пятница, 29 августа 2014 г.

Васиятхои Луқмон


Намозро ҳамон гуна, ки шоиста аст ба ҷо ор.
Насиҳату андарзи дигаронро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун.
Дар муқобили пешомадҳо шакибо бош!
Аз мардум рӯй нагардон ва бо онҳо беэътино набош!
Бо мардум бо ғуруру такаббур рафтор накун!
Дар маҷолис ангушт дар бинӣ наяндоз!
Розу асроратро назди худ нигоҳ дор!
Дӯстро дар ҳангоми сахтӣ озмоиш кун!
Бо бадон ва ҷоҳилон ҳамнишин нашав!
Бо донишмандон ҳамроҳ бош!
Дар касб ва кори нек ҷиддӣ бош!
Бар кӯтаҳфикрону заифон эътимод накун!
Бо оқилони имондор ҳамеша машварат кун!
Сухани санҷидаро баён кун!
Дӯсту ёронро эҳтиром кун!
Бо дӯсту душман хӯшахлоқ бош!
Харҷатро камтар аз даромадат дошта бош!
Ҷавонмардӣ ва гузаштро пеша кун!
То метавонӣ бо меҳмон меҳрубон бош!
Дар ҳангоми сухан гуфтан матин ва ором бош!
Ба кам хӯрдану кам гуфтан ва кам хуфтан худатро одат бидеҳ!
Ноомӯхта устодӣ накун!
Бо заъифон ва кӯдакон сирри худро дар миён нагзор!
Ҳамеша дар ёрӣ ва кумаки дигарон бош!
Аз бадон интизори некӣ ва мардонагӣ надошта бош!
Коре накун, ки ҷоҳилон бо ту ҷуръати густохӣ пайдо кунанд!
Фарзандам ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро ба Худованд шарик насоз.
Ба ҷуз Худованд ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро фармонраво ва фарёдраси хеш машмор!
Вуҷуди падару модаратро ғанимат бишмор!
Устодатро ҳамчун падар дӯст бидор!
Сарчашмаи зиштиҳоро дунёпарастӣ ва мастӣ ва нодонӣ бидон!
Агар биҳиштро металабӣ аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун!
Умрро барои амалу ибодат ва покию парҳезкорӣ ғанимат бидон!
Дар мол ва мақоми дигарон тамаъ накун!
Бо Худованд содиқ ва бо мардум боинсоф бош!
Дар ҳузури меҳмон бар касе хашм нагир!
Меҳмонро бар ҳеҷ коре дастур надеҳ!
Аз пеши дигарон ғизо ва мева барнадор!
Дар роҳ рафтан аз бузургон пешӣ нагир!
Аз мурдагон ба некӣ ёд кун!
Аз ҷангандозӣ ва хусумат парҳез кун!
Аз хостаҳои нобаҷои зан ва фарзандон пайравӣ накун!
Ҳурмати ҳар касро дар ҳадди худ нигоҳ дор!
Ҳеҷ касро пеши дигарон хиҷил ва расво накун!
Бо чашм ва абрӯ бо дигарон сухан нугӯ!
Ҳеҷ гоҳ покон ва парҳезгоронро ғайбат накун!
Худхоҳ ва мутакаббир набош!
Кори хуби дигаронро кори худ нишон надеҳ!
Бо падару модарат беҳтарин рафторро ихтиёр кун.
Бидон, ки ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад.
Бо мардум ором сухан бигӯ ва фарёд назан!
Андарзеро, ки ба дигарон медиҳӣ худат бештар амал кун!
Суханро ба андоза бигӯ!
Ҳаққи мардумро ба хубӣ адо кун!
Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бишумор!
Марди дунё ва ҳам марди охират бош!
Дар маҷолис чашм ва забонро аз гуноҳ боз дор!
Назофатро ҳеҷгоҳ фаромӯш накун!
Дӯстон ва ҳамкешонатро ҳеҷгоҳ тарк накун!
Фарзандонатро дониш ва диндорӣ биёмӯз!
Ҳеҷ кореро пеш аз андеша ва тадбир анҷом надеҳ!
Кори нокардаро кардаи худ надон!
Бо бузургтар аз худ мазоҳ накун!
Бо бузургон сухани тӯлонӣ нагу!
Ҳолати хастагиро дар ҳузури дигарон зоҳир накун!
Дар роҳ рафтан миёнарӯ бош! !

