среда, 5 марта 2014 г.

ЭЙ ХУДОҶОНАМ,,,


Гунҷишк ба Худо гуфт : Лонаи кучаке доштам оромгоҳу  ҳастагиям буд сарпаноҳи бекасиям  буд туфони ту онро аз ман гирифт он лонаи кӯчаки ман куҷои дунёи туро танг кардаю гирифта буд? 
Худованд гуфт : Море дар лонаат буду  ту  хоб буди бодро гуфтам, ки лонаатро вожгун кунад . Он гоҳ ту аз камини мор гурехти . Чи балоҳое, ки ман ба воситаи муҳаббатам аз ту дур кардаму ту надониста ба душманиам бархости . Пас бидон  эй дӯст  ҳар як нохушие ба ту мерасад  сабр кун  ва  ё хушие  ба ту мерасад  шукр кун чун,ки ҳар яке сабабе дорад.
Ҳамон гуна, ки ин бузургон нидои Аллоҳро лабайк гуфта ва ниҳоли сабрро дар нафси хеш шукуфо сохтанд, бар мо лозимаст, ки ба онҳо иқтидо намуда ва дар тамоми шуъӯни зиндагии рӯзмараамон ва дар бархурд бо дигарон, аъам аз аҳли хонавода, падару модар, ҳамсару фарзанд, ҳамсоя ва дӯст, ҳамкору коргар, устоду муаллим, шогирд ва зердаст, ҳама ва ҳама ба ин сифати писандида, ороста шавем ва ба пирӯзӣ ва растагории ҷовидона даст ёбем.

Ризқу рӯзи башар

 Паёмбари акрам(с) мефармоянд: намоз боиси баракат ва ризқу рӯзӣ мешавад.
Гуфтаанд, ки аз банда ҳаракат аз Худо баракат; дуруст аст, ки инсон бо хондани сураҳои Қурони карим ва дуоҳо рӯзии худро меафзояд, аммо ин дар сояи кушиш ва талош аст, ки муҳаққақ мешавад ё дар тарк кардан гуноҳ ва ё дар тарк накардани одатҳои хуб, мисли аёдат ва хабаргирӣ аз маризон, бузургон, пирамардон ва пиразанон ва эҳтиром нисбати онон, ҳамчунин тарк накардан ва қатъ накардани силаи раҳм бо ақвом ва хешовандон, ҳатто ба андозаи як салом.
 аз сураҳои Қурони карим, ки дар аҳодиси набавӣ(с) барои зиёд шудани ризқу рӯзи тавсия шудаанд ишора менаомем:
1. Сураи Музаммил: Паёмбари акрам(с) мефармоянд: касе, ки сураи Музаммилро бихонад дар дунё ва охират сахтӣ аз ӯ бардошта мешавад.
2. Сураи Лайл: Паёмбари акрам(с) мефармоянд: касе, ки сураи Лайлро бихонад Худованд он қадар ба ӯ ато мекунад, то розӣ шавад ва ӯро ба сахтӣ наяндозад ва барояш осон мегирад.
3. Сураи Воқеа: Имом Содиқ(а)мефармоянд: касе, ки ҳар шаб сураи Воқиаро бихонад дар дунё сахтӣ, фақр, ниёзмандӣ ва офате аз офоти дунёро намебинад ва дар охират аз аз дӯстони ҷаддам ҳазрати Алӣ(а) мебошад.
4. Сураи Ҳумаза: Имом Содиқ(а) мефармоянд: касе, ки дар намозҳои воҷиб сураи Ҳумузаро бихонад фақр аз Ӯ дур мешавад ва рӯзӣ бар ӯ рӯй меоварад.
5. Сураи Зориёт: Имом Содиқ(а)мефармоянд: касе, ки сураи Зориётро рӯз ё шаб бихонад Худованд вазъияти зиндагии ӯро ислоҳ мекунад ва рӯзии фаровон барояш медиҳад.
6. Сураи Мумтаҳина: Имом Саҷҷод(а) мефармоянд: касе, ки сураи Мумтаҳинаро дар намозҳои воҷиб ва мустаҳаббӣ бихонад Худованд фақр ва девонагиро аз ӯ ва фарзандонаш дур мекунад.
Ҳамчунин сураҳои Наҷм ва Иброҳим барои зиёд шудани ризқу рӯзи дар аҳодиси тавсия шуда аст.
Албатта бояд таваҷҷуҳ ва диққат дошт, ки барои ба даст овардани рӯзи ва молу амвол ва сарват аз роҳи ҳалол, инсон набояд аз талош ва кушиш ғофил шавад. Омилҳои дигар ба монанди илму огоҳӣ нисбат ба тиҷорат ва омилҳои дахлдор ба он ҳамчун машварат, тадбир ва ғайра дар амри ба даст овардани рӯзи ва беҳбудии вазъияти маишатӣ ва моддӣ бисёр муфид ва муассир аст.
