пятница, 11 февраля 2011 г.

М О Д А Р Н О М А




М О Д А Р Н О М А

Модар!!! ТУ он чашмаи чўшони ҳаёти, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардони. ТУ он моҳи дурахшони, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираи моро равшан месози… Офтоб аз лабханди ТУ тулўъ мекунад ва баҳор бо гулҳои рангинаш дар домони поки ТУ мешукўфад… Абр аз шавrи ТУ меборад ва дарё бо ишқи ТУ мавч мезанад... Зиндаги аз ТУ оғоз мешавад, яъне сароғози «будан» ин садои гарму гиромии ТУст ва дунё аз бўи муқаддаси ТУ атрогин аст... Хок бар хеш меболад, ки сар ба қудуми ТУ ниҳода ва бод аз он менозад, ки паёми муҳаббати ТУро ба дуриҳои дур бурда... Модар!!! Худованд ба ТУ отифае каромат карда, ки бо ҳеч қиммате наметавон онро санчид. Агар ман борҳо зинда шавам ва умрҳо хокрўби остони ТУ бошам, боз ҳам наметавонам, ҳатто ранчи якшабаи ТУро чуброн кунам... ТУ он мавчуди шарифи, ки расидан ба охирин марҳилаи камол танҳо бо ризои ТУ муяссар аст… ҳақиқати зиндагии ТУ ишқ варзидан, дўст доштан ва фидокори намудан аст... Бузургии ТУ ба ҳаддест, ки ба хотири давом ёфтани хушбахти дар xаҳон, дафтари орзўҳои худро ниматамом мегузори ва дафтари дигаре ба номи фарзандат боз намуда аз нав дар он тухми ишқу умед мекори ва бо обёрии он аз чашмаи исору муҳаббат, умре дар интизори шукуфтани гулҳояш ба сар мебари... Домони ТУ чи Паямбарон ва нобиғаҳое ба чаҳон тақдим намуд ва он Ягонаи торих ва беҳтарини башар аз ин домони пок ба меъроч расид... Модар!!! Нафаси ТУ насимест, ки оромишро дар чони замин чори мекунад ва чеҳраи нуронии ТУ оинаи тамомнамоест аз буду набуди мо. Дасти навозишгари ТУ таскинбахши мо дар лаҳзаҳои душвори зиндагист ва вучуди мубораки ТУ сарчашмаи комёбиҳои мост дар набарди рўзгор. Модар!!! ТУ ҳама чизу ҳама каси. Ишқ бо ТУ ба камол расид ва меҳрубони дар ТУ хотима ёфт. ТУ мазҳари зебоию садоқати ва тамоми хубиҳоро метавон дар номи покат хулоса кард, модар…

Модар, модар, ба чон баробар модар,
Хуршеди сабохи мехрпарвар модар.
Хуршеде, ки хар сахар барояд ба чахон,
Аз боиси ман доду кайсар модар.

Зиндагони лазаташ дар ибтидою интихост,
Ё лахад чои фарогат ё канори модар аст.

Ду бихиште доштам дар рузгори хештан,
батни модар он якеву дигаре домони у.

Диле дорам, ки навкар мешавам ман,
Асири пои модар мешавам ман.
Агар модар ба фарзанди нагирад,
Дар ин олам каландар мешавам ман.

Бихиште доштам э дил даме дар домани модар,
Фурузон гаштаам э дил зи чашми равшани модар.

Комментариев нет:

Отправить комментарий