Тарбияи духтарон

Зан поягузори вуҷуди ҳаёти одамӣ аст. Дар пайрезии асос ва сохтори шахсияти инсон, зан меъмори нақшофарин ва ҳунарманди чирадаст аст. Ӯ бо рафтори худ ояндаи тифлро дурахшон месозад. Доноёни аҳли ҳукамо ва донишмандон дар ин амр иттифоқи назар доранд, ки инсон дар сояи тарбияи хуб ба саодат мерасад. Дар омӯзишгоҳи бузурги ҳаёт нақши аввал дар таъини сохтори шахсияти кӯдак ба ӯҳдаи модар аст. Ӯ меҳвари отифии хонаводаро дар қудрати худ дорад ва муҳаббаташ сабаби рушди отифӣ мегардад. Ҳосили ин вижагӣ ва нақшпазирии кӯдак аз афъол ва ақвоми модар аст, ки ояндаи ӯро маънӣ мебахшад.
Эҷодиёти даҳонакии халқ таҷрибаи занони заҳматкашу озодихоҳро ба таври бадеӣ инъикос карда меояд. Беҳтарин хислатҳои миллӣ ва анъанаҳои гуногуни мардумро таҷассум мекунад ва ба ҳамин нақши тарбиявии худро иҷро менамояд ва доираи шуури занонро такомул медиҳад.
Мо ин маънӣ ва маромро дар афсонаҳои халқӣ равшантар мушоҳида менамоем. Афсонаҳои халқӣ яке аз сарчашмаҳои тарбия дар педагогикаи этникӣ ва халқӣ ба шумор меравад. Дар афсонаҳо орзую умеди занон ва духтарон, бартарии нек бар бад, тантанаи ҳақиқат акс ёфтаанд. Аз ҳамин сабаб, афсона аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл гузашта ба мо боқӣ монд. Ин мероси пурганҷ ифодакунандаи ҳаёт аст, ки то ба имрӯз дар тарбияи духтарон васеъ истифода бурда мешавад. Афсонаҳо аҳамияти бузарги тарбиявӣ доранд. Қисме аз онҳо ба мавзӯи сифатҳои ахлоқӣ, қаҳрамонӣ, хирадмандии духтарон бахшида шудааст, ки ин дар афсонаи «Духтари ҷасур» инъикос ёфтааст.
Дар афсона, вақте ки падар нобино мешавад ва хабари табибе, ки дар шаҳри бегона барои чашм аз гиёҳ дору тайёр мекунад, шунида, оҳи сард кашида мегӯяд, ки агар писар медоштам, рафта он доруро меоварду аз азоби нобиноӣ халос мешудам.
Корнамоии бебоконаи духтар барои пайдо намудани табиб ва овардани доруи дарди чашм боиси шифо ёфтану шодии падар гардид, ки ба ин чунин ақидаи халқӣ гувоҳӣ медиҳад: «Духтари хуб аз даҳ писари бад болотар меистад».
Падар дар ҳаққи духтараш дуо карда чунин мегӯяд: – «Духтари азизам, дигар фикр намекунам, ки писар надорам, ту кори даҳ писарро кардӣ, илоҳи умрат дароз ва бахт ёрат бошад».
Мақсади қаҳрамони афсона ба даст овардани ашёҳои (предмети) табиат – дарахти аз меваи он дору тайёркардашаванда ва худи дору мебошад. Духтар барои аз нобиноӣ наҷот додани падараш ба девҳо рӯ ба рӯ мешавад.
Дар ин афсона ғояи хеле баланд – мубориза барои дигаргунсозии табиат, яъне дарахтшинонӣ ва нигоҳубини он, барои саломатӣ аҳамияти калон доштан ва барги дарахтон ба миён гузошта мешавад.
Агар чунин афсонаҳо дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ мешуданд, ин ба муаллим имконият медод, ки бачагонро ба фаъолияти эстетикӣ водор намояд, дар бораи комёбиҳои илми тибби имрӯза, масалан оид ба ҷарроҳии чашм васеъ истифода бурдани гиёҳҳо дар саноати дорусозӣ маълумот диҳад. Аз ин афсона духтарон бисёр чизҳо, аз ҷумла одоби муомила, ҷасурӣ, ҳушёриро меомӯзанд ва иродаи матин ҳосил мекунанд, дар онҳо устуворӣ ва серҳаракатии мақсаднок парвариш меёбад.
Духтарон аз рӯи табиати худ ба зоҳир намудани ҳисси ғамхорӣ, нигоҳубин бештар майлу рағбат доранд. Масалан, нигоҳубин кардан, ғамхорӣ дар ҳаққи бародарон ва хоҳарони хурдсоли худ, дар иҷрои кор бо эҳтиёт будан ва ғайра.
Чунин хислатҳо дар афсонаи дорои шеър дар «Фауст» ном романи манзуми нависандаи немис Ҳёте, ки байни мардуми мо бо «Булбулаки саргашта» машҳур гардидааст, тасвир шудааст. Ин афсона ба суруди дар Эрону Афғонистон маълуму машҳур аст, монанд мебошад.
