вторник, 22 июля 2014 г.

Шаммае аз Шаби қадр: фазилатҳо ва аломатҳо


Худованд уммати Муҳаммад (с)-ро бо чанд хусусияте ва фазилатҳое махсус гардонид, ки дар дигар умматҳо набудааст. Аз ҷумлаи ин хусусят ва фазилатҳо ин аст, ки вақте умрҳои фарзандони ин умматро кам намуд дар ивази он барояшон вақтҳои ниҳоят гаронбаҳоро дод. Аз ҷумлаи ин вақтҳо моҳи шарифи Рамазон аст. Ҳасанот дар ин моҳ дучанд мешаванд. Балки аз карами Худованди мутаъол ба ин уммат шаберо дар ин моҳ шаби бузург ва дорои қадр барояшон гардонид. Ин шаб шаби қадр аст. Ибодат карданро дар ин шаб аз ҳазор моҳ беҳтар қарор додааст, ки ҳазор моҳ ҳаштоду се сол ва чанд моҳ мешавад, яъне ибодати якшабаи инсон аз ин адади рӯзу шабҳо дар назди Худованд ва мизони аҷру подошаш, беҳтар аст.
Донишмандон дар мавриди сабаби шаби қадр номидани ин шаб чанд иллатро зикр кардаанд.

Баъзе аз онҳо гуфтаанд: Аз он ҷиҳат "шаби қадр" номида шудааст, ки он дар назди Худованди мутаъол дорои қадру манзалати бузург мебошад.
Ва низ гуфтаанд: Зеро дар он шаб ончӣ дар он сол хоҳад шуд, муқаддар мегардад. Худованди мутаъол фармудааст: "Дар он шаб ҳар амри боҳикмат файсала (ва тадбир) мешавад" Сураи Духон:4.
Ва гуфта шуда, ки: Дар он шаб малоики соҳиби қадру манзалат фуруд меоянд.
Ва гуфта шуда, ки: Зеро, ки дар он шаб Китоби соҳиби қадр, ба воситаи фариштаи соҳиби қадр, бар Расули соҳиби қадр ва ба уммати дорои қадр, нозил шудааст.
Ва гуфта шуда, ки: Зеро тоату ибодатҳо дар он шаб қадри бузург доранд.
Ва гуфта шудааст: Зеро касе онро барпой дорад ва шабзиндадорӣ кунад, соҳиби қадр мегардад.
Монеъае нест, ки маънои шаби қадрро ба ҳамаи ин маъноҳо ҳамл намуд ва маънидод кард, яъне метавонад дорои ҳамаи ин маъноҳо ва шояд аз ин ҳам бештар бошад. Валлоҳу аълам.
Зикри фазилати шаби қадр ва бартариҳои он дар Китоб ва Суннат:
Аввал: Худованд дар он сураи комилеро нозил кард, ки он сураи ал-Қадр мебошад. Ва баёни ин ки амалҳо дар он шаб беҳтар аз амалҳои ҳазор моҳ дар ғайри ин моҳ мебошанд.
Дуввум: Худованд дар он Қуръонро аз Лавҳи маҳфуз ба осмони дунё фуруд овард.
Саввум: Шаъни ин шабро Худованд бузург гардонид, дар ҷое, ки фармудааст: "Ва мо адрока мо лайлату-л-қадри" (Ту чӣ дони, ки шаби қадр чист?).
Чаҳорум: Он аз ҳазор моҳ беҳтар аст ё аз ончӣ аз ҳаштоду се сол бештар буда.
Панҷум: Малоика дар он фуруд меоянд. Малоика бошад ҷуз ба хайру баракат ва раҳмат нозил намешавад.
Шашум: Он солим ва салом аст аз ҷиҳати зиёд будани саломатӣ аз иқобу азоб дар он шаб.
Ҳафтум: Касе ин шабро аз рӯи имондорӣ ва интизории подош дар охират зинда бидорад, барояш ончӣ аз гуноҳон гузаштааст, мағфират карда мешавад. Аз Абу Ҳурайра (р) ривоят шуда, аз Расулуллоҳ (с), ки гуфт: "Касе шаби қадрро аз рӯи имондорӣ ва интизории подош дар назди Худованд, барпо намуда бошад, барояш ончӣ аз гуноҳон гузашта мағфират мешавад" ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз ин ҷиҳат буда, ки Расулуллоҳ (с) дар ҷустуҷӯи  он кушиш мекард, балки дар хонадони нубувват дар даҳ рӯзи ахир аз моҳи рамазон, ҳамлаи умумиро эълон менамуд, аз ҷиҳат тамаъ доштанаш ба комёб шудан ба шаби қадр. Модари муъминон Оиша (р) ривоят карда гуфтааст: "Вақте даҳ (-и ахири рамазон) медаромад, шабро зинда медошт ва аҳлашро бедор мекард ва (дар ибодат намудан) кушиш мекард ва банди миёнашро муҳкам мебаст". Ривояти Бухорӣ, Муслим ва ин лафзи Муслим аст. Аммо мусалмонҳо имрӯз, ки мо ва онҳоро Худованд ҳидоят кунад, чунин ба назар мерасад, ки вақте даҳи ахири рамазон даромад, дар қалби баъзеи онҳо заъфу нотавонӣ ҷой мегирад, фаъол буданаш кам мешавад, ҳимматаш суст мегардад, балки баъзеи онҳоро мебини, ки ба зану фарзандон ба бозорҳо ҳамла меоваранд, то талаботҳои идиро харидорӣ намоянд.
Ин шаб, дустони азиз, танҳо дар моҳи рамазон аст. Зеро Худованди мутаъол дар он Қуръонро нозил кардааст ва хабар додааст, ки фуруд омаданаш дар моҳи рамазон будааст. Худованди мутаъол фармудаанд: "Ҳамоно мо онро дар шаби қадр нозил кардем" ва боз Худованди мутаъол фармудааст: "Моҳи рамазон, ки дар он Қуръон нозил шудааст". Ва он дар даҳи ахир мутааккидтар аст, махсусан дар рӯзҳои  тоқи он ва умедвортарини онҳо шаби бисту ҳафтум мебошад. Саҳобии бузург Убай ибни Каъб (р): қасам мехурад, ки он шаби бисту ҳафтум аст. Ҳамчуноне, ки аз ӯ хабар расида, ки барояш гуфта шуд: Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мегуяд: Касе тамоми солро барпо дошт шаби қадрро дармеёбад. Убай (р) гуфт: "Савгад ба Худое, ки Илоҳе ҷуз Ӯ нест, ҳамоно он дар моҳи рамазон аст, савганд мехурад ва истисно намекунад. Ва савганд ба Худо, ки ман медонам он кадом шаб аст, он шабе аст, ки моро Расулуллоҳ (с) фармоиш дод, ки шабашро барпо дорем он шабест, ки субҳи  он бисту ҳамфут аст. Ва аз аломатҳои он ин аст, ки офтоб дар субҳи ҳамон рӯз сафеде мебарояд, ки бешуъоъ (бешуъла) аст". Муслим.
Бинобар ин бар ҳамаи мо лозим аст, ки бар ҷустуҷӯи шаби қадр дар ин шабҳои даҳаи ахир, бисёр ҳарис бошем ва дар он тиловати Қуръонро бештар намоем ва дар шаб намоз хондан дар ҳоле, ки мардум дар хоб мебошанд ва ин ки хешовандонро пайвандӣ намуда зиёрат кунем ва аз дилҳоямон кина ва кудурате буда дур намоем ва садақа карданро бештар намоем, Парвардигори азза ва ҷалларо дуъо кунем ва аз Ӯ бахшиши гуноҳонро талаб намоем ва ин ки аҳли Исломро иззату каромат бидиҳад ва ин ки дар вақти дуъо кардан ба сӯи Худованди мутаъол исрор варзем ва дуъояшро бештар намоем. Махсусан ин дуъоро, ки Расулуллоҳ (с) худаш барои мо онро таълим додааст: "Эй бори Худоё ҳамоно ту бахшандаи, бахшиш карданро дуст медори, пас маро бибахш". Чигунае, ки ин аз ҳадис модари муъминон Оиша (р) ривоят шудааст, ки ба Паёмбар (с) гуфт: Ба ман хабар деҳ, ки агар дар шаби қадр истодам, дар он чӣ мегуям? Гуфт: "Бигу: Эй бори Худоё, ҳамоно ту бахшандаи, бахшоишро дуст медори, пам маро бибахш". Тирмизӣ. Аллоҳумма иннака ъафуввун туҳиббул ъафва фаъфу ъаннӣ.
