воскресенье, 10 марта 2024 г.

Моҳи Рамазон аз осмон меоянд













 Дӯстон, мужда, ки моҳи Рамазон меояд,

Вақти омурзиши ҳар пиру ҷавон меояд.

Метавон кард нисори қадамаш ҷони азиз,
Ки зи даргоҳи Худованди ҷаҳон меояд.

Суфраи раҳматаш уфтодаву ин моҳи шариф,
Ба хабар кардани мо бехабарон меояд.

Сайқале аз маҳи нав дар кафи рӯшангари файз,
Ба ҷило додани оинаи ҷон меояд.

То кунад пок зи олоиши исён ҳамаро,
Мавҷи раҳмат зи карон то ба карон меояд.

Нест маҳ, балки ҳумоест, ки аз авҷи шараф,
Бар сари халқи ҷавон болфишон меояд.

Мекунад пушти ҷаҳоне сабук аз бори гуноҳ,
Гарчи бар нафси шикамхора гарон меояд.

То ба шаб абри карам файзу ато меборад,
То саҳар тири дуъоҳо ба нишон меояд.

Гул бичин з-ин чамани файз, ки даҳ рӯзи дигар,
Гулшани умри туро фасли хазон меояд.

Бирабо гӯи саъодот аз ин майдон зуд,
Ки аҷал сӯи ту хуш гарм-инон меояд.

Амали хеш ту имрӯз, накӯ кун, Воъиз,
Ки баду неки ту фардо ба миён меояд.

Воъизи Қазвинӣ, Девони ашъор, ғазали 362

Комментариев нет:

Отправить комментарий