Ҳамчунин намози шаб хондан ва дуоҳои фаровоне дар бораи зиёд шудани ризқу рӯзи дар китобҳо ворид шуда аст.

Дуъоҳои Мустаҷоб дар Қурьони Карим

Фарзанди Солеҳ мехоҳи бигу: (رَبِّ هَبْ لِي مِنْ لَدُنْكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً إِنَّكَ سَمِيعُ الدُعآء، رَبِّ لَا تَذَرْنِي فَرْدًا وَأَنْتَ خَيْرُ الْوَارِثِين). Рабби ҳаб лий милладунка зурриятан таййибатан иннака Самиъуддуъа.Рабби лаа тазарни фардан ва анта хайрулваарисин!!
Аз каҷравии Дилат метарси бихон: (رَبَّنَا لَا تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِنْ لَدُنْكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنْتَ الْوَهَّاب).
Раббана лаа тузиғ қулубана баъда из ҳадайтанаа ва ҳаб ланаа милладунка раҳматан иннака анталВаҳҳааб!!
Шаҳодат Мехоҳи : (رَبَّنَا آمَنَّا بِمَا أَنْزَلْتَ وَاتَّبَعْنَا الرَّسُولَ فَاكْتُبْنَا مَعَ الشَّاهِدِينَ). Раббанаа Ааманнаа бимаа анзалта ваттабаънаРрасула фактубнаа маъашшаҳидиин!
Хело ғамгини?! (حَسْبِيَ اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَهُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ ). Ҳасбияллоҳу лаа илаҳа илла ҳува ъалайҳи таваккалту ва ҳува Раббулъаршилъазим!!
Дӯст медори Ту ва Фарзандонат дар Намоз ҳамеша қоим бошанд бигӯ: (رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلاةِ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاءِ ) Раббиҷъалний муқимассалаати ва мин зурриятий, Раббанаа ва тақаббал дуъаа!!
Мехоҳи Зану Фарзандонат итоъатгар бошанд: (رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَاجِنَا وَذُرِّيَّاتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍ وَاجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا). Раббанаа ҳаб ланаа мин азвааҷинаа ва зуррияатина қуррата аъюнин ваҷъалнаа лилмуттақина имаамаа!!
Хонае, ки мехоҳи бароят Муборак гардад: (رَبِّ أَنْزِلْنِي مُنْزَلًا مُبَارَكًا وَأَنْتَ خَيْرُ الْمُنْزِلِين) 👆Рабби анзилний мунзалан муборакан ва Анта хайрулмунзилин!!
Шайтонро аз Худ дур хоҳи сохт: (رَبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنْ هَمَزَاتِ الشَّيَاطِينِ وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أن يَحْضُرُونِ) 👆Рабби аъузу бика мин ҳамазотишшаётини ва аъузу бика Рабби ан яҳзурун!!
Аз Азоби Дузах агар бим дори: رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ إِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَامًا 👆Раббанасриф ъаннаа ъазаба ҷаҳаннама инна ъазаабаҳа каана ғараамаа!!
Аз он Нигарони ки шояд Аллоҳ Амалатро қабул накарда бошад?! (رَبَّنَا تَقَبَّلْ مِنَّا إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ ). Раббанаа тақаббал минна иннака антассамиъулъалим!!

Дар ҳаёт ғамгин боши бигӯ: (إنما أَشْكُو بَثِّي وَحُزْنِي إِلَى اللَّه .Иннамо Ашку басси ва ҳузни илаЛлоҳ.
«Ло илоҳа иллаллоҳу-л-Ҳалиму-л-Карим, Субҳоналлоҳи  рабби-л-ъарши-л-ъазим, ва-л-ҳамду лиллоҳи рабби-л-ъола-мин. Ас-алука мўчиботи рахматика ва ъазоима мағфирати-
ка ва-л-ғанимата мин кулли биррин ва-с-саломата мин кул-ли исмин. Ло тадаъ лизанбан илло ғафартаҳу ва ло ҳамман илло фарраҷтаҳу ва ло ҳоҷатан ҳия лака ризан илло қазай-
таҳо,  Арҳама-р-Роҳимин».
«Ҳеҷ  маъбуде ба ҷуз Худованди Ҳалиму Карим вуҷуд надорад, пок аст Худованд, ки соҳиби Арши бузург аст ва ҳамду ситоиш ҳама барои Худо, Парвардигори ҷаҳониёнаст. Худоӣ Мўҷиботи раҳмат, хотми мағфират, баҳраманди аз ҳар неки ва саломати аз ҳар гуноҳеро аз Ту хоҳонам.
Ҳеҷ гуноҳеро аз ман нагузор, магар ин ки мавриди мағфирати хеш қарор деҳ ва ҳеҷ сахтива андўхеро фурў нагузор, магар онро бартараф гардон ва ҳеҷ ният ва ҳоҷатеро,ки ризои Ту дар он бошад, боқинагузор, магар онро бароварда соз, эй аз ҳама Раҳмкунандатарин!».
