- Ғами зан монанди шамоли зудгузар аст.
- Зане, ки хушбахтӣ мехоҳад, ба алмоси дасташ не, ба гули ҳадяшуда нигоҳ мекунад.
- Зан ҳама чизро мебахшад, аммо фаромӯш намекунад.
- Зани иқтисоддон амволи шавҳарро эҳтиёт мекунад.
- Марди хушбахт дар дунё се неъмат дорад: забони зикркунанда, қалби шукркунанда, бадани дар бало сабркунанда ва зани солеҳа.
- Зане, ки фарзандашро гум кардааст, ҳар рӯз барояш рӯзи аввал аст ва ин ғам пир намешавад.
- Назди зан оиди занҳои бегона ҳарф назанед, зеро ӯ ҷуръат пайдо мекунад, ки оиди мардҳои бегона назди шумо ҳарф занад.
- Тилло бо оташу зан бо тилло ва мард бо зан об мешаванд.
- Санг болои тухм афтад ё тухм болои санг, дар ҳарду зарар бар тухм аст.
- Зафари мӯъмин аз ҳаром гурехтан аст.
- Кам корҳое ҳастанд, ки анҷом надоранд, аммо бе заҳмат анҷоме нест.
- Маҷбурӣ зебо шудан танҳо дар кошонаи ҳусн имкон дорад.
- Шахсе, ки аз ҳад зиёд ороиш мекунад, зебогии худро пинҳон карданист.
- Барои бадани зебо завқ ва барои рӯҳи зебо дард лозим аст.
- Зебогӣ баъзе нуқсонҳоро мепӯшонад.
- Дӯстонатонро зиёрат кунед, вагарна хори маӯелон роҳи дӯстиро мепӯшонад.
- Барои зиндагӣ кардан бояд хӯрок хӯрд, на барои хӯрок хӯрдан зиндагӣ кард.
- Зиндагӣ, ки кардаӣ ҳаққи ҳаётро истифода кардаӣ.
- Нафаре ба ту пушт гардонд, зиқ нашав, зеро дӯсту душманатро хоҳӣ донист.
- Агар мусибати калон дорӣ магӯ, ки мусибати калон дорам, балки бигӯ: “Худои бузург дорам”.
- Ду чизро асло фаромӯш накун: Худо ва маргро.
- Гуфтан дигару дар амал татбиқ кардан дигар аст.
- Инсон бо забонаш не, бо амалаш бояд сухан бигӯяд.
- Ба ягон амал мағрур нашав, зеро амалҳо бо оқибаташон санҷиш мешаванд.
- Дониши зиёде, ки бо он амал карда намешавад, кибрро меафзояд.
- Шоҳи амалҳо се чиз аст: дар вақти камии мол сахӣ будан, дар танҳоӣ аз Худо тарсидан ва дар назди касе, ки аз ӯ метарсӣё чизе тамаъ дорӣ, ҳақро гуфтан.
- свечкиАз пушаймонии амалҳое, ки аз дастамон меомаду накардем, суде нест.
- Афзалтарин аъмол хилофи хоҳишоти нафс амал кардан аст.
- Ҳайф бар он касе, ки намедонад ва ҳафтод ҳайф бар он касе, ки медонаду амал намекунад.
- Дониста кори кам кардан аз надониста кори зиёд кардан беҳтар аст.
- Ҷав кошта гандум интизор машав.
- Асали ширинтарин ҳам дилбазан мешавад.
- Гар ятимеро ғамгин дидӣ, дар назди ӯ сари фарзандатро сила макун.
- Дар ҷое, ки ахлоқ нест, дин коре карда наметавонад.
- На аз касе хафа шаву на касеро хафа кун.
- Бо бадахлоқон сӯҳбат макун, то ба гуноҳ кардан водорат накунанд.
- Ҳасадхӯронро роҳату бадахлоқонро шараф нест.
- Чунонки об ифлосиро пок мекунад, ахлоқ низ тинати инсонро пок мекунад.
- Хушгуфторӣ ба забон мушкилӣ намеорад.
- Аз аҳмақ дурӣ ҷустан ба Худо наздик шудан аст.
- Аҳмақӣ дар хатоҳо исрор кардан аст.
- Аҳмақро таърифи хеш хуш меояд.
- Ду чиз далели аҳмақист: яке бесабаб хандидан ва дигаре напурсида хабар додан.
- Аз ҳамроҳӣ бо аҳмақ танҳоӣ беҳтар аст.
