пятница, 31 июля 2020 г.

Иди Қурбон муборак





Ба номи Худои Бузург ибтидо мекунам,ки Меҳрубони ҳама дар ин Дунё ва танҳо Меҳрубонтарин меҳрубони муъминон дар Рўзи Ҷазост.

Он Худованде, ки дар дил нури Имон офарид,

Дар шаби торик бингар моҳи тобон офарид.
Теғро бар ҳалқи Исмоили пайғамбар ниҳод,
Баъд аз он бар муъминонаш иди Қурбон офарид.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародарону хоҳарони аҳли Ислом! Пеш аз ҳама тамоми мардуми мусалмони кишварро ва дар шахси мардуми мусулмон тамоми мусулмонҳои дунёро ба фаро раси иди саиди Қурбон ,Иди Фидокорӣ,нисор,Қурбонӣ,ихлосу ишқу бандагӣ,  муборак бод гуфта ба ҳамаи шумо имони комил тавфиқ дар тоату бандаги, тани сиҳат хотири ҷамъ, хонаю манзили обод таманно карда аз Худованди мутаъол хоҳони онам,ки дар ин даҳҳаи муборак аз савобу самараш ҳамаи мою шуморо бонасиб гардонад.Аз ҳама болотарин таманниёт ҳамин аст, ки Худованд ҳоли ҳамаи мусулмонҳоро хуб гардонаду ҳама мушкилоте, ки мусулмонҳо доранд, Худованд он мушкилотҳои онҳоро дур гардонад. Дар ин айёми Ид дуо мекунем, ки Худованди Таборак ва Таъоло шарму ҳаё, иффат, инсофу тавфиқ, адолат, меҳру муҳаббат ва файзу баракатро дар диёри мо зиёда бигардонаду ҳамаи моро ба роҳи рост ҳидоят намояд

Эй азизон ба Шумо ҳадяи Яздон омад
Иди фархундаи нуронии Қурбон омад.
Ҳоҷиён саъйи Шумо  шуд ба ҳақиқат мақбул,
Раҳмату луф аз  Субҳон омад.
Иди Қурбон ба ҳақиқат зи Худованди Карим
Офтобе ба шаби зулмати инсон омад.
Хок месухт дар андӯҳи оташ бо ҳасрат,
Нақши дар синаи  ин хок гулистон омад.
Амр шуд то ки ба қурбонии Исмоилиаш,
Он халиле, ки пазируфта зи Раҳмон омад.
Имтиҳон дод ба хубӣ ба Худо Иброҳим,
Ҷои он забҳи азиме,ки ба қурбон  омад.


суббота, 27 июня 2020 г.


23-умин солгарди ҷашни Ваҳдат муборак, ҳамватанони азиз!
Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, яъне тантанаи ваҳдату сулҳ падидор аст.
Ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллӣ ба ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ муборак бошаду бигузор, ҳар як рӯзи зиндагии мо зери осмони софу беғубор гузарад ва парчами сулҳу ваҳдат болои сарамон доим партавафшон бошад:

Даргоҳи ҷовидонист, саршори меҳрубонист,
Маъвои зиндагонист, шукри макони Ваҳдат.




вторник, 26 мая 2020 г.




ЭЙ КОШ  ХУДО..

Эй кош Худо фаришта мекарди  маро,
Бо бегунаҳон сиришта 
мекарди маро.
Бинвишта буди қисмати ман  аз сари нав,
Гар коғази нонавишта мекарди маро!

Эй бор Худо барандаи роҳ -Туйи,
Босиру шунавво,нафасу оҳ -Туйи.
Покам бинамо чи сон, ки манзури туаст,
Аз ман дида,аз дили ман огоҳ -Туйи!

Ман чашми таре чу чашми борон дорам,
Дар фасли хазон ёди баҳорон дорам.
Домони пур аз гунаҳ фишонам ҳама шаб,
Бо ин ҳама боз умеди ғуфрон дорам.

Эй вой Худо пеши ту ман русияҳам,
Роҳе бинамо агар, ки гумкардараҳам.
Чун оина пеши  ман биёр ҷурми маро,
Ғуфрон бинамо сипас,ки ман  пургунаҳам!
.

пятница, 22 мая 2020 г.

Иди саиди Фитр муборак бошад ба ҳама ҳамватанон


Ҳамду сипос ва шукри шоистаи он Парвардигореро, ки ба мо тавфиқ дод моҳи Рамазонро рӯза бигирем, пас ҳар яки мо ба худ баргардем ва худро муҳосаба намоем, ки дар ин моҳи муборак, дар ин меҳмонии Аллоҳ, чӣ анҷом додаем, чун фардое меояд ва ба нафъ ё ба зарарамон гувоҳ хоҳад шуд, бар ҳасби он чӣ, ки дар ҳаққи ӯ анҷом додаем, пас бишитобем ба сӯи тавба ва истиғфор ва гуфтору кирдори солеҳ ва тазарруъу зории Аллоҳи зулҷалол, то шояд ҷуброни кӯтоҳкориҳоямон шавад.
Азизони ман! Аллоҳи мутаъол дар поёни ин моҳ, ибодатеро машрӯъ намуда, то имонамон афзоиш ва ибодатҳоямон комил ва неъматҳояшонро беҳтару комилтар бароямон арзонӣ бахшад ва он закоти фитр ва такбиру намози ид аст.

Иди фитр неъмат, шодӣ, ибодат аст ва такмилкунандаи ибодоти рамазон мебошад ва дар он закоти фитр қарор дорад, ки мояи пок шудани рӯзадор аз корҳои беҳуда ва гуноҳони сағира аст ва бисёре аз зоҳираҳои иҷтимоъӣ ва инсонии Ислом дар он намоён мешавад, зеро дар ид қалбҳо бо ҳам наздиктар мешаванд ва мардум бо ҳам ҷамъ мешаванд ва ид ёдовари ҳаққи заъифон дар муҷтамаъи исломӣ мебошад, то шодии ид ба ҳамаи хонаводаҳоро дарбар бигирад.

Тамоми мардуми мусалмонро ба фаро расии иди Саиди Фитр самимона табрик гуфта барои Шумо аз даргохи Иллохи  қабули тоату бандагӣ ва тандурустиву хонаободӣ хоҳонам.
 Дар ин рӯзи  саид аз Парвардигор оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро барои мардум ва кишвари худ талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик мебошад.
Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод, инчунин ободии диёру рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.

Худованд то рамазони оянда ҳамаи шуморо нигаҳбон бошад . Идатон  муборак бод! Худованд тоату ибодатҳои  мову шуморо қабул фармояд!Омин


Илоҳо ҳар куҷо бошед,дар дини Худо бошед,
Муҳиби хонадони Ҳазрати Ҳак Мустафо бошед.
Илоҳо гушатон сомеъ шавад амри Илоҳиро,
Қабули қавми пайғамбар кунед дар ҳар кучо бошед.
 МУБОРАК ИДИ ФИТРАТ

Азизи ҷон, муборак иди фитрат,
Лабат хандон, муборак иди фитрат.
Падарҷони гиромӣ, модари ҷон,
Шавам қурбон, муборак иди фитрат.
Аё эй хоҳарам, эй додари хуб,
Бародарҷон, муборак иди фитрат.
Аё, эй духтарам, хуршеди бахтат
Бувад тобон, муборак иди фитрат.
Писарҷон, нури чашмонам ту бошӣ,
Бимон шодон, муборак иди фитрат.
Аё эй ҳамватан, ҳамсояи ман,
Ғамат поён, муборак иди фитрат.
Туро гар ман бидонам ё надонам,
Ба ҳар унвон, муборак иди фитрат.
Насибат рӯзгори бофароғат
Кунад Раҳмон, муборак иди фитрат.
Ба уқбо неъмати алвони ҷаннат
Диҳад чандон, муборак иди фитрат.
Насӯзад з-оташи сӯзони дӯзах
Туро домон, муборак иди фитрат.
Зи Ҳақ пайваста хоҳам, ҷони Наққош,
Туро имон, муборак иди фитрат.

Иброҳими НАҚҚОШ

воскресенье, 17 мая 2020 г.


Ҳамрози хоҳарон
Бузургон гуфтаанд: «Дар хонае зан – модар нест, хушӣ ва рӯшноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд.»

Тарбия фарзандон

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим


Бисмиллоҳи-л-лазӣ ъаллама би-л-қалами ъаллама-л-инсона мо лам яълам

Наҳмадуҳу ва нусаллӣ ъало Расулиҳи-л-карим, аммо баъд...

Нақл аст, ки фарзандонатонро бар асоси се хислат тарбият намоед:

Дӯст доштани Паёмбари акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, дӯст доштани аҳли байти ӯ ва тиловати Қуръон Маҷид[1].

Қатъан, фарзандоне ки бар пояҳои фавқ тарбият шаванд, Худованди мутаол ононро ба авҷи иззат ва азамат ноил мегардонад.

Вазифаи падару модар дар қиболи тарбияти фарзанд, бисёр сангин аст, бояд онон аз ҳангоми таваллуд то вақте ки фарзанд ба синни балоғат расида ва рӯйи пой худ меистад мувозиби ӯ буда ва ӯро ба беҳтарин равиши тарбияте ки Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва бузургони дин баён фармудаанд, таҳти назорат ва контрули худ тарбият кунанд. Худованди мутаол дар ин маврид мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا...

Тарҷума: «Эй муъминон, худ ва аҳли худро аз оташ (-и дӯзах) ҳифз кунед!» [Сураи Таҳрим; 6]

Манзур аз наҷот додани хонавода ва фарзандон аз оташи ҷаҳаннам, дур намудани онон аз аъмолест, ки сабаби духули онон ба ҷаҳаннам мешавад. Падар ва модар бо ахлоқ ва рафтори дуруст бояд, алгӯи[2] амалӣ барои фарзанд бошанд. Достони зиндагии Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва саҳобава ғазваҳои он ҳазрат {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро барои онон таъриф намоед. Чунон ки саҳоба {разияллоҳу анҳум} мегуфтанд:

Мо достони ғазавоти Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро барои фарзандонамон таъриф мекардем.

Падар ва модар ҳар ду дар тарбияти фарзанд нақш доранд, аммо чун дар даврони кӯдакӣ вобастагии фарзанд ба модар бештар аз падар аст, нақши модар дар тарбияти фарзанд, таъсири бештаре дорад. Иқбол ба занони мусулмон тавсия мекунад, ки ба духтари гиромии Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} таъасӣ намоянд, то мардоне ҳамчун Ҳусайн дар домани худ тарбият кунанд:

Мазраи таслимро ҳосил Батул[3],

Модаронро усваи комил Батул.

Он адабпарвардаи сабру ризо,

Осиёгардону лаб қуръонсаро.

Фитрати ту ҷазбҳо дорад баланд,

Чашму ҳуш аз усваи Заҳро мабанд.

То Ҳусайне шохи ту бор оварад,

Мавсими пешин ба гулзор оварад.

Бино бар ин, модарон бояд нақш ва таъсири худро боварӣ дошта бошанд ва дар тарбияти фарзандони азизи худ аз ҳеҷ талоше дареғ наварзанд:

Кӯдак ҳар ончи дорад аз оғӯши модар аст,

Гар зишт бошад ва агар некахтар аст.

Хӯе ки аз нахуст касеро ба сар нишаст,

Ӯро ҳамора то ба дами марг бар сар аст.

Дар дафтари муаллиму омӯзгор нест,

Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.

Рафтори модар аз пайи сармашқи кӯдакон,

Беҳтар зи ҳар китобу зи ҳаргуна дафтар аст.

Агар таърихро варақ бизанем, мебинем, ки модарони бузург ва накӯкор бо дуо ва таваҷҷуҳоташон тавонистаанд, фарзандони бузургеро ба ҷомеа таҳвил бидиҳанд.

Шавқӣ мегӯяд:

Ятим касе нест, ки падар ва модараш мурда бошанд ва ӯро бепаноҳ ва дармонда барҷой гузошта бошанд, балки ятими воқеӣ касест, ки модаре бетаваҷҷуҳ ва падаре саргарм ва машғул ба кори худ дорад.

Китоби ҳозир тавассути яке аз нависандагон араб ба номи Абдулқодир Шайх Иброҳим дар робита ба ҳамин мавзӯъ (тарбияти фарзандон) ба нигориш даромада аст. Банда баъд аз мутолиаи он, тасмим гирифтам, онро ба забони форсӣ тарҷума кунам, то бад-ин васила тавониста бошам, хидмате ҳар чанд кӯчак, ба ҷомеъа арза намоям. Тарҷумаи онро ба падар ва модарони огоҳ, ки ба тарбияти фарзандонашон алоқаманд мебошанд, тақдим медорам.

... رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَاجِنَا وَذُرِّيَّاتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍ وَاجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا (74)[4]

Уммуазизурраҳмон Нуриннисо Муллозода

Зимистони 1381ҳ.

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Ҳуқуқи фарзанд бар падар қабл аз тавалуд оғоз мешавад. Ин ҳақ, таваҷҷуҳ барои интихоби модари хуб ва риоят намудани авомили виросат аз як тараф ва фароҳам намудани муҳити солим барои сарпарастии фарзандон аз ҷониби дигар мебошад.

Худованди мутаол дар Қуръони маҷид ба сароҳат ба ин масъала ишора фармуда аст:

الْخَبِيثَاتُ لِلْخَبِيثِينَ وَالْخَبِيثُونَ لِلْخَبِيثَاتِ وَالطَّيِّبَاتُ لِلطَّيِّبِينَ وَالطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَاتِ أُولَئِكَ مُبَرَّءُونَ مِمَّا يَقُولُونَ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ (26)

Тарҷума: Занони нопок аз они мардони нопоканд ва мардон нопок аз они занони нопоканд ва занони пок мутаалиқ ба мардони поканд ва мардони пок мутаалиқ ба занони поканд. Онон аз нисбатҳое норавое ки ба онон дода мешавад мубарро ва муназзаҳанд. (Ба ҳамин далел,) эшон аз мағфирати илоҳӣ бархурдоранд ва дорои рӯзии арзишманде мебошанд (, ки биҳишти ҷовидон ва неъматҳои ғайри қобили тасаввури он аст). [Сураи Нур; 26]

Ибни Касир аз Абдурраҳмон ибни Зайд ибни Аслам ривоят мекунад, ки ӯ мегӯяд: «Занони хабис ва нопок мутаалиқ ба мардони нопок ва мардони хабис ва нопок аз они занони нопок ва занони пок шоистаи мардони пок ва мардони пок аз он занони пок мебошанд.»

Ояи муборака ба ин мавзӯъ ишора менамояд, ки вижагии марди поки муваффақ бо зани пок ва вижагии зани поки муваффақ бо марди пок аст.

Баъзе аз муфассирон аз ин оя барои бароат ва покии сайида Оиша {разияллоҳу анҳо} қабл аз ин ки бароати ӯ дар Қуръон нозил шавад, истидлол кардаанд.

Ибни Касир мегӯяд: Худованд Оиша {разияллоҳу анҳо}-ро барои ҳамсари Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба ин далел интихоб кард, ки вай пок буд ва аз ҳар инсони поке поктар буд ва агар наъузу биллоҳ, эшон нопок мебуд, ҳам ба лиҳози шаръӣ ва ҳам ба лиҳози рутба ва арзиш барои ҳамсарии Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} салоҳият намедоштанд. Аммо чунин набуд, балки дур аз ҳар шоибаи палиде, дар айни покӣ ва назоҳат қарор дошт. Чунонки, Худованди азза ва ҷалла мефармояд:

أُولَئِكَ مُبَرَّءُونَ مِمَّا يَقُولُون

Яъне онон аз ончи аҳли ифк ва душманониИслом мегӯянд, ба дур ва пок мебошанд.

لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ

Яъне ба сабаби дурӯғҳо ва туҳматҳои норавое ки дар ҳақи онон гуфта шуда, мавриди мағфирати Худованд қарор гирифтанд, яъне барои онон дар боғҳое пурнеъмати биҳишт аз ҷониби Худованд ризқи покиза ва хуб вуҷуд дорад. Ва дар ин оят Худованди Мутаол ба Оиша {разиаллоҳу анҳо} ваъда дода аст, ки дар биҳишт низ ҳамсари Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} хоҳад буд.

