среда, 8 июня 2016 г.

Рамзон Муборак

Пеш аз ҳама ҳамду сипоси бепоён ба Худованд бигӯем, ки чунин моҳи пурфазилатро дар мо арзонӣ доштааст.Рамазон моҳи сабр аст ва мукофоти сабр ҷаннат аст. Дуоҳои моҳи Рамазон мустаҷоб аст. Дар ин моҳ бештар аз гуноҳон тавба бояд кард. Чунончи, дар ҳадисе омадааст: «Ҳар касе фараҳманд гардад бо омадани моҳи Рамазон, ҳаром мегардонад Худованд ҷасади ӯро дар оташи дӯзах. Яъне, ӯ дар оташи дӯзах намесӯзад».
Дар ҳадиси дигар зикр шудааст, ки «Ҷаннат ба чаҳор гурӯҳ муштоқ аст: Аввал ба тиловаткунандагони Қуръон. Дуюм ба нигоҳдорандаи забон (аз дурӯғу дашному тӯҳмат, ғайбат). Сеюм ба серкунандаи гуруснагон. Чорум ба рӯзадорони моҳи шарифи Рамазон».
Дар ин моҳи иҷобати дуо аз Худованд пеш аз ҳама тинҷиву осудагии мамлакат, файзу баракат дар киштукори деҳқонон, ободии ҳар як хонадон, солимии ҷисму равони тамоми шаҳрвандонро хоста, умед мекунем, ки ҳамватанони азиз аз файзу футӯҳи ин моҳи муборак баҳравар гашта, соҳиби фазилатҳои баланди инсонӣ мегарданд.Дуо мекунем, ки Худованд ба мардуми мо тавфиқ диҳад, то рӯзаро он гуна, ки мавриди назари Қуръон аст, бигиранд. Рамазонро тавре ба поён расонанд, ки пок, бахшидашуда ва ризои илоҳиро дарёфта бошанд.Рамазон Муборак