Ман булбули саргашта,
Дар кӯҳҳою дар пушта.
Падар маро кушта,
Моиндар маро хӯрда
Ҷон апеки дилсӯхта
Устухони маро чида
Дар сабадча андохта,
Дар шохи чинор овехта.
Бар ман болу пар дод ӯ,
Булбул карда, сар дод ӯ.
Дар афсонаи «Булбули саргашта» модари ӯгай ба хӯрдани гӯшти писарча майл мекунад, ки ин асари давраҳои ваҳшонияти инсон аст. Хоҳари писарак устухонҳои ӯро ҷамъ карда овехта мемонад. Дар қадим аҷдодони халқҳои эроннажод устухони хешовандони худро ба сабадча андохта, овехта мемонданд.
Бинобар ин, афсонаҳои сеҳрангез ба гузашта не, балки ба оянда нигаронида шудаанд. Дар онҳо орзуи инсон дар бораи халос шудан аз машақатҳои зиндагӣ, ташкили ҳаёти осудаву зебо, аз миён бардоштани бадӣ, осон кардани корҳои тоқатшикан ва ғайраҳо ифода ёфтааст.
Ғояи афсона худ аз худ маълум аст. Дар афсона аз як тараф зиштхӯӣ, бадфеълию бадкинагии модари ӯгай ва нодонию бераҳмии падар, аз тарафи дигар дилсӯзию меҳрубонии духтар инъикос ёфтааст. Афсонаҳо ҳақиқати ҳаётӣ доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бисёрзанӣ, якдигарнофаҳмӣ дар оила боиси чунин нохушиҳо мегардад.
Афсона дар ҳаёти духтарон аз замонҳои қадим нақши асосиро бозидааст. Модаркалонҳо, бобоён, модарону падарон дар ҳамаи давру замон ба фарзандони худ афсонагӯӣ мекарданд. Тавассути афсонаҳо духтаронро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, пуртоқатӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва дигар сифатҳои инсонӣ тарбия мекарданд.
Солҳои охир чунин анъанаҳо қариб аз байн рафтаанд Падару модарон аз афсонагӯӣ фориғболанд. Ҷои афсонагӯии модару бибиро тамошои телевизор гирифтааст. Ба муаллим зарур аст, ки чунин анъанаҳои пешинро дар байни падару модарон аз нав эҳё созад, то ки тарбияи духтарон дар оила дуруст ба роҳ монда шавад. Духтаронро зарур аст, ки маънии ҳаёти ҳақиқиро донанд, чунки онҳо худ модари оянда ҳастанд ва дар қалбашон меҳри модарӣ ҷӯш занад.
Дар педагогикаи этникӣ ва халқӣ назокати зан дар симои модари хуб будани ӯ ифода меёбад. Мардум ба воситаи афсонаҳо зарурати некию накӯкорӣ, одамдӯстӣ ва саховатмандию бофаросатиро тарғиб кардаанд.
Як гурӯҳ афсонаҳо сухан дар бораи алоқамандии инсон бо ҳайвонот. Таҷрибаҳои ҳаётӣ нишон додааст, ки инсонҳо аз қадим ба ром кардани ҳайвонот машғул буданд. Намунаи барҷастаи ин афсонаи «Ҳезумкаш ва хирс» мебошад.
Дар афсона камбудиҳои занон вобаста ба муошират дида мешавад. Ин бештар дар ҳамон лаҳзаҳо ба назар мерасад, ки ҳезумкаш хирсро ба оғӯш мегирад. Вақте ки хирс ба хонаи ҳезумкаш ба меҳмонӣ меояд. Зан ин ҳолатро дида, – «Вой рӯям сиёҳ» дӯсти шумо ҳамин ҳайвони бадбӯ ҳаст? Ин суханони носазо ва талхи зани ҳезумкаш ба хирс таъсири калон мерасонад. Хирс аз суханони пичингомези зан сахт меранҷад ва дар ғазаб шуда, ба дӯсташ мегӯяд, ки бо ҳамин табар ба ҷабинаш занад. Ҳезумкаш аз рафтори бадкирдонаи занаш дар хиҷолат монда, гуфт:
- Ҳар дуи мо ошноем, чӣ хел табарро боло мекунаму туро мезанам?
Хирс гуфтааст ё мезанӣ, ё мехӯрамат!
Ҳезумкаш бо тамоми қувваташ ба ҷабини хирс мезанад. Баъди чанд вақт онҳо бо ҳам вомехӯранд. Ҳезумкаш мебинад, ки аз захми табар осоре дар ҷабини хирс намондааст. Ин воқеаро хулоса карда хирс чунин изҳор менамояд: захми табар аз бадан мераваду захми гапи бад аз дил не.
Санъати тарбия пеш аз ҳама санъати сухан – муроҷиат ба қалби одамиро дар бар мегирад. Сухани нек шарбати зиндагист.
Аз ин рӯ, падру модаронро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандон, ба хусус духтарон диққати махсус диҳанд.