Дар ривоят омада аст, ки дар замони ҷоҳилият, яке аз асҳоб бо зани бадкор хешовандӣ дошт ва ҳангоме ки муслмон шуд, тасмим гирифт, бо вай издивоҷ кунад. Лизо, аз Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар ин маврид машварат хост. Худованди мутаол дар ҷавоби дархости ӯ ояи зайлро нозил фармуд:

الْخَبِيثَاتُ لِلْخَبِيثِينَ وَالْخَبِيثُونَ لِلْخَبِيثَاتِ وَالطَّيِّبَاتُ لِلطَّيِّبِينَ وَالطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَاتِ أُولَئِكَ مُبَرَّءُونَ مِمَّا يَقُولُونَ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ (26)

Дар аҳодис ва суннати набавии шариф низ барои интихоб намудани ҳамсари солеҳ ва нек барои издивоҷ амр шуда аст, чунонки Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мефармояд:

تُنْكَحُ الْمَرْأَةُ لأَرْبَعٍ لِمَالِهَا وَلِحَسَبِهَا وَجَمَالِهَا وَلِدِينِهَا، فَاظْفَرْ بِذَاتِ الدِّينِ تَرِبَتْ يَدَاكَ.[5]

Тарҷума: Зан ба хотири чаҳор чиз никоҳ карда мешавад: Ба хотири молаш, насабаш, ҷамолу зебоияш ва динаш, фақат диндорро интихоб кун, дастҳоят пурравнақ мешавад.

Бале! Мебинем, ки Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар ҳадиси мазбур мардонро ба издивоҷ бо ҳамсари диндор ташвиқ менамояд. Агар ҳамаи мардон ба ин дастури Расули гиромӣ амал намоянд, бидуни шак ба ҳадаф ва мақсади волои издивоҷ ки ҳамоно иффат ва покдоманӣ ва ташкили хонаводаи муъмин ва хуб аст, ноил хоҳанд омад.

Ҳикмат ва фалсафаи ин дастури Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ин аст, ки зан дар зиндагӣ, шарик ва мӯниси мард мебошад. Агар зан диндор бошад, фарзандони солеҳе ба дунё оварда ва тарбияти саҳеҳи исломӣ менамояд. Ва агар дин надошта бошад, фарзандони носолеҳ ва ба дур аз ахлоқи исломӣ ба дунё хоҳад овард, чун ахлоқи хуби падар ва модар дар фарзанд асар мегузорад ва рафторҳо ба якдигар сироят мекунад.

Домани модар маҳалли рушд ва нумӯи фарзанд мебошад. Зеро фарзанд дар ҳар коре аз модар таъассӣ меҷӯяд ва ӯро алгӯйи зиндагии худ медонад. Ба ҳамин иллат, Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар ҳадиси дигар мефармояд:

تَخَيَّرُوا لِنُطَفِكُمْ وَانْكِحُوا الْأَكْفَاءَ وَأَنْكِحُوا إِلَيْهِمْ[6]

Тарҷума: Барои нутфаҳои худ занони покиза ва диндорро интихоб кунед ва занони дархур ва шоистаи худро никоҳ кунед ва ба афроди шоиста зан бидиҳед!

Ва дар ҳадиси дигар мефармоянд:

تَزَوَّجُوْا فِي الْحُجْزِ الصَّالِحِ، فَإِنَّ الْعِرْقَ دَسَّاسٌ. [7]

Тарҷума: Усули (занони) покдоманро издивоҷ кунед, чун раг гироянда аст.

Алҳуҷз[8] асл ва маҳалли рушд ва солеҳ, киноя аз иффат мебошад.

Маънои ҳадис ин аст, ки агар мард бо зани солеҳа издивоҷ кунад, фарзанде ба дунё меорад, ки бо хонаводаи ҳамсар дар амал ва ахлоқ ва ғайра мушобиҳат хоҳад дошт.

Оре! Бародари мусалмонам, нигоҳ кун, ки Ислом то чӣ андоза ба фарзандон таваҷҷӯҳ дорад?: Аз ибтидои пайдоиш ва чигунагии пайдоиш. Ин таваҷҷуҳи болои Ислом, бо интихоби дурусти ҳамсари солеҳ ва шоиста барои ташкили хонаводаи мусалмон ва ба дунё оварадани фарзандони солеҳ ва некӯкор таҳаққуқ меёбад.

Баъд аз издивоҷ, марҳалаи таваллуди фарзандон мерасад. Дар ин замон аст, ки робита миёни зан ва шавҳар ва асоси хонаводаи мустаҳкам мешавад. Дар ин ҳангом, фазои хонавода иваз ва марҳалаи тарбият ва таваҷҷуҳ ба фарзандон оғоз мегардад ва эҳсосоти ҷадиде дар хонавода эҷод мешавад, ки падар ва модарро водор ба фароҳам намудани муҳите солим барои тарбияти фарзандонаш мекунад. Дар ин рисола, ҳуқуқи фарзадон бар волидайн ва вазифаи волидайн дар бораи фарзандонро баён хоҳем кард.

1. ВАЗИФАИ МОДАР ДАР БАРОБАРИ ТИФЛИ ХУД: ШИР ДОДАН БА КӮДАКИ ХЕШ

Худованди мутаол ба модар амр фармуда аст, ки фарзандашро дусоли комил шир бидиҳад. Қуръони Маҷид бар ин амр таъкид мекунад, чунон ки мефармояд:

وَالْوَالِدَاتُ يُرْضِعْنَ أَوْلَادَهُنَّ حَوْلَيْنِ كَامِلَيْنِ لِمَنْ أَرَادَ أَنْ يُتِمَّ الرَّضَاعَةَ

Тарҷума: Модарон (аъам аз муталлақа ва ғайри муталлақа) ду соли тамом фарзандони худро шир медиҳанд, ҳар гоҳ яке аз волидайн, ё ҳар дуи эшон хостори такмили даврони ширхорагӣ шавад.

Илми ҷадид фоидаи ду соли ширдиҳии модар ба кӯдак аз пистони худашро собит карда аст, ки шири модар муносибтарин ва беҳтарин ғизо барои кӯдак мебошад. Зеро шири модар, мутобиқи обу ҳаво ва фаслҳо тағйир мекунад. Дар зимистон гарм ва дар тобистон сард аст, то бо мизоҷи тифл созгорӣ дошта бошад ва нӯшидании гуворо барои ӯ дар ҳар фасле бошад.

Ҳамчунин, аз назари ҷисмӣ ва рӯҳӣ, кӯдаки солим ва хуб кӯдакест, ки ба муддати ду соли комил аз модараш шир бинӯшад, зеро чунин бачае дар ин муддати ду сол, авотиф ва эҳсосоти меҳрубонӣ, нармдилӣ, лутфи модарӣ ва ниҳоят, раҳматро аз модар мегирад ва ба ирс мебарад. Вақте Аллоҳ азза ва ҷалла мефармояд:

وَالْوَالِدَاتُ يُرْضِعْنَ أَوْلَادَهُنَّ حَوْلَيْنِ كَامِلَيْنِ

Мехоҳад, собит кунад, ки шир додани модар ба бача дар муддати ду сол, ҳеҷ беморӣ ва зараре мутаваҷҷеҳи модар намесозад.

Он касоне, ки шир доданро зарурӣ барои модарон медонанд ва алайҳи он таблиғот менамоянд, заифулимон ва шайтон ҳастанд, ки ин таблиғоти беасосро ба роҳ андохтаанд. Бояд донист, ки онон ҳеҷ гуна ҳамхоние бо шаръи муқаддаси Ислом надоранд. Худованд зотест, ки афроди фосидро аз муслиҳ мешиносад, чунонки мефармояд:

أَلَا يَعْلَمُ مَنْ خَلَقَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ (14)

Тарҷума: Оё он касе ки (ҳама офаридагонро) офарида аст, намедонад, ҳол он ки ӯ борикбини огоҳ аст. [Мулк; 14]

Дар илми тиб собит шуда аст, зане ки ба кӯдакаш шир намедиҳад, дар маърази ибтило ба бемориҳои пистон қарор дорад ... пас, ба яқин Худованди офаридгор, доно ва пок ва бартар аст.

2. ВАЗИФАИ ПАДАР ДАР ҚИБОЛИ ФАРЗАНД НАФАҚА ДОДАН БА ӮСТ

Бояд донист, кидарИсломмасъулияти инфоқ ва таъмини ҳазинаҳои фарзандон ба дӯши падар аст, чунонки Қуръони маҷид бар ин амр таъкид менамояд ва мефармояд:

...وَعَلَى الْمَوْلُودِ لَهُ رِزْقُهُنَّ وَكِسْوَتُهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ...

Тарҷума: ... Бар ҳар фарде ки барояш навзод ба дунё омад, ризқ ва пӯшоки онон бар асоси урфи марсум воҷиб аст.... [Бақара; 233]

Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аҷри инфоқ бар фарзандонро баён фармуда аст. Гарчи ҳадис ба сароҳат аз хонавода сухан гуфта, аммо ба таври зимнӣ, фарзандонро низ дар бар мегирад.

Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳуривоят аст, ки Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}фармуд:

دِينَارٌ أَنْفَقْتَهُ فِيسَبِيلِ اللَّهِ وَدِينَارٌ أَنْفَقْتَهُ فِي رَقَبَةٍ وَدِينَارٌ تَصَدَّقْتَ بِهِ عَلَى مِسْكِينٍ وَدِينَارٌ أَنْفَقْتَهُ عَلَى أَهْلِكَ أَعْظَمُهَا أَجْرًا الَّذِي أَنْفَقْتَهُ عَلَى أَهْلِكَ[9]

Диноре ки онро дар роҳи Худо харҷ кардӣ ва диноре ки онро барои озодии гардане инфоқ намудӣ ва диноре ки онро ба мискин садақа додӣ ва диноре ки онро барои хонаводаат харҷ кардӣ. Аз миёни ҳамаи ин динорҳо, бузургтарин аҷрро диноре дорад, ки бар хонаводаат харҷ намудаӣ.

Ва дар ривояте омада аст, ки Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуд:

أَفْضَلُ دِينَارٍ يُنْفِقُهُ الرَّجُلُ دِينَارٌ يُنْفِقُهُ عَلَى عِيَالِهِ وَدِينَارٌ يُنْفِقُهُ الرَّجُلُ عَلَى دَابَّتِهِ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَدِينَارٌ يُنْفِقُهُ عَلَى أَصْحَابِهِ فِي سَبِيلِ اللَّهِ[10]

Боарзиштарин диноре ки шахс онро инфоқ менамояд, динорест, ки бар хонаводааш ва савориаш дар ҷиҳод ва бар ёронаш дар роҳи Худо (ҷиҳод) инфоқ мекунад.

Падар ба хотири инфоқ бар фарзандаш, мустаҳиққи подош ва савоб назди Худованди мутаъол мешавад. Ҳамчунин, агар бар фарзандони муҳтоҷ ва заифу ноболиғи худ, инфоқ накунад, гуноҳгор мегардад. Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар ҳадисе мефармояд:

كَفَى بِالْمَرْءِ إِثْمًا أَنْ يُضَيِّعَ مَنْ يَقُوتُ.[11]

Барои гуноҳгор будани шахс ҳамин андоза кифоя аст, ки шахсеро ки таҳти сарпарастии ӯст ва бо ӯ ғизо мехӯрад, аз байн бибарад.

3. ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯТИ ФАРЗАНДОН, ВАЗИФАИ ДИГАРИ ПАДАР АСТ

Таълим ва тарбияти фарзандон ва водор кардани онон ба корҳои нек ва дуруст ва боздоштани онҳо аз корҳои зишт, вазифаи сангини падар мебошад, зеро ин масъала ба дунё ва охирати онон ва саодат ва шақовати онон иртибот дорад. Худованди мутаъол мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ

Тарҷума: Эй касоне, ки имон овардаед, худатон ва хонаводаҳоятонро аз оташе ки сӯхти он мардум ва сангҳост, дур нигаҳ доред!... [Таҳрим; 6]

Ояи фавқ ҳушдоре боздоранда аз оташи ҷаҳаннам аст. Кадомин оташ? Оташе ки сӯхти он мардум ва санг аст ва масъулони он фариштагоне қавӣ ва сарсахт ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ аз дастури Худованд сарпечӣ накарда ва ончи ба он дастур дода мешаванд, анҷом медиҳанд.

Касе ки ба нидои малакутии Қуръони азимушшаън гӯш фаро надиҳад, ба яқин худро дар хасорат ва нуқсони абадӣ андохта аст. Худованди мутаол мефармояд:

قُلْ إِنَّ الْخَاسِرِينَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ وَأَهْلِيهِمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَلَا ذَلِكَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِينُ (15)

Тарҷума: Бигӯ: Зиёнкорони воқеӣ касоне ҳастанд, ки (умр ва ҷони) худро (ба сабаби гумроҳӣ ва ҳатто умру ҷони аҳл ва иёл) ва вобастагони худро (бо гумроҳсозӣ) дар рӯзи қиёмат (ҳадар диҳанд ва) зиёнбор кунанд. Ҳон! Зиёни ошкор, воқеан, ҳамин аст. [Зумар; 15]

Аммо инсон бо кадомин васила, худ ва хонаводаашро аз ин оташ ва он хасорат ва зиёни ҳамешагӣ наҷот бидиҳад?

Қатъан, инсон худро бо илм ва амал метавонад, аз ин оташ ва зиёни абадӣ наҷот диҳад, зеро рафтор ва кирдори дуруст аз илми муфид ва эътиқоди солим сарчашма мегирад.

Агар илми муфид ва дурусте вуҷуд дошта бошад, аз куҷо ва чӣ тавр инсон метавонад аз рафтори дурусти исломӣ ва саҳеҳ бархурдор шавад?

Бад-ин сабаб, бар ҳар падари мусумон лозим аст, ки фарзанди худро аз ибтидои кудакӣ, илми дин биёмузад, илме ки роҳ ва равиши зиндагӣ ва саодати дунё ва охиратро барои онон бима карда ва таъмин намояд. Чуноне ки Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони маҷид ба Паёмбари маҳбубаш дастур медиҳад, ки хонаводаашро ба намоз водор намояд:

وَأْمُرْ أَهْلَكَ بِالصَّلَاةِ وَاصْطَبِرْ عَلَيْهَا

Тарҷума: Хонаводаатро ба намоз дастур бидеҳ ва худ низ бар он пойбанд бош! [Тоҳо; 132]

Ин Луқмон аст, ки фарзандашро ба намоз, ва ба кори нек дастур дода ва аз мункарот бозмедорад. Чуноне ки Аллоҳи таоло аз қавли Луқмон двр Қуръони маҷид мефармояд:

يَا بُنَيَّ أَقِمِ الصَّلَاةَ وَأْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ وَانْهَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَاصْبِرْ عَلَى مَا أَصَابَكَ إِنَّ ذَلِكَ مِنْ عَزْمِ الْأُمُورِ (17)

Тарҷума: Ай писари азизам! Намозро чунонки шоиста аст, бихон ва ба кори нек дастур бидеҳ ва аз кори бад наҳй кун ва дар баробари масоибе ки ба ту мерасад, шикебо бош! Инҳо аз корҳои (асосӣ ва муҳимме) аст, ки бояд бар он азмро ҷазм кард ва субот варзид. [Луқмон; 17]

Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мефармояд:

مُرُوا أَوْلاَدَكُمْ بِالصَّلاَةِ وَهُمْ أَبْنَاءُ سَبْعِ سِنِينَ وَاضْرِبُوهُمْ عَلَيْهَا وَهُمْ أَبْنَاءُ عَشْرٍوَفَرِّقُوا بَيْنَهُمْ فِي الْمَضَاجِعِ.[12]

Тарҷума: Дар ҳафтсолагӣ, фарзандонатонро ба намоз амр намоед ва дар даҳсолагӣ ононро ба хотир тарки намоз, кутак бизанед ва рахти хобҳояшонро аз якдигар ҷудо кунед!