- Ифлосии гуноҳро об не, ашки чашм мешӯяд.
- Ба ҷое, ки об меравад, он ҷо чабз мешавад ва ба ҷое, ки ашки чашм мерезад, он ҷо раҳмат нозил мешавад.
- Аз тухми бад меваи хуб ҳосил намешавад.
- Бадӣ аз ҷоҳилӣ сар мезанад.
- Сарчашмаи бисёри бадиҳо муҳаббати мол аст.
- Дур шудан аз бадӣ, аз некӣ кардан беҳтар аст.
- Шахсе, ки айби худро намебинад, айби дигаронро бузург мебинад.
- Айбҳои дӯстатро дар танҳоӣ барояш бигӯй.
- Ақл, ки бутун шуд, сухан кам мешавад.
- Ҳар касе, ки аз адаб маҳрум мондааст, аз ҷумлаи некиҳо маҳрум мондааст.
- Худованд ба золим мӯҳлат медиҳад, аммо фаромӯшаш намекунад.
- Хоҳӣ, ки айбат пӯшидаю танат саломат бошад, кам бигӯ, бисёр шунав.
- Ақл низ мисли замин аст, онро кишт мебояд.
- Фикри хуб, сухани хуб ва амали хуб, нишони хубии инсон аст.
- Дар дунё ягон ақл бе вуҷуди ақли дигар ба вуҷуд намеояд.
- Китоб ғизои ақл аст.
- Ду чиз ақлу тадбирро ботил мекунад: саросема шудан ва чизи набударо хостан.
- Бо илми дигарон соҳиби илм мешавем, аммо бо ақли худ соҳиби амал.
- Барои ба Худо наздик шудан ба амрҳояш бо амал наздик бояд шуд, на бо хаёл.
- Худованд дар чизҳои ҳаромкардааш шифо халқ накардааст.
- Шахсе, ки Худоро мешиносад ва итоат мекунад, дар зиндон бошад ҳам, бахтиёр аст.
- Агар Худоро дӯст дорӣ, ҳукмҳои онро низ дӯст хоҳӣ дошт.
- Фурсат мисли абр зудгузар аст.
- Дар миёни душвориҳо фурсатҳо хобидаанд.
- Бунёди хаёл аз дониш муҳимтар аст.
- Аз Худованд ҳама вақт некӣ бихоҳ, то доим некӣ насибат шавад.
- Номи он кас пас аз маргаш зикр намешавад, ки аз дасти ӯ касе нон нахӯрдааст.
- Хандаи зебо мисли офтобест, ки вориди хонаи торик гаштааст.
- Инсон аз хатоҳои худ бисёр чизро метавонад омӯзад.
- Хатои бузургтарини табибон рӯҳро фикр накарда, дар паи табобати ҷисм кӯшиш кардан аст.
- Таърих не, хатоҳо такрор меёбанд.
- Фаромӯш кардани хато бадтарин кор аст.
- Шайтонро хато шайтон накард, балки ҳимоя аз хатои хеш шайтон кард.
- Эътироф кардани хато шараф аст.
- Касе, ки ақрабояшро дӯст намедорад, касе ӯро низ дӯст намедорад.
- Хиёнат занҷири дӯстиро сиёҳ мекунад.
- Аз пуле, ки гузаштӣ, онро вайрон макун.
- Истифода, ки бурдӣ, истифодашавиатро фаромӯш накун.
- Хубон бе душман нестанд.
- Хубиро пинҳон кардан аз пинҳон кардани бадӣ авлотар аст.
- Бадкоронро хубӣ кардан, худ хубиест.
- Хубӣ санъати инсонист.
- Чӣ тавре, ки корҳои бадатро пинҳон мекунӣ, корҳои некатро низ пинҳонӣ кун.
- Хуб шудан осон, аммо одил шудан душвор.
- Миллатҳо гуногун мешаванд, аммо хубиҳо барои ҳама миллат яканд.
- Хубиро на ҳама кас мефаҳмад, аммо бадиро ҳама мефаҳманд.
- Худпарастҳо як одати хуб доранд: доимо дар бораи худ гап мезананд, яъне ғайбат намекунанд.
- Худпараст мисли дарахти бемева танҳо қоқ шуда меравад.
- Агар хубиатро бовар кардан хоҳӣ, дар бораи он чизе магӯй.
- Худпарастӣ далолати заифии ақл аст.
- Хоҳӣ, ки ҳаст бошӣ худро ҳеҷ бидон.