Аломатҳои шаби қадр
Шаби қадр барои худ аломатҳо дорад. Баъзеи ин аломатҳо ҳамдуши шабанд ва баъзеаш баъди он шаб аз пушташ мерасанд.
Аз ҷумлаи аломатҳое, ки ҳамдуши он шаб аст, яъне ки дар аснои шаб мебошанд инҳоянд:
1. Қуввати равшанӣ ва нур дар он шаб. Ин аломате аст, ки дар вақти ҳозир танҳо касе метавонад онро эҳсос намояд, ки дар даштҳо ва деҳот дур аз нурҳои барқӣ бошад.
2. Итминону оромиш: Яъне оромиши қалбӣ ва кушодагии синаи муъминон. Ӯ дар шаби қадр як роҳат, оромиш ва кушодагиеро дар синааш пайдо мекунад, ки аз шабҳои дигар дида  бештар аст.
3. Бодҳо дар он шаб ором мебошанд. Дар он шаб тундбод ва боди сахти шикананда намебошад, балки фазо ва ҳаво муносибу хуб мебошанд.
4. Гоҳо мешавад, ки Худованд инсонеро дар хобаш ин шабро нишон медиҳад, ҳамчуноне, ки барои баъзе аз асҳоби киром рух дода буд.
5. Инсон дар барпо доштани он шаб лаззатеро пайдо мекунад, ки аз ончӣ дар шабҳои дигар аст, бештар мебошад.
Аломатҳое, ки баъди шаб аз пуштар меоянд:
1. Офтоб дар субҳи он рӯз мебарояд дар ҳоле, ки шуъоъ надорад. Соф мебошад, на ҳамчун ҳолатҳои одатӣ дар дигар рӯзҳо. Ба ин гуфта ҳадиси Убай ибни Каъб (р) далолат мекунад, ки гуфт: Расулуллоҳ (с) ба мо хабар дод: "Ки он (офтоб) дар он рӯз мебарояд, дар ҳоле ки шуъоъ надорад". Ривояти Муслим.
Ин буд чанд фазилат ва аломати шаби қадр. Инсон бояд ин фурсатҳоро ғанимат бидорад ва бо шавқу завқ онҳоро пешвоз бигирад ва аз он истифода намояд, зеро мо абадӣ нестем ва намедонем то рамазони дигар ҳаёт дорем ё не. Бинобар ин аз ин лаҳзаҳои тиллоӣ истифода намудан ин айни хирад ва боақлии инсон аст. Вале касе аз ин лаҳзаҳо истифода накард ва дар хобу хур ва тамошои дигар чизҳое, ки ба ибодат алоқа надоранд вақташро гузаронид, дар ҳақиқат хирадро ба кор  набурдааст ва худро аз неъматҳои бузурги Худованд маҳрум намудааст, ки ин неъматҳоро ба ин сурат дар дигар моҳҳо пайдо намекунад. Ҳар инсон худаш бояд ин лаҳазотро ғанимат бидонад ва дигаронро барои истифода аз ин чанд лаҳзаи ҳаёт ташвиқ кунад. Агар дид, ки касе баръакс вақти онро дар ин чанд лаҳза бо гапу кори беҳуда мегирад, дарҳол роҳи раҳоии худро пайдо кунад ва ба алоқамандии Худованд худро бизанад.
Аз Худованди бузург талаб мекунем, ки мо ва шуморо аз ҷумлаи касоне, ки ба ҷаннатҳо ва ҳурони нексурат ва назар кардан ба Малики Даён, комёб мешаванд, пируз бигардонад. Раббано отино фиддунё ҳасанат ва филохирати ҳасанат ва қино азобаннор. Аллоҳумма иннака ъафувву, туҳиббул ъафва фаъфу ъаннӣ.

Корҳое, ки дар даҳи ахири рамазон анҷом дода мешаванд.


Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Бародарон ва хоҳарони исломӣ! Мавзуъи суҳбати мо дар ин чанд лаҳза дар баёни амалҳои даҳи ахири рамазон хоҳад буд.
Даҳ рӯзи охири рамазон дар назди Расулуллоҳ (с) ва асҳоби киромаш (р) аҳамияти ниҳоят хосса доштанд. Дар ин рӯзҳо равиши махсусеро пеш мегирифтанд. Дар ин лаҳзаҳои ахирро ба тоату ибодат намудан, намози қиёму зикр кардан ниҳоят як ҳирсу хоҳиши сахт доштанд. Мо ҳам аз фурсатҳо ва соату дақиқаҳои боқимонда истифода намуда, бар муҳимтарин амалҳое, ки бар онҳо ҳирси сахт доштанд, ошно шавем ва дар баробари ин лозим аст, ки мо низ дар амал кардан ба онҳо пайравӣ намоем.
Пеш аз ин ки ба баёни амалҳо гузарем, мехостам ба як масъала аҳамияти хосса бидиҳем. Мо, алҳамду лиллоҳ, худро мусалмон медонем ва ин барои мо аз ҳама неъматҳои дунё болотар аст. Мусалмон яъне касе, ки ба дини Ислом гаравида, бовар карда ба мутобиқи он ҳаёташро мехоҳад гузаронад. Роҳе, ки бояд инсон онро дар асоси Ислом тай намояд, алҳамду лиллоҳ дар Китоби Худованд ва Суннати Расулуллоҳ (с) маҳфуз мондааст. Вале на ҳамаи мо метавонад мустақиман аз Китоб ва Суннати Расуллоҳ (с) истифода намояд. Барои амалӣ шудани ин кор Худованд як тоифа мардумро машғули омузиш ва омузондани мардум гардонидааст, ки онҳо олимон ва донишмандони ин уммат мебошанд. Мо барои ҳаёти худро дуруст ба роҳ мондан лозим аст, ки тибқи Қуръон ва Суннат қадам занем. Вале барои мукаммал шудан ва дуруст будани роҳи рафтаи худ мутобиқи Ислом лозим меояд, ки ба ҳаёти Расулуллоҳ (с) ва саҳобаҳои киром ошно шавем ва бубинем, ки онҳо Исломро чигуна дарк карданд, чигуна онҳо ба ин оятҳо ва аҳодис амал мекарданд? Қалби онҳо нисбат ба ин масъалаҳо чигуна метапид? Забони онҳо чигуна ин иршодотро ба анҷом медод? Чашмони онҳо чӣ ҳолат доштанд? Ё умуман вуҷуди онҳо чигуна бо ин гуфтаҳо сарукор дошт. Зеро имрӯз чунин нашавад, ки ҳама корро инсон анҷом диҳад, вале фардо барояш маълум гардад, ки Ислом анҷоми ин корро дигар намуд талаб мекард, вале ту ба шакле анҷом додаи, ки Худованд онро қабул наменамояд, мисли се нафари аввале, ки ба оташи дузах андохта мешаванд ва онҳо ҳам яке соҳиби қуввату шаҷоат буд ва ба шаҳодат расида буд ба назари худаш ва дигаре аз молаш хайри зиёд мекард ва саввумаш илм омухта ва дигаронро меомузонд. Вале чун дар як масъала онҳо натавонистанд худро дуруст намоянд ҳама ин корҳои анҷом додаашон дар назди Худованд қиммат пайдо накард. Он масъала ин буд, ки инсон ҳар кореро ки анҷом медиҳад, агар барои Аллоҳ таъоло холис набошад, ба ин сурат, ки кореро анҷоме медиҳад барои мардум айбаш нагиранд ва амсоли инҳо бошад, дар назди Худованди мутаъол ин амалҳо қиммате надорад, балки баръакс дарди сараш мешаванд. Бинобар ин мо ҳам рӯза медорем, вале бояд бубинем, ки Расулуллоҳ (с) ва шогирдону талабаҳое, ки аз мадрасаи ӯ баромадаанд, яъне саҳобаҳои киром (р) чигуна рӯза мегирифтанд? Барои онҳо чӣ чиз зиёд аҳамият дошт? Онҳо ин амалҳоро ба кадом сурат анҷом медоданд? Бояд ин умур мисли онеки онҳо анҷом доданд анҷом гирад, зеро беҳтарин касе, ки ин динро фаҳмида ва ба он амал намудааст ин шогирдони мактаби Расулуллоҳ (с) буданд, ки онҳоро беҳтарин таълим додааст. Ва дар ин маврид гуфтааст, ки: “Беҳтарин аср асри ман аст, сипас касоне ки баъди онҳо меоянд, сипас касоне ки баъди онҳо меоянд, сипас дуруғ паҳн мешавад”. Ва Расулуллоҳ (с) гуфтааст: “... касе онҳоро дӯст дошт ба дӯст доштани ман онҳоро дӯст доштааст ва касе онҳоро бад дид ба бад дидани ман онҳоро бад дидааст ва касе онҳоро озор ва азият дод маро озор ва азият додааст ва касе маро озору азият дода бошад, Худовандро озор ва азият додааст. Ва касе Худовандро озор додааст, қариб аст, ки онҳоро ба азоб гирифтор кунад”. Аз ҷиҳати дуруст шудани амалҳо ва ба сурати лоиқ анҷом гирифтанашон бо ин сурат ба онҳо бархурд намуда аз онҳо омузиш намуда амал намоем. Мегузарем ба амалҳое, ки дар даҳ рӯзи ахири рамазон Расулуллоҳ (с) ва саҳобагони киромаш (р) ба онҳо аҳамияти хоса медоданд ва чигуна онҳоро анҷом додаанд?