Ҳикмати кутак задани фарзандон ба хотири тарки намоз ин аст, ки онон ба намоз хондан одат намоянд ва то замони балоғат ба он унс бигиранд. Ва ҳикмати ҷудо намудани рахтихоби фарзандон аз якдигар ба ин далел аст, ки аз васовиси шайтон ва ҳазари шаҳватпарастӣ дар амон бошанд, зеро дар ин марҳала аз умр, бими он меравад, ки ба фасоду фаҳшо кашида шаванд, чаро ки синни навҷавонӣ, синни хатарнокест. Ба ҳамин хотир, Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба ҷудо намудани рахтихоби бачаҳо дар ин син ва омӯхтани одоб ва итоати дастуроти илоҳӣ ва ҳифозати аҳкоми ӯ амр фармуданд.

4. ВАЗИФАИ ПАДАР ВА МОДАР ДАР ҚИБОЛИ ФАРЗАНДОН

Падару модар бояд адолатро дар ҳамаи маворид: тарбият, нафақа, муҳаббат ва дилзӯзӣ дар бораи фарзандонашон риоят намоянд, то дар дили фарзандон ба иллати беадолатӣ ниҳоли кина ва ҳасодат ва душманӣ кошта нашавад, зеро душмании бародарони Юсуф бо Юсуф ба ҳамин хотир буд, ки мутаваҷҷеҳ шуданд, падарашон Яъқуб Юсуфро бештар аз онон дуст дорад. Лизо бо ӯ душман шуданд ва нисбат ба ӯ ҳасад варзиданд ва тарҳи қатли ӯро пиёда карданд. Чунонки Аллоҳи зулҷалол мефармояд:

إِذْ قَالُوا لَيُوسُفُ وَأَخُوهُ أَحَبُّ إِلَى أَبِينَا مِنَّا وَنَحْنُ عُصْبَةٌ إِنَّ أَبَانَا لَفِي ضَلَالٍ مُبِينٍ (8) اقْتُلُوا يُوسُفَ أَوِ اطْرَحُوهُ أَرْضًا يَخْلُ لَكُمْ وَجْهُ أَبِيكُمْ وَتَكُونُوا مِنْ بَعْدِهِ قَوْمًا صَالِحِينَ (9)

Тарҷума: Ҳангоме ки (бародарони падарии Юсуф) гуфтанд: Юсуф ва бародараш (Бенёмин ки аз як модаранд,) назди падарамон аз мо маҳбубтаранд, дар ҳоле ки мо гурӯҳи нирӯманде ҳастем (ва аз он ду, бар падар судмандтар мебошем). Мусалламан, падарамон дар иштибоҳи рӯшанест. Юсуфро бикушед, ё ӯро ба сарзамине (дурдаст) биафканед, то таваҷҷуҳи падаратон фақат ба шумо бошад (ва танҳо ва танҳо шуморо дӯст дошта бошад ва ба шумо меҳр варзад) ва баъд аз он, (аз гуноҳи худ пушаймон шавед ва тавба мекунед ва) афроди солеҳе хоҳед гашт (чаро ки Худо тавбапазир аст ва падар ҳам узратанро қабул менамояд). [Юсуф; 8- 9]

Ончи то инҷо баён гардид, ҳуқуқе буданд, ки дар синни кӯдакии фарзанд бар ӯҳдаи падар ҳастанд. Аммо ҳангоме ки фарзанд бузург ва ҷавон мешавад, дар он вақт бар падар лозим аст, ки дар атоё ва бахшишҳо миёни онон адолатро риоят намояд, то падар боиси душманӣ ва кина миёни фарзандон нашавад. Чӣ басо иттифоқ меуфтад, ки ба ҷиҳати адами адолати падар, фарзандон бо падар ва бародарон душман хоҳанд шуд.

Зеро дар ин аср, бисёре аз падарон баъзе аз фарзандонро бар баъзе дигар бо додани мол, ё замин, ё чизҳои дигар, фақат ба хотири асобонӣ шудан бар яке аз фарзандон, ё кутоҳии яке аз фарзандон дар ҳаққи падар, тарҷеҳ медиҳанд. Бадеҳист, ки ин рафтори падар, ҷанҷоли бузурге барпо мекунад ва гоҳе шуда, ки ҳамин фарзанди маҳрум, ба як ҳайвони ваҳшиӣ ва даранда табдил шуда ва падар ва бародаронашро таҳдид ба қатл мекунад, гарчи таҳдиди худро амалӣ накунанд ва бародарашро ки бар ӯ тарҷеҳ додаанд ва дар ҳаққаш имтиёзи бештаре қоил шудаанд, душмани худ медонад ва дар тӯли зиндагӣ, монанди душман бо ӯ рафтор хоҳад кард ва робитаи ухувват байни онон қатъ хоҳанд шуд.

Доктор Саъд Ҷовиш дар яке аз гуфтугӯҳояш ки ман низ дар он ҷаласа ҳузур доштам, гуфт: «Шунидам, ки дар ҳамин рӯзҳо, модаре яке аз писаронашро ба додани амволаш бар фарзанди дигараш тарҷеҳ дода аст. Фарзанди маҳруме ки пеш аз ин, мутеъи модараш буд, вақте мутаваҷҷеҳи ин масъала мешавад, бо табаре ба модар ҳамла мекунад ва ӯро ба қатл мерасонад».

Қатъан, иллати ин ҳодисаи асафнок риоят накардани адолат аз ҷониби модар дар ҳаққи фарзандон мебошад. Он ҳам бидуни ҳеҷ далел ва тавҷеҳе аз ҷониби модар!!! Мутаасифона, амсоли ин гуна ҳаводис дар дунё бисёр иттифоқ меуфтад. Агар инсонҳо ба шаръи муқаддаси Ислом ва дастуроти Раббулъоламин пойбанд буданд, ҳаргиз ба ин сияҳрӯзӣ дучор намешуданд.

Оре, Худованд муфсидро аз муслеҳ мешиносад ва дастуроти вай садди маҳкаме аз вуқӯи шар байни хешовандон мебошанд.

5. ВАЗИФАИ ВОЛИДАЙН ДАР НОМГУЗОРИИ ФАРЗАНДОН

Бояд волидайн барои фарзандонашон исмҳои муносиб ва хуберо интихоб намоянд. Исмҳои зишт ва бемаъниро ки аз ҷониби дӯстон дар мадраса, ё ғайри мадраса мавриди тамасхур қарор бигиранд, интихоб накунанд. Дар ғайри ин сурат, онон эҳсоси ҳақорат мекунанд ва аз назари фикрӣ ва руҳӣ заиф хоҳандшуд.

6. ТАЪМИНИ ҲАЁТИ ФАРЗАНДОН ВАЗИФАИ ДИГАРИ ПАДАР АСТ

Вазифаи падар аст, ки аз зиндагӣ ва саломатии фарзанд муҳофизат намояд ва ӯро ба қатл нарасонад. Зеро аъроби даврони ҷоҳилият бар асари ҷаҳолаташон духтарони худро ба хотири тарс аз фақр кушта ва зинда ба гӯр мекарданд, аз фарти ҷаҳолат, аз ин муҳим ғофил буданд, ки:

إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ (58)

Яъне: Худованд рӯзирасон ва соҳибқудрати бартар мебошад. [Зориёт; 58]

Ва онон нестанд, ки фарзандони худро рӯзӣ медиҳанд, балки Худованд розиқ аст. Худованди мутаъол дар каломи покаш, оёти мутаъдидеро бар мазаммати ин кори норавои онон ки ношӣ аз ҷаҳл ва қасовати қалбии онон буд, нозил фармуда аст:

قَدْ خَسِرَ الَّذِينَ قَتَلُوا أَوْلَادَهُمْ سَفَهًا بِغَيْرِ عِلْمٍ

Тарҷума: Мусалламан, зиён мебинанд касоне ки фарзандони худро аз рӯи сафоҳат ва нодонӣ мекушанд. [Анъом; 140]

Ва дар ояи дигар мефармояд:

قُلْ تَعَالَوْا أَتْلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمْ عَلَيْكُمْ أَلَّا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَلَا تَقْتُلُوا أَوْلَادَكُمْ مِنْ إِمْلَاقٍ نَحْنُ نَرْزُقُكُمْ وَإِيَّاهُمْ

Тарҷума: Бигӯ, биёед, чизҳоеро бароятон баён мекунам, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром намуда аст: Ин ки чизеро шарики Худо қарор мадиҳед ва ба падару модар некӣ кунед ва фарзандонатонро аз тарси фақр ва гуруснагӣ, (-и алъон, ё оянда) мекашед, (чаро ки) мо ба шумо ва эшон рӯзӣ медиҳем (ва рӯзирасони ҳама моем, на шумо). [Анъом; 151]

Ва дар ояи дигар мефармояд:

وَلَا تَقْتُلُوا أَوْلَادَكُمْ خَشْيَةَ إِمْلَاقٍ نَحْنُ نَرْزُقُهُمْ وَإِيَّاكُمْ إِنَّ قَتْلَهُمْ كَانَ خِطْئًا كَبِيرًا (31)

Тарҷума: Ва (аз ончи ки рӯзӣ дар дасти Худо аст) фарзандонатонро аз тарси фақр ва тангдастӣ макушед! Мо онон ва шуморо рӯзӣ медиҳем (ва зомини ризқи ҳамагонем), бегумон, куштани эшон гуноҳи бузургест. [Исро; 31]

Аъроби даврони ҷоҳилият фарзандони бегуноҳро ба хотири тарс аз фақр мекуштанд. Худованди азза ва ҷалла ононро аз ин амали зишт боздошт ва ба онон гӯшзад фармуд, ки рӯзӣ дар дасти Худованди раззоқ мебошад.

Ба ҷиҳати таъкид ва итминони онон Худованди Қуддус рӯзии сағир ва кӯчакро қабл аз бузургтарҳо зикр фармуд:

نَحْنُ نَرْزُقُهُمْ وَإِيَّاكُمْ

Абдуллоҳ ибни Масъуд мегӯяд: Гуфтам: Эй Расули Худо! Кадом гуноҳ бузургтар аст? Фармуд:

أَنْ تَجْعَلَ لِلَّهِ نِدًّا وَهُوَ خَلَقَكَ، قُلْتُ: ثُمَّ أَيٌّ؟ قَالَ: ثُمَّ أَنْ تَقْتُلَ وَلَدَكَ خَشْيَةَ أَنْ يَطْعَمَ مَعَكَ، قُلْتُ: ثُمَّ أَيٌّ؟ قَالَ أَنْ تُزَانِيَ بِحَلِيلَةِ جَارِكَ[13]

Яъне ин ки бо Худованде ки туро офарида, шарике қарор бидиҳӣ. Гуфтам: Баъд кадом? Фармуд: Ин ки фарзандатро аз тарси ин ки бо ту ғизо бихӯрад, бикушӣ. Гуфтам: Баъд кадом? Фармуд: Ин ки бо ҳамсари ҳамсояат зино кунӣ.

Бадеҳист, ки ҳадиси мазбур, далели ин нукта низ мешавад, ки сақти амдии ҷанине ки чаҳор моҳи ӯ комил шуда аст, қатл маҳсуб мегардад, чун рӯҳ дар ӯ дамида шуда аст. Ба ҳамин хотир, бояд ба шиддат аз он парҳез намуд.

7. ВАЗИФАИ ПАДАР ҲАД ВА МАРЗЕ ДОРАД, КИАЗ ОН НАБОЯД ГУЗАШТ

Аллоҳ таъоло падаронро аз зиёдаравӣ ва ифрот дар муҳаббати фарзандон ки боиси ғафлати онон аз ҳуқуқи Аллоҳ шавад, манъ карда ва барҳазар дошта аст. Худованди азза ва ҷалла бо таври ошкор ва бепарда баён фармуда аст, ки зиёдаравӣ ва ифрот дар муҳаббати фарзандон мунҷар ба оқибати нохушоянде мешавад ва гӯё ки бо фарзандонаш душманӣ мекунад ва фарзандон душмани ӯ ҳастанд. Агарчи қасди фарзандон душманӣ ва зарар расондан ба падар нест, аммо вақте муҳаббати фарзандон ба ҷое бирасад, ки фарзандон вазифаи динии худро фаромӯш кунанд, ба манзалаи душмани ӯ мешаванд. Худованди мутаъол мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ مِنْ أَزْوَاجِكُمْ وَأَوْلَادِكُمْ عَدُوًّا لَكُمْ فَاحْذَرُوهُمْ

Тарҷума: Эй муъминон! Қатъан, баъзе аз ҳамсарон ва фарзандонатон душманони шумо ҳастанд (ки шуморо аз роҳи Худо бозмедоранд ва дар ибодат ва тоат суст мегардонанд). Пас, аз эшон худро барҳазар доред! [Тағобун; 14]

Ибни Касир мегӯяд: Худованди мутаъол хабар медиҳад, ки баъзе аз азвоҷ ва фарзандон душмани ҳамсарон ва падарон мебошанд, ин гуна ки ононро аз амали солеҳ, бозмедоранд.

Худованди мутаъол дар ояи дигар мефармояд:

إِنَّمَا أَمْوَالُكُمْ وَأَوْلَادُكُمْ فِتْنَةٌ وَاللَّهُ عِنْدَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ (15)

Тарҷума: Ҳамоно, амволи шумо ва авлоди шумо фитна ва имтиҳонанд ва бидонед, ки назди Худованд аҷри азиме вуҷуд дорад. [Тағобун; 14]

Ва дар ояи дигар мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُلْهِكُمْ أَمْوَالُكُمْ وَلَا أَوْلَادُكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ فَأُولَئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ (9)

Тарҷума: Эй муъминон! Мабодо, амвол ва фарзандонатон шуморо аз ёди Худо ғофил созанд. Касоне ки чунин кунанд (ва амвол ва авлодашон ононро саргарм ва ба худ машғул дорад) эшон зиёнкоранд. [Мунофиқун; 9]

Достони писаре ки Хизр алайҳи-с-салом ӯро ба қатл расонд ва дар сураи Каҳф зикр шуда аст, фаромӯш накунем. Худованди Мутаъол дар ин маврид мефармояд:

وَأَمَّا الْغُلَامُ فَكَانَ أَبَوَاهُ مُؤْمِنَيْنِ فَخَشِينَا أَنْ يُرْهِقَهُمَا طُغْيَانًا وَكُفْرًا (80) فَأَرَدْنَا أَنْ يُبْدِلَهُمَا رَبُّهُمَا خَيْرًا مِنْهُ زَكَاةً وَأَقْرَبَ رُحْمًا (81)

Тарҷума: Ва аммо он кӯдак (ки ӯро куштам) падар ва модараш боимон буданд (ва агар ӯ зинда мемонд,) метарсидем, ки саркашӣ ва куфро бад-онон таҳмил кунад (ва ишонро аз роҳ бибарад). Мо хостем, ки Парвардигорашон ба ҷои ӯ фарзанди поктар ва пурмуҳаббаттаре ба онон ато фармояд. [Каҳф; 80-81]

Ибни Касир мегӯяд: Яъне ҳамин муҳаббати фарзанд аст, ки гоҳе падар ва модарро водор ба куфр мекунад.

Қатода мегӯяд: Ҳангоме ки ин фарзанд ба дунё омад, падару модараш хушҳол шуданд. Вақте кушта шуд, бар ӯ ғамгин шуданд ва агар ин бача зинда мемонд, сабаби ҳалокати онон мешуд.

Ибни Аббос ба ривоят аз Убай ибни Каъб мегӯяд: Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:

الْغُلاَمُ الَّذِي قَتَلَهُ الْخَضِرُ طُبِعَ يَوْمَ طُبِعَ كَافِرًا[14]

Тарҷума: Писаре ки Хизр ӯро кушт, дар сарнавишти ӯ куфр рақам зада шуда буд, ки кофири ҷиблӣ ва фитрӣ буда аст.

Оёт ва аҳодиси мазкур, далел бар ин аст, ки мол ва авлод барои инсон имтиҳон ва озмоиш аз ҷониби Аллоҳи зулҷалол мебошанд, то инсони мутеъ аз осӣ ва гуноҳгор шинохта шавад.

