суббота, 12 октября 2013 г.

Интиқодоти муғризон дар издивоҷҳои Муҳаммад (с) ва радди кўтоҳе бар онҳо!

Чун ҳамеша муғризон ва ҳоқидони  Шарқу  Ғарб ё мусташриқони даҳрии исломситез мехоҳанд чеҳраи Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)- ро барои оламиён бад ҷилва  диҳанд. Яке аз иттиҳомоте, ки мехоҳанд ба Паёмбари ислом (с) ворид намоянд,  ин масъалаи издивоҷи бисёри Паёмбар (с) аст, ки зери ин суол қарор дорад:
Чаро Паёмбар (с) ҳамсари зиёд  гирифтанд? Чаро зиёд ба занҳо майл доштанд? Гуё ин нуқтаи заъфи Муҳаммад (с) буда.
Посух ба ин суолотро метавон тариқи зайл ҷавоб дод: Агар ба даъвати беназири Расули Акрам (с) сайри кўтоҳе намоем, натиҷаҳои хуберо  дармеёбем. Давлати  исломие, ки Паёмбари бузург таъсис намуданд,  амалҳоеро, ки дар ҳаёти босаъодати худ анҷом додаанд ва давлати паҳноваре, ки аз Чин то Мағриб  имтидод ёфта буд, ин ҳама аз натиҷаҳои даъватҳои шабонарӯзии он Ҳазрат (с) буданд, на аз рўи фориғболӣва машғулияташон бо ҳамсарон (“Уммаҳот-ул- муъминин”). Агар Паёмбари ислом (с) бо ҷиддият дар даъваташ устувор намебуд, ҳаргиз наметавонист  халифае мисли Абўбакри  Сиддиқ (р)-ро ҳамчун идомадиҳандаи роҳаш тарбия намояд, ки пас аз реҳлати он Ҳазрат ҳама ихтилофоти дохилиро ҳаллу фасл намояд ва умматро дар атрофи дини ислом ҷамъ намуда, роҳро барои халифаи баъдӣшогирди дигари он Ҳазрат (с) абармарде, ки Шарқу Ғарбро ба зонў даровард, яъне  Форс ва Румро, ки ў Умар ибни Хаттоб (р) буд, тарбия намояд. Дигар ёрону асҳоби он Ҳазратро, ки ҳар кадом сумбули мардонагӣва қуръони зинда дар заминанд ва бо ахлоқи худ сабаби ҳидояту  гаравидани мардумони зиёд ба ислом шуданд, наметавон ҳамаро дар  ҳаҷми мақола  ҷой дод.
Агар  Паёмбаре  ҳамеша машғули шаҳват, айшу нўш ва  роҳату  нишастан дар атрофи ҳамсарон мебуд, метавонист чунин абармардони роҳи Ҳақро тарбия намояд?
Чунин ёрони мухлису роҳравони воқеӣ пас аз худ тарбия намояд?
Ҳаргиз  на, ин далоил беасос  будани ин иттиҳомро нисбати он Ҳазрат (с)  нишон медиҳад.
Шумо Муҳаммад (с)-ро бо шоҳону императорҳои ғарбии худ қиёс накунед. Чун онҳоро дар бузургтарин ҳолати айшу нӯш ва шаҳватронӣ ёфтед ва ҳаёташон пур аз лаззатҳо ва шаҳватрониҳо буданд. Ин қиёсатон ботилу беасос аст !
Ҳаргиз дили Паёмбари ислом Муҳаммад (с) ба занҳо моил набуд мисле,ки мусташриқону муғризон менависанд.
Албатта Ӯ низ як марде буд ва мисли ҳар мард хоҳишоти нафсонӣдошт, вале на мисли он, ки шумо тасаввур мекунед ва андешаи ноқиси шумо онро мефаҳмад ва он афкори ботилу беасоси худро менависед ва ба дигарон мехоҳед талқин намоед!
Албатта мусташриқи муғриз инро бояд бидонӣ!
-Муҳаммад (с) мард ва рамзи боризи родмардони олам буд!
-Муҳаммад(с) рамзи як падари мушфиқу ғамхору мунис буд!
-Муҳаммад (с) дўстдори ҳама умматонаш буд!
-Муҳаммад (с) дорои бузургтарин мактабу наҳҷи волое буд, ки башарият назирашро надида буд!
