Зан дар ислом




Дар баёни риъоя кардани хукуки
Зан дар ислом .
1. Дини ислом хангоме дар олам кадам бардошт , ки ахли чохилият , яъне ахли замони кабл аз зухури ислом ,занро бад дида хакир медоштанд . чунонк куръони карим дар ояти 58 сураи нахл хабар медихад 

« ва чун мужда дода шавад яке аз ононро ба таваллуди духтар , гардад . руи у сиёх ва у пур бошад аз гам .»
занонро ихонат мекарданд , паст мешумурданд ва изофа бар ин , духтаракони маъсум ва бегунохро зинда ба зинда ба хок дафн менамуданд . Ислом ин вахшониятро манъ карда , онро харом эълон дошт ва ба эхтиром ва бардоштани шаъни зан даъват ва ташвик кард . Чуноне дар сураи таквир оёти 8 ва 9 аз окибати ин кори зишт хазар мекунонад :
« ва вакте , ки духтари зинда даргуршуда пурсида шавад , ки ба кадом гунох кушта шуда ?» 
дар ривояти эмом Муслим расулуллох саллалоху алайхи ва саллам самараи тарбия ва ба воя расонидани занро чунин иброз намуда ва ба ин амали хайр умматашро ташвик додааст 
касе ба сарпарастии духтарон мубтало гардад , ба онхо эхсон ва муъомилаи нек намояд , байни у ва оташ дузах хичоб хохад буд !
инро гуфта бакияи ангуштонашро чамъ намуд .
яъне ачр ва савоби тарбияи ду духтар сарпарасти ононро дар бихишт ба макоми олй мерасонад , ки чунин ашхос хамчавори расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хохад шуд .
Ин маъноро дар ривояти эмом Бухорй ва Муслим расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) чунин баён доштаанд :
касе ба сарпарастии духтарон мубтало гардад ба онхо эхсон ва муъомиаи нек намояд , байни у ва оташи дузах хичоб хаханд шуд .



2. Ислом дар олам хангоме кадам бардошт , ки занхо аз мерос махрум буданд . пас ин дини мубин ва зан хакки гасбшудаашро бозгардонд ва уро комилхукук сохт ,- хох он хукук андаке бошад ва хох бисёр . Чуноне ояти 7 сураи Нисо гувохи ин аст :
«Мардонро хисса аст аз ончи бигзоранд падару модар ва хешовандон ва занонро низ хисса аст аз ончи бигзоранд падару модар ва хешовандон , аз ончи кам бошад аз мол , ё бисёр бошад – хиссаи мукараркардашуда .» 
3. Ислом хангоме кадам дар олам бардошт , ки ахли чохилият , занхоро чабран мисли молу матоъ мерос мебурданд . чун шавхари зане вафот меёфт , яке аз меросбарони майит чомаеро бар болои зани у меандох ва мегуфт :
Инро ман мерос бурдам ! баъди ин он зан мисли дигар амволи майит аз они у мегардид ва хакки он мард бар болои зан аз нафси зан бештар мебуд .Ислом занро аз ин мазлумият начот дод ва ин амали кабехро харом эълон кард . чуноне Аллох таъоло дар ояти 19 сураи нисо мефармояд :

« Ай муъминон , халол нест шуморо , ки мерос гиред занонро ба забардастй !»
Яхне баъди вафоти шавхари зан ба акориби шавхараш халол нест , ки бидуни розигии зани майит уро чабран ба никохи худ дароранд .


4. Ислом хангоме дар олам кадам бардошт , ки дар ахди чохилият чун мард аз зан чудо мешуд , хакки уро гасб менамуд ва манъ месохт . Чунончи , мард зани талоккардаашро , то замоне , ки тамоми махрро ба у бознамегардонд , намегузошт , то ба шавхар барояд . Падар ва бародари зан низ ба издивочи духтар ва хохараш монеъ мешуданд .
шавхар занро бад медид ва муъомилаи кабех ва ишрати зишт мекард ва то адои фидя , яъне бадали махр , талок намекард .
Ислом бар мукобили ин аъмоли зишт сангар гирифт ва чанг эълон карда ин зулмро аз байн бурд чуноне дар ояи 19 сураи нисо омада :
« ва манъ медоред эшонро аз никох , то бозситонед чизе , ки додаед ба эшон , магар ,ки кунанд кори бехаёии ошкоро !» 
Ва ояти 232 сураи бакара низ ба ин шаходат медихам : 
« ( Пас) манъ мекунед эшонро , ки никох кунанд шавхаронашонро вакте, ки розй бошанд дар байни худ ба вачхи писандида !»


5. Ислом хангоме дар олам кадам бардошт , ки зан зери зулму чаври шавхараш хулки зишт ва муносибати кабехи у руз мебурд . ин кирдори ношоиста ва рафтори гайрибашариро махкум кард ва онро харом хонда ба шавхарон фармуд , то ончунон муъомилае ,ки аз зан мехоханд ва умедворанд , худ низ нисбат ба зан онро анчом бидиханд . Чуноне дар ояти 19 сураи Нисо ба ин амр шуда : 

« Ва гузора кунед бо занон ба вачхи писандида !» 
Ва ояти 228 сураи бакара . 
: « Ва занонрост монанди ончи , мардонро бар эшон аст , мувофики коидаи шаръй ба вачхи писандида .» 
6. Исолом хангоме дар олам кадам бардошт , ки иддаи ( муддати зарурии ) зане , ки шавхараш фавтидааст , ба як соли комил тул дошт пас онро аз барояшон осон намуда аз се ду хиссаашро ихтисор кард .Чуноне ояи 234 сураи бакара возех баён медорад . 
« Ва касоне , ки бимиранд аз шумо ва бигзоранд занонро , бояд интизор баранд занон ба нафсхои худ чор моху дах руз .»
7. Ислом фармуд , то бо занон эхсон ва некуй карда шавад . Чуноне хадиси муттафакун алайх шохид аст . 
Ба занон иродаи хайр намоед ва некуй кунед !
Бад дидан бугзу кина варзидан нисбат ба занро мамнуъ сохт . Чуноне хадиси сахехе , ки эмом Муслим ривоят кардааст , ба ин далолат дорад :
бад набинад ( яъне лоик нест , ки бад бинад ) марди мусулмон зани муслимаро .Агар як хулку рафтори у нописандаш бувад , аз хулки дигараш розй хохад шуд .
Дар ривояти эмом Тирдизй расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд :

Бехтарини шумо касонеанд , ки дар муносибат ва муъошират бо занонашон накутарин бошанд .
( ин хадисро эмом Тирмизй хадиси хасани сахех гуфтааст.) 

дар ривояти эмом Муслим расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) фармудаанд 

дуньё матоъ аст , яъне бахрамандист ва бехтарин матоъи он зани солеха ва неккирдор аст 
Дар ривояти эмом Ахмад ва Нисой расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) сифати зани солехаро чунин баён доштааст : 
Зани солеха занест , ки чун шавхараш ба суяш назар намояд , хушнуд гардад ва чун амраш кард , итоъат кунад .хангоми гоиб будани шавхараш дар номуси у хиёнат накунад ва моли шавхарашро талаф надихад ва зоеъ насозад .
Маънои хиёнат накардан дар номуси шавхараш ин аст , ки дар холати гоиб будани у алокахои номашруъ зино ва гайра накунад

Ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р) гуяд:

Паёмбари Худо, саллаллоҳу алайҳи васаллам,

фармуданд: «Занон бо мардон ҳамрадиф ва баробаранд»


Худованд ба ҷуз мавридҳои ҷудогонае, ки ба таври алоҳида ба занон ё мардон марбут бошад, ҳангоми хитоб ба инсонҳо аҳкоми худро ба занону мардон ба таври баробар фармудааст. Аммо бархе аз «соҳибназарон» бар ин андешаанд, ки Ислом нақш ва ҷойгоҳи занро дар бахшҳои сиёсӣ маҳдуд мекунад.

Агар ба ростӣ Ислом нақши занро маҳдуд мекунад ва уро барои раҳбарӣ муносиб намедонад, пас чӣ гуна аст, ки Худованд дар Қуръон ба муаррифии зане мепардозад, ки фармонравоии сарзаминеро ба уҳда дорад ва тоири андешааш дар мудирияти бархурд бо масоил аз мардон баландпарвоз аст?

Ин ҳадис ба зани фармонравое, ки Худованд дар Қуръон тарсим мекунад мухолифат дорад. Ин зан малика Сабо аст. Малика Сабо мегуяд: Сулаймон номаи бузургворонае бад-ин мазмун бароям фиристод:

«Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, барои ман бузургӣ макунед ва маро аз дари итоат дароед». Малика Сабо гуфт: Эй сарони кишвар дар корам ба ман назар диҳед, ки, бе ҳузури шумо (то кунун) кореро анҷом надодаам».

Чунонки мебинем ин зан фармонравост, аммо ҳаргиз истибдоди рой надорад. Ҳангоме, ки номаи Сулаймон расид бузургони мамлакати худро гирд овард ва номаро, ки барои онон таҳдидӣ шуморида мешуд, барои ҳамагон хонд ва ба онҳо гуфт: Пешниҳоди худро иброз кунед, ман мустабид нестам ва намехохам шуморо барои анҷоми коре маҷбур созам, ҳарчанд ман фармонравои шумо ҳастам, аммо дар чунин мавридҳое, ки сарнавишти мардумро рақам мезанад, бояд бо андешамандон машварат кард, то ройи муносиб иброз гардад.

