понедельник, 31 января 2011 г.

Ишкро,эй дуст,бин,ки нофарчом нест,


Ишк мехохам,ки хамчун шуъла бигдозад маро.
чун шарар хар лахза махви хештан созад маро.
Аз вучуди худ тихи созад ба монанди хубоб.
Ё чу шабнам руйи гул рахте барондозад маро.
Чун намебошад бакои умри фони то абад,
Чун губори рафтагон аз хеч огозад маро.
Барки охам то дари максуд кутохи кунад.
Сайкали вирди дуъо ку лафз то созад маро.
Гул зи пирохан бурун ояд зи шавки номи ту,
гайри зикрат баста гардон хар чи овозад маро
Ишкро,эй дуст,бин,ки нофарчом нест,
Чун шафак хохад ба ранги хеш пардозад маро.

ИШКИ ПОК БАЛОГАРДОНИ ЧОН АСТ!



Хабибам!Дили бе ишк монанд бар замистон аст,
Бо чисму чон бидон,ки сад хори аз он аст.
Хар он кас,ки ба ишк ёраст,дили он шодон аст,
Чу булбул месарояд дил,гуё дар гулистон аст.
Дили ошик аз ишк,чу чашмаи зулол аст,
Бахшандааст шавку завк,монанд ба оби равон аст
Нагардад хаёт маъмур,агар ишк надорад дил,
Диле,ки ёри ишкаст,чу машъали тобон аст.
Ишки бегубору пок балогардони чон аст,
Ишк гамбару дилкушояст,хамчу гули хандон аст.
Лек ишки бисёр мавчуд ба хар тоифа касон,
Дон,ишк аввал ба Худо,ин кори пок инсон аст.
Ишк ба хамсару фарзанд,хамсарро ба шавхари худ
Ишк бар падар ва модар,ин кори бузургон аст.
Ишке бар макому китоб ва бар гулу булбулон,
Ишк боз ба илму хунар - кори зиндадилон аст.
Аммо,ишк бар симу зар,факат барои нафъи худ,
Дон,ин кори ноинсонаст,ин кори худбинон аст.
Ишк бар кимору карта,ишки бад ба бегоназан,
Дон,ки ин кори шайтонаст,ин кор офати чон аст.

понедельник, 17 января 2011 г.

Модар зинати хона аст

Аз қ адимулайём хал қ и то ҷ ик ба зан – модар эъти қ оду э ҳ тиром дошт, зеро дар китоб ҳ ои му қ аддаси диниву маз ҳ абии мо мавз ӯ и э ҳ тироми модар ма қ оми му ҳ им дорад. Ҳ атто ҳ азрати Му ҳ аммад саллалло ҳ у алай ҳ и ва саллам дар як ҳ адиси муборакашон ме ҳ рубон ӣ карда фармудаанд: «Ал ҷ аннату та ҳ та а қ домил умма ҳ оти » ( Ҷ аннат зери пои модарон аст). Ҳ амин ҳ адисро Ҳ аким Низом ӣ ба риштаи назм даровардаанд: Ҷ аннат, ки ризои мо дар он аст, Дар зери қ удуми модарон аст. Хо ҳ ӣ , ки ризои мо би ҷӯӣ , Он кун, ки ризои модарон аст. Модар! Ин сухан барои ҳ ар яки мо му қ аддас ва дилнишин аст. Ва қ те ин калимаро ба забон меронем, пеши назарамон шахсеро тасаввур мекунем, ки аз чашмони ӯ нури ме ҳ р меборад. Модар азизтарин инсони р ӯ и замин буда, қ алби вай офтоби гарму пурнурро мемонад, ки оянда фарзандон бо ин равшан ӣ ро ҳ и зиндагии худро хо ҳ анд ёфт. Нависандаи маш ҳ ури Миср Тавфи қ Ал ҳ аким дар васфи зан - модар гуфта буд: «Зан зиннати хона, устоди атфол ва муаллими насл ҳ ост.» Ҳ азрати Му ҳ аммад (с) дар ҳ адиси дигари худ мефармояд: «Ман се чиз аз дунёи шуморо д ӯ ст дорам – атр, зан ва р ӯ шании чашмам дар намоз аст». Ин ҷ о Паёмбари Акрам (с) му ҳ аббат ба занро дар канори д ӯ стии худ ба намозу атр қ арор меди ҳ ад, зеро ҳ амон гуна, ки атр дунёи атрофро ба машоми инсон муаттару босафо месозад ва намоз ба зиндаг ӣ р ӯ ҳ у ҷ ило мебахшад, зан низ зиндагии ҷ омеаро ширину дилпазир месозад. Амиралм ӯ ъминин ҳ азрати Умар (с) ривоят мекунанд, ки Расул (с) фармуданд, ки ба занон ситам макунед ва эшонро озурда масозед ва дар ҳ а ққ и эшон нек ӣ кунед, ки дар дасти шумо гирифторанд ва асиранд. Тани он ҳ о ба фармони Худои таъоло бар Шумо ҳ алол аст. Расул (с) боз фармуданд, ки ҳ а ққ и зан бар шав ҳ ар пан ҷ аст: аввал, ӯ ро ба даруни хона кор фармояд, дуюм, қ оида ҳ ои намозро ом ӯ зонад, сеюм таоми ҳ алол биди ҳ ад, чорум бар вай зулм накунад, пан ҷ ум бе хиёнат ӯ ро назанад. Шахсе назди ҳ азрати Му ҳ аммад (с) рафта аз ӯ пурсид: «Ё Паёмбар! Ман ч ӣ касеро метавонам д ӯ ст дошта бошам, ба ӯ э ҳ тиром гузорам? Оё чунин шахс ву ҷ уд дорад? Паёмбар (с) ҷ авоб доданд: «МОДАР!» Он шахс боз се бор саволи худро такрор намуданд ва Паёмбар (с) як хел ҷ авоб медоданд. Фа қ ат бори чорум гуфтанд: «Падар ҳ ам». Ҳ азрати паёмбар (с) занон -модаронро д ӯ ст медоштанд ва пайравони худро низ ба э ҳ тироми зан - модар амр менамуданд. Дар як ҳ адисашон таъкид кардаанд, ки ҳ амаи ашёи олам зебост, аммо модар аз ҳ ама мав ҷ удоти дунё авлотару зеботар аст. Ҳ арчанд фарзанд бадр ӯ ю но қ ис бошад ҳ ам, лекин модар ӯ ро д ӯ ст медорад. Аз ин р ӯ , дар ҷ а ҳ он му ҳ аббате бе ҳ тар аз му ҳ аббати модар нест. Дар ин маврид Асадии Т ӯ с ӣ фармудааст: Агарчанд фарзанд чун деви зишт, Бувад назди модар чу ҳ ури би ҳ ишт.


        Амри модар мукаддас асту азиз,
        Ман ба ичрои он дихам хама чиз.
        Карда бовар ба гайратам модар,
        Чист дигар аз ин шараф бехтар!
        Сари худро агар дихам бар бод,
        Ин шарафро зи каф нахохам дод.

суббота, 8 января 2011 г.

Қиссаҳои қуръонӣ




Яке аз аввалин нукоте, ки бояд бачаҳо ёд бигиранд, меҳрубонӣ ва муҳаббат аст. Аз ҳамин дарича ба зиндагӣ ва мардум нигоҳ бикунанд. Худ ва дигаронро кашф кунанд… то ба тадриҷ мустақил ва тавоно шаванд. Бачаҳо хеле - хеле зираканд, аз ҳарфи бузургон ва зиндагии бузургон бардоштҳои худро мегиранд. Аз ин рӯ бо бачаҳо он гуна канор омад, ки аз ҳарфи мо, рафтору муоширати мо танҳо бардошти мусбат гирифта тавонанд. Ишқи Ватан, мардумро аз хурдӣ дар дили бачаҳо мебояд бедор кард… вагарна дер хоҳад шуд. Ҷомии бузург мегӯяд:

Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳӣ амал,

Мева бенуқсон бувад чун аз дарахти навбар аст.

Бачаҳои солим, оқил, боҳуш ва доно ояндаи ҷомеаи мо ҳастанд. Дар анҷоми ин аҳдоф барои бачаҳо таърихи Ислом ва Қуръон метавонад кӯмак бикунад.

Ба ин хотир мо тасмим гирифтем, ки силсилаи достонҳои Қуръониро, ки барои бачаҳо бародар Қамариддин таҳия намудааст, ба нашр расонем. Бошад, ки бо кӯмаки Худованд, бачаҳои мо бо маънавият ва ахлоқи ҳамида дар оянда ба Ватан ва ҷомеа хидматгузор шаванд. Иншоаллоҳ!

ОФАРИНИШИ ДУНЁ

Эй додаракам ва эй хоҳаракам! Оё ту медонӣ, ки Худованд дар ҳақиқат ба ҳама чиз қодиру тавоност?

Худованди муттаъол хост заминро биофарад, то дар он зиндагӣ кунем ва аз неъматҳояш баҳра барем. Пас офарид замину осмонро ва баъдан халқ кард малоикро, ки бо ихлоси том Худоро мепарастанд ва ситоиш мекунанд. Эй додараки шӯҷоъ ва эй хоҳараки доно! Оё медонӣ, ки Худованд чӣ гуна мо ва нахустин Инсонро офарид?

ХОСТИ ХУДО

Баъди ин, ки Худованд малоикро офарид, хост одам ва насли ӯро биофарад, то рӯи замин иқомат намоянду дар гӯшаю канори он паҳн шуда, ин дунёи бузургро обод гардонанд, аз неъматҳояш ғизо бигиранд, сарватҳои бои онро кашфу истифода кунанд.
Эй дӯстони хурдакакам! Оё медонед, ки Одам алайҳиссаломро Худованд аз чӣ офарид? Ва ҳангоми офаридани ӯ чӣ рӯх дод? Биёед, бо ҳам идомаи ин навиштаро бихонем ва бузургии Худованди офарандаю тавоноро дарк намоем.

ОФАРИНИШИ ОДАМ (ДУРУД БАР Ӯ)

Худованд малоикро хабар дод, касеро меофарад, ки дар замин зиндагӣ кардаву онро обод мекунад. Онҳо бо тааҷҷуб пурсиданд: Оё касеро меофарӣ, ки дар Замин харобкорӣ кунад ва хунҳо бирезад? Худованд ҷавоб дод: Дар ҳақиқат чизеро, ки ман медонам, шумо аз он бехабаред. Худованд малоикро хабар дод аз ин, ки ӯ чизеро мехоҳад, меофарад. Ва малоик махлуқи навро хоҳанд дид. Пас аз он Худованд Одамро аз хок офарид.
Баъдан аз рӯҳи худаш ба Одам бахшид ва бо хоҳиши Худованд Одам ба ҳаракат даромада, ҳама чизро мефаҳмиду дарк мекард. Нишонаҳои ҳаёт дар ӯ ҳувайдо буданд. Ӯ аввалин инсон буд, ки офарида шуда ва Худованд аз ин малоикро хабар дод.

ТАЪЛИМИ НОМҲО

Баъди офарида шудани Одам ақлу идрокаш қобили амал шуд. Сипас Худованди бузург номи тамоми мавҷудотро ба Одам ёд дод. Баъд аз он аз малоик талаб намуд, ки дар назди Одам номи тамоми мавҷудотро номбар намояд. Аммо малоик қодир бар он набуданд ва ҳайрат доштанд, чун Одам номи тамоми мавҷудотро медонист. Онҳо яқин донистанд, ки Худованд донотар аз онҳост ва он чизеро, ки мехоҳад, офарида метавонад.

ФАРМОИШИ САҶДА КАРДАН БА ОДАМ

Худованди бузург ба малоик чунин ҷавоб дод: Оё нагуфтам ба шумо, ки ғайбҳои Осмону заминро медонам ва ончиро, ки ошкор мекунед ва ончиро, ки пинҳон медоред, онро низ медонам.
Сипас малоикро фармуд, то Одамро саҷда кунанд. Малоик Одамро саҷда карданд ва иқрор буданд, ки Худованд Одамро мартаба ва фазилатҳои зиёде бахшидааст. Ин саҷдаҳо итоати малоик ба қудрат ва халоқияти Худованд буд.

Аммо он ҷо махлуқи дигаре бо номи Иблис ҳозир буд. Ӯро ҳам Худованд амр кард, то ба Одам саҷда кунад. Аммо ӯ аз амри Худованд сар печид, мартабаи худро болотар аз Одам донист. Барои саркашӣ тавба накард ва аз ҷумлаи кофирон шуд. Иблис иллати ба Одам (с) саҷда накардани худро шарҳ дод. Пас, биёед он сабабҳоро бо ҳам бубинем.

ЧАРО ИБЛИС САҶДА НАКАРД?

Худованди муттаъол Иблисро гуфт; Чӣ шуд туро ки ба Одам саҷда накардӣ? Иблис дар ҷавоб гуфт, ки АЗ ОДАМ ВОЛОЮ БЕҲТАР АСТ, ЧУНКИ Ӯ АЗ ХОК ОФАРИДА ШУДААСТ ВА МАН АЗ ОТАШ. Иблис бовар дошт, бо ин фарқият метавонад мартабаи худро аз Одам боло бигзорад. Пас чӣ гуна метавонад Одамро саҷда намояд? Ва саркашии худро ошкор сохт. Бо ин амал Иблис гирифтори ҷазою азоб гашт.

РОҲИ ИБЛИС

Худованд Иблисро барои мухолифат ҷазо дода аз биҳишт ронд ва лаънаташ кард. Огоҳаш сохт, ки фардои қиёмат ҷояш дӯзах хохад буд. Иблис аз Худованд хоҳиш намуд, ки то рӯзи қиёмат умраш дароз созад. Худованд ӯро иҷозат дод, то рӯзи қиёмат умр ба сар барад.
Чун хоҳиши Иблис иҷро шуд, ӯ роҳи бадеро пеш гирифт. Фиреб ва ба роҳи бад бурдани башарро (Одам ва авлоди онро) пешаи худ қарор дод. Худованди муттаъол Иблисро огоҳ намуд, ки чӣ қадаре саркашӣ ва вайронкорӣ кунад, наметавонад мӯъминони асил ва хубро аз роҳи рост барорад.

