среда, 21 октября 2015 г.

Чашм оинаи дил аст

Оре, чашми инсон инъикосгари рӯҳия, ҳолат ва олами ботини ӯст. Хулқу табъи инсонро низ аз чашмон муайян кардан мумкин аст. Барои мутахассисон бошад, чашм китобест, ки тамоми ҳастии инсон дар он инъикос гардидааст: бемориҳое, ки дорад ва аз сар гузаронидааст, сабаби бемориҳо, ҳолати рӯҳӣ ва ғайраву ҳоказо. Илми физиономистикаи муосир чил навъи чашмонро аз рӯи шакл ва рангашон муайян намудааст, ки аз рӯи онҳо табъу хислати соҳибонашонро фаҳмидан мумкин аст.
Имр
ӯз мо танҳо дар бораи шакли чашмон ва аломатҳое, ки онҳо ифода мекунанд, маълумот доданием.
ЧАШМОНИ КАЛОН-КАЛОН дар занҳо ифодакунандаи дили нозук ва ҳассосияти зиёд аст, дар мардҳо бошад, нишонаи
ҷасорату мардонагӣ, шавқу ҳаваси сарварӣ доштан дар кор, тиҷорат ва оила мебошад.
ЧАШМОНИ ХУРД ба худписанд
ӣ, якравӣ ва дамдуздии соҳибашон дахолат мекунанд. Вале ҳамзамон соҳибони чашмони хурд шахсонеанд, ки роҳи зиндагии хешро тағйир намедиҳанд, садоқату вафодориашон зиёд аст.
ЧАШМОНИ КАЛОНУ ДАРОЗШАКЛ далели табъи нозуку завқи баланд аст, ки дар
ҷодаи ишқ рангорангиро меписанданд.
ЧАШМОНИ ТАНГ ба одамони оромтабъ хосанд, ки дар
ҷодаи ишқ ташаббускор нестанд, вале дар оиладорӣ ба садоқати эшон умед бастан мумкин аст.
ЧАШМОНИ ДОИРАШАКЛ нишонаи якрав
ӣ ва устувориву суботкорӣ буда метавонанд. Чунин одамон зуд оташ мегиранд ва бо ҳамон зудӣ оташи ғазабашон паст мегардад.
ЧАШМОНИ МОҲИШАКЛ мардҳоеро хосанд, ки хеле шаҳватпарастанду муносибатҳои бетартибонаи маҳрамона доранд. Занҳое, ки соҳиби чунин чашмонанд, бевафову хиёнатпеша шуданашон аз эҳтимол дур нест.
ЧАШМОНИ СЕКУН
ҶА ба табъи шӯх, ҳозирҷавобӣ, сергапӣ, ҳамчунин ба хирадмандиву соҳибистеъдод будани соҳибашон далолат мекунанд.
Агар то ҳол ҳамдигарро намешинохтед, пас бишносед: Ба чашмони ҳамдигар назар кунед!
РАНГИ ЧАШМОН
Аслан ҳафт ранги асосии чашмон мав
ҷуд аст. Ва ин рангҳо низ метавонанд, табъу хулқи соҳибони чашмонро ифода намоянд. Ба ранги чашмон эътибор диҳед, ҳатман дар бораи ёри хеш чанд маълумоти тоза ба даст меоред.
КАБУДИ ХОКИСТАРРАНГ
Ранги чашмони одамонест, ки ба худ бовар
ӣ доранд, боғайрату суботкоранд, бо боварӣ ҷониби мақсуд равонанду қариб ҳамеша муваффақ мешаванд. Дар ҷодаи ишқ низ раҳнамои эшон хираду мантиқ аст, на ҳиссиёт.
СИЁҲ ВА ҚАҲВАРАНГ
Сиёҳчашмон мавриди муҳаббату эҳтироми атрофиён қарор мегиранд. Ғолибан ин ашхос сурати зебо ва завқи баланди либосп
ӯшӣ доранд. Хотираашон мустаҳкам асту некхоҳанд, вале дар муносибатҳои маҳрамона нозашон зиёдтар аст.
САБЗ
Одамони меҳнатд
ӯстанд, нисбат ба худу атрофиён серталаб буда, барои дӯстонашон ҳар кореро, ки қудрат доранд, ба ҷо меоранд. Лекин фиреб ва хиёнатро ҳаргиз намебахшанд.
СИЁҲИ ХОКИСТАРРАНГ
Зиддиятҳо дар хулқу атвори соҳибони чунин чашмон зиёданд. Онҳо зуд-зуд бовариашонро ба атрофиён гум мекунанд ва аз ин р
ӯ, бо онҳо муносибате доштан душвор аст. Онҳо асрори зиёди нокушуда доранд, аксари амалҳои эшон пурмуаммост.
САБЗУ СИЁҲИ ХОКИСТАРРАНГ
Шубҳа ба нобовар
ӣ ба худ хислатҳои асосии соҳибони чунин чашмонанд. Аз ин рӯ, дар интихоби худ бисёр вақт ба хатоӣ роҳ медиҳанд, вале ноумед намешаванд, ба мӯъҷиза ва хандаи бахт боварӣ доранд.
САБЗИ ХОКИСТАРРАНГ
Одамони
ҷасуру боғайрат ва поквиҷдонанд. Лекин хислати асосии онҳо ҳамин аст, ки дар ҳама нобарорӣ ва камбудиҳо танҳо худро гунаҳкор медонанд. Асосан худашон нимаи худро пайдо месозанд ва ишқи онҳо хеле қавист. Вале агар бемеҳрӣ эҳсос намоянд, оташи ишқашон ба зудӣ хомӯш мегардад.
САБЗИ БАЛАНД
Одамони оромтабиату соҳибхираданд. Барояшон осоишу фароғат ва қалби осуда аз ҳама чиз болотар аст. Онҳо қобилияти хуби кор
ӣ доранд, дӯстонашон зиёд аст ва ашхоси зиёде бо мушкилоти хеш наздашон меоянд.
Бори дигар ба чашмони ёри хеш бингаред ва
ӯ
бароятон ошнотару наздиктар хоҳад намуд.