 ХУДОВАНД мефармояд:” Дуъо кунед то иҷобат кунам барои шумо" дуъо худ ибодат аст . Мо хам уммати Пайғамбарем ин барои мо суннат аст боз як ҳадиси дигар ҳаст ,ки чунин аст "Ягон чиз қазову қадарро тағир намедиҳад магар Дуъо" аз таҳти дил Дуъо кунем иншоалло Худованд дуъоҳои моро иҷобат мекунад. Худованди Раҳиму Карим барои тамом кули беморо шифои комилро ато фармояд дар қатори  онҳо Бародарбузурги моро низ.
 Дӯстонатро аз ин Дуъоҳои Мустаҷоб бебаҳра нагузор.!!


ЧАРО БОЯД НАМОЗ БИХОНЕМ

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
“Алҳамдулиллоҳи раббил оламин ва саллаллоҳу ало сайидино ва набийино ва мавлоно Абулқосим Мустафо Муҳаммад(с) ва ало Аҳли Байтиҳ аттайибинат тоҳирин ва ало саҳбиҳил мухлисинал муҷоҳидин”.
Мавзӯъ: Чаро бояд намоз бихонем??
Имрӯза агар нигоҳ кунем мебинем, ки бисёре аз ҷавонон ва ҳатто пиразанҳо ва пира мардон аз рӯҳониҳо ва муллоҳо ин саволро мекунанд, ки чаро бояд намоз хонд? Агар намоз нахонем чӣ мешавад? Ё фалсафаи намоз хондан чист?
Чӣ хуб аст, ки инсон амалеро ки анҷом медиҳад ва корҳои ибодие, ки анҷом медиҳад, иллат ва сабаби онро бидонад. Барои посух ба ин саволи ҷавонон мо суроғи Қуръони Карим ва ривоёти Пайғамбари Ислом(с) меравем.
Вақте, ки ба Қуръони Карим нигоҳ мекунем, мебинем ки худи Худои Мутаол моро дар панҷ ҷои Қуръони Карим роҳнамоӣ мекунад, ки чаро бояд мо намоз бихонем.
1) Мо намоз мехонем, то аз соҳибнеъмати худ ташаккур ва қадрдонӣ кунем. Барои онки дар Қуръони Карим фармудааст:
فَلْيَعْبُدُوا رَبَّ هَذَا الْبَيْتِ [1]
“Пас, [ба шукронаи ин неъмати бузург] парвардигори ин хона(каъба)ро ибодат кунед.
Савол мекунем, ки чаро бояд парвардигори ин хонаро яъне “Каъбаро” ибодат кунем?
Ҷавоб:
الَّذِي أَطْعَمَهُم مِّن جُوعٍ وَآمَنَهُم مِّنْ خَوْفٍ[2]
“Ҳамон (Аллоҳ) касест, ки ононро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарсу ноамнӣ эмин сохт”.
Ба иборати дигар, соҳиби он хона моро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарсу ноамнӣ наҷот бахшид”. Ибот, ки дар оят омадааст, намоз яке аз масодиқи он аст.
Агар мо каме диққат кунем мебинем ки зиёде аз ҳайвонот ҳастанд, ки вақте соҳиби он ҳайвон ба он таом медиҳад, баъд аз сер шудан аз соҳибаш ташаккур мекунанд.
Масалан шумо сагро дар назар бигиред, вақте соҳибаш ё раҳгузаре ба он устухон ё таом медиҳад, баъд аз сер шудан аз ҷой мехезаду думи худро такон медиҳад ва аҳёнан агар иҷоза деҳӣ боз бо забони худ шуморо мелесад.
Пас, агар диққат шавад ҳайвонот ҳам дар олами худ аз соҳибнеъмат ташаккур ва қадрдонӣ мекунанд, ки дар олами саг ҳамон ҳаракти дум, навъе сипосгузорӣ аст. Саг воҷиб будани шукри мунъимро дар оламӣ худ фаҳмид. Мо инсонҳо, ки беҳтарин махлуқи Худо ҳастем, бояд ба таври авло ин шукр ва сипосгузориро бифаҳмем ва анҷом диҳем, ки намоз хондани мо яке аз роҳҳои шукри мунъим мебошад.
2) Мо намоз мехонем барои онки Худованд моро халқ кардааст. Худи Худованди Мутаол мефармоянд: “ Мо инсу ҷинро халқ накардем, магар барои ибодат”
“ یا ایها الناس اعبدوا ربکم ”
Эй мардум! ибодат кунед Парвардигори худро.
Чаро бояд ибодат кунем? Ҷавоб:
الذی خلقکم
Барои онки Худованд шуморо халқ кар ва Худованд шоистаи парастиш аст.
Абру боду маҳу хуршеду фалак ва ҳамаро барои мо халқ кардааст, пас металабад, ки ӯро ибодат кунем. Ва лаин шакартум лаазиданнакум.
3) Намоз мехонем, то дар зиндагии худ рушд кунем.