ОДАМ ДАР БИҲИШТ

Баъди он ки Худованд Иблисро аз даргоҳи раҳматаш ронд, барои Одам завҷа офарид. Сипас Одаму завҷаашро дар биҳишт ҷой дод ва аз макру фиреби Иблис ононро огоҳ кард. Фармуд, ки Иблис душмани ошкори онҳост.

Худованд дар биҳишт ба Одаму завҷааш ҳама чизро иҷозат дод, то бихӯранду бинӯшанд ва зиндагӣ кунанд, аммо хӯрдани меваи якдарахтеро бар онон манъ карда буд. Худованд бар онон ваъда дода буд, ки агар ба амри холиқи хеш итоат карда аз ҳамон дарахт нахӯранд, дар биҳишт дур аз гуруснагӣ, ташнагӣ ва азобу машаққат зиндагӣ карда он ҷо хоҳанд монд.

ВАСВАСАИ ШАЙТОН

Одам бо завҷааш дар биҳишт шоду хуррам зиндагӣ доштанд. Аммо Иблис ғам дошт, зеро ӯро аз биҳишт Худованд ронда буд.

Баъдан Иблис ба фиреби онҳо шурӯъ кард, то аз меваи барояшон Худованд манъкарда бихӯранд. Иблис бо макру ҳилла бар Одам ва Ҳаво талқин мекард, то аз меваи дарахт бихӯранд. ӯ мегуфт, ман аз бадхоҳон нестам, балки некхоҳам. Иблис тамоми ҳиллаю найранг ба кор бурд, то Одаму Ҳаво аз меваи дарахти манъшуда бихӯранд ва бо ин гуноҳашон аз биҳишт ронда шаванд. Ин ҳама ҳиллаву васвасаи Иблис аз ҳасад буд, зеро ӯ худ аз биҳишт ронда шуда буд.

ХӮРДАН АЗ ДАРАХТ

Иблис ҳиллаю найранги зиёде кард ва билохира Одаму завҷаашро ба доми фиреби худ афтонд. Одаму Ҳаво аз меваи ҳамон дарахте, ки Худованд манъашон карда буд, хӯрданд. Бо ин амал онҳо амри Худованди муттаъолро то ба охир ба ҷо наоварданд. Ҳамчуноне ки Худованд ваъда дода буд, нисбати ин амалашон онҳо аз биҳишт ронда шуданд.

Худованд барояшон гуфт: "Оё Шуморо манъ накардам аз хӯрдани меваи ҳамин дарахт ва нагуфтам, ки агар бихӯред аз биҳишт ронда хоҳед шуд? Дар ҳақиқат шайтон бароятон душмани ошкор аст". Одам ва завҷааш фаҳмиданд, ки амали носазое ба ҷо овардаанд.

ПУШАЙМОНӢ ВА ТАВБА

Одаму Ҳаво аз рафтори худ пушаймон буданд ва гуфтанд; «Парвардигоро, мо бо худ ситам кардем ва агар набахшоӣ ва тарраҳум нанамоӣ, аз ҷумлаи зиёнкоронем. Худованд, ки тавбапазиру меҳрубон аст, хатои Одаму Ҳаворо бахшид. Ва Одаму Ҳаво аз Худованд хостанд, то онҳоро дар биҳишт боқӣ гузорад. Аммо Худованд ба онҳо гуфт: "Фуруд оед аз биҳишт".
Худованд ба Одаму Ҳаво фармуд, ки ҳар касе, дар тавбаи худ пойдор монад, барояш дари ҷаннат боз аст ва тавба бишкастагонро рӯзи қиёмат ҷаҳаннам ҷояш хоҳад гашт. Аллоҳ таъоло Одаму Ҳаворо панд дод, ки Иблис барои ҳамеша душмани Шумост. Аммо шуморо зиён расонида наметавонад, ба шарте ки имон биёреду солиҳон бошед. Билохира Одаму Ҳаво аз биҳишт ба замин фуруд меоянд ва суханони парвардигор, ки ба малоик гуфта буд: "Дар ҳақиқат он чиро ман медонам, шумо намедонед", собит гашт.

ҚОБИЛ ВА ҲОБИЛ

Баъди он ки Одам ва Ҳаво ба замин фурӯд омаданд, хостанд фарзанддор шаванду аз неъматҳо ва ризқу рӯзии додаи Худованд баҳра бигиранд. Барои ободонии ҷои худ кӯшиш намоянд. Бо розигии Худованд модар ҳомила шуд ва бори аввал ду фарзанд таваллуд кард: Яке Қобил ва дигаре хоҳари Қобил. Дар маротибаи дуввум Ҳобил ва хохараш ба дунё омаданд. Ҳамин тариқ Одаму Ҳаво соҳиби фарзанд шуданд ва шукронаи Худованд ба ҷо меоварданд. Онҳо фарзандони худро дӯст медоштанд ва меҳрубонӣ мекарданд.

КӮШИШ БА КОР

Кӯдакон бо меҳру муҳаббати модарӣ ва падарӣ тарбия меёфтанд. Чун ба синну соли ҷавонӣ расиданд, барояшон маълум гашт, ки зиндагӣ ба кор ва кӯшишу ғайрат эҳтиёҷ дорад. Бародарон Қобилу Ҳобилро зарур буд, ки барои соҳиби ризқу рузӣ ва некбахт шудан бояд худ ҷадал намоянд. Қобил дид, ки дар замин кор кардан ва ҳосил гирифтан мумкин аст, бинобар ин зироаткориро пешаи худ кард.

Ҳобил дарёфт, ки Худованди муттаъол неъматҳои зиёде барои инсон офаридааст, аз ҷумла чаҳорпоёнро. Ва хост, ки нигаҳбони чаҳорпоён бошад. Бо ҳамин тариқ Ҳобил чӯпониро пеша кард. Бародарон аз маҳсули дастони худашон мехӯрданд ва зиндагӣ мекарданд.

ОДАМ БО ДУ ФАРЗАНДАШ

Онҳо бо шодмонию некбахтӣ зиндагӣ доштанд ва Қобилу Ҳобил ба воя расиданд ва хостанд ҳардуяшон соҳиби зан шаванд. Худованд низ падарро барои ин кор ҳидоят намуд. Падар хост ба Қобил хоҳари Ҳобилро ба занӣ диҳаду хоҳари Қобилро ба Ҳобил, то ки масъала ҳал шавад. Чунки роҳи дигари ҳалли ин мушкилот дар ибтидои офариниши Одам вуҷуд надошт. Баъдан ин кор ҳаром ва номумкин ҳисобида шуд. Одам ин нияти худро ба фарзандаш хабар дод. Оё ин ният амалӣ гашт? Он чӣ Одам мехост он шуд?

ИНҚИЛОБИ ҚОБИЛ

Бале! Нияти падар, ки оиладор кардани фарзандон буд, амалӣ нашуд. Духтареро, ки Ҳобил бояд ба занӣ мегирифт, аз духтари дуввумин зеботар буд. Қобил бошад, хоҳиши ба занӣ гирифтани дигариро надошт, ҷуз ҳамин духтари зебо ва бар хилофи хоҳиши падар. Ҳусну ҷамол ва зебоӣ сабаб гашту Қобил мухолифи тақсимоти падар баромад ва аз издивоҷ бо хоҳари Ҳобил рӯ гардонд. Ихтилоф байни ду бародар сахт шуд ва аз ин падар дар тарсу ҳарос монд. Падар метарсид аз он, ки ихтилоф ба ҷое нарасад, то Худованд дӯст надорад ва ин табъан ба фоидаи оилаи некбахт наанҷомад.

ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ

Рӯзҳо мегузаштанд. Одам ҳалли ин мушкилотро намедонист, то ин ки Худованди муттаъол ӯро раҳнамоӣ кард ба сӯи ҳалли одилонаи байни ду бародари мухолиф. Илҳоми Илоҳӣ ин буд: Ҳар ду бародарон бояд ба даргоҳи Илоҳӣ қурбоние бахшанд. Қурбонии касе аз ҷониби Худованд қабул гардад, метавонад ӯ духтари хостаашро ба занӣ гирад. Ҳамин тавр Қобил аз зироатҳояш гандум ва Ҳобил беҳтарин чорпоро барои қурбонӣ пешниход намуданд.

НАТИҶА

Бародарон мунтазири натиҷа буданд ва аз Худованд мехостанд, то қурбонии онҳоро қабул намояд. Ҳар кадом мехост ғолиб бошад. Қурбонии Ҳобилро Худованд қабул намуд Чунки ӯ хубкор ва парҳезгор буд. Қурбонии Қобилро бошад Худованд қабул накард, чунки ӯ холисона набуд ва гуфтаи падарашро итоат накард. Бо ҳамин аз бародараш ҷудогӣ меҷӯст ва ҳамаи ин амалаш сабаб гаштанд, ки қурбонии ӯ аз ҷониби Худованд қабул нагардад.

НИЯТИ БАД

Баъди аз ҷониби Худованд қабул шудани қурбонии Ҳобил, Қобил, ки дилаш пур аз кинаву адоват ва ҳасад буд, нияти баде кард. Қобил коре карда наметавонист, магар ки сӯи бародараш рафт ва бо овози баланд гуфт:

«Ҳатман туро мекушам».

Дар ҳақиқат ӯ мехост бародарашро, ки орзуҳояш амалӣ шудаанду некбахт аст, бикушад ва таҷовуз ба қасди ҷони касе кунад, ки Худованд ӯро бештар дӯст медорад…

Бо ҳамин нияти куштани бародари худ Қобил рӯзҳоро мегузаронд. Оё дар ҳақиқат ӯ бародари худро мекушад? Ҷавоби Ҳобил чист вақте, ки аз нияти бади бародараш огоҳ гашт?

ҶАВОБИ ҲОБИЛ

Ҳобил аз нияти бади бародараш Қобил огоҳ шуд ва фаҳмид, ки ӯ эҳтиёҷ ба насиҳат ва ҷонфидоӣ дорад. Вақте Ҳобил бо бародараш вохурд ӯ хеле хашмолуд буд ва аз натиҷаи қурбонии худ ҳасрат мехӯрд ва дилаш пора - пора мегашт…

Ҳобил ба бародараш бо меҳрубонӣ гуфт: Эй бародар! Аз куштани ман ту некбахт намешавӣ ва аз ин амалат чизе фоида намебинӣ. Сабабгори бадбахтӣ ва ҳасрати ту ман нестам. Балки худат сабабгори бадбахтии худат ҳастӣ...

Дар ҳақиқат ту медонӣ, ки Худованд қабул надорад чизеро магар аз парҳезкорони накукор. Ту бошӣ итоати Худованд накардӣ, сухан, насиҳату раҳнамоии падарро қабул надоштӣ. Ман ҳаргиз куштани туро қасд надорам. Ҳарчанд аз ту бақувваттар ҳастам, чунки ман фитна ва фиреби шайтонро қабул надорам. Ҳамин тавр Ҳобил бародарашро насиҳат мекард то, ки ӯро аз ин нияти бад боз гардонад.

МАСИРИ ҲОБИЛ

Насиҳати Ҳобил бародарашро фоидае набахшид ва таъсире ҳам нарасонд. Худованд байни ду бародар ҳукм кард. Қобил саркашӣ намуда Худовандро итоат накард, бо бародари худ кина гирифт, Падарашон барои ба некӣ ҳал шудани ин масъала он чӣ метавонист анҷом дод. Қобил падарро низ итоат накард.

Ҳобил ҳамоно бародарашро насиҳат мекард, аммо баръакс кинаю адовати бародараш бештар мегашт. Кинаю нафрати ӯ ба дараҷае боло гирифт, ки ба куштани бародараш Ҳобил иқдом намуд. Зарбаи сахти Қобил Ҳобилро ба замин афтонд. ӯ дигар ҳаракат намекард. Ҳобил мурда буд. Қобил нияти бадро, ки ба нисбати бародараш дар дил дошт, амалӣ намуд. ӯ ҷурму гуноҳи қабеҳҳеро ба хотири ҳусну ҷамол ва зебоие, ки фаношавандаааст содир намуд. Во ҳасрато!

ҚУРБОНШУДАИ ПОК

Одам (с) фаҳмид, ки писараш Қобил нияти шуме, ки дошт онро амалӣ кардааст. Ва медид, ки ҷасади поки Ҳобил беҳаракат рӯи замин хобидааст. Ҳобил дар ҳақиқат мурда буд (аввалин шаҳид дар рӯи замин). Бародарӣ натавонист садди роҳи куштор гардад. Ҳобил натавонист бародари худро бикушад. Бо насиҳат мехост бародарро аз қасди бад баргардонад, Бо ин қурбонӣ Ҳобил мехост ба дигарон роҳи ҳақиқат ва дурустро нишон диҳад.
Кушташуда марде буд, ки Худованд ба ӯ ақли расо, ҷисми солимро раво дошт. Падару модар аз ӯ розӣ буданд. Худоро дӯст медошт ва кулли амалаш ибрати дигарон ҳисоб меёфт.

ҲОДИСАИ АВВАЛИН

Ҳамин тариқ ҷиноят рӯй дод ва ҳодисаи қатл содир гардид. Падари мискин аз вафоти фарзандаш, ки бародари кинаварзу саркашро ба роҳи нек хидоят менамуд, сахт андӯҳгин буд. Ҳамин ҳодисаи нахустинро Худованд хост ҳамчун аввалин дарси ибрат барои башар нигаҳ дорад. Ва ҳамчунин башар бояд бидонад ва огоҳ бошад, ки қабул намекунад Худованд чизеро магар аз Худотарсон ва парҳезгорон. Ва боз инсон бидонад, ки ӯ ҷоҳилонро бояд бе талаби кӯмак ва музде насиҳат кунад, зеро одам ба ин кор масъул аст.

