среда, 6 июня 2018 г.

ЗАН ЧИСТ?
-Ӯ ҳамонест, ки агар гиёҳе офарида мешуд, гул
Агар парандае офарида мешуд товус буд.
Агар ҳайвоне офарида мешуд, оҳу буд.
Аммо ӯ инсон офарида шуд, дӯст, ҳамсар, бузургтарин неъмати ҳастии рӯи замин.
Агар зан чизи боҳашамате намебуд Худованд ӯро ҳуре дар биҳишт намегардонид.
Агар офариниши бузурге намебуд паёмбараш биҳиштро зери пои ӯ қарор намедод.
Ӯ ҳамон касест, ки бо додани гуле хушнуд ва бо шунидани сухани хуш лабханд мезанад.
Туфулаташ дарвозае барои биҳишти падарон аст,
Сипас ӯ ҷавонест, ки дини ҳамсарро пурра мекунад,
Сипас модарест, ки ҷаннат зери пои ӯст.
Ӯ китобест, ки бобҳояш меҳр, муҳаббат ва меҳрубонист.
Ӯ маркази меҳр ва мазҳари ишқ аст.
Зебост, нахуст ӯ сипас гул.
Аҷиб офаринише аст, чун хушҳол аст гиря мекунад ва вақте асабонӣ аст механдад.
Ӯст, ки бо ба оғӯш гирифтанаш дили шикастаро илтиём ва бо бӯсиданаш дарди тифлро даво мебахшад.
Унвони беҳмтоеро барояш интихоб мекунам

вторник, 16 мая 2017 г.

Мохи Шарифи Рамазон муборак



Омад Рамазону мақдамаш бусидам
Дар раҳгузараш табақ-табақ гул чидам
Ман бо чи забон шукр бигуям ки ба чашм
Як бори дигар моҳи Худоро дидам.

Моҳи муборак омад, эй дустон башорат
Каз сӯи дуст моро ҳар дам расад ишорат
Омад навиди раҳмат, эй дил зи хоб бархез
Бошад ки боқии умр, ҷуброн шавад хисорат



Моҳи Рамазон аст, сафо омадааст,

Бар хонаи дил нуру зиё омадааст

Аз суфраи мо бӯи биҳишт меояд,

Ин суфра зи даргоҳи Худо омадааст.

***

Мужда эй мунтазирон моҳи Худо омадааст,

Моҳи шабҳои муноҷоту дуо омадааст

Моҳи дилдодагии банда ба маъбуд расид,

Бар сари суфраи шоҳона гадо омадааст.

 ***

Ганҷинаи нуронии Қуръон Рамазон аст,

Оромиши дилҳои парешон Рамазон аст

Маҷмӯаи гулҳост шабу рӯзи азизаш,

Яъне ба ҳақиқат, ки гулистон Рамазон аст.

***

Омад Рамазон, ҳаст дуоро асаре,

Дорад дили ман шуру навои дигаре

Мо бандаи осиву гунаҳкори туем,

Эй довари бахшанда ба мо кун назаре.

 ***

Моҳи муборак омад, эй дустон башорат,

К-аз сӯи дуст моро ҳар дам расад ишорат

Омад навиди раҳмат, эй дил зи хоб бархез,

Бошад ки боқии умр, ҷуброн шавад хисорат.

 ***

Моҳи бузург зи осмон меояд,

Савти хуши Қуръону азон меояд

Табрик ба муъминони ошиқпеша,

Табрик, баҳори Рамазон меояд.

Аз баҳри вафодорон, моҳи Рамазон омад,

 Бар халқи Худо, ёрон моҳи Рамазон омад.

 Аллоҳ мададгор аст,дар ҳар қадаме ёр аст,

 Лутфаш ба накӯкор аст, моҳи Рамазон омад.

Тақвою амал дорӣ, бо сидқ талабгорӣ,

Дурдона ба каф орӣ, моҳи Рамазон омад.

То лаҳзаи рӯзи ид берун марав аз масҷид,

Роҳи ту шавад испед, моҳи Рамазон омад

Баргӯ ту санои ӯ, меҷӯ ту ризои ӯ,

Мегӯ ту дуои ӯ, моҳи Рамазон омад.

Бар нафс даме бистез,аз ҷурму хато парҳез,

 Аз хоби гарон бархез, моҳи Рамазон омад.

 Ҳоҳӣ ба сарат партав, бо роҳи Муҳаммад рав,

Дилдори Муҳаммад шав, моҳи Рамазон омад

Овози азон ояд, сад нашъа ба ҷон ояд,

Сад нури аён ояд, моҳи Рамазон омад

Сарчашмаи эҳсон аст,сармояи имон аст,

 Роҳат ба дилу ҷон аст, моҳи Рамазон омад.

З- ин моҳ манам шодон, аз ҳастии ӯ хандон,

 Аз рафтани ӯ гирён, моҳи Рамазон мад.
Ганҷинаи нуронии Қуръон Рамазон аст

Оромиши дилҳои парешон Рамазон аст

Маҷмуи гулҳост шабу рӯзи азизаш

Яъне ба ҳақиқат ки гулистон Рамазон аст


Рӯза яъне нафаси худ пок кун

Қалби Иблис дарунат чок кун

Роҳи парвозаст сӯи осмон

Моҳ гардидан басони ошиқон 


Рамазон омаду оҳиста садо кард маро

Мустаиди сафари шаҳри Худо кард маро
Аз гулистони карам турфа насиме бивазид
Ки саропои пар аз атру сафо кард маро

Эй дуст зи раҳмати дил огоҳам деҳ
Дар моҳи дуо сайри илаллоҳам деҳ
Моҳи Рамазону моҳи меҳмони туст
Дар маҳфили меҳмонии худ роҳам деҳ

Аз атри саҳар бӯи Худо меояд
Дар хилвати шаб зи ҳақ садо меояд
Бо гуши дигар шунав ба ғавғои сукут
Каз мурғи шаб, овози дуо меояд

Рамазон чашмаи атои Худо
Моҳи афву гузашту ғуфрон аст
Баҳри гумгаштагон ҳайрон аст
Рамазон раҳнамову раҳгушо

Мохи Шарифи Рамазон ба кулли мардуми мусалмон мубрак бошад.

четверг, 15 декабря 2016 г.

Сабр ахлоқи бузургаст

Сабр ахлоқи бузургаст Сабр дар шариъат маънои нигоҳ доштани нафс дар анҷом додани коре ё дури ҷустан аз коре барои ба даст овардани ризогии Аллоҳ таъолоро дорад. Коре аст, ки анҷом доданаш мушкил аст, аммо дар анҷом доданаш розигии Аллоҳ таъоло ба даст меояд. Пас инсони мусалмон барои ба даст овардани ризогии Парвардигораш дар анҷом додани он сабр мекунад, ба монанди рӯзадори, ки албатта инсони рӯзадор гурусна ва ташна мешавад ва муштоқи обу хурок аст, аммо барои ба даст овардани ризогии Аллоҳ таъоло нафси худро аз обу хурок нигоҳ медорад, Ин сабр дар анҷом додани коре барои ризогии Аллоҳ таъоло аст. Инчунин коре аст, ки нафси инсон талабгори анҷом додани он аст, дар ҳоле ки Аллоҳ таъоло бандагонашро аз он манъ карда аст. Пас инсони мусалмон хоҳиши нафсашро, ки дар анҷом додани он кор аст, барои ба даст овардани ризогии Парвардигораш нигоҳ медорад ва аз анҷом додани он кор худдори мекунад, Ин сабр дар тарк кардани коре барои ризогии Аллоҳ таъоло аст. Аллоҳ таъоло бандагони сабр кунандаашро подошҳои зиёде ваъда дода мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед, сабр кунед ва пойдорӣ ва истиқомат намоед”. Сураи Оли Имрон 200

среда, 23 ноября 2016 г.

