вторник, 1 мая 2012 г.

Эй нафс!




Эй нафс!

Чи қадар аз ту хаста шудам. Чи қадар маҷбурам кардӣ ба хотири ту мушкилиҳоро таҳаммул кунам. Ба хотири иштибоҳи ту зиндагиро бар худ танг кунам. Ба хотири пушидан ва сер кардани шикам ва роҳати ту муртакиби рибо, қаллобӣ, фиребгарӣ… шавам. Хобу роҳатро тарк кунам, ҳарому ҳалолро фаромуш кунам, шабу рузам як шавад.
Эй нафс! Бо гуноҳ ва васваса маро ҳалок кардӣ. Аз раҳматҳои Худо маҳрумам кардӣ. Аз биҳишти ҷовидона ва аз неъматҳои он ва аз ризои Парвардигор дурам кардӣ. Эй нафс! То кай, то кай умри азизамро ба хотири лаззати ту сарф кунам ва ба хотири ту бояд дар ҷаҳаннам ва азоби илоҳӣ гирифтор шавам!? Ту сабаб шудӣ аз ҷамъоварии тушаи охират боз монам ва ба оташе бисузам, ки тавоноии онро надорам. Охир ман аз гушту пусту хун ҳастам. Чи қадар таҳаммул дорам? Эй нафс, эй золим, эй душмани Худо, бечораам кардӣ! Ҳасадхурӣ ва суханчиниро ёдам додӣ ва васвасаам кардӣ, то обруи бародари мусалмонамро бирезам. Васвасаам кардӣ, то ҷони бародари муслмонамро бигирам.
Оҳ, эй нафс агар ту набудӣ ҳама инсонҳо бо ҳам баробар буданд.
Агар хоҳишоту бозиҳои ту набуд, дуздӣ ва ғорат набуд.
Агар таманно ва ҷоҳталабии ту набуд, бародаркушӣ ва ғорат, фиреб ва кулоҳбардорӣ набуд. Худро мусалмон медонӣ дар ҳоле, ки ислом аз ту безор аст. Чи гуна мусалмон ҳастӣ, ки бо мусиқӣ ҳаяҷонзада мешаваӣ, вале калом ва сухани Парвардигор туро такон намедиҳад. Панд мешунавӣ, бедор намешавӣ, ҳақро мешиносӣ, вале пайравии он намекунӣ… Оҳ, эй мутакаббири мағрур, аз корвони некон ва бандагони мухлиси Худо дурам кардӣ ба гунае, ки роҳро гум кардам ва асаре аз он корвон намеёбам. Лутф ва назари Худоро аз ман ҷудо кардӣ ба гунае, ки ҳар чи дуо мекунам, таъсире надорад. Дунёро ширин нишон додаӣ ба гунае, ки ҳароми он бар даҳонам талх нест. Сад афсус, ки ҷойгоҳи ту зери по буд ва ман туро бар дида гузоштам. Эй нафс тавба кун! Ва ба суи Парвардигорат баргард!
Мегуӣ пушаймонам, вале куҷост ашки пушаймонии ту!?
Ҳаргиз туро қонеъ наёфтам ва ҳаргиз сер нашудӣ.
Мегуям; тоат ва бандагӣ, мегуӣ; фардо. Мегуям; намози субҳ, мегуӣ; каме хоб. Мегуям; садақа, мегуӣ; надорам. Мегуям; руза, мегуӣ; тоқат надорам. Мегуям; ҷиҳод, мегуӣ; мемирам. Мегуям; марг ва қабре дар пеш аст, мегуӣ; ҳануз фурсат аст. Мегуям; тавба ва инобат, мегуӣ; ҳануз зуд аст. Вой бар ту, кай ашки надомат ва пушаймониро бар гунаат бинам!(  Мухаммади Чамолзихи)

воскресенье, 29 апреля 2012 г.

Насиҳат ба хоҳарон.


Хохарони  азиз  дар суханхои худ, ростгуиро лозим гиред, аз чумлаи сиддикон
мешавед.

Ба халки Худо неки кунед, ки бо неки кардан ба халк, гамгинихо
хурсанди мешавад ва машакатхо осон мешавад.