إِنَّ الصَّلوةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنكَرِ[3]
“ Намоз[инсонро] аз зиштиҳо ва бадиҳо нигоҳ медорад”
Ин оят барои ман ҳамеша савол буд, ки читавр намоз инсонро аз фаҳшо ва мункар дур мекунад. Рӯзе ба ҳадисе аз ҳадисҳои Пайғамбари Акрам(с) бархурд кардам, ки рӯзе яке аз занони мусалмон дар замони Расули Худо(с) дар ғиёби шавҳараш зино карда буд. Бар асари ҳамин зино, фарзанде ҳаромзодаро бордор шуд. Дар фикри ин афтод, ки шавҳараш бар гардад, чи ҷавоб диҳад?! Лизо, даст ба қатли фарзанди худ заду баъд аз куштан онро дохили колоҳо карду фурӯхт. Виҷдонаш ӯро нагузошт, роҳат бошад ва хобу зиндагиро аз ӯ гирифта буд. Рӯзе бо сару садоҳое дар кучаҳои мадина медавиду аз мардум суроғи Пайғамбари Акрам(с)-ро мегирифт. Ногаҳон Пайғамбари Худо(с) ӯро диду савол кард, ки чӣ шудааст ин қадар сару садо мекунед?
Моҷароро барои Пайғамбар(с) баён кард. Расули Худо(с) фармуданд, ки ба хотири онки дар ғиёби шавҳарат домани худро нопок ва зино кардаӣ бояд сангсор шавӣ. Барои онки фарзанди худро кӯштаӣ азоби дарноке дар рӯзи қиёмад хоҳӣ дошт ва барои онки фарзанди худро он тавр фареб дода фурӯхтаӣ, бозҳам азоби сахт ва шадид дар интизори туст.
Пайғамбари Акрам(с) фармуданд, ки шумо зани мусалмон будед мехоҳед бидонед, ки чаро шумо аз роҳи рост мунҳариф шудед ва даст ба ин корҳои нописанд ва ғайри шаръи задед? Зан гуфт, бале ё Расули Аллоҳ.
Расули Худо(с) фармуданд: ба хотири қазо шудани намози асри шумо ва сабук шуморидани намоз.
4) Намоз мехонем то бо Холиқи худ наздик шавем.
Ибодат кунед Парвардигоратонро. Чаро бояд ибодат кунем?
[4]  وَاعْبُدْ رَبَّكَ حَتَّى يَأْتِيَكَ الْيَقِينُ
Ва парвардигоратро ибодат кун то ба яқин бирасӣ.
5) Намоз мехонем то бо Худои худ унс пайдо кунем.
اقم الصلاة
“Бар хезед ва намоз барпо кунед”.
Чаро бояд бархезем ва намоз барпо кунем? لذکری Барои онки худоро зикр бигӯем.
Фоидаи зирк чист? Фоидаи зикр итминон ва оромиши қалб аст
[5]أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ 
танҳо бо зикр ва ёди Худованд дилҳо оромиш пайдо мекунад.
Пас, касе ки итминони қалб дорад Худованд мефармояд:
يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ. ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً. فَادْخُلِي فِي عِبَادِي. وَادْخُلِي جَنَّتِي.[6]
касоне, ки мутмаин ҳастанд аз аъмоли худ, ба суи ӯ боз гардаднд, ки ҳам шумо аз ӯ розӣ ҳастед ва ҳам ӯ аз шумо розӣ аст, пас дар сулаки бандагонам даро ва вориди биҳиштам шав.
Пас, касоне ки савол мекарданд, ки чаро бояд намоз бихонем? Ҷавоб маълум аст, ки яке аз роҳҳое, ки инсонро биҳиштӣ мекунад хондани намоз ва барпо доштани намоз аст. Шоир чи хуб баён кардаас:
Саре, ки саҷда надорад бадан бар ӯ ҳайф аст
Ҳар кас ки бе намоз бимирад кафан бар ӯ ҳайф аст.
Дар замони Расули Худо(с) марде хидмати Расули Худо(с) расиду арз кард: Ё расулуллоҳ! хеле вақт мешавад, ки аз Худои Мутаол хостае дорам, ҳарчи дуо мекунам дуоям мустаҷоб намешавад.
Расули Худо(с) фармуданд: Намоз мехонед? Мард посух дод, бале ё Расулуллоҳ. Пайғамбар(с) фармуданд: ҳамсар ва фарзандонат чӣ? Мард арз кард, бале ё Расулуллоҳ, ҳама намоз мехонем.
Пайғамбар(с) чизе нагуфт, мард ҳам рафт.
Мард боз як рӯзи дигар Пайғамбари Акрам(с)ро дар масҷид диду дубора савол кард, ки хостае аз Худованд дорам харчи дуо мекунам мустаҷоб намешавад. Пайғамбар(с) каме тааммул карданду фармуданд, ки ба хонаи худ бар гарду болои боми худро нигоҳ кун дар болои бомат устухоне аст, онро бардор ва дуо кун иншоаллол, ки дуоят мустаҷоб мешавад. Мард рафтуболои боми худро нигоҳ карду устухонро пайдо кар ва онро аз болои боми худ дур кард.
