понедельник, 9 марта 2015 г.

Неки кардан ба падару модар

Инсон дар ҳаёт ҳамеша ба тарафе ҳаракат дорад. Оё медонад, ки он самте, ки ҳаракат дорад чӣ самт аст? Чаро танҳо ба он тараф ҳаракат мекунад? Он самте, ки меравад, он самт ҳадафи ӯ қарор дорад. Барои расидан ба ҳадаф ин ҳама умрро сипарӣ мекунад.
Дар ин умр ҳам шодӣ мебинад ва ҳам ғам, вале ин ҳама вобаста ба ҳамон ҳадаф аст. Агар чизе дар ин зиндагӣ расид, ки ба ҳадафаш ӯро наздик месо­зад ё самти ӯро ба ҳадафаш дурустияшро таъкид мекунад, шод мешавад. Вале дар ҳоле, ки ӯ аз ҳадафаш таъхир меку­над, пеши роҳаш чизе монеа мешавад ё маълум мешавад, ки ҳадафаш дар иттиҷоҳ ё тарафи дигар буда, вале он ба тарафи дигар ҳаракат кардааст ва ин ҳама ҷаҳду кушиш­ҳои чанд муддати ҳаёташ бефоида рафтаанд, сахт ғамгин меша­вад. Яъне чизе ӯро ба ҳадафаш мувофиқат кард ва мутобиқ буд, шодаш месозад, вале чизе ӯро аз ҳадафаш дур кард ё боз дошт онро ғамгин менамояд.
Вале бояд донист, ки бо вуҷуди ин ки ҳама ин­сон­ҳо аз Одам (а) мебошанд ва Одам (а) аз хок офарида шудааст, вале дар масъалаи таъйини ҳадаф ҳама яксон нестанд. Ба ин сурат, ки ҳама инсонҳо дар талаби хурок, пушок, хоб рафтан, нушидан, ҷои зист пайдо кардан ва амсоли инҳо яксонанд. Инсоне пайдо наме­шавад, ки ин умурро талаб нанамояд ва аз онҳо бениёз бошад. Вале дар масъалаи таъйин ва ихтиёри ҳадаф ингуна нест. Зеро инро Худованд вобаста ба ақли инсонҳо карда, онҳоро дар ихтиёри роҳи худ ва ҳадафашон озод гузоштааст. Пеш аз оне, ки инсон­ҳо ба марҳилаи ихтиёри ҳадафашон бирасанд, ҳамеша раҳ­намоиҳо аз ҷониби Худованд ба воситаи паёмба­ронаш расидааст, ки онҳо роҳи ҳидоят ва гумроҳиро барояшон муайян намуда, равшан кардаанд. Ва хабар додаанд, ки Худованд дар ихтиёри бандааш вақте розӣ мешавад, ки роҳи рост ва ҳидоятро қабул фармояд. Вале дар ҳоли ихтиёри роҳи залолату гумроҳӣ Худованд аз бандааш дар ин ихтиёраш розӣ намешавад. Ба ӯ дар муддати умр фурсат медиҳад, ки шояд ба роҳи рост баргардад ва хатои худро ислоҳ намояд. Худованд саодати бандаашро дар ду дунё хоҳон аст, вале банда ихтиёр дода шудааст.
Аз ҷумла умуре, ки дар роҳи рост будани инсон ва ба самти дуруст ба сӯи ҳадафи ростин рафтанашро далолат мекунад, ин некӣ ва эҳсон ба падару модар намудан аст. Чун инсон ногузир аз падар ва модар ба дунё меояд ва онҳоянд, ки фарзандро парвариш ва туъ­лиму тарбия намуда ба воя мерасонанд. Дар муддати умр заҳматҳои зиёде мекашанд. Худованд дар ивази ин заҳматҳояшон фазилатҳоеро барои онҳо муқар­рар намудааст. Барои ба ҳадаф расидани фарзанд, лозим аст ба ризогии парадру модар ноил гардад. Ва ҳадафи муъмину мусалмон, розигии Худованд ва комёб шудан ба ҷаннат аст, вобаста ба падару модар гардонида шудааст. Чун фарзанд ризогии онҳоро ба даст овард, ин нишонае аз нишонаҳои сайри дурусти ӯ ба сӯи ҳадафи олияш дар ҳаёт мебошад. Вақте инсон некӣ ва эҳсон ба падару модар менамояд, яъне самти ҳаракаташ дуруст аст, вале дар акси ҳол ба он ҳадаф намерасад.
Дар ин рисола маънои луғавӣ ва истилоҳии калимаи "бирр" яъне некӣ ва эҳсон намудан, асосҳои некӣ кадран ба падару модар, умуре ки ҳангоми ҳаёт ё баъди ҳаёти онҳо метавонад хушнудашон созад, баён гардидааст.
Умед аст, ки бародарон ва хоҳарони мусалмон аз ин гуфтаҳои Худо ва Расули Худо (с) истифода намуда ҳаёти худро таҳлили амиқе мекунанд ва дар кадом ҳолат қарор доштани худро, ки хайр аст ё шарр, муайян менамоянд. Агар дар роҳи хайр ва рост бошанд, Худо­вандро шукр­гузорӣ мекунанд, ки онҳоро тавфиқи хид­мат ва некию эҳсон намудан ба падару модар додааст. Вале агар диданд, ки дар роҳи хайр ва рост нестанд, балки дар роҳи шарр ва адами некӣ кардан ба падару модар қарор доранд, пеши Худованд тавба мекунанд, аз кардаи худ пушаймон мешаванд ва роҳи дурустро барои худ, пеш аз ин ки ин фурсат ҳам аз даст равад, интихоб мекунанд. Ин рисола барои маълумоти худро бештар кардан нест, балки барои муайян кардани самти дуруст ё нодурустии ҳаракати инсон ба сӯи ҳадаф аст. То инсон, самти веқеии худро бидонад ва дар ҳолати хато будан, танҳо худашро маломат кунад.
Некӣ ба падару модар кардан дар вақти ҳаёт будан ва баъди маргашон низ мешавад. Пас агар касеро эҳсон намудан ба падару модараш дар ҳаёташон фурсат нашуда бошад, Аллоҳ таъоло барои ӯ инро баъди маргашон муяссар гардонидааст, баробар аст, ки бо садақа додан аз ҷои онҳо бошад ё ба истиғфор кардан ё бо дуо намудан дар ҳақи онҳо, қарзи онҳоро додан, иҷро кардани аҳди онҳо баъд аз маргашон ва силаи раҳм (пай­вандии хешутабор)-е, ки танҳо аз тариқи онҳо пайвандӣ карда мешавад, пайвандӣ ба дӯстонаш ва ғайри инҳо аз навъҳои некӣ ва эҳсон намудан ба онҳо мебошад.
Худованд салоту салом бар Расули ҳабибаш, ва маҳбуби мо муъминон Муҳаммад (с) бифиристад ва бар олу асҳобаш ва бар тамоми касоне, ки аз онҳо ба некӣ то рӯзи қиёмат пайравӣ намуданд, ва бар падару модарам низ. Парвардигоро онҳоро раҳмат намо ҳамчуноне, ки маро дар хурдсолӣ тарбия намуданд ва ҳар кӯтоҳӣ ва хатое дошта бошанд, бо лутфу карамат, бори Илоҳо, мағфи­раташон намо. Ва ҳар ҳасаноте, ки дошта бошанд, бар онҳо ба андозаи илму карамат ба сазовории ҷоҳу ҷалолат, афзун бигардон. Бори Илоҳо! Аз падару модарам розӣ бош ва онҳоро аз Худат розӣ бигардон. Бори Илоҳо! Пада­ру модарамро аз ман розӣ бисоз. Бори Илоҳо! Фир­давси Аълоро насибашон гардон ва мақомашон бисоз. Онҳоро бо ҳамроҳии паёмбарон, сиддиқон, шаҳидон ва солеҳон ҷой бидеҳ, ки беҳтарин рафиқон ҳастанд. Омин.