среда, 6 мая 2015 г.

Оё ин муодилаи зиндагиро метавони дуруст ҳал кард?


Аз Анас ибни Молик (р) дар ривояте омадааст, ки гуфт: Барои фарзанди Одам дар рӯзи қиёмат се девон бароварда мешавад; девоне, ки дар он гуноҳонаш аст, ва девоне, ки дар он неъматҳо аст, ва девоне, ки дар он амали солеҳаш мебошад. Пас Худованди таборака ва таъоло хурдтарин неъмате аз неъматҳояшро амр мекунад, пас он бармехезад ва ҳамаи амалҳояшро фаро мегирад. Сипас (банда) мегуяд: Эй Парвардигорам! Қасам ба иззату ҷалолат, пуламро (пуле, ки бо он харид кунам) пурра накардам ва ҳол он ки гуноҳонам ва неъматҳо боқӣ мондаанд. Гуфт: Агар Худованди таборака ва таъоло ба бандааш хайре бихоҳад, ба фарзади Одам мегуяд: Некиҳоятро дучанд мекунам ва аз бадиҳоят гузашт мекунам ва неъматҳоямро ба ту мебахшам дар ончи миёни ману ту аст.
Мо дар ин ривояте, ки омадааст, бо вуҷуди заъфи он, ин ибрат ва ҳикматро метавонем барои худ бигирем, ки ончӣ мо ҷамъ мекунем дар асл инҳоянд: 1) Гуноҳон, 2) Неъматҳо, 3) Амали солеҳ.
Ин муодилае аст, ки инсон бояд онро дуруст сарфаҳм равад ва ҳалли дурусти онро барорад, вагарна дар ҳолате нодуруст ҳал кардани муодила натиҷа нодуруст ва вайрон хоҳад буд. Чигунае, ки дар илми математика муодила оварда мешавад ва бояд инсон адади номаълуме, ки дар он аст аз тариқи формула ҳал намояд. Агар он формуларо донад ва сарфаҳм равад, барояш ҳалли муодила осон хоҳад буд. Ва дар акси ҳол муодиларо наметавонад ҳал намояд.
Зиндагии мо ин муодиларо доро мебошад, ки зикр гардид. Ва он ҳам иборат аст аз гуноҳон, некиҳо ва неъматҳо. Бояд натиҷа чинунин бошад, ки дар охир аз адади гуноҳон ҳеч чиз боқӣ намонад, аз адади неъматҳо низ чизе боқӣ намонад. Ончӣ бояд дар охир дорои адад бошад ва ҳалли дурусти муодила башумор меравад, ин боқӣ мондани адади некиҳо аст. Вале кадом формуларо инҷо метавон истифода намуд, то адади гуноҳон сифр (яъне нол) ва адади неъматҳо сифр ва адади некиҳо баланд бошад? Барои ҳалли ин муодила як роҳ вуҷуд дорад. Дар муддати 23-сол барои мардум роҳҳале омад, то он роҳро истифода намуда дар охир ба натиҷаи матлуб бирасанд ва он ҳам Қуръони карим аст. Касе мехоҳад ин муодиларо дуруст ҳал намояд танҳо ва танҳо ҳалли онро аз ин Китоби карим метавонад пайдо кунад. Дар дигар ҷо онро пайдо карда наметавонад ва натиҷаи матлуб ҳаргиз аз ғайри он пайдо нахоҳад шуд. Аз забони Иброҳим (а) дар Сураи Шуаро Худованди карим чунин мефармояд: "Ва дар рӯзе, ки (ҳамаи мардум) барангехта мешаванд, маро расво (ва шарманда) макун. Рӯзе, ки мол ва фарзандон суде (фоидае) набахшад. Магар касе, ки бо қалби салим (холӣ аз куфру, ширку нифоқ) ба пешгоҳи Худованд биёяд. Ва (дар он рӯз) биҳишт барои муттақиён (парҳезкорон) наздик оварда шавад. Ва дузах барои гуноҳкорон ошкор кунанд. Ва ба онҳо гуфта мешавад: Куҷо ҳастанд ончӣ, ки ба ҷои Худо парастиш мекардед?! Оё онҳо шуморо ёрӣ мекунанд ё (худ) интиқом мегиранд? Пас онҳо ва гумороҳон (бар рӯй) дар он афканда мешаванд. Ва (низ) ҳамаи лашкариёни иблис. Онҳо дар он ҷо дар ҳоле, ки ба якдигар мухосама (миёни ҳам баҳсу ҷадал) мекунанд гуянд: Ба Худо қасам, ки мо дар гумроҳии ошкор будем. Чун шуморо бо Парвардигори оламиён баробар медонистем. Ва касе ҷуз муҷримон моро гумроҳ накард. Пас (акнун) ҳеч шафоаткунандагоне барои мо нест. Ва не ҳеч дусти (мухлису) меҳрубоне. Пас эй кош бори дигар (ба дунё) бозгардем, то аз муъминон бошем. Бегумон дар ин (моҷаро ва баҳс) нишонае (равшану ошкор) аст. Ва бештари онҳо муъмин набуданд. Ва бетардид Парвардигори ту пирузманди меҳрубон аст" Сураи Шуаро: 87-104.
