вторник, 23 октября 2012 г.

Иди Қурбон Муборак.



Ба номи Худои Бузург ибтидо мекунам,ки Меҳрубони ҳама дар ин Дунё ва танҳо Меҳрубонтарин меҳрубони муъминон дар Рўзи Чазост.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародарону хоҳарони аҳли Ислом! Пеш аз ҳама тамоми мардуми мусалмони кишварро ва дар шахси мардуми мусулмон тамоми мусулмонҳои дунёро ба фаро раси иди саиди Курбон муборак бод гуфта ба хамаи шумо имони комил тавфик дар тоату бандаги, тани сиҳат хотири чамъ, хонаю манзили обод таманно карда аз Худованди мутаъол хоҳони онам,ки дар ин даҳҳаи муборак аз савобу самараш ҳамаи мою шуморо бонасиб гардонад!Аз ҳама болотарин таманниёт ҳамин аст, ки Худованд ҳоли ҳамаи мусулмонҳоро хуб гардонаду ҳама мушкилоте, ки мусулмонҳо доранд, Худованд он мушкилотҳои онҳоро дур гардонад.

Худои меҳрубон дар ҳамин Ҷумҳурии мо ҳам осоиштагиву, якдигарфаҳмиву, қадрдонии якдигару ҳаминҳора Худои меҳрубон насиб гардонад ва Ҷумҳурии мо ва дигар давлатҳои исломиро Худованд ҳамеша нигаҳ дорад. ОМИН
Иди КУРБОН имруз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебох, в-ин ахду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад чуем дар роҳи муроди хеш,
Буе ба машом омад, аз боди саб
о табрик.
 

суббота, 22 сентября 2012 г.

Фидои Сарварам бошад равонам




Домулло Иброҳими Сайиднуриддин

Фидои Сарварам бошад равонам.

Фидои Сарварам бошад равонам,
К-азу  омад  сафои  ҷисму  ҷонам.
Бароям ҳарчи  ҳаст аз илму имон,
Зи файзи  рӯи хубаш  мешиносам.
****
Барояш  ҷой дода  ман диламро,
Фидояш  бод  аҳлу  молу  ҷонам.
Зи ҷон  ширинтар омад вуҷудаш,
Агар номаш набудӣ, ман кӣ будам?!
****
Нидояш    ҷонбахши    одамӣ   шуд,
Садояш  роҳате  шуд бар равонам.
Хабисе  туҳмати Хайрулбашар зад,
Биёзурда    даруну   ҳам   равонам.
****
Бигӯ   он    тирабахти    бадзабонро,
Ки  дузахро  барояш   ҳайф   хонам.
Ба рамзи туҳру иффат таъна кардӣ,
Зи  саг  поинтар-ат  ман мешуморам.
****
Диёрат хубсу мардум ғарқи фаҳшо,
Аз   ин   бадтар  ҳаёте   менадонам.
Ба   номи ҳуррият  ҷурме намуданд,
Ки  нафрин  бар чунин озодӣ хонам.
****
Ба  худ  бад кардаӣ, эй пасттинат,
Туро хоҳам, ки расвотар бубинам.
Агар    кураст   чашми   бенасибат,
Ба  хуршеди ҷаҳон айбе  набинам.
****
Мақоми   Сарварам  чун  моҳ  болост,
Туро ман дар замин чун хас набинам.
Забони  он   палидат  нест  лоиқ,
Ки номи Мустафо дар ӯ бубинам.
****
Бигӯ бар кофарон, эй тирабахтон!
Ба  зиштӣ  ном  бурдӣ, ҷанг хоҳам.
Бале сабр аст  дар ман эй азизам,
Ва лекин  сабр  то   андоза дорам.
****
Надорам   тоқати   ботил   шунидан,
Куҷо гар Мустафоро таъна бинам?!
Расули мо, ки номаш нақши дилҳост,
Фидои  номи  покаш   ҳарчи   дорам.
****
Чароғи   бо    фуруғе   номи  ӯ   шуд,
Бубинам, гар назар Қуръон намоям.
Ҷаҳон   зулмот  буду   ӯ  барафрухт,
Зи  ӯ  дар дидаҳо ман шӯъла дидам.
****
Зи  файзи  номи покаш  ҷумла олам,
Бишуд равшан чу шамъе дар сароям.
Агар ҷон бахшамаш  бе гила сад бор,
Ман ин хидмат барояш кам шуморам.
****
Агар қалбам  надонад  Мустафо кист,
Ман ин  дилро  ба дасти худ бисузам.
Набошад   маъние     дар   зиндагонӣ,
Агар   ишқи    Ҳабиби   ҳақ    надорам.
****
Зи шамъи дини софаш олам афрухт,
Зи   суннат    кард   бино   дидаҳоям.
Ба   роҳи   ҳақ  равон  бинмуд  моро,
Зи ӯ  ман  банда гаштам бар Худоям.
*****
Агар  покиза номаш ман  шунидам,
Паёму   сад   саломе   ҳадя  дорам.
Салоту  ҳам  саломи   поки   Яздон,
Ҳамеша бар равонаш ман бихонам.