среда, 6 мая 2015 г.

Оё ин муодилаи зиндагиро метавони дуруст ҳал кард?


Аз Анас ибни Молик (р) дар ривояте омадааст, ки гуфт: Барои фарзанди Одам дар рӯзи қиёмат се девон бароварда мешавад; девоне, ки дар он гуноҳонаш аст, ва девоне, ки дар он неъматҳо аст, ва девоне, ки дар он амали солеҳаш мебошад. Пас Худованди таборака ва таъоло хурдтарин неъмате аз неъматҳояшро амр мекунад, пас он бармехезад ва ҳамаи амалҳояшро фаро мегирад. Сипас (банда) мегуяд: Эй Парвардигорам! Қасам ба иззату ҷалолат, пуламро (пуле, ки бо он харид кунам) пурра накардам ва ҳол он ки гуноҳонам ва неъматҳо боқӣ мондаанд. Гуфт: Агар Худованди таборака ва таъоло ба бандааш хайре бихоҳад, ба фарзади Одам мегуяд: Некиҳоятро дучанд мекунам ва аз бадиҳоят гузашт мекунам ва неъматҳоямро ба ту мебахшам дар ончи миёни ману ту аст.
Мо дар ин ривояте, ки омадааст, бо вуҷуди заъфи он, ин ибрат ва ҳикматро метавонем барои худ бигирем, ки ончӣ мо ҷамъ мекунем дар асл инҳоянд: 1) Гуноҳон, 2) Неъматҳо, 3) Амали солеҳ.
Ин муодилае аст, ки инсон бояд онро дуруст сарфаҳм равад ва ҳалли дурусти онро барорад, вагарна дар ҳолате нодуруст ҳал кардани муодила натиҷа нодуруст ва вайрон хоҳад буд. Чигунае, ки дар илми математика муодила оварда мешавад ва бояд инсон адади номаълуме, ки дар он аст аз тариқи формула ҳал намояд. Агар он формуларо донад ва сарфаҳм равад, барояш ҳалли муодила осон хоҳад буд. Ва дар акси ҳол муодиларо наметавонад ҳал намояд.
Зиндагии мо ин муодиларо доро мебошад, ки зикр гардид. Ва он ҳам иборат аст аз гуноҳон, некиҳо ва неъматҳо. Бояд натиҷа чинунин бошад, ки дар охир аз адади гуноҳон ҳеч чиз боқӣ намонад, аз адади неъматҳо низ чизе боқӣ намонад. Ончӣ бояд дар охир дорои адад бошад ва ҳалли дурусти муодила башумор меравад, ин боқӣ мондани адади некиҳо аст. Вале кадом формуларо инҷо метавон истифода намуд, то адади гуноҳон сифр (яъне нол) ва адади неъматҳо сифр ва адади некиҳо баланд бошад? Барои ҳалли ин муодила як роҳ вуҷуд дорад. Дар муддати 23-сол барои мардум роҳҳале омад, то он роҳро истифода намуда дар охир ба натиҷаи матлуб бирасанд ва он ҳам Қуръони карим аст. Касе мехоҳад ин муодиларо дуруст ҳал намояд танҳо ва танҳо ҳалли онро аз ин Китоби карим метавонад пайдо кунад. Дар дигар ҷо онро пайдо карда наметавонад ва натиҷаи матлуб ҳаргиз аз ғайри он пайдо нахоҳад шуд. Аз забони Иброҳим (а) дар Сураи Шуаро Худованди карим чунин мефармояд: "Ва дар рӯзе, ки (ҳамаи мардум) барангехта мешаванд, маро расво (ва шарманда) макун. Рӯзе, ки мол ва фарзандон суде (фоидае) набахшад. Магар касе, ки бо қалби салим (холӣ аз куфру, ширку нифоқ) ба пешгоҳи Худованд биёяд. Ва (дар он рӯз) биҳишт барои муттақиён (парҳезкорон) наздик оварда шавад. Ва дузах барои гуноҳкорон ошкор кунанд. Ва ба онҳо гуфта мешавад: Куҷо ҳастанд ончӣ, ки ба ҷои Худо парастиш мекардед?! Оё онҳо шуморо ёрӣ мекунанд ё (худ) интиқом мегиранд? Пас онҳо ва гумороҳон (бар рӯй) дар он афканда мешаванд. Ва (низ) ҳамаи лашкариёни иблис. Онҳо дар он ҷо дар ҳоле, ки ба якдигар мухосама (миёни