Рӯзе Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} хутба мехонд, ногаҳон чашми мубораки ӯ ба Ҳасан ва Ҳусейн уфтод, ки ба сӯи он ҳазрат {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} меомаданд. Онон пироҳанҳое сурхранге ба тан доштанд, ки гоҳе мелағзиданд ва меуфтоданд ва боз баланд мешуданд. Вақте он ҳазрат ононро дар он ҳол дид, аз минбар поён омад ва ҳар дуро бардошт ва назди худаш ҷилави минбар нишонд, сипас фармуд:

صَدَقَ اللَّهُ: إِنَّمَا أَمْوَالُكُمْ وَأَوْلاَدُكُمْ فِتْنَةٌ، فَنَظَرْتُ إِلَى هَذَيْنِ الصَّبِيَّيْنِ يَمْشِيَانِ وَيَعْثُرَانِ فَلَمْ أَصْبِرْ حَتَّى قَطَعْتُ حَدِيثِي وَرَفَعْتُهُمَا.[15]

Тарҷума: Худованд рост гуфта аст, ки:

إِنَّمَا أَمْوَالُكُمْ وَأَوْلاَدُكُمْ فِتْنَةٌ

Ҳамоно амвол ва авлоди шумо имтиҳон ва озмоиш ҳастанд.

Ба ин ду бача нигоҳ нигоҳ кардам, ки роҳ мерафтанд ва мелағзиданд ва меуфтоданд, тоқат наёвардам, то ин ки суханамро қатъ кардам ва онҳоро баланд карда ва овардам.

Вақте фарзандон барои падар ва модар имтиҳон ва озмоише ҳастанд, пас бар падар ва модар лозим аст, ки аз Худованди мутаъол муваффақият ва сарбаландӣ аз ин имтиҳонро талаб намоянд.

Муваффақият ва сарбаландӣ аз ин имтиҳон, замоне имконпазир аст, ки падару модар дастуроти Аллоҳ ва ҳуқуқи фарзандонро риоят кунанд ва аз ҳудуду қавонини Аллоҳ азза ва ҷалла таҷовуз накарда ва муҳаббати фарзандон сабаби ғафлат аз ёди Худо нагардад.

Аз Худованди азза ва ҷалла мехоҳем, ки ба мо ҳидоят иноят намуда ва аз шарри нафси аммора раҳоӣ бахшад, чаро ки бе тардид ҳидоятдиҳандаи роҳи ҳақ ва сироти мустақим ӯст.

- Шариати ислом масъулияти тарбияи фарзандонро дар навбати аввал ба зиммаи падару модар мегузорад ва ин вазифаи асосиро пеш аз ҳама хоси падару модар медонад. Ислом дастур медиҳад, ки мо нисбат ба фарзандон саҳлгир набошем ва ба фарзандон донишҳои судбахшро таълим диҳем. Падар пеш аз ҳама вазифадор аст, ки ба омӯзиши фарзанд диққати ҷиддӣ диҳад, ҳанӯз аз хурдсолӣ илмҳои замона, фарзҳои динӣ ва суннатҳои он ба фарзандон омӯзонад.
Тарбия дар ҷодаи парвариши фарзандон бар ҳамин асос қарор мегирад. Рафти ташкил, сарпарастӣ ва ислоҳ ба тадриҷ ва оҳиста-оҳиста то замони ба камол расидан идома меёбад. Яъне тарбия аз замони таваллуд ба тадриҷ то синни балоғат ҳамзамон бо парвариши кӯдак сурат мегирад. Ин аст масъулияти падару модар дар мавриди тарбияи фарзандон ва он масъулиятест, ки наметавон ба ҷойи падару модар каси дигар ин масъулиятро ба дӯш бигирад.
Аз рӯи нуқтаи назари ислом мураббиҳо чи модар, чи падар ва ё чи муаллим бояд соҳиби ин сифатҳо бошанд:
- Сабру бурдборӣ ва матонату оромиш.
- Некӯкирдорӣ ва нармӣ.
- Меҳрубонӣ, меҳру шафқат ва муҳаббат.
- Дурӣ гирифтан аз хашму ғазаб, қатъи назар аз он ки он муррабӣ падар аст ё модар, ё касе, ки вазифаи тарбияро ба ӯҳда дорад.
- Дигар сифати мураббӣ нарм будан, беозор будан, бо сӯҳбатҳои хуш, муносибати хуб ҷалб кардан.
- Миёни ду кор агар гуноҳ набошад, осонтарашро интихоб кардан. Манзур аз интихоби кори осон ин амалҳои мубоҳ ва машрӯъ аст. Бинобар ин муррабида муомила бо фарзандон ва шогирдони худ некӯтарин услуб, беҳтарин вақт, зеботарин калимаҳо ва ибораҳо ва осонтарин роҳнамоиҳоро интихоб кунад, то ба андак кӯшиш ва дар як фурсати кӯтоҳ ба зеҳни онҳо роҳ ёбад.

- Албатта, имрӯзҳо фарзандони моро мушкилиҳо ва хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ аст. Таълимотҳое, ки ба ниёзҳои рӯҳӣ, фикрӣ, хулқӣ ва ҷисмонии инсон ҷавобгӯ бошад, ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда нашудаанд. Агар назари уламои исломро дар мавриди тарбияи фарзанд баён кунем, ҷилд-ҷилд китобҳо иншо мешавад, вале мо баъзе гуфтаҳоро дар поён баён мекунем, то хонандагон худашон хулоса бароранд, ки ислом тарбияи фарзандонро дар мадди аввал мондааст.
Ҳазрати Алӣ мефармояд: «Худатон некиро ёд бигиред ва онро ба хонаводаатон биомӯзонед». «Мусалмон бояд аввал худ адаб омӯзад ва хонаводаашонро адаб омӯзонад, сипас онҳоро ба некӣ кардан амр кунад ва аз бадӣ манъ кунад». Умар ибни Хоттоб чунин одат дошт, ки вақте мардумро аз коре манъ мефармуд, аҳли хонаводаашро даъват карда, мегуфт: «Ман мардумро аз фалон ва фалон кор боздоштам. Албатта, мардум ба шумо менигаранд мисли он ки парранда ба сӯи гӯшт менигарад. Пас агар шумо ба он фурӯ оед, мардум ҳам фурӯ меоянд ва агар битарсед ва бипарҳезед, мардум ҳам метарсанд ва парҳез мекунанд. Савганд ба Худо, суд намебарад касе аз шумо дар чизе, ки ман мардумро аз он манъ намудаам, магар дучанд мекунам барои ӯ азобро ба хотири наздикӣ ва мавқеияте, ки бо ман дорад». Имом Ғазолӣ мефармояд: «Дар ҳақиқат кӯдак амонатест, дар назди падару модараш ва дили покаш гавҳарест нозуку содда ва холӣ аз тамоми нақшҳову суратҳо ва дили ӯ омодаи пазириши ҳар гуна нақшу нигорест, ки дар он кашида шавад ва моил аст ба ҳар тарафе, ки майл дода шавад. Пас агар ба ӯ некӯӣ омӯзонда ва таълим диҳед, бар накӯӣ бузург мешавад ва дар дунёву охират хушбахту саодатманд мегардад. Дар савоби ӯ падару модараш, муаллим ва адабомӯзи ӯ шарик аст. Агар кӯдак ба бадӣ тарбия ёбад ва мисли чорпо бидуни парастор фурӯ гузошта шавад, он гоҳ ӯ бадбахт гашта, ҳалок мешавад, гуноҳаш бар гардани тарбиякунандагон ва касонест, ки тарбияи ӯ вазифаи онҳо буд».
Муҳаммад Нур Сувайд дар китоби «Усули тарбиявии тифл» мегӯяд, «Ислом шадидан аз оила мехоҳад ва ба он таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад, то ки оила парваришгоҳи ором ва ҷойи таъсиррасони бузург дар тарбия бошад».
Муҳаммад Қутб дар китобаш «Усули тарбияи исломӣ» менависад: «Маълум аст, ки хона, кӯча, мактаб, ҷомеа пояҳои асосии тарбия мебошанд, вале асоси таъсиргузори аввал аст ва хона тавонотарини ин пояҳо аст. Зеро хона тифлро аз марҳилаи аввал ба оғӯш мегирад ва ҳам замоне, ки тифл дар хона сипарӣ мекунад, аз ҳама замонҳои дигар бештар аст. Ба болои ҳамаи ин падару модар ба тифл аз дигарон дида бештар таъсиргузоранд».
Ҳамин тавр олимону донишмандон барои зарурати тарбияи фарзанд, тарбияи дурусте, ки асос ва пояи он китоби Худо ва суннати Расули Худост, иттифоқ кардаанд. Пас вақте падару модар ва мураббиён ҳақиқати ин амонатро дарк кунанд ва онро аз рӯи сидқу ихлос ба дӯш бигиранд, ба ин қавм ба пирӯзии наздик мужда дод.
«Ба ростӣ ки Худованд сарнавишти ҳеҷ қавмро тағйир нахоҳад дод, магар он чиро, дар замираш он аст, тағйир диҳанд». Сураи «Раъд», ояти 11.

АГАР ХОҲЕД, КИ ФАРЗАНДАТОН ҚОБИЛ ШАВАД…

Боварӣ ҳаст, ки дар кӯдакӣ дар бораи амалҳои неку бад волидайн борҳо бо шумо ҳарф задаанд. Ва агар имрӯзҳо шумо ба ҷое расида бошед, ин натиҷаи ҳамон таъкидҳои падару модар аст, ки шуморо ба роҳи дуруст ҳидоят кардаанд. Аммо дар даҳ-понздаҳ соли охир адаб омӯхтан ба кӯдаку ҳидоят намудан ӯро ба роҳи дуруст ба воситаи таълиму тарбия барои волидони замонавӣ то андозае аз байн рафтааст. Падару модари имрӯза мекӯшанд, ки фарзандонашон аз чизе танқисӣ надошта бошанд. Онҳо инҷиқию эркагиҳои кӯдаконашонро бардошта мекӯшанд, ки тамоми хоҳишҳояшонро бечуну чаро иҷро намоянд. Вале ин амалҳо метавонанд ба ояндаи кӯдак таъсири манфӣ расонанд.
Падару модарон кӯдакони худро бо бозиҳои компютерӣ ва тамошои филмҳои видеоӣ вогузошта, ба корҳои худ банд мешаванд, ки дар натиҷа фарзандон аз тарбияи дуруст барканор мемонанд.
Бо харидани компютер ва соатҳо дар назди видео нишастани фарзандон, бархе аз волидайн гумон мебаранд, ки вазифаи худро дар назди фарзанд адо кардаанд. Дар асл бошад, тарбияи кӯдак аз айёми ширхорагӣ оғоз шуда, то оғози оиладоршавии вай ба падару модар ҳам фарз асту ҳам суннат.
Бештари одамон, хусусан падарон дар ақидаи онанд, ки тарбияи фарзанд асосан вазифаи ҷонии зан-модар аст, лекин дар асл бошад, дар тарбияи кӯдак падар нақши муҳимро мебозад.
Коршиносон баргаштани падару модарро бо методи аввала, яъне бо методи падарону бобоён ва модарону модаркалонҳо дар тарбияи кӯдак имрӯзҳо ногузир мешуморанд. Ин маънои онро надорад, ки кӯдаконро аз бозӣ дар компютер ва тамошои филмҳои видеоӣ тамоман дур созанд, балки дар баробари инҳо ба онҳо лозим аст, ки ба фарзандони худ таълиму тарбия низ дода, неку бадро, сиёҳу сафедро ва баланду пастии ҳаётро омӯзонанд. Зеро кӯдакони имрӯза то андозае аз таълиму тарбияи зарурӣ дур мондаанд. Шумо ба фарзандон тарбияро дар хона, боғча, мактаб ва муҳит дода метавонед. Дар ташаккул ва тарбияи кӯдакон имрӯзҳо бояд тамоми ҷамъият саҳмгузор бошад.
Коршиносон ва рӯҳшиносон якчанд омилҳоеро барои ба роҳ мондани тарбияи дурусти кӯдакон кор карда баромадаанд ва истифода аз онҳо барои падару модарон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

1. Ба кӯдак оид ба неку бад маълумот диҳед
Падару модарро зарур аст, ки дар бораи ин ё он амали кӯдак сабурона бо вай сӯҳбат намоянд. Кӯдак кӯдак аст ва барои ӯ ҳамаи амалҳояш, чӣ неку чӣ бад якранганд. Агар ҳангоми ягон амали ноҷо шумо бе ягон муқаддима ба вай танбеҳ диҳед, он гоҳ ӯ ҳайрон мешавад, ки барои чӣ шумо ӯро танбеҳ медиҳед.
Бинобар ин хашми худро кӯшиш намоед, то фурӯ нишонда, ба кӯдак оид ба амалҳои неку бадаш ва оқибати онҳо маълумот диҳед.

2. Барои сӯҳбати алоҳида бо кӯдак вақт ҷудо намоед
Кӯдакро ҳеҷ гоҳ аз озорӣ маҳрум насозед, то онҳо тавонанд, ки шахсияти худро дарк созанд. Аммо озодии кӯдакон ҳатман бояд зери назорат қарор дошта бошад. Дар ҳузури дигарон кӯдакро барои ин ё он амали бароятон номақбул шарм надоронед. Барои фаҳмондани оқибати амалҳои бад ва панду насиҳат ба кӯдакатон дар танҳоӣ вақт ҷудо намоед. Ин амали шумо ба рӯҳияи кӯдак таъсири мусбат мерасонад.

3. Кӯдакатонро ба ифоқа оред
Ҳангоми ҷанҷол намудан бо рафиқ ва ё ҳамсол аз кӯдакатон пуштибонӣ накунед, балки кӯшед то ҷиҳатҳои мусбати рафиқ ё ҳамсоли кӯдакатонро дар пеши вай таъриф намуда, бо ин васила кӯдакатонро бо тарафи муқобилаш оштӣ диҳед. Шумо бо ин роҳ хашму ғазаби фарзанди худро фурӯ нишонда, барои дар оянда зуд ба ифоқа омаданаш дар ҳолатҳои номусоид замина мегузоред.

4. Кӯдакро дастгирӣ кунед
Агар кӯдаки шумо мустақилона амали мақбулеро иҷро намояд, ӯро самимона дастгирӣ кунед, ҳарчанд амали ӯ таъби дилатон набошад ҳам. Масалан, кӯдакатон ба шумо расми кабӯтари кашидаашро, ки минқораш ба минқори мурғобӣ монанд аст, нишон медиҳад. Шумо ба кӯдакатон «офарин» гуфта таъкид намоед, ки минбаъд боз ҳам зеботар кашад. Ин гуна дастгирии шумо барои амалҳои неки минбаъда ба фарзандатон таъсири нек мерасонад.

5. Ба кӯдак роҳнамо бошед
Барои ин ё он амалро сомон додан хулосабарорӣ ба кӯдак душвор аст. Шумо вазифадоред, ки дар ин самт ба вай роҳнамо бошед. Чунончӣ кӯдаки шумо дар як даст зарфи пуроб дораду дар дигар даст мева. Ӯ мехоҳад, ки баробар онҳоро тарафи даҳон барад. Шумо ба ёрӣ шитобед. Аввал ба вай об нӯшонед, сипас зарфи обро аз дасташ гирифта, ба мева хӯрдан ҳидояташ намоед. Чунин амалҳо барои хулосабарории кӯдак ниҳоят заруранд.

6. Ба кӯдак имконият диҳед
Баъзан сарфи назар аз таъкидҳои «накун, нарас»-ҳои пай дар пайи шумо кӯдакатон боз амалҳои номақбулро борҳо такрор мекунад. Ба хашм наоед. Асабҳоро этиёт намуда, ба кӯдак имконият диҳед, то ба амалҳои баду неки мекардааш сарфаҳм равад. Оҳиста-оҳиста сабури шумо кор хоҳад дод.

