пятница, 12 февраля 2016 г.

Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ, Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”

ЧАРО? 

Чаро Аллоҳро дӯст надораму ҳар соняву лаҳза ёдаш накунам, вақте Ӯ маро ба ними нафас аз назараш дур наменмояд? 
Чаро ғам хӯрам, вақте Худованди ғамхор ғами мо бандаҳои мӯъминро мехӯрад!? 
Чаро шукр ва боз ҳам шукр нагӯям, вақте мӯҳтоҷу мунтазири ҳар касу нокас наям? 
Чаро хушнуд набошам, охир диҳндааму пурсанда не!? 
Чаро сипосгузор набошам, вақте МОДАРАМ ва модари дӯстдори фарзандон. 
Чаро шод набошам, ки нафаре аз ҷон зёдтар дӯстам медорад ва бароям кӯшиш ба харҷ медиҳад? 
Чаро орзӯҳои накӯро ба дил напарварам, охир ИНСОН бо орзӯҳои накӯву зебои хеш ва ҷомаи амал пӯшонидани онҳо дунёро аз садама эмин нигаҳ дошта метаонад?! 
Чаро, чаро, чаро???

Мо Fайри Худо дар ду чахон ёр надорем, 
Чуз ёди Худо дигар хеч кор надорем, 
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид, 
Хар рохгузаре санг занад ор надорем.