-Муҳаммад (с) Чунон ёронеро тарбия намуд, ки матонат, мардонагӣ, садоқат, шуҷоъат, ҷоннисорӣ, хоксорие ба онҳо таълим дод, ки ҳама миллатҳои олам мафтуни он таълимот гардиданд!
-Муҳаммад (с) қадру манзалати занро чунон боло бардошт,ки ягон дину ойин ба зан чунин қадру манзалат надода буданд!
-Муҳаммад (с) занро аз бардагӣ, беҳаёӣ ва зинда ба гӯр кардан раҳонид,  қадреро ба ӯ дод, ки то ба ҳол Ғарб ва олами дур аз ислом  ба ӯ надодаанд!
-Муҳаммад (с) чунон ҳуқуқи занро дар хонавода баланд бардошт, ки агар мардон ба он амал кунанд дар дунё ҳама занҳо саодатманд хоҳанд шуд!
-Муҳаммад (с) қадри модарро ончунон боло бардошт, ки ҷаннатро, ки ҳама орзўи дохил шудан ба онро доранд зери пойи модарон донист!
-Муҳаммад (с) дар китоби ҷовидонаи Қуръон, ки сурае  бо номи “Нисо” (занҳо, ки дар ягон китоби осмонӣ набуд) бар ў нозил гардид!
-Муҳаммад (с) ятим буд ва хуб медонист ятим будан чист ва ончунон бар ятимон  мушфиқ буд, ки сарпарастӣ бар ятимонро дар Ҷаннат бо худ якҷо баён намуд, ки ин бузургтарин роҳест барои баланд бардоштани рўҳияи кудакони ятиму бепарастор тавассути сармоядорони умматаш !
-Муҳаммад (с)-ро эй бехирадони хирасар ба шоҳону императорони хунсои худ, ки аслан на мард буданд ва на тинати мардонагӣ доштанд шабеҳ макунед.! То ба ҳол касе аз худ ва на касе аз бегонагон аз он шоҳону императорон ба хубӣёд накарда, ва на онҳо аз худ ахлоқи накў боқӣгузоштанд, ки бо он ифтихор дошта бошед? Ончӣ аз саргузашти онҳо хондаед онро қиёс накунед!
Паёмбари ислом  (с) миёни аҳли Макка ба Муҳаммади Амин ва волотарин ахлоқи беназир маъруфу машҳур буданд. Инчунин чеҳраи зебову ҷаззобе  доштанд, ки касе дар Ҷазират-ул-араб надоштанд.
Агар Муҳаммад (с) бо ин хислати волояш ва чеҳраи зебову ҷаззобаш дар фикри шаҳвату рағбат  ба занҳо мебуд аҳли Макка дар ҳол ин масъаларо қабл аз шумо ҷанобони мусташриқин кашф мекарданд. Зеро аҳли Макка душманони ақидавияш буданд ва кўчактарин гуноҳе ё иттиҳомеро барояш меҷўстанд, то бо он иттиҳом садде барои интишори даъваташ гарданд. Вале чизе аз ин иттиҳомоте, ки шумо ворид мекунед нисбати он Ҳазрат (с) онҳое, ки бо он Ҳазрат зиндагӣкарданд пайдо накарданд ҳар як Абўҷаҳлу, Абўлаҳабе буд, ки мунтазири ҳамин аъмол буданд, онҳо аз кашфи он оҷиз монданд ва  шумо мехоҳед пас аз 14 аср онҳоро пайдо кунед?
Аз ин рў ин ҷо мехоҳам каме аз ҳаёти он Ҳазрат (с) дар мавриди издивоҷҳояш нақл кунам ва бисёр масоилеро, ки барои шумо норавшан ҳаст, гушзад намоям.
Муҳаммад (с) издивоҷ  накарданд, то вақте, ки умрашон ба 25 сол расид  дар ҳоле, ки ҷавони зебо ва дорои волотарин ахлоқ ва маъруф ба Амин  ва ростманиш  буданд.  Дар  Макка бо кӣ издивоҷ мекунад? Ба зане,ки умраш ба чиҳил расида буд на духтари дўшизаи аз худ чанд сол кўчак, магар ин амал аз чӣ далолат мекунад? Бояд ба ин савол мусташриқине, ки ин иттиҳомотро кардаанд посух бигўянд на мо!