7. Аз кӯдак зиёд талаб накунед
Кӯдак - кӯдак аст. Шумо ҳақ надоред, ки ӯро тамоман аз олами кӯдакӣ маҳрум созед. Масалан, шумо наметавонед то рафтани меҳмонҳо кӯдакро ба оромакак дар гӯшае нишастан маҷбур намоед. Аз он ки шумо аз кӯдак талаботҳои зиёд менамоед, асабҳои вай хароб гашта, дар оянда ба бемориҳои гуногуни асаб дучор гаштанаш мумкин аст.

8. Тарсро аз дили кӯдак дур кунед
Хуб мебуд, ки ба кӯдак ҳангоми тарсу изтироб такягоҳ бошед. Масалан, ҳангоми гузаронидани сӯзандору пешакӣ шумо бо кӯдак оид ба фоидаи сӯзандору сӯҳбат намуда, ба вай таъкид намоед, ки дар вақти гузаронидани сӯзандору орому осуда бошад. Суханони рӯҳнавози «сӯзандору одамро зуд калон мекунад» фарзанди шуморо оромӣ бахшида, тарсро аз дилаш берун мекунад.

9. Ақидаи кӯдакро фаҳмед
Ба волидайн зарур аст, ки ақидаи кӯдаки худро дар ин ё он маврид фаҳманд.
Ҳангоми бозии кӯдак дар кӯча аз пайи ӯ назорат бурда, бо киҳо бозӣ карданашро ба инобат гиред. Сипас, аз фарзандатон оид ба бозиҳояш дар кӯча пурсон шуда, ақидаҳои ӯро фаҳмида гиред. Дурустиву нодурустии ақидаи кӯдакро бо ин васила шумо метавонед муайян намуда, роҳи дурустро ба ӯ нишон диҳед.
Маслиҳатҳои судманд ба волидайн
а) Пеш аз ҳама ба кӯдак ҳурмату эҳтироми дигаронро омӯзед.
б) Ба кӯдак суханони лозимии аввалиндараҷаи «ассалом», «шумо», «раҳмат», «мебахшед»-ро омӯзонед.
в) Ба кӯдак дар 4-5-солагӣ шумурдани пул ва расидан ба қадри пулро омӯзед.
г) Дар оила ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷой биёред ва барои кӯдакони худ намунаи ибрат бошед.
д) Ба кӯдак некиву накӯкориро талқин намуда, ба ояндааш некназар бошед.

Бузургтарин сарном, ки волидайн ба фарзанд медиҳад, таълими адаб аст. Вазифаи аз ҳама сангини падар ин боадаб тарбия намудани фарзанд ба шумор меравад. Хуб нишастан, хуб гуфтан, хуб нигоҳ кардан, хуб хӯрдан, ба атрофиён нағз муомила намудан бояд аз кӯдакӣ ба бача таълим дода шавад. Баъзан ҷавононро мебинем, ки худ дар арафаи падару модар шудан ҳастанд, вале дар маърака дуруст нишастану чӣ гуна ғизо хӯрданро намедонанд. Оянда фарзандони онҳо чӣ гуна тарбия меёбанд?
Соҳиб ибни Ибод марди саховатманде буд. Ӯ гуфтааст: "Ман саховатмандиро аз модарам омӯхтам. Рӯзҳое, ки мехостам ба мадраса равам, модарам ба ман миқдоре пул медоданду мегуфтанд: "Инро садақа кун". Ин одат дар ҳоли бузург шудан ҳам дар ман боқӣ монд. Ман фаҳмидам, ки инсон на танҳо ғами худ, балки ғами дигаронро низ мехӯрад".
Муаллифи китоби "Тарбияти фарзанд аз назари ислом" Ҳусайни Мазоҳирӣ навиштааст: "Ғизоеро, ки барои бачаатон омода мекунед, ба ӯ диҳед ва бигӯед, ки ба апа ё хоҳарат низ бидеҳ. Шумо ба ӯ меҳрубонӣ ва дилсӯзиро ёд медиҳед".
Имрӯз бисёриҳо мушкилии зиндагиро баҳона карда бо кӯдакон кам муошират мекунанд. Масалан шахси бозорнишин субҳи барвақт бозор меравад, то яклухт маҳсулоти арзон бихараду фурӯшад. Шаб вақте ба хона меояд, ки кӯдакаш ё хобидаст, ё дар арафаи хобидан аст. Худи ӯ ҳавсалаи бо кӯдак насиҳат кардану таълим доданро надорад. Аз хастагӣ мехоҳад саросема чизе бихӯраду бихобад. Кӯдакаш аз куҷо тарбия мегирад? Аз кӯча ва аз телевизор. Дар кӯча ҳамсолонаш бо фаҳшу дашномгӯӣ машғуланд. То хабардор мешавад, ки писару духтараш калон шуда ба дурӯғгӯӣ, қасам хӯрдану тӯҳмат задан одат кардаанд.
Агар падаре ҳаромхӯр (рибохор) бошад, қиматфурӯшу фиребгар бошад, фарзандаш низ бераҳму қаллоб ба воя мерасад. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ин гуна ҷавонони бетарбияро бисёр дидаем, ки фарқи хурду калонро намекунанд. Осонакак соҳиби мошину телефони дастӣ гашта, суханонашон аз дашном холӣ нест.
Аз ин рӯ, агар ҷавоне бетарбия бошад, иллаташро дар волидайни ӯ бояд ҷуст.

ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯТИ ФАРЗАНДОН, ВАЗИФАИ ДИГАРИ ПАДАР АСТ

Таълим ва тарбияти фарзандон ва водор кардани онон ба корҳои нек ва дуруст ва боздоштани онҳо аз корҳои зишт, вазифаи сангини падар мебошад,
зеро ин масъала ба дунё ва охирати онон ва саодат ва шақовати онон иртибот дорад. Худованди мутаъол мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, худатон ва хонаводаҳоятонро аз оташе ки сӯхти он мардум ва сангҳост, дур нигаҳ доред...» (Таҳрим; 6)
Ояи фавқ ҳушдоре боздоранда аз оташи ҷаҳаннам аст. Кадомин оташ? Оташе ки сӯхти он мардум ва санг аст ва масъулони он фариштагоне қавӣ ва сарсахт ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ аз дастури Худованд сарпечӣ накарда ва ончи ба он дастур дода мешаванд, анҷом медиҳанд .
Касе ки ба нидои малакутии Қуръони азимушшаън гӯш фаро надиҳад, ба яқин худро дар хасорат ва нуқсони абадӣ андохтааст. Худованди мутаол
мефармояд:

«Бигӯ: Зиёнкорони воқеӣ касоне ҳастанд, ки (умр ва ҷони) худро (ба сабаби гумроҳӣ ва ҳатто умру ҷони аҳл ва иёл) ва вобастагони худро (бо гумроҳсозӣ) дар рӯзи қиёмат (ҳадар диҳанд ва) зиёнбор кунанд. Ҳон! Зиёни ошкор, воқеан, ҳамин аст». (Зумар; 15.)
Аммо инсон бо кадомин васила, худ ва хонаводаашро аз ин оташ ва он хасорат ва зиёни ҳамешагӣ наҷот бидиҳад.

Қатъан, инсон худро бо илм ва амал метавонад, аз ин оташ ва зиёни абадӣ наҷот диҳад, зеро рафтор ва кирдори дуруст аз илми муфид ва эътиқоди
солим сарчашма мегирад .
Агар илми муфид ва дурусте вуҷуд дошта бошад, аз куҷо ва чӣ тавр инсон метавонад аз рафтори дурусти исломӣ ва саҳеҳ бархурдор шавад.
Бад-ин сабаб, бар ҳар падари мусулмон лозим аст, ки фарзанди худро аз ибтидои кудакӣ, илми дин биёмузад, илме ки роҳ ва равиши зиндагӣ ва
саодати дунё ва охиратро барои онон бима карда ва таъмин намояд. Чуноне ки Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони маҷид ба Паёмбари маҳбубаш дастур
медиҳад, ки хонаводаашро ба намоз водор намояд:

«Хонаводаатро ба намоз дастур бидеҳ ва худ низ бар он пойбанд бош» (Тоҳо; 132)
Ин Луқмон аст, ки фарзандашро ба намоз, ва ба кори нек дастур дода ва аз мункарот бозмедорад.

Чуноне ки Аллоҳи таоло аз қавли Луқмон двр Қуръони маҷид мефармояд

«Ай писари азизам! Намозро чунонки шоиста аст, бихон ва ба кори нек дастур бидеҳ ва аз кори бад наҳй кун ва дар баробари масоибе ки ба ту мерасад, шикебо бош! Инҳо аз корҳои (асосӣ ва муҳимме) аст, ки бояд бар он азмро ҷазм кард ва субот варзид». (Луқмон; 17)
Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мефармояд:

«Дар ҳафтсолагӣ, фарзандонатонро ба намоз амр намоед ва дар даҳсолагӣ ононро ба хотири тарки намоз, кутак бизанед ва рахти хобҳояшонро аз якдигар ҷудо кунед!» Ривояти Абудовуд; 418 ва Аҳмад; 6402 ва 6467 ва Албонӣ
онро саҳеҳ дониста аст.
Ҳикмати кутак задани фарзандон ба хотири тарки намоз ин аст, ки он ба намоз хондан одат намоянд ва то замони балоғат ба он унс бигиранд.
Ва ҳикмати ҷудо намудани рахти хоби фарзандон аз якдигар ба ин далел аст, ки аз васовиси шайтон ва ҳазари шаҳватпарастӣ дар амон бошанд, зеро дар
ин марҳала аз умр, бими он меравад, ки ба фасоду фаҳшо кашида шаванд, чаро ки синни навҷавонӣ, синни хатарнокест. Ба ҳамин хотир, Расули Худо
{саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба ҷудо намудани рахтихоби бачаҳо дар ин с ин ва омӯхтани одоб ва итоати дастуроти илоҳӣ ва ҳифозати аҳкоми ӯ амр
фармуданд.

ВАЗИФАИ ПАДАР ВА МОДАР ДАР ҚИБОЛИ ФАРЗАНДОН

Падару модар бояд адолатро дар ҳамаи маворид: тарбият, нафақа, муҳаббат ва дилсӯзӣ дар бораи фарзандонашон риоят намоянд, то дар дили
фарзандон ба иллати беадолатӣ ниҳоли кина ва ҳасодат ва душманӣ кошта нашавад, зеро душмании бародарони Юсуф бо Юсуф ба ҳамин
хотир буд, ки мутаваҷҷеҳ шуданд, падарашон Яъқуб Юсуфро бештар аз онон дуст дорад. Лизо бо ӯ душман шуданд ва нисбат ба ӯ ҳасад варзиданд ва
тарҳи қатли ӯро пиёда карданд. Чунонки Аллоҳи зулҷалол мефармояд:: 

«Ҳангоме ки (бародарони падарии Юсуф) гуфтанд: Юсуф ва бародараш (Бенёмин ки аз як модаранд) назди падарамон аз мо маҳбубтаранд, дар ҳоле ки мо гурӯҳи нирӯманде ҳастем (ва аз он ду, бар падар судмандтар мебошем). Мусалламан, падарамон дар иштибоҳи рӯшанест. Юсуфро бикушед, ё ӯро ба сарзамине (дурдаст) биафканед, то таваҷҷуҳи падаратон фақат ба шумо бошад (ва танҳо ва танҳо шуморо дӯст дошта бошад ва ба шумо меҳр варзад) ва баъд аз он, (аз гуноҳи худ пушаймон шавед ва тавба мекунед ва) афроди солеҳе хоҳед гашт (чаро ки Худо тавбапазир аст ва падар ҳам узратонро қабул менамояд)».( Юсуф; 8- 9.)
Ончи то инҷо баён гардид, ҳуқуқе буданд, ки дар синни кӯдакии фарзанд бар ӯҳдаи падар ҳастанд. Аммо ҳангоме ки фарзанд бузург ва ҷавон мешавад,
дар он вақт бар падар лозим аст, ки дар атоё ва бахшишҳо миёни онон адолатро риоят намояд, то падар боиси душманӣ ва кина миёни фарзандон
нашавад. Чӣ басо иттифоқ меуфтад, ки ба ҷиҳати адами адолати падар, фарзандон бо падар ва бародарон душман хоҳанд шуд .
Зеро дар ин аср, бисёре аз падарон баъзе аз фарзандонро бар баъзе дигар бо додани мол, ё замин, ё чизҳои дигар, фақат ба хотири асабонӣ шудан бар яке аз фарзандон, ё кутоҳии яке аз фарзандон дар ҳаққи падар, тарҷеҳ медиҳанд. Бадеҳист, ки ин рафтори падар, ҷанҷоли бузурге барпо мекунад ва гоҳе шуда, ки ҳамин фарзанди маҳрум, ба як ҳайвони ваҳшӣ ва дарранда табдил шуда ва падар ва бародаронашро таҳдид ба қатл мекунад, гарчи таҳдиди худро амалӣ накунад ва бародарашро ки бар ӯ тарҷеҳ додаанд ва дар ҳаққаш имтиёзи бештаре қоил шудаанд, душмани худ медонад ва дар тӯли зиндагӣ, монанди душман бо ӯ рафтор хоҳад кард ва робитаи ухувват байни онон қатъ хоҳад шуд.
Доктор Саъд Ҷовиш дар яке аз гуфтугӯҳояш ки ман низ дар он ҷаласа ҳузур доштам, гуфт:
«Шунидам, ки дар ҳамин рӯзҳо, модаре яке аз писаронашро ба
додани амволаш бар фарзанди дигараш тарҷеҳ дода аст. Фарзанди маҳруме ки пеш аз ин, мутеъи модараш буд, вақте мутаваҷҷеҳи ин масъала
мешавад, бо табаре ба модар ҳамла мекунад ва ӯро ба қатл мерасонад».
Қатъан, иллати ин ҳодисаи асафнок риоят накардани адолат аз ҷониби модар дар ҳаққи фарзандон мебошад. Он ҳам бидуни ҳеҷ далел ва тавҷеҳе аз ҷониби модар!!! Мутаасифона, амсоли ин гуна ҳаводис дар дунё бисёр иттифоқ меуфтад. Агар инсонҳо ба шаръи муқаддаси Ислом ва дастуроти Раббулъоламин пойбанд буданд, ҳаргиз ба ин сияҳрӯзӣ дучор намешуданд.

Оре, Худованд муфсидро аз муслеҳ мешиносад ва дастуроти вай садди маҳкаме аз вуқӯи шар байни хешовандон мебошанд.

Хазрати Мухаммад (с)фармуданд: «Хар касе аз уммати ман се духтар ё се хохарро дар тарбияи худ гирифта, ба онхо неки бикунад, онхо барои у аз оташи дузах пардае мешаванд». Яъне, тарбияи неки духтарон сабаб мешавад, то ин шахс аз оташи дузах наҷот ёбад. Хар чизе, ки нозук аст, тарбияаш низ нозуку душвор аст. Тарбиятгарони ботарбия лозиманд, то аз ухдаи ин кори душвор бароянд. Барои тарбиятгар сарчашмае лозим аст, то хамчун кутбнамо аз он истифода намояд. Сарчашмаи бехтарин Куръон аст, сипас хадисхои Расули Худо (с) ва ёрони у, сипас фармудахои хакимон, сипас таҷрибаи рузгордидагон. Сифатхое, ки духтар бояд дошта бошад, инхоянд: «Муъмину мусулмон, ростгуй, босабр, худотарс, садакадиханда, рузагиранда, шармгохи худро аз зино хифзкунандаву нигохдоранда бисёр ёдкунандаи Худо, тавбакунанда, Худоро ибодаткунанда, Хеҷ касро бо Худо шарик насозанд, дузди накунанд, зино накунанд, фарзандони худро накушанд, фарзандеро, ки аз шавхараш нест, ба дуруг ба у нисбат надиханд, дар корхои нек нофармонии Пайгамбар (с) накунанд». Куръон аз аввал то ба охир моломол аз авсофу ахлокест, ки бояд хар як духтари мусулмон онхоро дошта бошад. Хамаи он авсофу ахлокро наметавон дар як вараку ду варак баён намуд. Дар хадис омадааст, ки Расули Худо (с) ба Оиша (р) фармуданд: «Кореро, ки сабаби узровари шавад, тарк намо!» Ин ривояти Дайламист. Хаким Тирмизи накл мекунад, ки Расули Худо(с) фармудаанд: «Шарму хаё зебогист. Тарси Худо олихимматист. Бехтарин чизе, ки инсон савори он мешавад, сабр аст. Аз Худо умеди кушоиш доштан ибодат аст». Мутаассифона, имруз бархе аз падарон насихат ба духтарони худро фаромуш кардаанд. Талаботи моддии онхоро аз дандони тилло сар карда, то колину мебел бароварда месозанд, аммо ба маънавиёт ахамият намедиханд. Хамин аст, ки дере нагузашта духтари бетарбия коре мекунад, ки оилаашро вайрон месозад ва бори сари падару модар мешавад. Мухаммад Икболи Лохури ба духтарони мусулмон хитоб карда мегуяд: Фитрати ту ҷазбае дорад баланд, Чашму хуш аз усваи Захро мабанд. То Хусайне шохи ту бор оварад, Мавсими пешин ба гулзор оварад. Хамчун бародар, барои хама падару модаррон дар тарбияи неки духтарон муваффакиятро хохонем.