Баъд аз дур кардани устухон, дуо кард ва дуояш мустаҷоб шуд.
Баъд аз муддате, Расули Худо(с) ро дид ва гуфт: Ё Расулуллоҳ! баъд аз дур кардани устухон дуо кардам, дуоям мустаҷоб шуд, вале ман сабаб ва иллати он устухонро нафаҳмаидам. Пайғамбари Акрам(с) фармуданд, ки рӯзе зоғе ба хотири лона дуруст кардан аз лаби қабристоне он устухонро бардошт ва дар осмон парвоз карду мерафт, вале ба таври иттифоқӣ дар болои боми ту афтид. Медонӣ ин устухони чӣ шахсе буд?
Мард гуфт, на. Расули Худо(с) фармуданд: ин устухони марде буд, ки аҳли намоз набуд ба ҳамин сабаб буд, ки шумо ҳарчи дуо мекардед намозатон қабул намешуд.
Дар поён, аз ҳамаи бародарон ва хоҳарон ва хонандагони азиз тақозо ва таманнои бародарона дорам, ки ба намоз аҳамияти бештар бидиҳанд, чун ки Пайғамбари Акрам(с) фармуданд: “الصلاة عمود الدین” Намоз пояҳои дин ва ислом аст.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Аббос Раҳматуллоҳи Ҳисорӣ

РАВИШИ СУХАН ГУФТАНИ ФАРЗАНДОН

Ба номи Худо
Яке аз масъалаҳое, ки дар хонаводаҳо вуҷуд дорад ин аст, ки фарзандон чигуна назари худро баён кунанд. Падару модар чӣ вазифае доранд? Фарзандон чи шароитеро бояд риоят кунанд?
Барои посух ба ин саволҳо ба суроғи Қуръони Карим меравем.
Худои Мутаол дар сураи Қасас саҳнаеро аз достони  ҳазрати Мусо(а) барои мо нақл карда аст, ки ба саволҳои мо посух медиҳад.
Дар ояти 26 сураи муборакаи Қасас мехонем:
قَالَتْ إِحْدَاهُمَا يَا أَبَتِ اسْتَأْجِرْهُ إِنَّ خَيْرَ مَنِ اسْتَأْجَرْتَ الْقَوِيُّ الْأَمِينُ
“Яке аз духтарони ҳазрати Шуайб(а) гуфт: Эй падарҷон! Хоҳиш мекунам, ки ӯ (Мусо)-ро коргар бигир. Дар ҳақиқат беҳтарин коргаре аст, ки интихоб мекунӣ, чунки қудратманд ва амонатдор аст.”
Паёмҳое, ки аз ин оят меомузем:
Падару модар бидонанд, ки барои изҳори назари фарзандон дар хонавода:
  1. 1. Фазо ва фурсати муносиб ба вуҷуд биёваранд.
  2. 2. Ба назарҳо диққат кунанд ва эҳтиром бигузоранд. Ин кор 1) шахсият додан аст ва 2) роҳи шинохти шахсияти инсон аст.
Забон дар даҳон эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад чи донад касе,
Ки гавҳарфуруш аст ё пилавар.
  1. 3. Ҷинс муҳим нест. Духтар бошад ё писар.
  2. 4. Синну сол муҳим нест. Фарзанд бузург бошад ё кучак. Ёдамон наравад, ки “Бузургӣ ба ақл аст на ба сол”.
  3. 5. Дар сурати дуруст будани назари фарзанд, ба он амал кунанд. Фақат қабул ва ташвиқ кардани фарзандон кофӣ нест, чунки дар ин сурат эҳсоси ноумедӣ мекунанд.
Фарзанд бояд ингуна бошад:
  1. Назари худро баён кунад.
  2. Аз масъала огоҳӣ дошта бошад.
  3. Боадаб ва боэҳтиром баён кунад.
  4. Дархост кунад ва натиҷаро ба бузурги хона вогузор кунад.
  5. Ба фикри ҳалли мушкили хона бошад.
  6. Аввал ба фикри ҳалли мушкили хона бошад баъд ба фикри ҳалли мушкили худ, чунки дар ин сурат заминаи ҳалли мушкилоти дигар фароҳам мешавад. Хонаводаи ҳазрати Шуайб(а) ба коргар ва духтараш ба ҳамсар ниёз дошт.
  7. Фурсатҳоро ғанимат бишуморад.
  8. Дархости худро ҷиддӣ баён кунад.
  9. Беҳтаринҳоро пешниҳод кунад.
  10. Меъёрҳои беҳтарин будан: 1) Қудрат-тахассус ва 2) амонат-тааҳҳуд аст.
  11. Бо далел ва санад пешниҳод кунад.