Инсонро лозим аст дар муқобили таҳдиду зуровариҳои дигарон истодагарӣ намояд ва бо сабру тамкин бошад. Во аҷабо! Чӣ рӯй дод баъди ин куштор? Чӣ бошад ҳукми Худованд, ки он аз қотил пинҳон аст?

ХУДОВАНД ЗОТЕРО МЕФИРИСТАД

Қобил намедонист бо ҷасади бародараш чӣ кор кунад ва чӣ тавр аз вай халос шавад. Ҷасадро дар халта гирифта ҳайрону сарсон мегашт. Худованд хост ин ҷасади покро нигоҳ дорад...
Пас Худованд (барои нишон додани Қобил (мутарҷим) зоғеро фиристод, ки ҷасади зоғи дигареро бо худ дошт. Зоғ ҷасади ҳамҷинсашро рӯи замин гузошт, сипас заминро бо нӯлаш канд ва онро дафн кард. Ҳамаи ин дар пеши назари Қобил ба ҷо оварда шуд. Қобил бештар пушаймон буд ва ҳасрат мехӯрд. Зоғ магар аз ӯ зиёдтар медонад?!
Бо овози гирифтаю ларзон ва дили пуризтироб такрор мекард: «Во ҳасрато, оҷизам аз ин ки мисли ҳамин зоғ бошам».

ВА ҲОЗИР

Биёед, дӯстони ман, дар охир ҳамин қиссаро бо зеботарин услуб ва шевотарин калом бихонем. Биёед, ба ҷониби Қуръони Карим. Барои мо бо калимаҳои ҳамидааш ҳикоят мекунад.

АЪУЗУ БИЛЛАҲИ МИНАШШАЙТОНИР РАҶИМ

وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ ابْنَيْ آدَمَ بِالْحَقِّ إِذْ قَرَّبَا قُرْبَانًا فَتُقُبِّلَ مِنْ أَحَدِهِمَا وَلَمْ يُتَقَبَّلْ مِنَ الْآخَرِ قَالَ لَأَقْتُلَنَّكَ قَالَ إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللَّهُ مِنَ الْمُتَّقِينَ (27) لَئِنْ بَسَطْتَ إِلَيَّ يَدَكَ لِتَقْتُلَنِي مَا أَنَا بِبَاسِطٍ يَدِيَ إِلَيْكَ لِأَقْتُلَكَ إِنِّي أَخَافُ اللَّهَ رَبَّ الْعَالَمِينَ (28) إِنِّي أُرِيدُ أَنْ تَبُوءَ بِإِثْمِي وَإِثْمِكَ فَتَكُونَ مِنْ أَصْحَابِ النَّارِ وَذَلِكَ جَزَاءُ الظَّالِمِينَ (29) فَطَوَّعَتْ لَهُ نَفْسُهُ قَتْلَ أَخِيهِ فَقَتَلَهُ فَأَصْبَحَ مِنَ الْخَاسِرِينَ (30) فَبَعَثَ اللَّهُ غُرَابًا يَبْحَثُ فِي الْأَرْضِ لِيُرِيَهُ كَيْفَ يُوَارِي سَوْءَةَ أَخِيهِ قَالَ يَا وَيْلَتَا أَعَجَزْتُ أَنْ أَكُونَ مِثْلَ هَذَا الْغُرَابِ فَأُوَارِيَ سَوْءَةَ أَخِي فَأَصْبَحَ مِنَ النَّادِمِينَ (31)

Ва бихон бар қавми худ хабари ду писари одамро ба ростӣ чун ниёзи хақ карданд. Қурбонӣ пас қабул карда шуд аз яке ва қабул карда нашуд аз дигар, гуфт Қобил албатта бикушам туро, Ҳобил гуфт ҷуз ин нест, ки Худо қабул мекунад аз муттақиён. (27) Агар дароз куни ба сӯи ман дасти худро то бикушӣ маро, ман ҳаргиз дароз накунам ба сӯи ту дасти худро то бикушам туро ҳар оина ман метарсам аз Худо парвардигори оламиҳо. (28) Ҳароина ман мехоҳам, ки бибарӣ гуноҳи маро ва гуноҳи худро пас бошӣ аз аҳли дӯзах ва ин ҷазои ситамгарон. (29) Пас нафси ӯ саҳл сохт дар назари ӯ куштани бародарашро то пас бикушт ӯро, пас шуд аз ҷумлаи зиёнкорон. (30) Пас, Худо зоғеро фиристод, ки замин мешикофт, то бинамоядаш, ҷусаи бародари худро чӣ гуна бипӯшад. Гуфт, эй вой бар ман! Оё оҷиз шудам аз он, ки бошам монанди ин зоғ, пас бипӯшонид ҷуссаи бародари худро, пас гардид аз ҷумлаи пушаймоншудагон (31). (Сураи Моида; 27-31)

ҚИССАИ ҲАЗРАТИ НӮҲ (алайҳи-с-салом)

НӮҲ (алайҳи-с-салом) ПАРАСТИШИ БУТҲО

Аз байн замоне гузашту дар рӯи замин теъдоди одамон афзуд. Мардум аз парастиш ва ибодати Худованди якто дур шуданд ва фаромӯш карданд, ки Оллоҳ Таъоло Парвардигор ва лоиқи парастиш аст. Аз ҷумлаи ҳамин мардум қавме буд, ки куфру гумроҳияшон зиёд шуд. Онҳо бут ва ҳайкалро монанди сурати номдороне, ки мурда буданд, месохтанд ва парастиш мекарданд, хайру сахо талаб менамуданд... Ва аз бадиҳо ба онҳо паноҳ, мебурданд.

Ин худоҳоро номҳои зиёде монда буданд. Гоҳе онҳоро бо номи (Вудд), (Сувоъ) ва (Яғус) нидо мекарданду гоҳо бо исми (Яъуқ), (Наср). Мувофиқи мизоҷҳояшон ва нодониашон ба ҳар роҳи хато, ки мехостанд, бе ягон фикру андеша ва бе кор фармудани ақл, ки Худованди ягона барояшон ато намудааст, мерафтанд.

РАҲМАТИ ХУДО

Эй бародарони паҳлавонам, дар ҳақиқат Худованд аз ҷумлаи бандагонаш касеро фаромӯш намекунад. Аз ҷумла раҳмат ва меҳрубонии Худованд он аст, ки ба мардум пайғамбаронро мефиристад, то роҳи Ислом ва ҳақиқатро ба онҳо бифаҳмонад. Замоне мардум бут ва ҳайкалҳоеро, ки Худо меномиданд парастиш доштанду Худованди якторо ибодат намекарданд, бо раҳмату меҳрубонӣ Худованд аз байни худашон барои онҳо паёмбаре интихоб намуд...

Он марде, ки Худованд барои раҳнамоии ин мардуми нодону ҷоҳил интихоб кард, кист? Кист он марди ҷонфидо, ки мардуми нодон ва парастандаи ҳайкалҳои сангинеро, ки фоида намеоранд, намебинанд ва намешунаванд, раҳнамоӣ кунад? Кунун мебинем, ки он инсон кист?

НАБӢ КИСТ?

Эй дӯстони хурдакаки ман. Он мардест аз худи ҳамин қавм, ки номаш Нӯҳ мебошад. ӯ дар байни онҳо бо ақлу зеҳни хубу равшан ва рафтори некӯяш фикр мекард. Ин марди бо ақлу идрок фаҳмид, ки бут ва ҳайкалҳои сангин наметавонанд, дуоҳои моро бишнаванд, инчунин зараре ё бадиеро аз мо дур карда наметавонанд. Чӣ гуна сангҳоеро, ки бо дасти худ месозем парастиш кунем? Ин гумроҳӣ ва девонагист…

ДАЪВАТИ Ӯ ЧӢ БУД

Агар ман Шуморо бипурсам: Барои чӣ мехост мардумро даъват кунад? Ба сӯи чӣ онҳоро даъват мекард? Дар ҳақиқат мефаҳмед Шумо ин, ки Нӯҳ набӣ ва паёмбар аст. Мардумро ба сӯи Ҳақ даъват мекард, чунки Худованд ӯро барои ҳамин ба назди мардум фиристод, то ки онҳоро аз торикӣ ба равшанӣ ва аз куфру нодонӣ ба сӯи имону боварӣ раҳнамоӣ кунад. ӯ мардумро ба сӯи он чизе, ки худаш боварӣ дорад, даъват мекунад ва вазифае, ки бо хоҳиши Худо бар дӯш дорад, ба мардум мерасонад.

Яъне мардумро даъват мекунад, ки парастиши бут ва сангҳоро тарк кунанд, куфру гумроҳиро як тараф гузоранду Худованди ягонаро парастиш ва ибодат намоянд. Пас, ӯст, ки осмону заминро офарид ва моро халқ кард, то ӯро ибодат ва парастиш бикунем. Ба ӯ касе ва ё чизеро муқобил нагзорем ва худоҳои дигар ихтироъ накунем.

ЧӢ ГУНА ДАЪВАТ МЕКАРД?

Ҳамин хел... Нӯҳ алайҳиссалом мардумашро даъват мекард, бо ҳамон забоне, ки онҳо ҳарф мезаданд сӯҳбат мекард ва барояшон мегуфт: Эй мардум, Худоро парастиш кунед, барои Шумо Худое ҷуз Аллоҳи ягона нест. Эй мардум, парастиши бутҳоро тарк кунед. Агар Шумо бузургон ва некони гузаштаи худро, ки дар байни Шумо буданд дӯст медоред онҳоро ба сурати ҳайкал парастиш накунед.

Пас бо роҳи дурусте, ки онҳо мерафтанд биравед ва танҳо Худои якторо бипарастед. Онҳоро бо забон ва шевои фасеҳу мафҳум, ботамкин ва каломи латиф даъват мекард. Бо онҳо ҷангу ҷидол ва дуруштӣ намекард, балки бо маъвизаҳои ҳасана, панду ҳикмат даъвати Исломро мерасонид. Аз ҷумла суханҳое ба ин тариқ ба онҳо мегуфт: Эй мардум! Дар ҳақиқат касе, ки ба Худои ягона имон намеорад, рӯзи ҳисоб (рӯзи қиёмат) Худованд ӯро азоб мекунад ва агар касе парастиши Худои ягонаро бикунад Аллоҳ таъоло ӯро дохили ҷаннат мегардонад. Пас эй мардум, биёед ба сӯи боварию имон ва ҷаннат!

ҶАВОБИ ҚАВМИ НӮҲ

Локин ҷавоби кофирони қавми Нӯҳ чӣ буд? Онҳо ба Нӯҳ мегуфтанд: Барои чӣ танҳо як Худоро парастем ва яктопараст бошем? Рӯзи ҳисоб чист? Ту ҳам мисли одамӣ, агар Худо мехост барои мо паёмбаре фиристад, аз ҷумлаи малоикаҳояш мефиристод.

Нӯҳ даъвати худашро давом медод ва мегуфт: Худованд танҳо зотест сазовори парастиш, ӯ моро офаридааст ва ризқу рӯзи додааст. ӯ зотест, ки моро мемиронад (ҷонҳои моро мегирад). Пас дубора зинда мегардонад, то ки дар рӯзи ҳисоб моро муҳосаба намояд, сипас мӯъминро ба сӯи ҷаннат ва кофиру нобоварро ба сӯи дӯзах мебарад. Ҳеҷ, аҷибе нест дар ин, ки паёмбар мисли шумо инсон аст. Чӣ ҳарфҳои ҷолибе буданд, ки Нӯҳ шабу рӯз қавмашро ба мисли ҳамин суханҳо даъват мекард... Локин қавми Нӯҳ барои бовар накарданашон ҳуҷҷати дигареро ихтироъ карданд. Аҷабо он ҳуҷҷат чӣ бошад?

УЗРИ ҚАБЕҲ

Каме аз камбағалу ғуломон ба ӯ бовар карданд ва имон оварданд. Пас кофирон ба Нӯҳ гуфтанд: Нигоҳ кун эй Нӯҳ! Касоне, ки ҳамроҳи ту имон оварданд ва бовар карданд кистанд? Камбағалон ва ғуломон ва мардуми камбизоат ҳастанд, молу сарват надоранд. Агар мехоҳӣ мо ба дини наве, ки ту моро даъват мекунӣ дохил шавем ва бовар кунем, аввалан ин мардуми камбағалро аз атрофат дур кун. Агар онҳо мисли мардуми сарватманду бой молу мулк ва ақли солиму расо медоштанд, албатта аз Ислом дур мешуданд. Агар он дине, ки моро сӯяш даъват мекунӣ хуб мебуд, мо сарватмандон ва соҳибони молу мулк пештар аз камбағалон даъвати туро қабул мекардем.

ДАЪВАТИ МАН БАРОИ ҲАМА АСТ

Баъди ин, ки кофирон ва нобоварон узру далелҳои худро, ки ба ҷаҳолату нодонӣ ва торикфаҳмии онҳо далолат мекард, карданд пешвоямон Нӯҳ оҷизона бекор нанишаст, балки бо панду насиҳат онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мехост:

Эй мардум, даъвати ман барои сарватманд ва ғайри сарватмандон, тамоми мардум мебошад ва барои ҳар яке аз шумо. Чӣ тавр касонеро, ки ба Аллоҳи ягона бовар карданду имон оварданд ва аз парастиши бутҳо рӯ гардонданд, аз атрофи худ дур кунам? Эй мардум ақли худро кор фармоед, чунки ақл неъматест Худованд барои шумо додааст, то аз он истифода намоед ва имон оваред...

Охир, бубинед оё бутҳо зарар ё фоидае ба шумо мерасонанд. Оё мебинанд ва мешунаванд вақте, ки аз онҳо шумо чизе бихоҳед? Эй қавми ман парастиш накунед магар Аллоҳи ягонаро, чунки офаранда, ризқдиҳанда, қабулкунанда ва қонунгузоранда танҳо ӯст.