Барои розигии Аллох таоъло,  аз пулу молатон садака кунед, гуноххои шумо бахшида мешавад. 
Факат бо пули халол кифояги кунед, ба молатон барака дода мешавад. 
Ва аз мардум пулу мол напурсед, азизтарини онхо мешавед.
Аз дунё пархез кунед, дунё  руи худро ба хок молида меояд.
Ба кадри якину имон, дарачахо дар чаннат бардошта мешавад. 
Аз ил ми раббони таълим гиред, илм ишори мувафакон аст.
Хаётатонро ба розигии Худо истифода баред,хушбахттарини инсонхо
мешавед.

Амонатнигахдор шавед, окибати неки ба шумо мешавад.
Рузаю
намозу садакаю таом додану аёдати беморону ба чаноза рафтанро бисер ба
анчом расонед, аз хдшт дари чаннат даъват мешавед.

Мулоими ва афви мардумро, ба худ сифат гиред, Худованд аз шумо афв мекунад. Сахобагони киромро бузург шуморед ва онхоро дуст доред, ва ба амалхои онхо шукр
бигуед ва дар хакки онхо розигии Худоро пурсед, дар чаннат хамрохии онхо
мешавед.

 Аз гунох пархез кунед! ки тамоми балохо ва нохушихо ба сабаби
гунох меояд: ва гунохро хакир нашуморед, ки шайтон, ба сабаби тарки як
сачда аз дарачаи оли ва макоми баланд партофта шуда шайтони рачим игуд,
ва Одам алайхис салоту вас салом аз чаннат ба сабаби як гунох бароварда
шуданд, ва зане ба сабаби азоб додани гурба ба дузах даромад, ва як
марде изорашро дароз карда дар руи замин бо худ таачуб карда рох мегашт,
ки уро замин ба худ дар каш ид, пас вай то рузи киёмат ба каъри замин
рафтан мегирад.

 Бо гунох неъматхо аз даст меравад, ва корхо мушкил ва
машакат мешавад.

Гунох аз умру ризки банда баракаро мебардорад.

суббота, 28 апреля 2012 г.

ДУХТАРОНИ МИЛЛАТ.


ДУХТАРОНИ МИЛЛАТ.
( Алллома Муҳаммад Иқбол  )

Биҳил,эй духтарак,ин дилбариҳо,
Мусалмонро назебад кофари
ҳо.
Мане
ҳ дил бар ҷамоли ғозпарвард,
Биём
ӯз аз нигаҳ ғоратгариҳо.

Ниго
ҳи туст шамшери худодод,
Ба захмаш
ҷони моро Ҳақ ба мо дод.
Дили комилаёр он пок
ҷон бурд,
Ки те
ғи хешро об аз ҳаёт дод.

Замири асри
ҳозир бениқоб аст,
Кушодаш дар намудуди рангу об аст.
Ҷаҳонтобӣ зи нури Ҳақ биомӯз,
Ки
Ӯ ба сад таҷаллӣ дар ҳиҷоб аст.

Ҷаҳонро маҳкамӣ аз уммаҳот аст,
Ни
ҳоди шон амини мумкинот аст.
Агар ин ну
қтаро қавме надонад,
Низоми кору бораш бесубот аст.

Маро дод ин хирадпарвар
ҷунуне,
Ниго
ҳи модари пок андаруне,
Зи мактаб чашму дил натвон гирифтан,
Ки мактаб нест
ҷуз сеҳру фусуне,

Хунук он миллате,к-аз воридоташ,
Қиёматҳо бубинад коиноташ.
Чи пеш ояд,ч
ӣ пеш афтод ӯро,
Тавон дил аз
ҷабини уммаҳоташ.

Агар панде зи дарвеше пазир
ӣ,
Ҳазор уммат бимирад,ту намирӣ.
Батуле бошу пин
ҳон шав аз ин аср,
Ки дар о
ғуш Шаббире бигирӣ.

Зи шоми мо бурун овар са
ҳарро,
Ба
Қуръон боз хон аҳли назарро.
Ту медон
ӣ,ки сӯзи қиръати ту,
Дигаргун кард та
қдири Умарро .