Дар масъалае, ки педагогикаи этникӣ ва халқӣ ба он эътибори махсус додааст, ин тарбия намудани латофат, нафосат ва назокати занона мебошад.
Он яке аз вазифаҳои муҳими тарбияи ахлоқӣ-эстетикии духтарон ба шумор меравад. Дар таҷрибаи ҳаёт халқ ба чунин хулоса омадааст, ки латофат ва назокати зан на танҳо дар ҳалимӣ, ғамхорӣ, меҳрубонӣ, қобилияти дарк намудани дигарон, хушмуомилагӣ, кушодарӯӣ, самимият, ҳаётдӯстӣ, балки дар сарбаландӣ, ҳисси шарафи худро риоя намудан, нисбат ба дигарон ғамкор будан, садоқатмандӣ маҳорати соҳибхоназнӣ, дилкаш будан, ахлоқи хуб доштан ва ғайра инъикос меёбад.
Ба падару модар зарур аст, ки ҳангоми тарбияи духтарон ба ҷиҳатҳои психологии онҳо аҳамияти калон диҳанд. Дар асоси ба ҳисоб гирифтани ин хусусиятҳои онҳо тарзи тарбияи духтарон ба роҳ монда шавад. Аз давраи кӯдакӣ афсонаҳое, ки ба синну соли духтарон мувофиқ аст, нақл кунанд. Ба онҳо нағз афсона гуфта додан ин қадами аввалини тарбияи маданӣ мебошад. Тарбияи неки духтарон ба анъанаҳои оила ва ба модар вобаста аст. Бинобар ин, модар намунаи духтар бошад. Ба ин чунин зарбулмасал шаҳодат медиҳад: «Модар чӣ гуна – духтар намуна», ё ки «Модарро бин, духтарро гир».
Мардуми мо пеш аз ҳама аз рӯи авлод ва аҷдоди ҳамон оила ба симои духтар баҳо медиҳанд. Яке аз одатҳои беҳтарини халқи тоҷик ин меҳмоннавозӣ мебошад. Падару модарон кӯшиш мекарданд, ки дар фарзандони худ аз хурдсолӣ ҳисси меҳмондӯстиро тарбия намоянд. Ҳисси меҳмондӯстӣ ва меҳмоннавозии халқи тоҷик дар афсонаҳои халқӣ низ ифода ёфтаанд, ки ин дар афсонаи «Ду зан» инъикос ёфтааст.
Боре шоҳу вазир дар ростои шаҳр дӯконеро диданд. Ду бародар соҳибони ин дӯкон буданд. Калонӣ фарбеҳу тарзу тоза, хурдӣ харобу рангпарида мисли пирамардон қоматхамида буд.
- Сирри аз якдигар ба ин андоза фарқ кардани бародарон чӣ бошад? – пурсид подшоҳ.
- Подшоҳам, барои фаҳмидани ин сир аз хонаҳои онҳо дидан лозим аст, ки рӯзгорашон чӣ ҳоле дорад, ҷавоб дод вазир.
Онҳо ба пеши бародарон рафта гуфтанд:
- Мо дарвешем, аз роҳи дур омадем, шуморо дидему орзуе дар диламон пайдо шуд.
- Марҳамат, бигӯед, чӣ орзу? – пурсиданд бародарон.
- Мехоҳем меҳмонатон бошем, то бубунем шумоён чӣ зисте дореду чӣ зидагӣ. Калонӣ ин гапро шунида, хурсанд шуд.
Меҳмононро зани хандонрӯ бо меҳрубонӣ истиқбол кард:
- Марҳамат, марҳамат, меҳмонони азиз, нури дида, тоҷи сар! Хуш омадед! Зан ба кӯза об баровард, меҳмонон даст шустанд, дастпоккун (саҷок) дароз кард. Меҳмонон даст пок карданд. Баъд онҳоро ба хона даъват кард, дастархон густурд, нони гарму қанду шарбати набот рӯи хон гузошт. Як чойники қирмизӣ чой бароварду дар тараддуди ошпазӣ шуд.
Зани бародари хурдӣ чунин қоидаҳоро ба ҷо наовард. Ӯ бо суханони дилхарошу чеҳраи тира табъи меҳмононро хира кард:
- Эй ту, чӣ хел мард?! Медонӣ, ки дар ин хонаи истоқӣ кори ман аз мӯи сарам ҳам зиёд. «Болои сӯхта намакоб» то боз меҳмон кашола карда омадаӣ.
Ҳамаи гап дар сари занҳояшон будааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «тоҷ бар сар мекунад, зан мекунад. Хок бар сар мекунад, зан мекунад»! Аз забони яке шакар мерехту аз забони дигараш заҳр.
Ба муаллимони синфҳои ибтидоӣ лозим меояд, ки ҳангоми фаҳмондани афсонаҳо дар синфҳои ибтидоӣ ба хислат ва рафтори қаҳрамонҳои онҳо бештар диққат дода, хусусиятҳои ғоявӣ-эстетикиашонро ба эътибор гиранд, зеро ин ба идроки эстетикии онҳо мувофиқанд. Тадқиқоти этнографӣ шаҳодат медиҳад, ки занони оддӣ фарзандони худро аз хурдсолӣ ба меҳнат тайёр мекарданд.
