среда, 7 ноября 2012 г.

Мусулмонӣ ду чиз асту бас


Худованди Карим, ки олими ҳақиқист, аввалин илмеро, ки барои банда лозиму зарурӣ донистааст, илми имон аст. Ҳеҷ амали банда бе имон қабул намешавад. Дар мазҳаби Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ имон иқрор кардан аст бар забон ва тасдиқ кардан аст ба дил, ки Худованд яккаву ягона асту Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам Пайғамбари Ӯст. Аз ин рӯ, таи 13 соли аввали пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) асосан оятҳои тавҳидӣ нозил шуд ва аз аҳкоми имон танҳо намозро ба саҳобагон баён кардаанд. Ибни Аббос (р) мефармояд: “Моён аввал имон омӯхтем, баъд Қуръон”. Саҳобагон аз муаллиме дарси имон гирифтанд, ки устодаш Худованди Карим буд.

Нақл аст, ки дар замони Мӯсо алайҳиссалом шахси бадкоре вафот кард, ки ҳеҷ кас барои адои ҷанозааш омода набуд. Худованд ба Мӯсо (а) ваҳӣ фиристод, ки ҷанозаи онро бихон. Мӯсо (а) бо амри Парвардигор намози ҷанозаи он мардро хонда, сипас ба даргоҳи илоҳӣ муноҷот кард: “Ҳикмати авф кардани ин бадкор дар чӣ буд?”.
Худованд Ҷалла ҷаллалоҳу фармуд: “Ин банда боре дар “Таврот” номи ҳабиби ман Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам)-ро хонда, ба ӯ дуруд гуфт. Ман аз баракати номи ҳабибам ӯро авф кардам”.
Чандин паёмбарон, ки номи ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам)-ро дар китобҳои худ хонда, аз мақоми он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) бохабар шуданд, дуо карданд, ки “Худоё, моро аз уммати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) бигардон!”.
Худованд мақоми шафоатро дар байни ҳамаи анбиё ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ато кардааст. Аммо касе аз шафоати Пайғамбар (саллаллоху алайхи вассалам) бонасиб шуда метавонад, ки дар дунё ба суннат (равиш)- он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) зиндагӣ карда бошад. Дар бораи равиши зиндагии худ Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: “Маърифат сармояи ман, ақл асли дини ман, муҳаббат асоси ман, шавқу алоқа маркаби ман, зикри Худои Меҳрубон аниси ман, ҳилм (мулоиматӣ) силоҳи ман, сабр чодари ман, зуҳд (тақводорӣ) пешаи ман, ризо ба қазову қадар сарвати ман, яқин қуввату нерӯи ман, ростӣ шафеъи ман, тоат маҳбуби ман, ҷиҳоди нафс ахлоқи ман, намоз нури дидагони ман аст”.
Баъд аз имон ба Худову Расул ҳар мӯъминро лозим аст, ки намозҳоро дар вақташ адо карда, ҳуқуқи дигаронро риоя намоянд. Яъне эҳтироми падару модар, хешовандон, ҳамсоягон, ятимонро ба ҷо ораду ҳаққи касеро поймол насозад. Агар банда ҳаққи касеро бихӯрад, ё дар ҳаққи нафаре хиёнат кунад, то ӯ (ҷабрдида) набахшад, аз азоб халос намешавад. Ноҳақ хӯрдани моли мардум ва озори кас дар дини ислом аз бузургтарин гуноҳон ба шумор мераванд:

Мусулмонӣ ду чиз асту бас,
Махӯр моли мардум, маёзор кас.

Худованди Мутаъол моро аз айбҷӯӣ, баёни нуқсон, таъна ва эрод гирифтан ба дигарон, ки боиси ҳиҷолат мешавад, манъ кардааст.Зеро чунин рафтор кинаву адоват бор меорад. Касоне, ки аз таҳқиру истеҳзо ва лақаби бад додан ба дигарон дурӣ намеҷӯянд, ба нафси худ зулм мекунанд. Агар инсон дар вақти ғазаб худро идора карда тавонад, аз озори дигарон худдорӣ хоҳад кард. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар ин хусус фармудаанд: “Паҳлавон касе нест, ки дар гӯштӣ ва зӯрозмоӣ неруманд бошад, балки касест, ки ҳангоми хашм бар нафси худ ғолиб ояд”.
Бинобар ин касоне, ки худро ба ахлоқи ҳамида оростан мехоҳанд, бояд худро ба бурдборӣ ва сабру таҳаммул одат кунонанд. Вақте инсон худро аз хашму ғазаб ва озори дигарон боздошт, аз мушкилоти фаровони дунёву охират эмин мемонад.