четверг, 27 октября 2011 г.

Хоҳарам ҳиҷоб амри Худованди Тавоност

Хоҳарам ҳиҷоб амри Худованди Тавоност
Ба номи Худованди бениҳоят меҳрубон


Хоҳари мусалмон! Дар ин майдон ҳиҷоб силоҳи туст. Бо ин силоҳи худ ба душманони дин ва ақидаат нишон бидеҳ, ки ту пайрави Хадиҷа ва Оишаи Сиддиқа ва Фотимаи Заҳро ва вориси иффат ва ҳашамати онҳо ҳастӣ.
Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худо бар У). Ҳиҷоби ту чун теғест бурранда бар гардани душманони дин ва ақидаат ва ба ононе, ки худро ба тамаддуни бебанду бор ва разолати ғарб фурухтаанд.
Пас эй хоҳари мусалмон! Дар ҳифзи ҳиҷоби худ бикуш! Зеро ҳиҷоби ту санади иззат ва сарбаландии шумост. Зебоӣ ва фазлу камол дар беҳиҷобӣ ва беҳаёӣ нест. Балки фазли камол дар зебоӣ ба ахлоқ ва тақво ва андешаи солим аст.
«Эй Паёмбар! Бигу занони мусалмонро, то бипушонанд чашмҳои худро аз дидани нораво ва ҳаром ва нигаҳ доранд шармгоҳи худро аз амалҳои зишт ва бар бегона ошкор насозанд зиннати худро магар ончи зоҳираст ва қобили пушондан нест. Бояд, ки бипушонанд гиребон ва синаи худро ва зиннат ва ҷамоли худро ошкор насозанд, магар ба шавҳарони худ ва ё падарони хеш ва ё падарони шавҳарони хеш ва ё писарони хеш ва ё писарони шавҳарон, ё бародарон ва ё писарони бародарон ва ё писарони хоҳарон ва ё занони хонавода ва ё канизони онҳо ва ё атбои хонавода, ки ба занон рағбат надоранд ва ё атфоле, ки ҳануз бар аврат ва маҳорими занон огоҳ нестанд. Ба ғайр аз инҳо аз касони дигар дар ҳиҷоб бошанд ва тавре пой бар замин назананд, ки зиннати онҳо ошкор шавад. Эй аҳли имон ҳама ба даргоҳи Худованд тавба кунед! Бошад, ки растагор шавед.» ( Сураи «Нур» ояти 31)
Аз ин ояти муборак собит мегардад, ки ҳиҷоб яъне пушондани бадан фарз мебошад.
Дар Қуръони Карим оятҳои фаровоне дар бораи фарз будани ҳиҷоб омадааст. Аз ҷумла Худованд чунин фармудааст:
«Эй Паёмбар! Бигу ба занони худ ва духтарони худ ва занҳои муъминон, ки хешро аз сар то по бипушонанд. Ин кор барои онаст, ки ба иффат ва иззат шинохта шаванд. То аз таарруз ва азияти ҳавасронон озор накашанд ва ин ҳиҷоб барои онҳо беҳтар аст. Ва Худованд омурзандаву мехрубон аст.» (Сураи «Аҳзоб» ояти 59).
Хоҳари мусалмон! Ту бояд ба тарзи шоиста ба либосат эҳтимом варзӣ ва барои худ шахсияте дошта бошӣ. Ту бояд дар сарфи молу ҷон ба Хадиҷа ва дар фиқҳ ба Оиша ва дар сабру нигаҳдорӣ ва ҳифзи дини Худованд ба Сумая иқтидо кунӣ
Суроғи роҳи рост ва ҳидоятро аз Қуръон бояд ҷуст.