- Шахсе, ки ба дигарон хушбахтӣ мехоҳад, худ хушбахт аст.
- Бо хурсандии дунё мағрур машав.
- Хурсандӣ барои тақсим кардан аст.
- Хурсандӣ дурӣ ҷустан аз шикоят аст.
- Пардохти хандаи бисёр ашки чашм аст.
- Инсон ҳақиқатро не, ба ҳақиқат монандро бовар мекунад.
- Барои ҳақиқатро пуштибонӣ кардан бояд аввал худ ба он бовар дошта бошӣ.
- Роҳ барои расидан ба ҳақиқат яктост, аммо барои дур шудан аз он ҳазортост.
- Дурӯғ чорхез мезанаду ҳақиқат қадамзанон меравад, аммо боз ҳам ҳақиқат дар вақташ мерасад.
- Бахшидани золим хиёнат аст.
- Касе туро хафа кунаду боз бахшиш пурсад, ту хафааш макун ва бубахш.
- Хоҳӣ, ки аз ғаму ғусса эмин бошӣ, ба моли дунё дил мабанд.
- Душманро бахшидан бузургист, аммо онро фаромӯш кардан аҳмақист.
- Аз хизматҳое, ки бо тарки адаб иҷро шудаанд, суде нест.
- Дар он ҷо, ки гургон истило кардаанд, гӯсфанд машав.
- Кореро, ки шамшер наметавонад, адолат метавонад.
- Ҳар як лаҳзаи зиндагӣ ҳаққи худро талаб мекунад.
- Зиндон бояд таҳти назорати ҷиддии маънавӣ бошад, вагарна моли аҷнабиён гардида, душманони миллатро ба озодӣ мебарорад.
- Шахсе, ки аз бадӣ хушаш меояд, худ бад аст.
- Касе, ки мехоҳад аз дунё вафо бинад, аз аҳли дунё вафо интизор набошад.
- Зулму бевафоиву ҳилла дар касе, ки бошад, зарараш ба худи ӯ бармегардад.
- Зулми бузург ба майнаи сар онро ба кор надаровардан аст.
- Зоҳиди ҳақиқӣ он аст, ки зоҳидиашро дар амал нишон медиҳад.
- Боақл талаби дунё кунаду ҷоҳил тарки дунё, пас ҷоҳил ба Худо наздиктар аст.
- Худованд барои ибодат дасти касеро набастааст.
- Иффату шикаму номусро ҳифз кардан, ибодат аст.
- Аз тарси Худо ашк резондан ибодати орифон аст.
- Вақт қиммат аст, аз ин рӯ танҳо барои корҳои қиммат сарфаш кунед.
- Сахтии қалб се аломат дорад: аз ибодати Худо завқ нагирифтан, аз гуноҳ кардан натарсидан ва аз марг ибрат нагирифтан.
- Барои ибодат вақти холӣ ҷустан аҳмақии нафс аст.
- Худованд панҷ чизро дар панҷ чиз ҷой кардааст:
- Иззатро дар ибодат
- Зиллатро дар гуноҳ
- Ҳайбатро дар намози нимашаб
- Ҳикматро дар шиками холӣ
- Фаровонии ризқро дар саҳархезӣ.
- Шахсе, ки аз ҳодиса ибрат намегирад, нобиноияш беҳтар аст.
- Шахсе, ки фикр намекунад, бар ақли худ зулми бузург кардааст.
- Якравӣ сустии ирода аст.
- Хоҳӣ, ки дуруст хонадор шавӣ, бо ҳамсавияи хеш хонадор шав.
- Ҳар чиз роҳе дорад ва роҳи ҷаннат омӯхтани илм аст.
- Ҷӯстани имл ҷиҳод ва таълими он садақа аст.
- Агар илмро бо умед кардан ба даст оварда мешуд, ҳамаи одамон олим мешуданд.
- Илмомӯзӣ се сабаб дорад: бисёр дидан, бисёр азоб кашидан ва бисёр меҳнат кардан.
- Дарахтон бисёранд, аммо на ҳамаашон мевадоранд, меваҳо зиёданд, аммо на ҳамашон ширин, илм ҳам зиёд аст, аммо на ҳамааш муфид.
- Шахсе, ки илмро наменависад, олим ҳисоб намеёбад.шахси беилм дар дунёву охират қадр надорад.
- Шахсе, ки илмро ҷамъ мекунаду ба дигарон намедиҳад, мисли дарахтест дар биёбон.
