среда, 21 октября 2015 г.

Чашм оинаи дил аст

Оре, чашми инсон инъикосгари рӯҳия, ҳолат ва олами ботини ӯст. Хулқу табъи инсонро низ аз чашмон муайян кардан мумкин аст. Барои мутахассисон бошад, чашм китобест, ки тамоми ҳастии инсон дар он инъикос гардидааст: бемориҳое, ки дорад ва аз сар гузаронидааст, сабаби бемориҳо, ҳолати рӯҳӣ ва ғайраву ҳоказо. Илми физиономистикаи муосир чил навъи чашмонро аз рӯи шакл ва рангашон муайян намудааст, ки аз рӯи онҳо табъу хислати соҳибонашонро фаҳмидан мумкин аст.
Имр
ӯз мо танҳо дар бораи шакли чашмон ва аломатҳое, ки онҳо ифода мекунанд, маълумот доданием.
ЧАШМОНИ КАЛОН-КАЛОН дар занҳо ифодакунандаи дили нозук ва ҳассосияти зиёд аст, дар мардҳо бошад, нишонаи
ҷасорату мардонагӣ, шавқу ҳаваси сарварӣ доштан дар кор, тиҷорат ва оила мебошад.
ЧАШМОНИ ХУРД ба худписанд
ӣ, якравӣ ва дамдуздии соҳибашон дахолат мекунанд. Вале ҳамзамон соҳибони чашмони хурд шахсонеанд, ки роҳи зиндагии хешро тағйир намедиҳанд, садоқату вафодориашон зиёд аст.
ЧАШМОНИ КАЛОНУ ДАРОЗШАКЛ далели табъи нозуку завқи баланд аст, ки дар
ҷодаи ишқ рангорангиро меписанданд.
ЧАШМОНИ ТАНГ ба одамони оромтабъ хосанд, ки дар
ҷодаи ишқ ташаббускор нестанд, вале дар оиладорӣ ба садоқати эшон умед бастан мумкин аст.
ЧАШМОНИ ДОИРАШАКЛ нишонаи якрав
ӣ ва устувориву суботкорӣ буда метавонанд. Чунин одамон зуд оташ мегиранд ва бо ҳамон зудӣ оташи ғазабашон паст мегардад.
ЧАШМОНИ МОҲИШАКЛ мардҳоеро хосанд, ки хеле шаҳватпарастанду муносибатҳои бетартибонаи маҳрамона доранд. Занҳое, ки соҳиби чунин чашмонанд, бевафову хиёнатпеша шуданашон аз эҳтимол дур нест.
ЧАШМОНИ СЕКУН
ҶА ба табъи шӯх, ҳозирҷавобӣ, сергапӣ, ҳамчунин ба хирадмандиву соҳибистеъдод будани соҳибашон далолат мекунанд.
Агар то ҳол ҳамдигарро намешинохтед, пас бишносед: Ба чашмони ҳамдигар назар кунед!
РАНГИ ЧАШМОН
Аслан ҳафт ранги асосии чашмон мав
ҷуд аст. Ва ин рангҳо низ метавонанд, табъу хулқи соҳибони чашмонро ифода намоянд. Ба ранги чашмон эътибор диҳед, ҳатман дар бораи ёри хеш чанд маълумоти тоза ба даст меоред.
КАБУДИ ХОКИСТАРРАНГ
Ранги чашмони одамонест, ки ба худ бовар
ӣ доранд, боғайрату суботкоранд, бо боварӣ ҷониби мақсуд равонанду қариб ҳамеша муваффақ мешаванд. Дар ҷодаи ишқ низ раҳнамои эшон хираду мантиқ аст, на ҳиссиёт.
СИЁҲ ВА ҚАҲВАРАНГ
Сиёҳчашмон мавриди муҳаббату эҳтироми атрофиён қарор мегиранд. Ғолибан ин ашхос сурати зебо ва завқи баланди либосп
ӯшӣ доранд. Хотираашон мустаҳкам асту некхоҳанд, вале дар муносибатҳои маҳрамона нозашон зиёдтар аст.
САБЗ
Одамони меҳнатд
ӯстанд, нисбат ба худу атрофиён серталаб буда, барои дӯстонашон ҳар кореро, ки қудрат доранд, ба ҷо меоранд. Лекин фиреб ва хиёнатро ҳаргиз намебахшанд.
СИЁҲИ ХОКИСТАРРАНГ
Зиддиятҳо дар хулқу атвори соҳибони чунин чашмон зиёданд. Онҳо зуд-зуд бовариашонро ба атрофиён гум мекунанд ва аз ин р
ӯ, бо онҳо муносибате доштан душвор аст. Онҳо асрори зиёди нокушуда доранд, аксари амалҳои эшон пурмуаммост.
САБЗУ СИЁҲИ ХОКИСТАРРАНГ
Шубҳа ба нобовар
ӣ ба худ хислатҳои асосии соҳибони чунин чашмонанд. Аз ин рӯ, дар интихоби худ бисёр вақт ба хатоӣ роҳ медиҳанд, вале ноумед намешаванд, ба мӯъҷиза ва хандаи бахт боварӣ доранд.
САБЗИ ХОКИСТАРРАНГ
Одамони
ҷасуру боғайрат ва поквиҷдонанд. Лекин хислати асосии онҳо ҳамин аст, ки дар ҳама нобарорӣ ва камбудиҳо танҳо худро гунаҳкор медонанд. Асосан худашон нимаи худро пайдо месозанд ва ишқи онҳо хеле қавист. Вале агар бемеҳрӣ эҳсос намоянд, оташи ишқашон ба зудӣ хомӯш мегардад.
САБЗИ БАЛАНД
Одамони оромтабиату соҳибхираданд. Барояшон осоишу фароғат ва қалби осуда аз ҳама чиз болотар аст. Онҳо қобилияти хуби кор
ӣ доранд, дӯстонашон зиёд аст ва ашхоси зиёде бо мушкилоти хеш наздашон меоянд.
Бори дигар ба чашмони ёри хеш бингаред ва
ӯ
бароятон ошнотару наздиктар хоҳад намуд.