Зиндагӣ


Зиндагиро хеле дӯст медорам. Дар масири ҳаёт бо мушкилоти зиёд бархурд мекунем. Аммо маҳз тавассути ин мушкилот мо қави мегардем, иродаамон мустаҳкам, рухамон рушд мекунад . Инсони комилу бошахсият онест, ки ҳама сахтиҳоро чун файзи Худо қабул карда, барои рафъи онҳо чора, роҳ ва тадбир ҷустааст. Мисли оҳане, ки рӯи оташ мегузори бо сузу гудоз шакли худро иваз менамояд, инсон ҳам дар оташи сахтиҳо иродаи худро шакли устувор мебахшад. Ин аст масири зиндаги, ки моро сайқал мебахшад ва барои анҷоми корҳои нав ба нави неки, олиҳиммати ва пешравиҳо илҳом мебахшад. Аз ин cабаб зиндагиро хеле ва хеле дӯст медорам.
Умри одам қиматасту, лек дар бозор нест.
Босамар будан вале дар зиндаги душвор нест
Дар баҳорон рӯзҳо такрор ёбад аз дигар,
Лек умри рафтаро дар зиндаги такрор несст.



среда, 26 октября 2016 г.

Cубҳ ба хайр

      

Худовандо, бо ту ба субҳ расидем ва бо ту ба бегоҳ расидем ва баҳри ту мезием ва баҳри ту мемирем ва бозофариниши мо ба суи туст.
      

    ЭЙ  Худованди  Меҳрубон, Мехрубну  мушкилкушоям  танхо  Ту..
Ҳар   рўзамро ба Ту месупорам, лутфан ноумедии дирўзамро дур кун.
Ба ман кўмак кун то он чиро ки сабаби дарду ранҷам шудааст ва он чи маҳсурам мекунад, раҳоӣ ёбам. Ба ман кўмак кун то дубора шурўъ кунам.
Лутфан ба зиндагиям баракат бибахш ва зеҳнамро рўшан кун.
Худоҷонам! Ба ҳар кас ва ҳар мавқеияте, ки бо он рўбарў мешавам баракат бибахш.
Аз ман инсоне бисоз, ки худат мехоҳӣ, кореро анҷом диҳам, ки Ту мехоҳӣ.
Лутфан ба даруни қалбам нуфуз кун ва ҳамаи хашму дарду ранҷамро дур кун.
Руҳамро ҷоне тоза бибахш ва зеҳнамро озод кун.
Умедваорам маро дар ҳеҷ ҳоле танҳо нагузорӣ ва ба ман кўмак кунӣ, ки муроқиби афкору рафторам бошам ва ин лутфи бекаронатро шомили ҳамаи бандагон қарор диҳӣ.
Худоҷонам! Иштибоҳамро ислоҳ кун, ғаму андўҳамро дур кун.
Парвардигоро! Роҳро нишонам бидеҳ то битавонам сахтихои зиндагиямро токату таҳамул кунам
Ба ман бинише деҳ то тафсироте дар зиндагиям эҷод кунам, лутфан ба назди ман биё ва вазъи зиндагия бохабар бош ва он чи аз тақдири илоҳист ҳамоно беҳтарин дарвозаро баром боз кун чун ки бо андозе ту худ тавоною барҳақ ҳасти..
Эй Худоё
Эй Худо, дастам бигир аз хеш дур афтодаам, 
Дар чаҳони носабурон носабур афтодаам. 
Гарчи умрам дар суроғи нури дониш рафт, рафт, 
Дар миёни тирадилҳо мисли кур афтодаам. 
Шири меҳрам дода мом аз чашмаи сидқу вафо, 
Дар чаҳони худпарасти нозарур афтодаам. 
Руҳи ман умре сари куҳи муҳаббат чой дошт, 
Ҳолиё аз он баланди зери гур афтодаам. 
Илм ботил, қалб ғофил, даст кутаҳ, ақл кур, 
Чор пои маркаб ин буд, аз сутун афтодаам. 
Ташнагии ман дигар аз ишқи покат нашканад, 
Эй Худо, андар раҳи ишқат ғаюр афтодаам.


Худовандо харобу хору зорам, 
Умеди чаннати поки ту дорам. 
Дарин олам махлуке беғам набошад ,
Орзу дорам шави ту ғам барорам. 
Вафову меҳр ба қалби ман ато кун ,
Аз ғами дунё маро худовандо раҳо кун. 
Намозу рузае гузоштаам ба рохат, 
Дар ду олам нигах дор дар панохат. 
Худовандо Худованди ягона, 
Гунахгорам дар ин давру замона .
Намедонам ба чи рох ман равонам, 
Мадад кун то ки ончо дар намонам. 
Умед дорам Худованди бузургам, 
Маро сабрам дихи бар бешу бар кам 
Накардам ман бади асло ба одам, 
Чигар бирёнаму бо дили пур ғам. 
Умед аз рахматат дорам Худованд, 
Нигахбон шав маро дар ҳарду олам.

понедельник, 17 октября 2016 г.