- Хондан рӯҳро воло мекунад.
- Шахсе, ки ба илмаш амал намекунад, мисли ҳайвонест, ки бар ӯ китоб бор кардаанд.
- Нодонеро, ки нодонияшро медонад, таълим бояд дод ва аз нодоне, ки худро доно меҳисобад, дур бояд шуд.
- Зарфи обгириро хоҳ дар чоҳ андозию хоҳ дар баҳр ба қадри ғунҷоишаш об мегирӣ.
- Мисли парранда париданро, мисли моҳӣ шино карданро омӯхтаем, аммо афсӯс, ки санъати бузургеро аз даст додаем ва он санъати инсонвор зиндагӣ кардан аст.
- Дониш мисли нур аст, онро истифода барӣ равшантар мешавад.
- Инсоне, ки бо илм зинда мешавад, намемирад.
- Фикр нокарда омӯхтан фоида надорад.
- Охири сафари беилмӣ торикист.
- Қалбро имон бунёд мекунад.
- То он вақте ки лаззати дунёро аз худ дур накунед, лаззати имонро нахоҳед чашид.
- Шахсе, ки пинҳонӣ хубӣ мекунад, ба Худованд бовар дорад.
- Душмани инсон нафс асту ёрдамчиаш шайтон ва майдонаш дунёст.
- Имон боварӣ ба онест, ки ӯро намебинӣ.
- Имтиёз дарро тақ тақ мекунад, аммо танбал аз овози он нороҳат мешавад.
- Шахсе, ки барои бадбинӣ имконият меҷӯяд, имкони дӯст доштанро аз даст медиҳад.
- Инсони бузург доимо мамнуну роҳат аст, инсони кӯчак бошад, доимо ғамгину дар талош.
- Инсонро бо намуди зоҳириаш пешвоз гирифта, бо ботинаш гусел мекунанд.
- Қиммати инсон аз ҳамнишинонаш маълум мешавад.
- Мӯъҷизаҳо зиёданд, аммо ҳеҷ мӯъҷизае бузургтар аз инсон нест.
- Инсони бад нест, балки инсонҳое ҳастанд, ки бар ҳиссиёташон маҳкум шудаанд.
- Одами паст ғурури баланд дорад.
- Дараҷаи инсон дар назди Худованд зиёд, ки шуд, марҳаматаш ба мардум зиёд мешавад.
- Инсонро ду чиз маҳв мекунад: бисёр сухан гуфтану моли зиёд ҷамъ кардан.
- Заифтарин инсон онест, ки ғуломи шаҳваташ гардидааст.
- Оҷизтарин инсон касест, ки зери бори кибри хеш мондааст.
- Пул бештар инсони сохта тайёр мекунад.
- Инсон, ки бо фарзандаш фахр кард, маънои бо худаш фахр карданро дорад.
- Инсонр бовар кун, аммо нафсашро не.
- Инсон барои гуруснагиву мушкилиаш не, барои дӯзд буданаш дуздӣ мекунад.
- Инсон аввал барои мол саломатиашро аз даст медиҳад ва баъдан барои барқарор кардани саломатӣ молашро аз даст медиҳад.
- Агар инсон набошӣ ҳастиат қиммате надорад.
- Инсон хатоҳояшро дар вақти хурсандиаш не, дар вақти ғамгиниаш мефаҳмад.
- Ҳолатҳо дигар намешаванд, мо дигар мешавем.
- Шахсе, ки як хаторо ду бор такрор намекунад, оқил аст.
- Ба мисли чашми инсоф тарозуи комиле нест.
- Ба мисли баҳр мол ба даст ору ба мисли киштӣ болои он бош.
- Хӯроке, ки барои меҳмон омода мешавад, исроф надорад.
- Роҳи Пайғамбар (с) аз ихлос иборат буд.
- Шахсе, ки ишқро девонагӣ мепиндорад, аз сирри ҳаёт дур мондааст.
- Ишқ ду танҳоро ба якдигар расонидан ва якдигарро муҳофизат кардан аст.
- Ишқ болоравию пастравӣ дорад. Боло, ки рафтӣ сарат чарх мезанад ва поён, ки фаромадӣ дилат беҳузур мешавад.
- Ишқ мисли шамол аст, аз куҷо омаданаш маълум нест.
- Ишқ меҳмони беодоби қалб аст.
- Ишқ сӯхтан аст, на ин ки сӯзондан.