ҳам баҳсу ҷадал) мекунанд гуянд: Ба Худо қасам, ки мо дар гумроҳии ошкор будем. Чун шуморо бо Парвардигори оламиён баробар медонистем. Ва касе ҷуз муҷримон моро гумроҳ накард. Пас (акнун) ҳеч шафоаткунандагоне барои мо нест. Ва не ҳеч дусти (мухлису) меҳрубоне. Пас эй кош бори дигар (ба дунё) бозгардем, то аз муъминон бошем. Бегумон дар ин (моҷаро ва баҳс) нишонае (равшану ошкор) аст. Ва бештари онҳо муъмин набуданд. Ва бетардид Парвардигори ту пирузманди меҳрубон аст" Сураи Шуаро: 87-104.
Бале аз ин оят низ барои гуфтаҳои боло шоҳид аст, ки молу фарзандони зиёд манфиате барои инсон наметавонад расонад. Гуноҳон бошад асли нокомии инсон будааст. Танҳо чизе, ки метавонад инсонро раҳо диҳад, он бо қалби салим будан аст. Ва қалби салим бо тай кардани роҳи муттақиён мешавад, роҳе ки дар он танҳо некӣ аст. Бузургтарин некӣ бошад, ин имони ба Худованд овардан аст ва ба итоати ӯ машғул будан, на ба итоати ғайри ӯ.
Зеро агар дар муодила девони гуноҳон боқӣ монд, натиҷааш биҳишт нахоҳад шуд, ки биҳишт ҷои роҳати абадӣ аст, балки натиҷаи гуноҳ дузах аст, ки он макони азоби дардноки тӯлонӣ ё абадӣ аст, Худованд ҳамаи моро аз он паноҳ диҳад. Агар неъматҳо низ боқӣ монад, он ҳам маънии чунинро дорад, ки Худованд неъмат дода, вале шукронаи он неъматҳо ба неъматдиҳанда карда нашудааст. Балки вақте шукрона нашуда бошад, ин маънои онро дорад, ки куфрон шудааст, ношукрӣ анҷом гирифтааст. Пас бо ин гуна рафтор дар баробари соҳиби неъмат, ки барои шукронаи ӯ ба ношукриаш инсон машғул шуд, метавонад ризояшро ба даст орад? Оё натиҷаи муодила дилхоҳ хоҳад буд? Гумон намекунам, ки касе ба ин гуна рафтор розӣ мешуда бошад. Вале агар баъзе некиҳо дар баробари гуноҳон маҳв гардиданд ва баъзеи дигараш дар баробари неъматҳо маҳв шуданд ва боз ҳам баъзе аз некиҳо дар охир боқӣ монд, ин натиҷаи дурусти маодила хоҳад буд. Зеро некӣ чизе аст, ки ба он Офаридгор розӣ мешавад ва онро дӯст медорад. Маълум аст, ки инсон барои расидан ба ин дараҷа қудрат надорад, вале чун роҳи бадаст овардани некиҳоро барои худ тасмим мегирад, Аллоҳ таъоло гуноҳонашро бо фазлу карамаш маҳв мекунад ва неъматҳояшро мебахшад, зеро ният ва азми содиқонаи ӯ бар ин далолат мекарда, ки мехост Худоро итоат намояд ва аз нофармониаш ҳамеша дур бошад. Ҳаргиз худро дар маконе, ки Худованд нофармонӣ мешавад пайдо накунад.
Пас барои ҳалли ин муодила роҳро аз Қуръон пайдо кардан лозим аст, ки кадом корҳо гуноҳ аст, ки онҳоро анҷом надиҳем ва аз онҳо дур бошем? Неъматҳо кадомҳоянд, то онҳоро бишиносем ва роҳи шукронаи онҳо чигуна хоҳад буд, то анҷомаш диҳем? Ва некиҳо кадомоҳоянд, ва роҳи анҷоми онҳо чигуна аст, то ҳаёти худро сарфи ҳалли дурсти ин муодила намоем.
            Нашавад, ки вақти натиҷагирӣ ояд ва муодила ҳал нашуда бошад ё нодуруст ҳал шуда бошад.
            Худованд ҳамаи мо ва шуморо ба ҳамаи некиҳо тавфиқ ато намояд ва мушарраф гардонад. Ва гуноҳонро бар дили мо бад гардонад ва аз онҳо дурӣ ҷустанро бароямон рӯзӣ диҳад. Ва инчуни шукронаи неъматҳояшро насиби мову шумо намояд.