НИҲОЯТИ ҶИДОЛ

Ниҳоят баҳсу ҷидол байни Нӯҳ ва қавмаш шиддат гирифт ва доираи ихтилоф васеъ шуд, аз Нӯҳ норозӣ ва сахтгир шуданд ва гуфтанд: «Эй Нӯҳ бо мо ҷидол кардӣ пас болои мо биёр он чиро, ки моро метарсонӣ агар содиқу ростгӯ ҳастӣ». Нӯҳ суханҳои онҳоро рад карда чунин гуфт:

Аблаҳию ҷаҳолати зиёде аз худ нишон додед, ман кӣ ҳастам, то болои шумо азоб ва дӯзахро биёварам? Мисли шумо инсон хастам, шуморо барои парастиши Худои ягонаи бешарик даъват менамоям. Башорату хушхабари биҳиштро медиҳам, агар ба Худои ягона бовар ва имон оваред. Ҳамаи ин дар дасти Худои ягона аст. Агар хоҳад шуморо ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират барои куфр ва нобовариатон азоб медиҳад.

Дар ҳақиқат, эй бародарони ман, Худованд барои пайғамбаронаш сабру таҳаммулро ато мекунад, то бар сабукию нофаҳмии кофирон ва нобоварон собиру бурдбор ва ҳар мушкилоте, ки болояшон меояд, таҳаммул намоянд.

ВАҲЙ

Пешвоямон Нӯҳ (алайҳи-с-салом) бо саброна 950 сол даъват намуд ва рисолаташро ба мардум расонд. Пас аз ин эй азизони ман, Нӯҳ аз куфру нодонӣ ва саркашии қавмаш ва аз кам будани шумораи мӯъминонаш бо вуҷуди даъвати шабонарӯзию ошкору пинҳониаш шикоят намуд: Худованд ба ӯ ваҳй ва илҳом намуд ва гуфт: Дар ҳақиқат имон намеорад аз қавми ту касе, ки имон овардааст. Нӯҳ аз Худованд талаб намуд, ки кофирони гунаҳкор ва бадкирдорро, ки ақлҳояшонро кор нафармуданд ва аз дунболи фоҳишоту шайтон ва бутпарастӣ шуданд, ҳалок намоед ... Нӯҳ гуфт: Парвардигоро, дар рӯи замин аз кофирон маконеро магузор. Дар ҳақиқат агар онҳоро гузорӣ бандагони туро гумроҳ месозанд ва таваллуд намекунанд магар кофиру бадкирдор.

СОХТАНИ КИШТӢ

Дуъои Нӯҳро Худованд қабул мекунад ва ӯро амр медиҳад то киштии бузурге бисозад… Нӯҳ аз қавмаш дуртар рафт ва ба сохтани киштӣ шурӯъ намуд. Вақте, ки кофирон аз назди ӯ мегузаштанд пурсиданд: Чӣ ҳол дорӣ? То дирӯз пайғамбар будӣ ва имрӯз дуредгар ва чӯбтарош шудӣ? Киштиро барои кӣ месозӣ? Он баҳре, ки ин киштиро бардорад дар куҷост? Баҳр аз ин киштӣ хеле дур аст …

Лекин Нӯҳ ба таҳқиру масхараи онҳо эътиборе намедод ва сабр менамуд то амалаш анҷом ёбад. Худованд аз Нӯҳ талаб намуд то мӯъминонро дар киштӣ савор намуда, аз ҳар навъ ҳайвон як ҷуфтӣ бо худ бигирад. Чунки Худованд бар қавми ӯ туфонро мефиристад (яъне оби бисёреро то, ки онҳоро ғарқ кунад). Зеро онҳо ба Худованди якто бовар надоштанд ва даъвати пайғамбар ва расули Худоро низ қабул накарданд. Нӯҳ супориш ва амри Илоҳиро иҷро намуд. Борон боридан гирифт. Нӯҳ ва мӯъминон ба киштӣ савор шуданд ... Ва об киштиро бардоштан гирифт.

ДАР БОЛОИ ОБ

Сел ва мавҷҳои об кофиронро фурӯ мебурд, онҳо ғарқ мешуданд. Нӯҳ ба мардуми ғарқ мешуда аз киштии баланд нигоҳ кард ва дар байни онҳо писарашро дид ... ӯ писарашро нидо намуд: Эй писарам! Ба Худои ягона бовар кун ва имон биёр ва бо мо дар киштӣ савор шав пеш аз он, ки об туро фурӯ бараду бимирӣ ва ба дӯзах равӣ...

Писар ба сухани падар гӯш надод ва ба қуллаи кӯҳ баромадан гирифт, то ғарк нашавад. Лекин бо амри Илоҳӣ борони зиёде борид, ҳатто баландтарин қуллаҳои кӯҳ зери об монданд ... Тамоми касоне, ки нобовар ва кофир буданд аз қавми Нӯҳ аҳлаш ғарқ шуданд, касе аз онҳо наҷот наёфт. Онҳо аз Нӯҳ ҳуҷҷат ва далел барои рост будани пайғамбариаш хоста буданд, Худованд ба онҳо туфонро фиристод, туфон онҳоро фурӯ бурд ва нобуд сохт, Худованд дуову талаби пешвоямон Нӯҳ (алайҳи-с-салом) -ро пазируфт.

ДАР ҲАҚИҚАТ Ӯ АЗ АҲЛИ ТУ НЕСТ

Каме пеш аз ин вақти обхезӣ Нӯҳ барои писараш талаби наҷот намуд: Эй Парвардигори ман, дар ҳақиқат писарам аҳли ман аст. Ту ваъда додӣ ба ин, ки маро ва касе, ки аз аҳли ман имон биёрад аз ғарқ шудан наҷот медиҳӣ. Худованд ба илҳом ва ваҳй ба ӯ ҷавоб дод: «Эй Нӯҳ, дар ҳақиқат писарат аз аҳли ту нест ӯ кофир шудааст ва калимаи куфр бар вай таҳқиқ шудааст. Аҳли ту касоне ҳастанд, ки ба ту бовар кунанд ва имон оваранд ва даъвати туро қабул карданд ва ман ёрӣ ва наҷот медиҳам магар мӯъминонро. Аммо шахсе, ки саркашӣ кунад ва кофир шавад монанди зан ва писари ту пас барои онҳо на наҷот аст ва на биҳишт ва на неъматҳо...».

Вақте фаҳмид Нӯҳ (алайҳи-с-салом), ки меҳру муҳаббати падарӣ ин корро аз ӯ пӯшондааст, ба тавба кардан шурӯъ намуд ва аз Худои якто мехост ӯро барои ин фикраш мағфират кунад ва бубахшад. Худованд ӯро мағфират ва бахшиш намуд …Киштӣ ба замин ба саломат нишаст.

ҚИССАИ ҲАЗРАТИ ЛУТ (алайҳи-с-салом)

ҶИНСИЯТИ МУСАЛМОН АҚИДААШ АСТ

Ҳозир агар шуморо бипурсам эй дӯстони паҳлавонам: Кист аҳлу оила ва хешу ақрабои шумо? Шуморо лозим аст, ки бидонед аҳлу ақрабои шумо танҳо мӯъминон ҳастанд, аммо кофирон аҳлу ақрабои мо нестанд. Онҳо душманони мо ҳастанд, магар вақто, ки имон биёваранд ва мисли мо ба Худои ягона бовар кунанд. Бо онҳо мо кина намегирем ва бадӣ намекунем, балки меҳрубонӣ ва шафқат мекунем ва онҳоро ба сӯи дини Худо бо илму ҳикмат ва сабр даъват менамоем.

Мӯъминҳо ҳар куҷо, ки бошанд, ҳарчанд сарзаминҳо ва маконҳояшон дур бошад, онҳоро ақидаи ягона доштан ва бародар будан бо ҳам мепайванданд, зеро ҳама дар дини ҳақ ва дурусти Илоҳӣ ҳастанд.

ПЕШВОЯМОН ЛУТ (алайҳи-с-салом) АХЛОҚИ ФОСИД

Ахлоқи фосид ва вайрон дар шаҳри Самуд, ки як аз шаҳрҳои қадима аст, зиёд шуд. Ҳар гоҳ кору рафтори бадро аз якдигар медиданд манъ ва насиҳат намекарданд. Молҳои якдигарро ғорат мекарданд. Мардум дар нодонӣ ва гумроҳию зарар фурӯ рафта буданд. Ҳарчанд, ки носиҳон ва воъизон насиҳат мекарданд онҳо гӯш намедоданд ва итоат намекарданд.
Онҳо бадтарин, хабистарин ва қабеҳтарин мардум буданд. Зиндагии онҳо иборат буд аз: хиёнаткорӣ, рабудани молҳои мардум ва беобрӯгӣ. Ҳамаашон ниятҳои бад ва ахлоқҳои разилаи паст доштанд. Оё онҳо аз бадӣ боз истоданд ё гумроҳи ва бадкирдориашон зиёд шуд?

ПАҲНШАВИИ КОРҲОИ ҲАРОМ

Нафси онҳо хиёнату дуруғгӯи ва рабудани молҳо, иктифо накарда ба гуноҳи сахттаре даст заданд, ки касе то онҳо ба чунин ҷиноят ва гуноҳ даст назада буд. Он гуноҳ чист? Алоқа ва иртиботро бо занҳои худ тарк карданд ва фоҳишагӣ ва робита бо мардонро шурӯъ намуданд, ки ин корро Худованд ҳаром гардондааст.

Кошки онҳо кӯшиш мекарданд, ки аз ин бало халос шаванд? Баръакс дигаронро ошкор ба ин гуноҳ даъват мекарданд, ба дараҷае, ки ин рафтори бад хеле дар байни мардум паҳн шуд. Ахлоқашон ба дараҷае паст шуда буд, ки ба тасаввур кардан рост намегирифт!!!

ДАЪВАТИ ЛУТ (алайҳи-с-салом)

Дар асное, ки онҳо ба ин андоза бешараф шуда буданд, Худованд аз онҳо мардеро, ки нишонаҳои хайру салоҳ дар вай дида мешуд ба паёмбарӣ интихоб намуд, то барои тағйир ва ислоҳи қавмаш коре кунад.

Бо ҳамин Лут (алайҳи-с-салом) даъваташро шурӯъ намуд ва барои қавмаш мегуфт: Эй қавми ман: Пок созед нафсҳои худро аз феъли ҳаром ва зишт, ин фаҳшу бадбахтиро тарк намоед. Худованд меҳрубон аст ва шуморо бе раҳнамоӣ намемонад. Бинобар ҳамин маро ба ҳайси Паёмбар ба сӯи шумо фиристод. Ман наметавонам ин корҳои ҳаромро бубинам ва сукут намоям. Эй мардум! Тавба намоед ва ба сӯи Худо бозгардед нияту қасди худро поку ҳалол гардонед.

ТАКАББУРИИ ҚАВМИ ЛУТ (алайҳи-с-салом)

Лекин мардуме, ки ҳаёташон пур аз фоҳишакорию ҳаромхӯрӣ буд ба суханони Лут (алайҳи-с-салом) гӯш намедоданд ва итоат намекарданд. Баръакс калонӣ ва такаббурӣ менамуданд ва Худовандро ибодат намекарданд. Ба ин қаноат накарда маслиҳат ва машварат намуданд, ки Лут (алайҳи-с-салом) ва касоне, ки имон оваранд бадарға намоянд. Зеро Лут (алайҳи-с-салом) ва ҳамроҳонаш мисли онҳо фоҳишакорӣ намекунанд.

Бинобар ҳамин он мардуми тирабахт ва сияҳкор Лут (алайҳи-с-салом) - ро метарсонанд ва аз ӯ талаб намуданд, ки бо ҳамроҳонаш аз шаҳр хориҷ шаванд.

ТАРС ВА ОГОҲӢ

Модеме, ки саркашию истибкор ва машварату маслиҳатҳои онҳоро фаҳмид боз забон ба насиҳат кушод ва гуфт: Агар тавба накунед ва ин гуноҳи вазнинро тарк накунед Худованд болои шумо азоби дарднокеро хоҳад овард. Эй қавми ман! Дар ҳақиқат Худованд аз шумо ғофил нест ва шуморо мебинад ва ӯ кофирону вайронкоронро дӯст намедорад, пас шумо тавба намоед ва аз ин фоҳишакорӣ даст кашед.

Эй мардум! Ман аз он метарсам, ки азоби Худованд болои шумо меояд! Бо вуҷуди ин қавмаш ба суханони Паёмбар Лут (алайҳи-с-салом) гӯш надоданд ва ӯро масхара мекарданд ва аз ӯ талаб мекарданд, ки аз шаҳр бо пайравонаш хориҷ шаванд.

ДУОИ ЛУТ БАРОИ ҚАВМАШ

Баъди ҳамаи кашмокашиҳо Лут (алайҳи-с-салом) аз Худованд талаб намуд, то ӯро мадад расонад ва кофиронро барои саркашӣ ва бадкориашон азоб диҳад, чунки онҳо имон наоварданд, боз мехоҳанд расули Худоро бадарға намоянд.

Бародарони ҷонам дуои Лут (алайҳи-с-салом) болои қавми бединаш ҳамин буд. Ў ин дуоро дарҳол накард магар баъди ин, ки дид сарсахтӣ ва саркашии зиёди қавмашро баъд аз он, ки рисолату паёми Парвардигорашро барои онҳо расонид, Онҳооро ба сӯи тавба ва бозистодан аз гуноҳ даъват намуд ва дар муқобили зарару истеҳзои онҳо сабру таҳаммул намуд ва онҳоро аз азоби Илоҳӣ бим дод. Дигар баъди ҳамаи ин ягон монеият нест, ки ӯ болои онҳо дуо намояд ва аз Худованд мадад хоҳад.

ХУДОВАНД ДУОИ ЛУТ (алайҳи-с-салом) – РО ҚАБУЛ НАМУД

Дар ҳақиқат, Худованд Лут (алайҳи-с-салом) ва пайравонашро бемадад нагузошт, инчунин кофирони золимро беазоб раҳо накард. Ҳамин кофирон буданд, ки фасодӣ ва бадахлоқиро ошкор карданд, даъвати фиристодаи Худоро қабул накарданд. Билохира Лут (алайҳи-с-салом) ночор дар ҳаққи онҳо дуо намуд ва аз Парвардигори олам мадад хост.