ҲАҚҚИ ВАЛӢ ДАР НИКОҲ

Интихоби шавҳар дар никоҳ ҳаққи мусаллами зан аст ва ҳеҷ каси дигаре ҳақ надорад, то барои зан шавҳар интихоб намуда ва бе иҷозаи вай ўро ба шавҳар дода ва сарнавишти зиндагиашро дар ин бора таъйин намояд.
Чанд нукта:
1. Агар зане бо иҷозаи валии амраш издивоҷ намуд, валии амраш дар ду сурат ҳаққи эътироз ва ботил кардани никоҳро дорад:
Аввал: он, ки шавҳари зан дар мақом ва манзалати худ ҳампояи хонаводаи зан набошад ва агар дар мақом ва манзалати худ ҳампоя бо хонаводаи зан буд ва ё мақом ва манзалати болотар аз хонаводаи зан дошт, барои валии амри зан ҳаққи эътирозе боқӣ намемонад;
Дуввум: он, ки маҳри зан камтар аз маҳри мисл, яъне камтар аз маҳри ҳаммонандҳои он зан бошад, ки дар ин сурат валии амри зан ҳақ дорад, то никоҳро ботил намояд. Вале агар маҳри зан монанди ҳаммонандҳояш ва ё беҳтар аз он бошад, барои валии амри зан ҳаққи ботил намудани никоҳ боқӣ намемонад;
2. Гарчи тавре ки гуфтем, ихтиёри шавҳар ва никоҳ кардан ҳаққи худи зан аст, вале беҳтар он аст, ки худи зан шахсан дар ин кор иқдом накунад, балки ҳамдигарфаҳмӣ бо хостгор ва ақди никоҳро аз тариқи яке аз вобастагон, масалан, падар ва ё бародар ,амаки худ анҷом диҳад.
3. Агар валии амри зан иқдом ба никоҳ додани зан менамояд, бояд мувофиқат ва ризояти занро ба таври ҳатмӣ ба даст биёварад.
а) Агар валии амри зан бе иҷозаи зан ўро ба никоҳ дод, ин никоҳ фосид аст, вале агар баъд аз хабардор шудан, зан иҷоза дод, ҳамон никоҳ сиҳат пайдо мекунад;
б) Агар валии амри зан, занро бе иҷоза ва ризояташ ба никоҳ дод, агар зан бо он никоҳ ризоят надиҳад, тавре ки гуфтем, никоҳ фосид аст ва дар ин сурат зан бояд ба хонаи он шавҳар наравад, зеро ин никоҳ фосид буда ва он шахс барояш шавҳар гуфта намешавад;
в) Гарчи барои падар ва падаркалон ҷоиз аст, ки духтар ва ё набераи хурдсоли худро бе иҷозааш ба шавҳар бидиҳад, вале чунин таҷриба собит кардааст, ки дар оянда чунин издивоҷҳо дар бисёре аз ҳолатҳо сабаби норизоиятӣ ва бадбахтии байни зан ва шавҳар ва ҳатто хонаводаҳои онҳо мегардад, иқдом накардан ба чунин коре беҳтар ва ба маслиҳат наздиктар ва балки айни маслиҳат аст ва чӣ беҳтар, ки қозӣ ва ё олими дине бо назардошти мавқеъияти замон ва макон дар ин мавзўъ мудохила намуда ва дар сурати савобдид, аз чунин издивоҷҳое ҷуз дар ҳолатҳои хоссе, ҷилавгирӣ ба амал оварад;
4. Агар духтари хурдсолро дар ҳолати набудани падар ва ё модар калон, шахси дигаре, масалан: бародар, модар ва ё амак ба никоҳ дод, он духтар баъд аз балоғат расидан, ҳақ дорад чунин никоҳро қабул намуда ва ё ботил намояд.
5. Касоне, ки дар боби никоҳ валии амри зан шумурда мешаванд ба тартиб иборатанд: аз писар, набера (ки писар бошад), падар, модаркалон, бародар, бародарзода (ки писар бошад), амак, писари амак, амаки падар баъд аз он фарзандонаш, ки писар бошанд;
6. Агар касе аз онҳое, ки дар боло зикрашон рафт, вуҷуд надоштанд, валии амраш ба тартиб иборатанд: аз модар, духтар, наберае, ки духтари духтар бошад, хоҳар, фарзандони хоҳар, амма, тағоӣ, хола;
7. Агар валии наздиктар вуҷуд дошта бошад, ҳаққи никоҳ додан бо ў аст ва валии дуртар ҳаққи ба никоҳ додани занро надорад. Масалан, агар падари зан вуҷуд дошта бошад, зан ҳақ надорад, то иқдом ба никоҳ додани зан намояд;
8. Агар валии наздиктари зан ғоиб бошад ва хостгори муносиб интизори омаданашро намекашад, ҳаққи валигӣ ба валии баъдӣ мегузарад. Масалан, агар падари зан ба сафар рафта бошад ва хостгори муносиб ва дилхоҳи зан, то омадани вай интизорӣ накашад, бародари зан метавонад бо мувофиқати зан, ўро ба никоҳ бидиҳад ва падари зан баъд аз хабар ёфтан аз никоҳ, ба ҳеҷ рў ҳаққи ботил намудани онро надорад;
9. Агар валии зан монеъи издивоҷи зан бо хостгор муносиб мегардид, зан ҳақ дорад мавзўъро ба қозӣ ё олими мавриди боварии огоҳе ба умури дин расонида ва аз вай бихоҳад, то ўро ба шахси дилхоҳи вай ба никоҳ бидиҳад ва ҳаққи валигӣ аз дигар валиҳои зан соқит мегардад.
ҲАҚҚИ АСОЛАТ ДАР НИКОҲ
Зане, ки оқила ва болиға бошад, метавонад бо вуҷуди валиҳои амраш худаш асолати (мустақил дар фикр) дар маҷлиси ақди никоҳ ҳозир гардида ва ақди никоҳро иҷро намояд. Масалан, дар маҷлиси ақди никоҳ, ки хостгор ва шоҳидон ҳузур доранд, омада ва барои хостгор бигўяд: «ман, фалонӣ духтари фалонӣ, ки оқила ва болиға мебошам, худро ба никоҳи шумо-фалонӣ фарзанди фалонӣ даровардам, ҷониби муқобил бигўяд: «ман, фалонӣ фарзанди фалонӣ, ки оқил ва болиғ мебошам, шумо фалониро ба ҳамсарии худ қабул кардам».
ҲАҚҚИ ВАКОЛАТ ДАР НИКОҲ
Ҳамон тавре ки зан метавонад худаш шахсан ақди никоҳро анҷом диҳад, ҳамчунон метавонад шахси дигареро аз тарафи худ вакил намояд, то ўро ба никоҳ бидиҳад ва ваколат бар ду навъ аст:
а) Ваколати мутлақ,
б) Ваколати муқайяд.
Ваколати мутлақ ба ин тариқ аст, ки зан шахсеро вакили никоҳи худ намояд ва барояш ихтиёроти комил ва пурра ба ҳеҷ шартеро дар мавзўъи издивоҷи худ таъйин накунад, масалан, барои вакили худ бигўяд: «Шумо аз тарафи ман вакил ҳастед, то маро ба ҳар касе, ки муносиб бидонед, ба никоҳ бидиҳед», ки дар ин сурат, вакил метавонад ўро барои ҳар касе муносиб бидонад, бидиҳад. Баъд аз никоҳ додан, зан ҳаққи эътироз ва ихтиёри ботил намудани никоҳро надорад, магар дар се ҳолат:
1. Он занро худи вакил ба никоҳи худ дароварда ва ё барои падар ва ё фарзанди худ ба никоҳ дода бошад, ки дар ин сурат, агар зан иҷоза диҳад, ақди никоҳ сиҳат пайдо мекунад ва агар иҷоза надиҳад, сиҳат пайдо намекунад;
2. Он, ки занро ба камтар аз маҳри мислаш ба никоҳ дода бошад;
3. Он, ки занро ба касе ба никоҳ дода бошад, ки аз нигоҳи мақом ва манзалат, ҳампоя ва баробар бо хонаводаи зан набошад. Дар ин ду сурати ахир дурустии ақди никоҳ ба мувофиқати зан ва валиҳои умури зан вогузор мешавад. Агар иҷозат доданд, ақди никоҳ сиҳат пайдо мекунад ва агар иҷоза надоданд, дурустӣ пайдо намекунад.
б) Ваколати муқайяд иборат аз он аст, ки зан шахсеро вакил намуда ва аз вай бихоҳад, то ўро бо шароити муайяне ба никоҳ бидиҳад. Масалан, барои шахсе бигўяд: «Шумо аз тарафи ман вакил ҳастед, то маро барои фалонӣ ба никоҳ бидиҳед» ва ё бигўяд: «Шумо аз тарафи ман вакил ҳастед, то маро ба шахсе ба никоҳ бидиҳед, ки дорои чунин ва ё чунон сифатҳо бошад. Масалан, донишҷў, ва ё тоҷир, ва ё аз Қўрғонтеппа ва ё аз Душанбе ё ҳар касеки мавриди хоҳишаш бошад» ва ё бигўяд: «Шумо аз тарафи ман вакил ҳастед, то маро ба никоҳ бидиҳед, вале набояд маҳрам аз ҳазор сомонӣ камтар бошад» ва мисли ин чизҳо.
Дар ҳамаи ин ҳолатҳо вакил бояд ҳамаи он чиро, ки зан гуфтааст, дар ҳангоми ба никоҳ додани вай дар назар дошта ва амалӣ созад ва агар хилофи он кард, ақди никоҳ сиҳат пайдо намекунад, магар он ки мухолифат ба маслиҳати зан бошад. Масалан, агар зан гуфта бошад, маҳрам бояд даҳ ҳазор сомонӣ ё пули роиҷи он давлат бошад ва вакил понздаҳ хазор сомонӣ барояш гирифта бошад, никоҳ бе иҷоза додани зан, дурустӣ пайдо мекунад.
Дар охир инро зикр менамоям,ки никоҳи духтари бокира бидуни иҷозати валиамраш дуруст нест,агар бева бошад боке нест
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН.