Паёмбар (с) бо ҳамсараш Хадиҷаи бинти Хувайлид (р) то синни  50-солагӣ зиндагӣ карданд ва ҳамсарашон аз дунё гузаштанд дар ҳоле, ки дигар ҳамсаре надоштанд. Агар Муҳаммад (с) он тавре, ки шумо мепиндоред, мебуданд бояд дар ҳол пас аз вафоти ҳамсарашон бо духтари ҷавоне издивоҷ менамуданд, ки ба ин қудрат ва тавон доштанд ва духтарон низ дар орзӯи ҳамсар шудани он Ҳазрат (с) буданд ва падару модарони духтарон ҳам таманнои онро доштанд, ки чунин домоде дошта бошанд. Агар шумо кўчактарин тинати инсонӣ дошта бошед бояд донед, ки қуввату хоҳишоти шаҳвонии  мард  одатан то синни 50 солагӣ бештар аст, нисбат ба умри пас аз  50 сол. Хуб мешуд каме ба худ оед қабл аз иттиҳом ворид карданатон ба Паёмбари ислом Муҳаммадиамин (с).
Ягона ҳамсари  дўшизаи он Ҳазрат  Оишаи Сиддиқа (р) буд. Як нуктаи муҳими дигарро  набояд фаромўш кард, ки хоҳишоти шаҳвонии мард он ҳангом зиёд мешавад, ки хўрокаш равғаниву дорои калорияҳои муғаззӣ бошад.  Вале  фаромўш  насозед, ки Муҳаммад (с) ба ривоятҳои ҳамсарашон  Оишаи Сиддиқа (р) ҳатто чанд рӯз ҳам чизе намеёфтанд  ба серӣ тановул кунанд.
Ҳама издвоҷҳои он Ҳазрат (с) дорои ҳикматҳои бузурге буд!
- Яке аз ҳикматҳои издивоҷи он Ҳазрат (с) дар он буд, ки интишори ислом тавассути занҳо бештар ва муассиртар буд. Зеро аҳкоми шаръ хоссатан он қисмате, ки хосси занҳост аз зан ба зани дигар осонтар ва муфидтар аст. Чун зан мураббӣ дар хонавода аст ва таъсири модар ба тифл дар расонидани аҳком яке аз масоили муҳимме ба маҳсуб меёбад.
- Ҷамъ намудани қабилаҳои арабӣ ба сабаби домод шудани он Ҳазрат (с) бо духтарони он қабоил .
Номҳои ҳамсарони Муҳаммад (с) ва чӣгуна сурат гирифтани онҳо.
1. Нахустин ҳамсари Муҳаммад (с) Умулмуъминин  Хадиҷа бинти Хувайлид  (р) қабл аз нузули ваҳӣ ва понздаҳ сол қабл аз ба  паёмбарӣ баргузида шуданаш  бо Ӯ издивоҷ кардаанд. Аз ин ҳамсарашон Зайнаб, Руқия, Умми  кулсум, Фотима, Қосим,Тайб,Абдуллоҳ ва Тоҳир дар баъзе ривоёт танҳо Қосим ва Абдуллоҳ  омадааст, таваллуд шудаанд. Муҳим аз ҳама фарзандони Расули Акрам (с) аз Хадиҷа (р) буд ба ҷуз Иброҳим,ки аз Морияи Қибтия буд.
2. Пас пас аз вафоти  Хадиҷа бинти  Хувайлид (р) баъди як сол ва се сол қабл аз ҳиҷрат бо Савда бинти Замъа (р) издивоҷ намуданд.
3. Оиша бинти Абўбакр (р)  ду сол қабл аз ҳиҷрат издивоҷ кардаанд. Ин издивоҷ пайванди маҳкаму устуворе буд, ки дўстии Расули Акрам (с) ва Абўбакри Сиддиқ (р)-ро боз ҳам қавитар гардонид.
4. Ҳафса бинти Умар (р) соли дуввум ё саввуми ҳиҷрӣиздивоҷ карданд. Ин издивоҷ ҳам яке аз издивоҷҳои муваффақе ба шумор мерафт, ки сират аз он шаҳодат медиҳад.
5. Зайнаб бинти Хузайма (р) соли саввум ё чаҳоруми ҳиҷрӣиздивоҷ мекунанд ва пас аз як сол фавт мешавад. Ба ривояте ду ё се моҳ ва ё ҳашт моҳ бо Расули Акрам (с) зиндагӣ карданд .