Масалан, духтарон аз панҷсолагӣ ба модаронашон об меоварданд, нах мересиданд, мебофтанд, чорво мебониданд ва ғайра.
Далерию матонат, зиракию ҳушёрӣ, нотарсӣ барин хислатҳо, ба замми қувваи беинтиҳо, ба иҷрои ҳама гуна мақсадҳои каҳрамон мусоидат мекунад. Чунин хислатҳо дар афсонаи «Духтари зирак» ифода ёфтааст.
Капирак духтараке дошт ҳушёру чаққон. Духтарак боре ҳам бекор наменишаст: ҳавлӣ мерӯфт, хона меғундошт, хӯрок мепухт, ресмон меришт, мато мебофт, либос медӯхт.
- Вақти хоб шуд, духтарам, чароғро кушу хоб кун, мабодо балое аз дашти Карбало омада, чароғро дида, ба хонаи мо надарояд.
Духтарак ба гапи модараш гӯш надода, корашро давом додан гирифт. Кампирро як хобаш бурду баъд сарашро бардошта нигоҳ кард, ки духтараш машғули бофтан аст, гуфт:
- Эй духтари гапнодаро, кай хоб мекунӣ?
- Боф-бофи бофон мекунам, бурбури бурон мекунам, дӯздӯзи дӯзон мекунам, пӯшпӯши пӯшон мекунам, баъд хоб мекунам, – гуфт духтар.
Духтар корашро ба охир расонда буд, ки Девбарзагӣ хандакунон даромада омаду гуфт:
- Чароғи тобонро дидам, духтари рахшонро дидам, хурсанду хандонро дидам, либопӯшонро дидам.
Модар гуфт:
- Ба гапи ман надаромадӣ, сарамонро ба бало монондӣ.
Кампир аз ҷояш хеста чароғро даргиронда, пеши Девбарзангӣ дастархон андохта, нон гузошт. Девбарзангӣ дасташро ба нон дароз карда буд, ки духтар гуфт:
- Будаст магаро, будӣ набудаст магаро одати девон даст нашуста нон хӯрдан будаст магаро?!
-Кучо даст шӯям? – пурсид Девбарзангӣ.
Духтар тозон берун баромад. Дар кунҷи ҳавлӣ чоҳе буд. Духтар болояш бӯрё партофту Девбарзангиро берун даъват кард.
- Мана об бигиру дастатро шӯй, гуфт ба ӯ.
Девбарзангӣ шитобон бегумон ба рӯи бӯрё по монда буд, ки якбора ба чоҳ афтод. Духтарак даҳони чоҳро маҳкам кард.
Ана, бо ҳамин тадбир духтарак балоро аз сарашон дур карду чӣ хеле, ки дилаш мехост, ҳамон хел зиндагӣ карда гашт.
Ҳамаи ин ба тарбияи неки духтарон таъсир мерасонад. Падару модар кӯшиши кунанд, ки хислатҳои беҳтаринро аз давраи хурдсолӣ ба духтарон ёд диҳанд. Духтарон оҳиста-оҳиста дар натиҷаи ёддиҳӣ доир ба рафтори дуруст таҷрибаи муайян аз худ намоянд. Духтарон бояд ба намунаи ибрати модарон такя намуда, сифатҳои беҳтарини худро такмил диҳанд.
Таҷрибаи педагогикаи этникӣ ва халқӣ шаҳодат медиҳад, ки камолёбии духтарон ба фаъолияти меҳнатии онҳо алоқаи бевосита дорад. Меҳнати маишӣ дар оила, ҷалб намудани духтарон ба корҳои дӯзандагӣ, тайёр кардани намудҳои гуногуни хӯрок, хусусан шириниҳо, нигоҳубини хурдсолон на танҳо ба он кӯмак мерасонад, ки малакаҳои муайяни меҳнатӣ ҳосил намоянд, балки барои шуурона калоншавии онҳо мадад мерасонад.
Дар духтарони синни хурди мактабӣ шавқу ҳаваси шунидан ва хондани афсонаҳо боқӣ мемонад, аммо муносибат ба мазмуни онҳо тағйир меёбад. Духтарон оҳиста-оҳиста чизи бофта ва хаёлиро аз воқеият фарқ мекунанд. Бо вуҷуди ин онҳо ҳангоми бозӣ ба олами хаёлӣ дода шуда, нақши қаҳрамонони афсонавиро иҷро мекунанд. Олами хаёлӣ, ки дар афсона кушода мешавад, ба онҳо барои он ҳам мароқовар аст, ки дар он сабаби воқеӣ инъикос меёбад.
Ғайр аз ин, барои бачагони синни хурди мактабӣ бисёр афсонаҳои ҷолиб, аз қабили «Хурмачаи шӯлапазак», «Бибигамбусак», «Булбули саргашта», «Гунҷишк», «Духтари доно», «Подшоҳ ва духтари оҳангар», «Духтари ҷасур», «Духтари доно ва марди лаванд» (синфҳои II – IV) дар китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» гирд оварда шудаанд, ки онҳо ба ташаккули идрок ва ҳиссиёти эстетикии духтарон аҳамияти калон доранд.
Мамадносирова Моҳбегим - ассистенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