понедельник, 26 сентября 2016 г.

Занҳо чигӯна намоз гузоранд?

Занҳо чигӯна намоз гузоранд?
Хоҳаре аз ман савол намудааст,ки ман дар русия мебошам ва тоза аз намоз огоҳ гаштам.Ман дар хонаводаи намозхон ва аз ислом бохабар тарбият наёфтаам.Ман дар донишгоҳи МГУ факултаи иқтисод дар курси 2 юм таҳсил менамоям.Ончи бояд дар намоз бихонам ҳифз кардам вале тарзи гузоштанашро бароям фаҳмонед.Зеро духтарони қафқозиро мебинам тарзи намозгузориашон фарқ мекунад. Хоҳиш мекунам муфассал бароям шарҳ диҳед?
Нахуст бароятон шуръ ба намозро табрик менамоям ва умеди онро дорам зани солеҳа ва намунаи хубе дар таҳсил ва донишгоҳ бошед.Таҳсил кунед ва иқтисоди ватанро ба ваҷҳи накӯ боло бардоред.Адои намоз чунонеки бар мардон фарз аст барои занҳоҳам фарз аст ва намоз ҳаргиз мояи қафо мондаги ва рукуд нест. Балке намоз беҳтарин амалест,ки инсонро ба қуллаҳои ҳаёти пурсамар ва хушбахтии ду дунё шарафёб менамояд.Хуб хоҳари гиромӣ вақте ончи бояд дар дохили намоз бихонед ҳифз намуда бошед ман дар 25 банд тарзи гузоштани намозро барои шумо ва ҳама занҳоеки тоза ба намоз хондан шурӯъ намудаанд баён менамоям.
Адои намози зан монанди намози мард аст, магар дар чанд маврид, ки чигунагии адои намози зан аз адои намози мард фарқ мекунад ва тафсили он ба қарори зер аст:
1.Дар ҳангоми такбири таҳрима (Аллоҳу акбари аввали намоз) мардҳо дастҳои худро то баробари гўшҳо баланд мекунанд ва занҳо баробари шонаҳои худ;
2. Дар рукўъ мардҳо дастҳои худро аз паҳлўҳои худ дур нигоҳ медоранд, вале занҳо бояд дастҳои худро ба паҳлўҳои худ бичаспонанд;
3. Дар саҷда мардҳо дастҳои худро аз паҳлўҳо ва ронҳои худро аз шикам дур нигаҳ медоранд. Вале занҳо бояд дастҳои худро ба паҳлўҳо ва ронҳои худро ба шиками худ бичаспонанд;
4. Дар вакти нишастан, мардҳо қадами пои рости худро рост нигоҳ дошта ва рўйи кафи қадами пои чапи худ менишинанд, вале занҳо бояд ҳарду пои худро аз тарафи рости нишемангоҳи худ хориҷ сохта ва рўйи сурини чапи худ биншинанд;
5. Аврати мард аз зери зону то ба ноф аст, вале аз зан тамоми баданаш, ба ҷуз рўй ва дасташ аврат мебошад ва Имом Абуҳанифа раҳимаҳуллоҳ мегўяд: «Қадами зан низ аврат нест» ва фатво дар мазҳаби ҳанафӣ ва қавли Имом Абуҳанифа (р) аст. Бинобар ин, зан бояд ҳангоми намоз хондан, тамоми бадани худро бипўшонад ва чизе, ки пўшидани он аз бадани зан дар вақти намоз хондан лозим нест, рўй, дастҳо (то банди даст) ва пойҳо (то буҷулак) мебошад;
6. Бараҳна шудани чаҳоряки узве аз аъзои бадани зан, монеъи намозаш мегардад. Ҳамчунин агар аз чандин узв ба андозаи як чаҳоруми (чаҳоряк) як узв бараҳна гардад;
Масалан, агар қадре аз соқи пой, қадре аз бозу ва қадре аз мўи зан бараҳна гардад ва тавре ки агар ҳамаи аъзои бараҳнашуда ба ҳам ҷамъ гардад, ба андозаи чаҳоряки даст (аз банди даст то оринҷ) ва чаҳоряки соқи пояш шавад, намозаш дуруст намегардад;
7. Либоси зан дар ҳангоми намоз хондан, набояд он чунон нозук бошад, ки ҷисмаш аз зери он намоён гардад. Агар чунин нозук бошад, намозаш дуруст намегардад.
8. Зан дар вақти намоз хондан, набояд рўйбанд ба рўи худ бибандад;
9. Агар тифли зан нооромӣ кард, ҷоиз аст, ки модар ва ё хоҳараш ва ё ҳар зани дигаре онро ҳангоми намоз хондан бо худ бардорад, вале дар вақти рукўъ ва саҷда, бояд ўро ба замин бигузорад;
10. Либоси зан дар вақти рафтан ба масҷид бояд либоси оддӣ бошад ва ҷалби таваҷҷўҳ нанамояд. Чунончи, набояд худро атр зада ва ё ороиш намояд. Вале агар зане дар ҳолати муъаттар будан ва ё ороиш дар масҷид намоз бихонад, гарчи ин амал макрўҳ аст, вале намозаш дуруст мегардад;
11. Агар зан дар хона дар ҳоли ороишӣ ва хушбўй будан, намоз бихонад, боке надошта ва намозаш бекароҳат ҷоиз аст;
12. Занҳо танҳо бо ҳам ҷамоъат карда, намоз бихонанд, макрўҳ аст, вале чунин коре агар карданд, имоми онҳо бояд дар байни саф биистад ва фақат қадамаш ё аз занҳои дигар пештар бошад (бояд гуфт, ки намоз хондани занҳо ба ҷамоъат, дар мазҳабҳои дигар кароҳат надорад);
13. Намоз хондани зан дар хона аз намоз хонданаш бо мардҳо дар масҷид беҳтар аст. Бо ин ҳам намоз хонданаш дар масҷид бо мардҳо раво аст;
14. Зан ҳангоми рафтан ба масҷид бояд аз шавҳараш иҷоза бигирад ва агар шавҳараш барояш гуфта буд, ки: «ҳар вақт хостӣ метавонӣ ба масҷид биравӣ», иҷоза гирифтани дигаре ба мақсади рафтан ба масҷид, зарурат надорад ва ҳар вақт ки хоста бошад, метавонад ба масҷид рафта ва намоз бихонад;
15. Агар зан аз шавҳараш ба ҷиҳати рафтан ба масҷид, иҷоза мехоҳад, набояд шавҳараш аз рафтан ба масҷид манъаш 
намояд, магар он ки сабаби ваҷҳи шаръӣ вуҷуд дошта бошад;
16. Бояд нияти зан рафтан ба масҷид, адои ибодат ва наздикӣ ҷўстан ба Худованд ҷалла ҷалолуҳу бошад. Агар қасдаш шўҳрат ва ё гап задан ба занҳои дигар ва ё вақтгузаронӣ бошад, аз масҷид рафтан барояш савобе нест ва нарафтанаш ба масҷид хеле беҳтар аст;
17. Сафи занҳо бояд баъд аз сафи мардҳо қарор дошта бошад;
18. Агар зан ва мард паҳлўи ҳам дар як саф қарор гирифтанд, намози мард фосид мегардад, вале назар ба анбўҳи зиёде, ки дар Макка ва Мадина дар айёми Ҳаҷ ва моҳи Pамазон вуҷуд дорад, аз рўи зарурат ва ғайриқасдӣ агар зан ва мард дар як саф паҳлўҳи ҳам қарор гирифтанд, барояш боке нахоҳад дошт ва бо ин ҳам бикўшанд, ки ҷисмашон бо ҳам дигар нарасад;
19. Агар мард ба зан иқтидо намуд, намози мард фосид мегардад;
20. Намози ҷумъа бар зан фарз нест, балки фарзаш ҳамон намози пешин аст. Ба ин ҳам, агар намози ҷумъаро бо мардҳо адо намуд, намози пешин аз вай соқит мегардад;
21. Агарчи намози ид бар зан воҷиб нест, агар монеае вуҷуд надошта бошад, беҳтар аст волиҳои зан (яъне шавҳар, падар бародар ва амсоли инҳо) занҳоро бо худ ба намози ид бибаранд зеро паёмбари Худо (с) тавсия мекарданд, ки занҳо ба намози ид бираванд;
22. Ҳангоми рафтан ба идҳо, занҳо ҳам бояд оҳиста такбир бигўянд: «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа ил-лаллоҳу, Аллоҳу акбар, Алоҳу акбар, ва лиллоҳил ҳамд»; Дар ривоятҳои дигар се маротибаҳам дар оғоз Аллоҳу акбарҳам омадааст,ҳардуҳам дуруст аст.
23. Намоз хондан дар дохили гармоба ва дар ҷои бастани ҳайвонот ё оғил макрўҳ аст ва ҳатто дар назди баъзе уламо ҳаром аст;
24. Зани ҳомила метавонад дар ҳолати рукўъ ва суҷуд ва қуъуд ва ҳар шакле, ки барояш муяссар бошад ва зараре бар худ ва бачаи дар батн доштааш нарасад, адо намояд;
25. Дар ҳолати сафар, агар шавҳари зан дар ҷое нияти иқомат намуд, зан ба пайравии аз шавҳараш муқим гуфта мешавад ва ба нияти ҷудогонае зарурат надорад.
Умед аст фаҳмида бошед !
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