Мардон дар посух чӣ гуфтанд? «Мо сахт неруманд ва диловарем, вале ихтиёри кор бо туст. Бингар чӣ дастур медиҳӣ?» Онон неруи бадании худро ба у арза карданд, аммо у ниёз ба қудрати бадании онҳо набуд, балки дар пайи баҳрамандӣ аз неруи фикр ва андешаи онон буд.

Бо вуҷуди ин ҳангоме, ки сарони қавм уро танҳо гузоштанд ва у дар изтиробу парешонӣ назар додан фуруъ рафт, ѓарқ дар андеша шуд ва пас аз муддате гуфт: «Подшоҳон чун ба шаҳре дароянд онро табоҳу азизонашро хор мегардонанд. Ва ин ки ман армуѓоне суяшон мефиристам ва менигарам, ки фиристодагони ман бо чӣ чиз боз мегарданд».

Тавре, ки мебинем малика Сабо ба хубӣ ба шароит ошност. У дар пайи он аст, ки дарёбад оё Сулаймон (а) паёмбар аст ё подшоҳ?

Бо таваҷҷуҳ ба шароити мавҷуд ва дигаргунии замон, масъалаи раҳбарии зан шакли ҷадиде ба худ гирифтааст.

Агар подшоҳ бошад шеваи бархурди муносиб бо худро металабад ва агар паёмбар бошад, бояд аз гушаи дигар ба шароит нигарист. Малика Сабо бо чунин бинише барои ҳазрати Сулаймон (а) ҳадя фиристод. Сулаймон низ дар пайи фарҷоми ин моҷаро буд. Ҳангоме, ки ҳадя ба Сулаймон (а) расид ва пас аз муддате малика Сабо ба вижагиҳои Сулаймон пай бурд, муддате дар фазои ҳукумати Сулаймон (а) монд. Бе он ки чун зане мутаасиб, ки бо чангу дандон аз мероси подшоҳии худ дифоъ мекунад, ба ҷанг бо Сулаймон бархезад, ҳақиқатро дарёфт ва бо тамоми вуҷуд гуфт: «Ва ин ки бо Сулаймон (а) дар баробари Худо, Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам».

Мақсуди Қуръон аз тарсими чунин тасвир чист?

Ин достон, ҳикоят аз ҳукми шаръӣ надорад, аммо дар дили худ мафҳуми писандидаро мепазирад. Аммо бояд иқрор шуд, ки зан низ метавонад дар баробари мард пеш равад ва ба гунаи табии раҳбарии умматеро ба даст гирад.

Ва Худованд дар мавридҳои зиёде ба таври баробар ва бидуни истисно ба мардону занон марбут будани аҳкоми худро зикр намудааст, ки сураҳои Оли Имрон ояти 195, Наҳл ояти 97 ва Ҳуҷурот ояти 13 далели ин гуфтаҳост.

Албатта дар ин мавзуъ, мо наметавонем ҳукми қатъии ин масъаларо баён кунем, балки ин масъалаи ниёзманд таҳқиқи густурдаест ва маҳорати зиёде металабад. Дар тули таърихи Ислом агарчӣ наметавон чунин намунаҳое ёфт, аммо дар ҳақиқат чеҳраи аслии зан чунин аст.

Он чи гуфта шуд дар масъалаи раҳбарии зан буд. Аммо дар соири муносиб зан метавон дар раъси бисёре аз масъулиятҳо қарор гирад, ба вижа ҳангоме, ки шароити имруза бо гузашта бисёр мутафовит шудааст.

Дар гузашта низ монанди бархе намунаҳо дар асри ҳозир, масъулон дар умур бо касе машварат намекарданд. Аммо имруз масъулон танҳо бо маслиҳату машварати дигарон тасмим мегиранд ва дастуроти худро амалӣ мекунанд, аммо дар қабул ва ё ради назароти дигарон озоданд.

Бинобар ин агар бихоҳем ба баррасии масоили ҳукумат дар асри ҳозир бипардозем, набояд шеваи ҳукумат, фармонравоёни гузаштаро дар зеҳни худ тарсим кунем, чароки дар гузашта танҳо як фард тасмим мегирифт, аммо имруз тасмимоти як мудир дар баробари тасмимоти гуруҳ ранг мебозад. Дар баррасии мудирияти зан низ мо бар ин ақидаем, ки зан низ монанди мард дорои нақши мушаххасе дар ҷомеаи сиёсии исломиро дорад.

Бояд ин масъаларо мавриди таваҷҷуҳ қарор дод, ки фармони зан замимаороии ҷамъ мешавад, на ин ки зан дар масоил ихтиёри комил ва истибдоди рой дошта бошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин фарз оё дини мубини Ислом ба мудирияти зан дар шароити мавҷуд мухолиф аст. Бинобар ин наметавон ҳадиси Паёмбар Муҳаммад  -ро бар фарзи сиҳати санад, бидуни баррасии масъалаи раҳбарии зан» ба гунае, ки Паёмбар  дар назар доштааст, ба унвони ҳукми қатъӣ пазируфт. Аммо бо таваҷҷуҳ ба шароити мавҷуд ва дигаргунии замон, масъалаи раҳбарии зан шакли ҷадиде ба худ гирифтааст.

Аз ин ру мо бар ин ақидаем, ки зан низ монанди мард дорои нақши боризе дар ҷомеаи сиёсии Исломро дорад. Аммо бархе аз ҷузъиёти он бо нақши мард тафовут дорад, ки акси ин амр низ содиқ аст.


Кадри зан дар чомеа

Хохари мехрубон ту дар байни чомеаи мусалмонон мисли гавхараки чашм пуркиммат хасти. Агар инсон чашм надошта бошад, бисёр хору залил мегардад, инчунин агар ту ба бадбахтию бечодари ва ё ба бешармию бехичоби рох дода намозу руза ва шарму хаё аз даст бидихи ва ибодати худо дар ту дида нашавад, бисёртар вайрон шудани чомеаи мусалмонон ва чавонони сустирода аз дасти ту мебошад ва ё бисёртар гумрох кардани мардхо ва низоми хонаводагии онхо ва хушбахтиву саодати онхоро вайрон кардан ба дасти ту мебошад, ки аз ин корхоят дар назди мардум ва дар назди худо масъул хасти. Ту агар гуфтахои худоро ба чо оварда, расму одати милливу исломии худро аз даст надода хичоб ва либоси исломи бигири ва шарму хаё зиннати ту бошад, бисёре аз чавондухтарону модарон ва бисёр хамсоягону хамватанон аз ту дарси таълим хоханд гирифт. Ту яке аз сутунхои асосии чамъияти мусалмонон ва ё яке аз сутунхои аслии хонавода ба шумор мерави, чунки бисёртар ободкунандаи чомеаю оила ин зан мебошад ва бисёртари вайронкунандаи оилаву чомеа хам зан мебошад.

Мутаасифона имрузхо дар бисёре аз хонаводахову оилахо филмхои бемаъно ва ё касетахои хиндию амрикои монда аз худо шарм надошта он филмхои фахшу фасодро тамошо мекунанд, дар холе, ки худо барои онхо нигох кардан ба суи номахрамонро манъ кардааст ва инчунин харом гардондааст барои тамоми марду зан шунидани овозхои шайтониро, яъне шунидани мусикиро, чи хиндию эрони ва ё точикию афгонию араби ва дигар мусикихо. Худои бузург ин мусикихоро харом гуфта фармудааст: 

ومن الناس من يشتري لهو الحديث ليضل الناس بغير علم و يتخذها هزوا، أولـئك لهم عذاب مبين.

"Аз мардумон касе хаст ки мехаранд суханони лахв (яъне мусикихоро), то ки гумрох кунанд мардумро ба гайри илм ва рохи худоро тамасхур мекунанд. Барои ин гурух мардум азоби хоркунанда аст." 

Худои бузург навохтани мусикихоро инчунин шунидани ин мусикихоро харом гуфта хабар додааст, ки азобаш бисёр сахт аст. 

Бисёре аз олимон дар бораи шунидани мусикахо чунин гуфтаанд: "Бисёртар чизе, ки кувват медихад холатхои шайтониро ва шахвати инсонро барангехта мекунад, ин шунидани мусики аст. Шунидани он амали шайтони лаин буда дили шунавандаро торик мегардонад ва акли шунавандаро кам мегардонад ва чашми уро аз дидани хак кур гардонида уро дар гаму андух гирифтор мекунад. 

Хохари азиз! Агар ту ба шунидани мусикихою ба дидани мардхою занхои бегонаи урён дар филмхо ишку мухаббат бастаи, аз худо битарс ва аз ин бадбахти руй гардонда ба чои шунидани мусикихо, касетахое ки дар онхо овози Курони карим аношид ва даъвати ислом сабт шудааст, онхоро гуш кун, худо бароят ачру савоб медихад ва дилу рухатро шод мегардонад ва ин некбахтии ту аст дар дунё ва охират. 