- Ишқи ҳақиқӣ инсони ошиқро аз бандагии ғурураш озод мекунад.
- Духтари зебо дӯстдошта нест, балки дӯстдошта духтари зебо аст.
- Муҳаббат аз эҳтиром боло аст. Зеро ҳамаро метавон эҳтиром кард, аммо муҳаббат танҳо ба нафаре бахшида мешавад.
- Моли камдошта фақир нест, балки ҳарис фақир аст.
- Каъба пулдор не, ошиқ меравад.
- Мукофоти ҳаҷҷи қабулшуда ҷаннат аст.
- Ғуруратро фурӯ бар, дар он ягон моддае нест, ки ба саломатиат зарар расонад.
- Инсон чӣ қадаре, ки дар қалбаш кибр дошта бошад, дар сараш ҳамон қадар нуқсон дорад.
- Кибр ба мисли сангест, дар миёни дарё, на шино карда метавонаду на парида.
- Кӯҳро бо нӯги сӯзан сӯрох кардан аз баровардани кибр аз қалб осонтар аст.
- Касе, ки ба ҷилди китобу зан бовар мекунад, иштибоҳи сахт мекунад.танҳо китобҳои хондаатро ба дигарон тавсия бидеҳ.
- Бӯи тифл бӯи ҷаннат аст.
- Дасти афтидаро бигир, то рӯзе, ки афтӣ дасти туро низ бигиранд.
- Аз ҷӯй, ки гузаштӣ аспатро иваз макун.
- Ба худат қабр не, худатро ба қабр омода кун.
- Ба он чизе, ки шуморо дар қабр ҳамроҳӣ намекунад, дил набандед.
- Он чизе, ки арзишманд аст, бе ҷидду ҷаҳд ба даст намеояд.
- Тилло ба замин афтад ҳам қадрашро гум намекунад.
- Фардоро бо имрӯз бихар.
- Инсон то аз кор маҳрум шудан ба он нафрат дорад.
- Ҳаётро дӯст дорӣ вақтатро беҳуда сарф макун, зеро вақт ҳаёт аст.
- Қалб бо чизе, ки пур бошад, аз забон ҳамон мерезад.
- Шахсе, ки адабаш кам бошад, тақвояш фақир мешавад, тақво, ки фақир мешавад, қалб мемирад.
- Чашми қалб, ки пир шуд, аз чашми сар фоидае нест.
- Қалб, ки ба бемории дунё гирифтор шуд, аз вазъу насиҳат хушаш намеояд.
- Таърифу танқиди мардум ба қалб зарар дорад.
- Худованд қалби бесуханро гӯш мекунад, аммо сухани беқалбро не.
- Ҳар як чизеро чизе нест мекунад ва нестии қалб шикамсерист.
- Қаноаткунанда мӯҳтоҷ намешавад.
- Агар молро дӯст дорӣ, онро бо ҳирс не, бо қаноат талаб кун.
- Ризқат чизе бошад ҳамонро мегирӣ, пас ғам махӯр.
- Аз қаноат касе намурд ва аз ҳирс касе бой нашуд.
- Қарз гирифтан ба талбидан баробар аст.
- Қарз оғози ғуломист.
- Қаҳриро оштӣ додан аз намози нафливу рӯза болотар аст.
- Қуръонро аз зебо хондан дида, дурусту бо тадаббур хондан авлотар аст.
- Фариштагон Қуръон намехонанд, аммо фурӯд омада, шахсони қуръонхонро гӯш мекунанд.
- Марде, ки ҳамаи чизи донистаашро ба ҳамсараш мегӯяд, маънои онро дорад, ки чизе намедонад.
- Ҳар як таваллуд қосиде аз марг аст.
- Маргро фаромӯш кардан нишонаи сиёҳии қалб аст.
- Мазорҳоро зиёрат кунед, то маргро ба хотиратон орад.
- Ҳар тапиши дил овози қадами марги хеш аст.
- Шахсеро, ки аҷалаш расидааст, ягон ҳила илоҷашро намеёбад.
- Ҳар кас ба қадри имкони дар дастдоштааш масъул аст.
- Шахсе, ки долони хонаи хешро тоза намекунад, ҳаққи шикоят кардан аз боми барфолудаи ҳамсояро надорад.
- Бори девҳоро мурчаҳо кашида наметавонанд.
- Кори имрӯзаро ба фардо магузор, зеро фардо сухани оҷизон аст.