среда, 22 апреля 2015 г.

РОЗУ НИЁЗ

Эй Худованди Меҳрубон, Худои хубам! Ҳар рўзамро ба Ту месупорам, лутфан ноумедии дирўзамро дур кун. Ба ман кўмак кун то он чиро ки сабаби дарду ранҷам шудааст ва он чи маҳсурам мекунад, раҳоӣ ёбам. Ба ман кўмак кун то дубора шурўъ кунам. Лутфан ба зиндагиям баракат бибахш ва зеҳнамро рўшан кун .Роҳнамою роҳбарам боши дар ҳама ҳолатҳо танҳо ниёз ба Ту дорам эё Холиқи якто.. Худоҷонам! Ба ҳар кас ва ҳар мавқеияте, ки бо он рўбарў мешавам баракат бибахш. Аз ман инсоне бисоз, ки худат мехоҳӣ, кореро анҷом диҳам, ки Ту мехоҳӣ. Лутфан ба даруни қалбам нуфуз кун ва ҳамаи хашму дарду ранҷамро дур кун. Руҳамро ҷоне тоза бибахш ва зеҳнамро озод кун. Умедваорам маро дар ҳеҷ ҳоле танҳо нагузорӣ ва ба ман кўмак кунӣ, ки муроқиби афкору рафторам бошам ва ин лутфи бекаронатро шомили ҳамаи бандагон қарор диҳӣ. Худоҷонам! Иштибоҳамро ислоҳ кун, ғаму андўҳамро дур кун. Парвардигоро! Роҳро нишонам бидеҳ то битавонам роҳоҳи душвори зиндагиямро бикушоям.  Туро сипос, ки ҳамаи андомҳоям дар ниҳояти саломат тандуруст ва нерўманд ҳастанд, раҳмати ту саршор аст, ба хотири ҳамаи алтофи ту сипосгузорам. Худоё! Дар шабҳои тира ситораҳои сабру таҳаммулро аз ман дареғ макун ва марзҳои рўшани субҳро ба поҳои хастаам нишон бидеҳ. Эй Худо поку беанбозу ёр, Даст гиру ҷурми моро даргузор. Гар хато гуфтем, ислохаш ту кун, Муслихй ту, эй ту султони сухун! Аз он рӯзе, ки инсон ба дунё меояд, зери бори қисмат умр ба сар мебарад. Дар зиндагӣ бадӣ бо некӣ омезиш меёбад, ҳамеша қалбҳои неки инсонӣ паи нестии бадӣ мекӯшанд. Худованд онеро дӯст медорад, ки хоксор аст, онеро, ки дар озори касе кӯшиш намекунад, онеро, ки дар роҳи худ рост аст… Дунё гузарон аст, танҳо баъди инсон некӣ боқӣ хоҳад монд ва ин некӣ ба қалби мардум ҷой хоҳад гирифт. «Эй Худованди хубу меҳрубон, эй Худои бахшандаву дастгир, эй паноҳи бепаноҳон, эй офаринандаи кавну макон, эй рўзидиҳандаи ҷондору беҷон, эй донандаи ошкору ниҳон ва эй  он, ки ҳамаи ҳастӣ мадюни лутфу меҳрубонии туст. Дари лутфу меҳрубониятро бар рўйи мо бикшой ва моро аз раҳматат бенасиб нагардон»! Омин ё раббал оламин!