Хохари мусалмон, албатта нафсу хохиши хар як инсон, хусусан хохиши шумо чавондухтарон барои шунидани чунин мусикихо ва барои дидани филмхои нораво ва барои дидани филмхои хиндию амрикои бисёртар мебошад. Шайтони лаин, ки душмани сахттарини инсон ба шумор меравад, шуморо дар доми фиреб андохта ба хар хел хилаю найранг мехохад, ки фарзанди мусалмонро аз дини ислом бароварда дар гумрохию чахолат бияндозад ва дар дили онхо шавки фасоду харомкориро зиёд кунад. Зиёда бар ин, душманони дини ислом, ки яхудиёну насрониён мебошанд, барои барбод додани ододбу ахлоки чамъияти мусалмонон ва барои вайрон кардани занхои мусалмон, филмхои бемаъниву пур аз фиску фучурро баровардаанд. Баъзе чавондухтаронро аз байни худи мусалмонон сармоягузори мекунанд, то дар байни мусалмонону худопарастон рафта ба хар хел либосхои гуногун, яъне ба хар хел моддахои гуногуни гайришариати ва ё бе хичоб ва ё бе руймол ва бо либоси остинкутох дар байни онхо бигарданд, то чавондухтарони боиффату мусалмон ба онхо пайрави намоянд, хичоби миллиро партоянд, либоси шариатиро аз бадан дур карда ба монанди занони гарб нимаурён бошанд ва ин бехаёгиро пешрафтаги ва тараккиёту маданият меноманд. 

Эй хохари мусалмон, бидон, ки бехичоб шудан ва ё бе руймолу нимаурён шудани занхои мусалмон, ин аз бузургтарин шамшеру аслихаи душманони дини ислом мебошад, бар зидди мусалмонону худопарастон. 

Хохари мусалмон, барои хаёти дурузаи хайвони, ки ба мисли зиндон аст, хаёти абадии охиратро фаромуш накун, аз азоби худо тарсида аз ин моддахои нав ба нави душманони дини ислом даст кашида чизе, ки худо бароят амр кардааст, ба хамон чиз побанд бош, ки он хичоб ва либосхои шариати мебошад, ки бадани занро аз назари бегонагон мепушонад. Зан вакте бе хичобу белибоси шариати бошад азоби худоро фаромуш карда ба ёрдам ва нишондоди шайтони лаин хаёти худ ва хаёти чандин занхои мусалмонро хам вайрон карда онхоро дар хатар мегузорад. 

Пайгамбари худо (с) гуфтаанд:

"Дар шаби меъроч дузахро дидам, бисёре аз он мардуме, ки дар он чо ба азобхои гуногун гирифтор буданд, занхо буданд." 

Сабаб дар ин аст, ки зан вакте бехичоб ба гайри либоси шариати ороста шуд, дар у шарму хаё ва одобу ахлоки исломи намемонад, ба камтарин фиреби чавонони фосик фирефта шуда худро аз даст медихад. Барои лаззати чандрузаю чандсоатаи дуняви номуси худро мефурушад ва азоби човидонаи худоро барои худ ихтиёр мекунад. Сари падару бародарони худро байни чамъият поён месозад ва мавриди нафрати мардум карор мегирад. Номи поку беолоиши худро ба хотири нафсу шахвати кутохмуддат аз даст медихад ва то охири умр наметавонад аз захми забони мухолифонаш дар амон бошад. Ин як навъе аз азоби дуняви аст, ки азоби охират хеле бузургтар аз он аст.



Хохару модари мехрубон! Бидон, ки ту дар чомеа ва дар байни мардуму дар оилаи худ ба мисли як мадрасае хасти, ки чандин инсонхо аз он мадраса дарси таълим мегиранд ва одобу ахлоки исломи меомузанд. Агар хичобу чодар ва шарму хаё либоси зебандаи ту бошад ва тарси худои бузург начотдихандаи ту бошад, албатта фарзандону духтарони ту ва хохарону бародарони ту аз ту дарси ибрат гирифта, бисёре аз онхо аз бешармию бехаёги ва аз бехичоби даст кашида тарси худоро пешаи хаёти худ месозанд ва аз рафтори шайтонию хайвони даст мекашанд. 

17 комментариев:

  1. Пурсишҳо ва Посухҳо.

    Чаро дини мубини ислом мардро бар зан фазилат ва бартари медихад ?
    чавоб :бояд инро донист , ки хама дастуроти шариъати ислом бар асоси таълимоти офаридагори марду зан ва соири мавчудот : аллох субхонаху ва таъоло чори мебошад . ба акидаи мо танхо зоте , ки ба фазлу карамаш мо а тамоми мавчудотро аз одам ва нобуди ба арсаи вучуд оварда ва ончиро дар олам аст , бароямон офарида ва дар ихтиёрамон гузоштааст , хакки онро дорад , ки маком ва мартабаи хар яке аз моро муъайян ва мушуххас намояд . ин офаридагори мехрубони мо чунин мефармояд :
    « الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاءِ بِمَا فَضَّلَ اللَّهُ بَعْضَهُمْ عَلَى بَعْضٍ وَبِمَا أَنفَقُوا مِنْ أَمْوَالِهِمْ » (النساء:34)

    « мардон мусаллат :яъне хокиман бар занон бадон сабаб , ки аллох (таъоло) бартари додааст ,баъзеашонро бар баъзе :яъне мардонро бар занон ва бадон сабаб ки харч кадаанд аз молхои хеш: яъне барои занон махру нафака додаанд» (сураи нисо ояти 34)
    аз ин ояти карима дониста мешавад , ки аз ду чихат мардон бар занон бартари хосил кардаанд .
    аз чихати он , ки фитратан ва табиъатан аллох таъоло мардонро барои анчом додани корхое офаридааст , ки занон умуман ё голибан кодир ба о намебошанд :мисли Пайгамбари подшохй ва гайра .инчунин аз чихати заъифулкувват буданашон чиход бар занон фарз нест ва дар баъзе холатхо рузаву намоз аз зиммаашон сокит шавад , ки нишонаи бартари мардон бар онон мебошад .ба сабаби он болои занон хокимият хосил менамояд ,ки ба онон махру нафака дода сарпарастияшонро ба душ доранд .
    дар сабаби нузули он ояти карима чунин ривоят кунанд , ки марде занашро , ки уро нофармони карда буд ба хотири адаб додан зад он зан ин амали шавхарашро ба Пайгамбари худа Мухаммад (с-а) шикоят кард . Мухаммад (с-а) фармуд ,то аз шавхари он зан интиком бигиранд . ин хангом Аллох таъоло ояти фавкуззикрро фиристода баён дошт , ки шавхар болои зан мусаллат ва хоким буда хак дорад , уро чун нофармони кард ,адаб бидихад . баъди ин Расулуллох (с-а) фармуд :
    ман хукмеро хостам ва Аллох таъоло хукми дигареро !
    дар ин , ки завчу завча хашти дунёди оиларо мегузоранд , ки аз чанд нафар иборат мебошад . агар макому манзалати харду дар он баробар бошад дар дохили оила духокимияти ба вучуд омада фазои солимро дархам мезанад ва дар тарбияи фарзандон таъсири манфи мерасонад .
    дар давоми ояти фавкуззикр дар баробари ин дастури илохи чи мавкифро бояд зани вокеъан мусулмону худотарс интихоб намояд ,чунин баён гардидааст :
    « فَالصَّالِحَاتُ قَانِتَاتٌ حَافِظَاتٌ لِلْغَيْبِ بِمَا حَفِظَ اللَّهُ » (النساء: 34)
    « пас занони некукор ва шоиста шавхархояшонро итоъат мекунанд дар холати набудани хамсарашон мувофики хукми аллох ва ризои онон нафси худро аз зино ва моли шавхарашонро аз талаф ёфтан ба сабаби хифзи худо : яъне ба мадади аллох таъоло хифз менамояд» ( сураи ,нисо ояти 34)