1. Муҳимтарин ин амалҳо: Шабзиндадорӣ кардан, яъне шабро ба гузоридани намоз сипарӣ намудан. Дар саҳеҳайн собит шудааст, аз модари муъминон Оиша (р), ки Расулуллоҳ (с) вақте  даҳаи ахири рамазон ворид мешуд, шабро зинда медошт ва аҳлашро бедор мекард ва миёнбандашро муҳкам мебаст. Маънои ин ки шабро зинда медошт ин аст, ки: Ҳангоми шаб ғарқи намоз хондан, зикр кардан, Қуръон хондан ва дуо кардан ва ғайри инҳо буд.  Дар китоби Насоӣ аз модарамон Оиша (р) омадааст, ки гуфта: “Ман Расулуллоҳ (с)-ро намедонам (яъне ёд надорам ва надидаам), ки дар як шаб тамоми Қуръонро хонда бошад ва на шабро то субҳ зинда дошта бошад ва на моҳеро комил рӯза гирифта бошад ҳаргиз, ба ғайр аз рамазон” яъне танҳо рамазонро комилан гирифтааст, дигар моҳеро комилан рӯза надоштаанд. Пас аз ин ҷо маълум мегардад, ки зинда доштани шаб дар рамазон ва ғайри он мақсад барпо доштани бештари шаб аст на ҳамаи он. Вале мутобиқи баъзе роҳҳои ривояти аҳодиси дигар, эҳтимол дорад, ки ҳамаи шабро зинда медошт.
2. Аз амалҳои бузург дар ин даҳаи ахир: Бедор кардани аҳлу хонавода, аз тарафи роҳбари оила аст, барои намоз гузоридан.
Аз равиши Расулуллоҳ (с) дар ин даҳа ин буда, ки аҳлашро барои намоз гузоридан бедор мекард, ҳамчуноне ки дар Бухорӣ аз модарамон Оиша (р) ривоят шудааст. Ин ҳам аз ҳирсу хоҳиши сахти Расулуллоҳ (с) буда, бар ин ки аҳлаш фазилатҳои шабҳои ин моҳи каримро дарк намоянд. Зеро танҳо ба ин тамом намешавад, ки худаш амал кунад ва аҳлашро гузорад, ки хоб кунанд, ҳамчуное ки баъзе мардумон инро анҷом медиҳанд. Шаке нест, ки ин рафтор хато ва тақсири (кутоҳии) ошкор мебошад.
3. Аз амалҳои даҳаи ахири ин моҳ ин аст, ки чун он ворид шуд, миёнбандашро мустаҳкам мебаст. Ҳамчуноне ки дар саҳеҳайн омадааст. Маънои ин кирдори Расулуллоҳ (с) чунин аст, ки дар ин даҳаи ахир аз ҳамсарон дур мешавад ва ба тоату ибодат машғул мешавад. Ин аз он ҷиҳат аст, ки то нафс аз кудуратҳо, ғашиҳо, кинаҳо ва ончӣ инсон иштиҳову хоҳиши онро дорад, софу покиза шавад. Дар натиҷа, барои баландмартабагӣ ва олигии қалб ба меъроҷҳои қабул наздиктар ва барои нафс ҷиҳати ҳамдуши фазои малоикӣ будани он поктар мебошад. Ин чизе аст, ки барои равандаи роҳ лозим аст, то анҷомаш диҳад.
4. Аз ҷумлаи умуре, ки дар даҳи ахир ниҳоят бояд ҳарис буд ин: Дар масҷид эътикоф нишастан аст. Дар он масҷиде ки намоз мегузорад. Аз равишу роҳи Расулуллоҳ (с) ин буда, ки ҳамеша дар даҳи ахир эътикоф менишаст, то он замон ки Худованд ӯро ба назди худ хонд, ҳамчуноне ки дар саҳеҳайн аз модари муъминон Оиша (р) ривоят шудааст.
Инчунин аст, ки дар ин даҳае, ки эътикоф менишастанд, дар он шаби қадрро талабу ҷустуҷӯ мекард, то аз дигар корҳояш худро қатъ карда бошад ва барои шабҳои он даҳ рӯз худро фориғ намуда бошад ва барои муноҷоти Парвардигораш ва зикру дуои он бо худ танҳо монда бошад. Ӯ худро бо бурёе монеъа мекард, то дар он аз мардум танҳо бошад, бо онҳо омезиш накунад ва ба онҳо машғул нашавад.
Дар Бухорӣ ривоят шудааст, ки дар соле, ки Расулуллоҳ (с) вафот карданд бист рӯз эътикоф нишастанд.
Имом аз-Зуҳрӣ (раҳ) мефармояд: “Кори мусалмонҳо тааҷҷубовар аст. Эътикофро тарк кардаанд, бо вуҷуди онки Паёмбар (с) аз вақте, ки ба Мадина омад, то вақте ки Худованди азза ва ҷалла қабзаш кунад, таркаш нанамуданд”.
Аз асрори эътикоф ин аст, ки: Сафои қалб ва руҳ ҳосил мешавад. Ба ёд дошта бошем, ки мадори ҳама амалҳо бар қалб вобаста мебошад, ҳамчуноне ки дар ҳадис омадааст: “Огоҳ бошед, ки дар ҷасад гуштпорае аст, ки агар ислоҳ шавад тамоми ҷасад ислоҳ мешавад ва агар фосиду вайрон шавад тамоми ҷасад фосиду вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он қалб аст”.
Ҳамчуноне, ки рӯза доштан барои қалб аз ҳалокатгоҳҳои машғулкунандаи шаҳвонӣ виқоя ва ҳимояе аз хурдани бештар, нушидани бештар ва ҳамхобагии бештар аст, инчунин эътикоф сирри бузургеро дар худ дорад. Он ҳимоят намудани банда аст аз таъсироти суҳбати бештар намудан, каломи бештар гуфтан ва бештар хоб рафтан ва ғайри инҳо аз умури машғулкунандае, ки кори қалбро пароканда мекунад ва ба тоати Худованд ҷамъ омаданашро вайрон менамояд.
Як масъалае, ки лозим аст ин ҷо зикр шавад ва огоҳие низ бошад, ин аст ки бештари мардумон чунин эътиқод доранд, ки эътикофи инсон дуруст намешавад, магар ин ки агар ҳамаи даҳ рӯз ва шабҳои онро эътикоф нанишинад. Ва баъзеи дигар чунин ақида доранд, ки бояд дар масҷид дар тули рӯз ва шабҳои даҳ рӯз бимонад, вагарна эътикофаш дуруст намешавад. Ин дуруст нест. Чунки эътикоф агарчӣ суннат дар он ҳамаи даҳ рӯзро нишастан аст, магар ин ки баъзеи рӯзҳои даҳгонаро низ нишастан, баробар аст, ки рӯзҳояш бошад ё шабҳояш, дуруст мешавад. Ҳамчуноне ки агар корҳое дошта бошад, ки ӯро аз эътикофаш мебурида бошад, дуруст аст, ки инсон як ҷузъе аз вақтро чи аз шаб ё рӯз бошад, бинишинад. Агар масалан барои кори муҳиме ё барои адои вазифае баромад, вақте баргашт нияти эътикофашро таҷдид мекунад. Зеро дар даҳи ахир эътикоф нишастан суннат аст, аммо агар эътикофи воҷиб бошад, монанди ин ки назр намуда, ки эътикоф биистад, дар ин сурат бо баромаданаш аз масҷид бе ҳоҷати инсонӣ аз ҳоҷатхона рафтан ва ончӣ дар ин маъно мебошад, ботил мешавад.
