пятница, 24 сентября 2021 г.

Салому дуруд азизонам


 "Дар бекаронаи зиндагӣ ду чиз муттаҳаййирам кард: ранги кабуди осмон, ки мебинам ва медонам нест. Дигар Худои замину осмонҳо ва муҳаббати байни инсонҳо, ки намебинам ва медонам ҳаст. 

Дар тааҷуб афтодам, ки салом оғози ҳар дидор аст, вале дар намоз поён аст. Шояд ин бад-он маъност, ки поёни намоз оғози дидор аст?!"


понедельник, 19 июля 2021 г.

Ид муборак

Эй азизон ба Шумо ҳадяи Яздон омад

Иди фархундаи нуронии Қурбон омад.
Ҳоҷиён саъйи Шумо  шуд ба ҳақиқат мақбул,
Раҳмату луф аз  Субҳон омад.
Иди Қурбон ба ҳақиқат зи Худованди Карим
Офтобе ба шаби зулмати инсон омад.
Хок месухт дар андӯҳи оташ бо ҳасрат,
Нақши дар синаи  ин хок гулистон омад.
Амр шуд то ки ба қурбонии Исмоилиаш,
Он халиле, ки пазируфта зи Раҳмон омад.
Имтиҳон дод ба хубӣ ба Худо Иброҳим,
Ҷои он забҳи азиме,ки ба қурбон  омад.




 

воскресенье, 11 апреля 2021 г.

Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад




  Ба номи Худо ва Дуруд бар  Сулҳу Сафо, Ҳазрати Мустафо Саллаллоҳу алайҳи ва Салам.Ассалому алайкум дӯстони арҷуманду олиқадр!

Сипос Худовандеро сазовор аст, ки касе аз раҳмати ӯ маъюс нагардад ва аз неъматҳои фаровони ӯ берун натавон рафт. Худованде, ки аз омурзиши ӯ ҳеҷ гунаҳкоре ноумед нагардад ва аз парастиши ӯ набояд сарпечӣ кард. Худое, ки раҳматаш қатъ намегардад ва неъматҳои ӯ поён намегардад.
Илоҳо бо шарофати ин моҳи муборак ин бемориро, ки ба сари ҷаҳониён омадааст нест гардонанд ва кулли мардуми оламро дар паноҳи исмати хеш нигаҳбон бошад.
Рамазон моҳест, ки саропо раҳмату мағфират аст, моҳе, ки сангдилтарин инсон бузургии онро ламс ва эҳсос мекунад, моҳест, ки раҳмату баракоти Илоҳӣ монанди борони баҳорон фурӯд меояд, моҳест, ки тамоми ҳаракоту саканоти хуби инсонӣ дар даргоҳи Илоҳӣ арзиши чанд баробарро мегиранд. Болотар аз ҳама Рамазон моҳест, ки Худованд онро тавсиф намуда бузургтарин мӯъҷизаи худ Қуръони Каримро фурӯ фиристод. Ин моҳи муборакро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон, хусусан мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон табрик мегӯем