понедельник, 9 марта 2015 г.

Неки кардан ба падару модар

Инсон дар ҳаёт ҳамеша ба тарафе ҳаракат дорад. Оё медонад, ки он самте, ки ҳаракат дорад чӣ самт аст? Чаро танҳо ба он тараф ҳаракат мекунад? Он самте, ки меравад, он самт ҳадафи ӯ қарор дорад. Барои расидан ба ҳадаф ин ҳама умрро сипарӣ мекунад.
Дар ин умр ҳам шодӣ мебинад ва ҳам ғам, вале ин ҳама вобаста ба ҳамон ҳадаф аст. Агар чизе дар ин зиндагӣ расид, ки ба ҳадафаш ӯро наздик месо­зад ё самти ӯро ба ҳадафаш дурустияшро таъкид мекунад, шод мешавад. Вале дар ҳоле, ки ӯ аз ҳадафаш таъхир меку­над, пеши роҳаш чизе монеа мешавад ё маълум мешавад, ки ҳадафаш дар иттиҷоҳ ё тарафи дигар буда, вале он ба тарафи дигар ҳаракат кардааст ва ин ҳама ҷаҳду кушиш­ҳои чанд муддати ҳаёташ бефоида рафтаанд, сахт ғамгин меша­вад. Яъне чизе ӯро ба ҳадафаш мувофиқат кард ва мутобиқ буд, шодаш месозад, вале чизе ӯро аз ҳадафаш дур кард ё боз дошт онро ғамгин менамояд.
Вале бояд донист, ки бо вуҷуди ин ки ҳама ин­сон­ҳо аз Одам (а) мебошанд ва Одам (а) аз хок офарида шудааст, вале дар масъалаи таъйини ҳадаф ҳама яксон нестанд. Ба ин сурат, ки ҳама инсонҳо дар талаби хурок, пушок, хоб рафтан, нушидан, ҷои зист пайдо кардан ва амсоли инҳо яксонанд. Инсоне пайдо наме­шавад, ки ин умурро талаб нанамояд ва аз онҳо бениёз бошад. Вале дар масъалаи таъйин ва ихтиёри ҳадаф ингуна нест. Зеро инро Худованд вобаста ба ақли инсонҳо карда, онҳоро дар ихтиёри роҳи худ ва ҳадафашон озод гузоштааст. Пеш аз оне, ки инсон­ҳо ба марҳилаи ихтиёри ҳадафашон бирасанд, ҳамеша раҳ­намоиҳо аз ҷониби Худованд ба воситаи паёмба­ронаш расидааст, ки онҳо роҳи ҳидоят ва гумроҳиро барояшон муайян намуда, равшан кардаанд. Ва хабар додаанд, ки Худованд дар ихтиёри бандааш вақте розӣ мешавад, ки роҳи рост ва ҳидоятро қабул фармояд. Вале дар ҳоли ихтиёри роҳи залолату гумроҳӣ Худованд аз бандааш дар ин ихтиёраш розӣ намешавад. Ба ӯ дар муддати умр фурсат медиҳад, ки шояд ба роҳи рост баргардад ва хатои худро ислоҳ намояд. Худованд саодати бандаашро дар ду дунё хоҳон аст, вале банда ихтиёр дода шудааст.
Аз ҷумла умуре, ки дар роҳи рост будани инсон ва ба самти дуруст ба сӯи ҳадафи ростин рафтанашро далолат мекунад, ин некӣ ва эҳсон ба падару модар намудан аст. Чун инсон ногузир аз падар ва модар ба дунё меояд ва онҳоянд, ки фарзандро парвариш ва туъ­лиму тарбия намуда ба воя мерасонанд. Дар муддати умр заҳматҳои зиёде мекашанд. Худованд дар ивази ин заҳматҳояшон фазилатҳоеро барои онҳо муқар­рар намудааст. Барои ба ҳадаф расидани фарзанд, лозим аст ба ризогии парадру модар ноил гардад. Ва ҳадафи муъмину мусалмон, розигии Худованд ва комёб шудан ба ҷаннат аст, вобаста ба падару модар гардонида шудааст. Чун фарзанд ризогии онҳоро ба даст овард, ин нишонае аз нишонаҳои сайри дурусти ӯ ба сӯи ҳадафи олияш дар ҳаёт мебошад. Вақте инсон некӣ ва эҳсон ба падару модар менамояд, яъне самти ҳаракаташ дуруст аст, вале дар акси ҳол ба он ҳадаф намерасад.