    ОтветитьУдалить
  2. ин матлабро Пайгамбари аллох таъоло дар хадиси ривояткардаи имом ахмад чунин баён медорад :
    «إذا صلت المرأة خمسها وصامت شهرها وحفظت فرجها و أطاعت زوجها قيل لها ادخلي الجنة من أي الأبواب شئت » ( رواه احمد )
    «чунх зан панч вакт намозашро бигузорад , мохи рамазонро руза бигирад , зино накунад ва шавхарашро итоъат намояд , ба вай мегуянд : аз кадом дарвозае хохи , ба чаннат даро !»
    хулласи калом бар зан вочиб аст , ки ин бартариеро , ки Аллох таъоло ба мард додааст ,эътироф кунад ва барои дарёфти ризои Аллох таъоло аввалан ва баъд аз он ризои шавхараш , ки мувофики дастуроти шариъати худосту бар вай вочиб аст , хамсари худро болояш хоким бидонад ва уро итоъат кунад .
    савол : агар чунин накунад чиро мустахик мешавад ?
    Чавоб : дар давоми ояти фавкуззикр Аллох таъоло мардонеро , ки аз занонашон бими нофармони ва саркаши доранд , чунин дастур медихад :
    « وَاللاتِي تَخَافُونَ نُشُوزَهُنَّ فَعِظُوهُنَّ وَاهْجُرُوهُنَّ فِي الْمَضَاجِعِ وَاضْرِبُوهُنَّ:» (النساء:34)
    « Ва занонеро , ки аз бадхушияшон: яъне аз нофармонияшон хавф мебаред , панд бидихед ононро , ва дар хобгох кунедашон ва бизанедашон !»( сураи нисо ояти 34 )
    тибки дастури ин оят барои мард равост , ки ба хотири ислохи зани саркаш аз се амал : яке баъди дигаре , истифода намояд .
    1-Бо панду насихат аз окибати бади ин рафтораш , то ки боиси бадбахтий у дар дунё ва охират мегардад , хушдораш бидихад .
    2-Бо вай гап назанад ва дар бистар хамрохаш , то замоне, ки пушаймон шуда тавба накунад , хоб наравад .
    3-Ба хотири адаб додан албатта агар панду насихат дар вай асар накард , уро бизанад. Локин бояд бидонад , ки дар руи зан задан ва сахт задан , ки боиси чарохат шавад , раво нест .
    ончи гуфтем дар баробари он азоби оташи дузах , ки за ба сабаби нофармони шавхараш мустахик мешавад , хазорхо бор ночиз мебошад ..
    Дар як хадиси Бухорй ривоят карда , расулуллох (с-а) чунин мефармояд :
    « إذا دعا الرجل إمرأته إلى فراشه فأبت عليه لعنتها الملائكة حتى تصبح:»
    « чун мард занашро ба бохамбистари фаро хонад ва у ибо кунад , то дамидани субх фариштагон бар вай лаънат фиристанд .»
    худ андеша намоед , ки кас чун ба лаънати фариштагон гирифтор гардад , окибаташ чй хохад шуд?
    Савол : агар зан шавхарашро итоъат кунад , вале бо вучуди ин уро бизанад равост ?
    Чавоб : Аллох таъоло хангоме ,ки мардро хоким ва сарпарст болои зан мегардонад , ба вай чунин дастур медихад :
    « فَإِنْ أَطَعْنَكُمْ فلَا تَبْغُوا عَلَيْهِنَّ سَبِيلًا » (النساء:34 )
    « пас агар итоъат кунад шуморо , пас талаб мекунед бар онон рохеро (барои заданашон) ( сураи нисо ояти 34)
    Аз ин оят дониста мешавад , ки агар зан ба итоъати шавхараш по банд бошад , шавхараш уро хакки задан надорад . дигар ин , ки бидуни гунох задани зан зулму ситам дониста мешавад . аз хамин чихат Аллох субхонау ва таъоло мардонро тахдид карда дар охири ояьи 34 сураи нисо мефармояд :
    « إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيًّا كَبِيرًا » (النساء :34 )
    « хар оина Аллох таъоло аз хама баланду бузург аст .»( сураи нисо ояти - 34 )
    яъне чун мардон бидуни гунох занонашонро бизананд , Аллох таъоло аз онон интиком хохад гирифт !

    ОтветитьУдалить
  3. Аз чихати зулм ва нораво будани задани занон бидуни гунох , дар ривояти расулуллох (с –а ) фармудаанд :
    « لا تضربوا إماء الله »
    «канизони Аллох : яъне занонро мазанед !
    савол : чаро шариъати ислом занонро дастур медихад , ки хичоб бигиранд ?
    чавоб : чуноне пештар ёдовар шудем хичоб гирифтани зан дастури холик ва худои бар хакки уст . чуноне мефармояд :
    « وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ » ( النور:31)
    « бигу барои занони муъмина , ки поён андозанд назархои худро : яъне ба мардони ачнаби назар накунанд , ва шармгохи худро хифз намоянд : яъне зино накунанд , ва ошкор насозанд зиннати худро ба чуз ончи зохир аст , аз зебогиашон : (яъне гайр аз руй кафхои пой в кафи даст .) бояд фуру гузоранд чодархои худро бар гиребонхояшон .» ( сураи нур ояти 31)
    дар ин ояти карима занон ба се чиз муваззаф шудаанд .
    1- Бояд ба мардони ачнаби ошкоро ё пинхони назар нанамоянд , агарчи он марди ачнаби аз ин назари зан огох нашавад .
    Мурод инчо аз марди ачнаби гайри шавхар , падар бародар ва дигар махрамонаш мебошанд .
    Аммо назари ба шахват ба чуз ба шахвараш ба дигар кас барояш харом мебошад ,агар чи он падар ё махрамаш бошад .
    Дар ояти кабли мардон низ аз чунин назар ба занони ачнаби ва зино манъ карда шудаанд .
    Имоми Тирмизи ва Абу довуд дар хадиси сахехе чунин ривоят кунанд :
    « рузе модарони муъминон умми Саллама ва Маймуна ( рози бод Аллох аз онон) назди расулуллох (с-а) нишаста буданд , ки сахубаи чалилулкадр Абдуллох ибни Умми мактум , ки чашмонаш очиз буданд , даромад . расулуллох (с-а) ба хамсаронаш гуфт : хичоб бигиред ! Умми саллама дар посух гуфт : оё у куре нест , ки моро намебинад ва намешиносад ?расулуллох(с-а) гуфт : оё шумо низ куред ? оё шумо низ уро намебинед ?
    Аз оят ва хадиси фавкуззикр чунин бар меояд , ки бидуни зарурут харгиз раво нест , ки зан ба мардони ачнаби назар намоянд , агар чи он мард уро набинад .

    ОтветитьУдалить
  4. 2-) БОЯД занони мусулмон номуси худ ва обруй шавхархояшонро хифз намоянд ва мисли занони фохишаи бедину беакида ба гайри шавхарони худ алокаи чинси : яъне зино накунанд . худро назди парвардигорашон аввалан ва назди шавхар акрабо ва дигар мусулмонон баъдан бекадру манзала ва мустхики лаънату азоб нагардонанд . зеро барои занти вокеъан мусулмону бо вичдон , аз даст задан ба зино марг хазорхо маротиб бехтар аст !
    3-) БА чуз он мавзеъхои бадан , ки зан ночор аст онро сатр накунад , ки он руй ва кафхои дасту пой мебошад , бояд тамоми бадани худро сатр намояд .
    хичоби зан бояд ончунон духта шуда бошад , ки диккати мардонро бо худ чалб нанамояд ва ё нозук набошад , ки аз зери он баданаш намоён шавад .биноан аз либоси ранга духтани хичоб ё онро бо гулу тукмахои рангоранг зиннат додан раво нест .

    ОтветитьУдалить
  5. 4-)Руймолхои занон бояд, то андозае калон бошанд, ки тамоми муйхояшонро бипушонанд ва ду тарафи он зери занах бо хам баста шуда гиребон ва синахояшонро сатр кунанд.
    Аммо он чи, ки мебинем ду тарафи руймолхояшон ба чониби пушташон мепартоянд ва ин хилофи ончи дар оят омадааст буда сарпечй аз дастуроти Аллох таъоло каламдод мешавад.
    Дигар ин, ки он рагбат ва майлоне, ки дар вучуди марду зан нисбат ба хамдигар хоким бударо дар назар гирифта шавад, акли солим низ касро ба чунин амал; яъне, ба хичоб гирифтани занон далолат менамояд. Зеро бехичоби сабаби аз байн рафтани шарафу хаёи зан гардида, уро лукмаи муфт аз барои фосикону бадкорон месозад. Ин амал саранчом ба он меанчомад, ки занон иффат ва покдоманиро як амали фарсуда ва хурофот мепиндоранд ва дар дарёи шахват гарк гардида, умри азизи худро ба шахватрони сипари менамоянд.
    Дар натича барои чунин зан эчоди оилаи солим ва тарбияи фарзандони солих як кори нописанд ва бехуда чилва медихад.
    Худ тасаввур кунед, ки агар занон аёш ва бехаё бошанд, фарзандоне, ки онон тарбия мекунанд чи гуна хоханд будþ
    Савол: Пас зиннати занон барои чист, агар ошкор сохтанаш раво набошадþ
    Чавоб: Чунин гуфтан, ки изхори зиннат мутлак барои зан норавост, нодуруст аст.
    Зеро шариъат ба хотири озмоиш махдудиятхо чори месозад, вале хеч кореро, ки нафси бандагон ба он зарурат ва ё майлу рагбат дорад ба таври кулли манъ намесозад. Масалан аз чумлаи хурданихо, нушиданихо ва пушиданихо танхо баъзе онро, мисли гушти хук, худмурда, нушокихои маскунанда ва либосхои нозуки баданро сатр накунандаро манъ кардааст. Хама навъхои алокаи чинсиро манъ накарда, балки онеро, ки бидуни акди никохи сахех сурат мегирад харом гардонидааст. Изхори зиннат низ аз хамин кабил аст; яъне махдуд карор гирифтааст ва мутлак манъ нагардидааст.
    Худ тасавур кунед, ки агар ин махдудиятхо набошанд вучуди дин ва ашхоси диндор чи маъно дораду озмоише, ки хаёту марг ба хотири он офарида шадаанд, чугуна сурат мегирад? Агар шахси диндор ин махдудиятхоро эътироф накунад, пас он чи гуна диндор буда метавонад? Агар мусулмон ба риъояи ин махдудиятхо побанд набошад, фарк байни у ва шахси бедин дар чист ва аз кадом чихат мустахики савоб ва насиби чаннат мегардад?
    Дар давоми ояти фавкуззикр ; яъне, ояти 31 сураи – Нур – Аллох таъоло мефармояд:
    (وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوْ التَّابِعِينَ أَوْ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُوْلِي الْإِرْبَةِ مِنْ الرِّجَالِ أَوْ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاءِ) ( النور :31)
    « Зохир накунанд зиннати худро, магар ба шавхаронашон, ё падаронашон ё падарони шавхаронашон ё писаронашон ё писарони шавхаронашон ё бародаронашон ё писарони бародаронашон ё ба занони мусалмон ё ба он, ки молик аст дастхояшон ё хидматгороне, ки сохиби шахват набошанд ё кудаконе, ки хануз аз розхои занон бехабаранд.»
    (сураи Нур ояти-31)

