среда, 22 апреля 2015 г.

РОЗУ НИЁЗ

Эй Худованди Меҳрубон, Худои хубам! Ҳар рўзамро ба Ту месупорам, лутфан ноумедии дирўзамро дур кун. Ба ман кўмак кун то он чиро ки сабаби дарду ранҷам шудааст ва он чи маҳсурам мекунад, раҳоӣ ёбам. Ба ман кўмак кун то дубора шурўъ кунам. Лутфан ба зиндагиям баракат бибахш ва зеҳнамро рўшан кун .Роҳнамою роҳбарам боши дар ҳама ҳолатҳо танҳо ниёз ба Ту дорам эё Холиқи якто.. Худоҷонам! Ба ҳар кас ва ҳар мавқеияте, ки бо он рўбарў мешавам баракат бибахш. Аз ман инсоне бисоз, ки худат мехоҳӣ, кореро анҷом диҳам, ки Ту мехоҳӣ. Лутфан ба даруни қалбам нуфуз кун ва ҳамаи хашму дарду ранҷамро дур кун. Руҳамро ҷоне тоза бибахш ва зеҳнамро озод кун. Умедваорам маро дар ҳеҷ ҳоле танҳо нагузорӣ ва ба ман кўмак кунӣ, ки муроқиби афкору рафторам бошам ва ин лутфи бекаронатро шомили ҳамаи бандагон қарор диҳӣ. Худоҷонам! Иштибоҳамро ислоҳ кун, ғаму андўҳамро дур кун. Парвардигоро! Роҳро нишонам бидеҳ то битавонам роҳоҳи душвори зиндагиямро бикушоям.  Туро сипос, ки ҳамаи андомҳоям дар ниҳояти саломат тандуруст ва нерўманд ҳастанд, раҳмати ту саршор аст, ба хотири ҳамаи алтофи ту сипосгузорам. Худоё! Дар шабҳои тира ситораҳои сабру таҳаммулро аз ман дареғ макун ва марзҳои рўшани субҳро ба поҳои хастаам нишон бидеҳ. Эй Худо поку беанбозу ёр, Даст гиру ҷурми моро даргузор. Гар хато гуфтем, ислохаш ту кун, Муслихй ту, эй ту султони сухун! Аз он рӯзе, ки инсон ба дунё меояд, зери бори қисмат умр ба сар мебарад. Дар зиндагӣ бадӣ бо некӣ омезиш меёбад, ҳамеша қалбҳои неки инсонӣ паи нестии бадӣ мекӯшанд. Худованд онеро дӯст медорад, ки хоксор аст, онеро, ки дар озори касе кӯшиш намекунад, онеро, ки дар роҳи худ рост аст… Дунё гузарон аст, танҳо баъди инсон некӣ боқӣ хоҳад монд ва ин некӣ ба қалби мардум ҷой хоҳад гирифт. «Эй Худованди хубу меҳрубон, эй Худои бахшандаву дастгир, эй паноҳи бепаноҳон, эй офаринандаи кавну макон, эй рўзидиҳандаи ҷондору беҷон, эй донандаи ошкору ниҳон ва эй  он, ки ҳамаи ҳастӣ мадюни лутфу меҳрубонии туст. Дари лутфу меҳрубониятро бар рўйи мо бикшой ва моро аз раҳматат бенасиб нагардон»! Омин ё раббал оламин!