четверг, 28 августа 2014 г.

Илм он аст, ки ба маълуме раси.


Хушбахтӣ он аст, ки илмат афзун гардад ва ҳилмат зиёд шавад ва ба парастиши Парвардигор мубоҳот кунӣ ва агар некӣ кунӣ, шукри Худо ба ҷой оварӣ ва агар бадӣ кунӣ истиғфор кунӣ.
Илм, к-аз ту, туро бинастонад
Ҷаҳл аз он илм бувад бисёр.(Саноӣ)
Аввали илм шинохтан Аллоҳ таоло аст ва охири илм гузоштани ҳамаи амрҳои Аллоҳ аст.
Аз Имом Ҳасани Басрӣ (рз) ривоят расидааст, ки мефармояд: Ҳар инсоне, ки адаб надорад, ӯ илм надорад, ҳар инсоне сабр надорад, вай дин надорад ва ҳар нафаре, ки парҳез надорад, ӯ ба Аллоҳ таъоло қарибӣ надорад.
Ривоят аст, ки марде аз Банӣ Исроил барои таълими илм ба роҳ даромад. Иқдоми ин мард ба пайғамбари замонаш расиду ба сӯи он мард, нафареро фиристод ва наздаш хонд. Пайғамбар ба ӯ гуфт: Эй ҷавон, ман туро се хислат панд медиҳам, ки дар он илми аввалу охир дида мешавад: Аввал дар ғоибу ҳозир аз Офаридгор битарс, дуюм, забонро аз носазо гуфтани мардум нигоҳ дор, сеюм, ба ноне, ки хоҳӣ хӯрд назар бикун, ки аз ҳалол аст ё аз ҳаром. Чун мард ин суханҳоро аз пайғамбари Худо шунид, аз сафари хеш даст кашид.
Илм ва тафаккур гузаштаро дар ҳоли ҳозир месозад ва ояндаро мебинад.
Ҳар инсоне, ки адаб надорад, ӯ илм надорад, ҳар инсоне сабр надорад, вай дин надорад ва ҳар нафаре, ки парҳез надорад, ӯ ба Аллоҳ таъоло қарибӣ надорад.

Меваи имон чист? -Руза аст . Тухми имон чист ? -Илм аст . Камоли илм чист? -Сабр аст . Барги имон чист? -Таквост . МаFзи имон чист? -Дуъост . Бехи имон чист? -Ихлос аст . Ватани имон куjост? -Дил аст . Худованд имонро аз чй чиз офаридааст? -Аз нури зоти худ ва аз нуи Мухаммад Мустафо(с) ва аз нури анбиё алайхимус салом офаридааст. Ту дар имонй ё имон дар туст?- Ман бо имонам ва имон дар ман аст ва ман муъминам ва имон сифати ман аст.

вторник, 26 августа 2014 г.

ҶОНУ ДИЛИ МОДАР ФИДОИ ФАРЗАНД





Дили модар макони орзуҳост,
Дили модар васеъ чун сатҳи дунёст.
Агар фарзанд бувад бо ҳилму одоб,
Шавад шод гарчӣ шуд хуни дилаш об.
Агарчӣ шуху саркаш ҳастед ҳоло,
Агар гапношунав ҳастед ту лоло.
Умед дорам муваққат бошадат ин,
Ки дар тифлӣ бувад нозу таманно.
Бихоҳам ки шавед марди наҷибе,
Барои халқи худ гардед ҳабибе.
Умеду орзу дорам шабу рӯз,
Шавед олим ва ё гардед табибе.
Илоҳо ҳеҷ гаҳе бемор нагардед,
Ба назди дӯсту душман зор нагардед.
Ба ҳар ҷо бошед нусратёр бошед,
Ба гул бошед ҳамнишин бо хор нагардед.
Нишасту хез бо фарзонагон кунед,
На бо з-илму амал бегонагон кунед.
Бикунед сармашқи худ панди бузургон,
Ҳар он чӣ анбиё гуфтанд он кунед.
Худованди Раҳиму Карим илоҳо нури чашмон ,қуввати ҷисму ҷон фарзандони ҳамаи Модаронро дар панаҳи исмати покат нигоҳ дори ва ҳамеша бо дуои Модарон саодатманду пирӯзашон гардони ва дар ин қатор писарони ба ҷону дил баробари маро низ.Омин.

