четверг, 7 июля 2016 г.

ЗАН ҲАДЯИ ОСМОНИСТ

Зани покдоман тоҷи сари шавҳар аст.
Вақте зане бо шумо сухан мегӯяд, мувозеъ бошед , ки чашмонаш чӣ мегӯянд .
Занҳо ҷангро шуруъ мекунанд ва мардон онро идома медиҳанд.
Тарс аз зан ба ларзишҳои марг шабеҳ аст. Маъмулан мардони бузург беш аз ҳама аз зан метарсанд.
Зан шарики зиндагист ва соати дармондагист.
Дар оғози ҳар кори муҳим зан вуҷуд дорад.
Зани зишт дар дунё вуҷуд надорад, фақат бархе аз занон ҳастанд, ки наметавонанд худро зебо ҷилва диҳанд.
Зан зеботарин ва боарзиштарин тӯҳфаи осмонист.
Дар марҳилаи аввал ба худат ва дар марҳилаи дуввум ба занат амр кун.
Занҳо ақл ва меваи расидаро ба ҳеҷ ваҷҳ дӯст надоранд.
Беҳтарин хусусияти зан зебоии ӯст, ки ҳама ҷо мавриди қабул аст.
Як зани зебо ба ҳазор мусаввараи Пикассо арзиш дорад.
Аз дастархони зан таъриф кун , то дар канори оташдон худро қурбонӣ кунад.
Зан барои фармон додан ва мард барои итоат кардан офарида шудааст.
Худованд занро барои ром кардани мард офарид.
Аблаҳтарин занон метавонанд марди доноеро идора кунанд, вале танҳо зани доно метавонад марди аблаҳро идора намояд.
Тасхир кардани як кишвари бузург аз тасхири қалби кӯчаки як зан осонтар аст.
Қалби модар зеботарин ва ҷовидтарин ҷойгоҳи фарзанд аст. Ҳатто дар рӯзҳое, ки мӯйҳои фарзанд сафед гардад.
Танҳо зане, ки озор намерасонад, модар аст.
Агар модар намемурд, ҳеҷ кас бадбахт намешуд.
Зан ва шеър ду лафзанд барои як маъно: агар зан набуд, шӯълаи ишқу шеър дарнамегирифт ва агар ин шуълаву нур набуд, зебоӣ ва хубии зан оламгир намешуд.
Заношӯй агар бо муҳаббат омехта бошад, қайдест ,ки аз озодӣ хуштар аст.
Бояд занро шинохту зандорӣ омӯхт ,аз зани нав гирифтан чӣ ҳосил?
Адабу меҳрубонӣ беҳтарин ороиши зебоӣ аст.
Тасаллути зан ба мард аз худдории ӯст.
Мард шер асту зан шербон. Нигаҳдории шер аз шер будан душвортар аст.
Беҳтарин зиннати зан хулқи хуш асту тандурустӣ .
Зани зебо писанди чашм аст,зани меҳрубон писанди дил, аввалӣ чизи хуб аст, дуввумӣ ганҷи ноёб.
(Манбаъ  Зиндаги-Оnline Фейсбук)

пятница, 1 июля 2016 г.

Иди Саиди Фитр Муборак бошад


Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ҳамди беҳад ва ситоиши бепоён ба он Зоти поки бузургу бахшандаву ғамраҳокунандаи меҳрубон, ки моро офаридааст.
Моҳи шарифи Рамазон – моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо ба охир расида истодаасту Иди Саиди Фитр омаду истодааст. Аз ҳамин лиҳоз Торнигори мо тамоми мардуми мусалмонро ба фаро расии иди Саиди Фитр самимона табрик гуфта барои Шумо аз даргохи Иллохи  қабули тоату бандагӣ ва тандурустиву хонаободӣ неъмати бебаҳои тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо, дар кору зиндагиатон ризқу рўзии фаровон, дастурхони пурфайзу баракат, рўзгору хонаи обод ва ҷавонмардиву олиҳимматиро орзу менамояд.Худованд тоату ибодат ва дуову дуруди шуморо дар ин моҳи муборак мақбули даргоҳи худ гардонад!
Дар ин рӯз мусалмонони кишвар бо умеду ниятҳои нек дастурхони идона ороста, бо тиловати оятҳои каломи раббонӣ ва дуову фотиҳа ба арвоҳи гузаштагон бо ин моҳи хайру эҳсон, файзу баракат ва раҳмату мағфират хайрухуш мекунанд.

Ҳамду сипос ва шукри шоистаи он Парвардигорест, ки ба мо тавфиқ дод моҳи рамазонро рӯза бигирем, пас ҳар яки мо ба худ баргардем ва худро муҳосаба намоем, ки дар ин моҳи муборак, дар ин меҳмонии Аллоҳ, чӣ анҷом додаем, чун фардое меояд ва ба нафъ ё ба зарарамон гувоҳ хоҳад шуд, бар ҳасби он чӣ, ки дар ҳаққи ӯ анҷом додаем, пас бишитобем ба сӯи тавба ва истиғфор ва гуфтору кирдори солеҳ ва тазарруъу зории Аллоҳи зулҷалол, то шояд ҷуброни кӯтоҳкориҳоямон шавад.Азизони ман! Аллоҳи мутаъол дар поёни ин моҳ, ибодатеро машрӯъ намуда, то имонамон афзоиш ва ибодатҳоямон комил ва неъматҳояшонро беҳтару комилтар бароямон арзонӣ бахшад ва он закоти фитр ва такбиру намози ид аст.
Иди фитр неъмат, шодӣ, ибодат аст ва такмилкунандаи ибодоти рамазон мебошад ва дар он закоти фитр қарор дорад, ки мояи пок шудани рӯзадор аз корҳои беҳуда ва гуноҳони сағира аст ва бисёре аз зоҳираҳои иҷтимоъӣ ва инсонии Ислом дар он намоён мешавад, зеро дар ид қалбҳо бо ҳам наздиктар мешаванд ва мардум бо ҳам ҷамъ мешаванд ва ид ёдовари ҳаққи заъифон дар муҷтамаъи исломӣ мебошад, то шодии ид ба ҳамаи хонаводаҳоро дарбар бигирад.
Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод, инчунин ободии диёру рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.
Худованд то рамазони оянда ҳамаи шуморо нигаҳбон бошад .
Идатон  муборак бод! Худованд тоату ибодатҳои  мову шуморо қабул фармояд!