  12. Ба ҳаводис бодиққат нигоҳ кунад. Ҳазрати Шуайб(а) аз духтараш пурсид: Аз куҷо фаҳмидӣ, ки ӯ қудратманд ва амонатдор аст. Гуфт: Худаш танҳо аз чоҳ барои рама об дод ва хаста нашуд ва вақте меомадем гуфт, ки ту аз пушти сари ман биё то нигоҳи ман ба ту наафтад.
  13. Шахсияти афрод дар ҳолатҳои оддӣ беҳтар шинохта мешаванд.
Оё мо ба унвони падару модар дар хона ингуна фазоро ба вуҷуд овардаем?
Оё мо фарзандон шароити изҳори назарро риоят мекунем?
Агар чунин бошем Худоро шукр, ки монанди бандагони баргузидаи Худо амал кардем, вале агар ингуна нестем бояд барои расидан ба он талош кунем.
Биёед аз ин оёти нурони паёми зиндагӣ бигирем, то бо тавфиқи Худо хонаводаи хушбахт дошта бошем.
Худоё, тавфиқи амал ба вазифа ва риояти ҳуқуқи дигаронро ба ҳамаи мо марҳамат бифармо!

ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯТ

Ба номи Худо
Худоё! Бар Муҳаммад
ва Оли Муҳаммад дуруд фирист.
Дарсҳое аз Қуръони Карим 
Оё таълим аввал аст ё тарбият?
Шояд аз худ пурсидаед, ки таълим аввал аст ё тарбия? Гоҳе таълимро аввал мегӯянд ва гоҳе тарбияро. Як олими динӣ чӣ сифоте бояд дошта бошад ва вазоифи ӯ чист? Арзиши ин кор то куҷост? ...
Биёед бо ҳам ба суроғи Қуръони Карим биравем, то посухи худро пайдо кунем.
Дар Қуръон мехонем, ки ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) аз Худо чунин дархост карданд:
َربَّنَا وَابْعَثْ فِيهِمْ رَسُولاً مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُزَكِّيهِمْ إِنَّكَ أَنتَ العَزِيزُ الحَكِيمُ
“Парвардигори мо! Дар миёни онон (насли мо) фиристодае аз худашон барангез (ва интихоб кун), то оёти туро барои онон бихонад ва китоб ва ҳикмат ба онон биёмӯзад ва покизаашон кунад, чунки дар ҳақиқат ту шикастнопазири ҳакимӣ.”Бақара/ 129.
Биёед бо ҳам ба нукоти зер таваҷҷӯҳ кунем:
ü «رَبَّنَا»Раббано яъне ту мураббии мо ҳастӣ ва беъсати Расул сабаби тарбият ва рушди ҷомеа ва насли инсон аст.
ü «ابْعَثْ» Ибъас аз решаи "баъаса" ба маънои барангехтан аст. Ба фарде аз миёни насли мо, ангезаи кофӣ бидеҳ, то дар сахтиҳо, мушкилот, пирӯзиҳо, сулҳ ва шикасте, ки рӯ ба рӯ мешавад пойдор бимонад. Дар сахтиҳо ноумед ва на дар роҳатиҳо мағрур ва сармаст нашавад.
ü «العَزِيز» Ту азизӣ. Яъне ҳар чи бихоҳӣ ҳатман анҷом мешавад. Ҳатто агар тамоми мардуми дунё нахоҳанд ва барои нобуд кардани он мубориза кунанд. Дар ҳар ҳоле намояндаатро пуштибонӣ ва ҳимоят мекунӣ. Агар ту бихоҳӣ ашрафи махлуқот ҳазрати Муҳаммад(с)-ро дар ҳангоми ҳиҷрат аз Макка ба Мадина бо тори тортанак, ки дар сустӣ зарбулмасал аст, наҷот медиҳӣ.
ü «الحَكِيم» Ту ҳакимӣ, яъне тарбият ва интихоби ту ҳакимона аст.
ü Барои расул, се сифат зикр карданд;
1) Аз худи мардум бошад, то мардумро бишиносад ва мардум ҳам ӯро бишиносанд, аз ӯ сармашқ бигиранд ва мушкилоти онҳоро бифаҳмад ва барои бартараф кардани он барномарезӣ кунад. «مِن أنفُسِهِم»
2) Дар миёни мардум ва дар дастраси ниёзмандон бошад, на монанди телефони мобилӣ (ҳамроҳ), ки баъд аз тамос мешунавед, ки муштараки мавриди назар дар дастрас нест ва ё мобилаш хомуш мебошад! «فِيهِمْ»
3) Дар хидмати мардум бошад ва роҳро аз чоҳ барояшон нишон диҳад. «يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِكَ» чунки ҳадди ақал 2 кор барои ӯ карданд; 1) дуо карданд, 2) чандин сол чашм ба роҳ ва мунтазир буданд, то баргардӣ ва ба онҳо хидмат кунӣ.