Паёмбар (салом ва дуруди Худо бар У) фармуданд: «Агар зане панҷ вақт намозро адо намояд ва моҳи Рамазонро руза бигирад ва иффат ва покдомании худро ҳифз намояд ва аз шавҳари хеш дар амре, ки маъсият ва нофармонии Худованд набошад, итоат намояд, дар рузи қиёмат ба у гуфта мешавад; Аз ҳар даре, ки мехоҳӣ дохили Биҳишт шав!»(Мухаммадикболи Садриддин)


Ту хушбахти, аё хохар, нахохам шурбахт боши,
Ба давру рузгори хеш бихохам чони сахт боши.
Агар наздат чу бошад хамсару фарзанди дилчуят,
Ту хушбахти, ки гуё сохибе бар точу тахт боши.
Ба дини хешу нангу номуси худ сад талоше кун,
Ба боги зиндагони мевадоре чун дарахт боши.
Азизу дилкушоде шав, дилорому дилочу шав,
Назебад бар ту гар зан бошиву дилсангу сахт боши.
Хичобатро бипушу сатри авратро ба сар барбанд,
Зи чашми мардуми бадбин ,нахохам, лахт-лахт боши.
Ба озоди бикушу илми дунёро бичу, фардо
Нахохам бетараф, беилму хайрону карахт боши.
Бишав бар шавхарат содик, ки хукми шавхарат хак аст,
Дуои волидайнат гир, зи шахрат гар ба рахт боши.
Туро зебад хаёву шарму одобу накучашми,
На чун гарбизане, бешарму руву чашмсахт боши.
Ба хар чое,ки боши чун нигахбонат Худо бошад,
Таманнои туро дорам,ки хушбахте зи бахт боши!



среда, 5 октября 2011 г.

Аллаи Модар хуш аст.




Алла – нахустин замзамаест, ки тифл пас аз таваллуд шуданаш то чанд соли бузург шуданаш хар шаб ва хар руз мешунавад аз забони модар ва ин садо ин суханхо дар магзу чони фарзанд чойгир мешаванд.
Вакте ки тифл чашм ба олами хасти мекушояд у мухточи навозиш аст. ин навозишхоро ки мекунад? модар!
Дили модар чашмаи мухаббатест, ки мехри фарзанд дар он чуш мезанад. Вай гулшани бехазон ва бахорест, ки мехри фарзанд дар он нашъу намо меёбад.
Алла – мачмуъи рубоиву дубайтихо ва шеърхоест, ки модарон дар сари гахвораи тифлонашон мехонанд. Гуфта мешавад, садои аллагуии модар ба гуши тифл ширину форам мерасад ва тифл ором шуда, хобаш мебарад. Алла – таманно ва орзуи модарон барои тифлонашон аст.
Кудак мисли тути аст ,хар он суханеро.ки шунид бе дарки маъно такрор кардан мегирад.
Аз ин ру модарон бояад аз рузи аввал ба чои Алла Аллохе гуйанд то дар дилу забони кудак ин аз имтихо накш бандад.

Эй Худованди карими чорасоз,
Дех ба ин фарзанди ман умри дароз.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Эй Худованди карими рохнамо.
Аз карам бар тифлакам рохе намо,
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Эй Худованди карими бокарам,
Хайру эхсонаш дихи ту аз карам.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Эй Худои хар ду олам,эй Худои мехрубон.
Ту нигах дор тифлакамро дар амон.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.

Вакте,ки кудакро дар гахвора хоб мекунанад,дар вакти чунбонидани гахвора Модар уро алла-алла гуён мечунбонад.
Хамин Алла барои кудак бисёр фоида доштааст,чун ки аз рузхои аввал гуйё тарбия аз гахвора сар мешавад.
Ин алла-алла не АЛЛОХ_АЛЛОХ гуфтан аст.То ин,ки кудак дар гахвора АЛЛОХ,яъне номи Худоро ёд гирад.Алла дар асл АЛЛОХ будаст,лекин модарон аз чихати бесаводи ба чои АЛЛОХ-АЛЛОХ алла мегуфтаанд.

Шайх Давлатхочаи Раштони барои модарон хамин алларо навиштасст,ки дуо хам хаст!

Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Калон шави чакон шави,
Хонандаи Куръон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Чуяандаи имон шави,
Дастёри мардумон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Гуяандаи АЛЛОх шави,
Хам носири яздон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Фарзанди бо камол шави.
Бо нуру бо имон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Дар гуфтаи ИллОхи
Чонро фидо намои.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.