- Ҳисси масъулият аз имондорӣ тавлид меёбад.
- Чӣ қадаре, ки имтиёз дорӣ, ҳамон қадар масъул ҳастӣ.
- На танҳо барои корҳои дар даст доштаамон, балки барои корҳои аздастдодаамон низ ҷавобгарем.
- Занбӯр об мехӯраду асал медиҳад, мор ҳам об мехӯрад, аммо заҳр мепошад. Ин қонуни тағйирнопазири ҳаёт аст.
- Касе, ки машваратро тарк мекунад, роҳи ростиро гум мекунад.
- Рӯҳ феҳристи афкор аст.
- Барои ояндаи хуб барпо кардан, гузаштаро хуб бояд донист.
- Беҳтарин мерос дӯстии худро ба мерос гузоштан аст.
- Меҳмон бо даҳ қисмат меояд. Якеро мехӯраду нӯҳтояшро мегузорад.
- Заҳматкаш вақти фикри бад кардан надорад.
- Барои танбалҳо бахт вуҷуд надорад.
- Афзалтарин хӯроке, ки хӯрда мешавад, аз заҳмати дасти хеш аст.
- Шахси бекорро шайтон дӯст мегардад.
- Заҳмат накашида фикри ҷаннатро кардан танҳо хаёл аст.
- Ҳамаи заҳмати инсон барои меъдааш бошад, пас қадраш ҳам баробари баровардаи меъдааш аст.
- Оби равон ифлос намешавад.
- Рӯбоҳ худро аз пасмондаи шер сер мекунад.
- Чеҳраи фаромӯшнашаванда танҳо чеҳраи модар аст.
- Ягон муҳаббату шафқат ҷои муҳаббату шафқати модарро гирифта наметавонад.
- Зан модар, ки шуд ба камол мерасад.
- Модар барои шифои фарзандаш доруи талх медиҳад, Худованд ҳам барои бандаи дӯстдоштааш талхии дунёро мечашонад.
- Худованд ба баъзе бандаҳо зиёдтар мол медиҳад, то ба дигарон кӯмак расонанд.
- Муаллим мисли шамъ аст, худ месӯзад, то дигаронро равшан созад.
- Шарти муваффақият имон ва ҷаҳд аст.
- Муваффақияти боҳилла дер давом намекунад.
- Муваффақияти ҳақиқӣ тарси номуваффақиятиро нобуд кардан аст.
- Мунофиқӣ чор сабаб дорад: ғайбат кардан, ҳасад хӯрдан, моли ҳаром истифода кардан ва ноумед аз раҳмати Худованд шудан.
- Вақте ки мусибат аз сар дур мешавад, Худое, ки дар аз байн бурдани мусибат кӯмак карда буд, фаромӯш мешавад.
- Дар он ҷое, ки муҳаббат набошад, он ҷо ақл ҳам нест.
- Муҳаббат зебогии рӯҳ аст.
- Барои дидани офтоб эҳтиёҷ ба нури офтоб лозим.
- Мӯъмин бояд нармтабиат бошад.
- Агар бадӣ кардан ғамгинат созад, пас мӯъмини комил ҳастӣ.
- Мӯъмин аз Худо умед мекунаду мунофиқ аз ҳама кас.
- Бародари мусулмонатро дар се ҳолат тарк макун: дар бемориаш зиёрат кун, дар машғулияташ ёрӣ кун, дар фаромӯшӣ ёдаш кун.
- Намоз ба меъроҷ рафтан аст.
- Шахсе, ки диққаташ ба намоз аст, гӯшаш ба садои азон мешавад.
- Касе, ки ду ракат намоз хонаду дар байни намоз фикри дигаре ворид нашавад, гуноҳҳои пешинааш бахшида мешаванд.
- Чӣ қадаре, ки доро бошӣ, ба қадри сериат мехӯрӣ.
- Асалро на ангуштдарозон, балки онҳое мехӯранд, ки насибашон аст.
- Барои насиҳат марг кифоя асту барои ғамхӯрӣ қабр.
- Насиҳати беҳтарин намунаи хуб шудан аст.
- Майл ба касе кун, ки бо рафтораш насиҳат мекунад, на бо суханаш.
- Насиҳат кардан осон, аммо ибрат шудан душвор.
- Бадтарин нафрат ба ақрабои худ нафрат кардан аст.
- Бадбинӣ худҷазодиҳист.