Усулҳои муассири волидайн дар тарбияи фарзанд

Мо ибтидо усулҳоро месозем ва баъд онҳо моро месозанд.

1) Волидайни муваффақ аҳли маънавият ҳастанд ва дар олами коиноти ҳастӣ худ ба ҷойе васл ҳастанд ва эътиқод ба як вуҷуд ва қудрати бартару болотар доранд ва дар сахтиҳо ва мушкилот таваккал мекунанд.


2) Волидайни муваффақ аҳли машварат буда, бо волидайни муваффақи дигар машварат мекунанд ва аз таҷрибаҳои онҳо истифода менамоянд.


3) Волидайни муваффақ аҳли мутолиа ҳастанд дар мавриди таълиму тарбият аз тариқи озмоиш ва хато амал намекунанд, балки меомўзанд, мутолиа мекунанд, ёд мегиранд ва ба кор мебаранд.


4) Волидайни муваффақ аҳли гуфту шунид ҳастанд ва қабл аз он ки бихоҳанд, ки фарзандон ба онҳо гўш кунанд ва бифаҳманд, худ саъй мекунанд, то шунавандагони хубе бошанд.


5) Волидайни муваффақ нерўҳояшонро дар як самт истифода бурда, ҳарфҳои якдигарро дар назди фарзандони худ рад наменамоянд. Агар ихтилофи назаре дар масъалае доранд дар хилват сўҳбат карда, ба созиш мерасанд.

6) Волидайни муваффақ дар мавқеъҳои буҳронии навҷавонӣ барои расонидани паёми худ ва тарбияти мавриди назари худ аз хешовандон истифода менамоянд. Зеро навҷавон дар ин син гоҳе дар му қобили ҳарфҳои падару модар ҷабҳа мегирад. Дар ин воситаи тарбиятӣ метавонанд волидайн аз мудирони мактабҳо, хола, амак, писарамак ва ё писархола истифода намоянд.

7) Волидайни муваффақ худ намунаи хубе барои фарзандонашон дар масъалаҳои мухталиф ҳастанд.


8) Волидайни муваффақ аҳли узрхоҳӣ, қадрдонӣ, таҳсини ба мавқеъ, мусбатнигарӣ ва гузашт ҳастанд.

9) Волидайни муваффақ нисбат ба навҷавонони худ аз тавҳин, таҳқир, миннат гузоштан, киноя задан, насиҳати зиёд ва тамасхур дурӣ ва парҳез менамоянд.


10) Волидайни муваффақ аҳли қазоват кардан, сўҳбат намудан ба тари қи фармоишиву дастурӣ ва амал кардани иҷборӣ нестанд.


11) Волидайни муваффақ аҳли фидо кардан ва созишу қарордод ҳастанд ва интизороти худро возеҳу равшан баён мекунанд.

12) Волидайни муваффақ хуш қавл ва аҳли вафову аҳд ҳастанд.

13) Волидайни муваффақ бо фарзандони худ ба тафреҳу истироҳат мераванд, гоҳ-гоҳ бо онҳо ҳамбоз мешаванд.


14) Волидайни муваффақ гоҳе бо навҷавони худ шухӣ мекунанд ва бо ў механданд.


15) Волидайни муваффақ худро беайбу нуқс намепиндоранд ва инти қодоти фарзанди худро дар мавриди худ мепазиранд.

16) Волидайни муваффақ аҳли тағйир ва дар садади ислоҳи худ ҳастанд ва намегўянд: ман ҳамин ҳастам, ки ҳастам, тағйир аз ман гузашта аст.


17) Волидайни муваффақ бо фарзандони навҷавони худ бо эҳтирому икром сўҳбат мекунанд.


18) Волидайни муваффақ бо шитоб ба фарзандон роҳи ҳал нишон намедиҳанд ва бо шитобу шитобзадагӣ шурўъ ба мавъиза ва насиҳат намекунанд, балки аз худи навҷавон барои ҳалли мушкилоташ ёрӣ ва роҳнамоӣ мехоҳанд.


19) Волидайни муваффақ бо фарзанди навҷавони худ машварат мекунанд.


20) Волидайни муваффақ дастур намедиҳанд, балки роҳ пешниҳод мекунанд ва роҳҳои хаторо ба фарзандон ҳушдор медиҳанд.

Одатҳо ва ё методҳои зиёди дигаре низ мавҷуд мебошанд, ки агар волидайни азизи мо аз онҳо ба тарзи дуруст ва ё саҳеҳ дар зиндагӣ- истифода мебаранд ва метавонанд дар тарбияи фарзандон ба муваффа қияти бештаре ноил гарданд.
8 комментариев:

Шаҳло Маҳмудзод2 июля 2013 г., 16:47
Этот комментарий был удален автором.

ОтветитьУдалить

Шаҳло Маҳмудзод16 апреля 2014 г., 16:27
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим.
Ва-с-салоту ва-с-салому ъало хотами-л-анбиёи ва-л-мурсалин, набийино Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
Аммо баъд:
Ин чанд нуктаҳои гузаро ва равшаниҳои сареъ, ки асосҳо ва аломатҳои тарбияи фарзандон дар Ислом-ро дарбар мегирад, мебошад. Аз Худованди мутаъол талаб дорем, ки ба миннат ва карамаш онро боманфиат гардонад.




1. Талқин кун. Тифлакатро калимаи тавҳидро талқин намо: ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲУ МУҲАММАДУН РАСУЛУЛЛОҲ. Бигузор, ки аввалин чизе ӯро таълим медиҳи ин бошад, ки Аллоҳ таъоло ӯро мебинад ва гуфторашро мешунавад ва ҳама тасарруфоте, ки мекунад ҳамаи онҳоро медонад. Ва имкон надорад, ки як мижа таҳ кардан аз назари Аллоҳ таъоло ғоиб шавад.
2. Мустаҳкам ҷой бидеҳ. Дар зеҳни фарзандат мустаҳкам инро ҷой бидеҳ, ки Аллоҳ таъоло он холиқу розиқу шофӣ, муҳйи ва мумит аст. Яъне офаридгор Ӯст ва ризқдиҳанда, шифодиҳанда, зиндагардонанда ва миронанда ҳама танҳо Ӯст. Ӯро таълим бидеҳ, ки дар ҳама ҳол, ки бошад ба сӯи Аллоҳ рӯй оварад, ва баровардани ҳоҷатҳояшро аз Ӯ таъоло талаб кунад ва инчунин осон гардонидани корҳояшро низ аз Ӯ таъоло талаб намояд.
3. Барҳазараш дор. Фарзандатро аз куфр варзидан ба Худо ва шарик овардан ба Ӯ барҳазараш дор. Барояш баён намо, ки Аллоҳ таъоло моро барои ибодати худаш ба таҳоӣ бе шарик, офаридааст. Ва ин ки куфру шарик овардан ба гирифторӣ дар оташ дар рӯзи қиёмат бурда мерасонад. Бубин, вақте Луқмон (а) фарзандашро насиҳат ва тарбия мекунад аввалин чизе таълимаш медиҳад, чист? "Ва ба ёд овар ҳангомеро, ки Луқмон ба писараш гуфт, дар ҳоле ки ӯро панд медод, эй писаракам! Ба Аллоҳ шарик маёр, ки ширк албатта ин зулми бузург аст" Сураи Луқмон:13.
4. Ӯро ошно кун. Ӯро ба аркони шашгонаи имон ошно намо: ((Имони ба Худо ва малоикааш ва китобҳояш ва расулонаш ва рузи охират ва тақдири некӣ ва бадӣ)). Ва ба аркони панҷгонаи Ислом: ((Шаҳодатайн (Ду шаҳодат яъне ба Худо ва Расул (с)) барпой доштани намоз, додани закот, руза доштан ва ҳаҷи хонаи Худо кардан барои касе, ки қудрати рафтанро дошта бошад)).
5. Маҳбубаш бигардон. Шахсияти Расулуллоҳ (с)-ро дар дили ӯ маҳбуб бигардон, ки дӯсташ дорад. Ӯро бар сирати поку беолоишаш ва ахлоқи некаш парвариш намо. Ва ба салавот фиристодан ба Расулуллоҳ (с) ҳар вақте номашро шунид ташвиқаш кун.
6. Бишинон. Дар нафси фарзандат арзишҳои олии диниро ва ахлоқҳои фозилаи исломиро бишинон. Ва адаби онро ба одоби Исломӣ раҳнамоӣ кун.
7. Бишиносонаш. Ҳалол ва ҳаромро оҳиста оҳиста ошнояш намо.

ОтветитьУдалить

Шаҳло Маҳмудзод4 мая 2014 г., 13:09
Фарзанд оинаи падару модар аст, як рафтори неки мо фарзандон беҳ аз сад сухани нек аст. Тарбия кори бузургест, ки тақдиру ҳаёти инсонро ҳал мекунад. барои номи нек гузоштан бояд ҳаматарафа бошем. Чунки аз одами бад номи бад боқӣ мемонад. Барои сазовори номи нек шудан инсон бояд, дорои хислатҳои ҳамида бошад. Шахсе, ки дорои ин хислатҳо бошад дар зиндагӣ ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас сади роҳи ӯ шуда наметавонад. Зеро ӯ дорои ақлу хирад аст. Чигунае, ки хоҳад бо ақлу заковаташ зиндагиашро пеш мебарад. Шахси бо ақлу ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Инсони беҳунар мисли курҳо дар зиндагӣ пешпо мехӯрад. Абулқосим Фирдавсӣ инсонро некӯкор, хайрхоҳ, илмдӯст, ватанпараст, соҳибмаърифат, фурутану хоксор, ширинсухану нармрафтор, ростқавлу ростгӯ вафодору устувор васф намудааст.
Ҳама сар ба сар дасти некӣ баред,
Ҷаҳони ҷаҳонро ба бад маспаред.

ОтветитьУдалить

Шаҳло Маҳмудзод4 мая 2014 г., 13:09
Мо бояд шитоб накунем ва бо сабру тоқат бошем. Барои сазовори номи нек шудан шарт нест, ки шумо нависанда ё олим ва ё эҷодкори киштии кайҳонӣ бошед. Мо бояд пеш аз ҳама дӯстдору меҳрубон бошем. Шарти меҳрубонӣ танҳо дили меҳрубон нест, чашму забон ҳам бояд меҳрубон бошад. Яъне дили гарм, нигоҳи пурмеҳр ва забони ширин дошта бошем. Ҳаргиз ба умеди сарвати имрӯз набошед. Ҳаёт мисли боди баҳор аст, гоҳ гармӣ дорад, гоҳ сардӣ. Қарзи падару модар ба фарзанд молу сарват нест, тарбият асту ахлоқи нек.

ОтветитьУдалить

Шаҳло Маҳмудзод4 мая 2014 г., 13:10
НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:

— Кадом талхӣ бошад, ки оқибат ширин шавад.

Гуфт: -Сабр.

Боз гуфтанд:

— Кадом шириние бошад, ки охир талх гардад?

Гуфт: — Шитоб.

Ва боз гуфтанд:

-Кадом пироҳанест, ки ҳаргиз кӯҳна нагардад?
Гуфт: -Номи нек.

ОтветитьУдалить

Шаҳло Маҳмудзод7 июля 2014 г., 12:02
Бузургтарин сарном, ки волидайн ба фарзанд медиҳад, таълими адаб аст.
Вазифаи аз ҳама сангини падар ин боадаб тарбия намудани фарзанд ба шумор
меравад. Хуб нишастан, хуб гуфтан, хуб нигоҳ кардан, хуб хӯрдан, ба
атрофиён нағз муомила намудан бояд аз кӯдакӣ ба бача таълим дода шавад.
Баъзан ҷавононро мебинем, ки худ дар арафаи падару модар шудан ҳастанд,
вале дар маърака дуруст нишастану чӣ гуна ғизо хӯрданро намедонанд.
Оянда фарзандони онҳо чӣ гуна тарбия меёбанд?
Соҳиб ибни Ибод марди
саховатманде буд. Ӯ гуфтааст: "Ман саховатмандиро аз модарам омӯхтам.
Рӯзҳое, ки мехостам ба мадраса равам, модарам ба ман миқдоре пул
медоданду мегуфтанд: "Инро садақа кун". Ин одат дар ҳоли бузург шудан
ҳам дар ман боқӣ монд. Ман фаҳмидам, ки инсон на танҳо ғами худ, балки
ғами дигаронро низ мехӯрад".
Муаллифи китоби "Тарбияти фарзанд аз
назари ислом" Ҳусайни Мазоҳирӣ навиштааст: "Ғизоеро, ки барои бачаатон
омода мекунед, ба ӯ диҳед ва бигӯед, ки ба апа ё хоҳарат низ бидеҳ. Шумо
ба ӯ меҳрубонӣ ва дилсӯзиро ёд медиҳед".
Имрӯз бисёриҳо мушкилии
зиндагиро баҳона карда бо кӯдакон кам муошират мекунанд. Масалан шахси
бозорнишин субҳи барвақт бозор меравад, то яклухт маҳсулоти арзон
бихараду фурӯшад. Шаб вақте ба хона меояд, ки кӯдакаш ё хобидаст, ё дар
арафаи хобидан аст. Худи ӯ ҳавсалаи бо кӯдак насиҳат кардану таълим
доданро надорад. Аз хастагӣ мехоҳад саросема чизе бихӯраду бихобад.
Кӯдакаш аз куҷо тарбия мегирад? Аз кӯча ва аз телевизор. Дар кӯча
ҳамсолонаш бо фаҳшу дашномгӯӣ машғуланд. То хабардор мешавад, ки писару
духтараш калон шуда ба дурӯғгӯӣ, қасам хӯрдану тӯҳмат задан одат
кардаанд.
Агар падаре ҳаромхӯр (рибохор) бошад, қиматфурӯшу фиребгар
бошад, фарзандаш низ бераҳму қаллоб ба воя мерасад. Баъди ҷанги
шаҳрвандӣ ин гуна ҷавонони бетарбияро бисёр дидаем, ки фарқи хурду
калонро намекунанд. Осонакак соҳиби мошину телефони дастӣ гашта,
суханонашон аз дашном холӣ нест.
Аз ин рӯ, агар ҷавоне бетарбия бошад, иллаташро дар волидайни ӯ бояд ҷуст.