суббота, 23 августа 2014 г.

Зан ё фаришта

Зане,вале гуё фариштае.
Дар у низ мехри модари офарида шуда буд ва мисоли хар модаре фарзанд барояш чуноне,ки мегуянд гушаи чигар ва ё кисмате аз калбаш буд...
Аммо кори имон ачиб асту аз дасти инсон муъчизахо меофарад
Румайсоро агар "Муаллимаи бонувон дар фанни сабр" ё "Устози занон дар фанни икрому иззати шавхар" лакаб гузорем ба ин лакаб сазовор аст...
Агар хонум Румайсо дар асри мо буд ва ба имондориву Худоогохи шухрат пайдо менамуд чои ачаб набуд, вале дар миёни он хамахонумони бузург, дар асри бехтарин, миёни хамсарони сахоба, ки хама фозила буданд у тавонад чойгохи баландеро дар чашми Паёмбар(с) ва чумла ёронаш ноил гардад, ин дар хакикат тахсин гуфтанист...
Фазлу бузургии ин зан то инчо расид,ки дар шаънаш аз забони мубораки Паёмбар(с) он забоне,ки манбаъи хакикату хикмат буд башорат ба чаннат шунида шуд
Агар зане дар дунё кадам нихаду фиристодаи Худо, ки суханонаш аз чониби Худованд аст, гуяд аз ахли чаннат аст,магар ин шараф ва ифтихор лоики тахсин нест?!
Дар хадиси дигаре Паёмбар(с) аксари чаханнамиёнро занон гуфтанд, аммо иллати асли барои гирифтори азоб шудани онхо чизест,ки он рафтори бад дар Румайсо набуд, аз ин хотир бо аглаби занхо на, бал бо мукаррабону сиддикахо макоми абадаш чаннати човидон буд...
Фиристодаи Худо(с) боре фармуданд: (Дар сафари Меъроч)Вориди чаннат будам ва садои кадаме шунидам, гуфтам ки бошад,ки инчо кадам менихад, гуфтанд: Румайсо духтари Милхон аст.
Магар бештар аз ин саодате ва болотар аз ин маком, макоме хаст?
Румайсо зане буд,ки дар мактаби аввалини Ислом, назди нахустин ва бузургтарин Муаллим дарси тарбияи имони гирифта буд...
Вучудаш бо баракат буд, яке аз баракоташ ин буд,ки ходими Паёмбар(с) дар батни у офарида шуд ва дар огуши у ба воя расид, Анас,ки оламрр пур аз аходиси Паёмбар(с) намуд, хосили ин дарахти муборак аст...
Табиъист, агар навзод аз пистони покиза гизо гирад, фарзанди солеху пархезгоре мешавад, хубби Куръону Ислому Паёмбарро дар Анаси наврас аз модари сиддикааш ба у интикол ёфта буду аз модараш,ки муаллимаи рохи имону ирфон буд дарсохе дар олами худшиносиву худсози омухта буд, модараш,ки муштоку фидои Паёмбар(с) буд, Анас низ пеш аз дидору висол ошики дидори чамоли Хабиб(с)шуда буд...
Дар огози матлаб ба хисси модарии у ва ё сабру шавхардориаш ишора намудем, бале, аз ин хотир буд,ки сахнае аз сахнахои чолиби таърихи шавхардориро ва сабри модариро тасвир кардани будем,ки фазлу бузургии Румайсо моро нагузошт,ки дар бораи шахсияташ ногуфта гузарем, катрае аз бахри фазоилашро баён намудем,ки тавсифу баёни он сахнаи чолибро ба вакти дигаре мегузорем...*Иброҳими Сайнуриддин

понедельник, 18 августа 2014 г.

ЗИНДАГИИ ҚАЛБ БО ИМОН АСТ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло моро офарида ва дар рӯи замин барои сукунат кардан имкон додааст, то як вазифаи бузургеро анҷом дода бошем, ки он иҷро намудани бандагии Аллоҳ таъоло аст.
"Ва ман ҷину инсро танҳо барои ибодати худам офаридаам". Қуръон. Сураи Зориёт, ояти 56.
Ин бандагӣ ҳақиқате дорад, ки бояд исбот карда шавад. Ва бар асоси он ҳақиқат лозим аст инсон дар фазои он бандагӣ умр ба сар барад ва осори бандагӣ дар рафтору гуфтор ва муомилоту муносибатҳояш зоҳир гардад.