- Ба нафс гапатро гузарониданат он вақт маълум мешавад, ки аз хостаҳояш даст кашӣ.
- Ҳар касе, ки бо амри орзуҳои нафсаш амал мекунад, оқибат маҳв мешавад.
- Неъмати бузургтарин наҷот ёфтан аз орзуҳои нафсонӣ аст.
- Шахсе, ки гуфтаҳои нафсашро гӯш мекунад, айбҳояшро намебинад.
- Аз хотири хубӣ душман дӯст мешавад, аммо ба нафс ҳар қадаре, ки хубӣ кунӣ, ҳамон қадар душман мешавад.
- Ҳар кас, ки худро арзишманд меҳисобад, аз тавозӯъ дур мондааст.
- Душмани ашаддии инсон нафс ва гуноҳ аст.
- Пурқувваттарин инсон касест, ки орзуҳояшро тарк карда метавонад.
- Харҷ кардани неъмат дар роҳи Худо шукр кардан аст.
- Дар оинаи шикаста кӯшиши дидани акси бутунро набояд кард.
- Амалҳо аз ниятҳо вобастаанд.
- Бисёр амалҳои хурд ҳастанд, ки ният онҳоро бузург мекунад ва бисёр амалҳои бузурге ҳастанд, ки ният онҳоро кӯчак мекунад.
- Шахсе, ки чӣ кор карданашро намедонад, кораш тамом намешавад.
- Сарвати ноҳақ ҷамъ кардан мисли барфест, ки болояш оби гарм гузошта шудааст.
- Ба як нафар ноҳақӣ кардан ба тамоми ҷамъият таҳдид кардан аст.
- Агар хоҳӣ, ки дигар шавӣ шуда метавонӣ.
- Инсон то озод набошад, хурсанд намешавад ва озодӣ бошад, танҳо озодии қалб аст.
- Шахсе, ки бо тарс зиндагӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ озод нест.
- Оиладориро вуҷуд не, рӯҳ пеш мебарад.
- Олим вафот кунад ҳам, зинда аст ва ҷоҳил зинда ҳам бошад, мурда аст.
- Ҷоҳилон зиёд шаванд, олимон ғариб мешаванд.
- Душмании олим беҳ аз дӯстии ҷоҳил.
- Ҷуръати ҷоҳил аз нашинохтани Худованд аст.
- Баъди падар шудан инсон мефаҳмад, ки аз хурсании худ болотар хурсандии фарзандаш аст.
- Падар шудан осон, аммо падарӣ кардан душвор аст.
- Ба ҳар Фиръавн Мӯсое ҳаст.
- Пирӣ мисли боло баромадан аст, чӣ қадаре, ки боло равӣ ҳамон қадар нафастанг мешавӣ, аммо нигоҳат васеъ мешавад.
- Пул, ки ба сухан даромад, ҳақиқат хомӯш меистад.
- Пурхӯрию саломатӣ як ҷо намеистанд.
- Шаҳди пушаймониро чашидан нахоҳӣ, пас фурсати дар дастдоштаатро мукаммал истифода бар.
- Рафиқи бад ба ҷисм не, ба рӯҳ зарар мерасонад.
- Марҳамат накунӣ марҳамат намебинӣ.
- Қалбҳои дӯстонро шикастан бар муроди душманон амал кардан аст.
- Ягон дарро вақти баромадан сахт мапӯш, шояд хоҳиши дубора баргаштан пайдо шавад.
- Барои Худо, ки кардӣ дӯстӣ аст ва барои мардум, ки кардӣ риё аст.
- Риё, бар ивази амал интизори дунё шудан аст.
- Давои риё пинҳон кардани амал аст.
- Дурустӣ ва дурӯғгӯӣ доимо бо ҳам дар ҷанганд. Ин ҷанг он вақт поён меёбад, ки яке аз инҳо майдонро тарк кунад.
- Фишори рӯҳамон баданамонро бемор мекунад.
- Бадан номзадест, барои марг, аз ин рӯ мепӯсад.
- Ҳукм накунед ба чизе, ки замон онро тағйир медиҳад.
- Ба ҳама кас гӯш бидеҳ, зеро аз ҳар кадоми онҳо сабақе метавон гирифт.
- Дарс додан , худ ба такрор дарс хондан аст.
- Калиди ҳама чиз сабр аст. Чӯҷаро бо шикастани тухм ба даст наметавон овард.
- Сабр ин талхиро чашида, чеҳраро дигар накардан аст.
- Сабр балоро сабук мекунад.
