понедельник, 2 декабря 2013 г.

Се насиҳати хуб

1. Ҳар   касе ,ки  машғули корҳои  охират бишавад,Худованд  зомини  корҳои  дунёвии ӯ  хоҳад  шуд.
2.Ҳар  касе ,ки  ботинашро  хуб  бикунад, Худованд  зоҳирашро  хуб  хоҳад  намуд.
3.Касе ,ки  робитаашро  бо Аллоҳ  хуб  бикунад,Худованд  робитаи  уро  бо махлуқот  хуб  хоҳад кард.

Насоеҳ
Луқмони  ҳаким    фарзанди худро фармуд ,ки  Эй  писар , се  чизро  нигоҳ  дор:
1.Дирам нигоҳ дорӣ  ба  нияти бетамаъӣ
2.Динро  нигоҳ  дор барои он ҷаҳон.


3.Ҳикматро  нигоҳ  дорӣ  барои тандурустӣ.
Боз  фармуд:
Эй  писар  ,бо авои дӯстӣ  макун  ва  аз  навкиса  қарз  махоҳ.
Илм  омӯз ,ки ҳар  киро  илм  нест , иззат  нест  ва  ҳар  киро  ҳилм  нест, аз  илм  баҳра нест  ва  ҳар  киро саховат  нест ,дӯст  нест  ва  ҳар  киро  дӯст  нест, давлат нест.
Эй  фарзанд , сабру яқин  ва  муҷоҳидати  нафс  худро шиор кун. Ва  бояд  ҳеҷ  кас  вақт  иртикоби  муҳаррамот  накунӣ  ва  ба  ризқи  муқаддар  қаноат кунӣ.
Чашм  ба рӯзии дигарон  маяфкан , то  аз  ранҷониддани  нафси  худ  солим  бошӣ.
Аз  таом  гуруснаву  аз  таом сер бош.
Ба  мардум   сухан  магӯю  хомуширо  шиори худ кун ,то ки  аз  шари  забонҳо эмин гардӣ.

Хушо, ба нимашабе бо Худо сафо кардан,
Забони ҳол гушудан, зи дил дуъо кардан.
Тамоми лаззати олам намерасад қадраш,
Ба як дақиқа муноҷот бо Худо кардан.