суббота, 10 сентября 2016 г.



Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон.
 Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
 Ҳамаи Шуморо ҳамватанони азизу муътабар ва дар симои Шумо аҳли пайвандонатонро бо фарорасии Иди Саъиди "ҚУРБОН" муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди Маннон саломати, имони комил,  тани сиҳат,
тенҷию аммони ватан ва саодатмандиро таманно дорам.
Аллоҳ кунад ки ба эҳтиром ва бо шарофати ибодоти мусалмонон дар ин рузи муқаддас оқибати кори мо мусалмононро ба хайр гардонад. Пархезгору боимону поквиҷдон ва аҳли тақво созад.  Муҳаббату самимиятро дар миёни мо мусалмонон тақвият бахшад.
Аз Аллоҳи Раҳмон, Раҳим ва Ғаффор пурсонем, ки  гуноҳони мо ва падарону модаронамон ва тамоми мусалмононро авф ва махфират кунад.
Ва моро аз қатори беҳтаринҳо ва дар Ҷаннатул-Фирдавс ба дидори Худаш муяссар гардонад.
 Ид муборак бошад!

четверг, 8 сентября 2016 г.

25 СОЛАГИИ ИСТИКЛОЛИЯТ МУБОРАК


Дар давоми бисту панҷ соли истиқлолият бо сарварии окилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо  таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву  созандагӣ шурўъ намудем; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти  коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба  самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем; ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву  иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро  пайгирона амалӣ карда истодаем.
              Дар ин рузи фируз,  хамаи Шуморо хамватанони азизу мехрубон бо Чашни пуршукухи 25-умин  солгарди Истиклолияти Давлатии Чумхурии Точикистон табрику  тахнияти фаровон гуфта, бароятон саломативу сарбаланди ва дар кору фаъолияти пурсамаратон дар хоричи кишвар неруи тоза ва комёбихои нав орзумандам.
Бигузор, Чашни истиклолият  ба кишвари мо шукуфои ва пешравии хамачониба ва ба мардуми шарифи Точикистон саодату пирузии комил оварад.
Ба ҷуз меҳрат таманное надорам, Тоҷикистонам.
Умедам, орзуям, ифтихорам, Тоҷикистонам.
Агар тақвими умрам сафҳаи таърихи сахтат нест,
Надорад тозагие рӯзгорам, Тоҷикистонам.
Агар дил як нафас ба ёди фардои ту мемонад,
Варо аз синаи худ мебарорам, Тоҷикистонам.
Агар аз фикри фирӯзии ту тоҷам ба сар набвад,
Ба гардун сар кашам, беифтихорам, Тоҷикистонам.
Наям булбул, ки танҳо мадҳи наврӯзи туро хонам,
Ки бе ту ҳар куҷое бебаҳорам, Тоҷикистонам.
Агар хокам, агар афлок, як гарди ту мебошам,
Чи миннат, гар ба поят саҷда орам, Тоҷикистонам?
Ба ёдат дар ғарибӣ чашмаҳоро хоб медидам,
Шарики модари чашминтизорам, Тоҷикистонам.
Барои ман ту беш аз хонадони нестӣ, ҳаргиз:
Бадахшонам, Зарафшонам, Ҳисорам, Тоҷикистонам.
Ба ту пайванди ман то ҷовидон сарсабз хоҳад буд,
Чу мерӯяд гиёҳат бар мазорам, Тоҷикистонам.

РУСТАМИ ВАҲҲОБ

среда, 17 августа 2016 г.

ЗАН


Хусни зан дар покии домони
уст .
Зеби зан дар сузи ишку
зиннати
вичдони уст.
Хонае бе зан ба чашми мард
ба чуз
вайрона нест.
Хастии зан хонаи ободу
фарзандони
уст.
Гарм месозад чамолаш хонаи
дилро
агар.
Гармии огуши зан аз покии
имони
уст.
Мисли гул руяш шукуфад чун
бубинад
дустро.
Сурхии рухсори зан дар
чехраи
хандони уст.(?)

понедельник, 8 августа 2016 г.



Суб[ ба хайр эй рeзи нек аз суб[идам,
Суб[ ба хайр эй сарзамини нозанин.
Суб[ ба хайр эй дустони  ме[рубон,
Суб[ ба хайр эй пиру барнои замон.
Суб[ ба хайр эй [амватан дур аз Ватан.
Суб[ ба хайр эй мардуми Тоxик сухан.
Суб[ ба хайр эй Модарону хо[арон.
Суб[ ба хайр сомонаи озодагону  дустон

среда, 3 августа 2016 г.

Иффат чист ва афифа кист?

- Ба номи Худованди бисёр бахшанда ва ниҳоят меҳрубон.
- Ба номи Офаридгори бораҳми бахшандаи гуноҳон.
- Ба номи Холиқи замину осмонҳо ва ҳама махлуқоту мавҷудот.
Инсонияти офаридашуда, ки сифати махлуқӣ дорад аз рӯи ҷаҳлу нодонӣ муртакиби гуноҳони гуногун мегардад ва бар ҷони худ ва ҳамнавъонаш ҷабр мекунад ва чун бо омӯзиши илм ва шунидани мавъизаҳои ҳасана ҳақиқатро дармеёбад ва Офаридгор ва маъбуди ҳақиқии сазовори парастишро мешиносад ба Ӯ имон меорад ва аз амалҳои носавоб ва кардаҳои норавояш пушаймонӣ карда иффату покдоманиро ихтиёр мекунад ва аз Ӯ таъоло афву бахшиш мехоҳад. Ҳамин чиз сабаб мегардад ва Худои меҳрубон ӯро бо вуҷуди ин ҳама гуноҳонаш мебахшад ва дар раҳматаш қарор медиҳад.

