четверг, 27 октября 2011 г.

Хоҳарам ҳиҷоб амри Худованди Тавоност

Хоҳарам ҳиҷоб амри Худованди Тавоност
Ба номи Худованди бениҳоят меҳрубон


Хоҳари мусалмон! Дар ин майдон ҳиҷоб силоҳи туст. Бо ин силоҳи худ ба душманони дин ва ақидаат нишон бидеҳ, ки ту пайрави Хадиҷа ва Оишаи Сиддиқа ва Фотимаи Заҳро ва вориси иффат ва ҳашамати онҳо ҳастӣ.
Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худо бар У). Ҳиҷоби ту чун теғест бурранда бар гардани душманони дин ва ақидаат ва ба ононе, ки худро ба тамаддуни бебанду бор ва разолати ғарб фурухтаанд.
Пас эй хоҳари мусалмон! Дар ҳифзи ҳиҷоби худ бикуш! Зеро ҳиҷоби ту санади иззат ва сарбаландии шумост. Зебоӣ ва фазлу камол дар беҳиҷобӣ ва беҳаёӣ нест. Балки фазли камол дар зебоӣ ба ахлоқ ва тақво ва андешаи солим аст.
«Эй Паёмбар! Бигу занони мусалмонро, то бипушонанд чашмҳои худро аз дидани нораво ва ҳаром ва нигаҳ доранд шармгоҳи худро аз амалҳои зишт ва бар бегона ошкор насозанд зиннати худро магар ончи зоҳираст ва қобили пушондан нест. Бояд, ки бипушонанд гиребон ва синаи худро ва зиннат ва ҷамоли худро ошкор насозанд, магар ба шавҳарони худ ва ё падарони хеш ва ё падарони шавҳарони хеш ва ё писарони хеш ва ё писарони шавҳарон, ё бародарон ва ё писарони бародарон ва ё писарони хоҳарон ва ё занони хонавода ва ё канизони онҳо ва ё атбои хонавода, ки ба занон рағбат надоранд ва ё атфоле, ки ҳануз бар аврат ва маҳорими занон огоҳ нестанд. Ба ғайр аз инҳо аз касони дигар дар ҳиҷоб бошанд ва тавре пой бар замин назананд, ки зиннати онҳо ошкор шавад. Эй аҳли имон ҳама ба даргоҳи Худованд тавба кунед! Бошад, ки растагор шавед.» ( Сураи «Нур» ояти 31)
Аз ин ояти муборак собит мегардад, ки ҳиҷоб яъне пушондани бадан фарз мебошад.
Дар Қуръони Карим оятҳои фаровоне дар бораи фарз будани ҳиҷоб омадааст. Аз ҷумла Худованд чунин фармудааст:
«Эй Паёмбар! Бигу ба занони худ ва духтарони худ ва занҳои муъминон, ки хешро аз сар то по бипушонанд. Ин кор барои онаст, ки ба иффат ва иззат шинохта шаванд. То аз таарруз ва азияти ҳавасронон озор накашанд ва ин ҳиҷоб барои онҳо беҳтар аст. Ва Худованд омурзандаву мехрубон аст.» (Сураи «Аҳзоб» ояти 59).
Хоҳари мусалмон! Ту бояд ба тарзи шоиста ба либосат эҳтимом варзӣ ва барои худ шахсияте дошта бошӣ. Ту бояд дар сарфи молу ҷон ба Хадиҷа ва дар фиқҳ ба Оиша ва дар сабру нигаҳдорӣ ва ҳифзи дини Худованд ба Сумая иқтидо кунӣ
Суроғи роҳи рост ва ҳидоятро аз Қуръон бояд ҷуст.

Паёмбар (салом ва дуруди Худо бар У) фармуданд: «Агар зане панҷ вақт намозро адо намояд ва моҳи Рамазонро руза бигирад ва иффат ва покдомании худро ҳифз намояд ва аз шавҳари хеш дар амре, ки маъсият ва нофармонии Худованд набошад, итоат намояд, дар рузи қиёмат ба у гуфта мешавад; Аз ҳар даре, ки мехоҳӣ дохили Биҳишт шав!»(Мухаммадикболи Садриддин)


Ту хушбахти, аё хохар, нахохам шурбахт боши,
Ба давру рузгори хеш бихохам чони сахт боши.
Агар наздат чу бошад хамсару фарзанди дилчуят,
Ту хушбахти, ки гуё сохибе бар точу тахт боши.
Ба дини хешу нангу номуси худ сад талоше кун,
Ба боги зиндагони мевадоре чун дарахт боши.
Азизу дилкушоде шав, дилорому дилочу шав,
Назебад бар ту гар зан бошиву дилсангу сахт боши.
Хичобатро бипушу сатри авратро ба сар барбанд,
Зи чашми мардуми бадбин ,нахохам, лахт-лахт боши.
Ба озоди бикушу илми дунёро бичу, фардо
Нахохам бетараф, беилму хайрону карахт боши.
Бишав бар шавхарат содик, ки хукми шавхарат хак аст,
Дуои волидайнат гир, зи шахрат гар ба рахт боши.
Туро зебад хаёву шарму одобу накучашми,
На чун гарбизане, бешарму руву чашмсахт боши.
Ба хар чое,ки боши чун нигахбонат Худо бошад,
Таманнои туро дорам,ки хушбахте зи бахт боши!