6. Умми Салама бинти Абўумайаи Махзумӣ,  номи аслиаш Ҳинд аст  дар соли чаҳоруми ҳиҷрӣ издивоҷ мекунад аз ҳама занҳои солманди он Ҳазрат (с) буданд ва аз ҳама умри зиёд низ дидаанд. Ин издивоҷ дуое буд, ки Умми Салама пас аз вафоти шавҳарашон кардаанд  ва истиҷоби дуояшон таҳаққуқ пазируфт ва шарафёбии ҳамсарии он Ҳазрат (с)-ро дарёфт намуданд. Ҷавонтарин ҳамсари Паёмбар (с)   Оишаи Сиддиқа (р) соли 56 ҳиҷрӣ реҳлат мекунанд ва Умми Салама бошад соли 58 ҳиҷрӣ вафот кардаанд.
7. Зайнаб бинти Ҷаҳш соли панҷуми  ҳиҷрӣбо ин  ҳамсарашон издивоҷ мекунад. Зайнаб бинти Ҷаҳш духтари амми Паёмбар (с) низ буданд. Қиссаи ин издивоҷ дар Қуръон ҳам ҳаст. Ин зан нахуст ҳамсари Зайд ибни Ҳориса (р) мебошад ва пас аз  муросо накардан бо ҳамсарашон, ки он ҳам бошад куф набудан буд,  ба ақди Расули Акрам (с) медарояд. Ин издивоҷ ҳам ҳикмати хубе дошт, зеро мардуми араб шахсеро бачахонд меномиданд он барояшон маҳрам ҳисоб мешуд ва ҳамсари ӯ келин ба шумор мерафт. Ислом ин амалро рад карда, ин одати ҷоҳилиятро аз миён бурд ва Зайдро, ки бачахонди он Ҳазрат (с) мехонданд, ҳатто дар аёми ҷоҳилият бачахонд аз падархондаш мерос ҳам мебурд онро ботил хонд. Зайнаб бинти Ҷаҳш (р)-ро бо амри илоҳӣба ҳамасарӣ баргузид.
8. Ҷувайрия бинти Ҳорис соли шашуми ҳиҷрӣ издивоҷ менамояд ва ин издивоҷро, издивоҷи бобаракат меноманд. Вақте  қабилаи бани Мусталиқ мешунаванд, ки  Муҳаммад (с) домодашон шуда,  ончи аз асирон ва бардагон доштанд онҳоро бад-ин муносибат озод намуданд.
9. Морияи Қибтия соли ҳафтуми ҳиҷрӣ ҳадияи малики миср буд, ки бо хоҳараш Сирин имон меорад. Ба ақди Расули Акрам (с) медарояд ҳамчун ҷория ё каниз. Аз ин хонум  писаре ба дунё меояд, ки  бо номи Иброҳим ва дар хурдӣаз дунё мегузарад.
10. Умми Ҳабиба  номи аслиаш Рамла бинти Абўсуфён аст, ки  соли ҳафтуми ҳиҷрӣиздивоҷ менамояд ва аз муҳоҷирони аввали  Ҳабаша аст.
11. Сафия бинти  Ҳуйя аз яҳудиёни қабилаи Бани Назир буд, ки дар  соли ҳафтуми  ҳиҷрӣ дар ғазваи Хайбар бо ӯ издивоҷ намуданд.  Ин издивоҷ сабаби имон овардани яҳудиёни зиёде низ мегардад.
12. Маймуна бинти Ҳорис соли ҳафтуми ҳиҷрӣбо Расули Акрам (с) издивоҷ менамояд. Занест, ки худро бо Расули Акрам (с) дар ҳоле, ки дар болои уштураш аст, мебахшад ва оят дар шаъни ин зан нозил шудааст.
"وامرأة مؤمنة إن وهبت نفسها للنبي".
Занҳое, ки дар ақди никоҳи Расули Акрам (с) даромаданд, вале бо онҳо зиндагӣнакардаанд:
1. Умраи Калобия бинти Язид бинни Равос бинни Калоб пас аз ақди никоҳ ба Расули Акрам (с) расониданд, ки бемори сафедии пуст дорад, ки бо ў наздик нашуданд ва дарҳол талоқ карданд.