Бале аз ин оят низ барои гуфтаҳои боло шоҳид аст, ки молу фарзандони зиёд манфиате барои инсон наметавонад расонад. Гуноҳон бошад асли нокомии инсон будааст. Танҳо чизе, ки метавонад инсонро раҳо диҳад, он бо қалби салим будан аст. Ва қалби салим бо тай кардани роҳи муттақиён мешавад, роҳе ки дар он танҳо некӣ аст. Бузургтарин некӣ бошад, ин имони ба Худованд овардан аст ва ба итоати ӯ машғул будан, на ба итоати ғайри ӯ.
Зеро агар дар муодила девони гуноҳон боқӣ монд, натиҷааш биҳишт нахоҳад шуд, ки биҳишт ҷои роҳати абадӣ аст, балки натиҷаи гуноҳ дузах аст, ки он макони азоби дардноки тӯлонӣ ё абадӣ аст, Худованд ҳамаи моро аз он паноҳ диҳад. Агар неъматҳо низ боқӣ монад, он ҳам маънии чунинро дорад, ки Худованд неъмат дода, вале шукронаи он неъматҳо ба неъматдиҳанда карда нашудааст. Балки вақте шукрона нашуда бошад, ин маънои онро дорад, ки куфрон шудааст, ношукрӣ анҷом гирифтааст. Пас бо ин гуна рафтор дар баробари соҳиби неъмат, ки барои шукронаи ӯ ба ношукриаш инсон машғул шуд, метавонад ризояшро ба даст орад? Оё натиҷаи муодила дилхоҳ хоҳад буд? Гумон намекунам, ки касе ба ин гуна рафтор розӣ мешуда бошад. Вале агар баъзе некиҳо дар баробари гуноҳон маҳв гардиданд ва баъзеи дигараш дар баробари неъматҳо маҳв шуданд ва боз ҳам баъзе аз некиҳо дар охир боқӣ монд, ин натиҷаи дурусти маодила хоҳад буд. Зеро некӣ чизе аст, ки ба он Офаридгор розӣ мешавад ва онро дӯст медорад. Маълум аст, ки инсон барои расидан ба ин дараҷа қудрат надорад, вале чун роҳи бадаст овардани некиҳоро барои худ тасмим мегирад, Аллоҳ таъоло гуноҳонашро бо фазлу карамаш маҳв мекунад ва неъматҳояшро мебахшад, зеро ният ва азми содиқонаи ӯ бар ин далолат мекарда, ки мехост Худоро итоат намояд ва аз нофармониаш ҳамеша дур бошад. Ҳаргиз худро дар маконе, ки Худованд нофармонӣ мешавад пайдо накунад.
Пас барои ҳалли ин муодила роҳро аз Қуръон пайдо кардан лозим аст, ки кадом корҳо гуноҳ аст, ки онҳоро анҷом надиҳем ва аз онҳо дур бошем? Неъматҳо кадомҳоянд, то онҳоро бишиносем ва роҳи шукронаи онҳо чигуна хоҳад буд, то анҷомаш диҳем? Ва некиҳо кадомоҳоянд, ва роҳи анҷоми онҳо чигуна аст, то ҳаёти худро сарфи ҳалли дурсти ин муодила намоем.
            Нашавад, ки вақти натиҷагирӣ ояд ва муодила ҳал нашуда бошад ё нодуруст ҳал шуда бошад.
            Худованд ҳамаи мо ва шуморо ба ҳамаи некиҳо тавфиқ ато намояд ва мушарраф гардонад. Ва гуноҳонро бар дили мо бад гардонад ва аз онҳо дурӣ ҷустанро бароямон рӯзӣ диҳад. Ва инчуни шукронаи неъматҳояшро насиби мову шумо намояд.