5. Аз муҳимтарин амалҳо дар ин моҳ ва дар ин даҳаи ахир махсусан, тиловати Қуръони карим кардан аст. Вале он бояд бо тадаббуру андеша, фурӯтанӣ ва эътибор додани маъноҳои он аз амрҳо ва наҳйҳояш бошад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло фармуданд: “Моҳи рамазоне, ки дарон Қуръон нозил шудааст. Китобе, ки ҳидоят барои мардум аст ва (дарбардорандаи) нишонаҳо ва далоили ошкор ва равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст...” Сураи Бақара: 185.
Расулуллоҳ (с) ба фазилати тиловат намудани Қуръон ишора намуда гуфтааст: “Қуръонро бихонед, ҳамоно барои шумо дар баробари ҳар ҳарф ҳасанае аст ва як ҳасана даҳ баробараш мебошад, аммо ман намегуям, ки алиф лом мим як ҳарф аст, валекин алиф ҳарфе аст, лом ҳарфе аст ва мим ҳарфе аст” Тирмизӣ (раҳ) ривоят кардааст ва иснодаш саҳеҳ аст.
Инчунин Паёмбар (с) хабар дода, ки Қуръон аз ҷои соҳибаш дар рӯзи арзи бузург муҷодала намуда ҳуҷҷат меорад. “Дар рӯзи қиёмат Қуръон ва аҳли онро, ки дар дунё ба он амал мекарданд, оварда мешаванд, пешо-пеши он сураи Бақара ва Оли Имрон меояд, ки барои дифоъ аз соҳибашон муҷодала мекунанд” Муслим.
Гузаштагони бузургу шоистаи мо бар хондани Қуръон ниҳоят ҳарис буданд, махсусан дар моҳи рамазон. Асвад ибни Язид (р) Мусҳафро дар шаш шаб хатм мекард. Чун рамазон дохил мешуд, дар ҳар се шаб онро хатм мекард. Ва вақте даҳи ахир медаромад дар ҳар шаб як маротиба онро хатм мекард. Имом Абу Ҳанифа ва имом Шофеъӣ (р) низ ривоят шуда, ки дар як шаб онро хатм мекарданд.
Ҳофиз ибни Раҷаб (раҳ) дар мавриди наҳйе, ки дар камтар аз се рӯз омадааст, чунин назарро баён намудааст, ки ин наҳй дар хатми Қуръон дар камтар аз се рӯз дар ҳоле аст, ки агар одат шавад, аммо дар маконҳои дорои фазилат мисли Макка барои касе ки дар он дохил мешавад ё дар замонҳои фазилат дошта мисли моҳи рамазон ва даҳи ахири он, макруҳ намебошад. Гузаштагони шоистаи мо бар ин сурат амал кардаанд.
Ин буд шаммае аз дастурот ва равиши Расулуллоҳ (с) ва саҳобагони киромаш (р) дар моҳи рамазон ва махсусан дар даҳаи ахири рамазон. Бубинед, чигуна шавқ доштанд ва чигуна барои анҷоми ин амалҳо вақт пайдо мекарданд, аниқтараш вақт ҷудо мекарданд. Як чизро ба инобат бояд гирифт, ки онҳо инсонҳои солеҳ буданд, бо вуҷуди он ин қадар ба тоату ибодат ҳарис буданд. Вале дар замони мо бошад, дараҷаи мардуми ин замон дар тақво ва салоҳ бо вуҷуде, ки ба онҳо намерасад, дар тоату ибодатҳо камтар аз онҳо рағбат доранд. Чаро? Ин суоле аст, ки ҳар инсон бояд ба худаш онро диҳад ва ҷавобашро бигирад. Оё мо мисли онҳо ба тоату ибодат ниёз надорем? Ё мо вақти кам дорем? Оё вақти худро дар ҳаёт аз онҳо беҳтар мегузаронем? Ҳамаи инҳоро лозим меояд андеша намоем ва роҳи дурустеро, ки онҳо рафтаанд мо интихоб намоем.
Аз Худованди мутаъол дуо мекунем, ки моро ба тоаташ муваффақ гардонад ва дар роҳи ризояташ истеъмол намояд ва моро бо роҳи солеҳон бибарад ва хотимаи амри моро нек гардонад ва аз мо амалҳои солеҳро қабул фармояд, ки ҳамоно Ӯ ҷаводу карим аст.

вторник, 15 июля 2014 г.

АҲКОМИ ЗИНАТИ БОНУВОН

Дар ин мақола масъалаҳое, ки марбут ба зинати бонувон аст ҷамъовари кардам то хоҳарону модарон аз аҳкоми он бо хабар шаванд. Аз Худо масъалат дорам ин навиштаро холис барои худаш гардонад ва мавриди манфаъати мусалмонон қарор диҳад.
ҲУКМИ КУТОҲ КАРДАНИ МУЙИ САР 
Кутоҳ кардани муй барои зинату зебои ё сабук кардани машаққати шустушу ва ғайра, ҷоиз аст. Ба шарте, ки ба ҳадди ташаббуҳ ва монанди ба мардон  нарасад ва ё зан қасди ташаббуҳ ба занони кофирро надошта бошад. Зеро Паёмбар алайҳиссалом дар ҳадиси саҳеҳ занонеро, ки худро ба мардон ташбиҳ мекунанд лаънат кардаанд. Инчунин дар ҳадиси дигар мегуянд:”Ҳарки худро ба қавме ташбиҳ кунад пас у аз ҷумлаи он қавм аст.” Ривояти Абудовуд.  Агар кутоҳ кардани муй аз ин ду амали мамнуъ холӣ бошад пас кутоҳ кардани он ҷоиз аст. Зеро дар шариъат аз он манъ наомадааст. Балки дар Саҳеҳи Муслим аз Абусалама Ибни Абдурраҳмон омадааст, ки занони Паёмбар алайҳиссалом муйҳои худро то нармии гуш кутоҳ мекарданд. Шориҳон мегуянд: Занони Паёмбар алайҳиссалом муйҳои худро баъди вафоти ҳазрат кутоҳ карда буданд. Инчунин аз ин ҳадис маълум шуд, ки кутоҳ кардани муй барои зан то нармии гуш ҷоиз аст. Аммо аз нармии гуш зиёдтар кутоҳ кардан ҷоиз нест ва дар ташаббуҳ ба мардон дохил мешавад. 
ҲУКМИ ТАРОШИДАНИ МУЙИ САР БАРОИ ЗАН
 Тарошидани муйи сар барои зан ҷоиз нест, балки баъзе аз уламо ин амалро ҳаром гуфтаанд. Хусусан агар мақсад аз тарошидани муй ташаббуҳ ба мардон ё занҳои фосиқ бошад пас ба иттифоқ ҳаром аст. Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар алайҳиссалом занро аз тарошидани муйи сараш наҳй кардаанд. Ривояти Тирмизӣ. 
ҲУКМИ ГУЗОШТАНИ МУЙИ МАСНУЪӢ (ПАРИК) БАР САР ВА ВАСЛ КАРДАНИ ГЕСУВОНИ МАСНУЪӢ БО МУЙ
Дар “Мавсуъаи фиқҳӣ” омадааст:” Васл кардани муй, ё бо муйи инсон мебошад,  ё бо пашмӣ ҷаҳорпоён, ва ё ба  ғайр аз мую пашм. 
Аввалан: Васл кардани муй бо муйи инсон:  Ҷумҳури фуқаҳо  ҳанафиҳо, моликоҳи, шофиъиҳо, ва ҳанбалӣҳо бар ин назаранд, ки васл кардани муй бо муйи одамӣ ҳаром аст, баробараст, ки он муй муйи зан бошад ё мард ва ё муйи шахси маҳрам бошад ё ғайри маҳрам. Далели ҳаром будани ин навъ васл аҳодисест, ки дар ин боб ворид шудааст. Яке аз он аҳодис ҳадиси  Паёмбар алайҳиссалом аст, ки мегуянд:” Худо лаънат кунад занеро, ки ба муяш чизе васл мекунад ва занеро, ки ба муйи дигарон муй васл мекунад.” Ин ҳадис дар ҳаром будани васл сариҳ аст. (Уламо ин ҳадисро ҳамл бар васли муйи инсон кардаанд. Аммо васл кардани ғайри муйи одами пас ҳукмаш дар поён меояд.) Ин чунин як иллати ҳаром будани васли муйи инсон ба муйи сар дар инаст, ки баҳрабардори кардан аз муй ва дигар аҷзои одамӣ ба хотири каромат ва эҳтиромаш ҳаром аст. 
