаги куни. Ва уро тарк кард…
Мард бо яъсу алам фарёд кашид:
-Аз фирокаш наметавонам сабр намоям…ва рухам наметавонад бо у бисозад…
…Хамин аст зан дар рузгори мард…

вторник, 12 марта 2013 г.

Ислом ба зоти худ надорад айбе..


Ислом ба сифати як дини ваҳдонӣ маншаи ифтихори ҷаҳонист. Вале, мутаассифона, баҳсҳои мазҳабӣ ва фирқаву ҷараёнӣ дар дохили ин дини муқаддас парокандагӣ ва даргириҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Ва таассуф, имрӯзҳо ҳамон аломати нотифоқиву гурӯҳсозиҳои фирқавӣ бо исми "салафӣ"-ву "суннатӣ" ҷо-ҷо заминаи тафриқаҳои ҷомеа гашта истодааст. Пӯшида нест, ки азизони зиёде дар гироиши мазҳабӣ фароҳам наомада, балки аз тафриқаҳои мазҳабӣ безоранд, зеро маҳз дар заминаи ҳамин тафриқаҳо бар сари ҷомеаи исломӣ ва мардуми мусалмон хориҳои зиёде расида.  

Ҷомии бузургвор аст, ки ахлоқи ҳамидаи исломии ӯро ҳеҷ мазҳабе натавониста, ки бар таассуб ва гироиши якҷониба муттаҳим сохта бошад. Ин бузургвор аз эҳсоси дард ва дилсӯзии парокандагии исломӣ аз мақоми мазҳаб фармуда: 
Эй муғбачаи даҳр бидеҳ ҷоми маям, 
К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям. 
Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ, 
Сад шукр, ки …суннию …шиа наям.  

Ин гуфтори ҳазрати Ҷомӣ на таҳқири муслиме, балки хулоса аз дарди ҷонкоҳи хуношомиҳои ду мазҳаби исломӣ шуда. Абу-ал-Ало ал-Мавдудӣ таърихи исломро ба чаҳор давра, исломи давраи Расули акрам; давраи мутлақият; давраи мустамликакунонии колонизатсионӣ ва давраи ҷадид тақсим намуда, барҳақ нигоштааст, ки ислом дар замони Расули акрам дар як давлатчае (Мадина дар назар аст) эҳё шуд, ки ҳудуди он деҳаро мемонд ва шумори мардуми он аз 6-7 ҳазор кас зиёд набуд. Ва бо ҳамин ҳудуду шумора вай ба минтақаи ҷаҳонӣ табдил шуд ва сафи пайравонаш ба андоза афзуд. Яъне, бузургии Расули акрам он буд, ки дар айёми ӯ зоҳиру ботини сиёсати исломӣ ба ислом созгору ҷавобгӯ буд ва ҳар ҷо, ки ислом қадам мениҳод мардуми аз ҷаҳолату қабоҳати замони ҷоҳилияи араб ба дод омада дар чеҳраи ислом наҷоти худро дармеёфтанд ва ба истиқболи он мешитофтанд.  
Имрӯз бо андешаҳои зиёди ифротӣ танобкашии мазҳабӣ мекунем, болои ҳам бӯҳтон месозем, рангҳои таърихро барои "об додан"-и манфиатҳои имрӯзии худ ранг мерезем. 
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, Пас, фарқ миёни ману ту чист, бигӯ?!  
Болотар аз ин, дар ояҳои "Қуръони маҷид" таъкидҳои фазилатии Худованди таборак ва таъоло нозил шуда, ки "Ҳамагӣ ба ресмони илоҳӣ чанг занед ва пароканда нашавед ва ёдовари неъматҳои Илоҳӣ бошед" (Оли Имрон, ояти 103). Ва ё: "Ин роҳи мустақими ман роҳи тавҳид, роҳи ҳақ ва адолат, роҳи покӣ ва тақвост, аз он пайравӣ кунед ва ҳаргиз дар роҳҳои инҳирофӣ ва пароканда гом маниҳед, ки Шуморо аз роҳи Худо мунҳариф ва пароканда мекунад ва тухми нифоқ ва ихтилофро дар миёни шумо мепошад…" (сураи Инъом,ояти 153). 
Дар олам ҳеҷ дине аз динҳои ваҳдонӣ то динҳои ғайриваҳдонӣ қоидаи аз тариқи зулм, ситам ва ҷабр бар сари мардум бор кардани эътиқодро таклиф накардаанд. Пас, ошкор аст, ки иддае аз мардум барои пӯшонидани ғаразҳои дунёхоҳии худ парчами динеро сипар кардаву ба ғорат ва тасхири дигарон пардохтаанд, ки ин аъмол дар фаҳми орифон ва зоҳидон ва фақеҳон ва сӯфиёне, ки ин мақомро берун аз реву риё дар худ доштанд, нағунҷидааст ва нахоҳад ғунҷид. Ва Худованд гуфт: Инсонро дар Замин халифаи худ кардем, то он чиро офаридем идора ва истифода кунад. Ва халифаро мақом ин аст, ки сифатеро аз сифоти устод дошта бошад ва коре аз корҳои ӯро ба сомон расонад. Аз ин ҷост, ки чанд сифате аз сифоти Худо бар инсон гузашта. Он гуна, ки инсон чун Худованд эҷодгари қоида дар замин аст, аммо ин эҷодгарӣ набояд аз андозаи таъин берун бошад, яъне инсон ҳар қоидае, ки дар назми кори замин эҷод мекунад, нашояд, ки хилоф бар қоидаи эҷоди Илоҳӣ ояд,  