Дар ин рисола маънои луғавӣ ва истилоҳии калимаи "бирр" яъне некӣ ва эҳсон намудан, асосҳои некӣ кадран ба падару модар, умуре ки ҳангоми ҳаёт ё баъди ҳаёти онҳо метавонад хушнудашон созад, баён гардидааст.
Умед аст, ки бародарон ва хоҳарони мусалмон аз ин гуфтаҳои Худо ва Расули Худо (с) истифода намуда ҳаёти худро таҳлили амиқе мекунанд ва дар кадом ҳолат қарор доштани худро, ки хайр аст ё шарр, муайян менамоянд. Агар дар роҳи хайр ва рост бошанд, Худо­вандро шукр­гузорӣ мекунанд, ки онҳоро тавфиқи хид­мат ва некию эҳсон намудан ба падару модар додааст. Вале агар диданд, ки дар роҳи хайр ва рост нестанд, балки дар роҳи шарр ва адами некӣ кардан ба падару модар қарор доранд, пеши Худованд тавба мекунанд, аз кардаи худ пушаймон мешаванд ва роҳи дурустро барои худ, пеш аз ин ки ин фурсат ҳам аз даст равад, интихоб мекунанд. Ин рисола барои маълумоти худро бештар кардан нест, балки барои муайян кардани самти дуруст ё нодурустии ҳаракати инсон ба сӯи ҳадаф аст. То инсон, самти веқеии худро бидонад ва дар ҳолати хато будан, танҳо худашро маломат кунад.
Некӣ ба падару модар кардан дар вақти ҳаёт будан ва баъди маргашон низ мешавад. Пас агар касеро эҳсон намудан ба падару модараш дар ҳаёташон фурсат нашуда бошад, Аллоҳ таъоло барои ӯ инро баъди маргашон муяссар гардонидааст, баробар аст, ки бо садақа додан аз ҷои онҳо бошад ё ба истиғфор кардан ё бо дуо намудан дар ҳақи онҳо, қарзи онҳоро додан, иҷро кардани аҳди онҳо баъд аз маргашон ва силаи раҳм (пай­вандии хешутабор)-е, ки танҳо аз тариқи онҳо пайвандӣ карда мешавад, пайвандӣ ба дӯстонаш ва ғайри инҳо аз навъҳои некӣ ва эҳсон намудан ба онҳо мебошад.
Худованд салоту салом бар Расули ҳабибаш, ва маҳбуби мо муъминон Муҳаммад (с) бифиристад ва бар олу асҳобаш ва бар тамоми касоне, ки аз онҳо ба некӣ то рӯзи қиёмат пайравӣ намуданд, ва бар падару модарам низ. Парвардигоро онҳоро раҳмат намо ҳамчуноне, ки маро дар хурдсолӣ тарбия намуданд ва ҳар кӯтоҳӣ ва хатое дошта бошанд, бо лутфу карамат, бори Илоҳо, мағфи­раташон намо. Ва ҳар ҳасаноте, ки дошта бошанд, бар онҳо ба андозаи илму карамат ба сазовории ҷоҳу ҷалолат, афзун бигардон. Бори Илоҳо! Аз падару модарам розӣ бош ва онҳоро аз Худат розӣ бигардон. Бори Илоҳо! Пада­ру модарамро аз ман розӣ бисоз. Бори Илоҳо! Фир­давси Аълоро насибашон гардон ва мақомашон бисоз. Онҳоро бо ҳамроҳии паёмбарон, сиддиқон, шаҳидон ва солеҳон ҷой бидеҳ, ки беҳтарин рафиқон ҳастанд. Омин.