Сониян: васл кардани муй бо пашми чаҳор поён, мисли пашми гусфанд:
Фуқаҳо дар ин масъала ихтилофи назар доранд. Назди ҳанафиҳо ва ҳанбалиҳо бинобар ваҷҳе дар мазҳаб барои зан ҷоиз аст, ки муйи худро бо пашми чаҳорпён васл кунад. Аммо назди моликиҳо ва ҳанбалиҳо бинобар ваҷҳи дигар дар мазҳабашон барои зан васл кардани муй бо пашми чаҳорпоён ҳаром аст бинобар умуми аҳодиси ворид шуда дар ин боб. (Вале моликиҳо гуфтаанд, ки гузоштани муй (мисли парик) бар сар дар ҳукми васл дохил намешавад. Ба гуфтаи онҳо наҳй танҳо аз васл кардани муй бар муй ворид шудааст.) Назди шофиъиҳо васл кардани муй барои зани бе шавҳар бо пашми чаҳорпоён ҳаром аст. Аммо барои зани шавҳардор бинобар қавли асаҳҳ бо изни шавҳар ҷоиз аст, ва бе изни у ҳаром. 
Солисан: васл кардани муй бо ғайри муйи инсон ва пашми чаҳорпоён.
Назди ҳанафиҳо ва ҳанбалиҳо бинобар қавле дар мазҳаб барои зан ҷоиз аст, ки муйи худро бо ғайри муюу пашм ба мисли лата, васл кунад . Ин қавл аз Ибни Аббос ва Умми Салама ва Оиша (р) марвӣ аст.. (Абудовуд аз Саъид Ибни Ҷубайр ривоят мекунад, ки қаромил (риштаҳое, ки аз ҳарир ё пашм ҳамчун гесу сохта мешавад) барои зан боке надорад. Абудовуд мегуяд: Гуё мазҳаби Саъид инаст, ки наҳй танҳо дар васл кардани муйи одамӣ  омадааст. Имом Аҳмад низ мегуфт: гесуҳои сохта боке надорад.)  Аммо назди моликиҳо васл кардани муй мамнуъ аст бо чизе, ки набошад. Аз ибороти шофиъая бар меояд, ки васл кардани ғайри муй барои зани бе шавҳар ноҷоиз аст. аммо барои зани шавҳардор бо изни шавҳар ҷоиз ва бе изни у ҳаром аст. “  Поёни ончи дар “Мавсуъаи фиқҳӣ омадааст, бо тасарруф .  
ХУЛОСА: Аз гуфтаҳои боло инро хулоса кардан мумкин аст, ки агар муйҳои маснуъи (парик) ё гесуҳои маснуъи, сохта шуда аз муйи инсон ё муйи наҷас бошад пас ба иттифоқи уламо истифодаи он ҳаром аст. Аммо агар аз ғайри муйи инсон сохта шуда бошанд пас дар мазҳаби ҳанафиҳо ҷоиз аст. Инчунин дар мазҳаби шофиъиҳо барои зани шавҳардор бо изни шавҳар ҷоиз аст.  Аммо дар мазҳаби моликиҳо гузоштани муйи маснуъи (парик) ҷоиз аст, вале васл кардани гесуҳои маснуъи ҷоиз нест. Ин буд хулосаи ақволи уламо дар ин масъала. Аммо агар зан тақво карда аз истифодаи муйҳои сохта шуда аз ғайри муйи инсон, парҳез кунад пас ин беҳтар ва аҳват аст. Зеро аҳодис дар ин боб омм омадааст ва фарқе байни муйи инсон ва ғайри инсон накардааст. 
Масъалаи истифода бурдани муйи маснуъи (парик) ба ҷои ҳиҷоб дар мадорис ва донишгоҳҳое, ки ҳиҷобро манъ мекунад:
   Тавре дар боло зикр кардем истифода бурдани муйи маснуъӣ (парик) назди аксари уламо ҷоиз аст. Яъне истифодаи муйи маснуъи (парик) назди касоне, ки барои зан маҳраманд, мисли шавҳар ё падару бародар ва ё занҳо, ҷоиз аст. Аммо назди номаҳрамон истифодаи муйи маснуъи ҷоиз нест.  Инчунин бояд зикр кард, ки кашф кардани сари зан назди мардони бегона ҳаром аст ва пушонидани сар барои у фарз аст. Пас агар донишгоҳҳоу мадрасаҳо барои занони мусалмон бо ҳиҷоб рафтанро иҷоза надиҳанд ва занони мусалмон роҳи ҳалли ин мушкилиро наёбанд ва ба омухтан  дар он донишноҳҳо зарурат дошта бошанд  пас метавонанд бо гузоштани муйи маснуъӣ (парик) дар назди даромадгоҳи донишгоҳ   ба донишгоҳ ворид шаванд.  Аммо дар ғайри ин сурат ҷоиз нест.
 ҲУКМИ ҶАМЪ КАРДАНИ МУЙ ДАР БОЛОИ САР 
 Ҷамъ кардани муй дар болои сар низ  масоиле аст, ки байни уламо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Баъзе аз уламо ин амалро ҳаром гуфтаанд. Далели эшон ҳадиси Паёмбар алайҳиссалом аст, ки мегуянд:”Ду тоифа аз аҳли дузах аст, ки онҳоро ман дар замони худ надидаам.. якеи онҳо: занҳои либосдори бараҳна (Яъне баъзе аз баданаш пушидааст ва баъзеи дигараш бараҳна, ё дар бадан либоси тунуку танг доранд) Дилҳои мардумро ба фаҳшо  ҷазб мекунанд ва худ моил ба иртикоби зино ва асбоби он ҳастанд. Сарҳои онҳо мисли куҳони уштур аст. Ин тоифа занҳо дохили ҷаннат намешаванд ва буи онро намеёбанд, дар ҳоле, ки буйи ҷаннат аз масофаи чандин солина роҳ ба машом мерасад. ” Ривояти Муслим. Муҳаммад тақийи усмонӣ дар шарҳи ин ҳадис мегуяд:”Дар замони мо занҳое зоҳир шудаанд, ки муйҳои дарози худро ба қафояшон ё дар болои сарашон мисли куҳони уштур, ҷамъ мекунанд, гуё Паёмбар алайҳисалом сарҳои онҳоро ба куҳони уштур ташбиҳ карда бошанд. Ин аз муъҷизоти Паёмбар алайҳиссалом ба шумор меравад. Зеро ончи аз амали ин занҳо Паёмбар алайҳиссалом қабл аз 14 қарн хабар дода буд, ба вуқуъ пайваст.”  Фатҳул мулҳим, 10: 174.
  Аммо иддаи дигар аз олимон ҷамъ кардани муйро дар боли сар ҷоиз гуфтаанд ва аз ҳадиси дар боло зикр шуда ҷавоб додаанд, ки маънои сухани Паёмбар алайҳиссалом, ки гуфтанд:”Сарҳои онҳо мисли куҳони уштур аст” Яъне он занҳо  бо бастани руймолҳо ва васл кардани муйҳо сари худро бузург мекунанд то  мисли куҳони уштур баланд шавад. Аммо агар танҳо муйи худро бар болои сар ҷамъ кунанд пас ҷоиз аст. Вале қавли аҳват қавли аввал аст, ки ҷамъ кадани муй дар боли сар ҷоиз нест. 
ҲУКМИ РАНГ КАРДАНИ МУЙИ САР
Ранг кардани муй барои зан бо ҳар ранг  ҷоиз аст. Танҳо дар ранги сиёҳ байни уламо ихтилоф аст. Баъзе аз уламо ранг кардани муйро бо ранги сиёҳ барои зан ноҷоиз гуфтаанд. Зеро дар аҳодис наҳй мутлақ ворид шудааст. Дар ҳадис омадааст, ки Абуқуҳофа падари ҳазрати Абубакрро (р) назди Паёмбар алайҳиссалом оварданд, дар ҳоле, ки ришу муяш сафед буд. Паёмбар алайҳиссалом гуфтанд:”Сафедии ришу муйи уро бо ранге  тағйир диҳед, вале ранги сиёҳ истифода набаред.” Ривояти Муслим.  Аммо иддаи дигар аз олимон мисли Қатода ва Исҳоқ ибни Роҳавайҳ ранг кардани муйро барои занон бо ранги сиёҳ барои зинат ҷоиз гуфтаанд ва аҳодисе, ки дар наҳй аз истифодаи ранги сиёҳ омадааст, ҳамл ба мардон кардаанд. Аллома Худоназар аз уламои ҳанафи мазҳаби зоҳидон дар “Маҳмудул фатово” ( 4: 210)  мегуяд:”Аммо амали ранг кардани муй барои занон мутлақан ҷоиз аст, ҳар ранге бошад, хоҳ тиллои бошад ё ҳинои ва ё сиёҳ. Зеро ранг кардани муй зинат аст ва зинат барои занон матлуб ва писандида аст.” 