- Дар сабри кам каромоти зиёде аст.
- Аз қаҳри одами босабр битарс.
- Он чизе, ки ба фақир медиҳӣ, пеш аз он ки ба ӯ расад, ба Худо мерасад.
- Садоқате, ки бо пул гирифта мешавад, бо пули калонтаре фурӯхта мешавад.
- Шахсе, ки дӯсташро аз худ боло намедонад, садоқат надорад.
- Самимият забон надорад, аз чашм фаҳмида мешавад.
- Шамъ барои даргирондани шамъи дигар чизе гум намекунад.
- Саховатманди ҳақиқӣ он аст, ки дар бораи худ ҳарфе намезанад.
- Сиёсатмадор барои хатоҳои калонро пинҳон кардан, хатоҳои хурдро эътироф мекунад.
- Ҳеҷ чиз дар назди Худованд сода нест.
- Тарси банда аз Худованд ба қадри донистааш мешавад.
- Ҷамоли инсон аз зебогии суханаш мешавад.
- Инсон махлуқест, ки чӣ хеле фикр кунад, ҳамон хел шакл мегирад.
- Бузургақлон фикрҳоро, миёнақлон ҳодисаҳоро ва заифақлон мардумро зикр мекунанд.
- Бузургии инсон дар фикраш аст, на дар ҷисмаш.
- Кори саросема ба инсон фурсати фикр кардан намедиҳад.
- Фикр накарда омӯхтан зоеъ кардани вақт аст.
- Вақт нишон медиҳад, ки ҷаннат осон нест ва ҷаҳаннам беҳуда нест.
- Шахсе, ки ҳаё дорад, бадӣ намекунад.
- Роҳи аз ҳамаи бадиҳо дур истодан, забонро нигоҳ доштан аст.
- Дар ҷаҳаннам оташе нест, ҳар як инсон онро бо худаш аз дунё мебарад.
- Машаққат асоси мукофот аст.
- Касе, ки аз Худо натарсад, аз банда шарм намекунад.
- Шахси бахи дар дунё фақир зиндагӣ мекунад ва дар охират мисли дороён пурсида мешавад.
- Бахил зоҳиран солим бошад ҳам, дар асл аз таъсири ҳасад бемор аст.
- Бахилӣ ҳиссиётест, ки инсонро ҳақир мекунад.
- Бузургтарин беадолатӣ беҷазо мондани ҷинояткор аст.
- Ба пои шахси бекор шайтон банд мешавад.
- Бемор не, шахсе мемирад, ки аҷалаш расидааст.
- Боақл се тоифаро ҳақир намебинад: олимон, ҳокимон, дӯстон.
- Боақл онест, ки аз ҳама кас чизе момӯзад.
- Бисёр бовар макун ба он нафаре, ки аз кучактарин чиз қаҳр мекунаду меранҷад.
- Сатҳи ақли инсонро аз саволи додааш мефаҳманд.
- Бе устод камолот наметавон ёфт.
- Вазифа кори бузург кардан нест, кори лозимаро анҷом додан аст.
- Мегӯӣ, ки аз пагоҳ дигар мешавам, пас чаро аз ҳамин рӯз оғоз намекунӣ.
- Ҳеҷ гоҳ магӯй пагоҳ дигар мешавам, зеро имрӯз пагоҳии дирӯз аст.
- Вақт қимматтарин сармояи инсон аст.
- Вақт мисли замини корам аст. Чӣ қадаре, ки хуб истифодааш барӣ ҳамон қадар хуб ҳосил медиҳад.
- Замону забонро эҳтиёт кун, зеро ин ҳарду чизҳои арзишманд ҳастанд.
- Ба қадри тавоноият ваъда деҳу аз ваъдаи додаат зиёдтар иҷро кун.
- Захме, ки маҳкам намешавад, захми виҷдон аст.
- Инсон аз виҷдони худ чизеро пинҳон карда наметавонад.
- Беҳтарин чизе, ки волидайн бояд ба фарзандон ҷудо кунанд, ин вақт аст.
- Ҳайрони нафаре ҳастам, ки аз тарси беморӣ аз хӯрок даст мекашаду аз тарси азоб аз гуноҳ не.
Бузургон гуфтаанд: «Дар хонае зан – модар нест, хушӣ ва рӯшноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд.»
среда, 3 сентября 2014 г.
Панду ҳикматҳои зиндагӣ
Подписаться на:
Сообщения (Atom)