четверг, 22 января 2015 г.

ПАНДИ МОДАР


 Марав бар ҳар даре, эй тифлаки ман,
Ки пушти ҳар даре ҳамдам наёбӣ.
Даме, ки доғи ман сӯзад дилатро
Басе ҷӯӣ, вале марҳам наёбӣ.
Марав бар ҳар даре, эй тифлаки ман.

Туро ин кулбаи хокии ман бас,
Ки ин ҷо оламе меҳру сафо ҳаст.
Падар беҳтар зи ҷонат дӯст дорад,
Канорат модари мушилкушо ҳаст.
Туро ин кулбаи хокии ман бас.

Булӯре бо дурахши дилфиребаш
Туро бар хонаи ҳамсоя хонад.
Равӣ аз пушти ҳамсоя чу соя,
Туро дар пушти дар чун соя монад.
Булӯру он дурахши дилфиребаш!

Машав ғамгин, биё, баргард, ҷонам,
Булӯри чашмаконатро ба ман ор.
Мабодо бишканад нури ҳаёшон,
Булӯри чашмҳоятро нигаҳ дор.
Худоро,
тифлаки ман, тифлаки ман,

Булӯри чашмҳоятро нигаҳ дор!
(Рустами Ваҳҳоб)

воскресенье, 18 января 2015 г.

МО ПАЙРАВИ РАСУЛУЛЛОҲ(салаллоҳу алайҳи вассалам) ҲАСТЕМ



Мепурсанд: Дӯсташ медори? 
Мегӯям: девонавор!
Мепурсанд чанд: зебост? 
Мегӯям: беш аз он чи тасаввур мекунед! 
Кучост? Мегуям: дар қалби ман ва милионҳо инсон! 
Мепурсанд : номаш? 
Мегуям: Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи вассалам) сарвари оламиён, Расули Худо ва шафоаткунандаи мо дар Рӯзи сазо ва ҷазо! СаллАллоху алайҳи ва олиҳи ва саллам. 
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи вассалам) фармудаанд: - Инсон рӯзи қиёмат бо касе хоҳад буд, ки ӯро дӯст медорад. 
Чӣ муждаи азиме дар ин ҳадис зикр гардид, ки агар захираи зиёде аз ибодати нофила надошта бошед ҳам, бо муҳаббати Худову Расулаш ин неъмати бузург (ҳамроҳ будан бо Пайғамбар) ба даст хоҳад омад. 
Мо, ки худро пайрави оини Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи вассалам) мешуморем, бояд боварӣ дошта бошем, ки:
1.
Ҳар сухану ҳарфе, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) ба ҷаҳониён эълом доштаанд, аз тарафи Худо ва бо дастури Ӯ будааст.
2.Тамоми он гуфта
ҳо рост ва ҳаққанду дар онҳо шакке нест.
3.Худованд Пай
ғамбарро барои он интихоб кардааст, ки ба воситаи вай аҳкоми худро ба бандагонаш расонад.
4.Ба меъро
ҷ рафтани Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи вассалам) ҳақ аст.
5.Р
ӯзи қиёмат нахустин касе, ки аз қабр бармехезад ва аввалин касе, ки ба Биҳишт ворид мешавад, ӯст. Салавоти Худо ба ҳазрати Муҳаммад ва олу асҳобаш бод! 