Масъала: Ҳукми истифодаи рангҳое, ки мониъи расидани об ба муй шавад:
Агар ранг ҷирм дошта бошад, ки болои муйро бипушонад ва мониъи расидани об ба муй шавад пас истифодаи чунин ранг ҷоиз нест. Зеро  таҳорат ва ғусл дуруст намешавад. Вале агар зан чунин рангро дар ҳолати одати моҳонааш, ки намоз намегузорад, истифода барад пас ҷоиз аст. Аммо агар ранг ҷирм надошта бошад ва мониъи расидани об ба муй набошад пас истифодаи он дар ҳама ҳолат ҷоиз аст. 
  ҲУКМИ ЧИДАНИ АБРУ
Чидани абру ба иттифоқи уламо барои зану мард ҳаром аст. Дар аҳодиси саҳеҳ аз ин амал наҳйи шадид ворид шудааст. Паёмбар алайҳиссалом мегуянд:” Худо лаънат кунад холкубанда ва онки холкуби кунад ва муй чинанда ва онки муйи дигариро чинад ва он зане, ки барои зебои байни  дандонҳои  худ фосила андозад ва он заноне, ки дар хилқати Худо тағйирот ворид мекунанд.” Ривояти Бухорӣ ва Муслим.  Иллати таҳрими чидани абру бинобар қавли саҳеҳ  дар тағйир додани хилқати Худо аст ҳамчуноне, ки дар охири ҳадис баён шудааст. Муҳаммад тақийи усмони дар шарҳи ин ҳадис мегуяд:”Чидани абру ба насси ин ҳадис ҳаром аст.” Фатҳул мулҳим, 10: 168.  
 Аммо маънои “намс” яъне чидан пас баъзе уламо онро ба чидани муйи ру хосс кардаанд. Вале иддаи дигар аз уламо “намс”ро хосс ба чидани абрувон кардаанд. Абудовуд баъди ривояти ҳадиси боло мегуяд:”Номиса яъне зане, ки абруяшро мечинад то борик шавад.” Инчунин Ибни Ҳумом дар “Фатҳулқадир” (6: 88) намсро ба маънои чидани абру шарҳ додааст. Шояд қавли роҷиҳ ҳамин бошад. Зеро дар ривояти Абдурраззоқ дар “Мусаннаф”  омадааст ,ки як зане назди ҳазрати Оиша (р) омада гуфт: дар руйи ман муй баромада аст, оё ҷоиз аст ман он муйҳоро чинам то худамро назди шавҳарам зебо кунам? Ҳазрати Оиша ба у гуфтанд: “Аз худат чизҳои нописандро дур бикун ва барои шавҳарат худро зинат бидеҳ.” Ин ривоят далолат мекунад, ки ҳазрати Оиша (р) чидани муйи руйро ҷоиз медонанд ва онро дар “намс” дохил накардаанд ва “намс” хосси абрувон аст.  Аз ин гуфтаҳои боло дар мавриди маънои “намс” масъали дигар низ равшан шуд ва он:
МАСЪАЛАИ ЧИДАНИ МУЙИ РУЙ БАРОИ ЗАНОН:
Дар “Раддул муҳтор” (5: 64) омадааст:”Дур кардани муй аз руй ҳаром аст, магар ҳаргоҳ дар руйи зан риш ё муйлаб бируяд пас дар ин ҳолат дур кардани он ҳаром нест, балки мустаҳабб аст.” Инчунин Муҳаммад тақийи усмони дар “Фатҳул мулҳим” (10: 168) мегуяд:”Аммо агар дар руйи зан риш ё муйлаб бируяд пас гирифтани он назди ҳанафиҳо ва шофиъиҳо ҳалол аст.”
ҲУКМИ ЧИДАНИ  АБРУВОНИ ҒАФС
Агар абрувон ба ҳадде ғафс ё дароз бошад, ки аз ҳадди табиъӣ берун бошад, пас чидани он то баргардонидани абрувон ба ҳадди маъмулӣ ҷоиз аст. Зеро аз боби изолаи айб аст ва дур кардани айб ҷоиз аст. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, Паёмбар алайҳиссалом барои Ирфиҷа Ибни Саъд иҷоза дод то бинаашро, ки дар ҷанг бурида шуда буд, аз тилло бисозад. Ривояти Тирмизӣ. Маълум аст, ки истифодаи тилло барои мардон  ҳаром аст, вале Паёмбар алайҳиссалом барои дур кардани айб барои ин саҳоби иҷоза доданд, ки биниашро аз тилло бисозад. Аммо агар абрувон ба ҳадди табиъи бошанд пас чидани он ҳаром аст. Ба “Маҳмудулфатово” (4: 315) муроҷаъа шавад.
ҲУКМИ ЧИДАНИ МУЙЕ, КИ ДАР БАЙНИ АБРУВОН АСТ
Уламо дар масъалаи чидани муйе, ки байни абрувон ва болои бини ҳаст ихтилоф кардаанд. Сабаби ихтилофи эшон дар инаст, ки оё ин муй дар ҳукми абрувон дохил аст ё на? Касоне, ки ин муйро дар абрувон дохил кардаанд  чидани онро ҷоиз намедонанд. Аммо касоне, ки ин муйро дар абру дохил накардаанд  чидани онро ҷоиз медонад. Далели ин даста олимон инаст, ки “Ҳоҷиб” (Абру) дар луғати араб ба он устухону гушту муйе гуфта мешавад, ки дар болои чашмон қарор дорад. Ин чунин асли номгузории абру дар забони араб бо лафзи “Ҳоҷиб” дар инаст, ки ҳоҷибайн яъне абрувон равшании офтоб ва арақро аз ҷашм боз медорад. Аз ҷумла олимоне, ки муйи байни абрувонро аз абру намедонанд ва чидани онро ҷоиз мешуморанд, лаҷнаи доимаи ифтои Саъуди аст. Фатовои лаҷнаи доима, 5: 197. Аммо қавли аввал аҳват аст.
ҲУКМИ ТАРОШИДАН Ё КУТОҲ КАРДАНИ АБРУВОН
Тавре дар боло зикр кардем иллати таҳрими чидани абру дар тағйир додани хилқати Худо аст. Пас бинобар қавли саҳеҳ тарошидан ва тунук кардани абрувон  бо қайчи ҷоиз нест. Зеро иллати тағйири хилқати Худо дар ин амал низ зоҳир аст. Дар “Маҳмудул фатово” (4: 319)  низ ноҷоиз будани ин масъаларо зикр кардааст.
ҲУКМИ РАНГ КАРДАНИ АБРУВОН
Ранг кардани абрувон се ҳолат дорад:
1 Ранг кардани  абрувон бо ранге, ки мувофиқи ранги муйи абрувон аст. Мисли усма. Ин навъ ранг кардан ҷоиз аст. Зеро дар ин амал чидани абру ва ё тағйир додани хилқати Худо дида намешавад. Балки ин амал зинат аст ва зинат тавре дар боло зикр кардем барои зан матлуб аст. 
2 Ранг кардани боло ва поёни абру бо ранге, ки мушобиҳ бо ранги пуст аст  то абрувон борик намоён шаванд. 
3 Ранг кардани тамоми абрувон бо ранги пуст ва бо қалам абруи борик кашидан дар болои он. 
Дар ин ду масъала уламои муосир  ихтилофи назар доранд. Баъзе аз уламо  ин амалро ноҷоиз шумурдаанд. Зеро ба гуфтаи онҳо  ин амал  тағйири хилқати Худовандӣ аст.  Аммо назди иддаи дигар аз олимон мисли Ибни Усаймин (р) ранг кардани абрувон бо чунин ранг ҷоиз аст. Зеро Асл дар зинати зан ибоҳат аст. Инчунин ба гуфтаи онҳо дар ин амал чидани абру ё тағйири хилқати Худо дида намешавад. Дар охир бояд  хотиррасон кард, ки  зинат  додани зан худро бо ин зинатҳо танҳо назди шавҳар ва маҳорими зан ва ё занҳо ҷоиз аст. Аммо зоҳир шудани зан бо чунин зинат берун аз хона дар кучау бозорҳо  ҷоиз нест.  