ü Барои расул 4 вазифа ва хидмат зикр карданд;
1. Тиловати оёти илоҳӣ. يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِك
2. Таълими китоб. وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ
3. Таълими ҳикмат. وَالْحِكْمَةَ;
4. Тазкия ва тарбияти мардум. وَيُزَكِّيهِمْ
Худованди Мутаол дар се оя, қабул шудани дуои ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а)-ро баён мекунад:
كَمَا أَرْسَلْنَا فِيكُمْ رَسُولاً مِّنكُمْ يَتْلُو عَلَيْكُمْ آيَاتِنَا وَيُزَكِّيكُمْ وَيُعَلِّمُكُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُعَلِّمُكُم مَّا لَمْ تَكُونُواْ تَعْلَمُونَ
“Ҳамон тавр ки дар миёни шумо фиристодае аз худатон равона кардем, ки оёти моро бар шумо мехонад ва шуморо пок мегардонад ва ба шумо китоб ва ҳикмат меомӯзад ва он чизеро, ки намедонистед ба шумо ёд медиҳад.” Бақара/ 151
لَقَدْ مَنَّ اللّهُ عَلَى الْمُؤمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولاً مِّنْ أَنفُسِهِمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبْلُ لَفِي ضَلالٍ مُّبِينٍ
“Ба яқин Худо бар мӯъминон миннат ниҳодзамоне ки паёмбаре аз худашон дар миёни онон барангехт, то оёти худро бар онҳо бихонад ва покашон гардонад ва китоб ва ҳикмат ба онон биёмӯзад, қатъан пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд.” Сураи Оли Имрон, ояи 164.
هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُوا مِن قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ
“Ӯ (Худованд) он касе аст, ки дар миёни дарснахондаҳо фиристодае аз худашон барангехт, то оёти ӯро бар онон бихонад ва покашон гардонад ва китоб ва ҳикмат бар ишон биёмӯзад ва )онон( қатъан пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд.” Сураи Ҷумъа, ояи 2.
Ба чанд нукта таваҷҷӯҳ кунем:
Худованд фармуд: Арсално яъне мо намояндае фиристодем. Бақара/151
Ҳамчунин фармуд: Баъаса яъне барангехт. Ба намояндаи худ ангезаи кофӣ дод, то ин маъмуриятро ба хубӣ анҷом диҳад. Оли Имрон/164 ва Ҷумъа/2
Сифоти Расулро ҳамонҳое зикр кард, ки ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) баён карда буданд; 1) аз худи мардум, 2) дар миёни мардум, 3) дар хидмати мардум.
Дар вазоиф шумо инчунин фикр мекардед:
1) Тиловати оёт; 2) таълими китоб; 3) таълими ҳикмат; 4) тазкия ё ҳамон тарбият
Яъне аввал олим ва ҳаким бишав ва баъд одам.
Вале тартиби дурусташ ин аст:
1. Тиловати оёти илоҳӣ; 2. Тазкия ва тарбият; 3. Таълими китоб; 4. Таълими ҳикмат; 5. Таълими он чи, ки шумо намедонистед. Таълими улуме, ки фақат аз тариқи ваҳй бароятон мумкин аст.
Пас аввал одам бишав, баъд олим ва ҳаким...
Агар ин мароҳил ба дурустӣ тай шуд мардум аз гумроҳӣ наҷот меёбанд ва ҳадаф ҳам ҳамин аст.
Ҳоло ба ин мисол диққат кунем; Шумо агар пиёлаи олудаеро биёред ва бигӯед: Дар ин пиёла об бирез. Мегӯянд: Аввал тамизаш кун баъд об мерезем. Шояд бигӯед: Шумо чӣ кор доред, ман об мехоҳам. Мегӯянд: Агар бо зӯрӣ ҳам об бигирӣ, на худат метавонӣ бинушӣ ва на дигарон. Обро олуда мекунӣ ва ба замин мерезӣ, ки ин кор исроф ва гуноҳ аст. Пас бояд аввал пиёларо бо об бишӯӣ, то тамиз шавад, онгоҳ об мерезанд ва ту ҳам метавонӣ бихурӣ ва нуши ҷонат шавад.
Зарфи вуҷуди шумо ҳам анвоъ ва ақсоми олудагиҳои рӯҳӣ дорад. Худованд мефармояд: «فَالهَمَها فُجورَها و تَقوی ها
Сипас бадиҳо ва парҳезгориҳояшро ба ӯ (нафс) илҳом кард. Шамс / 8
Бояд ин фуҷур ва бадиҳои вуҷудатро бо тиловати оёти илоҳӣ тамиз кунӣ, он вақт илми китоб биёмузӣ. Ин илми китоб дар рӯҳи покат ҳикмат меоварад ва роҳҳоеро ба рӯят боз мекунад, ки худат наметавонистӣ боз кунӣ, чунки ту даст дар дасти чаҳор ҳаким гузоштӣ;
1. Худо. «إِنَّكَ أَنتَ العَزِيزُ الحَكِيمُ»
2. Китоби Худо (Қуръон) Ёсин/2 ва Юнус/2 Оли Имрон/78
3. Расули Худо(с), ки устоди ҳикмат аст
4. Аҳли байти Расули Худо(с), чунки Паёмбар(с) дар ҳадиси Сақалайн фармуд: Қуръон ва Аҳли байт(а) ҳеҷ вақт аз ҳамдигар ҷудо намешаванд. «لن یفترقا» Пас агар Қуръон ҳаким бошад, Аҳли байт(а) ҳам ҳаким ҳастанд.