    ОтветитьУдалить
  6. Зани мусалмон метавонад назди ашхоси дар ояти илохи зикршуда хичоб нагирад ва онон зебогихояшро бубинанд. Барои шавхараш хар кадаре зебогихои худро бештар ошкор созад, хамон кадар хубтар аст. Зеро сабаби афзоиши мехру мухаббат мегардад. Чуноне медонем дар холате, ки шавхараш уро талок карда бошад шариъат дастураш медихад, то худро зиннат бидихад, то ду бора мухаббати у дар калби шавхараш зинда шавад ва уро боз ба никохи худ дарорад.
    Аммо назди дигар ашхоси дар оят зикршуда бикушад камтар дилрабогихояш ошкор шаванд, то сабаби фитна ва фасод нашаванд.
    Дар сахехи Бухори ва Муслим ривоят шуда аст, ки Русулуллох ( алайхис-салом) фармуд:
    إياكم و الدخول علي النساء قيل يا رسول الله أفرأيت الحمو؟ قال: الحمو الموت.
    Аз даромадан назди занон эхтиёт кунед! Пурсиданд: Ай фиристодаи Худо дар мавзуъи даромадани хеш табори шавхари зан назди зан, чи назар доред? Расулуллох (алайхис-салом) гуфт: Ин халокат аст!
    Яъне хавфи фитна аз якчо будани зан бо хамрохии хеш табори шавхараш; монанди бародари у ва гайра, аз хама бештар аст.
    Савол: Окибати касоне, ки дониста ва ё надониста хичоб нагирифтанд ва ё муртакиби зино гардиданд, чи хохад буд?
    Чавоб: Аввалан инро бояд донист, ки назари харом, бехичоби ва зинокори барои марду зани мусалмон харом ва норавост. Дар ин масъала марду зан баробаранд.
    Аллох таъоло аз фазлу карамаш заъфу нотавонии инсонро дар назар гирифта, ба у то замоне, ки зиндааст мухлат додааст, то тавба кунад; яъне аз амалхои анчом додааш пушаймони намояд ва аз барои ризои Худо ва бими шармандаги фардои киёмат хангоме назди у таъоло хозиршуданаш ва аз хавфи дузахи сузонро мустахик гардидан, ин амалхои норавояшро тарк созад.
    Дар охири ояти – 31 сураи Нур- Аллох субхоноху ва таъоло моро ба чунин кор фаро мехонад:
    (وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ) ( النور :31)
    « Тавба кунед ба суи Аллох хамаатон, ай муъминон, шояд, ки растагор шавед!»
    (Сураи Нур ояти-31)
    Бахри рахмати Аллох таъоло ончунон бузургест, ки гунохони мисли кух бузургро мешуяд, ба шарте ин, ки банда содикона тавба кунад.
    Савол: Баъзехо мегуянд, ки кас чун намоз бигзорад зино ва дигар гунохон ба вай таъсире надоранд, ин сухан асоси шаръи дорад?
    Чавоб: Чунин акида хатои махз ва гумрохи ошкор аст.
    Зеро, ки Аллох субхонаху ва таъоло моро хабардор кардааст, ки намозе, ки назди у таъоло писандида ва макбул аст, он намозест, ки касро аз корхои харом ва нораво манъ месозад. Ба ин фармудаи Аллох субхонаху ва таъоло дар ояти 45 сураи – Анкабут- диккат бидихед:
    (إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَى عَنْ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ) ( العنكبوت: 45)
    « Хар оина намоз манъ мекунад аз кори бехаёи ( монанди зино, ва ливота) ва кирдори нописанд.»
    Дар хадиси сахех омадааст:
    « من لم تنه صلوته عن الفحشاء و المنكر لم تزده من الله إلا بعدا»
    " Касеро намозаш аз корхои бехаёи ва нописанд манъ накунад, ба чуз ин, ки уро аз Аллох таъоло дур бисозад, суде набахшадаш."
    Аммо ончи дар аходиси сахех омада, ки намоз гунохи касро мешуяд мурод гунохоне мебошанд, ки бидуни касд сурат бигиранд ва раво дониста нашаванд.
    Савол: Чаро шариъати Ислом занро ба хонанишини дастур медихад?
    Чавоб: Дар замони кабл аз зухури Ислом занон бидуни хичоб ба кучохо мебаромаданд ва зебогихои худро ба мардони бегона намоиш медоданд. Чун чунин амал ба Аллох субхонаху ва таъоло нописанд буд занони мусалмонро ба фиристодани ояти 33 сураи " Ахзоб" аз чунин амал манъ карда ва онро барояшон харом гардонид.
    (وَقَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِيَّةِ الْأُولَى) ( الأحزاب: 33)
    « Ва карор бигиред дар хонахои худ ва монанди одати чохилияти пешин зохир мекунед зебогихоро.»
    Дар ривояти Абубакри Баззор омадааст

    ОтветитьУдалить
  7. Заноне назди Расулуллох ( алайхис-салом) омада гуфтанд: Мардон ба сабаби ширкат дар чиходи дар рохи Аллох бар моён фазилат ва бартари хосил кардаанд пас мо чи амалеро анчом бидихем, ки ачру савоби чиходро ноил шавем?
    Расулуллох (алайхис- салом) гуфт:
    « و من قعدت منكن في بيتها فإنها تدرك عمل المجاهدين في سبيل الله تعالى»
    ( رواه البزار)
    " Касе аз шумо хонанишин шавад; яъне будуни зарурат аз хонааш берун наравад, пас будини шак савоби амали мучохидини дар рохи Аллох таъолоро ноил хохад шуд."
    Дар ривояти дигари Баззор ва Тирмизи, Русулуллох ( алайхис- салом) мефармояд:
    « إن المرآة عورة فإذا خرجت استشرفها الشيطان و أقرب ما تكون بروحة ربها و هي في قعر بيتها »
    ( رواه البزار و الترمذي)
    " Ба рости зан аврат аст; яъне зотест, ки мастур буданаш амри зарури мебошад. Хангоме аз хона берун мебарояд шайтон уро исткбол хохад гирифт. Он вакте ба файзу рахмати Аллох таъоло наздиктар мебошад, ки дар кунчи хонааш маскан гирифта бошад."
    Аз оёти илохи ва аходиси набави дониста мешавад, ки аз ду чихат занон маъмур гаштаанд, ки хонанишин шаванд.
    1. Мисли замони чохилият ва куфр зебу зиннати худро ба ачнабиён ошкор насозанд.
    2. Аз чихати он, ки мардоне, ки дар вучудашон майлу рагбат ба зан голиб аст, дар фитна гирифтор нашаванд ва ба амали норавое бо чунин занони бехичоб даст назананд.
    Дар ин мавзуъ дар хадиси имом Бухори ва Муслим ривоят карда Расулуллох (алайхис- салом) мефармояд:
    ما تركت من بعدي فتنة هي في أضر على الرجال من النساء. ( رواه بخاري و مسلم)
    " Баъди худ фитнаеро, ки барои мардон аз фитнаи занон зараровартар бошад, нагузоштаам!"