 ҲУКМИ МИЖАҲОИ МАСНУЪӢ
Ин масъала мисли масъалаи васл кардани муй аст. Пас агар  мижгонҳои маснуъи аз муйи инсон сохта шуда бошад,  истифодаи он ба иттифоқи олимон  ҷоиз нест. Аммо агар аз ғайри муйи одамӣ сохта шуда бошад пас уламо ихтилоф кардаанд. Баъзе аз уламо гузоштани мижаҳои маснуъиро ноҷоиз шуморидаанд ва ин амалро дар аҳодиси васли муй ва тағйири хилқати Худо дохил кардаанд. Аммо иддаи дигар аз олимон гузоштани мижаҳои маснуъиро ҷоиз донистаанд. Зеро асл дар зинат ибоҳат аст.  Аз далелҳои асҳоби қавли аввал чунин ҷавоб додаанд: Аҳодисе, ки аз васл кардани муй наҳй мекунад мақсад аз он муйи одмӣ аст.  Инчунин дар гузоштани мижаҳои маснуъи тағйири доимӣи хилқати Худованди дида намешавад. Зеро он тағйире, ки Худоу Паёмбар алайҳиссалом аз он наҳй кардаанд  инаст, ки инсон дар баданаш амале анҷом диҳад, ки хилқати уро тағйири доиммӣ диҳад. Мисли холкубӣ.  Аммо тағйире, ки муваққати бошад ва доимӣ набошад мисли сурма кардани чашм ва ранг кардани муй пас дар наҳй дохил намешавад. Ба ин нукта Қуртуби дар тафсираш (5: 392) ва Муҳаммад тақийи усмонӣ дар “Фатҳул мулҳим” (10: 169) ишора кардаанд. Шояд қавли роҷиҳ ҳамин қавл бошад.  Аммо агар мижаҳои зан ба сабаби беморӣ ё ба сабаби сухтан аз байн рафта бошад пас дар ин ҳолат ба иттифоқ истиофодаи мижаҳои маснуъи ҷоиз аст. Зеро истифода бурдани он дар ин ҳолат аз боби изола ва дур кардани айб аст.
ҲУКМИ ИСТИФОДА БУРДАНИ АДАВОТИ ЗИНАТИ МУОСИР(КОСМЕТИКА)
Истиъмоли чунин зинат барои зан дар назди шавҳар ё маҳориму занҳо ҷоиз аст. Зеро асл дар зинат ибоҳат аст. Аммо бо чунин зинат баромадан ба назди мардони бегона пас ҷоиз нест.
ҲУКМИ СУРХ КАРДАНИ РУХСОРА ВА ЛАБ
Сурх кардани рухсора ва лаб барои зан дар назди маҳорими худ ҷоиз аст. Муҳаммад тақийи усмонӣ дар “Фатҳул мулҳим” (10: 169) мегуяд:”Аммо зинат додани зан худашро барои шавараш бо сурх кардани дастону лабҳо, ё рухсораҳо бо он чизе, ки ба асли хилқат омехта намешавад, назди ҷумҳури олимон дар наҳй дохил нест”         
ҲУКМИ СУРОХ КАРДАНИ ГУШ
Сурох кардани гуш барои гузоштани гушвор ҷоиз аст. Зеро дар замони Паёмбар алайҳиссалом занони саҳоба дар гуш гушвор доштанд ва аз ҷониби Паёмбар алайҳиссалом аз ин амал наҳй наомадааст.
ОГОҲӢ: гуши зан назди ҷумҳури олимон аврат аст. Бинобарин баъзе хоҳароне, ки ҳиҷоб мекунанд вале гушҳои худро намепушонанд ҳиҷобашон комил нест. Дар “Мавсуъаи фиқҳӣ” омадааст:”Фуқаҳо иттифоқ кардаанд, ки гуши зан аврат аст ва намоён кардани он назди мардҳои номаҳрам ҷоиз нест.” 
ҲУКМИ СУРОХ КАРДАНИ БИНӢ
Сурох кардани бини ба қасди зинат ҷоиз аст. Мавлоно Абдулҳай дар “Маҷмуъатул фатово” (1: 343) дар посухи суоли оё сурох кардани бини ҷоиз аст, мегуяд:”Дуруст аст.. Аллома шомӣ дар “Раддул муҳтор” менависад: Агар сурох кардани бини аз ҷумлаи зинати занон бошад, читавре, ки дар баъзе шаҳрҳо одат аст, пас ҳукми он мисли ҳукми сурох кардани гуш аст. Шофиъиҳо бар ҷавози ин амал фатво додаанд”
ҲУКМИ ХОЛКУБӢ
Холкуби кардан бо насси ҳадиси саҳеҳе, ки дар боло гузашт ҳаром аст. Баробараст, ки холкубӣ дар руйу лаб бошад ё дасту по ва дигар аъзои бадан.    
ҲУКМИ ГУЗОШТАНИ АЙНАКҲОИ ЗИДДИ ОФТОБ
Гузоштани айнакҳои зидди офтоби бе узр берун аз хона барои зан ҷоиз нест. Зеро айнакҳои зидди офтоб  дар зинат дохил аст ва  зоҳир кардани зинат назди номаҳрамон ҷоиз нест. Худованд дар Сураи “Нур” аз задани по, занҳои муъминаро наҳй кардааст то назари мардонро ба худ ҷалб накунанд. Аммо агар зан узр дошта бошад, ки равшаноии офтоб ба чашмонаш зарар мерасонида бошад пас дар ин ҳолат гузоштани айнак берун аз хона барояш ҷоиз аст.   
ҲУКМИ АМАЛИ ҶАРРОҲИЕ, КИ БА ҚАСДИ ЗЕБОИ АНҶОМ ДОДА МЕШАВАД
Амалиёти ҷарроҳӣ барои зебои ду навъ аст: 
1 Амалиёти зебои барои дур кардани айбе. Мисли дур кардани ангушти зиёдати ва монанди он. Ин навъ амалиёт ҷоиз аст. Зеро Паёмбар алайҳиссалом баро Ирфиҷа Ибни Саъд иҷоза дод, ки бинии бурридашро аз тилло дуруст кунад. Ин ба хотири дур кардани айби руйи он саҳоби буд буд.
2  Амалиёти зебои барои зинат ва зеботар шудан.  Ин навъ амали ҷарроҳи ҷоиз нест ва дар тағйири хилқати Худовандӣ дохил мешавад. Мисли бузург кардани синаҳои табиъи ва лабҳо.
ҲУКМИ ГИРИФТАНИ ХОЛҲОИ РУЙ 
Дар “Маҳмудул фатово” мегуяд:”Холҳо ва нишонҳои модарзодӣ ё ғайри модарзодӣ, ки бар пусту сурат вуҷуд доранд, агар бардоштани онҳо зараре надошта бошад, амал кардани онҳо (ҷароҳи кардан) ишколе надорад.”
ҲУКМИ ҶАРРОҲИ КАРДАНИ РУЙ БА ҚАСДИ ЗЕБОИ ВА ДУР КАРДАНИ ЧИН ВА ЧУРУКИ ОН
Дар мавқиъи исломии “Мслом веб” омадааст: “Мақсад аз амали кашидани пусти руй дур кардани чинҳои (пусти ҷамъ шуда) руй аст. Пас агар чин аз сабаби калонсолиу пири ба вуҷуд омада бошад, дур кардани он бо амали ҷарроҳӣ ё лазер ҷоиз нест. Зеро дар тағйири хилқати Худо дохил мешавад. Аммо агар чин аз сабаби беморие ба вуҷуд омада бошад пас дур кардани он бо амали ҷарроҳӣ ҷоиз аст, ба шарте, ки зишт кунандаи руй бошад. Зеро ин навъ амалиёт дар изолаи айб ва муолаҷаи ҷоиз дохил аст.”  Аммо агар барои дур кардани чин аз крем ё дору истифода кунад пас ҷоиз аст.
ҲУКМИ БУЗУРГ КАРДАНИ СИНА
Дар мавқиъи исломии “Ислом веб” роҷиъ ба ин масъала чунин гуфтааст:” Агар бузург кардани сина аз тариқи истиъмол кардани гиёҳҳои табиъӣ ё доруҳои тибби бошад пас ҷоиз аст, ба шарте, ки он доруҳо зарар надошта бошад ва аз ашёи наҷас дуруст нашуда бошад. Аммо бузург кардани сина бо амали ҷарроҳӣ пас ҳаром аст. Зеро он дар тағйири хилқати Худо дохил мешавад. Магар барои зане, ки синааш монанди синаи мард аст. Пас барои у амали ҷарроҳӣ барои бузург кардани сина ҷоиз аст. Зеро ин амали ҷарроҳӣ барои дур кардани айб аст.” 