2. Қутайла Ал Киндия бинти Қайс бинни Муъди  Карб  аз ҷабалаи Киндия буд хоҳари Ашъас  ибни Қайс. Духул бо баъзе  сабабҳо бо ин зан низ сурат нагирифтааст.
3. Сано Сулмия бинти Асмо ибни Алсалт ибни Ҳабиб ибни Ҷобир ибни Ҳориса ибни Ҳилол Алсулами. Ин хонум қабл аз он,ки Расули Акрам (с) ба наздашон дохил гарданд, вафот карданд.
4. Шароф Ал-Калбия хоҳари Яҳёи Калбие, ки Ҷабраил (а) ҳамеша вақте ба назди Расули  Акрам меомад худро ба сурати  Яҳё менамуд. Ин хонум ҳам қабл аз онки Расули Акрам (с) ба наздаш дохил гарданд, вафот намуданд.
5. Олияи Калобия  бинти Забён ибни Амр ибни Авф ибни Убайд  ибни Абўбакр ибни Килоб  буданд. Ривоят мекунанд, ки ин хонум дар назди Расули Акрам (с) буданд, чанд муддате духул сурат нагирифта буд,  сипас  ўро  талоқ намуданд.
6. Лайлои Авсӣ бинти Хатйм Алавсӣ  ин хонум назди  Расули Акрам меояд ва дар назди он Ҳазрат (с) худро чунон вонамуд мекунад, ки Расули Акрам мегўяд: “Ин ки аст,ки ӯро  шер хўрдааст”?
Мегўяд : “Ман  Лайло бинти Хатйм бинти Мутъим Алттайр ҳастам, омадаам, то худро ба шумо бубахшам”.
Расули Акрам (с) мегўяд: “Ба таҳқиқ қабулат кардам”.
Лайло ба хонааш  бармегардад ва дар хонааш барояш мегўянд: Расули  Акрам (с) ҳамсарони зиёд доранд ва ту хело зани рашкин ҳастӣва мо итминон дорем, ки ту он Ҳазрат (с)-ро озор медиҳӣва Ӯ (с) дуое  бароят мекунад. Лайло аз хона берун гашт, то  ба назди Расули Акрам (с) равад, вале дар дохил гаштанаш ба даромадгоҳи шаҳри  Мадина  шере бар ӯ ҳамла мекунад ва ўро ба ҳалокат мерасонад.
7. Асмоъ бинти Наъмон бинни Ҷавн бинни Шураҳбил. Инчунин Ӯро Асмоъ бинти Наъмон бинни Асвад бинни Ҳорис бинни Шароҳбил бинни Наъмон аз Кунда гўянд.
Чунин омадааст, ки Расули Акрам (с) бо ин хонум издивоҷ намуданд, вале дар қиссаи ҷудо шуданашон чанд ривоят омадааст. Яке аз ривоятҳо чунин аст:  Вақто, ки Паёмбари Акрам (с) ба назди Асмоъ дохил гашт  ва хитоб ба ў чунин гуфтанд: Биё ба наздам. Асмоъ аз омадан ба назди он Ҳазрат (с) худдорӣнамуданд. Дар ривояти дигар омадааст, ки вақте ўро ба наздашон хостанд, Асмоъ чунин гуфтанд: “Аъузу биллоҳи минка” Яъне талаби паноҳ металабам аз Худо,(ки дур бошам ) аз шумо. ”Расули Акрам (с) гуфтанд: “Ба таҳқиқ талаби паноҳ талабидӣба дурӣаз ман Худованд дур намуд туро аз ман”. Пас аз чунин суханон аз як дигар ҷудо шуданд ва Асмоъ то охири умрашон худро ба номи “Шақия” саркаш номиданд.