    ОтветитьУдалить
  8. Бисёр чавонони боистеъдод ва бо танумандро дида мешавад, ки аз пушти занони фохишаи дайду овора буда, аз ибодати Худо ва хидмати падару модар ва сарпарасти зану фарзанд гофил мондаанд. Ишон аёш шуда бехтарин соъатхои умри азизи хешро фидои карашмахои занони фохишаи бехаё месозад, ки саранчом мустахики мусибатхои дунё ва укубатхои охират мегардаанд. Чи хуб мебуд агар хама занон хонанишин шуда боиси зоеъ шудани хаёти худ ва хаёти дигарон намегардиданд?!
    САВОЛ: Оё тамоми анвоъи ороиш барои зани мусалмон харом аст?
    ҶАВОБ: Чуноне дар посуххои гушата кайд карда будем, зани мусалмон метавонад барои чалби мухаббати шавхараш нисбат ба у худро зиннат бидихад. Ончи мамнуъ аст, ошкор сохтани ин зиннат барои ачнабиён мебошад.
    Аммо инро бояд бидонад, ки барояшон пушидани либосхои занонаи ахли куфр ва мисли онон худро зиннат додан раво нест.
    Чуноне Русулуллох (алайхис-салом) дар ривояти имом Ахмад, Абудовуд ва Ибни Хаббон мефармояд:
    من تشبه بقوم فهو منهم . ( رواه أحمد أبوداود و ابن حبان)
    «касе худро ба кавме монан бисозад , аз чумлаи он кавм хохад буд !»
    бинобар муктазои ин хадиси шариф зани мусулмон хакки онро надорад , ки либосхои ахли куфрро бипушад ва ё мисли онон худро зиннат бидихад .
    ин маъноро расулулллох (с-а) дар хадиси ривоят кардаи имом муслим чунин баён медорад :
    « صنفان من أهل النار لم أرهما قوم معه سياط كأذناب البقر يضربون بها الناس و نساء كاسيات عاريات مملات مائلات رؤوسهن كأسنمة البخت المائلة لا يدخلن الجنة ولا يجدن ريحها و إن ريحها ليوجد من مسيرة مذا وكذا» (رواه مسلم )
    «ду гурух аз ахли дузаханд ки то кунун ман ононро надидаам .
    яке аз он ду гурухест , ки ба даст мисли думхои гов камчин дошта , ба он мардумонро мезананд . гурухи дуввум занонеанд , ки зохиранд либом бар тан доранд , вале ( дар хакикат аз тунукии он баданашон намудор мешавад ва ё аз тангй ва кутохияшон авраташон бор нашуда ) барахна мебошанд .сифати дигар чунин занон ин аст , ки муйхои худро дар болои сарашон чамъ карда , ки мисли куфи шутур ба як чониб моил мебошад . ин ду гурух харгиз ба бихишт дохид нашаванд ва буи он ки аз фалон ва фалон масофа ба димоги кас мерасад , ба димогашон нахохад расид .»
    дар замони хаёти расулуллох (с-а) чунин муди оро додани сар ва либосхои нозук мавчуд набуд , бинобар ин гуфтанд , ки онхоро то кунун надидам .
    ин чунин барои зини мусулмон раво нест , ки либосхои мардона бипушад ва ё худро ба мардон монанд кунанд .
    дар ривояти Абудовуд аз Абухурайра (р-з) омадааст .
    " لعن ـ النبي صلى الله عليه وسلم الرجل يلبس لبسة المرأة و المرأة تلبس لبسة الرجل "( رواه أبو داود )
    наби (с-а) мардеро , ки либосхои занона бипушад ва ё занеро , ки либосхои мардона пушад , лаънат кардааст .
    дар ривояти имом бухори расулуллох (с-а) мефармояд :
    « لعن الله المتخنثين من الرجال و المترجلات من النساء » (رواه البخاري )
    -лаънати аллох бод , бар мардоне , ки худро ба занон ва заноне , ки худро ба мардон монанд мекунанд ! .
    САВОЛ : барои зани мусулмон истеъмоли атр ва дигар анвоъи хушбуихо равост ?
    чавоб : истеъмоли атр ва анвоъи он на танхо равост , балки бар зану марди мусулмон суннат аст .
    аммо зан онро танхо дар хона хакки истеъмол кардан дорад . зеро баъди истеъмоли атриёт агар аз хона берун барояд , буи он ба машоми мардони ачнаби расида ононро ба анчоми кори нораво бо ин зан тахрик медихад ва хадафхои нопокро дар калбхояшон меангезонад .
    агар зан ба ин максади нопок атриётро истифода барад ва аз хона берун барояд , хукман зинокор дониста мешавад .
    дар хадиси ривояткардаи имом тирмизи расулуллох (с-а) мефармояд :
    " إن المرأة إذا استمرت فمرت على القوم ليجدوا ريحها فهي زانية " ( رواه الترمذي)
    ба рости чун зан атр мстеъмол карда бар хотири ин , ки буяш ба машоми дигарон бирасад , аз назди чамоъате бигзарад пас ан зан зинокор аст!.

    ОтветитьУдалить
  9. САВОЛ : чаро дини мубини ислом барои як мард бисёрзаниро ичоза медиҳад ?
    ҶАВОБ : бояд аввалан инро донист , ки қабл аз зуҳури дини мубини ислом издивоҷ маҳдудият надошт . ҳарки ба қадри тавони издивоч мекард хатто ашхосе буданд , ки хашт ё даҳ ва зиёда аз ин завҷа доштанд . дини мубини ислом ин озодии мутлакро махдуд сохта аз чахор зан бештарро барои як мард харом эълон кард .
    Эмом ахмад аз гайлон ибни салламаи сакафй ривоят кунад , ки хангоме гайлон дини мубини исломро пахируфт 11 зан дошт . расулуллох (с-а) ба у гуфт : чахортояшро ихтиёр кун : яъне бокияшро талок бидех !
    Ба ин фармудаи аллох субхонаву ва таъоло дар сураи нисо ояти-3 диккат бидихед :
    " فَانكِحُوا مَا طَابَ لَكُمْ مِنَ النِّسَاءِ مَثْنَى وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ "( النساء: 3)
    « пас никох кунед касеро , ки хуш ояд ба шумо аз занон , ду –ду ва се – се ва чахор- чахор .» ( сураи нисо ояти 3)
    аз ин ояти карима ва хадиси зикршуда ду чизро дониста мешавад .
    1-бисёрзани амри ихтиёрист , на ичборй .
    2-он махдуд то чахор зан аст .
    ичозат додани амре маънои онро надорад , ки бояд мусулмон чахор зан бигирад . зеро ин кор ба кудрату тавонои мард ва ризои зан вобаста медбошад .
    дигар ин , ки дини мубини ислом хангоме бисёрзании махдудро ичозат медихад , амр мекунад , ки бо занон ба таври писандида муъошира када шавад ва дар навбат ва нафака одилона рафтор кунад . чуноне дар ояти 19 сураи нисо омадааст :
    " وَعَاشِرُوهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ " (النساء : 19
    « бо занон ба таври писандида гузора кунед !»
    дар ривояте расулуллох (с-а) фармудаанд :
    " إذا كانت عند الرجل امرأتان فلم يعدل بينهما جاء يوم القيامة وشقه ساقط " ( رواه الترمذي و غيره )
    « касеро ду зан дар никохаш бошад , байни онон адолат накунад , фардои киёмат дар холе аз гур юарангехта мешавад , ки як чонибаш кач аст .»
    аз ончи гузашт хувайдост , ки дини мубини ислом дар муносибат бо занон адолат ва муъошарати некуро мухим медонад .
    чуноне дар давоми ояти саввуми сураи нисо аллох субхонаву ва таъоло баён медорад :
    " فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا تَعْدِلُوا فَوَاحِدَةً أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ذَلِكَ أَدْنَى أَلَّا تَعُولُوا " : (النساء 3 )

    ОтветитьУдалить
  10. «пас агар хавф бубаред , ки адл карда наметавонед ( дар байни занхоятон ) пас никох кунед як занро ё канизеро ки молик хастед бигиред . ин яъне издивоч як зан наздиктар аст ба он ки чавр накунед .» ( сураи нисо ояти –3 )
    аллох таъоло ба он ашхосе , ки хавф мебаранд , ки агар чанд занд бигиранд бо онон одилона рафтор карда наметавонанд , дастур медихад то ба издивочи як зан иктифо кунанд . зеро ин сабаб мешавад , ки худро аз чавру зулм болои занон хифз намояд ва аз масъулияти фардои киёмат эмин бимонад .
    бояд ба як вокеъият тан бидихем ,ки дар натичаи чангхои дар олам ба вукуъ омада мардон бештар талаф ёфта шумораашон нисбат ба теъдоди занон костааст .
    тибки ихсояи охирин дар шурави собик барпушида дах милион зан аз теъдоди мардон бештар буд . пас агар бисёрзани ичоза набошад ва ба 10 милион зан шавхар нарасад , ин шумораи бузурги занон ба чуз даст задан ба зино чораи дигар надоранд . хангоме , ки шариъати ислом зиноро харом эълон кардааст , бар он зарур аст , ки дигар роххоеро ичозат бидихад , ки бо истифода аз он занон худро аз зино нигох дошта битавонанд .
    агар бисёрзани ичоза намебуд заноне , ки ба онон шавхар намерасад озодона зино мекарданд ва худро дар баробари ин корашон маъзур медонистанд ва касе хукки онро надошт , ки пурсонашон кунад , ки чаро зино кардед ?
    илова бар ончи гуфтем Пайгамбарамон ба мо хабар дода ва мо ба хама гуфтахои у имон дорем , ки дар охири замон теъдоди мардон бисёр кам ва аз занон беандоза зиёд мешаванд , ки аз як мард чихил зан лаззат хахад бурд : ба ибораи дигар ба як мард чихил зан баробар меояд .
    худ тасавур кунад , дар чунин шароит ба чуз ичозаи бисёрзании махдуде , ки онро шариъати ислом мубох гардонидааст , рохи дигаре барои бастани фасоде , ки аз зино ва бехаёи сар мезанад , вучуд дорад ?
    комунистон демократхо ва дигар тоифахои гаири исломи хангоме мехоханд ба дини мубини ислом таъна бизананд , ки бисёрзани махдуд ва машрут мисол меоранд ва онро поймолии хукуки зан каламдод мекунанд . ин дар холест , ки тибки дастуроти шариъати ислом то зан худ нафсашро ба мард набахшад ва зани якум ё дувум ё савум буданро барои мард рози нашавад , кас хакки онро надорад , ки уро зани худ бигардонад . пас агар ин амал ба ризояти зан сурат бигирад , хукукаш чигуна поймол мегардад ?
    он амалхои зиште , ки баъзе мусулмонзодагони чохил аз таълимоти ислом дар ин амр анчом медиханд , ки чанд занро ба хотири шахватронй ва айёши ба никохаш дароварда , якеро азазу дигареро хор месозанд , ба дини мубини ислом нисбат додан айни беинсофист . зеро бисёрзании мутлак ичоза набуда балки чуноне гузашт бо кайди шарт мубох мебошанд , ки он адолат ва кудрату тавоноист.

    ОтветитьУдалить
  11. Ба душманони ислом ва чокаронашон , ки худ дар як руз бо чахор зан зино карданро айб намедонанду никохи чахор занро айб мегиранд , мегуем : хеч дини аз чониби аллох субхонаху ва таъоло фиристода фаххоши ва зинокориро , ки шаумо бо номи хукуки башар мубох мегуем раво намедорад . агар вокеъан мусулмон бошед бояд ин акидаро аз магзхоятон бишуед ва гарна шумо ба хукми хама динхои худо фиристода кофиред ! биноан ба рафтор ва акидаи мо ки зиноро нораво мегуем , ки тибки акидаи шумо он хукуки башар буда чоиз аст , кордор нашавед . зеро мо диндорон низ башарем ва акидаи моро таъна задан ва айб гирифтан чуноне худ зам-зама мекунед , поймол кардани хукуки башар аст ! савол : шумо гуфтед , ки бисёрзани дар ислом махдуд мебошад , чи мегуед , ки расулуллох (с-а) аз чахор зан бештар гирифтаанд ?
    Чавоб : ба хамагон маълум аст , ки баъди вафоти расулуллох (с-а) аз вай 9 (нух) зан бева монда буданд , ки ба гайри онхо чанд зини дигаре низ ба никох дароварда буд .
    Барои барраси бисёрзани Пайгамбарони худо ,ки баъзеашон мисли исо (а-с) , ки хеч зан нагирифтаанд , одам (а-с) , ки як зан иброхим (а-с) , ки ду зан ва довуд (а-с) ки 100 зан доштаанд , ба куръони карим ва киссахои Пайгамбарон назар кардан басанда мебошад .
    Пушида нест , ки Пайгамбаронро аллох субхонаху ва таъоло худ ихтиёр карда ва башар дар ин мавзуъ хакки интихоб надорад . пас касооне , ки Пайгамбари интихобкардаи аллохро субхонаху ва таъолоро ба хотири бисёрзани ё кори дигаре айб мегирад ин чунин махно дорад , ки аллох субхонаху ва таъоло айб мегирад , ки гуё дар интихоби Пайгамбар хато карда ва шахси айёш ва нолоикеро ихтиёр карда бошад . зеро маълум аст аст , ки Пайгамбар танхо шахси лоиктарин ва бузургтарини замонаш интихоб мегардад .
    Мухаммад (с-а ) аввалин бор хангоме издивоч кардаанд , ки 25 сол умр дошта яке аз занони кабилаи курайш хадичаи 40 сола , ки шавхараш фавтида ва сохиби ду фарзанд буд , ба у дасти худро дароз кард . мухаммад (с-а) пешниход он занро пазируфта бо у издивоч кард ва аз вай баракати зиёде дид . чун аз чониби аллох субхунаху ва таъоло маъмур ба даъвати мардум ба суи дини мубини ислом гардид аввалин инсоне , ки даъваташро пазируфт ва дар пуштибонии у молу чонит худро дарег надошт , хадича (р-з) буд . инчунин аз 6 фарзанди расулуллох (с-а) панчтои он , аз хадича (р-а) ба дунё омадаанд хамрохи хадича (р-з) расулуллох (с-а) бисту панч соли хиёт бехтарин солхои чавонии худро сипари карда ва то вафот ёфтани хидича (р-з) барои худ зани дуввум ихтиёр накард . аммо баъди вафоти хадича (р-а) ва амкаш абутолиб , ки дар соли 619 милодй ба вукуъ пайваста буд ба холати сангине бучор омаданд . зеро ин ду шахсият пуштибони у буда ба мушрикони курайш ичоза намедоданд , ки ба расулуллох (с-а) зиёну зарар бирасонанд . баъди ин вокеъа абубакри сиддик яке аз наздиктарин дустони расулуллох (с-а) духтарашро ба никохи у даровард . хангоме шавхари умми саллама : аблусаллама вафот кард умми саллама бева сохиби чанд ятим буд , ки бепарастор монда буданд . расулуллох (с-а) уро ба зани гирифт ва ятимонашро сарпарасти кард .

    ОтветитьУдалить
  12. Касоне аз сирити расулуллох (с-а) огох мебошад хуб медонад , ки хабиба духтари басуфёнро чун расулуллох (с-а) ба никохаш даровард , абусуфён , ки аз сарсахттарин ва кудратмантарин душманонаш бад аз адоват даст кашид ва баъди эмон овард .
    Издивочи сафия духтари хайи аз кабилаи яхудиёни бани назир мунзар ба он гардид , ки он кабила баъди ин аз адоваташ алайхи ислом даст бардошт .
    Хамагон медонанд , ки бехтарин ёрони мухаммад (с-а) абубакр , умар , усмон , ва али (р-з) мебошанд , ки хаёту мамоти хешро дар рохи аллох ва мадади Пайгамбараш бахшиданд .расулуллох (с-а) хост то дустии онхоро ба пайванди хешу табори табдил бидихад . аз хамин чихат ду духтари худ умми гулсум ва рукияро ба усмон (р-з) яке баъди вафоти дигаре ва духтари дигараш фотима (р-з) –ро ба никохи алй (р-з) даровард . инчунин худ чуноне гуфтем духтари абубакр (р-з) оиша ва аз умар (р-з) хафсаро ба зани гирифт ва чунин ашхоси вафодор ва чонфидоро ба худ наздиктар сохт . мухаммад (с-а) гуломи сиёхе дошт , ки номаш зайд буд уро аз гуломи озод сохта писархонаш гирифт ва барои у духтари амааш зайнаб духтари чахшро , ки бехтарин ва зеботарин зани замонаш буд , ба зани дод . чуноне дар хабархо омадаст , никохи онхо ба хам дер давом накард ва зайд зайнабро талок кард . дар урфу одати араб дар он замон чунин дудааст , ки зини писархони кас , мисли зани писараш баъди талок ба падари шавхари он зан , харом буда никохрас намебошад .
    Аллох таъоло хост , то дар байни зани писар ва зини писархон фарк бигузорад ва зани писархонро халол эълон куннад . аз хамин чихат оятхои худро фиристод ва пайгамсбарашро амр кард , ки зайнабро ба никохаш дарорад , ки расулуллох (с-а) тибки дастуроти илохи чунин хам карданд .
    Расулуллох (с-а) бо вучуди манзалаи бузург ва макоми волояш танхо оиша (р-з) душиза ба зани гирифтааст ва боки занонашро бева издивоч карданд , ки хатто баъзе онхо мисли хадича ва умми саллама (р-а) аз шавхархояшон фарзанд хам доштанд .
    Баъди ин , ки дар куръони карим аллох таъоло эълон дошт , ки Пайгамбар барои мусулмонон аз нафсхояшон авлотар буда занхояш модарони мусалмононанд, хазорон зани мусулмон ба хотири дарёфти ин мартабаи бузург хостори издивоч бо расулуллох (с-а) шуданд , ки хамаи онхоро рад кард .
    Андеша намоед , ки агар фаразан чуноне душманони ислом таблигот мебаранд , ки расулуллох (с-а) марди шахватроне буд агар вокеъият дошта бошад оё метавонист аз байни чохилтарин мардуми замон : яъне араб буруз карда ва бар мукобили тамоми анвоъи куфр , ки саросар оламро фаро гирифта буд чанг эълон намояду дар муддати андаки торих пируз гардад ?

    ОтветитьУдалить
  13. Чуноне баён нардид бисёрзании расулуллох (с-а) ба манфаъати ислом ва мусулмонон буда хикмати зиёде дорад :
    1- далолат бар ин менамояд , ки вокеъан Пайгамбар аст . зеро кудрати мардонагиаш чуноне шохидон дар ривоятхои сахех шаходат додаанд , аз тавонои 30 майдони чанг бештар будааст .
    инро мусулмонон дар майдони чанг ва муъомила бо занонаш мушохада карданд , ки боиси кавитар шудани эмонашон гардид .
    2-далолат бар ин менамояд , ки вокеъан Пайгамбар аст . зеро мохирона ва ба фахму дониши вокеъан сазовори Пайгамбар ба сабаби издивоч тавонист адовати баъзе душманонашро аз байн бубарад ва дустони содикашро наздиктар ва хешу табор бисозад .
    3- далолат бар ин мекунад , ки вокеъан Пайгамбар аст . зеро шумораи зиёди занхои мухталиф дар сину сол хусну чамол ва насабу манзалатро ончунон одилона ва баробар шавхари ва сарпарастй кардаанд , ки ба чуз Пайгамбар дигар касе ба чунин кор кодир намебошад .
    4- далолат бар ин менамояд , ки вокеъан Пайгамбар аст . зеро бисёрзанияш ва хос баъзе аз занхои ба никохаш дароварда сабаб гардиданд , ки мунофикин ба тухмат ва бадгуи онхо ва айбгири Пайгамбар ба хама ошкор гарданд ва мусулмонон аз макрашон эмин бимонанд .
    5- далолат бар ин менамояд , ки вокеъан Пайгамбар аст . зеро , ки бисёр масъалхои дини аз ибодати пайгамбари худо аз забони завчахои расулуллох (с-а) ривоят шудаанд .агар расулуллох (с-а) чанд зан намедошт ва хар кадоме ончиро дида буданд ба мо намерасонид шояд бисёр масоили дини аз мо пушида мемонд . зеро аз як зан ё аз ду ривояти он кадар масоиле , ки занхои расулуллох (с-а) ривоят карда ва дар асос он масоили динй вазъ карда шудааст имконпазир нест .
    6- далолат бар мекунад ,ки вокеъан пайгамбар аст . зеро ба он кудрат манзалат ва мухаббате , ки назди аллох субхонаху ва таъоло ва бандагони у дошт агар пайгамбар набуда шахси шаватрон мебуд хар духтари бикрро , ки мехост ба зани мегирифт . бо чунин шароит ба никохи занхои бева ва аааафаарзанедор икдом карданаш нишина он аст , ки ба ахотири шахватрони издивоч накрда балки барои расидан ба хадафхое , ки ба манфиъати ислом ва муслиминанд , издивоз карданд .
    дар охир инро гуфтанистем , ки чуноне дар интихоби пайгамбар бандахо хакки ихтиёр ва интихоб надоранд инчунин дар баррасй аъмол ва кирдори онон хакки айбгири ва интикодро аз чанд чихат мустахик намебошад
    1- гунахгор донистани пайгамбар ва айб гирифтани он , ки ба оятхои куръон покияшон собит шудааст маънои бо худо ва китоби у чанд кардан аст дар акидаи ахли суннат ва чамоъат хатто ёрони пайгамбар бояд интикод гирифта нашавад чи чое , ки пайгамбарро .
    биноан интикод гирифтани пайгамбар куфр ва аз ёронаш харом мебошад . Зеро ёрони Мухаммад (алайхис-салом)- ро Аллох таъоло дар Куръони карим мадх кардаанд, пас ки хак дорад, ки мадхкардахои Худоро маломат кунад? Оё чуз кофир ва мунофик касе дигаре ба чунин кор чуръат мекунад?
    2- Боиси рох ёфтани шубха дар имони кас мегардад.
    3- Пайрави аз кофирон ва мунофикон хохад буд.
    4- Ба харобсози шариъат Ислом меанчомад ва гайра.

    ОтветитьУдалить
  14. МУХАББАТИ ЗАН БА ПАЙГАМБАР.

    Хар фарди мусалмон, замоне муъмини комил ва мусалмони вокеъи мегардад, ки баргузидаи Аллох субхонаху ва таъоло Мухаммад (алайхис-салом)-ро аз тамоми он ашхосе, ки дуст медорад, хатто аз нафси худаш хам бештар дуст бидорад. Занони уро, чуноне, ки Куръони карим дастур додааст, модарони худ бидонад, ва бидуни кадом тафовуте хамаашонро дуст бидорад.
    Чунин ривоят кунанд, ки чун дар чанги "Ухуд" мусалмонон ба шикаст мувочех шуданд, мунофикон дар Мадина чунин игворо интишор додаанд, ки гуё Пайгамбари Аллох таъоло, кушта шудааст. Ин хабари шум тамоми зану марди бо имонро бекарор сохта, хамаги ба кучахо баромадан ва дар интзори омадани ёрони Расулуллох ( алайхис-салом) шуданд, то аз забони онон вокеъияти холро бишнаванд. Дар байни мадум як зане аз кабилаи бани Динор низ хозир буд, ки бесаброна ба суи кухи " Ухуд" мешитофт.
    Чун ба мучохидин наздик гардид, ба вай хабар доданд, ки шавхар, падар ва бародараш шахид шудаанд. Вале ин хабар ба у хеч таъсире накарда ва гуё хабари мухимтар ва мусибати сахттар аз инро мунтазир бошад, пурсон кард. Пайгамбар Аллох кучост? Ба вай гуфтанд: Алхамдулиллох сихат ва саломат аст. Аммо он зан ба ин иктифо накард ва калбаш, ки саршори мухаббати ба пайгамбари Худо, буд таскин наёфту гуфт: Уро ба ман нишон бидихед? Чун Пайгамбари Худоро бо чашмонаш зиндаву саломат дид, охи сабуке бароварду гуфт: Баъди солим будани ту дигар мусибатхо гузарандаанд!
    ИБРАТ.
    Ниёгони мо бо чунин калбхои саршор аз мухаббат ба Мухаммад ( алайхис-салом ) аз дастуроти дине, ки у аз чониби Аллох таъоло ба татбики он муваззаф буд пайрави карда, худ бузург гардиданд ва бузургони таърихсозро барои чомеъаи бешари ба воя расониданд.
    Агар мусалмонзодагони имруза мехоханд, ки бар дини хак собит бимонанд ва мисли гузаштагонашон бузургони замон бигарданд, бояд хамчун ниёгон пайгамбари Худоро дуст бидоранд ва аз шариъати овардаи у ба чунин мухаббати бемисол, пайрави кунанд.

    ОтветитьУдалить
  15. ЗИННАТИ ЗАН



    Худованд занхоеро, ки зиннатхои худро ба мардуми бегона нишон медиханд, аз ин кори бадашон манъ карда гуфтааст:

    و لا يبدين زينتهنّ. (سورة النور).

    "Занхо зинатхои худро нишон надиханд дар назди мардуми бегона."

    Яъне занхо либосхои киматбахоро пушида ва ё гушворахою гарданбандхои тиллои ва ё гайри тиллоиро дар гушхою гарданхои худ овезон карда ба бозорхо ва ё ба кучахо баромада дар назди мардуми бегона нишон надиханд.

    Зани худотарсу мусалмонро зинат карданаш дуруст аст дар назди шавхараш ва дар даруни хона, хар кадар, ки хохад, на дар назди дигарон дар беруни хона.

    Занхои худотарсе, ки дар холати зарурат аз хона барои ягон хочат берун мебароянд ва дар хангоми харидуфуруш кардан ягон зиннате аз онхо намоён мешавад, мисли каме аз руй ва ё кафи даст ва ё либоси зебо дар ин холатхо, агар бе касди онхо бошад, барояшон бахшиш аст. Аммо зан агар бе зарурат зебоги карда аз хона берун барояд, малоикахо уро лаънат мегуянд. Фаромуш набояд кард, ки холати зарурат барои зан ин аст, ки ягон мардинае, ки махрами зан бошад дар хона набошад ва ё шавхари зан дар хона набошад, ин холат холати зарурат мешавад, аммо ба гайри зарурату хочат ва ё ба гайри ин холатхои зикршуда, дар берун аз хона, дар кучахо нишастан ва дар бозорхо гаштугузор карданаш харом аст.

    Худои бузург дар давоми оят барои занхо гуфтааст:

    و لا يضربن بخمرهنّ علي جيوبـهنّ. (سورة النور).

    "Бояд бизананд занхо чодархою руймолхои худро бар гарданхою пешбандхои худ."

    Дар замони чохилият пеш аз ислом одатхои занхо ин буд, ки вакте ба бозор ва ё ба ягон чо мерафтанд, худро ба руймол ва ё ба чодар намепушониданд, гарданхою муйхояшон ва гушхою пешбандхояшон намоён буд, баъд аз зухуру пайдоиши ислом, худо амр кард занхоро ба пушонидани тамоми бадан, то ки аз дигар занхои бадкору бадрафтор ва аз дигар занхои кофирон фарк дошта бошанд. Амр кард худо занхои мусалмонро ба пушонидани гарданхою муйхои худ ва ба пушонидани сару пешбандхои худ бо руймоли калон ва ё бо хичоб, то мавриди азияти мардони хавасбоз карор нагиранд. Лозим аст барои зан пушонидани тамоми баданаш аз мардуми бегона ва пинхон доштани зиннаташ мисли гарданбанду гушвор ва ё нигин ва ё садои дилфиреби пояфзолаш ва дигар чизхое, ки назари мардонро чалб мекунад.

    Худои бузург дар давоми оят гуфтааст:

    و لا يبدين زينتهنّ إلا لبعولتهنّ أو آبائهنّ أو آباء بعولتهنّ أو أبناءهنّ أو أبناء بعولتهنّ أو إخوانهنّ أو بني إخوانهنّ أو بني أخواتهنّ أو نساءهنّ أو ما ملكت أيمانهنّ. (سورة النور).

    "Зохир накунанд занхо зиннатхои худро дар назди мардуми бегона, магар барои занхо ичозат аст зохир кардани зиннат дар назди шавхарон ва дар назди касоне ки барои занхо махрам мебошанд, падаронашон ва падарони шавхаронашон ва фарзандонашон ва фарзандони шавхаронашон ва бародаронашон ва фарзандони бародаронашон ва фарзандони хохарон ва занхои мусалмон ва гуломхои занхо ва мардони пирсоле, ки хочат бар занхо надоранд ва кудакони хурдсоле ки аз холи занхо хабардор нестанд."

    (Сураи Нур).

    Барои занхо ичозат хаст пинхон надоштани зиннат дар назди инхо, аммо дар гайри инхо харом аст. Зиннати зан танхо барои шавхараш аст на барои ягон чо рафтан ва ё на барои бозор баромадан.

    Пайгамбари худо гуфтаанд:

    "Занхое ки худбину фахркунанда хастанд дар зиннат кардан барои гайри шавхаронашон, ин занхо мисли як торикие мебошанд ва дар рузи киёмат барои ин торики ягон нуру ягон равшани нест".

    Азоби илохи аст барои он занхоест, ки вакте ба ягон чо рафтани шаванд, либосхои зебою хушру ва дилфиреб пушида ба кадри тавонашон зинат карда баъд мераванд ва хол он, ки агар ба назди шавхаронашон бираванд мисли дигар чо рафтан зиннат намекунанд. Ин зиннатхои зан ба хотири бегонагон, дар киёмат мисли торикию залолат аст ва барояш рохи начоту халоси нест, азоби худо бар онхо хохад буд, магар он занхое, ки тавба карданд ба суи худо аз гунохонашон ва шавхарони худро рози ва хушнуд кунанд, он занхо шояд начот ёбанд ба фазлу карами худои бузург.

    ОтветитьУдалить