Ислом динест, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсониро дар бар гирифта, хусусан ҷанбаи ахлоқии онро ба дараҷаи камол расонидааст, ки пайғамбар Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар ин бора мефармояд: "Фиристода шудам то дунёи ахлоқро ба камол расонам". Пас бародарию баробарӣ дар ислом яке аз бузургтарин амрҳоест, ки шариат ва қонуни исломӣ барои он мавқеъ ва мақоми хоссаеро интихоб намуда ва иҷрои ин амрро аз тарафи пайравонаш ҳатмӣ ва лозимӣ донистааст. 
Аммо чаро имруз мо мусалмонон ваҳдат ва якпорчагӣ надорем ва бо якдигар муҳаббат ва аз якдигар пуштибонӣ надорем? Мутафаккирон олами ислом омилҳои ин парокандагиро чунин шарҳ додаанд: 
) Мусалмонон аз исломи ҳақиқӣ хеле дур шудаанд. 
2) Ифтихори исломӣ аз байн рафтааст. 
3) Мусалмонон ба муҳаббати дунё ва роҳату танпарастӣ гирифторшудаанд. 
4) Ба Қуръон тааммул намекунанд ва ин китоби раббониро паси пушт андохтаанд. 
5) Моддиёти онҳо аз маънавиёташон болотар рафтааст. 
Ҳамаи ин омилҳои зикршуда сабабҳои асосии парокандагии мо мусалмонон гаштааст, ки ҳатто дар баъзе минтақаҳо мусалмон хуни бародари мусалмонаш мерезад. Худованд пайванди бародарии имонии мо мусалмонони муосирро ҳамрангу буи пайванди асҳоби киром бигардон!   

воскресенье, 10 марта 2013 г.

Шарму ҳаё зебогист. Тарси Худо олиҳимматист.


Ба номи худованди бахшанда ва бахшояндаи меҳрубон.
Ҳаким Тирмизӣ нақл мекунад, ки Расули Худо(саллаллоху

алайхи вассалам)) фармудаанд: «Шарму ҳаё зебогист.
Тарси Худо олиҳимматист. Беҳтарин чизе, ки инсон савори он мешавад, сабр аст.
Аз Худо умеди кушоиш доштан ибодат аст».
Имом Замахшарӣ дар китоби «Мақомот»-и худ, ки китоби ахлоқист,
мефармояд: «Хислати хуб инсонро мисли себи Лубнон месозад, ки ҳам
хушранг асту ҳам хушбӯю хушмазза. Ба ҳар ҷониб, ки онро бигардонӣ, туро
ба сӯи худ ҷалб мекунад. Хислати бад мисли хори саъдон аст, ки ба ҳар
ҷониби он нигарӣ, намехоҳӣ ба он даст бизанӣ». 
Дар ҳама кор пешвоест ва пешвои ахлоқ ҳазрати Муҳаммад (С) ҳастанд, ки фармудаанд: «
Ман барои он фиристода шудаам ки ахлоқи накӯро пурра баён бисозам».
Вобаста ба ин Саъдии Шерозӣ мегӯянд: 

Мапиндор Саъдӣ, ки роҳи сафо 
Тавон рафт ҷуз аз паи Мустафо. 

Парҳез намудан аз ахлоқи бад мағзи ахлоқи ҳамида аст. 

Ҳар кӣ дар ӯ сирати некӯ бувад, 
Одамӣ аз одамиён ӯ бувад. 
Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худованди маннон барУ) саодати дунё ва
охиратро барои занони мусалмон бо ин харфи гухарборашон нишон додаанд,
гуфторамонро ба поён мерасонем. Паёмбар (салом ва дуруди Худо бар У)
фармуданд: «Агар зане панч вакт намозро адо намояд ва мохи Рамазонро
руза бигирад ва иффат ва покдомании худро хифз намояд ва аз шавхари хеш
дар амре, ки маъсият ва нофармонии Худованд набошад, итоат намояд, дар
рузи киёмат ба у гуфта мешавад; Аз хар даре, ки мехохи дохили Бихишт
шав!» Пас эй хохари мусамон! Агар вокеан тасмим бигири ва ахд куни ин
кор чандон мушкил нест. Кори хеле содда ва осон аст. Дарвозахои Бихишт
ба руят боз мегардад. Факат хамин холо аз чо бархез вузу бигир ва ду
ракаат намоз бихон ва бо Худованди худ ахд намо, ки аз ин ба баъд
фармонбардори У боши. Агар ту аз хамин холо ба ин кор шуруъ куни хичоби
исломиро, ки Худоят туро ба он амр кардааст ба бар куни ва аз гузаштахо
тавба намои, мутмаин бош, ки Худованд гузаштаи туро афв мекунад. Инро
худи Худованд ваъда намудааст. Дар иваз Худованд ба ту Бихиштеро насиб
мегардонад, ки аз зери богхо ва дарахтони он нахрхо чори аст. Хар
неъмате, ки орзу дошта боши, дар он чо насибат хохад гашт .
Мо низ тарафдори онем ва таманно  аз Худованди мутаъол дорем то сафи занҳои худотарс дар ҷомеаи имрўза зиёд гарданд. Чунки маҳз зан-модар ҳасту ҳаёт идома ёфта истодааст. Зан сарчашмаи ҳаёт мост ва аз Худованд дар талаби онем, ки оби ин сарчашма
доимо софу буғубор бошад.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба духтарони мусулмон хитоб карда мегӯяд:
Фитрати ту ҷазбае дорад баланд,
Чашму ҳуш аз усваи Заҳро мабанд.
То Ҳусайне шохи ту бор оварад,
Мавсими пешин ба гулзор оварад.