Бандагии Аллоҳ таъоло маънояш варшикастагӣ, хоксорӣ, тасмили комил шудан ба Аллоҳ таъоло, итоати амрҳои Ӯро намудан, бардавом аз Ӯ тарсидан, эҳсоси эҳтиёҷмандии мутлақ ба он доштан ва муҳтоҷии комилро ба Ӯ эҳсос кардан аст. Бинобар ин аз Ӯ таъоло бардавом талабу дархост намудан, ба ӯ эҳтиёҷмандии худро изҳор кардан, бар ӯ таваккул намудан, холисона ва бо муҳаббати Ӯ таъоло ба тарафаш таваҷҷӯҳ кардан ва баргузидани ончӣ ӯ дуст медорад ва ҳар чизеро, ки хушнӯдии Ӯ таъоло дар он аст, мебошад. То ин ҳама дар рафтори инсон намудор гардад ва дар натиҷа ҳама диққати андешаи ӯ анҷом додани он ҷизҳое бошад, ки мавлояшро розӣ месозад ва ба сабаби он амалҳо раҳмату фазл ва подошеашро, ки барои бандагони муттақиаш ваъда додааст, ба худ ҷалб менамояд. Аз ин ҷиҳат саъю кӯшиши ӯ барои анҷоми ҳар коре, ки ба ҷаннат наздикаш месозад ва аз оташи дӯзах дураш мегардонад, зиёда мешавад.
Бандагии ҳақиқӣ ин ғолиб омадани имон дар қалби инсон ва шуъури ӯ мебошад. Яъне вақте, ки имон тамоми қалби ӯро фаро гирифт ва дар шуъураш танҳо ин имон ҷой дошта бошад, ки дар он дигар чизе вуҷуд надошта бошад, ин ҳолатро бандагии ҳақиқӣ метавон номид. Ин инсон дигар дустдориаш ба Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро маҳбубтарин чизҳо медонад ва тарси ӯ аз Аллоҳ таъоло тарсноктарин чизҳо хоҳад шуд.
Ин аст, ки дигар танҳо ба Худованд итминон дорад ва ба Ӯ таъоло бовар мекунад ва ба қудрати беинтиҳо ва қурбу наздикии Ӯ таъоло ва илм доштанаш ва иҳота карданаш ба ҳами чиз бовар мекунад ва бар он такя менамояд. Бинобар ин бар Ӯ таваккул мекунад ва тақвои Ӯро пеш мегирад, дӯсташ медорад ва муштоқи Ӯ таъоло мебошад.
Бар Аллоҳ таъоло таваккул намудан, дӯсташ доштан ва аз Ӯ тарсидан, инҳо далел бар қуввати имон ва қуввати бандагиаш ба Аллоҳ таъоло мебошад:
-         "Ва бар Худованд таваккул кунед, агар имондор бошед" Сураи Моида. Ояти: 23.
-         "Пас Худованд ҳақноктар аст, ки аз Он битарсед, агар имондор бошед" Сураи Тавба. Ояти: 13.
-         "Ва тақвои Аллоҳро пеша бигиред, агар имондор бошед" Сураи Моида. Ояти: 57.
Ба кадом андозае, ки имон дар қалби инсон ҷой гирифт, рафтори инсон мутобиқ ба ҳамон андоза хуб мешавад. Аз ин ҷиҳат аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: "Огоҳ бошед, ки дар ҷасад як гӯштпорае аст, ки агар дуруст шавад, тамоми ҷасад дуруст мешавад ва агар вайрон шавад тамоми ҷасад вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он қалб аст" Муттафақун алайҳ.
Имон ин ангезае барои истиқомат варзидан ва рафтори дуруст доштан аст.
"Ва ҳеч марди муъмин ва зани муъминро нарасад, ҳангоме, ки Худо ва Паёмбараш кореро ҳукм кунад, он ки онҳо дар корашон ихтиёре бошад" Сураи Аҳзоб. Ояти: 36. Яъне дар баробари амри илоҳӣ ва паёмбараш дар ҳар коре набошад, дигар марду зани муъмин ихтиёре надоранд, ҷуз амри онҳоро барои иҷро намудан ихтиёр кардан.
"Ва Худо ва расулашро итоат кунед, агар имондор бошед" Сураи Анфол. Ояти: 1.
"(Ҳукм) ин аст ва касе ки шаъоири илоҳиро бузург дорад, пас бегумон ин (кор) аз тақвои қалбҳо аст" Сураи Ҳаҷ.  Ояти: 32.