понедельник, 11 февраля 2013 г.

Муҳаббати Худову Расулаш ин неъмати бузург аст.



Дили ман волаву Шайдои Муҳаммад бошад, 
Сари ман хоки қадамҳои Муҳаммад бошад. 
Ин тани хокии ман бе рухи ӯ зинда мабод, 
Ҷон фидои қаду болои Муҳаммад бошад. 
Ҷибриил буд, ки ӯ сидранишини малакут, 
Дар фироқи рухи зебои Муҳаммад бошад. 
Маҳу хуршед ба хоки дари ӯ саҷда баранд, 
Аршу Курсӣ ба таманнои Муҳаммад бошад 
Рӯзи маҳшар ба шафоат чу барад дасти дуо, 
Ҳама олам ба тамошои Муҳаммад бошад. 
Ҷазбиё, халқи ҷаҳонро ҳама дар рӯзи ҷазо, 
Чашм бар ҳиммати аълои Муҳаммад бошад 




Ҷон бод фидои қаду болои Муҳаммад,
Бо гесӯи мушкини сумансои Муҳаммад.
Ҷибрил ҷилавдори Буроқаш шаби меъроҷ,
Ҳӯрон сафи дар саф ба тамошои Муҳаммад.
Арш аст сарафроз зи ташрифи қудумаш,
Курсист ба болиш зи таманнои Муҳаммад.
Хуршед гирифт хӯшае аз хирмани ҳуснаш,
Маҳ рӯйканон бӯса зад аз пои Муҳаммад.
Ташрифи заминаш ҳамаро вола намуда,
Ташрифи само ҷумла ба ғавғои Муҳаммад.
Шуд гулшани олам зи туфайли гули рӯяш,
Аз шавқ ҳама булбули гӯёи Муҳаммад.
Омад ба қадаш хилъати лавлок мувофиқ,
Тоҷе ба сараш қавси "авадно"-и Муҳаммад.
То-ҳо лақабаш, васфи қабояш ба Музаммил,
Баҳри зафари хасм "фатаҳно"-и Муҳаммад.
Фардо, ки кунад ҷилва ба бозори қиёмат,
Маҳшар шавад он рӯз ба тамошои Муҳаммад.
Аз баҳри шафоъат ба ҳама уммати осӣ,
Бандад камари ҳиммату аъло Муҳаммад.
Хоки қудумаш сурма ба чашмони Ҷунунӣ,
К-ӯ ҳаст ба ҷон волаву шайдои Муҳаммад.
(Саллаллоҳу алайҳи васаллам) 

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Модар- сарчашмаи хушкнашавандаи инсоният маҳсуб меёбад. Чӣ калимаи зебову пурмаъноест, Модар! Бо овардани ин калима ба забон дар дили кас меҳру муҳаббати зиёде пайдо мешавад. Модар мӯъҷизаи офаридаи Худои муттаъол аст.
Аз ин рӯ мо фарзандон, модарони худро чун гавҳараки чашм бояд азиз донем. Зеро, ки модар барои фарзанд аз ҳама чизи нодиртарин ва муқаддастарин ба ҳисоб меравад. Бале, модарон сарчашмаи ҳаётанд, ки чун чароғ хонадони ҳар яки моро равшан месозанд. Ва онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон номбардори миллату ватан бошанд. Чун кабутарон дар осмони софу беғубор болу пар зада, ба қуллаҳои баланди умеду орзуҳои худ бирасанд. Аз ин хотир модарон дар ғами мо мӯи сари хеш сафед менамоянд.
                                                     Аё модар дилу ҷонам фидоят
Ҳамехоҳам бибӯсам хоки поят.

Заминро саҷдаҳо баҳри ту созам,

Ки шояд ман бигирам як дуоят.
Маҳз дуои модар дили моро чун чароғ равшан мекунад. Ва хушбахтии фарзанд ин хушбахтии модар аст. Ҳамаи он коре, ки бо дуои модар оғоз мекунем, бо файзу бо баракат хоҳад шуд. Зеро дуои модарон роҳнамои ҳаётамон аст. Аз ин хотир мо фарзандон бояд, бо кадри шири покаш, бо қадри дили бузургаш бирасему дасташ гирем ва ҳамеша аз ҳолу аҳволаш воқиф бошем. Сари таъзим наздаш фуруд оварем.
Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми Модарон аст. Бале Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, химматбаландтарин шакхси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хело гарон аст;Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде,ки қимати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.
Паёмбар дар ҷои дигар фармуда: «Хушнудии Худо дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худо дар хашми падару модар аст». Дар ин маъно шоире фармуда:
Ҷаннат, ки ризои модарон аст,
Дар таҳти қудуми модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризои мо биёбӣ,
Он кун ки ризои модарон аст.

Ҷаннат талабӣ, талаб ризои модарон,
Мекун ту тавоф хоки пои падарат.
Аз амри Худо муайяд аст амри падар,
Хушнудии ҳақ аст ризои падарат.