Хонандаи гиромӣ намехоҳам  посухамро аз ин бештар  идома диҳам, то  мақола тўлонитар гардад. Он тўдаи бемағзе, ки мехоҳанд номи он Ҳазрат (с)-ро ба оламиён ба бадӣнишон диҳанд ин амалҳои онҳо ҳамеша бар зидди худи онҳост. Мисоли зинда ҳарчӣмехоҳанд филмҳои тамасхўромезу  таҳқирҳои худро  бар зидди он Ҳазрат (с) нишон диҳанд. Ин амали онҳо ҳамон қадар бар алайҳи худи онҳост ва бузургтарин олимону, ҳунармандон, нависандагону, донишмандон, ва муҳақиқонашон ба дини ислом мегараванд. Ончӣдар ин чанд рӯз ҳамагӣ аз он огоҳӣ доред филми таҳқиромезе нисбати он Ҳазрат (с) сабаби имон овардани чандин ҳазор масеҳӣ гардида, аз ҷумла  ҳунарманди инглиситабор Роуэн Аткинсон бо лақаби ифтихории “Мистер Бин” ҳам ана ҳамин буд. Ҳарчӣ кўшиш мекунанд обу рӯи он Ҳазрат (с)-ро резонанд ҳамон қадар обу рӯяш бештару самимитар ва сабаби ҳидояти шаҳрвандони онҳо мегардад.
Дар охир аз Худованди кариму корсоз таманнои онро дорем,ки чашмҳои моро ба наҳҷу равиши китоби ҷовидонаи Қуръон мунаввар бигардонад. Дилҳои моро ба тақво музайян созад, ахлоқи моро ба сирати мутаҳҳари он Ҳазрат Муҳаммади Мустафо (с) созгору муродиф бигардонад омин ё рабалоламин.

пятница, 11 октября 2013 г.

Насиҳате баҳри фарзандон

«Писарам, ба ҳеҷ ваҷҳ ва таҳти ҳеҷ шароити замонӣ мухолиф ва алайҳи хосту иродаи Худованди бузургу меҳрубон вориди амал машав! Нагузор,ки кибру худхоҳӣ бар ту асар кунад. Он чи, ки донистанаш бароят макдур нест, бикӯш то онро фаро бигирӣ ва ҳамеша аз фарҳехтагону донишмандони улуми исломӣ биомӯз, то бар донистаҳоят биафзоӣ. Ҳамеша дар талаби илму дониш бош, зеро ҷӯёи илм будан ибодат дар роҳи Аллоҳ аст.

То он замоне,ки ба кору амале итминон ҳосил накунӣ, ҳиммат ба он кор магумор! Бо афроде, ки ҳамназару мутеъи туанд, дар камоли тавофук ва ҳусни тафоҳум кору зиндагӣ бикун! Хайру накӯкорӣ дар баробари бандагони Худоро ҳеҷ гоҳ аз ёд мабар. Бо афроди ҷангиву низомии худ ҳамеша бо эхтирому мувозабат ва мусоъадату наҳваи хидматгузорӣ бархурд кун. Зеро фарди хидматгузор ҳамеша мавриди лутфу марҳамати Худованд аст. Писарам, золиму ситамгор мабош! Дар умури кишвардорӣ бо риояти адлу инсоф пойбанд бош ва ҳеҷ гоҳ аз талошу муҷоҳидат дар роҳи интишору густариши дини барҳаки Худованд – ислом фурӯгузор мабош. Аз ту мехоҳам,ки дар ин роҳ икдому амал намоӣ, то маро хушбахт гардонӣ!

Агар бихоҳи,ки дар умури мазҳабӣ муваффак бошӣ, гӯши шунаво ба ҳарфу насиҳати донишмандони исломӣ дошта бош. Дар баробари донишмандони ислом сарфи назар аз он,ки дар куҷое ба сар мебаранд, ҳамеша фурӯтаниву мулотифат ва эҳтиромпазирӣ дошта бош! Мувозиб бош,ки таърифу газофи зиёд ба сипоҳиёну дороият туро аз ислому умури динӣ ғофил масозад! Бидон,ки рисолати аслии мо – хидмат дар роҳи таъолии дини Худо ва ҳадафи волои мо –интишору мусоъадат дар амри ба мардум расонидани исломи азиз аст, на муборизаи ниҳоӣ барои касби дунёву матоъи он! Ту шоистагии инро дорӣ,ки танҳо дар ин роҳ ва бо ин ҳадаф ҷаҳду талош бикунӣ, на барои чизи дигаре ғайр аз ин.

Нисбати бандагони Худо ҳамагон ҳамеша некандеш, нармхӯ, ва меҳрубону нармгуфтор бош. Дар умури давлатдорӣ ҳамеша ба наҳви аҳсан, ба дур аз нуксу тахаллуф амал намо ва бидон,ки Худованд одилону дурусткоронро дӯст медорад. Шуморо ба Худованди бузургу доно месупорам!