среда, 5 октября 2011 г.

Аллаи Модар хуш аст.




Алла – нахустин замзамаест, ки тифл пас аз таваллуд шуданаш то чанд соли бузург шуданаш хар шаб ва хар руз мешунавад аз забони модар ва ин садо ин суханхо дар магзу чони фарзанд чойгир мешаванд.
Вакте ки тифл чашм ба олами хасти мекушояд у мухточи навозиш аст. ин навозишхоро ки мекунад? модар!
Дили модар чашмаи мухаббатест, ки мехри фарзанд дар он чуш мезанад. Вай гулшани бехазон ва бахорест, ки мехри фарзанд дар он нашъу намо меёбад.
Алла – мачмуъи рубоиву дубайтихо ва шеърхоест, ки модарон дар сари гахвораи тифлонашон мехонанд. Гуфта мешавад, садои аллагуии модар ба гуши тифл ширину форам мерасад ва тифл ором шуда, хобаш мебарад. Алла – таманно ва орзуи модарон барои тифлонашон аст.
Кудак мисли тути аст ,хар он суханеро.ки шунид бе дарки маъно такрор кардан мегирад.
Аз ин ру модарон бояад аз рузи аввал ба чои Алла Аллохе гуйанд то дар дилу забони кудак ин аз имтихо накш бандад.

Эй Худованди карими чорасоз,
Дех ба ин фарзанди ман умри дароз.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Эй Худованди карими рохнамо.
Аз карам бар тифлакам рохе намо,
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Эй Худованди карими бокарам,
Хайру эхсонаш дихи ту аз карам.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Эй Худои хар ду олам,эй Худои мехрубон.
Ту нигах дор тифлакамро дар амон.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.

Вакте,ки кудакро дар гахвора хоб мекунанад,дар вакти чунбонидани гахвора Модар уро алла-алла гуён мечунбонад.
Хамин Алла барои кудак бисёр фоида доштааст,чун ки аз рузхои аввал гуйё тарбия аз гахвора сар мешавад.
Ин алла-алла не АЛЛОХ_АЛЛОХ гуфтан аст.То ин,ки кудак дар гахвора АЛЛОХ,яъне номи Худоро ёд гирад.Алла дар асл АЛЛОХ будаст,лекин модарон аз чихати бесаводи ба чои АЛЛОХ-АЛЛОХ алла мегуфтаанд.

Шайх Давлатхочаи Раштони барои модарон хамин алларо навиштасст,ки дуо хам хаст!

Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Калон шави чакон шави,
Хонандаи Куръон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Чуяандаи имон шави,
Дастёри мардумон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Гуяандаи АЛЛОх шави,
Хам носири яздон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Фарзанди бо камол шави.
Бо нуру бо имон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Дар гуфтаи ИллОхи
Чонро фидо намои.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе. 


Хоҳарам оинаи Эзиднамо,
Рамзи рози хилкати арзу само.
Аз гилеми худ манех поят бурун,
Рахм бар парво дили чахлу чунун.
Аз Урупо ту биё таклид макун,
Хурмати дини худо тахдидмакун.
Дар хиёбон чехрапардози макун,
Назди мардон хаймашаббози макун.
Бо хазорон рангу осоиш макун,
Ишки моро салки осоиш макун.
Зулфи худ аз чодарат берун марез,
Дар масири чашмхо афсунмарез.
Инсару сина нишон додан чаро?
Худ нишони ину он додан чаро?
Хоби гафлат ин чаро оханги туст,
Бадхичоби бехичоби нанги туст.
Хохарам таклиди бединон макун,
Душмани дини худоро зин макун.
Хохари ман фитнаангези макун,
Бо усули дини худ бози макун.
Азхудо дам мезани ё аз гунох?
Пайрави шайтон шави шавад руят сиёх.
Хохарам ин шеър аз сузи дил аст,
Пеши Аллох русиёхи мушкил аст.
Хохарам ту рахрави Оиша бош,
Тухми фитна бар сари ислом мапош.
Хохарам ту рахрави Оиша бош,
Пайрави Захрову хам Осия бош.