Вақте дастатро дар дасти чаҳор ҳаким гузоштӣ ва бо онҳо маънус шудӣ, ҳаким мешавӣ, вале агар қабл аз дур кардани бадиҳо ва олудагиҳои рӯҳӣ, китобро биёмузӣ, ба хотири олудагиҳо, ба ҳикмат, ки намерасӣ ҳеҷ, балки ин илм бароят зарар дорад, чунки ҳам худат гумроҳ ва гирифтор мешавӣ ва ҳам дигаронро гирифтор ва гумроҳ мекунӣ ва ин илм ҳиҷоб ва монеи бузург мешавад ва фасоди олим сабаби фасоди олам мешавад.
Чӣ тавр бо хондани оёт тазкия ва тарбият ҳосил мешавад?
Оёти Қуръон монанди об олудагиҳои вуҷуди моро аз байн мебарад. Ба ин ҳодиса диққат кунед: Марде назди Расули Худо(с) омад ва гуфт: Ё Расулаллоҳ! Мехоҳам Қуръон ёд бигирам. Ҳазрат(с) сураи Зилзолро барояш ёд дод. Вақте расид ба ин оя: Дар он рӯз мардум (аз қабрҳо ба сурати гуруҳҳои) ҷудогона бозмеоянд, то амалҳояшон ба онҳо нишон дода шавад. Пас касе, ки ба андозаи заррае (кори) нек карда бошад, онро мебинад. Ва касе, ки ба андозаи заррае (кори) бад карда бошад, онро мебинад. Сураи Зилзол
 Он шахс бархосту гуфт: Ҳамин бароям кофӣ аст. Фаҳмидам, ки тамоми зарраҳои хубу бад ҳисобу китоб дорад. Онгоҳ рафт. Расули Худо(с) фармуд: Нодон омад, вале донишманд рафт. Биҳорул анвор
Чаро мо даҳҳо бор Қуръонро тиловат ва хатм кардаем, вале тағйири лозим накардаем ва тарбият нашудем?
Бояд бияндешем ва посух биёбем.
Неъмати рисолат ба қадре муҳим ва арзишманд аст, ки Худованд ба мӯъминин миннат мегузорад, чунки дар асари ин неъмат инсонҳои ҳақталаб аз гумроҳӣ наҷот меёбанд ва ҳидоят мешаванд.
Оё фақат мардуми Макка уммӣ ҳастанд?
Тамоми башарият, то рӯзи қиёмат уммӣ ҳастанд ва бояд сари суфраи ваҳй бинишинанд ва резахӯри он бошанд, чунки Худованд мефармояд: Ва ӯ (Расули Худо) ба шумо чизҳоеро меомузад, ки шумо наметавонистед онро бидонед.
Бино бар ин Расули Худо(с) барои чигуна намоз хондан фармуданд: Ба ман нигоҳ кунед ва бибинед, ки ман чигуна намоз мехонад шумо ҳам мисли ман бихонед. Ва аъмоли Ҳаҷро ҳам амалан анҷом дод, то мусулмонон ёд бигиранд.
Бо таваҷҷӯҳ ба оёти боло ва ҳадиси "Олимон ворисони анбиё(а) ҳастанд" мубаллиғ ва олими дин бояд бидонӣ;
Ту вориси анбиё(а) ҳастӣ, модоме ки ҳамон сифотро дошта бошӣ ва ҳамон вазоифро анҷом диҳӣ;
Намоянда ва мунтахаби Худо барои ин кор ҳастӣ;
Ангезаи истиқомат ва пойдорӣ дар баробари сахтиҳоро Худо ба ту додааст;
Бо тавфиқи ӯ ба ин роҳ омадаӣ;
Барои ту ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) дуо карданд
Худо ҳам онро мустаҷоб кард ва ту натиҷаи истиҷобати дуои онон ҳастӣ
Бо воситаи кори ту Худованд мардумро аз гумроҳӣ наҷот медиҳад ва бар онҳо ҳуҷҷати худро тамом мекунад;
Ин неъмат ба андозе муҳим аст, ки Худованд бар мӯъминин миннат мегузорад.
Пас қадри худатро бидон ва худро барои ҳаводиси ин роҳ омода кун ва бо тавфиқи илоҳӣ ва тавассул ба авлиёӣ илоҳӣ(а) бо азми росих барои анҷоми рисолати пеши рӯ талош кун, ки ояндаи равшан дар пеши рӯ дорӣ.
Бош то субҳи давлаташ бидамад
К-ин ҳануз аз натоиҷи саҳар аст.
Таҳияи Саломуддин Маъниддин