ОтветитьУдалить

Шаҳло Маҳмудзод7 июля 2014 г., 12:03
ПОКБОЗИЮ ҲАЁ ХИСЛАТИ АҶДОДИИ МОСТ


Кӯш, эй ҷони падар, нодири дунё бошӣ,
Нури чашми ҳамагон, тоҷи сари мо бошӣ
Аз баландӣ нашавӣ ҷониби пастӣ моил,
Дастболо бишавӣ, мардуми ъулё бошӣ.
Покбозию ҳаё хислати аҷдодии мост,
Нахли умрат шукуфад ғунчаи зебо бошӣ .
Нашавӣ бастаи занҷири ҳавову ҳавасе,
Гар гирифтор шавӣ хоки кафи по бошӣ
Ба сахо кӯш, ки беҳтар зи сахо чизе нест,
Гар ҳамехоҳӣ, ки дар ҷаннату маъно бошӣ.
Рӯзу шаб зикри Худованд бигӯӣ, Арғон.
Гар нахоҳӣ, ки ба гӯр яккаву танҳо бошӣ

ОтветитьУдалить

Шаҳло Маҳмудзод12 декабря 2014 г., 12:20
"НОМАИ ПАДАР БА ФАРЗАНДОНАШ"
Марде хамсару се фарзандашро тарк кард ва дар пайи рузии худ ва хонаводааш рохии сарзамини дуре шуд…Фарзандаш уро аз самими калб дуст медоштанд ва ба у эхтиром мегузоштанд…Муддате баъд,падар номаи аввалашро ба
онхо фиристод.Бачахо онро боз накарданд,то он чи дар он буд,бихонанд,балки як-як онро дар даст гирифта,бусиданд ва гуфтанд:ин нома аз тарафи азизтарин каси мост.Сипас бидуни ин ки номаро во кунанд,онро дар кисаи махмали карор доданд…Сари харчанд вакт як бор номаро аз киса бароварда,губори руяшро пок мекарданд ва дубора онро дар киса мегузоштанд…Ва бо хар номае,ки падарашон мефиристад,хамин корро мекарданд…Солхо гузашт.Падар бозгашт,вале ба чуз яке аз писаронаш касе боки
намонда буд,аз у пурсид:модарат кучост?Писар гуфт:сахт бемор шуд ва чун пуле барои дармонаш надоштем,холаш вазминтар шуд ва мурд…Падар гуфт:Чаро?Магар номаи авваламро боз накардед?Бароятон дар он гилоф нома ва пули зиёде фиристода будам.Писар гуфт:Не.Падар пурсид:бародарат кучост?Писар гуфт:Баъд аз фавти модарам,касе набуд,ки уро насихат кунад,у хам бо дустони нобоб ошно шуд ва бо онхо рафт.Падар тааччуб карду гуфт:чаро?Магар номаеро,ки дар он аз у хостам,то аз дустони
нобоб дури гузинад,нахондед?Писар гуфт:не…Мард гуфт:хохарат кучост?Писар гуфт:бо хамон писаре,ки муддатхо хостгораш буд,издивоч кард ва холо хам дар зиндаги бо у бадбахт аст.Падар бо таассур гуфт:у хам номаи маро нахондааст…Дар он навишта будам,ки ин писар обрудору хушном нест ва ман бо ин издивоч мухолифам.Писар гуфт:не…Ба холи он хонавода фикр кардам ва ин ки чи гуна аз хам пошид.Сипас чашмам ба Куръони руйи токча афтод,ки дар чилди махмалии зебое карор дошт.Вой бар ман!Рафтори ман бо каломи илохи мисли рафтори он бачахо бо номахои падарашон аст!Ман хам Куръонро мебандам ва дар китобхонаам мегузорам ва онро намехонам ва аз он чи,ки дар уст,суде намебарам,дар холе ки тамоми он равиши зиндагии
ман аст…Бо худ тасмим гирифтам,ки нисбат ба номаи мехрубонтарини мехрубонхо-Куръони карим аз чониби Худованд таваччухи бештаре дошта бошам.Хамаруза онро бихонам ва тадаббуре дар он дошта бошам.

четверг, 23 апреля 2020 г.

Моҳи Рамазон муборак



Рамазон си рӯза меҳмон омад.
Аз дини Расули Ҳак ба Қуръон омад.
Эй бандаи ғофил,зи хобат бархез.
Бахшидани гуноҳи ҳар мусалмон омад!

Ба номи Худо ва Дуруд бар Паёмбари Сулҳу Сафо, Ҳазрати Мустафо Салаллох алайхи ва Салам.Ассалому алайкум дустони арчуманду оликадр!
Сипос Худовандеро сазовор аст, ки касе аз раҳмати ӯ маъюс нагардад ва аз неъматҳои фаровони ӯ берун натавон рафт. Худованде, ки аз омурзиши ӯ ҳеҷ гунаҳкоре ноумед нагардад ва аз парастиши ӯ набояд сарпечӣ кард. Худое, ки раҳматаш қатъ намегардад ва неъматҳои ӯ поён намегардад.
Илоҳо бо шарофати ин моҳи муборак ин бемориро, ки ба сари ҷаҳониён омадааст нест гардонанд ва кулли мардуми оламро дар паноҳи исмати хеш нигаҳбон бошад.
Рамазон моҳест, ки саропо раҳмату мағфират аст, моҳе, ки сангдилтарин инсон бузургии онро ламс ва эҳсос мекунад, моҳест, ки раҳмату баракоти Илоҳӣ монанди борони баҳорон фурӯд меояд, моҳест, ки тамоми ҳаракоту саканоти хуби инсонӣ дар даргоҳи Илоҳӣ арзиши чанд баробарро мегиранд. Болотар аз ҳама Рамазон моҳест, ки Худованд онро тавсиф намуда бузургтарин мӯъҷизаи худ Қуръони Каримро фурӯ фиристод. Ин моҳи муборакро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон, хусусан мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон табрик мегӯем

четверг, 23 января 2020 г.

ЗАН КИСТ?
-Ӯ ҳамонест, ки агар гиёҳе офарида мешуд, гул буд.
Агар парандае офарида мешуд, товус буд.
Агар ҳайвоне офарида мешуд, оҳу буд.
Аммо ӯ инсон офарида шуд, дӯст, ҳамсар, бузургтарин неъмати ҳастии рӯи замин.
Агар зан чизи боҳашамате намебуд, Худованд ӯро ҳуре дар биҳишт намегардонид.
Агар офариниши бузурге намебуд, Паёмбараш биҳиштро зери пои ӯ қарор намедод.
Ӯ ҳамон касест, ки бо додани гуле хушнуд ва бо шунидани сухани хуш, лабханд мезанад.
Туфулаташ дарвозае барои биҳишти падарон аст.
Сипас ӯ ҷавонест, ки дини ҳамсарро пурра мекунад.
Сипас модарест, ки ҷаннат зери пои ӯст.
Ӯ китобест, ки бобҳояш меҳр, муҳаббат ва меҳрубонист.
Ӯ маркази меҳр ва мазҳари ишқ аст.
Зебост, нахуст ӯ, сипас гул.
Аҷиб офаринише аст, чун хушҳол аст,гиря мекунад ва вақте асабонӣ аст, механдад.
Ӯст, ки бо ба оғӯш гирифтанаш дили шикастаро илтиём ва бо бӯсиданаш дарди тифлро даво мебахшад.
Унвони беҳамтоеро барояш интихоб мекунам: ЗАН -
ЗЕБОИИ НОТАКРОР !!!

Ин фақат ва фақат қудрати Аллоҳи ягона аст...

понедельник, 6 января 2020 г.

БОЗ ЯК СОЛИ ҒАМУ
       ШОДИ ГУЗАШТ...

Боз як соли ғаму шоди гузашт,
Аз ҳисоби умри мову ту
зи нав.
Тухми неки кишта будем,ё бади,
Мову ту онро кунун созем дарав.

Боз як соли дигар аз умри мо,
Мисли боде рафту монанди саманд.
Фанд додем зиндагиро мову ту?
Зиндагони ё,ки моро дода фанд?

Боз як соли дигар рафту бигуфт,
Бо ману ту аз дилу ҷон хайрбод.
Шукр гӯем бар Худову умри худ,
Ҳар чи ин сол дод моро
ё надод.

Боз як соли дигар дар мулки ғайр,
Зиндаги кардем,ғарибони Худо.
Ё,ки моро бурд умр,сӯйи дигар.
То намояд дур зи хешу ақрабо.

 Ҳар чи бодо бод,равад соли куҳан,
Орзуро ҷомагулгун мекунем.
Боз  саргардон шуда бо бешу кам,
Соли дигар боз, дил хун мекунем!


понедельник, 3 июня 2019 г.

Рамазониҳо



РАМАЗОНИҲО
---------
Аз рафтанаш ғамгин машав!
Баракс шод бош!

Шод бош аз инки туро ба ин моҳ расониду тавфиқи рӯзадориву тоат ато кард...

Дар ин моҳ рӯзадорӣ аҷр дорад ва баъди сипари шуданаш аҷру савоб дар шодӣ кардан аст.
Ид рӯзест, ки дар он барои аҷрро ноил гаштан бояд шод буд.

Дар рӯзи Ид шодӣ бикун!
Аммо,
Рамазонро падруд магу!
Онро бо худ бимон,
Ҳамаи сол бо эҳсосҳои рамазонӣ,
Бо ғизоҳои рамазонӣ,
Бо дарсу таассуроти рамазонӣ, умр ба сар бубар!!!

Магар дар идорае, корхонае, зироатгоҳе метавон як моҳ кор кард, аммо ҳама сол мунтазири маош буд?!

Нархи Ҷаннат як моҳ таровеҳ хондан нест!
Баҳони он як умр тоат кардан аст!

Рамазон ин як моҳ нест, балки зарфияти фуруд омадани Қуръон барои заминиён аст ва Қуръон барои ҳама рӯзҳо, барои ҳама моҳҳо, барои тамоми умр аст.

Рӯзадорӣ ин гуруснанишинӣ нест, балки ба мақоми тақво расидан аст, ва тақво мебояд хислати доимии ҳар бандаи ғизогирифта аз Рамазон бошад...

Мусалмон бояд ҳамеша рӯзадор бошад!
На танҳо дар Рамазон
На танҳо аз субҳ то шом!
Мебояд доим дар рӯзадории муҳимтар аз меъдаи холӣ бошад!

Рӯзадорӣ аз гуноҳ, 
Дурӣ аз дуруғ, халосӣ аз ғафлат, дасткашӣ аз маъсият...
Поксозии ҳоли ниҳон, Мубориза алайҳи шайтон, 
Ёд кардани Худо ҳар замон,
Нахурдани моли ҳаром...

понедельник, 22 октября 2018 г.

Дили софу солим...!!!

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Уммати исломи дар ибодатҳову эътиқодҳо ва муъомила аз поктарин ва муназзаҳтарини умматҳо мебошад, ҳамоно паёмбари ислом Муҳаммад (с) аз ҳарчизе ки дили инсонро пур аз буғзу кина месозад ва ба суи тафриқа ва ҷангу ҷидол мебарад манъ намудааст, чуноне ки мефармояд:

"Бо ҳамдигар буғзу кинаварзи нанамоед, бо ҳамдигар ҳасадхури нанамоед, бо ҳамдигар рафтуомадро қатъ нанамоед, ва бандагони Худо ва бародари ҳамдигар бошед, ва барои мусулмон ҳалол нест ки бо бародари мусулмонаш аз се руз зиёд қаҳри намояд"
(ривояти Муслим)

Ва ба хотири муҳабат ва улфат мефармояд:

"Қасам ба зоте ки ҷони ман дар дасти уст, дохили ҷаннат намегардед то ин ки имон биёред, ва имон намеоред то ин ки ҳамдигарро дуст бидоред" (Муслим)

Ва ҳангоме ки аз Паёмбар (с) пурсида шуд, кадом инсон беҳтараст? Гуфт: "Ҳар шахсе ки дили у аз буғзу ҳасад пок бошад, забони ростгу дорад…" (Ибни Моҷа)

Солиму соф будани дили инсон аз неъматҳое аст ки Худованд барои аҳли ҷаннат ҳангоми дохил шуданашон дар ҷаннат арзони доштааст, чуноне ки мефармояд:

وَنَزَعْنَا مَا فِي صُدُورِهِم مِّنْ غِلٍّ إِخْوَانًا عَلَى سُرُرٍ مُّتَقَابِلِينَ

"Ҳар кинаеро аз дилашон баркандаем, ҳама бародаранд, бар тахтҳо рӯбарӯи ҳаманд" (Ҳиҷр 47).

Солиму соф будани дили инсон роҳатест барои инсон дар дунё, ва ғаниматаст барои у дар охират, чунки он аз сабабҳои дохилшавии ҷаннат мебошад.

Ибни Ҳазм яке аз олимони бузург мефармояд, ва аз суханонаш чунин бармеояд, ки воқеъияти инсонҳои ҳасадхуру кинаварз ва инсонҳое ки дилҳои мариз доранд бисёр хуб дарк кардааст: "Бисёр мардумеро дидам, ки дар дунё барои худ бадбахти ва ғамгинию ҳалокатро ихтиёр карданд, ва дар ивазаш ягон фоидае ба нафъи худ намеоранд. Дар тули ҳаёти худ чунон гуноҳони зиёд ҷамъовари кардаанд, ки дар охират сабаби дохил шуданашон дар дузах мегардад, ва аз ниятҳои бадашон ин аст, ки таманнои қаҳтию қимматиеро мекунанд ки сабаби ҳалокати мардуму наврасон мегардад, ва барои касонеро ки бад мебинанд, таманнои бадтарин балоҳоро мекунанд, ва яқинан медонанд ин ниятҳо ва таманноҳояшон фосид мебошад, ва онҳоро ҳеҷгоҳ ба мақсадҳояшон нахоҳад расонд, агар онҳо дар ивази ҳамаи ин бадбиниҳо ва кинаварзиҳо, ниятҳояшонро соф мегирифтанду ба ҷои бадбини, хушбин мешуданд, дилҳояшон каме роҳатро медиду аз паси корҳояшон мешуданд, ва соҳиби аҷру савоби зиёде мегаштанд…."

Бисёре аз мардум имрузҳо аз хурдани ҳаром ва назар ба суи ҳаром парҳез мекунанду дилҳояшонро барои ҳиқду ҳасад ва бадбинию кинаварзи боз мекунанд.

Фатҳи Шахраф мегуяд:

Абдуллоҳи Антоки ба ман гуфт: "Эй Хуросони! Ҳамаги чаҳор чизасту бас, дигар чизе вуҷуд надорад: чашми ту, ва забони ту, ва дили ту, ва ҳавову ҳаваси ту, кушиш кун ки чашмат ба суи ҳаром нанигарад, ва кушиш кун ки забонат чизеро нагуяд, ки Худованд бидонад ки дар дилат хилофи он аст, ва кушиш кун ки дар дилат нисбат ба мусулмонон ҳиқду ҳасаде вуҷуд надошта бошад, ва кушиш кун ки ҳавову ҳавасат ба пушти чизе аз бадиҳо нагардад, бубин агар ин чаҳор хислат дар ту набошад пас хокро бар сарат бипош, ва бидон ки аз зумраи бадбахтон гаштаи".

Баъзе мардумон фикр мекунанд ки солиму соф будани дил маънои онро дорад ки чунин инсонро фиреб додан ва сари у хандидан осон аст, локин ин бар хилофи мақсади саломатии дил аст.

Ибни Қайим мегуяд: Фарқ миёни инсоне ки дили солим дорад ва инсоне ки ғофилу ҳафтафаҳм аст, дар он аст, ки инсони софдил бадиро мешиносаду локин уро намепазирад, дар ин сурат дили у ҳам аз иродаи бад ва ният ба суи он дар амон мемонад ва ҳам аз амал кардан ба он, ва ин бар хилофи ғофилу ҳафтафаҳм аст, чунки мушкилоти у дар онаст, ки у аз аввал на бадиро мешиносаду на онро медонад то ин ки худро аз он дур нигоҳ дорад, ва чунин инсонро мадҳу сано гуфта намешавад, чунки шахси мустаҳиқи мадҳу сано касе аст ки бадиро бишиносаду иродаи онро накунад, Умар ибни Хатоб (р) мегуяд: "На фиребгарам ва на фиребро бар худ мепазирам" бе шак Умар (р) оқилтар ва парҳезгортар аз он буд ки касеро фиреб кунад, ё касе уро бифиребад.