Мебинем кофирону золимон натавонистанд Лут (алайҳи-с-салом) ва ҳамроҳонашро бадарға кунанд ё ин, ки азобе, ки болояшон омад дур кунанд. Худованд дуои паёмбар ва расулонашро қабул намуда болои бединон ва бадахлоқон азоби сахтеро овард. Локин он азобу шиканҷа чӣ гуна ба вукӯъ омад?

МАЛОИКАҲО ДАР НАЗДИ ИБРОҲИМ (алайҳи-с-салом)

Худованд малоикаҳояшро ба сӯи ҳамин шаҳр фиристод. Фариштагон дар роҳ ба хонаи Иброҳим (алайҳи-с-салом) меҳмон шуданд, онҳо ба сурати одамӣ буданд. Паёмбар Иброҳим (алайҳи-с-салом) мисли одат ба назди онҳо таъом гузошт, вале онҳо аз хӯрдани таъом худдорӣ карданд.

Сипас малоикаҳо ба Иброҳим гуфтанд: Аз мо ваҳм макун... Мо малоикаҳои Худо ҳастем, моро фиристод то қавми гунаҳкори Лутро ҷазои сазоворе диҳем. Дар роҳ туро зиёрат кардем, то туро мужда диҳем, ки фарзанддор хоҳӣ шуд. Ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) аз ин мужда хеле хурсанд шуд, завҷааш табассум намуд. (Синну соли завҷааш ба пирӣ расида буд ва таваллуд накарда буд).

Ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) бар ҳоли Лут (алайҳи-с-салом) ва пайравонаш нигарон шуд. Малоикаҳо инро пай бурда гуфтанд: Ягон азобу зараре Лут (алайҳи-с-салом) ва пайравонашро нахоҳад расид, магар завҷаашро, ки аз ҷумлаи кофирон ва бедин мебошад.

БА СӮИ ДЕҲАИ ЛУТ (алайҳи-с-салом)

Малоикаҳо аз назди ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) баромада ба сӯи деҳаи Лут (алайҳи-с-салом) раҳсипор шуданд ва ба сурати ду навҷавони зебо ба деҳа дохил шуда меҳмони Лут (алайҳи-с-салом) шуданд. Лут (алайҳи-с-салом) аз тарси ин, ки қавмаш ӯро бе обрӯ нанамоянд меҳмон доштанашро пинҳон намуд (малоика будани онҳоро намедонист).

Лекин қавми бадбахташ меҳмон доштани ӯро фаҳмиданд ва хостанд бо меҳмонони Лут (алайҳи-с-салом) фаҳшкорӣ намоянд. Кӣ сирро фош намуд, ки дар назди ӯ меҳмон аст: Ин ҷо касе ҳаст, ки медонист назди Лут (алайҳи-с-салом) меҳмон аст ва кофиронро хабар додааст? Ва бояд ин суханчин ва хабаркаш мисли онҳо кофир бошад.

ЗАВҶАИ ЛУТ (алайҳи-с-салом)

Дар ҳақиқат завҷаи Лут (алайҳи-с-салом) буд, ки кофиронро ба меҳмон доштани ӯ хабар карда буд ва сирро фош карда буд. Кофирон ва бадкорон ба хонаи Лут (алайҳи-с-салом) омаданд ва аз ӯ талаб намуданд, ки меҳмононро ба онҳо таслим кунад, то бо онҳо бархӯрд ват кори бадашонро анҷом диҳанд.

Паёмбар онҳоро насиҳат кард, ки ба кори фаҳш даст назананд ва аз ҳаром дур шаванд. Лекин онҳо мардуми паст ва разиле буданд насиҳати Лут (алайҳи-с-салом) – ро гӯш накарданд ва бо қаҳру ғазаб хостанд ба меҳмонон таҷовуз намоянд. (Кофирони қавми Лут (алайҳи-с-салом) одат карда буданд, ки агар ба деҳа меҳмоне меомад ба номуси он меҳмон таҷовуз мекарданд).

ҲАҚИҚАТ

Ҳазрати Лут (алайҳи-с-салом) аз ин, ки хонааш фоҳишону разилон зада даромада ва меҳмононашро беобрӯ месозанд, хиҷилу маъюс нишаста буд. Меҳмонон бо табассум ба назди Лут (алайҳи-с-салом) омаданд ва ба ӯ гуфтанд: Мо омадем то туро ва пайравонатро наҷот диҳем. Ту нигарони ҳоли мо набош, дар охири шаб бо мӯъминон аз деҳа хориҷ шавед, зеро азоби Илоҳӣ болои кофирон фурӯд меояд. Малоикаҳо Лут (алайҳи-с-салом) - ро таъкид намуданд, ки завҷаашро бо худ нагирад, зеро ки ӯ кофиру бедин аст ва ҳамроҳи кофирон гирифтори азоб хоҳад шуд. Расули Худо аз шунидани ҳарфҳои фариштаҳо ҳақиқати ҳолро дарк кард ва хавфу андуҳ аз ӯ дур шуд ва шукри Худоро кард.

МЕРОС

Баъди он, ки Худованд қавми Одро ба сабаби қабул накардани таълимот ва дастуроти паёмбарашон Ҳуд (алайҳи-с-салом) ҳалок сохт, пас аз ҳамаи ин давраи маданият ва пешрафти қавми дигаре зоҳир шуд, ки онҳо қавми Самуд буданд. Худованд барои онҳо неъматҳои зиёдтареро нисбати мардуми пешин инъом карда буд. Хонаҳо ва қасрҳои устувор бино намуда, дорои боғу бӯстон ва чашмаҳои зулол буданд.
Локин афсӯс, ки ақлашон аз мардуми пеш аз инҳо гузашта пурратару расотар набуд. Бутҳо ва ҳайкалҳои сангинро парастиш менамуданд ва гумон доштанд, ки зиндагӣ бо ин фаровониаш ва осудагиаш ҳамин тавр барои онҳо боқӣ мемонад ва фано намешавад.

РИСОЛАТ ВА ПАЁМБАРӢ

Дар ҳолате, ки ин қавм бо куфру нодонӣ ҳаёт мебурданд, Худованд барои онҳо паёмбар фиристод. Номи ин паёмбари олиқадр Солиҳ (алайҳи-с-салом) буд ва ӯ марди бузургу соҳиби ақли солиму олие буд. Ба Павардигори якто имон овард, пас Аллоҳи якто ӯро барои раҳнамоии ҳамин нодонони гумроҳ интихоб намуд. Ӯ мардумро ба сӯи ибодат ва парастиши Худои якто ва бемислу монанд хонда ваъда мекард, Худованд зотест, ки мардумро офаридааст, заминро барои онҳо обод кардааст ва неъматҳои фаровонро барои онҳо арзонӣ намудааст.

Сипас аз парастиши бутҳо ва ҳайкалҳое, ки бо дасти худашон месохтанд манъашон менамуд ва барои онҳо мефаҳмонид, ки ин бутҳо фоидаву зарар оварда наметавонанд ва Худованд ҳар чӣ хоҳад мекунад. Солиҳ (алайҳи-с-салом) барои онҳо тазаккур медод, ки ӯ ҳам монанди онҳо инсон аст ва фоидаву нафъу некбахтии онҳоро мехоҳад. Онҳоро даъват намуд, то тавба намоянд ва аз Худованд талаби мағфират намоянд, Аллоҳи якто шунаво ва қабулкунандаи тавба аст. Тавбакунандагонро мебахшад.

САРКАШӢ

Локин гӯшҳо нашуниданд, қуфли дилҳо кушода нашуд ва чашмҳо надиданд. Қавм, паёмбар будани Солиҳ (алайҳи-с-салом) - ро инкор кард ва даъваташро истеҳзо ва масхара карданд ва бо ин иктифо накарда барои ӯ гуфтанд:

- Эй Солиҳ … Дар ҳақиқат мо туро ҳамчун як шахси оқил ва рашид мешиносем. Дар зиндагӣ аз ту машварат ва маслиҳат мегирем, чӣ шуд туро ки имрӯзҳо суханҳои пасти бе фоида мегӯӣ? Он талаби бахшишу тавба чист, ки ту моро даъват мекунӣ? Дар ҳақиқат, мо он чизеро, ки падару бобоямон аз бутҳо ва худоён ибодат мекарданд парастиш менамоем. Мо аз гуфтаҳои ту дар шубҳа ҳастем ва омода нестем, ки суханони туро тасдиқ кунем ва аз пайравии аҷдоду авлоди худ барои ту шуда даст кашиданӣ нестем.

БИМ ДОДАН

Вақте, ки Солиҳ (алайҳи-с-салом) аз қавмаш ин суханро шунид бо сабру таҳаммул ҷавоб дод:

-Эй мардум! Чизеро, ки ман барои шумо мегӯям ҳақ ва дуруст аст ва чизеро, ки шумо парастиш менамоед ботил ва нодуруст аст. Ман аз қаҳру ғазаби Худованд болои шумо метарсам. Баъди ин, ки барои шумо молу қасру боғҳои фаровон ато намуд, аз Худованд талаби бахшиш намоед. Ман паёмбари Худо ҳастам аз шумо молу раёсат талаб надорам, фақат мехоҳам шуморо ҳидоят намоям, ки роҳи росту дурустро ёбед ва фикр намоед. Аҷру мукофоти маро Парвардигори олам хоҳад дод. Агар шумо имон ва Исломро қабул намоед Худованд неъматҳояшро барои шумо зиёдтар мегардонад.

МУСТАЗЪАФИН ВА КАМБАҒАЛОН

Дар ҳар қавм, эй бародаронам, мардуми боақле ёфт мешаванд, ки насиҳатҳоро дӯст медоранд.
Дар қавми Самуд нафари каме аз мустазъафин буданд ва мефаҳмиданд, ки бойгарӣ фоидае надорад. Онҳо фаҳмиданд, ки суханҳое Солиҳ (алайҳи-с-салом) мегӯяд дуруст ва ҳақ мебошад, бут ва ҳайкалпарастӣ фоида надорад, агарчанде, ки падару бобоҳо онҳоро парастиш карда бошанд.

Дилҳои ин нафарҳо ба сӯи дини нав кушода шуд ва Исломро қабул карданд ва имон оварданд. Ҳамин тариқ ба Солиҳ (алайҳи-с-салом) баъзе қавмаш имон оварданд ва гувоҳӣ доданд, ки нест Худое ҷуз Худои якто ва Солиҳ (алайҳи-с-салом) фиристодаи Худост.

САБР ВА КӮШИШ

Аммо касоне, ки такаббурӣ ва калонӣ карданд, ба куфру саркашии худ идома доданд, бутпарастӣ мекарданд ва ба Солиҳ (алайҳи-с-салом) гуфтанд:

- Дар ҳақиқат туро шайтонҳо ҷоду кардаанд ва ту девонавор ҳарф мезанӣ, аз дини аҷдодӣ ва бобоӣ рӯ гардондаӣ. Локин ӯ дар муқобили фиребу найранги онҳо сабр ва даъваташро идома дода гуфт:

- Эй мардум, агар ман дини ҳақро тарк кунам ва мисли шумо бе дин шавам шумо азоби Худоро аз ман дур карда наметавонед ва локин агар шумо имон оварда дар Ислом дохил шавед, Худованд шуморо рӯзи қиёмат дохили ҷаннат мегардонад.

- Эй мардум, шумо беҳудагӯӣ мекунед, ақлҳоятонро кор намефармоед ва хоҳишоти нафсонии худро пайравӣ менамоед, бинобар ин аз зумраи кофирон шудаед.

ТАРСУ БИМ

Вақте мардум имону боварӣ ва устувории Солиҳ (алайҳи-с-салом) - ро дар ақидааш диданд, сарватмандон ва мансабдорон бим аз он карданд, ки рӯзе мӯъминон зиёд мешаванду қувват мегиранд. Онҳо аз молу матоъ ва мансабҳои худ тарсиданд ва дар андешаи он шуданд, ки бо баробари зиёд шудани мӯъминон чӣ гуна зиндагӣ хоҳанд кард?
Кофирон дар фикри ҳалли мушкилот шуданд. Бинобар ҳамин ба қароре омаданд, ки аз Солиҳ (алайҳи-с-салом) чизеро талаб намоянд, ки ӯ аз ӯҳдааш набарояд. Дар он сурат мардум дар атрофаш ҷамъ нахоҳанд шуд ва ӯ сусту нотавон хоҳад гашт.

ТАЛАБИ МӮЪҶИЗА КАРДАНД

Кофироне, ки имон намеоранд онҳо мехоҳанд мардум ба амсоли онҳо бошанд ва аз имону Ислом дур бошанд, то сафи эшон зиёдтар шавад. Онҳо гумон доштанд, ки агар чизеро аз Солиҳ (алайҳи-с-салом) талаб кунанд ва аз ӯҳдаи он кор набарояд, мақсади онҳо ҳосил мешавад, яъне мардум дигар ба суханонаш гӯш нахоҳанд дод.

Кофирони қавми Солиҳ (алайҳи-с-салом) ба наздаш омада, аз ӯ талаби мӯъҷиза намуданд, то ин мӯъҷиза ба паёмбар ва Расули Худо будани вай далолат намояд.

Ба Солиҳ (алайҳи-с-салом) гуфтанд: Агар хоҳӣ, ки даъвати туро қабул намоем ва имон оварем, пас мӯъҷиза биёр то мо туро бовар намоем... Дар акси ҳол агар мӯъҷиза нишон надиҳӣ мо чун бутпараст ва ҳайкалпараст боқӣ хоҳем монд.

ШУТУР

Солиҳ (алайҳи-с-салом) бо иҷозати Худованди бемислу монанд наметавонист он чизеро, ки онҳо талаб доштанд, иҷро намояд. Чӣ гуна ӯ метавонист мӯъҷиза биофарад, дар ҳоле, ки ӯ низ мисли онҳо башар аст?