Ин ҷо мехоҳам дар мавриди маъно ва мафҳуми калимаҳои «иффат» ва «афифа» аз нигоҳи луғат ва дар истилоҳи шаръ маълумотҳоро пешкаш намоям то хонандаи гиромӣ ҳангоми бархӯрдаш бо чунин вожаҳо мушкилӣ накашад ва ин калимаҳо барояш фаҳмо бошанд.

«Иффат» ва «афифа» калимаҳои арабӣ буда дар луғат ба маънои покдоманӣ ва бошарму ҳаё будан истифода мегарданд ва аммо дар истилоҳи шаръ ба маънои бозистодан аз истифодаи чизҳои номашрӯъ ва манъ шудан аз анҷоми амалҳое, ки шариъати ислом онҳоро ҳаром ҳукм намудааст меоянд.

Дар бисёре аз фармудаҳои Паёмбари Худо (с) мебинем, ки ӯ дуъо намуда аз Худованд «афоф» (порсо, покдоман, хоксор) буданро хостааст ва ин худ далели возеҳ ва равшан аст барои ҳар мусулмони уммати он хайруланом, ки ин суннат ва ин равишро пайравӣ кунад.
«Афоф» будан яке аз аслҳои муҳим дар дини ислом ба шумор меравад. Масалан Ҳирақл подшоҳи Ҳабаша аз Абӯсуфён қабл аз ислом оварданаш, вақте ба Ҳабаша сафар карда буд дар мавриди Муҳаммад (с) ва фармудаҳояш пурсон шуд ва Абӯсуфён мазмуни ҳадиси дар саҳеҳайн бо лафзи Бухорӣ омадаро гуфт, ки Муҳаммад (с) мегӯяд: «Худованди ягонаро ибодат кунед ва ба Ӯ касе ва чизеро шарик наёваред. Он чизҳоеро, ки аз падарон ва гузаштагонатон ба шумо расидааст ва бо фармудаҳои Худои Ягона мухолифат дорад тарк кунед. Ӯ пайравонашро ба гузоридани намоз ва додани закот ва ростгӯйӣ ва покдоманӣ ва силаи раҳим (алоқа ба хешу табор ва меҳру мӯҳаббат ба онҳо) амр менамояд.»

Қисмҳои иффат ва покдоманӣ:

Имом Моварди дар китоби «Адаби дунё ва дин» оварда, ки «иффат» бар ду навъ аст:
Якум: Иффат аз ҳаромшудаҳо.
Дуввум: Иффат аз гуноҳон.

Иффат аз ҳаромшудаҳо низ бар ду навъ аст:
Якум: Нигоҳ доштани шармгоҳ аз ҳаром, яъне худро аз зино дур нигаҳ доштан.
Дуввум: Нигоҳ доштани забон аз резонидани обурӯйи дигарон.
а- Нигоҳ доштани шармгоҳ аз ҳаром:
Албатта, «нигоҳ доштани шармгоҳ аз ҳаром», ин дурӣ гузидан ва наздик нашудан ба зино аст. Бояд дар хотир дошт, ки наздикӣ бо ин амали паст ва ахлоқзудо хеле оқибатҳои шум дорад, зеро ба Офаридгори башарият беҳтар маълум аст, ки кадом чиз ба нафъи инсон ва кадом чиз бар зарари ӯст. Аз ин хотир Худои Субҳон дар китоби роҳнамои башарият Қуръони карим ба бандагонаш дастур дода фармудааст:
«Ва ба зино наздик машавед, зеро он кори зишт ва шевае нописанд бошад.»
(Сураи Исро, 32)
Зино аз бузургтарин офатҳоест, ки дар ҷомеъа ва фард-фарди он асар мегузорад ва он ҳам ба сабабҳои зерин:
1. Зино сабабгори омезиш ва омехташавии насабҳо ва ривоҷ ёфтани фасодии ахлоқ ва пайдо гаштани касалҳои илоҷнопазир ва бесӯботию ноамнӣ дар ҷомеа мегардад.
2. Зино пайдокунанда ва нашркунандаи касалии сузок, спид ва дигарҳо, ки аз тарафи мутахассисони соҳаи тиб ба номҳои гуногун номгузорӣ шудаанд ва дар умум вабои аср ном гирифтаанд мебошад.
3. Инчунин дар бисёр мавридҳо зино сабабгори хусумат ва ҳалок гаштани инсонҳо мегардад.
4. Бештар ҳодисаҳои ба ин амали номашрӯъ, зишт ва дур аз арзишҳои олии инсонӣ даст задан дар байни ҷавонон рух медиҳад ва ба ин шакл ҷавонони миллат, ки ояндасоз ва бозӯи неруманди ҷомеа ва ҳар миллат ба ҳисоб мераванд ва пойдевори иқтисод ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ба онҳо тааллуқ мегирад ба ҷиноятҳои бузург, аз қабили: қатл, таҷовуз, хиёнат, дуздӣ ва ғайра рӯ ба рӯ мегарданд.
Ҳар миллатеро, ки ҳоли ҷавононаш чунин бошад он миллат аз ҳама гуна тараққию пешрафт боз мемонад ва гарданбастаи дигар миллатҳои мутамаддин гашта ҳуввият ва асолати хешро аз даст медиҳад ва дар сурати ба ислоҳот рӯ наовардан ба ҳадди фано расида аз байн меравад.
Ба ҳамин хотир шариъати Ислом, ки дини илоҳист ва ободию оромӣ ва осудахотирии ҷомеаро мехоҳад пайравонашро аз зино ва аз ҳар амале, ки сабабгори он мешавад манъ мекунад.
Албатта, оқибатҳои зино аз нигоҳи шаръ муъаян гардидааст ва шахсони муртакиби ин гуноҳи кабираро лозим аст тавбаи Насӯҳ, яъне тавбаи қатъӣ, самимӣ ва аҳди дигар ба ин гуноҳ барнагаштанро бо Худо (ҷ) дошта бошанд ва ба ин сурат умед аст, ки мавриди мағфирати Худои Раҳмону Раҳим қарор бигиранд ва илло талхӣ ва сахтии ҷон доданро қабл аз марг ва шиддату даҳшати қабр ва азобу шиканҷа ва гирифтории дӯзахро баъд аз марг метавонанд интизор бошанд.
Аммо дар зиндагии ин дунё бошад шахсони ба ин мараз гирифторро беобрӯгии дар хонадон, қавму маҳал ва хорию беиззатии байни мардум ва мубталошавӣ ба бемориҳои музмини илоҷнопазир ба ҳамроҳ аст. Далел ба ин гуфтаҳо рӯйдодҳою мушоҳидаҳо ва хабарҳои дар рӯзнома, маҷалла, китобҳо, расонаҳои хабарӣ, садову симо ва сайтҳои интернетӣ ба табъ расида ва пахш мегашта ҳастанд, ки қариб ҳамарӯза ба чашм мехӯранд.
б- Нигоҳ доштани забон аз резонидани обурӯйи дигарон:
Шахсияти мусулмонро шоиста нест, ки обурӯйи дигар мусулмонро бо кадом роҳе, ки набошад бирезонад, зеро ин амали нописанд ногувориҳои мудҳишеро дар пай дорад ва ҳамчунин шояд оқибат ба интиқомгирӣ ва хунрезиҳо оварда расонад. Шахсияти мусулмонро лозим аст, ки аз анҷоми чунин амалҳои нораво дурӣ биҷӯяд.
Расули акрам (с) дар «Ҳаҷҷату-л-видоъ», ки охирин ҳаҷҷи анҷом додаи Расули Худо (с) аст ва дар мавсими ҳаҷҷи он сола теъдоди ҳоҷиён ба шаҳодати ривоятҳои таърихӣ беш аз 100 000 ҳазор нафар будааст хутбае эрод намуда ва дар қисмате аз он хутба ба ин мазмун фармудааст: «Ҳаройина хунҳои шумо, молҳои шумо ва обурӯйи шумо миёни якдигаратон ҳаром аст, ба мисли ҳаром будани ин рӯз ва дар ин моҳ ва дар ин шаҳр...». Аз мафҳуми ҳадиси фармудаи Расули акрам (с) чунин бармеояд, ки обурӯйи фарди мусулмон ба мисли хунаш арзиш дорад ва моро лозим аст, ки дар ин маврид бисёр боэҳтиёт бошем то Худо нахоста ба иззати нафси касе нарасем ва обурӯйи касеро аз байн набарем, ки дар ин сурат ҳам мавриди хусумат қарор гирифтаем ва ҳамчунин фармудаи Расули Худоро нофармонӣ карда дар маърази хатари азоби охират қарор дорем.
Иффат аз гуноҳон низ бар ду навъ аст:
Якум: Даст нигаҳ доштан аз зулми ошкоро.

Дуввум: Дурӣ аз хиёнат.

а- Зулми ошкор метавон онро гуфт, ки масалан шахс қодир аст ҷиноятеро ошкоро анҷом медиҳад ва саркашу қонуншикан буданашро бар ҳамагон маълум менамояд ва гӯё бо ин амалаш эълон медорад, ки ман чунин қудрат дорам ва аз ҳеҷ кас ҳарос надорам ва ин қонунбандӣ барои ман дахл надорад. Алатта, чунин шахс метавонад соҳибмансаб ва ё фарзанду хешу табори ӯ бошад ва ё сарватманду соҳибқудратест, ки дар он минтақа аз дасташ ҳар кор меояд ва бо ҳар каси зердасту бепуштибон чӣ гуна муомилаеро, ки хоҳад анҷом медиҳад ва қудратнамоӣ мекунад. Бояд гуфт, ки ин гуна ашхосро лозим аст ба худ биёянд ва аз чунин амалҳои номатлуб ва нораво даст бикашанд ва аз таърихи гузаштагон ибрат бигиранд ва дар хотир дошта бошанд, ки онҳо ба таври ҳамеша соҳибмансаб ва соҳибқудрату тавонманд буда наметавонанд ва бидонанд, ки Расули Худо (с) дар ҳадисе ба ин мазмун фармудааст: «Иттақу зулма фаинна зулма зулумотун явмал қиёмати», яъне: «Аз зулм кардан бипарҳезед, зеро зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст». Ва инчунин аз бузургон дар хабарҳо омадааст, ки фармудаанд: Оқибати зулм нестӣ ва барбодшавӣ аст.

б- Хиёнат кардан кор ва амале нест, ки касе онро дӯст дорад ва ё шахс бихоҳад бо хоҳиш ва ҳавас ин амали номатлубро анҷом бидиҳад, вале шахс дар баъзе ҳолатҳо ба сабаби вуқӯи дар гирифториҳо ва роҳгумзаданҳо мудирият ва контроли худро аз даст медиҳад ва бо далел оварданҳои гуногун худро бовар мекунонад, ки ночор аст ин хиёнатро анҷом бидиҳад. Бо вуҷуди ин ҳам хиёнат кардан ба ҳар шаклу гунае, ки бошад қабеҳ, нописанд, номақбул ва мардуд аст, зеро оқибаташ хорӣ ва зиллат мебошад. Чуноне, ки гуфтаанд: Шахси хиёнаткор дар дунё хору залил ва дар қиёмат шармандаву хиҷил аст.

Иффат аз тамаъ ва гадоӣ аз мардум:

Дини ислом каромат ва ҳайсияти мусулмонро боло бурда ҳамеша ӯро барои ҳифзи обурӯяш талқин менамояд ва ӯро аз сарпастию хорӣ дар назди дигарон манъ намуда аз талбандагӣ ва садақа пурсидан боз доштааст ва барои касе, ки бе узри маъюбӣ ва ё маҳрумии аз чашму дасту пой ва ё пирону барҷомондагоне, ки дар ҳақиқат мӯҳтоҷи кӯмаку дастгирии дигаронанд, ин корро барои дигарҳо ҳаром намудааст. Ва шариъати ислом барои ҳамон мӯҳтоҷони соҳибузр ҳам ба андозаи мояҳтоҷи зиндагӣ ва қути лоямуташон пурсиданро иҷозат дода ва аз касб қарор додани талбандагӣ манъ намудааст, зеро дар хабар омадааст, ки шахсе дарвозаи талбиданро барои худ боз кунад Худованд дарвозаи фақр ва нодориро бар рӯйи он шахс мекушояд.
Дар ҳадисе Расули акрам (с) ба ин мазмун фармудааст: «Вақте пурсидан ва ё талабидан хостӣ аз Аллоҳ бипурс ва ҳамчунин агар кӯмаке ҳам хостӣ аз Аллоҳ бихоҳ». Боз Расули акрам (с) дар ҷои дигар ба ин мазмун фармудаанд: «Барои мӯъмин шоиста нест, ки худашро хору зор намояд».
Фуқаҳо мефармоянд: Агар ҳолате пеш ояд, ки шахси солими ночормонда дар сурати наталбидан ва аз касе чизе нахостан шояд аз гуруснагӣ бимирад дар ин ҳолат зарур аст, ки барои наҷоти ҷонаш ҳатман чизе бипурсад то ҷонашро бираҳонад, вале боз ҳам худро ҳангоми пурсидан ва ё талбидан зиёд хор накунад, чунки шахсияти мусулмонро лозим аст иззат ва шарафашро дар ҳар сурат ҳифз намояд.

Баъзе иршодот ва роҳбурдҳои иффат:

Расули акрам (с) иршод фармудаанд, ки яке аз роҳҳои афиф ва покдоман мондани зану мард ин изивоҷ аст. Дар сурати имконияти издивоҷро надоштан ва ё муҳаё набудани шароити издивоҷ ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ва инчунин мардону занони бо сабабе аз сабабҳо, монанди: фавтидани яке аз зану шавҳар, ҷудо гаштанашон бо вуқӯи талоқ, мафқуд шудани шавҳар ва дигар ҳолатҳое, ки ба беҳамсар монданашон сабаб мегардад, Расули акрам(с) барои шикастани ғалаёни шаҳват онҳоро ба рӯза доштан амр намуда ва рӯзадориро виқоя ва парда гуфтааст.
Ва яке аз дигар роҳҳои покдоман ва боиффат гаштани мардум бошарму боҳаё шудани он мардум аст. Шарму ҳаё паноҳгоҳи мустаҳкамест барои марду зани мусулмон ва агар он аз байн биравад иффати марду зани мусулмон низ аз байн хоҳад рафт.
Ва ҳамчунин ба таври мудовим омехтагии мардону занон ва мушоҳидаи манзараҳои хориҷ аз доираи дину адаб ва инчунин истифодаи алфози фаҳшу носазо ҳам шарму ҳаёро коста мегардонад ва ба пастахлоқӣ ва беиффатӣ мебарад. Шарму ҳаё ин фазилату некӯист, ки инсон бо доштани он соҳиби иззату шараф мебошад ва бидуни он бешараф ва беарзиш мегардад. Мавдудӣ мегӯяд: «Ҳаё дар ислом ин имон доштан ва эҳсоси шарму хиҷолатест, ки инсон дар ҳоли майл намудан ба кори бад онро ҳис мекунад». Ҳаё яке аз нишонаҳои имондорӣ аст. Паёмбари акрам (с) дар як ҳадиси муборакашон ба ин мазмун фармуданд: «Аз Худованд тавре ҳаё кунед, ки сазовори Ӯст». Ёрони Расули Худо (с) гуфтанд: Эй Паёмбари Худо, албатта, мо дар баробари Худои Субҳон ҳаё карда Ӯро шукру сипос мегӯем. Паёмбар (с) ба ин мазмун фармуд:
«Бояд бидонед, ки ҳаё доштан аз Худованд ба таври матлуб ин аст, ки саратро аз хаёлоти ботил ва батнро аз ғизои ҳаром нигаҳ дорӣ ва маргро мудом ба ёд орӣ. Шахсе, ки чунин бошад, дар ҳақиқат аз Худованд тавре, ки сазовор аст ҳаё кардааст».
Паёмбари акрам (с) дар ҷои дигар боз насиҳат карда ба ин мазмун фармудаанд: «Агар ҳаё надорӣ, пас ҳар кореро, ки мехоҳӣ анҷом деҳ ». Шайх Абдуллоҳ ибни Зайд оли Маҳмуд мегӯяд: «Агар хоҳӣ, ки зиёни аз байн рафтани ҳаёро донӣ, пас ба баъзе аз кишварҳое, ки мардумонаш шарму ҳаёро тарк намуда беиффатиро ихтиёр кардаанд назар андоз, то бубинӣ, ки чӣ гуна ахлоқу одоби онҳо фосид шуда, табиъаташон дигаргун ва вазъашон нобасомон гаштааст».
Ва яке аз дигар роҳҳои покдоман ва боиффат мондани марду зани мусулмон дурӣ ва канорагирӣ аз ҳамнишини бад ва ихтиёри дӯсти муносиб аст. Паёмбар (с) дар ҳадисе ба ин мазмун фармудаанд: «Инсон бар дини дӯсташ аст, пас ҳар яки шумо бояд дар назар бигирад, ки киро дӯст мегирад». Ва дар ривоятҳо ба ин мазмун омада, ки мисоли ҳамнишини нек ва ҳамнишини бад ба мисли дӯст гирифтани хушбӯйифурӯш ва оҳангар аст. Хушбӯйифурӯш, ки бўйи мушку анбар мекунад ҳам аз хушбӯйиҳояш мехарӣ ва ҳам аз бўйи хуши ҳамроҳаш буда, ки ба ту мерасад лаззат мебарӣ. Аммо аз дӯсти оҳангарат ё аз оташи кориаш дасту либосат месӯзад ва ё аз бӯйи дуду оташи ангишт ва чакчаки гӯшхароши бархурди асбобҳои оҳангарӣ ба чизҳои сохтамешуда хотират нохуш ва нафасгир мегардӣ.
Ва инчунин яке аз дигар роҳҳои покдоманию боиффатӣ дурӣ ва парҳез аз дӯстии миёни марду зани номаҳрам аст. Дӯстию муҳаббати машрӯъ ин дӯстии байни зану шавҳар аст, аммо муҳаббати марди бегона мардуд ва он натиҷаи нофармонии Худо аст.
Шахси боиффат дар зери Арши Аллоҳ қарор мегирад:
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) ба ин мазмун фармуд: "Ҳафт нафарест, ки дар рӯзе, ки сояе ба ҷуз сояи Арши Аллоҳ дигар сояе вуҷуд надорад дар зери сояи Арши Аллоҳ қарор хоҳанд гирифт: Подшоҳи одил ва ҷавоне, ки дар ибодати Аллоҳ тарбият ёфта бошад ва марде, ки дилаш ҳамеша ба рафтани масҷид мойил ва муаллақ аст ва ду марде, ки якдигарро аз барои Худо дӯст доранд ва дӯстию душманиашон танҳо барои дарёфти ризои Худо бошад ва марде, ки ӯро зани соҳиби мансаб ва ҷамол ба сӯяш (барои анҷоми амали номашрӯъи зино) фаро хонад ва ин мард бигӯяд ман аз Худо метарсам ва марде, ки чунон пинҳон садақа кунад, ки дасти чапаш надонад, ки дасти росташ чӣ садақа кардааст ва марде, ки Худовандро дар танҳогӣ ба ёд орад ва чашмонаш (аз тарси Худо) пур аз ашк гарданд.»

Иффат ва покдоманӣ нест:
1- Агар бозистодан ва манъ шудан аз анҷоми амали номашрӯъ ба хотири зиёд интизорӣ кашидан бошад.
2- Агар бозистодан ва манъ шудан аз анҷоми амали номашрӯъ барои он бошад, ки тарафи муқобил дар ин маврид бо ӯ мувофиқат намекунад.
3- Агар бозистодан ва манъ шудан аз анҷоми амали номашрӯъ барои он бошад, ки худи шахс рағбат ва ҳавас надошта бошад.
4- Агар бозистодан ва манъ шудан аз анҷоми амали номашрӯъ барои он бошад, ки дар ин дунё аз оқибат ва ояндаи ин амалаш тарсад.
5- Агар бозистодан ва манъ шудан аз хӯрданӣ ва нӯшидании номашрӯъ барои он бошад, ки духтур ва ё табиб нӯшидан ва ё хӯрдани он чизро барояш манъ кардааст.
6- Агар бозистодан ва манъ шудан аз анҷоми амали номашрӯъ барои он бошад, ки намедонад он чӣ қадар вақтро мегирад.
Ин шаш мавриде, ки дар боло зикр гардид ҳаргиз ба иффат ва покдомании шахс далолат намекунанд, зеро ҳар кадом сабабҳо доранд.

Иффати комил:

Инсон иффати комил ва ҳақиқиро ба даст меорад:

- Агар дасту дили пок, забони покгӯ ва гӯши покшунав дошта ва покназар бошад.
- Агар аз забонаш беҳудагӯӣ, шухию мазоқҳои бемаънӣ, таҷассусу ғайбат ва бӯҳтонзанӣ ва суханчинию лақабгузориҳоро дур карда ва чашмонашро аз ҳаромкардаҳои Худованд бибандад.
- Агар гӯшҳояшро аз ношуниданиҳо, носазогӯиҳо ва калимоти беҳуда ба дур нигоҳ дорад.
Хулосаи калом агар шахси мӯъмин аз амру фармонҳои Худо (ҷ) ва паёмбараш Муҳаммад (с) итоат намуда ва аз манҳиёт ва манънамудаҳои онҳо худро ба дур нигоҳ дорад, ҳатман «иффати комил ва ҳақиқиро» ба даст меорад.

Фоидаҳои иффат:

1- Иффат самараи динҳои осмонӣ буда имон ва боварии комил мебахшад.
2- Иффат аъзои баданро аз ҳаромкардаҳои Худованд пок намуда онро ба анҷоми амалҳое, ки барои он офарида шудааст машғул месозад.
3- Иффат иззат ва шарафи дунё ва сарбаландию лаззатбарӣ аз неъматҳои охиратро ба бор меорад.
4- Иффат оромию суботи ҷомеъаро таъмин намуда онро аз маъсияту нопокиҳо наҷот мебахшад.
5- Иффат камоли ақл ва покии нафсро нишон медиҳад.
Хонандаи гиромӣ умед аст бо истифода аз ин мақола барои ба даст овардани «иффати комил ва ҳақиқӣ» якҷоя кӯшиш ба харҷ медиҳем ва ҷомеаамонро ҷомеаи соҳибиффат ва поктинату беҳтарин ҷомеъаҳои дунё мегардонем. Бояд дар хотир дошта бошем, ки дар домони модарони покахлоқ фарзандони покхислат ба воя расида ва пешкаши ҷомеъа мегарданд ва аз ҷомеаи покон нухбагону рушанфикрон ва абармардони замон ба вуҷуд хоҳанд омад.
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН