среда, 17 августа 2016 г.

ЗАН


Хусни зан дар покии домони
уст .
Зеби зан дар сузи ишку
зиннати
вичдони уст.
Хонае бе зан ба чашми мард
ба чуз
вайрона нест.
Хастии зан хонаи ободу
фарзандони
уст.
Гарм месозад чамолаш хонаи
дилро
агар.
Гармии огуши зан аз покии
имони
уст.
Мисли гул руяш шукуфад чун
бубинад
дустро.
Сурхии рухсори зан дар
чехраи
хандони уст.(?)

понедельник, 8 августа 2016 г.



Суб[ ба хайр эй рeзи нек аз суб[идам,
Суб[ ба хайр эй сарзамини нозанин.
Суб[ ба хайр эй дустони  ме[рубон,
Суб[ ба хайр эй пиру барнои замон.
Суб[ ба хайр эй [амватан дур аз Ватан.
Суб[ ба хайр эй мардуми Тоxик сухан.
Суб[ ба хайр эй Модарону хо[арон.
Суб[ ба хайр сомонаи озодагону  дустон

среда, 3 августа 2016 г.

Иффат чист ва афифа кист?

- Ба номи Худованди бисёр бахшанда ва ниҳоят меҳрубон.
- Ба номи Офаридгори бораҳми бахшандаи гуноҳон.
- Ба номи Холиқи замину осмонҳо ва ҳама махлуқоту мавҷудот.
Инсонияти офаридашуда, ки сифати махлуқӣ дорад аз рӯи ҷаҳлу нодонӣ муртакиби гуноҳони гуногун мегардад ва бар ҷони худ ва ҳамнавъонаш ҷабр мекунад ва чун бо омӯзиши илм ва шунидани мавъизаҳои ҳасана ҳақиқатро дармеёбад ва Офаридгор ва маъбуди ҳақиқии сазовори парастишро мешиносад ба Ӯ имон меорад ва аз амалҳои носавоб ва кардаҳои норавояш пушаймонӣ карда иффату покдоманиро ихтиёр мекунад ва аз Ӯ таъоло афву бахшиш мехоҳад. Ҳамин чиз сабаб мегардад ва Худои меҳрубон ӯро бо вуҷуди ин ҳама гуноҳонаш мебахшад ва дар раҳматаш қарор медиҳад.

Ин ҷо мехоҳам дар мавриди маъно ва мафҳуми калимаҳои «иффат» ва «афифа» аз нигоҳи луғат ва дар истилоҳи шаръ маълумотҳоро пешкаш намоям то хонандаи гиромӣ ҳангоми бархӯрдаш бо чунин вожаҳо мушкилӣ накашад ва ин калимаҳо барояш фаҳмо бошанд.

«Иффат» ва «афифа» калимаҳои арабӣ буда дар луғат ба маънои покдоманӣ ва бошарму ҳаё будан истифода мегарданд ва аммо дар истилоҳи шаръ ба маънои бозистодан аз истифодаи чизҳои номашрӯъ ва манъ шудан аз анҷоми амалҳое, ки шариъати ислом онҳоро ҳаром ҳукм намудааст меоянд.

Дар бисёре аз фармудаҳои Паёмбари Худо (с) мебинем, ки ӯ дуъо намуда аз Худованд «афоф» (порсо, покдоман, хоксор) буданро хостааст ва ин худ далели возеҳ ва равшан аст барои ҳар мусулмони уммати он хайруланом, ки ин суннат ва ин равишро пайравӣ кунад.
«Афоф» будан яке аз аслҳои муҳим дар дини ислом ба шумор меравад. Масалан Ҳирақл подшоҳи Ҳабаша аз Абӯсуфён қабл аз ислом оварданаш, вақте ба Ҳабаша сафар карда буд дар мавриди Муҳаммад (с) ва фармудаҳояш пурсон шуд ва Абӯсуфён мазмуни ҳадиси дар саҳеҳайн бо лафзи Бухорӣ омадаро гуфт, ки Муҳаммад (с) мегӯяд: «Худованди ягонаро ибодат кунед ва ба Ӯ касе ва чизеро шарик наёваред. Он чизҳоеро, ки аз падарон ва гузаштагонатон ба шумо расидааст ва бо фармудаҳои Худои Ягона мухолифат дорад тарк кунед. Ӯ пайравонашро ба гузоридани намоз ва додани закот ва ростгӯйӣ ва покдоманӣ ва силаи раҳим (алоқа ба хешу табор ва меҳру мӯҳаббат ба онҳо) амр менамояд.»

Қисмҳои иффат ва покдоманӣ:

Имом Моварди дар китоби «Адаби дунё ва дин» оварда, ки «иффат» бар ду навъ аст:
Якум: Иффат аз ҳаромшудаҳо.
Дуввум: Иффат аз гуноҳон.

Иффат аз ҳаромшудаҳо низ бар ду навъ аст:
Якум: Нигоҳ доштани шармгоҳ аз ҳаром, яъне худро аз зино дур нигаҳ доштан.
Дуввум: Нигоҳ доштани забон аз резонидани обурӯйи дигарон.
а- Нигоҳ доштани шармгоҳ аз ҳаром:
Албатта, «нигоҳ доштани шармгоҳ аз ҳаром», ин дурӣ гузидан ва наздик нашудан ба зино аст. Бояд дар хотир дошт, ки наздикӣ бо ин амали паст ва ахлоқзудо хеле оқибатҳои шум дорад, зеро ба Офаридгори башарият беҳтар маълум аст, ки кадом чиз ба нафъи инсон ва кадом чиз бар зарари ӯст. Аз ин хотир Худои Субҳон дар китоби роҳнамои башарият Қуръони карим ба бандагонаш дастур дода фармудааст:
«Ва ба зино наздик машавед, зеро он кори зишт ва шевае нописанд бошад.»
(Сураи Исро, 32)
Зино аз бузургтарин офатҳоест, ки дар ҷомеъа ва фард-фарди он асар мегузорад ва он ҳам ба сабабҳои зерин:
1. Зино сабабгори омезиш ва омехташавии насабҳо ва ривоҷ ёфтани фасодии ахлоқ ва пайдо гаштани касалҳои илоҷнопазир ва бесӯботию ноамнӣ дар ҷомеа мегардад.
2. Зино пайдокунанда ва нашркунандаи касалии сузок, спид ва дигарҳо, ки аз тарафи мутахассисони соҳаи тиб ба номҳои гуногун номгузорӣ шудаанд ва дар умум вабои аср ном гирифтаанд мебошад.
3. Инчунин дар бисёр мавридҳо зино сабабгори хусумат ва ҳалок гаштани инсонҳо мегардад.
4. Бештар ҳодисаҳои ба ин амали номашрӯъ, зишт ва дур аз арзишҳои олии инсонӣ даст задан дар байни ҷавонон рух медиҳад ва ба ин шакл ҷавонони миллат, ки ояндасоз ва бозӯи неруманди ҷомеа ва ҳар миллат ба ҳисоб мераванд ва пойдевори иқтисод ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ба онҳо тааллуқ мегирад ба ҷиноятҳои бузург, аз қабили: қатл, таҷовуз, хиёнат, дуздӣ ва ғайра рӯ ба рӯ мегарданд.
Ҳар миллатеро, ки ҳоли ҷавононаш чунин бошад он миллат аз ҳама гуна тараққию пешрафт боз мемонад ва гарданбастаи дигар миллатҳои мутамаддин гашта ҳуввият ва асолати хешро аз даст медиҳад ва дар сурати ба ислоҳот рӯ наовардан ба ҳадди фано расида аз байн меравад.
Ба ҳамин хотир шариъати Ислом, ки дини илоҳист ва ободию оромӣ ва осудахотирии ҷомеаро мехоҳад пайравонашро аз зино ва аз ҳар амале, ки сабабгори он мешавад манъ мекунад.
Албатта, оқибатҳои зино аз нигоҳи шаръ муъаян гардидааст ва шахсони муртакиби ин гуноҳи кабираро лозим аст тавбаи Насӯҳ, яъне тавбаи қатъӣ, самимӣ ва аҳди дигар ба ин гуноҳ барнагаштанро бо Худо (ҷ) дошта бошанд ва ба ин сурат умед аст, ки мавриди мағфирати Худои Раҳмону Раҳим қарор бигиранд ва илло талхӣ ва сахтии ҷон доданро қабл аз марг ва шиддату даҳшати қабр ва азобу шиканҷа ва гирифтории дӯзахро баъд аз марг метавонанд интизор бошанд.
Аммо дар зиндагии ин дунё бошад шахсони ба ин мараз гирифторро беобрӯгии дар хонадон, қавму маҳал ва хорию беиззатии байни мардум ва мубталошавӣ ба бемориҳои музмини илоҷнопазир ба ҳамроҳ аст. Далел ба ин гуфтаҳо рӯйдодҳою мушоҳидаҳо ва хабарҳои дар рӯзнома, маҷалла, китобҳо, расонаҳои хабарӣ, садову симо ва сайтҳои интернетӣ ба табъ расида ва пахш мегашта ҳастанд, ки қариб ҳамарӯза ба чашм мехӯранд.
б- Нигоҳ доштани забон аз резонидани обурӯйи дигарон:
Шахсияти мусулмонро шоиста нест, ки обурӯйи дигар мусулмонро бо кадом роҳе, ки набошад бирезонад, зеро ин амали нописанд ногувориҳои мудҳишеро дар пай дорад ва ҳамчунин шояд оқибат ба интиқомгирӣ ва хунрезиҳо оварда расонад. Шахсияти мусулмонро лозим аст, ки аз анҷоми чунин амалҳои нораво дурӣ биҷӯяд.
Расули акрам (с) дар «Ҳаҷҷату-л-видоъ», ки охирин ҳаҷҷи анҷом додаи Расули Худо (с) аст ва дар мавсими ҳаҷҷи он сола теъдоди ҳоҷиён ба шаҳодати ривоятҳои таърихӣ беш аз 100 000 ҳазор нафар будааст хутбае эрод намуда ва дар қисмате аз он хутба ба ин мазмун фармудааст: «Ҳаройина хунҳои шумо, молҳои шумо ва обурӯйи шумо миёни якдигаратон ҳаром аст, ба мисли ҳаром будани ин рӯз ва дар ин моҳ ва дар ин шаҳр...». Аз мафҳуми ҳадиси фармудаи Расули акрам (с) чунин бармеояд, ки обурӯйи фарди мусулмон ба мисли хунаш арзиш дорад ва моро лозим аст, ки дар ин маврид бисёр боэҳтиёт бошем то Худо нахоста ба иззати нафси касе нарасем ва обурӯйи касеро аз байн набарем, ки дар ин сурат ҳам мавриди хусумат қарор гирифтаем ва ҳамчунин фармудаи Расули Худоро нофармонӣ карда дар маърази хатари азоби охират қарор дорем.
Иффат аз гуноҳон низ бар ду навъ аст:
Якум: Даст нигаҳ доштан аз зулми ошкоро.

Дуввум: Дурӣ аз хиёнат.

а- Зулми ошкор метавон онро гуфт, ки масалан шахс қодир аст ҷиноятеро ошкоро анҷом медиҳад ва саркашу қонуншикан буданашро бар ҳамагон маълум менамояд ва гӯё бо ин амалаш эълон медорад, ки ман чунин қудрат дорам ва аз ҳеҷ кас ҳарос надорам ва ин қонунбандӣ барои ман дахл надорад. Алатта, чунин шахс метавонад соҳибмансаб ва ё фарзанду хешу табори ӯ бошад ва ё сарватманду соҳибқудратест, ки дар он минтақа аз дасташ ҳар кор меояд ва бо ҳар каси зердасту бепуштибон чӣ гуна муомилаеро, ки хоҳад анҷом медиҳад ва қудратнамоӣ мекунад. Бояд гуфт, ки ин гуна ашхосро лозим аст ба худ биёянд ва аз чунин амалҳои номатлуб ва нораво даст бикашанд ва аз таърихи гузаштагон ибрат бигиранд ва дар хотир дошта бошанд, ки онҳо ба таври ҳамеша соҳибмансаб ва соҳибқудрату тавонманд буда наметавонанд ва бидонанд, ки Расули Худо (с) дар ҳадисе ба ин мазмун фармудааст: «Иттақу зулма фаинна зулма зулумотун явмал қиёмати», яъне: «Аз зулм кардан бипарҳезед, зеро зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст». Ва инчунин аз бузургон дар хабарҳо омадааст, ки фармудаанд: Оқибати зулм нестӣ ва барбодшавӣ аст.

б- Хиёнат кардан кор ва амале нест, ки касе онро дӯст дорад ва ё шахс бихоҳад бо хоҳиш ва ҳавас ин амали номатлубро анҷом бидиҳад, вале шахс дар баъзе ҳолатҳо ба сабаби вуқӯи дар гирифториҳо ва роҳгумзаданҳо мудирият ва контроли худро аз даст медиҳад ва бо далел оварданҳои гуногун худро бовар мекунонад, ки ночор аст ин хиёнатро анҷом бидиҳад. Бо вуҷуди ин ҳам хиёнат кардан ба ҳар шаклу гунае, ки бошад қабеҳ, нописанд, номақбул ва мардуд аст, зеро оқибаташ хорӣ ва зиллат мебошад. Чуноне, ки гуфтаанд: Шахси хиёнаткор дар дунё хору залил ва дар қиёмат шармандаву хиҷил аст.

Иффат аз тамаъ ва гадоӣ аз мардум:

Дини ислом каромат ва ҳайсияти мусулмонро боло бурда ҳамеша ӯро барои ҳифзи обурӯяш талқин менамояд ва ӯро аз сарпастию хорӣ дар назди дигарон манъ намуда аз талбандагӣ ва садақа пурсидан боз доштааст ва барои касе, ки бе узри маъюбӣ ва ё маҳрумии аз чашму дасту пой ва ё пирону барҷомондагоне, ки дар ҳақиқат мӯҳтоҷи кӯмаку дастгирии дигаронанд, ин корро барои дигарҳо ҳаром намудааст. Ва шариъати ислом барои ҳамон мӯҳтоҷони соҳибузр ҳам ба андозаи мояҳтоҷи зиндагӣ ва қути лоямуташон пурсиданро иҷозат дода ва аз касб қарор додани талбандагӣ манъ намудааст, зеро дар хабар омадааст, ки шахсе дарвозаи талбиданро барои худ боз кунад Худованд дарвозаи фақр ва нодориро бар рӯйи он шахс мекушояд.
Дар ҳадисе Расули акрам (с) ба ин мазмун фармудааст: «Вақте пурсидан ва ё талабидан хостӣ аз Аллоҳ бипурс ва ҳамчунин агар кӯмаке ҳам хостӣ аз Аллоҳ бихоҳ». Боз Расули акрам (с) дар ҷои дигар ба ин мазмун фармудаанд: «Барои мӯъмин шоиста нест, ки худашро хору зор намояд».
Фуқаҳо мефармоянд: Агар ҳолате пеш ояд, ки шахси солими ночормонда дар сурати наталбидан ва аз касе чизе нахостан шояд аз гуруснагӣ бимирад дар ин ҳолат зарур аст, ки барои наҷоти ҷонаш ҳатман чизе бипурсад то ҷонашро бираҳонад, вале боз ҳам худро ҳангоми пурсидан ва ё талбидан зиёд хор накунад, чунки шахсияти мусулмонро лозим аст иззат ва шарафашро дар ҳар сурат ҳифз намояд.

Баъзе иршодот ва роҳбурдҳои иффат:

Расули акрам (с) иршод фармудаанд, ки яке аз роҳҳои афиф ва покдоман мондани зану мард ин изивоҷ аст. Дар сурати имконияти издивоҷро надоштан ва ё муҳаё набудани шароити издивоҷ ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ва инчунин мардону занони бо сабабе аз сабабҳо, монанди: фавтидани яке аз зану шавҳар, ҷудо гаштанашон бо вуқӯи талоқ, мафқуд шудани шавҳар ва дигар ҳолатҳое, ки ба беҳамсар монданашон сабаб мегардад, Расули акрам(с) барои шикастани ғалаёни шаҳват онҳоро ба рӯза доштан амр намуда ва рӯзадориро виқоя ва парда гуфтааст.
Ва яке аз дигар роҳҳои покдоман ва боиффат гаштани мардум бошарму боҳаё шудани он мардум аст. Шарму ҳаё паноҳгоҳи мустаҳкамест барои марду зани мусулмон ва агар он аз байн биравад иффати марду зани мусулмон низ аз байн хоҳад рафт.
Ва ҳамчунин ба таври мудовим омехтагии мардону занон ва мушоҳидаи манзараҳои хориҷ аз доираи дину адаб ва инчунин истифодаи алфози фаҳшу носазо ҳам шарму ҳаёро коста мегардонад ва ба пастахлоқӣ ва беиффатӣ мебарад. Шарму ҳаё ин фазилату некӯист, ки инсон бо доштани он соҳиби иззату шараф мебошад ва бидуни он бешараф ва беарзиш мегардад. Мавдудӣ мегӯяд: «Ҳаё дар ислом ин имон доштан ва эҳсоси шарму хиҷолатест, ки инсон дар ҳоли майл намудан ба кори бад онро ҳис мекунад». Ҳаё яке аз нишонаҳои имондорӣ аст. Паёмбари акрам (с) дар як ҳадиси муборакашон ба ин мазмун фармуданд: «Аз Худованд тавре ҳаё кунед, ки сазовори Ӯст». Ёрони Расули Худо (с) гуфтанд: Эй Паёмбари Худо, албатта, мо дар баробари Худои Субҳон ҳаё карда Ӯро шукру сипос мегӯем. Паёмбар (с) ба ин мазмун фармуд:
«Бояд бидонед, ки ҳаё доштан аз Худованд ба таври матлуб ин аст, ки саратро аз хаёлоти ботил ва батнро аз ғизои ҳаром нигаҳ дорӣ ва маргро мудом ба ёд орӣ. Шахсе, ки чунин бошад, дар ҳақиқат аз Худованд тавре, ки сазовор аст ҳаё кардааст».
Паёмбари акрам (с) дар ҷои дигар боз насиҳат карда ба ин мазмун фармудаанд: «Агар ҳаё надорӣ, пас ҳар кореро, ки мехоҳӣ анҷом деҳ ». Шайх Абдуллоҳ ибни Зайд оли Маҳмуд мегӯяд: «Агар хоҳӣ, ки зиёни аз байн рафтани ҳаёро донӣ, пас ба баъзе аз кишварҳое, ки мардумонаш шарму ҳаёро тарк намуда беиффатиро ихтиёр кардаанд назар андоз, то бубинӣ, ки чӣ гуна ахлоқу одоби онҳо фосид шуда, табиъаташон дигаргун ва вазъашон нобасомон гаштааст».
Ва яке аз дигар роҳҳои покдоман ва боиффат мондани марду зани мусулмон дурӣ ва канорагирӣ аз ҳамнишини бад ва ихтиёри дӯсти муносиб аст. Паёмбар (с) дар ҳадисе ба ин мазмун фармудаанд: «Инсон бар дини дӯсташ аст, пас ҳар яки шумо бояд дар назар бигирад, ки киро дӯст мегирад». Ва дар ривоятҳо ба ин мазмун омада, ки мисоли ҳамнишини нек ва ҳамнишини бад ба мисли дӯст гирифтани хушбӯйифурӯш ва оҳангар аст. Хушбӯйифурӯш, ки бўйи мушку анбар мекунад ҳам аз хушбӯйиҳояш мехарӣ ва ҳам аз бўйи хуши ҳамроҳаш буда, ки ба ту мерасад лаззат мебарӣ. Аммо аз дӯсти оҳангарат ё аз оташи кориаш дасту либосат месӯзад ва ё аз бӯйи дуду оташи ангишт ва чакчаки гӯшхароши бархурди асбобҳои оҳангарӣ ба чизҳои сохтамешуда хотират нохуш ва нафасгир мегардӣ.
Ва инчунин яке аз дигар роҳҳои покдоманию боиффатӣ дурӣ ва парҳез аз дӯстии миёни марду зани номаҳрам аст. Дӯстию муҳаббати машрӯъ ин дӯстии байни зану шавҳар аст, аммо муҳаббати марди бегона мардуд ва он натиҷаи нофармонии Худо аст.
Шахси боиффат дар зери Арши Аллоҳ қарор мегирад:
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) ба ин мазмун фармуд: "Ҳафт нафарест, ки дар рӯзе, ки сояе ба ҷуз сояи Арши Аллоҳ дигар сояе вуҷуд надорад дар зери сояи Арши Аллоҳ қарор хоҳанд гирифт: Подшоҳи одил ва ҷавоне, ки дар ибодати Аллоҳ тарбият ёфта бошад ва марде, ки дилаш ҳамеша ба рафтани масҷид мойил ва муаллақ аст ва ду марде, ки якдигарро аз барои Худо дӯст доранд ва дӯстию душманиашон танҳо барои дарёфти ризои Худо бошад ва марде, ки ӯро зани соҳиби мансаб ва ҷамол ба сӯяш (барои анҷоми амали номашрӯъи зино) фаро хонад ва ин мард бигӯяд ман аз Худо метарсам ва марде, ки чунон пинҳон садақа кунад, ки дасти чапаш надонад, ки дасти росташ чӣ садақа кардааст ва марде, ки Худовандро дар танҳогӣ ба ёд орад ва чашмонаш (аз тарси Худо) пур аз ашк гарданд.»

Иффат ва покдоманӣ нест:
1- Агар бозистодан ва манъ шудан аз анҷоми амали номашрӯъ ба хотири зиёд интизорӣ кашидан бошад.
2- Агар бозистодан ва манъ шудан аз анҷоми амали номашрӯъ барои он бошад, ки тарафи муқобил дар ин маврид бо ӯ мувофиқат намекунад.
3- Агар бозистодан ва манъ шудан аз анҷоми амали номашрӯъ барои он бошад, ки худи шахс рағбат ва ҳавас надошта бошад.
4- Агар бозистодан ва манъ шудан аз анҷоми амали номашрӯъ барои он бошад, ки дар ин дунё аз оқибат ва ояндаи ин амалаш тарсад.
5- Агар бозистодан ва манъ шудан аз хӯрданӣ ва нӯшидании номашрӯъ барои он бошад, ки духтур ва ё табиб нӯшидан ва ё хӯрдани он чизро барояш манъ кардааст.
6- Агар бозистодан ва манъ шудан аз анҷоми амали номашрӯъ барои он бошад, ки намедонад он чӣ қадар вақтро мегирад.
Ин шаш мавриде, ки дар боло зикр гардид ҳаргиз ба иффат ва покдомании шахс далолат намекунанд, зеро ҳар кадом сабабҳо доранд.

Иффати комил:

Инсон иффати комил ва ҳақиқиро ба даст меорад:

- Агар дасту дили пок, забони покгӯ ва гӯши покшунав дошта ва покназар бошад.
- Агар аз забонаш беҳудагӯӣ, шухию мазоқҳои бемаънӣ, таҷассусу ғайбат ва бӯҳтонзанӣ ва суханчинию лақабгузориҳоро дур карда ва чашмонашро аз ҳаромкардаҳои Худованд бибандад.
- Агар гӯшҳояшро аз ношуниданиҳо, носазогӯиҳо ва калимоти беҳуда ба дур нигоҳ дорад.
Хулосаи калом агар шахси мӯъмин аз амру фармонҳои Худо (ҷ) ва паёмбараш Муҳаммад (с) итоат намуда ва аз манҳиёт ва манънамудаҳои онҳо худро ба дур нигоҳ дорад, ҳатман «иффати комил ва ҳақиқиро» ба даст меорад.

Фоидаҳои иффат:

1- Иффат самараи динҳои осмонӣ буда имон ва боварии комил мебахшад.
2- Иффат аъзои баданро аз ҳаромкардаҳои Худованд пок намуда онро ба анҷоми амалҳое, ки барои он офарида шудааст машғул месозад.
3- Иффат иззат ва шарафи дунё ва сарбаландию лаззатбарӣ аз неъматҳои охиратро ба бор меорад.
4- Иффат оромию суботи ҷомеъаро таъмин намуда онро аз маъсияту нопокиҳо наҷот мебахшад.
5- Иффат камоли ақл ва покии нафсро нишон медиҳад.
Хонандаи гиромӣ умед аст бо истифода аз ин мақола барои ба даст овардани «иффати комил ва ҳақиқӣ» якҷоя кӯшиш ба харҷ медиҳем ва ҷомеаамонро ҷомеаи соҳибиффат ва поктинату беҳтарин ҷомеъаҳои дунё мегардонем. Бояд дар хотир дошта бошем, ки дар домони модарони покахлоқ фарзандони покхислат ба воя расида ва пешкаши ҷомеъа мегарданд ва аз ҷомеаи покон нухбагону рушанфикрон ва абармардони замон ба вуҷуд хоҳанд омад.
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Таъхир дар издивоҷ

(Қисса)
(Ин қисса воқеъист ва посухи ҳафт хоҳарест, ки дар синни аз 25 то 30 ҳастанд ва аз таъхир дар издивоҷашон ранҷ мебаранду барои ҳалли ин мушкилот аз мо маслиҳат пурсидаанд)
Шояд бархе иброз намоянд, ки чаро посухи суолро бо нақли қисса ҷавоб мегӯед? Қисса яке аз муҳимтарин ва шевотарин равишест, ки дар қалби ҳар як инсон ҷой мегирад. Худованд дар Қуръони карим, китоби ҷовидонаи худ барои мо умматони Муҳаммад (с) ҳазор қисса оварда, бо ин қиссаҳо аҳволи ақвоми гузаштаро равшан намуда, то намунаву ибрате бароямон бошад!

Ин қиссаи духтари 38 солаест, ки худ чунин нақл мекунад:
Аз Донишгоҳ бо дипломи сурх фориғутаҳсил шудам ва дарҳол пас аз он кори хубе низ пайдо кардам, ки солҳо орзӯяшро доштам, аммо хостгорҳо хеле зиёд буданд ва пайи ҳам ба хостгорӣ меомаданд. Ман бошам дар миёни онҳо шоҳписареро, ки мехостам шарики ҳаётам бошад, намедидам. Хулас чун ин ҳолат идома ёфт ва ман низ касеро муносиби худ наёфтам, оҳиста оҳиста шумори онҳо кам шуд ва ман ҳам дар фикри издивоҷ бо касе набудам. Бо чунин ҳолу аҳвол солҳо гузашт ва умрам ба 34 расид. Як рӯз танҳо нишаста будам ногаҳ ин фикр хотирамро мушаваш кард дар ёдам расид, ки аз умрам хеле гузашта, аммо ман то ҳол шавҳар накардаам, дар ҳоле, ки ҳамсолонам ҳама соҳиби шавҳар, фарзанд ва зиндагии хубу осудаанд.

Рӯзе як ҷавон барои хостгорӣ омад, ки аз хонаводаи хуб набуд, зиндагии вазнин ва вазъи мушкиле дошт. Дар сол бошад аз ман ду сол бузург буд. Ман бо он чӣ буд қабул ва таваккул бар Худо кардам. Ин ҷавон аз ман талаб кард, ки шиносномаамро барояш диҳам, то барои сабти аснод ба шуъбаи қайди ақди никоҳ равад ва талаб кунад, ки то рӯзи арӯсӣ моро ба қайд гиранд ва никоҳи расмӣ ҳам дошта бошем. Пас аз чанд рӯз ман дар фикри арӯсӣ будам ва аз ин хостгори пайдо шуда хушҳол ҳам шудам. Дар ҳамин асно модари ҷавон ба ман занг зад ва аз ман хоҳиш кард, ки ҳарчӣ зудтар маро бинад.

Ман даъвати он модарро дарҳол пазируфтам ва ба маконе, ки маро даъват карда буд, расидам. Модари ҷавон вақте маро дид салом гуфт ва аз чеҳрааш пайдо буд, ки аз ман розӣ нест. Вақте дар пешаш нишастам, аз сумкааш шиносномаи маро берун овард ва аз ман пурсид, ин шиносномаи шумост? Гуфтам: Бале, чӣ воқеъа шудааст? Гуфт: Шумо тақрибан 40 сола шудаед? Ман гуфтам: -не, ман ҳанӯз 34 сол дорам. Гуфт: Чӣ фарқ дорад, наздик ба 40 ҳастед, магар 34 сола аз 40 сола ҳеҷ фарқе дорад? Ман мехоҳам набераҳоямро бинам, шояд дигар ин фурсат дар ту даст надиҳад ва шояд дар ин синну сол фарзанддор нашавӣ. Бо ибрози ин ҳама гуфтаҳо маъзарат пурсид ва гуфт: Писари ман бо шумо издивоҷ намекунад! Пас аз ин ҳодиса шаш моҳ гузашт ва ин шаш моҳ бароям мисли шаш сол буд. Чун хеле хаста шуда будам бо худ гуфтам, мехоҳам ба Умра равам ва ҳама ғамҳоямро дар хонаи Худо бишӯям ва онҷо дуо кунам, то Худованд ҳоламро хуб гардонад. Бо амри тақдир ин кор ҳам шуд, дар назди хонаи Худо хеле зиёд гиря кардам ва аз Худованд хостам, ҳоламро хуб гардонад ва бароям шавҳари муносибу муъмине насиб гардонад.
Садои азони намоз шуд ва намозро дар назди Байтуллоҳ адо кардем. Хеле бароям олӣ ва як ҳолати фаромӯшнашаванда рух дод, ки ҳаргиз ин ҳолатро надида будам. Пас аз адои намоз як зане нишаста, Қуръон мехонд ва чун ин оятро хондا
“Агар фазлу раҳмати Худо шомили ҳоли ту набуд, гурӯҳе аз кофирон қасди он доштаанд, ки туро гумроҳ кунанд, вале онон ҷуз худро гумроҳ накунанд ва ҳеҷ зиёне ба ту нарасонанд. Ва Худо бар ту китобу ҳикмат нозил кард ва чизҳое ба ту омӯхт, ки аз ин пеш намедонистаӣ ва Худо лутфи бузурги худро бар ту арзонӣ дошт!”
(Сураи Нисо,ояти 113)
Чун ин ояти каримаро шунидам ашки чашмонамро манъ карда наметавонистам. Хеле зиёд гиря кардам, ки дилам аз гиря холӣ гашт ва ҳолати сабуке маро фаро гирифт, ки чунин ҳолат дар умрам рух надода буд.
Ин бону бо садои форам ба қироъати Қуръони карим машғул буд, чун дар паҳлӯям нишаста буд, ба қироъаташ гӯш додам боз ояти дигареро мехонд, ки чунин буд. ولسوف يعطيك ربك فترضي
“Ва ҳаройна, ба зудӣ Парвардигорат туро ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ.”
(Сураи Зуҳо,ояти 5)
Бовар кунед агарчӣ ин оятро дар намозҳоям мехонам, вале ба он аҳмият намедодам ба он ваҷҳе, ки бояд медодам. Гӯиё аввалин бор аст ин оятро мешунавам. Дар дилам эҳсосе пайдо шуд, ки ман аслан ғаме ва андӯҳе надорам ва хушбахттарин занам. Бо чунин ҳолатҳо умраро ба поён расонидам ва барои бозгашт омодагӣ медидам. Ҳангоме,ки дар ҳавопаймо нишастам, дар паҳлӯям ҷавоне нишаст, агарчӣ аслан миёни мо суҳбате нашуд, танҳо чанд нигоҳе сурат гирифту тамом. Мо ба ватан баргаштем ва аз ҳавопаймо поён шудем.
Вақте аз ҳавопаймо ба толори қабулгоҳ расидам маро хешу пайвандонам пешвоз гирифтанд ва чашмам ба дугонаам афтод. Пас аз салом ва табрикоти хешу таборам дугонаам наздам омад, маро ба оғӯш гирифт ва табрикам кард. Гуфтам, магар ба пешвози ман омадаӣ? Хандид ва гуфт метавонӣ ҳамин тавр ҳам пиндорӣ, вале ростӣ шавҳарам як рафиқ дорад, дар ҳамин ҳавопаймо аз сафари Умра баргаштааст. Чун он ҷавон наздик шуд, дидам ҳамон ҷавонест, ки дар ҳавопаймо паҳлӯям нишаста буд. Тасодуфи аҷибе, чун шавҳари дугонаам назди он рафиқаш рафта, истиқболаш кард, вале ҳамоно он ҷавон дар ман менигарист ва гӯйё чизе гуфтан мехост, аммо чизи дигаре ӯро намегузошт ва монеъ мешуд. Хулас ба хона баргаштам ва меҳмонҳоро тоза рухсат намуда будам, ки ба телефонам занг омад. Чун гӯширо бардоштам ҳамон дугонаам, ки дар фурӯдгоҳ ба истиқболам рафта буд. Гуфт: Айни ҳол намехоҳам чизе бигӯям, зеро хаста ҳастӣ, аммо он ҷавоне, ки бо ту дар як ҳавопаймо аз Умра омадед мехоҳад бо ту суҳбате дошта бошад. Ҳар қадар мегӯем фардо як дигарро мебинед исрор дорад, ки мехоҳам имрӯз он духтарро бубинам!

Ман аз ин тасодуфе, ки ғайри чашмдошт буд, ростӣ хеле дар тааҷҷуб шудам ва тавре, ки мегӯянд фурсати ба даст омадаро нахостам аз даст диҳам. Ба дугонаам гуфтам, ман ҳатман меоям, то дар хонаи шумо суҳбат дошта бошам ва албатта бо ҳузури шумо. Ин мавзуъро бо падарам дар миён гузоштам, ки чунин аст. Алҳамдулиллоҳ, падарам ҳам маро дилбардорӣ кард ва гуфт: Духтарам шояд бахтат дар ин ҷавон бошад ва хушбахт шавӣ? Чун падарам розигиашро дод, ман рафтам.
Хулас якдигарро дидем ва маро писандид ва ман ҳам бе дудилагӣ ӯро пазируфтам. Пас аз як моҳу чанд рӯз аз ин дидор мо бо ҳам издивоҷ кардем ва хушбахтиву саъодати зиёдро дар ҳаётам дарёфтам.
Мо рӯзҳои аввали ҳаёти мустақилонаро мегузаронидем ва шавҳарам як ҷавони хушмуомила буд. Бо ман, бо падару модарам, инчунин бо падару модари худ низ рафтори хубе дошт. Чанд моҳе гузашт ва ҳеҷ осори ҳомилагӣ дар ман пайдо намешуд. Боз аз ин ҳолат каме азият мекашидам ва суханони модари ҷавоне, ки маро хостгор шуда буд, дар фикру ташвиш меандохт. Ман 36 сола будам ва аз шавҳарам хостам то ба муъоинаи табиб равем, то фаҳмаем чӣ мушкил дар мо аст? Шавҳарам ба ин пешниҳодам розӣ шуд ва аз ман муъоинаи тиббӣ ё озмоиш намуданд ва гуфтанд пас аз натиҷаи ин озмоиш ба шумо муъоина хоҳем кард. Чун рӯзи ҷавоби озмоиш рафтем,табиб бо ханда гуфт дигар барои шумо ҳеҷ табобате лозим нест, гуфтам: Чаро? Гуфт: Хайр аст. Муборак бошад, шумо ҳомила ҳастед.
Аз ин неъмати Илоҳӣ хеле хушҳол будем ва моҳҳо мегузаштанд, ман зери назари табибон қарор доштам, чун шикамам мисли занҳои ҳомила набуд, хеле бузург шуда буд. Вақте аз табибон сабабашро мепурсидам, мегуфтанд: Чун шумо дар синни 36 ҳомила шудед, аз ҳамин сабаб аст, чизи дигаре нест. Мехостам фаҳмам ки дар батни ман писар аст ё духтар, агарчӣ бароям аслан фарқ надошт, вале мехостам мисли ҳар модар аз ҷинси фарзандам хабар дошта бошам, вале табибон намегуфтанд.

Хонанда ва шунавандаи азиз! Аз ҳама лаҳзаи муҳимми қисса инҷост! Моҳи ҳамл пур шуд ва рӯзи мавлуд ҳам фаро расид. Маро ба таваллудхона бурданд. Алҳамдулиллоҳ, таваллуд кардам ва каме аз ҳуш рафтам вақте ба ҳуш омадам табиб ё ҳамшираи шафқат дар наздам ҳузур дошт ва механдид аз ӯ пурсидам кӣ ба дунё омад? Бароям тезтар гӯед. Ҳамшира гуфт: зиёд фаҳмидан мехоҳӣ? Гуфтам: бароям фарқ надорад муҳим фарзанди солим бошад шуд. Ҳамшира гуфт: Муборак бошад Худо бароят Ҳасану Ҳусейн ва Фотима ато намуд, яъне ду писар ва як духтар, сегоник.

Гуфтам: Чаро шухӣ мекунед, магар Худованд дуои маро қабул кард ва ин ҳама солҳое, ки ман ранҷ мекашидам аз пайдо кардани ҳамсар ва маро пирдухтар хитоб мекарданд, Худо ин ҳамаро шунид ва бароям дар як таваллуд се фарзанд ато намуд. Табибон сегоник доштани маро медонистанд, аммо барои онки натарсам намегуфтанд. Хеле аз ин ҳолат ва атои Худованд гиристам, дар ҳоле, ки барои зане, ки ин қадар неъмати бузургеро Худо барояш ато намуда, бояд бихандад ва хушҳол бошад, вале ман аз атои Худо ва аз раҳмати Илоҳӣ дар тааҷҷуб будам ва аз забонам ин ояти карима пай ҳам мебаромад “ولسوف يعطيك ربك ربك فترضي “
“Ва ҳаройна, ба зудӣ Парвардигорат туро ато хоҳад дод, то хушнуд
шавӣ.”
(Сураи Зуҳо,ояти 5)

Ба унвони ман аз хоҳарони зиёд номаҳое меоянд, ки синни ман ба 28 расидааст ман чӣ кор кунам? Дигаре синни ман ба 30 расидааст, ман шавҳар надорам ва он нафароне, ки барои хостгории ман меоянд ба ман писанд нестанд чӣ маслиҳат медиҳед? Ё дигаре навишта, ки падарам то ҳол 11 хостгорро аз дари хона рондааст, намедонам чӣ фикр дорад. Бо чунин мазмунҳо аз ман суол мекунанд. Хостам бо ин қиссаи воқеӣ ба 7 хоҳаре, ки аз ман чунин суол кардаанд, посух бигӯям. Зеро ин қисса бояд ибрате бошад барои занон ва хоҳарону духтарони мо, то дар масъалаи издивоҷ таъхири зиёд накунанд, агар марде, ки мусалмон бошад ва дорои ахлоқи бад набошад ва шаробнӯшу бадахлоқ набошад, аз Худованд тарсад, ҳатман чунин мард қадри занро медонад ва ин шо Аллоҳ хораш нахоҳад кард. Валлоҳу аълам биссавоб.
Муҳаммадиқболи Садриддин