Худованд медонист, ки кофирон бо вуҷуди дидани мӯъҷиза имон намеоранд, локин барои ботил сохтани куфру қасди онҳо уштури аҷиберо барои онҳо (чун мӯъҷиза) фиристод.
Мӯъҷиза буданаш аз он ҷо маълум мешуд, ки рӯзе об менӯшид ва рӯзи дигар наменӯшид, то ки мардум аз чашма истифода баранд.

Пешвоямон Солиҳ (алайҳи-с-салом) ба мардум гуфт:

Худованд ин шутурро ҳамчун мӯъҷиза фиристод, як рӯз шутур аз чашма об менӯшад ва рӯзи дигар шумо бо навбат, эҳтиёт бошед, шутурро зарар нарасонед ва ин тартибро ҳам вайрон накунед.

ТАРСУ БИМ АЗ КОФИРОН

Солиҳ (алайҳи-с-салом) медонист, ки кофирон аз ин мӯъҷиза (шутур) метарсанд ва қасди куштанаш мекунанд, бинобар ҳамин борҳо ба назди мардум рафта ба онҳо мегуфт: Шутурро зарар нарасонед, ки ба азоби Худованд гирифтор мешавед.

Локин кофирон диданд, ки ин мӯъҷизаи ошкор аст ва аз паёмбарии Солиҳ (алайҳи-с-салом) далолат мекунад, бими он доштанд, ки сафи мӯъминон зиёд гаштаву дигарон имон овардаву бовар мекунанд. Онҳо дигар аз Солиҳ мӯъҷиза нахоста дар фикри дигаре шуданд.

МАСЛИҲАТ

Кофирон хавф аз он шутур доштанд, ки мардум ба ин мӯъҷиза бовар менамоянду давлату бойгарӣ аз дасти онҳо хоҳад рафт. Ҳама фикру зикри худро пайи он равон намуданд, ки чӣ гуна ин мӯъҷизаро аз худ дур созанд ва ягона роҳи халосиро дар куштани шутур диданд. Ва оқибат ба хулосае омаданд, ки вақти аз обхӯрӣ омадани шутур ӯро дар роҳ куштаву аз ин мӯъҷизаи барои онҳо хавфнок наҷот хоҳанд ёфт.

КУШТАНИ ШУТУР

Як гурӯҳи кофирон барои куштани шутур баромада дар вақти аз обнӯшӣ баргаштанаш яке аз онҳо ӯро бо найза зада дигарҳо болои шутур ҳамла мекунанд ва сарашро аз тан ҷудо менамоянд. Сипас назди Солиҳ (алайҳи-с-салом) омада мегӯянд: Мегуфтӣ, ки агар шутурро осебе расад болоятон азоб меояд, ҳамчунон, ки шутурро овардӣ биёр ин азобҳоро. Мо шутурро куштем ва парвои ту ва азобе надорем.

Паёмбар Солиҳ (алайҳи-с-салом) ба онҳо гуфт: Пеш аз азобу шиканҷа хуб мастӣ кунед… ман шуморо огоҳ намудам, ки ба шутур осеб нарасонед ва ӯро накушед, шумо бошед ба суханони ман гӯш надодед, пас мунтазири азоб шавед.

ҶИСМҲОИ БЕҶОН

Солиҳ (алайҳи-с-салом) суханашро идома дода гуфт: Дар ҳақиқат ваъдаи Худо ҳақ аст… Азобаш наздик аст ва имрӯз ё фардо хоҳад омад. Кофирон бошанд масхара мекарданду мегуфтанд:

Зудтар азобро биёр, ку бубинем.

Онҳо қасд карданд, ки Солиҳ (алайҳи-с-салом) ва аҳли оилаашро дар ҳолати хоб ба ҳалокат расонанд. Локин Худованд паёмбар ва дигар мӯъминонро, ки ҳамроҳи ӯ буданд фаромӯш накард.

Азоби Худовандӣ нимашаб болои кофирон омад. Раъду барқ ва садои даҳшатнок ҳамаҷоро фаро гирифт ва кофирон ба ин азоб тоб наоварда ҳама ба ҳалокат расиданд.

Чун субҳ Солеҳ (алайҳи-с-салом) аз хоб бедор гашт, фаҳмид, ки Худованд кофиронро ҳалок сохтаву ӯ ва дигар мӯъминонро аз он азоб наҷот додааст. Баъдан ба ҳамроҳонаш рӯ оварда гуфт: Эй мардум, дар ҳақиқат ман рисолати Парвардигорамро ба шумо расондам ва шуморо насиҳат кардам. Локин шумо насиҳаткунандагонро дӯст намедоред…

САЙИД ВА ПЕШВОЯМОН ҲУД (алайҳи-с-салом)

ҶОЙ ВА МАКОНИ ОД

Дар ҷануби ҷазираи Арабистон қавме зиндагӣ мекард, ки исми он қавм Од буд ... Парвардигори тавоно барояшон неъматҳо ва хайротҳои зиёде ато фармуда буд. Сарзаминашон чашмаҳои зиёде дошт. Онҳо зироаткорӣ мекарданд, боғҳо ва заминкҳои киштбоби зиёд ва зебое доштанд. Болои ҳамаи ин Худованд ҷисмҳои бок;увват барои онҳо инъом карда буд.

Дигар қавмҳо ин бартариро надоштанд, ё кам доштанд. Дар ҳамин сарзамини сарсабз зиндагӣ мекарданд, некбахт буданду дар боғҳову киштзорҳо гашту гузор мекарданд. Шоду хуррам дар амонӣ ҳаёт ба сар мебурданд.

НОДОНӢ ВА БУТҲО

Бо вуҷуди ҳамаи ин неъматҳои фаровон ва қуввату зебогӣ як маротиб ҳам дар бораи зоте, ки офарандаи тамоми неъматҳост, фикр накарданд, накушиданд то офаранда ва холиқи ҳамин дунёро бишиносанд. Билохира ба ҷое расиданд, ки мувофиқи хоҳишу нафсашон ва нодониашон бут ва ҳайкалҳоеро, ки бо дасти худ месохтанд, Худо гирифтаву саҷда ва парастиш мекарданд.

Барои он бутҳо курбонӣ мекарданду бо ин васила гуё худро ба онҳо наздик месохтанд. Илова бар ин, ғуруру такаббурӣ мекарданд. Гурӯҳи боқувват ва сарватмандон тоифаи заиф ва камбағалро зулму шиканҷа мекарданд. Меҳру муҳаббат аз байни онҳо рафта буд.

Дар байни ҳамин қавм марде буд, ки Ҳуд (алайҳи-с-салом) ном дошт. Барои хулқу рафтори некаш ҳамон қавм ӯро гиромӣ медоштанд. Ҳуд (алайҳи-с-салом) ақлу идроки худро кор фармуд ва он чӣ ки қавмаш аз якдигарозорӣ ва беақливу нодонӣ доштанд, тарк карда буд. ӯ фаҳмид, ки ҳеҷ мумкин нест, ки бутҳо Худо бошанд, дуоҳои мардумро бишнаванду некӣ фиристанд ва зарару бадиҳоро аз мардум дур созанд.

Ҳуд (алайҳи-с-салом) медонист, ки ранҷонидани заифон аз ахлоқи карима ва сутуда нест. Агар инсон хурд бошад ё камбағалу нодор маънои онро надорад, ки мо ӯро биранҷонем ва озор диҳем. Вай ҳам мисли мо инсон аст.

ӯ фикр мекард, ки дунёро кӣ офаридааст? Меандешид чӣ гуна заифон ба ҳаққи худ бирасанд. Билохира, роҳи наҷотро пайдо кард, ки он имон ба Худо, парвардигори оламиён аст.

АМРИ ТАБЛИҒ

Қавми Ҳуд (алайҳи-с-салом) эҳтиёҷ ба раҳнамоӣ доштанд. Худованд ҳам онҳоро бе раҳнамо нагузошт ... Аз раҳмату меҳрубонии Худованд буд, ки Ҳуд (алайҳи-с-салом) воситае бошад барои ҳидоят ва раҳнамоии қавмаш то, ки онҳо офаранда ва холиқи худро бишиносанду бе фоида будани парастиши бутҳоро баён кунад.

Парвардигори олам Ҳуд (алайҳи-с-салом) -ро ихтиёр кард, то ӯ Пайғамбар ва расондаву таблиғкунандаи Ислом бошад, шояд аз ин ақлҳои гумроҳ ба сӯи имони дуруст роҳ пайдо кунанд.

Офаридгори олам ба Ҳуд (алайҳи-с-салом) илҳому ваҳйӣ намуд, ту паёмбар ва расули Парвардигори оламиён ҳастӣ, баъди ин, ки Худованд туро ба роҳи рост ва имон ҳидоят кард, пас бархез ва қавми худро бирасон, ки танҳо сазовори парастиш Аллоҳи ягона аст, на бутҳои сангин ҳамчуноне, ки шумо фикр мекунед.

ТАБЛИҒОТИ РИСОЛАТ ВА ПАЁМБАРӢ

Пешвоямон Ҳуд (алайҳи-с-салом) барои иҷро кардан ва гузаронидани ҳамин вазифаи муҳиму муқаддас бе ягон дудилагӣ камари ҳиммат бастанд ва қавми худро ба роҳе, ки дар он некбахтӣ ва салоҳ аст даъват карданд.

Ҳуд (алайҳи-с-салом) барои қавмаш гуфт:

- Ин сангҳое, ки шумо бо дастони худ ба шаклҳои гуногун метарошед ва боз онҳоро мепарастед чистанд? Оё дар онҳо ягон фоидае ё зараре ҳаст? Оё онҳо чашму гӯш доранд? Оё намебинанд, ки онҳо на зарар мерасонанд ва на фоидае меоранд. Оё намебинанд, ки онҳо намешунаванд ва намебинанд? Ин кори шумо ба бефикрию беидрокӣ далолат мекунад. Пас зарур аст Худои ҳақиқиеро, ки шумо ва тамоми мавҷудотро офаридааст ибодату парастиш намоед.

САРКАШИИ КОФИРОН

Ҳуд (алайҳи-с-салом) суханҳояшро гуфт ва умед дошт, ки қавмаш ӯро мефаҳмад. Локин баръакс, дар қавмаш дилҳои сангшуда, гӯшҳои карру чашмони нобиноро дид. Онҳо чунин ҷавоб доданд:

- Он чизе, ки мо барои парастиш ва ибодат даъват мекунӣ чист? Ту аз мо мехоҳӣ, ки бутҳоеро, ки аҷдодонамон аз қадим парастиш мекарданд тарк гӯем. Чӣ гуна аз мо мехоҳӣ, ки Худои ягонаро парастш кунему ба ӯ шак наёрем? Эй Ҳуд, ин бутҳо ба он худое, ки ту даъват мекунӣ моро наздик месозанд ва моро дар назди Худо шафоату пуштибонӣ мекунанд. Моро ба ҳоли худамон гузор, ин бутҳоро падарҳои мо парастиш намуданд ва мо низ онҳоро парастиш ва ибодат мекунем.

ТӯҲМАТҲОИ АҲМАҚОНА

Ҳуд (алайҳи-с-салом) суханҳо ва ҳарфҳои онҳоро рад карда гуфт:

- Худованд барои шумо наздиктар аз ҳама кас ва аз ҳама чиз мебошад, шуморо мешунавад ва мебинад, муҳтоҷ ба сангҳои кар нест ... Ягона ӯро парастиш намоед. Агар сангҳоро мепарстед онҳо шуморо ба Худо наздик намекунад, баръакс ин амал шуморо аз Худо дур мекунад, ки беақлӣ ва камхирадии шумост.

Дар ҳақиқат Ҳуд (алайҳи-с-салом) онҳоро насиҳат мекард, локин саркашӣ карданд ва гуфтанд:

- Ту девонаию беақлӣ на каси дигар!!! Ту беақлӣ ва сабукфикрӣ! Ту дурӯғгӯ хастӣ, ту чӣ бартарӣ аз мо дорӣ, ки паёмбар ва набавӣ бошӣ? Чӣ тавре, ки мо мехӯрем ту ҳам мехӯрӣ, менӯшӣ, ҳеҷ имкон надорад, ки беҳтар аз мо бошӣ ...

Ҳамин тавр ӯро тӯҳмат ба бефикрӣ ва девонагӣ заданд. Ҳамаи ин барои он буд, ки намехостанд имон ба Худои ягона биёранд ва мусулмон шаванд.



САБРИ ПАЁМБАР

Ҳуд (алайҳи-с-салом) дурӯғу суханҳои бофтаи қавмашро таҳаммул кард. Ва гуфт: Ман беақлу бехирад нестам, девона ва аҳмақ ҳам нестам, дурӯғгӯ ҳам нестам. Ман мисли шумо инсонам, ҳеҷ аҷиб нест, ки Худованд маро паёмбар интихоб намудааст ... Аҷаб он вақт мешуд, агар Худованд шуморо бе паёмбару раҳбар мегузошт ...

Эй қавми ман! Аз хурдӣ то ҳозир дар байни шумо ба воя расидам ва бузург шудам, дидед, ки ман ягон маротиб дурӯғ гуфта бошам? Аз ман девонагӣ ва ё беақлӣ дидед? Оё дар ягон амали ман сабукфикриро мушоҳида кардед?

Ба ҳар ҳол ман аз имон ва боварии шумо ноумед нестам ва бар он чӣ, ки мегӯед парвое надорам.

ИСТИМРОР ДАР ДАЪВАТ

Даъваташро Ҳуд (алайҳи-с-салом) идома медод ва таблиғ мекард ... ӯ барои қавмаш мегуфт:

- Ба ин дунёи аҷоиб ва тартиботи нозук бингаред, ба сӯи осмон, ситорагон, замин ва кӯҳҳо як назар андозед. Ва имон ба зоте биёред, ки ҳамаи инҳоро офаридааст. Ба ӯ бовар кунед ва талаби бахшиши гуноҳон намоед.

Барои шумо неъматҳояшро фаровон мекунад, молу қуввататонро зиёд мегардонад. Бидонед, ки ягона Худованд сазовори парастиш асту бас. Эй мардум, харфҳои маро гӯш намоеду бифаҳмед ва ба он зоте, ки шуморо офаридаасту неъматҳои фаровон ва хайроти бисёр додааст кофир нашавед... Эй қавми ман: Итоат намоед Худо ва паёмбари ӯро.

Эй қавми ман: Ҳар касе аз шумо, ки Худованд ва расули ӯро итоат мекунад ва дар Ислом дохил мешавад барояш зараре намерасад, баъди ҳисобу китоб касоне, ки кофир мешаванду саркашӣ мекунанд, Худованд онҳоро ба оташи дӯзах мебарад.

Эй мардум: Аз Худое, ки шуморо халқ кардааст битарсед. ӯ зотест, ки ҷонҳои шуморо мегирад, боз рӯзи қиёмат зинда мегардонад. Чӣ тавре, ки бори аввал шуморо офарида буд. Сипас ба сӯи ҷаннат ё ба сӯи дӯзах: Локин қавмаш даъвати ӯро напазируфтанд ва имон наёварданд, магар иддае каме аз қавмаш имон оварданд.

АБР ДАР ОСМОН

Ҳуд (алайҳи-с-салом) дид, ки аз қавмаш ҷуз саркашию куфр умеде нест, ӯ ҷаҳд ва даъваташро идома дод. Рӯзе бо онҳо сӯҳбат дошт, ки лаҳзае пас абри сиёҳ дар осмон пайдо шуд. Қавмаш хурсанд шуданд ва гуфтанд:

- Ана борон меборад...

Локин Ҳуд (алайҳи-с-салом) фаҳмид, ки абри сиёҳ борон нест, баръакс офатест аз ҷониби Худо то, ки ҳамин кофирҳоро азоб диҳад.

Сипас Ҳуд (алайҳи-с-салом) барои онҳо гуфт:

- Эй қавми ман ин абр болои шумо шамоли сахтеро меорад ва он азобест бароятон, зеро, ки сухани ҳақро гӯш накардед ва ҷаҳлу нодониро пеша кардед. Пас азобу ҳалокатро мунтазир бошед.

Дар ҳақиқат ин азобе буд барои кофирон. Ҳуд (алайҳи-с-салом) суханонашро тамом накарда буд, ки Худованд барои мӯъминон ваҳй ва илҳом намуд, ки аз кофирон ҷудо ва дур шаванд.

Болои кофирон шамоли сахте вазид, ки чорпояшонро мекушт, либосу матоъҳоро ба ҳаво бардошта мебурд. Кофиронро тарсу ҳарос фаро гирифт ва ба сӯи хонаҳояшон гурехтанд. Гумон доштанд, ки дар хонаҳояшон аз шамол наҷот меёбанд. Ҳайҳот, гумони онҳо хато баромад. Шамол тамоми ҷоро фаро гирифта буд, сангҳои саҳроро болои хонаҳояшон мерехт. Ҳафт шабу ҳашт рӯз пайи ҳам шамол вазидан гирифт, манзили онҳоро хароб кард. Шамол хонаю чорпоён ва ҷисмҳои онҳоро аз рӯи замин нобуд сохт то аз онҳо асаре намонад.

ОНҲО БА ХУДАШОН ЗУЛМ КАРДАНД

Худованд онҳоро зулм накард, балки худашон кофир шуданд ва бар нафсҳои худ зулму ситам карданд ва ҷазои кофирон ҳамин аст. Азоб накард онҳоро магар ки аввалан барои онҳо паёмбар фиристод.

Ҳуд (алайҳи-с-салом) -ро фиристод, бас таблиғ кард онҳоро барои онҳо роҳи росту дурустро нишон дод.

(«Ҳар ойина ман таваккул кардам бар Худо - Парвадигори ман ва парвардигори шумо нест ҳеҷ ҷунбандае магар Худо, ба даст гирифтааст мӯи пешонии ӯро ҳар ойина Парвардигори ман бар роҳи рост аст. Пас агар рӯ гардон шавед заррае ба ман оид нест ҳар ойина расонидам ба шумо пайғомеро, ки фиристода шудам ҳамроҳи он ба сӯи шумо ва ҷонишин созад Парвардигори ман қавмеро ба ҷуз шумо ва ҳеҷ зиён натавонад расондан Худоро, ҳар ойина Парвардигори ман бар ҳама чиз нигаҳбон аст». Сураи Ҳуд, ояи 56-57).

Каломест дар вай фоидаи бузург барои касе, ки мехоҳад панд ва ибрат бигирад. Хуш ба ҳоли касе, ки ибрат гирад.

ҲАҚ ҒАЛАБА МЕКУНАД

Касоне, ки имон оварданд ва бовар карданд ҳамроҳи Ҳуд (алайҳи-с-салом) наҷот ёфтанд, оқибати кор ва муборизаро байни ҳаққу ботил диданд ва фаҳмиданд ... Кофирон мурданд ... Ва мо онҳоро зулм накардем, валекин худи онҳо буданд, ки бар нафсҳои худ зулм карданд. Ҳамин тариқ эй бародарони пахлавонам шумо дидед, ки чӣ гуна имон бо сабру суботкорӣ инсонро фоида мебахшад. Агар сабру пуртоқатӣ ва даъвати бардавоми Ҳуд намебуд ... ниҳояти кор ғалаба аз мӯъминон намешуд.

Худованд кӯмак ва зафар намедиҳад магар касонеро, ки имон овардаанд ва бовар кардаанд...

Худованд дар Қуръони Карим мегуяд: «Агар ёрӣ диҳед (дини) Худоро ӯ шуморо кӯмак ва нусрат мебахшад».

ПЕШВОЯМОН ИБРОҲИМ (алайҳи-с-салом)

НАТИҶАИ НОДОНӢ

Ин қиссаи қавмест, ки дар замонҳои қадим зиндагӣ мекарданду бутҳоеро, ки худашон аз санг месохтанд ибодат мекарданд ва дар ҷаҳолату нодонӣ ғутавар буданд. Ҳокими онҳо Намруд буд, донову зирак ва боқуввату чолок. Намруд рӯзе қавмашро ҷамъ намуд ва бо усули хеле зиракона ба онҳо гуфт:

- Эй мардум маро парастиш ва ибодат намоед, ғайри ман каси дигар ё чизи дигарро напарастед. Бо ҳамин тариқ ӯ худашро худои қавм гардонид ва мувофиқи хоҳишоти худ мардумро гумроҳ ва фиреб дод. Мардум, ки банди кашмакаши зиндагӣ буданд, бидуни фикру андеша гуфтаҳои ӯро қабул намуданд ва бо ҳамин Намруд соҳиби тоҷу тахт ва салтанат шуд.

МАРДИ БОАНДЕША

Дар чунин шароите, ки мардум ғутавари фасод буданд дар ин сарзамин фарзанде ба дунё омад ва ӯро Иброҳим ном гузоштанд. Иброҳим дар байни қавми хеш нашъу намо ёфта ба вой расид. Бо ақлу фаҳмише, ки Худованд ба ӯ дода буд, кору рафтор мекард ва ба андешае омад, ки қавмаш дар гумроҳист. Ӯ дарк намуд, бутҳое, ки қавмаш мепарастанд фоидае намеоранд, чунки онҳо сангҳои карру гунгу куре ҳастанд, ки намебинанду намешунаванд ва ҳарф намезананд. Ӯ (Иброҳим) беҳтар аз ин сангҳост, чигуна онҳоро па­растиш намояд? Ӯ ақл дорад, мебинад, мешунавад, ҳарф мезанад, сангҳо ва бутҳо чизе надоранд пас чӣ гуна онҳоро парастад?!

Худованд ӯро ба роҳи ҳақ ва дуруст ҳидоят ва раҳнамоӣ намуд. Ӯ дарк кард ва фаҳмид, ки офарандаи дунё ва тамоми мавҷудот Аллоҳи якто ва бе шарик аст. Парвардигори олам ӯро барои нашру паҳн кардани дини ҳақ ба паёмбарӣ интихоб намуд. Иброҳим (алайҳи-с-салом) қавмашро раҳнамоӣ мекард ва ба роҳи рост даъват менамуд.

ДАЪВАТ БА СӮИ ДИНИ ХУДО

Ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) ба он амри муҳиме, ки Худованд ӯро супориш карда буд амал мекард. Ӯ сӯи қавмаш рӯ оварда онҳоро даъват менамуд, ки ягона Худованди покро бояд парастид. Бутҳое, ки фоидаву зараре оварда наметавонанд сазовор ва лоиқи парастиш нестанд. Бародарони азиз, ин даъват ба сӯи хайру салоҳ ва кори муқаддас буд, даъват ба сӯи Ислом, даъ­ват ба сӯи некбахтии дунё ва охират. Худо яктост ғайри ӯ худои дигаре вуҷуд надорад.

ДАЪВАТИ ИБРОҲИМ (алайҳи-с-салом) АЗ ПАДАР

Дар қиссаи ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) ҷолиб ва аҷоиб он аст, ки падари Иброҳим (алайҳи-с-салом) ҳайкал ва бут метарошид ва мардумро барои парастиши ҳайкалу бутҳо даъват менамуд. Вақте Иброҳим (алайҳи-с-салом) ҳақиқатро дарк кард, дар назди худ вазифа гузошт, ки аввал падарашро ба сӯи Ислом ва Имон даъват намояд. Ӯ назди падар рафта бо суханҳои нарму гарм лаб ба гуфтор кушод:

- Падарҷони азиз, ман фарзанди шумо ҳастам, Худованд маро паёмбар гардонид ва аз илму маърифат бароям чизҳои зиёде насиб кард. Ин бутҳо ва суратҳо ҳеҷ фоидае надоранд. Касе онҳоро парастиш менамояд дар ҳақиқат шайтонро мепарастад, ки охируламр рӯзи қиёмат гирифтори азобу шиканҷаи дардноке хоҳад шуд. Падарҷон, аз ин бутҳо рӯи гардон ва Худованди ягонаро парастиш намо.

ҚАҲРИ ПАДАР

Вақте Иброҳим (алайҳи-с-салом) падарашро даъват ба шинохти Худои ягона кард, падар дар ғазаб шуда дигар ба суханони Иброҳим (алайҳи-с-салом) гӯш надода чунин гуфт:

-Эй Иброҳим, ту аз худоҳои ман рӯйгардон ҳастӣ? Ту мехоҳӣ аз ибодату парастиши бутҳо даст кашӣ? Агар бутҳоро парастиш накунӣ, аз хона баромада рав, вагарна дар акси ҳол кушта хоҳӣ гашт. Иброҳим (алайҳи-с-салом) дар муқобили таҳдидҳои падар оромона чунин посух дод:

-Салому дуруд бар ту аз Худоям, бароят омӯрзиш мехоҳам. Аз шумо ва аз он чизе шумо мепарастед аз ғайри Худо ҷудо мешавам. Иброҳим (алайҳи-с-салом) бо падар худоҳофизӣ намуда аз хона баромада рафт ва андӯҳгин аз он гашт, ки падараш кофиру нобовар аст. Ӯ ба сӯи қавмаш баргашта бо сабру таҳаммул даъваташро идома дод.

ШИКАСТАНИ БУТҲО

Иброҳим (алайҳи-с-салом) дар ҷавониаш хост бо кофирон амалан нишон диҳад, ки бутҳо ҳеҷ фоидае оварда наметавонанд. Ба ин мақсад Иброҳим (алайҳи-с-салом) рӯзе ба ибодатгоҳи (бутхонаи) онҳо рафт ва дар ҳоле, ки касе он ҷо набуд ба масхара кардани бутҳо шурӯъ на­муда гуфт:

-Оё намехӯред? Чаро сухан намегӯед?

Сипас табарро гирифта бутҳо ва муҷассамаҳоро, ки дар бутхона буданд пора - пора намуда табарро ба гардани яке аз бутҳо, ки боқӣ монда буд овезон намуда худ бадар рафт. Вақто, ки мардум вориди бутхона шуда вазъиятро диданд байни ҳам гуфтанд:

-Кӣ ба худоҳои мо чунин кард?

Яке аз онҳо гуфт:

-Шунидем ҷавоне бо номи Иброҳим (алайҳи-с-салом) алайҳи бутҳо чизе мегуфт, шояд ин кори ӯст... Кофирон тасдиқ карданд, ки ин ҳамон ҷавонест, ки бутҳоро танқиду таҳқир мекард ва ба хулосае омаданд, ки Иброҳим (алайҳи-с-салом) - ро пайдо сохтаву ҷазояш бидиҳанд.

ФУРСАТИ МУНОСИБ

Оқибат мардумро ҷамъ наму­да Иброҳим (алайҳи-с-салом) -ро оварданд. Иброҳим (алайҳи-с-салом) хурсанд буд, зеро ӯ фурсате пайдо сохта буд, то дар ҷамъи мардум даъвати эшон намояд. Бутпарстон дар бутхона гоҳ ба бутҳои хору зори пора - пора ва гоҳе ба он буте, ки Иброҳим (алайҳи-с-салом) табарро дар гардани ӯ овехта буд нигариста баъзеҳо ҳайрон ва баъзе ба қаҳр омада аз Иброҳим (алайҳи-с-салом) мепурсиданд:

-Эй Иброҳим, оё ту бо худоҳои мо чунин кардӣ?

- Иброҳим (алайҳи-с-салом), ки худ мунтазири чу­нин савол буд гуфт:

- Балки инро калони бутҳо кардааст, аз онҳо бипурсед агар метавонанд сухан бигӯянд?! Баъди шунидани ин ҷавоб бутпарастон ҳайрон - ҳайрон ба якдигар нигариста гуфтанд:

- Ту худ дар ҳақиқат медони, ки бутҳо сухан намегӯянд. Чун бо ин саволу мукотиба бутпарастон нотавонӣ ва оҷизии худро дар муқобили ҳақиқат собит карданд, қоил ва таслим шуда ба хулосае омаданд, ки бутҳо сухан на­мегӯянд ва наметавонанд фоидае биёранд.

РОҲИ ИБРОҲИМ (алайҳи-с-салом)

Ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) дар ҷамъомади қавмаш сухани бузург гуфт:

- Оё шумо парастиш мекунед ғайри Худо чизеро, ки фоидаву зараре барои шумо меорад?! Вой бар ҳоли шумо ва барои он чизе, ки шумо парастиш мекунед аз ғайри Худо... Паёмбар даъваташро идома дода қавмашро мефаҳмонид, ки барои ҳар инсон воҷиб ва зарур аст, ки танҳо ба Худои ягона имон оранд. ӯро парастиш намоянд ва фақат ҳар хостаро аз Худо бихоҳанд. Лекин гиреҳи дилҳои қавмаш кушода нашуда баръакс аз мансабу ҷои худ тарсида гуфтанд:

-Бисӯзонед Иброҳимро ва худоҳои худро ёрӣ диҳед агар коре карданӣ ҳастед. Билохира қарор доданд, ки Иб­роҳимро ба хотири имону бовар доштанаш ба Худои ягона дар оташ афкананд то сӯхта бимирад.

НАҶОТИ ИБРОҲИМ

Додаракони азизам, агар аз шумо бипурсам, ки ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) чӣ гуноҳ дошт, ки ӯро ба оташ партофтанд, шумо дар ҳол хоҳед гуфт, ки:

-Ӯ ба Худо бовар дошт, дигар гуноҳе надошт. Ӯ ошкор мардумро даъват ба шинохти Худои яго­на мекард, то аз гумроҳй ва нодонӣ наҷот ёбанд. Баъди ин, ки шӯълаи оташ ба­ланд шуд Иброҳим (алайҳи-с-салом) - ро дар оташ андохтанд, Иброҳим (алайҳи-с-салом) заррае тарс дар вуҷуд надошт, зеро ӯ ба Худо бо­вар дошт, ки ӯро наҷот хоҳад дод... Ва чунин амру супорише аз осмон нозил шуд:

- Эй оташ сард шав ва Иброҳим (алайҳи-с-салом) - ро саломат нигаҳ дор …

Оташ тамом шуд ва ба Ибро­ҳим (алайҳи-с-салом) осебе нарасонид. Мардум ҳайрон шуда дар тааҷҷуб монданд, аз кори кардаашон хиҷолат кашиданд. Худованд рост гуфт: Онҳо иродаи макру фиреб карданд, онҳоро зиёнмандтарин гардондем.

ПЕШВОЯМОН ИСМОИЛ (алайҳи-с-салом)

ТАВАЛЛУДИ ИСМОИЛ (алайҳи-с-салом)

Вақто Иброҳим (алайҳи-с-салом) бо пайравонаш дар сарзамине қарор гирифт, занаш, ки ҳомила буд, писар таваллуд намуд, номашро Исмоил гузоштанд. Ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) ва завҷааш аз таваллуди Исмоил хеле шод шуданд, зеро фарзанд надоштанд ва Худовандро аз тавлиди фарзанд шукрона гуфтанд.

Иброҳим (алайҳи-с-салом) қаблан зани дигаре ҳам дошт, ки бо ҳам хеле зиндагӣ карданд, локин аз онҳо фарзанде ба дунё наомад. Ёдатон бошад ин ҳамон занест, ки дар қиссаи Лут (алайҳи-с-салом) малоикаҳо ба ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) муждаи фарзанд дода буданд. Ҳазрати Иброҳим маҷбур шуд Исмоили хурдакакро бо модараш ба дигар ҷо барад ва онҳо дар он ҷой истиқомат намоянд.

БА СӮИ САҲРО

Ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) зану фарзандашро гирифта ва ба сафари дуру дарозе баромад, то ба он ҷое, ки имрӯз хонаи Худо – Каъба аст расид. Он ҷо зану фарзандашро гузошта худ бозгашт. Албатта ҳамаи ин бо амру фармони Худованд буд. ӯ мегуфт: Парвардигоро, ҳар оина ман сокин сохтам баъзе авлоди худро ба водии безироат наздики хонаи мӯҳтарами Ту. Модари Исмоил таваккул ба Худо намуда розӣ шуд ва бо фарзандаш дар сарзамини бе об бимонд. Иброҳим (алайҳи-с-салом) ба ватани худ баргашт.

КӮШИШ ВА ФАРЁД

Захираи хӯрданӣ ва нӯшидание, ки Иброҳим (алайҳи-с-салом) назди зану фарзанди худ гуузошта буд тамом шуд, кӯдак аз гуруснагию ташнагӣ азоб мекашиду мегирист. Модар бо умеди он, ки шояд хӯрданӣ ё нӯшидание пайдо намояд ҳар тараф медавид, ҷустуҷӯ менамуд. Локин дар ин саҳрои хушк таому об аз куҷо пайдо мегашт? Модари Исмоил аз давутози зиёд хаста шуда, рӯ ба Худо овард:

-Эй Парвардигори меҳрубон, ҳалқи ин тифл аз ташнагӣ хушку меъдааш аз гуруснагӣ ба дард даромад, маро наҷот деҳ.

ЧАШМАИ ЗАМ – ЗАМ

Вақто, модари хаставу бемадор ба назди фарзанди худ бар мегардад мебинад, ки аз дасту позании зиёди ин тифл бо баракати Худованди меҳрубон аз зери қадамҳои ӯ аз синаи санг чашмае фаввора мезанад. Модар дар ҳол сару рӯи фарзандашро бо об тар намуда қатра – қатра ба ӯ об медиҳад. Тифл, ки қариб буд аз гуруснагию ташнагӣ бимирад дар баданаш қувват пайдо мегардад.

ВАТАН ВА ИСТИҚОМАТГОҲ

Оби чашма беист фаввора зада мебаромад, паррандаҳо поин шудаву об менӯшиданд ва ин сабаб шуд то мардум аз дур инро дида донистанд, ки дар он макон бояд об бошад чунки паррандаҳо бе сабаб поён намешаванд. Вақго, ки таҳқиқ карданд он ҷо об аст, қарор доданд, ки дар назди чашма назди тифли ширхӯр ва модари меҳрубон хона созанд ва истиқомат намоянд.

Бисёриҳо кӯч баста омада дар наздикии чашма хона сохтанд ва қарор гирифтанд. Модар ки ранҷи танҳоиву сахтиро дида буд шод шуд ва Худованди меҳрубонро шукр мекард, чунки Парвардигори якто бо қудрату тавоноияш аз синаи санги сахт барои онҳо об ҷорӣ сохт, паррандаҳо фиристод, мардумро дар атрофи чашма ҷамъ намуд, саодату некбахтиро ба ин макон овард.

ИМТИҲОНИ НАВ

Иброҳим (алайҳи-с-салом) писарашро фаромӯш накард. Сари вақт ба зиёраташ меомад. Солҳо гузаштанд. Исмоил ба сини ҷавонӣ расид, дар ҳамин айём аз ҷониби Худованд ба ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) амр шуд то писарашро қурбонӣ кунад! Ин супориши мушкил ва вазнину гароне буд! Иброҳим (алайҳи-с-салом) пеш аз таваллуди Исмоил фарзанде надошт, умраш ба ҷое расида буд, дар тӯли ҳаёт муштоқи фарзанд буд.

Баъди таваллуд шудани Исмоил бо баъзе сабабҳо ӯро бо модараш ба саҳрои бе обе бурда мемонад, ки қариб буд модару писар ҳалок шаванд, пас аз ин қадар машаққати бе фарзандӣ ва ҷудоӣ аз фарзанди ягона болои ин машақатҳо бояд Иброҳим (алайҳи-с-салом) фарзанди ягона ва дӯстдорашро қурбонӣ ме­кард. Чорае нест, амри Худованди бахшандаи меҳрубон аст. Иброҳим (алайҳи-с-салом) бояд ин мушкилиро таҳаммул намояд ҳамон тавр, ки мушкилоти зиёдеро таҳаммул карда буд. Худовандо, сабру бардошту тоате, ки Иброҳим (алайҳи-с-салом) дошт барои мо насиб гардон!

БАЁНИ АМР

Падар ба сӯи сарзамини фарзандаш ҳаракат мекунад ва барои писараш супори­ши Илоҳиро мерасонад: «Эй фарзандам: Дар хоб дидам, ки туро қурбонӣ намудам».

Фарзанд итоаткорона қабул намуда бо садои пур аз ҷасорат гуфт: «Эй падар ба чизе маъмур шудаӣ, иҷро намо, агар Худо бихоҳад маро аз ҷумлаи сабркунандагон меёбӣ».

Додаракон ва хоҳаракон меҳрубонам, ба сабру таҳаммули падар ва итоаткории фарзанд амри Илоҳиро бингарему панд бигирем.

КОРД НАМЕБУРАД

Шайтони лаъин мехост ба ҳар сурате шакку дудилагӣ ва иҷро накардани фармони Илоҳиро дар нафси Иброҳим (алайҳи-с-салом) ҷо намояд то, ки Иброҳиму писараш аз ин фармони Худовандӣ рӯ гардонанд. Локин ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) шайтонро чандин маротиба бо сангҳо зад ва аз худ дур сохт.

Сипас Иброҳим корди тезро гирифта чашмони писари ягона ва ҷигарбандашро баста ба гиря даромад. Дар ин ҳол писар аз падараш талаб мекард, ки бо сабру тоқат бошад ва амри Худоро иҷро намояд. Падар корд бар гардани фарзанд меронд, вале корде, ки аз .алмос ҳам тезтар буд кора намекард ва намебурид. Иброҳим (алайҳи-с-салом) чандин маротиби дигар кордро меронд, локин корд набурид.

Иброҳим (алайҳи-с-салом) дар кори худ ҳайрон монд ва фаҳмид, ин ҷо сирест, ки аз ӯ пинҳон аст ва намедонад. ӯ дуо мекард ва аз Худованди таоло мехост то ӯро наҷот диҳад. Корд бо вуҷуди ин, ки тезу буррост кора накард. Ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) рӯ ҷониби Худованд оварда мегуфт: Намебурад!!! Парвардигоро ман чӣ кор кунам? Эй Худо Ту маро амр намудӣ ва ин ҳоли ман аст?

ҲАДЯИ БУЗУРГ

Дар ин ҳол ҳазрати Иброҳим (алайҳи-с-салом) садои малоикаеро мешунавад, ки нидо мекард: «Эй Иброҳим (алайҳи-с-салом) дар ҳақиқат хоби дидагиатро амалӣ сохтӣ».

Худованди мутаол дар ивази Исмоил (алайҳи-с-салом) гӯсфанди бузургеро фиристод. Гӯсфандро малоике бардошта оварда назди Иброҳим (алайҳи-с-салом) гузошт то, ки Иброҳим дар ивази фарзанди итоаткораш қурбонӣ намояд. Ҳамин буд бародарони азиз натиҷаи имону боварӣ ва ҷонфидоии падару писар. Бо ҳамин Худованд падарро аз ҳайронӣ ва писарро аз қурбонӣ наҷот дод.

БИНОИ КАЪБА

Иброҳим (алайҳи-с-салом) ба макони худ баргашт ва муддати зиёде ба зиёрати фарзандаш наёмад. Баъди чанде ба сӯи фарзандаш омад, локин на барои аёдат, балки барои кори муҳиме, барои бардоштану иморат кардани хонаи Каъба ва аввалин масҷиде, ки дар он Худованд ибодат карда мешавад.

Гӯш бидиҳем ба қиссаи бинои Каъба дар Қуръони Шариф: «Он гоҳ, ки баланд карданд Иброҳим ва Исмоил бунёдҳои хонаро гуфтанд: Эй Парвардигори мо қабул кун аз мо ҳар оина Ту шунаво ва доно. Эй Парвардигори мо бигардонӣ моро фармонбардори худат ва аз авлоди мо бикун гурӯҳе мутеи худат ва бинмо моро роҳи ибодатҳои мо ва ба меҳрубонӣ боз ой ба мо ба дурустӣ, ки Туӣ тавбапазиру меҳрубон. Эй Парвардигори мо бифирист дар миёни эшон Пайғамбаре аз онҳо бихонад барои онҳо оятҳои Туро ва биомӯзад онҳоро китоб ва илм ва пок созад онҳоро ҳар оина Туӣ тавонову доно».

Фарзандони азизам вақто, ки ҳаҷ кардед ё ки тарафи Каъба намоз хондед қиссаҳои оби зам - зам ва ҷонфидоии Исмоилро ба ёд биёред. Алон додаракони хурдсолам биёед якҷоя баъди хондани қиссаҳои Иброҳим ва Исмоил (алайҳи-с-салом) фикр кунем ва натиҷа барорем ва фоидаҳое, ки аз ин ду қисса мумкин аст бигирем тазаккур намоем.

Аз маънои ин ду қисса

1. Барои шахси мусулмон зарур аст монанди пешвоямон Иброҳим бо фикру андеша ва ақлу идрок ба Худованди таъоло имон орад ва бовар намояд.

2. Бар ҳар мусулмон лозим аст нотарсона ҳақиқатро ошкор намояд.

3. Бояд бидонанд, ки Худованд бо ӯст, кӯмак ва ёриаш медиҳад.

4. Фармонҳои Илоҳиро иҷро намоянд.

5. Дар муқобили азобу шиканҷаи кофирон бо сабр бошад.

6. Дар даъваташ ба сустӣ ва хастагӣ роҳ надиҳад.

7. Иброҳимвор имон дошта бошад ва Исмоил барин дар муқобили амри Илоҳӣ итоаткор бошад.

8. Аз Худованди мутаол ҳидояти мардумро бихоҳад ва даъваташро идома диҳад.

9. Кӯшиш намояд режими фасодро ҳар куҷое, ки бошад тағйир диҳад, ба нодониву куфр розӣ нашавад.

10. Бидонад ва дарк намояд, ки зафар ва некбахтӣ нисбати мӯъминон аст.

Оқибати куфри ботил ҳалокат ва нобудист.
Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд.