суббота, 28 апреля 2012 г.

ДУХТАРОНИ МИЛЛАТ.


ДУХТАРОНИ МИЛЛАТ.
( Алллома Муҳаммад Иқбол  )

Биҳил,эй духтарак,ин дилбариҳо,
Мусалмонро назебад кофари
ҳо.
Мане
ҳ дил бар ҷамоли ғозпарвард,
Биём
ӯз аз нигаҳ ғоратгариҳо.

Ниго
ҳи туст шамшери худодод,
Ба захмаш
ҷони моро Ҳақ ба мо дод.
Дили комилаёр он пок
ҷон бурд,
Ки те
ғи хешро об аз ҳаёт дод.

Замири асри
ҳозир бениқоб аст,
Кушодаш дар намудуди рангу об аст.
Ҷаҳонтобӣ зи нури Ҳақ биомӯз,
Ки
Ӯ ба сад таҷаллӣ дар ҳиҷоб аст.

Ҷаҳонро маҳкамӣ аз уммаҳот аст,
Ни
ҳоди шон амини мумкинот аст.
Агар ин ну
қтаро қавме надонад,
Низоми кору бораш бесубот аст.

Маро дод ин хирадпарвар
ҷунуне,
Ниго
ҳи модари пок андаруне,
Зи мактаб чашму дил натвон гирифтан,
Ки мактаб нест
ҷуз сеҳру фусуне,

Хунук он миллате,к-аз воридоташ,
Қиёматҳо бубинад коиноташ.
Чи пеш ояд,ч
ӣ пеш афтод ӯро,
Тавон дил аз
ҷабини уммаҳоташ.

Агар панде зи дарвеше пазир
ӣ,
Ҳазор уммат бимирад,ту намирӣ.
Батуле бошу пин
ҳон шав аз ин аср,
Ки дар о
ғуш Шаббире бигирӣ.

Зи шоми мо бурун овар са
ҳарро,
Ба
Қуръон боз хон аҳли назарро.
Ту медон
ӣ,ки сӯзи қиръати ту,
Дигаргун кард та
қдири Умарро .



Комментариев нет:

Отправить комментарий