ҲУКМИ ДАНДОНҲОИ ТИЛЛОИ
Дандонҳои тиллои барои зан ба қасди зинат ҷоиз аст. Зеро Паёмбар алайҳиссалом мегуянд:”Тилло ва ҳарир барои занҳои уммати ман ҳалол аст.” Ривояти Абудовуд.
ҲУКМИ САФЕД КАРДАНИ ДАНДОН
Сафед кардани дандон ҷоиз, балки амри матлуб аст. Зеро дини Ислом ба тозагиу назофат тарғиб кардааст. 
ҲУКМИ ЛАК КАРДАНИ НОХУНҲО
Лак кардани нохунҳо бо лак назди маҳорим ва занҳо ҷоиз аст. Вале агар лак мониъи расидани об ба нохун шавад пас дар ин ҳолат таҳорату ғусл  бо он дуруст намешавад. Бинобарин дар вақти таҳорат ё ғусл бояд онро аз болои нохун дур кард. 
ҲУКМИ ДАРОЗ КАРАНИ НОХУН
Дароз кардани нохун хилофи суннат аст.  Ҳикмат аз гирифтани он покизаги  аст. Дароз кардани нохунҳо сабаб мешавад, ки чирк зери нохун ҷамъ шавад ва он чирк мониъи расидани об ба зери нохун мегардад ва дар сиҳҳати таҳорату ғусл халал мерасонад.  Дар ҳадиси мурсале бо ривояти Байҳақи ва Табаронӣ омадааст, ки як марде назди Паёмбар алайҳиссалом омада аз хабари осмон пурсид. Паёмбар алайҳиссалом гуфтанд:”Оё яке аз шумо аз хабари осмон мепурсад, дар ҳоле, ки нохунҳояш мисли нохунҳои парранда аст, ки дар зераш ҷанобату чирк ҷамъ шудааст?” Бинобарин дароз кардани нохун назди ҷумҳури олимон макруҳ аст. Агар зиёда аз 40 руз бошад пас кароҳат шадидтар мешавад. Балки баъзе уламо ҳаром гуфтаанд. Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар алайҳиссалом барои гирифтани муйлабу нохун ва зери нофу зери бағал 40 руз вақт додаанд. Ривояти Муслим. Дар “Раддул муҳтор” омадааст:”Афзал инаст, ки инсон нохунҳояшро ва муйлаб ва муйи зери нофашро ҳар ҳафта баъди ғусл бигирад. Агар фурсат набошад ҳар 15 руз бигирад.  Ва барои гузоштани онҳо зиёда аз 40 руз узр надорад ва мустаҳиққи ваъид мегардад.”
 ҲУКМИ НОХУНҲОИ МАСНУЪИ
Гузоштани нохунҳо маснуъӣ ҷоиз нест. Зеро ин амал мухолифи суннат ва мухолифи фитрат аст.
ҲУКМИ ГИРИФТАНИ МУЙҲОИ ДАСТУ ПО
Муйҳое, ки  дар руй ва бадани инсон меруяд се қисм аст: 
1Муйе, ки шариъат аз гирифтани он наҳй кардааст. Мисли гирифтани риш барои мардон ва гирифтани абрувон барои марду зан.
2  Муё, ки шариъат ба гирифтани он амр кардааст. Мисли муйи зери ноф ва зери бағал.
3 Муйе, ки шариъат дар ҳукми он чизе нагуфтааст. Мисли муйи дасту по ва бадан. Асл дар гирифтани ин муйҳо ибоҳат аст. Бинобарин тарошидан ё дур кардани муйи дасту по ҷоиз аст. Дар “фатовои ҳиндия” (5: 358) омадааст: “Тарошидани муйи синау пушт тарки адаб аст.” Яъне тарки афзал аст. Албатта ин ҳукм барои мардон аст. Аммо барои занон агар дар дасту по муй дошта бошанд пас барои онҳо афзал дур кардани он  аст. 
ҲУКМИ СОЪАТИ ТИЛЛОИ
Гузоштани ангуштарин ё соъати тиллои  барои зан ҷоиз аст. Зеро Шариъат истифодаи тиллоро барои занон ба мақсади зинат  иҷоза додааст.
ҲУКМИ ИСТИФОДАИ САНГҲОИ ГАРОНБАҲО
Истифодаи сангҳои қиматбаҳо мисли алмос ва ғайра ба қасди зинат барои зан ҷоиз аст. Зеро дар шариъат аз истифодаи он наҳй ворид нашудааст. 
ҲУКМИ ПУШИДАНИ ЛИБОСҲОИ ТАНГ
Пушидани либоси танге, ки мавзиъҳои шаҳватнагези занро намоён мекунад ҳаром аст. Паёмбар алайҳиссалом ин занҳоро аз аҳли дузах шумор карда гуфтанд:”онҳо либосдори бараҳна ҳастанд.” Яъне дар тан либос доранд вале аз сабаби тангии либос ё тунукии он мисли бараҳна ҳастанд.  Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Паёмбар алайҳиссалом ба усома либоси қибти (либоси мисри, ки бар тан мечаспад) ҳадя кард. Усома он либосро ба занаш пушонид. Пас Паёмбар алайҳиссалом ба Усома гуфт:”Чаро либоси қибтиро намепуши?” Усома гуфт: онро ба занам пушонидам. Паёмбар алайҳиссалом ба у гуфт”Ҳамсаратро амр кун аз зери он либосе бипушад, зеро ман метарсам, ки ҳаҷми андомҳои занатро намоён кунад.” Ривояти Аҳмад ва Ибни Абишайба. Аз ин ривоёт гирифта уламо пушидани либоси тангро барои зан ҳаром медонанд. Бинобарин либосҳои танге, ки баъзе хоҳарони исломӣ  мепушанд ҳаром аст. Барои падарону модарон воҷиб аст, ки ба либосҳои духтарони худ аҳаммият диҳанд ва нагузоранд чунин либосҳои шаҳватбарангез бипушанд. 
ҲУКМИ ПУШИДАНИ ЛОБИСИ ТУНУК
Пушидани либоси тунуке, ки ранги пуст намоён мешавад ҳаром аст. Далелаш ҳадиси дар боло гузашта мебошад.
ОГОҲӢ: Пушидани либоси тангу тунук барои зан назди номаҳрамон ва занҳо ҷоиз нест. Аммо дар назди шавҳар  зан метавонад либоси танг ё тунук пушад.
ҲУКМИ ПУШИДАНИ ШАЛВОР (БРЮК)
Шалвор  (брюк) агар кушод бошад пас пушидани он назди занон ҷоиз аст. Вале берун аз хона ҷоиз нест. Магар агар аз боли шалвор (брюк) либосе пушида бошад, ки баданашро то пояш пушонида бошад пас ҷоиз аст. Аммо агар брюк танг бошад, ки аъзои бадани занро намоён кунад пас пушидани он  назди маҳрамон ва инчунин занон ҷоиз нест. Магар дар назди шаваҳар метавонад бипушад.    
ҲУКМИ ПУШИДАНИ ЛИБОСИ АРАУСӢ
Пушидани либоси арусӣ барои зан ҷоиз аст, ба шарте, ки танг ё тунук набошад ва бадани уро мепушонида бошад. Агарчи асли ин либос аз ғайри мусалмонҳо ба мо омадааст, вале ин либос дар шаҳрҳои мусалмонҳо мунташир шудааст ва аз одоти онҳо гаштааст. Бинобарин пушидани ин либос ташаббуҳ ба кофирон намешавад. Зеро ин либос дигар шиори онҳо нест.
ҲУКМИ ПУШИДАНИ КАФШҲОИ ПОШНА БАЛАНД
Пушидани кафшҳои пошна баланд агар зиёд баланд набошад ҷоиз аст. Аммо агар зиёд баланд бошад, ки ҷалб кунандаи назар бошад пас пушидани он ҷоиз нест. Зеро Худо занонро аз ҷунбонидани по дар ҳоли занҷир доштанаш  наҳй кардааст то назари мардонро ба худ ҷалб накунанд. 
ҲУКМИ ПУШИДАНИ ЛИБОСҲОИ СУРАТДОР
Пушидани либосҳое, ки дар он сурати одам ё ҷонварони зинда аст назди ҷумҳури олимон макруҳ мебошад. Балки назди баъзе уламо ҳаром аст. Агар шахсе бо либоси суратдор намоз гузорад намозаш саҳеҳ аст, вале гунаҳгор мешавад.  Аммо агар расми гул ё дарахт ва чизҳои бе ҷон бошад пас пушидани он ҷоиз аст.

Ҷамъ оваранда: Абдулборӣ Маҳмудҷонзода