Солим будани дили инсон аз сабабҳои дохилшавии у дар ҷаннат аст, аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст ки мефармояд:

"Рузе ҳамроҳи Паёмбар (с) нишаста будем, ва Ӯ (с) фармуд:

"Ҳозир бар назди шумо марде пайдо мешавад ки аз аҳли ҷаннат аст, сипас марде аз ансор пайдо шуд ки ришашро аз оби таҳорат пок мекарду попушиҳояш дар дасти чапаш овезон буд, сипас рузи дигар Паёмбар (с) ҳамин суханро такрор кард, ва боз ҳамин мард пайдо шуд, вақто ки рузи сеюм шуд Паёмбар (с) боз ҳамин суханашро такрор кард, боз ҳамон мард дар ҳамон ҳайати дирузааш пайдо шуд, ҳангоме ки Паёмбар (с) мунсариф шуд, Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос аз пушти он мард равон шуд ва ба у гуфт: Миёни ману падарам каме нофаҳмие руй дод, ва ман қасам ёд кардам ки то се руз ба наздаш наравам, аз ту хоҳиш мекунам ки манро дар хонаат се руз ҷой бидеҳ то ки ин се рузро сипари кунам, он мард гуфт: бале ҷои медиҳам, сипас Анас гуфт: Абдуллоҳ гуфт: ки се шабу рузро бо мард будааст локин надидаст ки он мард шабзиндадори карда бошад, балки ҳарвақто ки болои тахти хобаш қарор мегирифт Худоро ёд мекарду хоб мерафт, ва ҳангоми намози бомдод аз хобаш мехест, Абдуллоҳ боз гуфт: Локин аз даҳони у калимаи бадеро нашунидам, вақто ки ҳамаи амалҳои уро дидам ба назарам бисёр амалҳои ночиз намоён мешуданд, сипас ба он мард гуфтам: Эй бандаи Худо инро бидон ки миёни ману падарам чизе рух надодааст, локин ман аз Паёмбар (с) шунидам ки гуфт: Ҳозир ба ба наздатон марде пайдо мешавад ки аз аҳли ҷаннат аст, ва ин суханро се руз такрор кард ва дар ҳамин се руз ту пайдо шуди, манҳам ба ҳамин хотир меҳмони ту шудам то ки бидонам, ки чи амал аст ки туро ба ин мартаба расонидааст, локин надидам ки амали зиёде анҷом дода боши, пас чи кораст ки туро ба ин мартаба расонидааст? он мард гуфт: Ман кори дигаре надорам ба ҷуз он чизеро ки мушоҳида карди, Абдуллоҳ гуфт: Ҳангоме ки мунсариф шудам, он мард манро садо заду гуфт: Ҳарчиро ки дида буди ҳамон буд, магар ин ки ман дар дилам нисбат ба ягон мусулмон на дуруяги ва на ҳиқду ҳасад надорам, Абдуллоҳ гуфт: Ин амаласт ки туро ба ин мартаба расонидааст, ва ҳамин амаласт ки тоқаташро надорем.
( Аҳмад)

Баъзе аз сабабҳои пайдоиши буғзу кина инҳо мебошанд:

1) Пайрави аз шайтон: чуноне ки Худованд мефармояд: 

وَقُل لِّعِبَادِي يَقُولُواْ الَّتِي هِيَ أَحْسَنُ إِنَّ الشَّيْطَانَ يَنزَغُ بَيْنَهُمْ إِنَّ الشَّيْطَانَ كَانَ لِلإِنْسَانِ عَدُوًّا مُّبِينًا

"Ва ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин тарз сухан бигӯянд, ки шайтон дар миёни онҳо ба фитнагарист, зеро шайтон одамиро душмане ошкор аст!" (Исро 53)

Ва паёмбар (с) мефармояд: "Шайтон аз ин ки дар чазираи араб уро намозхонон ибодат кунанд, ноумед шудааст, локин аз буғзу кина андози миёни онҳо на(ноумед нашудааст)"

(Муслим)

2) Ғазаб: ғазаб калиди тамоми бадиҳост, ҳамоно Паёмбар (с) мардеро васият намуд ки ғазаб накунад, чуноне ба у гуфт: "Ғазаб накун" ва инро чандин бор такрор намуд. (Бухори)
Ғазаб роҳест ба суи таҳқиру масхара ва ночиз донистани ҳуқуқи мардум, ва дигар амалҳое ки буғзу кина ва тафриқаро ба миён меорад.

3) Суханчини: суханчини низ яке аз сабабҳои пайдоиши буғзу кина ва ҷудоии бадбини мебошад, ва дилҳои суханчинонро чунон валангор месозад, ки дигар бор ислоҳ кардани онҳо хеле мушкил аст, Худованд чунин одамонро дар Қуръон мазаммат кардааст, чуноне ки мефармояд:

مَّازٍ مَّشَّاء بِنَمِيمٍ

"Айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад"

(Қалам 11)

Ва паёмбар (с) мефармояд: "Дохили ҷаннат намешавад фитнаангез" маънои фитнаангез дар ин ҳадис суханчин мебошад.

4) Ҳасад: ва он нобудии неъмат аз соҳибаш мебошад, дар ин гуна орзу душмани ва бади нисбати мусалмонон аст, ва Худованду паёмбараш аз он манъ намудаанд, чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Огоҳ бошед ба ҳасад наздик нашавед, чуноне ки оташ ҳезумро мехурад, ҳасад савобҳоро ҳамон хел аз байн мебарад" (Абудовуд)
Аз ҳасад ғайбату суханчини ва буҳтон таваллуд мегардад, ки ин зулми бузургест нисбат бар мусалмонон.

5) Дунёпарасти: Хусусан дар ин замон, ин кор чунон интишор ёфтааст ки дилҳоро сиёҳ намудааст, мардум чуноне гаштанд ки ба хотири ин ки ҳамкораш ё рафиқаш соҳиби рутбаи баланде ё вазифае гаштааст, дар дилаш нисбат ба у ҳиқду ҳасад меварзад, ва дугона ба дугонааш ҳиқду ҳасад дорад, ва онҳам ба хотири чи? Ба хотири он ки дугонааш соҳиби шавҳари хубе гаштааст, ҳамсояҳо кушиш мекунанд ки дар хонасози касе аз ҳамсоягон ба онҳо баробар шуда натавонад, ва ин кор дар назарашон чунин вонамуд мешавад ки гуё аз ин корашон фоидае мебурда бошанд.

6) Дуст доштани шуҳрат пайдо кардан ё раис шудан: Ин як намуд марази бузурге аст, Фузайл ибни Иёз мегуяд: "Касе нест ки раёсатро дуст надорад, магар ин ки ҳасад бурдааст ва душманию пайгири айбҳои мардумро кардааст, ва чунин шахс бисёр бад мебинад, ки касе дар наздаш ба неки ёд шавад"
Ва ин манзара аз ҳама зиёд дар миёни мансабдорону коргарон дида мешавад.

7) Шӯхиҳои беандоза:Шӯхии зиёд ба суи ҳиқду кинаварзи мебарад.
Шухи мисли намак аст, ками у кифоят мекунад, ва агар зиёд шуд фосид мекунаду ба ҳалокат мебарад.
Аз ҳар як фарди мусулмон матлуб аст, нафсашро пок нигоҳ дорад, ва аз ҳиқду ҳасад ва кинаварзи дур бошад.

Аз сабабҳое ки дили инсонро солиму соф нигоҳ медорад, инҳо мебошанд:

1) Ихлос: Аз Зайд ибни Собит (р) ривоят шудааст ки паёмбар (с) фармуд:

"Се чиз аст ки дили муъмин …. Ихлос дар амал, насиҳати роҳбарон, ҳамроҳии ҷамоати мусулмонон, ҳамоно дуъои онҳо аз пушташон онҳоро дар бар гирифтааст"

( Аҳмад ва ибни Моҷа)

Чуноне маълум аст ҳарки динашро холис барои Худованд пайрави намояд, дар дилаш нисбати бародарони мусулмонаш ба ҷуз аз муҳаббати содиқона чизи дигаре ҷойгир нест, ва ҳар ки чунин бошад, ҳарвақто ки бар мусулмонон хушие биёяд хурсанд хоҳад шуд, ва ҳарвақто ки барояшон мусибате биёяд ғамгин хоҳад шуд,хоҳ дар умури дунё ё охираташон бошад..

2) Розигии банда аз Парвардигораш ва дилпурияш аз У: Ибни Қайим (р.ҳ) дар бораи "Ризо" мегуяд: Ризо дари саломатиро ба руи банда боз мекунад, ва дили уро аз ҳар гуна дуруғгуи ва фиребгариву найрангбози пок месозад.
Аз азоби Худованд касе наҷот намеёбад, магар ин ки бо дили солиму соф ба наздаш биравад, ва ногуфта намонад ки дил имкон надорад ки даряк вақт ҳам солиму соф бошад ва ҳам гирифтори норозоиги ва хашму ғазаб, ҳар чанд ки дили банда розитар бошад ҳамон қадар солиму софтар мебошад, чунки палиди ва фиребгари бо хашм қарини ҳамдигаранд, ва солиму соф будани дил қарини розиги мебошад.
Ин чунин ҳасад яке аз самараҳои хашм мебошад ва солимию софии дил яке аз самараҳои ризо мебошад.

3) Хондани Қуръон ва тадабуру тафаккур дар оятҳояш: Ин амал барои тамоми дардҳо давост, ва касе ки худро бо китоби худо табобат накунад аз ин даво маҳрум аст, Худованд мефармояд:

وَلَوْ جَعَلْنَاهُ قُرْآنًا أَعْجَمِيًّا لَّقَالُوا لَوْلَا فُصِّلَتْ آيَاتُهُ أَأَعْجَمِيٌّ وَعَرَبِيٌّ قُلْ هُوَ لِلَّذِينَ آمَنُوا هُدًى وَشِفَاء وَالَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ فِي آذَانِهِمْ وَقْرٌ وَهُوَ عَلَيْهِمْ عَمًى أُوْلَئِكَ يُنَادَوْنَ مِن مَّكَانٍ بَعِيدٍ

"Бигӯ: «Ин китоб барои онҳое ки имон оварданд, ҳидоят ва шифост" (Фуссилат 44)

Ва боз мефармояд:

 وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاء وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ وَلاَ يَزِيدُ الظَّالِمِينَ إَلاَّ خَسَارًا

“Ва аз Қуръон, он чи шифо ва раҳмат аст, барои муъминон нозил мекунем ва ситамгаронро ҷуз хусрон (ва зиён) намеафзояд”

(Исро 82).

Ибни Қайим мегуяд: маънои (من) дар ин оят ба хотири баён намудани ҷинс аст на табъиз.

Ва боз Худованд мефармояд:

 يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءتْكُم مَّوْعِظَةٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَشِفَاء لِّمَا فِي الصُّدُورِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ

"Эй мардум, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон панде омад ва шифое барои он беморие, ки дар дил доред ва роҳнамоиву раҳмате барои мӯъминон"

(Юнус 57).

Пас Қуръон барои тамоми бемориҳои маънави ва ҷисми, дуняви ва ухравии банда шифои комил аст.

4) Ёдоварии ҳисобу китоб ва ҷазое ки инсон бо сабаби бадиҳояш нисбат ба мусулмонон, мисли ҳиқду ҳасад, ва ғайбату суханчини ва дигар ахлоқҳои бадаш соҳиб мегардад.

5) Дуъо: Банда бояд доимо парвардигорашро дуъо гуяд то ки Худованд дилашро нисбати бародаронаш солиму пок нигоҳ дорад, ва дар айни ҳол нисбати бародаронаш низ бояд дуъогу бошад, чунки ин амал яке аз бузургтарин хислатҳои солеҳон мебошад, чуноне ки Худованд мефармояд:

 وَالَّذِينَ جَاؤُوا مِن بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا لِّلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَّحِيمٌ

"Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, бибахшо ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!"

( Ҳашр 10)

6) Садақа: Садақа поку соф кунандаи дилу нафси банда мебошад, ба ҳамин хотир Худованд мефармояд:

 خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِم بِهَا وَصَلِّ عَلَيْهِمْ إِنَّ صَلاَتَكَ سَكَنٌ لَّهُمْ وَاللّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

"Аз дороиҳояшон садақа биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ"

(Тавба 103)

Ин чунин Паёмбар (с) мефармояд: "Беморонатонро бо садақа табобат намоед". Ва аз эҳтиёҷмандтарин бемороне ки эҳтиёҷ ба табобат доранд, беморони дил мебошанд, яъне онҳое ки дилҳояшон пур аз буғзу кина ва ҳиқду ҳасад мебошанд, онҳо ба табобат авлотаранд.
Ва аз мустаҳиқтарини дилҳо, дили худат мебошад ки дар синаат ҷойгир аст.

7) Фаромуш накун, касеро ки мехоҳи заҳратро ба у бичакони ва найзаи заҳролудатро ба синааш бизани, бародари мусалмонат мебошад, ва ончи ки туро бо у якҷо сохтааст робитаи исломи аст, пас барои чи ба у бади мехоҳи?.

8) Ифшои салом: Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) гуфт: "Қасам ба он зоте ки ҷони ман дар дасти уст, дохили ҷаннат намешавед то ин ки имон биёред, ва имон намеоред то ин ки ҳамдигарро дуст бидоред, оё шуморо бар амале далолат накунам ки агар онро анҷом додед ҳамдигарро дуст хоҳед дошт? Саломро миёни ҳамдигар ифшо намоед (яъне интишор намоед)" (Муслим).

Ибни Абдулбар мегуяд: ин ҳадис бар фазлу бузургии таъсири салом далолат мекунад, чунки агар ин кор амали гардад, бадбинию ҳасад аз байн хоҳад рафт.

9) Тарки кардан кунҷкобии зиёд аз пушти мардум: чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Аз зебогии исломи мард он аст, ки тарк бикунад ончиро ки ба у робита алоқаманди надорад". ( Тирмизи)

10) Дуст доштани хайру неки бар мусулмонон: чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Қасам ба он зоте ки ҷони ман дар дасти уст, банда имон намеорад то ин ки дуст бидорад бар бародараш ончиро ки дуст медорад бар худаш" (Бухори ва Муслим)

11) Гуш надодан бар ғайбату суханчини то ки дили инсон солим бимонад:
Паёмбар (с) мефармояд:
"Нарасонад бар ман касе чизеро дар бораи яке аз саҳобаҳоям, ман мехоҳам дар ҳоле ба назди шумо биёям ки дилам солиму соф бошад" (Аҳмад)

Аммо имрузҳо бисёриҳоеро мебини ки бо калимае миёни мардум, ва алалхусус миёни зану шавҳар ҷангу ғавғо меандозад, ва дилҳоро торику сияҳ мегардонад, ва инчиз аз ҳама зиёд миёни занҳо руй медиҳад.

12) Ислоҳ намудани дил, ва доимо дар фикри муолиҷа намуданаш будан:
Паёмбар (с) мефармояд:

"Дар ҷасади инсон гуштпорае аст, агар у ислоҳ гардад тамоми ҷасад ислоҳ мегардад ва агар фосид гардад тамоми ҷасад фосид мегардад , огоҳ бошед! он гуштпора дили инсон мебошад" (Бухори ва Муслим)

13) Кушиш кардан ба хотири ислоҳ намудан миёни ду шахс ё муҷтамаъ:

Худованд мефармояд:

 يَسْأَلُونَكَ عَنِ الأَنفَالِ قُلِ الأَنفَالُ لِلّهِ وَالرَّسُولِ فَاتَّقُواْ اللّهَ وَأَصْلِحُواْ ذَاتَ بِيْنِكُمْ وَأَطِيعُواْ اللّهَ وَرَسُولَهُ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

"Аз Худо битарсед ва миёни ҳамдигар ислоҳ намоед"

(Анфол 1)

Ва Паёмбар (с) мефармояд: "Оё шуморо аз амале хабардор насозам ки дараҷааш аз рузадори ва намозу садақа болотар бошад? Гуфтанд: бале эй расули Худо, гуфт: ислоҳнамои миёни ҳамдигар" (Абудовуд)

Худованд дилҳои ҳамаи моро солиму соф нигоҳ дорад, ва дилҳои моро аз кинаву ҳасад ва ҳиқду бадбини нисбат ба мусулмонон солим нигоҳ дорад, ва салавоту салом бар Паёмбар (с) ва аҳли байту асҳобаш.

Бо умеди дуъои Шумо Дустон.