Дили ман волаву Шайдои Муҳаммад бошад, 
Сари ман хоки қадамҳои Муҳаммад бошад. 
Ин тани хокии ман бе рухи ӯ зинда мабод, 
Ҷон фидои қаду болои Муҳаммад бошад. 
Ҷибриил буд, ки ӯ сидранишини малакут, 
Дар фироқи рухи зебои Муҳаммад бошад. 
Маҳу хуршед ба хоки дари ӯ саҷда баранд, 
Аршу Курсӣ ба таманнои Муҳаммад бошад 
Рӯзи маҳшар ба шафоат чу барад дасти дуо, 
Ҳама олам ба тамошои Муҳаммад бошад. 
Ҷазбиё, халқи ҷаҳонро ҳама дар рӯзи ҷазо, 
Чашм бар ҳиммати аълои Муҳаммад бошад 

среда, 14 января 2015 г.

Қиссаи пандомез

Ҳасани Басрӣ(раҳ) гуфтааст: “ Рӯзе бо ҷавони зоҳиде  дар кучаҳову  бозорҳои  Басра гардиш мекардем.Ногаҳон  ба пизишке  бархурд кардем,ки бар як  сандали нишаста буд.Дар атрофаш чанд марду зан ва кудакон истода буданд.Ва ҳар яке шишае,ки миқдоре  об  дар он буд,дар  даст  доштанад  ва ҳар як  доруи бемории  худро мехостанд. Ҷавон наздики пизишк рафт ва гуфт:
-Эй табиб доруе дорӣ,ки  гуноҳонро  бишуяд  ва бемори қалбро  муолиҷа кунад?
Табиб гуфт:
-Бале
Ҷавон гуфт:
-Лутфан ба  ман бидеҳ.
Табиб  гуфт:
-Инҳоеро ки мегӯям  бо диққат амал кун.Арақи дарахти фақру арақи дарахти  тавозуъро бигир. Бо ҳалилаи тавба комилан омехта кун ва дар хонаи ризо бирез.Ба қаноат хуб бикуб  ва хурд хурдаш кун.Сипас  дар зарфи тақво  бирез.Оби ҳаёву шармро  бар он бирез. Бо оташи муҳаббат онро  биҷушон. Баъд дар соғари  шукру  сипосгузори бирез. Бо бодбезани умед  сардаш кун. Бо қошуқи  ҳамду  сано  онро бихӯр. Ба ростӣ  агар  онҳоро хубу  дуруст анҷом диҳӣ  аз балову  бемории дунёву охират  наҷот хоҳи ёфт.


воскресенье, 11 января 2015 г.

Тавофи Қаъба


Тавофи Каъба -- طواف کعبه
Хушо ба нима шабе бо Худо сафо кардан
Забони ҳол гушудан зи дил дуо кардан
Тамоми лаззати олам намерасад қадраш
Ба як дақиқа муноҷот, бо Худо кардан
Ба сад ҳазор қабулии умра меарзад
Ба даҳр як гиреҳ аз кори халқ во кардан
Ба иддао натавон барад баҳраи фардо
Ки баҳра аз амал ояд на иддао кардан
Дар ин сарои ду дар, аз дар даро эй дуст
Ки ҳоҷате битавон аз касе раво кардан
Барои ҷалби ризои Худо бикуш эй дил
Ки мушкил аст Худоро зи худ ризо кардан
Ба зарқу барқи зар эй дил маноз, мебози
Ки кори зар, бувад аз ҳаққ туро ҷудо кардан

суббота, 10 января 2015 г.

Духтари бо имон ки ошиқи Парвардигор буд

Гофил мабош ки банда умрат дубора нест,
Зикри Худо бигу ки аз марг чора нест.

Дароҳи ҳак бикуш ки фурсат ғанимат аст,
Зеро ки рузи марг ба кас ошкора нест.